1

1 Ваҳйи Исои Масеҳ, ки Худо ба Ў ато намуд, то ба бандагони Худ нишон диҳад, ки ба қарабӣ чиҳо бояд ба вуқўъ ояд. Ва Ў онро ба воситаи фариштаи Худ ба бндаи Худ Юҳанно фиристода, зоҳир сохт,

2 Ки вай ба каломи Худо, ва ба шаҳодати Исои Масеҳ, ва ба ҳар чизе ки дида буд, гувоҳӣ дод.

3 Хушо касе ки мехонад ва касоне ки мешунаванд суханони ин нубувватро, ва он чи дар он навишта шудааст, риоят мекунанд, зеро ки вақт наздик аст.

4 Юҳанно ба ҳафт калисое ки дар вилояти Осиё мебошад: файз ва осоиштагӣ бар шумо аз ҷониби Ў, ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, ва аз ҷониби ҳафт рўҳе ки дар пеши тахти Ў ҳастанд,

5 Ва аз ҷониби Исои Масеҳ, ки шоҳиди амин, Нахустзода аз мурдагон ва Фармонфармои подшоҳони замин аст. Ўро, ки моро дўст медорад, ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ халосӣ дод,

6 Ва моро подшоҳон ва коҳинони Худо ва Падари Худ гардонд, то абад ҷалол ва салтанат бод! Омин.

7 Инак, Ў бо абрҳо меояд, ва Ўро ҳар чашм хоҳад дид, ва онҳое низ, ки Ўро найза заданд; ва ҳамаи қабилаҳои рўи замин дар ҳаққи Ў навҳа хоҳанд кард. Оре, омин.

8 „Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо ҳастам“, мегўяд Худванд, Он ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, Худованди Қодири Мутлақ.

9 Ман, Юҳанно, ки бародари шумо ва шарики андўҳ ва малакут ва сабри Исои Масеҳ ҳастам, аз барои каломи Худо ва шаҳодати Исои Масеҳ дар ҷазираи Патмўс будам.

10 Ва дар рўзи Худованд дар Рўҳ будам ва аз қафои худ овози баланде монанди садои карнай шунидам, ки мегуфт:“Ман Алфа ва Омега, Аввалин ва Охирин ҳастам;

11 Он чи мебинӣ, дар китобе бинавис ва ба ҳафт калисо ки дар вилояти Осиё мебошанд, бифирист: ба Эфсўс, ва Исмирно, ва Парғомус, ва Тиётиро, ва Сардис, ва Фелоделфия, ва Лудкия.

12 Ман руҷўъ намудам, то овозаеро, ки ба ман сухан мегуф, бубинам; ва чун руҷўъ намудам, ҳафт чароғдони тилло дидам,

13  Ва дар миёни ҳафт чароғдон касеро монанди Писари Одам, ки камзўли дарозе дар бар дошт ва бар синааш камарбанди тилло баста буд;

14 Сари Ў ва мўи Ў мисли пашм ё барф сафед буд; ва чашмони Ў мисли шўълаи оташ;

15 Ва пойҳои Ў монанди мисе ки дар кўра сурх шуда бошад; ва овози Ў мисли шувваси обҳои бисьёр;

16 Ва Ў дар дасти рости Худ ҳафт ситора дошт, ва аз даҳони Ў шамшери дудама берун меомад; ва рўи Ў мисли офтобе буд, ки дар қувваташ медурахшад.

17 Ва ҳангоме ки Ўро дидам, бар пойҳояш мисли мурда афтодам, ва Ў дасти рости Худро бар ман гузошта, гуфт:’’Натарс; Манам Аввалин ва Охирин

18 Ва Зинда; ва Ман мурда будам, ва инак то абад зинда ҳастам, омин; ва калидҳои дўзах ва мамот дар дасти Ман аст.

19 Пас бинавис он чи ту дидаӣ, ва он чи ҳаст, ва он чи баъд аз ин бояд ба вуқўъ ояд.

20 Сирри ҳафт ситорае ки дар даси рости Ман дидӣ, ва ҳафт чароғдони тилло чунин аст: ҳафт ситора фариштагони ҳафт калисо ҳастанд, ва ҳафт чароғдон ҳафт калисо мебошанд“.

2

1 „Ба фариштаи калисои Эфсўс бинавис: Ў, ки дар дасти рости Худ ҳафт ситора дорад ва дар миёни ҳафт чароғдони тилло мегардад, чунин мегўяд:

2 ‘‘Аъмоли туро медонам, ва меҳнати туро, ва сабри туро, ва ин ки ту ба шарирон наметавонӣ тоб оварӣ, ва онҳоеро, ки худро ҳавворӣ меноманд, вале чунин нестанд, имтиҳон кардаӣ ва онҳоро дурўғгў ёфтаӣ;

3 Ва сабр дорӣ, ва барои исми Ман бисьёр чизҳоро аз сар гузарондаӣ, ва бемадор нагаштаӣ.

4 Аммо иддаое бар ту дорам, ки муҳаббати авваини худро тарк кардаӣ.

5 Пас ба ёд ор, ки аз куҷо афтодаӣ, ва тавба кун ва аъмоли пештараро ба ҷо овар; вагар на, ба зудӣ назди ту меоям ва чароғдонатро аз ҷояш меҷунбонам, агар тавба накунӣ.

6 Лекин фазилати ту ин аст, ки аз аъмоли николосиён нафрат дорӣ, ки Ман низ аз аъмоли онҳо нафрат дорам.

7 Ҳар кӣ гўш дорад, бишнавад, ки Рўҳ ба калисоҳо чӣ мегўяд: касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки аз дарахти ҳаёте ки дар биҳишти Худост, бихўрад’’„.

8 Ва ба фариштаи калисои Исмирно бинавис: Аввалин ва Охирин, ки мурда буд ва зинда шуд, чунин мегўяд:

9 ‘‘Аъмоли туро медонам, ва андўҳи туро, ва бенавоии туро, валекин ту сарватдор ҳастӣ, ва куфри онҳоеро, ки худро яҳудӣ мегўянд, вале чунин нестанд, балки куништи шайтонанд.

10 Аз машаққатҳое ки бояд ба сарат ояд, натарс. Инак, иблис баъзеро азмиёни шумо дар зиндон хоҳад андохт, то ки шуморо биозмояд, ва шумо даҳ рўз дар андўҳ хоҳед афтод. То дами мамот амин бош, ва тоҷи ҳаётро ба ту хоҳам дод.

11 Ҳар кӣ гўш дорад, бишнавад, ки Рўҳ ба калисоҳо чӣ мегўяд: касе ки ғолиб ояд, аз мамоти дуюм зараре нахоҳад дид’’„.

12 Ва ба фариштаи калисои Парғомус бинавис: Ў, ки шамшери дудама дорад, чунин мегўяд:

13 ‘‘Аъмоли туро медонам, ва маскани туро, ки тахти шайтон дар он ҷост; ва ту исми Маро маҳкам нигоҳ доштаӣ ва ҳатто дар айёме ки шоҳиди амини Ман Антипас дар миёни шумо, дар ҷое ки шайтон сокин аст, кушта шуд, имони Маро тарк накардаӣ.

14 Аммо иддаои каме бар ту дорам, чунки дар он ҷо назди ту пайравони таълимоти Билъом ҳастанд, ки вай Болоқро таълим дода буд, ки дар сари роҳи банӣ-Исроил дом ниҳад, то ки онҳо қурбониҳои бутҳоро бихўранд ва зино кунанд.

15 Ҳамчунин назди ту пайравони таълимоти николосиён ҳастанд, ки аз он таълимот Ман нафрат дорам.

16 Пас тавба кун, вагар на, ба зудӣ назди ту хоҳам омад ва бо шамшери забони Худ онҳо ҷанг хоҳам кард.

17 Ҳар кӣ гўш дорад, бишнавад, ки Рўҳ ба калисоҳо чӣ мегўяд: касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки аз манни ниҳонӣ бихўрад; ва ба вай санги сафеде хоҳам дод, ва бар ин санг исми наве навишта шудааст, ки онро ҳеҷ кас намедонад, ҷуз касе ки онро гирифтааст’’„.

18 Ва ба фариштаи калисои Тиётиро бинавис: Писари Худо, ки чашмонаш мисли шўълаи оташ аст, ва пойҳояш мисли миси барроқ аст, чунин мегўяд:

19 Аъмоли туро медонам, ва муҳаббати туро, ва хизмати туро, ва имони туро, ва сабри туро, ва ин ки аъмоли охиринат аз аввалинат бештар аст.

20 Аммо иддаои каме бар ту дорам, зеро ба зане Изобал ном, ки худро набия меномад, роҳ медиҳӣ; вай бандагои Маро таълим дода, дар иштибоҳ меандозад, то ки онҳо зино кунанд ва қурбониҳои бутҳоро бихўранд.

21 Ман ба вай фурсат додам, ки аз зинокории худ тавба кунад, валекин вай тавба накард.

22 Инак, Ман вайро бар бистае меандозам, ва онҳоеро, ки бо вай зино мекунанд, гирифтори андўҳи азиме мегардонам, агар аз аъмоли худ тавба накунанд.

23 Ва фарзандони вайро ба қатл мерасонам, ва ҳамаи калисоҳо хоҳанд донист, ки Ман Имтиҳонкунандаи дилҳо ва ботинҳо ҳастам, ва ба ҳар яке аз шумо мувофиқи аъмолаш подош хоҳам дод.

24 Валекин ба шумо ва ба касони дигаре ки дар Тиётиро ҳастанд, ва ҳамаи онҳое ки ин таълимотро пайравӣ накардаанд ва, чунон ки мегўянд, аз умқҳои шайтон хабар надоранд, мегўям: бар шумо бори дигаре намегузорам;

25 Фақат он чи доред, маҳкам нигоҳ доред, то даме ки биёям.

26 Ва касе ки ғолиб ояд ва аъмоли Маро то ба охир риояр кунад, ба вай бар халқҳо қудрат хоҳам бахшид,

27 Ва онҳоро вай бо асои оҳанин чўпонӣ хоҳад кард, ва онҳо мисли кўзаи кулол хоҳанд шикаст, чунон ки Ман низ аз Падари Худ қудрат ёфтаам.

28 Ва ба вай ситораи субҳро ато хоҳам кард.

29 Ҳар кӣ гўш дорад, бишнавад, ки Рўҳ ба калисоҳо чӣ мегўяд’’„.

3

1 Ва ба фариштаи калисои Сардис бинавис: Ў, ки ҳафт рўҳи Худо ва ҳафт ситора дорад, чунин мегўяд:’’Аъмоли туро медонам; агарчи ту ном дорӣ, ки зинда ҳастӣ, валекин мурда ҳастӣ.

2 Бедор бош ва бақиятеро, ки наздик ба мурдан аст, устувор намо, зеро ки Ман аъмоли туро дар пеши Худои Худ комил наёфтаам.

3 Ба ёд ор, ки он чи дорӣ, чӣ гуна ёфтаӣ ва чӣ гуна шунидаӣ, ва онро нигоҳдорӣ намо ва тавба кун. Ва агар бедор набошӣ, Ман мисли дузд бар сари ту хоҳам омад, ва ту нахоҳӣ донист, ки дар кадом соат бар сари ту меоям.

4 Валекин назди ту дар Сардис якчанд нафар ҳастанд, ки либоси худро палид накардаанд ва дар либоси сафед бо Ман хоҳанд гашт, чунки онҳо сазовори ин мебошанд.

5 Касе ки ғолиб ояд, либоси сафед дар бар хоҳанд кард; ва Ман номи вайро аз дафтари ҳаёт пок нахоҳам кард ва номи вайро дар ҳузури Падари Худ ва ба ҳузури фариштагони Ў эътироф хоҳам кард.

6 Ҳар кӣ гўш дорад, бишнавад, ки Рўҳ ба калисоҳо чӣ мегўяд’’„.

7 Ва ба фариштаи калисои Филоделфия бинавис: он Қуддус ва Ҳақ, ки калиди Довудро дорад, ки мекушояд ва ҳеҷ кас нахоҳад баст, ва мебандад ва ҳеҷ кас нахоҳад кушод, чунин мегўяд:

8 ‘‘Аъмоли туро медонам; инак, Ман дареро барои ту кушодаам, ва ҳеҷ кас наметавонад онро бандад; ту қуввати каме дорӣ, ва каломи Маро риоят намудаӣ, ва исми Маро инкор накардаӣ.

9 Инак, Ман тавре амал мекунад, ки аз куништи шайтон, аз онҳое ки худро яҳудӣ мегўянд, вале чунин нестанд, балки дурўғ мегўянд, инак, Ман тавре амал мекунам, ки онҳо омада, пеши пойҳои ту таъзим намоянд ва бидонанд, ки Ман туро дўст доштаам:

10 Ва азбаски ту каломи сабри Маро нигоҳдорӣ намудаӣ, Ман низ туро аз соати озмоиш нигоҳдорӣ хоҳам кард, ки он бар тамоми ҷаҳон хоҳад омад, то ки сокинони рўи заминро имтиҳон кунад.

11 Инак, ба зудӣ меоям; он чи дорӣ, маҳкам нигоҳ дор, то ки касе тоҷи туро нагирад.

12 Касе ки ғолиб ояд, вайро дар маъбади Худои Худ рукне хоҳам гардонд, ва дигар вай берун нахоҳад рафт; ва исми Худои Худро ва исми шаҳри Худои Худро, яъне Ерусалими навро, ки аз осмон аз ҷониби Худои ман нузул мекунад, ва исми нави Худро бар вай хоҳам навишт.

13 Ҳар кӣ гўш дорад, бишнавад, ки Рўҳ ба калисоҳо чӣ мегўяд’’„.

14 Ва ба фариштаи калисои Лудкия бинавис: Омин, ки шоҳиди амин ва ҳақ, ибтидои хилқати Худост, чунин мегўяд:

15 ‘‘Аъмоли туро медонам; ту на сард ҳастӣ на гарм; о, кошки ту сард ё гарм мебудӣ!

16 Лекин азбаски ту ширгарм ҳастӣ, яъне на гарм ва на сард, бинобар ин туро аз даҳони Худ қай хоҳам кард.

17 Зеро ки ту мегўӣ:“Ман сарватдор ҳастам, сарват ғун кардаам ва ба ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надорам“; аммо намедонӣ, ки ту бадбахт ва ҳақир ва мискин ва нобино ва бараҳна ҳастӣ.

18 Ба ту маслиҳат медиҳам, ки аз Ман тиллои дар оташ сурхшударо бихарӣ, то ки сарватдор шавӣ; ва либоси сафедро, то ки бипўшӣ, ва расвоии бараҳнагии ту аён нашавад; ва сурмаро, то ки ба чашмони худ кашида, бино шавӣ.

19 Ҳар киро Ман дўст дорам, мазаммат мекунам ва ҷазо медиҳам. Пас ғаюр бош ва тавба кун.

20 Инак, назди дар истода, тақ-тақ мекунам: агар касе овози Маро шунида, дарро воз кунад, назди ў даромада, бо ў таоми шом хоҳам хўрд, ва ў бо Ман.

21 Касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки бо Ман бар тахт бинишинад, чунон ки Ман низ ғолиб омада, бо Падари Худ бар тахти Ў нишастам.

22 Ҳар кӣ гўш дорад, бишнавад, ки Рўҳ ба калисоҳо чӣ мегўяд’’„.

4

1 Баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, даре бар осмон кушода шуд, ва он овози пештара, ки ҳамчун садои карнай шунида будам, ки бо ман сухан меронд, гуфт:“Ба ин ҷо сууд намо, то он чиро, ки баъд аз ин бояд ба вуқўъ ояд, ба ту нишон диҳам“.

2 Ва дарҳол ман дар Рўҳ шудам; ва инак, тахте дар осмон меистод, ва бар тахт Нишинандае буд;

3 Ва намуди Он Нишинанда монанди санги яшм ва ақиқ буд, ва рангинкамоне гирдогирди тахт, ва намуди он монанди зумуррад.

4 Ва гирдогирди тахт бисту чор тахт; ва бар тахтҳо бисту чор пирро нишаста дидам, ки либосҳои сафед дар бар карда буданд ва бар сарҳошон тоҷҳои тилло доштанд.

5 Ва аз тахт барқҳо ва раъдҳо ва овозҳо мебаромаданд, ва ҳафт машъали оташин дар пеши тахт фурўзон буданд, ки онҳо ҳафт рўҳи Худо мебошанд.

6 Ва дар пеши тахт баҳре аз шиша, монанди булўр; ва дар миёни тахт ва гирдогирди тахт чор ҳайвон, ки аз пеш ва аз пас пур аз чашмон буданд.

7 Ва ҳайвони якум монанди шер, ва ҳайвони дуюм монанди гўсола, ва ҳайвони сеюм қиёфаи одам дошт, ва ҳайвони чорум монанди уқобе ки дар парвоз бошад.

8 Ва ҳар яке аз он чор ҳайвон гирдогирд шаш бол дошт, ва онҳо аз дарун пур аз чашмонанд, ва шабу рўз ором нагирифта, мегўянд:“Қуддус аст, Қуддус аст, Қуддус аст Худованд Худои Қодири Мутлақ, ки Ў буд, ҳаст ва хоҳад омад“.

9 Ва ҳангоме ки он ҳайвонҳо ба Нишинандаи тахт, ки то абад Зинда аст, ҷалол ва шавкат ва сипос медиҳанд,

10 Он бисту чор пир пеши Нишинандаи тахт афтода, ба Ў, ки то абад Зинда аст, саҷда мекунанд, ва тоҷҳои худро пеши тахт гузошта, мегўянд:

11 ‘‘Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи ироаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст“.

5

1 Ва дар дасти рости Нишинандаи тахт китобе дидам, ки аз дарун ва аз берун навишта ва бо ҳафт мўҳр баста шуда буд.

2 Ва фариштаи қавие дидам, ки бо овози баланд нидо мекунад:“Кист сазовори он ки ин китобро воз кунад ва мўҳрҳои онро бардорад?“

3 Ва ҳеҷ кас на дар осмон, на бар замин, на дар зери замин натавонист он китобро воз кунад ва ба он назар андозад.

4 Ва ман бисьёр гиристам дар бораи он ки ҳеҷ каси сазоворе ёфт нашуд, ки он китобро воз карда хонад ё лоақал ба он назар андозад.

5 Ва яке аз он пирон ба ман гуфт:“Гирья накун; инак, шере аз сибти Яҳудо, ки решаи Довуд аст, ғолиб омад, то китобро воз кунад ва ҳафт мўҳри онро бардорад“.

6 Ва назар андохтам, ва инак, дар миёни тахт ва он чор ҳайвон ва дар миёни он пирон Баррае, мисли забҳшуда, истодааст ва ҳафт шох ва ҳафт чашм дорад, ки онҳо ҳафт рўҳи Худо ҳастанд, ки ба тамоми замин фиристода шудаанд.

7 Ва Ў омада, китобро аз дасти рости Нишинандаи тахт гирифт.

8 Ва ҳангоме ки Ў китобро гирифт, он чор ҳайвон ва бисту чор пир пеши Барра афтоданд, дар ҳолате ки ҳар яке барбатҳо ва косаҳои тилло пур аз бухур дошт, ки онҳо дуоҳои муқаддасон ҳастанд;

9 Ва суруди наве хонда, мегўянд:“Ту сазовори он ҳастӣ, ки китобро воз кунӣ ва мўҳрҳоро аз он бардорӣ; зери ки Ту забҳ шудӣ ва бо Хуни Худ моро барои Худо аз ҳар сибт ва забон ва қавм ва қабила харидӣ,

10 Ва моро подшоҳон ва коҳинони Худои мо гардондӣ; ва мо бар замин салтанат хоҳем ронд“.

11 Ва дидам, ва овози фариштагони бисьёрро шунидам, ки гирдогирди тахт ва он ҳайвонҳо ва пирон буданд, ва шумораи онҳо беварҳо-бавар ва ҳазорҳо-ҳазор буд,

12 Ки бо овози баланд мегуфтанд:“Барраи забҳшуда сазовори он аст, ки қудрат, ва сарват, ва ҳикмат, ва қувват, ва шавкат, ва ҷалол, ва баракат биёбад“.

13 Ва ҳар офаридае ки дар осмон, ва бар замин, ва дар зери замин, ва дар баҳр аст, ва ҳар он чи дар онҳост, шунидам, ки мегуфт:“Нишинандаи тахт ва Барраро баракат ва шавкат ва ҷалол ва салтанат бод то абад“.

14 Ва он чор ҳайвон гуфтанд:“Омин“. Ва он бисту чор пир афтода, ба Ў, ки то абад Зинда аст, саҷда карданд.

6

1 Ва дидам, ки Барра яке аз ҳафт мўҳрро бардошт, ва шунидам, ки яке аз он чор ҳайвон бо овози монанди раъд мегўяд:“Биё ва бубин“.

2 Ва назар андохтам, ва инак, аспи сафед, ва бар он саворе ки камон дорад, ва ба ў тоҷ дода, шудааст: ва ў ғалабакунон берун омад, то ғалаба кунад.

3 Ва ҳангоме ки Ў мўҳри дуюмро бардошт, ҳайвони дуюмро шунидам, ки мегўяд:“Биё ва бубин“.

4 Ва аспи дигари куранд берун омад, ва ба савори он ихтиёр дода шудааст, ки осоиштагиро аз замин бигирад, то ки якдигарро ба қатл расонанд; ва ба вай шамшери бузурге дода шудааст.

5 Ва ҳангоме ки Ў мўҳри сеюмро бардошт, ҳайвони сеюмро шунидам, ки мегўяд:“Биё ва бубин“. Ва назар андохтам, ва инак, аспи сиёҳмушкин, ва савори он дар дасташ тарозуе дорад.

6 Ва овозе аз миёни он чор ҳайвон шунидам, ки мегўяд:“Як андозаи гандум ба як динор, ва се андозаи ҷав ба як динор; вале ба равғани зайтун ва шароб зарар нарасон“.

7 Ва ҳангоме ки Ў мўҳри чорумро бардошт, овози ҳайвони чорумро шунидам, ки мегўяд:“Биё ва бубин“.

8 Ва назар андохтам, ва инак, аспи саманд, ва бар он саворе ки номаш мамот аст; ца дўзах аз қафояш меомад, ва ба вай ихтиёри чорьяки замин дода шудааст, то ки бо шамшер ва қаҳтӣ, ва бо вабо ва ҳайвоноти ваҳшии замин  одамонро бикушад.

9 Ва ҳангоме ки Ў мўҳри панҷумро бардошт, дар таги қурбонгоҳ ҷонҳои онҳоеро, ки барои каломи Худо ва барои шаҳодате ки доштанд, кушта шуда буданд, дидам.

10 Ва онҳо бо овози баланд фиғон кашида гуфтанд:“То ба кай, эй Парвардогори Қуддус ва Ҳақ, доварӣ намекунӣ ва интиқоми хуни моро аз сокинони замин намегирӣ?“

11 Ва ба ҳар яке аз онҳо либоси сафед дода шуд, ва ба онҳо гуфта шуд, ки боз муддати каме ором бошанд, то даме ки шумораи онҳо ва ҳамкорони онҳо ва бародарони онҳо, ки мисли онҳо кушта хоҳанд шуд, пурра шавад.

12 Ва ҳангоме ки Ў мўҳри шашумро бардошт, назар андохтам, ва инак, заминҷунбии азиме ба вуқўъ омад, ва офтоб мисли палоси пашмин сиёҳ шуд, ва моҳтоб мисли хун гашт;

13 Ва ситораҳои осмон ба замин афтоданд, мисли дарахти анҷире ки аз шамоли сахт ҷунбиш карда, анҷирҳои хоми худро мепартояд;

14 Ва осмон мисли тўморе печида, нопадид шуд; ва ҳар кўҳ ва ҷазира аз ҷои худ ҷунбид;

15 Ва подшоҳони замин ва олиҷоҳон, ва сарватдорон, ва мириҳазорон, ва зўроварон, ва ҳар ғулом ва озод дар мағораҳо ва дараҳои кўҳҳо пинҳон шуданд,

16 Ва ба кўҳҳо ва сангҳо мегўянд:“Бар мо биафтед ва моро аз ҳузури Нишинандаи тахт ва аз ғазаби Барра пинҳон кунед;

17 Зеро ки рўзи бузурги ғазаби Ў омадааст, ва кист, ки битавонад истодагӣ намояд?“.

7

1 Ва баъд аз ин чор фариштаи дар чор гўшаи замин истодаро дидам, ки чор боди заминро нигоҳ медоштанд, то ки ба замин, ба баҳр ва ба ҳеҷ дарахте бод навазад.

2 Ва фариштаи дигаре дидам, ки аз ҷониби тулўи офтоб сууд менамояд ва мўҳри Худои Ҳайро дорад. Ва бо овози баланд ба чор фариштае ки вазифаашон ба замину баҳр зарар расондан буд, нидо карда, мегўяд:

3 „Ба замин, ба баҳр, ба дарахтон зараре нарасонед, то даме ки бар пешонии бандагони Худои мо мўҳр занем“.

4 Ва шумораи мўҳр зада шудагонро шунидам: саду чилу чор ҳазор мўҳр зада шудагон аз ҳамаи сибтҳои банӣ-Исроил:

5 Аз сибти Яҳудо дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон; аз сибти Реубен дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон; аз сибти Ҷод дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон;

6 Аз сибти Ошер дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон; аз сибти Нафтолӣ дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон; аз сибти Менашше дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон;

7 Аз сибти Шимъўн дувоздаҳ ҳазор мўҳр даза шудагон; аз сибти Левӣ дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон; аз сибти Иссокор дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон;

8 Аз сибти Забулун дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон; аз сибти Юсуф дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон; аз сибти Биньёмин дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон.

9 Баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, анбўҳи бузурги мардум, ки онро ҳеҷ кас наметавонист ба шумор оварад, аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо дар пеши тахт ва дар пеши Барра истодаанд, ки дар тан либосҳои сафед доранд ва шохаҳои нахл ба даст гирифтаанд.

10 Ва онҳо бо овози баланд нидо карда, мегўянд:“Наҷот аз они Худои мо, ки бар тахт нишастааст, ва аз они Барра аст!“

11 Ва ҳамаи фариштаҳо гирдогирди тахт ва он  пирон ва чор ҳайвон меистоданд, ва пеши тахт бар рўи худ афтода, ба Худо саҷда карданд,

12 Ва гуфтанд:“Омин! Баракат, ва ҷалол, ва ҳикмат ва сипос, ва шавкат, ва қудрат, ва қувват то абад аз они Худои мо бод! Омин“

13 Ва яке аз он пирон ба сухан оғоз карда, аз ман пурсид:“Ин сафедпўшон кистанд, ва аз куҷо омадаанд?“

14 Ба ў гуфтам:“Эй оғо, ту медонӣ“. Ва ў ба ман гуфт:“Инҳо касоне ҳастанд, ки аз азоби азим омадаанд; инҳо либосҳои худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд;

15 Биноар ин онҳо дар пеши тахти Худо меистанд ва шабу рўз дар маъбади Ў ба Ў хизмат мекунанд, ва Нишинандаи тахт дар миёни онҳо сокин хоҳад буд;

16 Онҳо дигар гурусна ва ташна нахоҳанд монд, ва онҳоро офтоб ва ҳеҷ гармо нахоҳад сўзонд:

17 Зеро Баррае ки дар миёни тахт аст, онҳоро чўпонӣ хоҳад кард, ва онҳоро ба чашмаҳои оби ҳаёт хоҳад бурд, ва Худо ҳар ашкро аз чашмонашон пок хоҳад кард“.

8

1 Ва ҳангоме ки Ў мўҳри ҳафтумро бардошт, дар осмон тақрибан ним соат хомўшӣ барқарор шуд.

2 Ва ҳафт фариштаро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва ба онҳо ҳафт карнай дода шудааст.

3 Ва фариштаи дигаре омада, назди қурбонгоҳ истод, дар ҳолате ки маҷмари тилло дар дасташ буд; ва ба вай бухури бисьёре дода шудааст, то ки онро бо дуоҳои ҳамаи муқаддасон бар қурбонгоҳи пеши тахт тақдим кунад.

4 Ва дуди бухур бо дуоҳои муқаддсаон аз дасти фаришта ба ҳузури Худо сууд намуд.

5 Ва фаришта маҷмарро гирифта, аз оташи қурбонгоҳ пур кард, ва бар замин партофт; ва садоҳо, ва раъдҳо ва барқҳо, ва заминҷунбӣ ба вуқўъ омад.

6 Ва он ҳафт фариштае ки ҳафт карнай доштанд, ба навохтан тайёр шуданд.

7 Фариштаи якум карнай навохт, ва жола ва оташ омехта бо хун ба вуҷуд омад, ва ба замин борид; ва сеяки дарахтон сўхт, ва тамоми алафи сабз сўхт.

8 Фариштаи  дуюм карнай навохт, ва чизе монанди кўҳи азими оташ дар баҳр сарнагун шуд; ва сеяки баҳр ба хун мубаддал гашт,

9 Ва сеяки махлуқоти ҷондори баҳр мурданд, ва сеяки киштиҳо нобуд шуданд.

10 Фариштаи сеюм карнай навохт, ва аз осмон ситораи бузурге афтод, ки монанди машъал фурўзон буд, ва он бар сеяки дарьёҳо ва бар чашмаҳои обҳо афтод.

11 Ва номи ин ситора Явшон буд; ва сеяки обҳо ба явшон мубаддал гашт, ва бисьёре аз одамон аз обҳо мурданд, чунки обҳо талх шуда буд.

12 Фариштаи чорум карнай навохт, ва сеяки офтоб ва сеяки моҳтоб ва сеяки ситораҳо зарар дид, ба тавре ки сеяки онҳо торик шуд, ва сеяки рўз,—ва ҳамчун шаб,—равшан набуд.

13 Ва як фариштаро дидам ва шунидам, ки дар миёнаи осмон парвоз карда, бо овози баланд мегўяд:“Вой, вой, вой бар ҳоли сокинони замин аз садоҳои дигари карнайҳои се фаришта, ки хоҳанд навохт!“.

9

1 Фариштаи панҷум карнай навохт, ва ситораи аз осмон ба замин афтодаро дидам, ва ба вай калиди чоҳи варта дода шудааст:

2 Вай чоҳи вартаро воз кард, ва аз чоҳ дуде мисли дуди танўри бузурге берун омад; ва офтоб ва ҳаво аз дуди чоҳ торик шуд.

3 Ва аз дуд бар замин малахҳо баромаданд, ва ба онҳо он қудрате дода шудааст, ки каждумҳои замин доранд.

4 Ва ба онҳо гуфта шудааст, ки ба алафи замин, ва ба ҳеҷ сабзае, ва ба ҳеҷ дарахте зарар нарасонанд, балки фақат ба одамоне ки бар пешонии худ мўҳри Худоро надоранд.

5 Ва ба онҳо ихтиёр дода шудааст, ки одамонро накушанд, балки фақат панҷ моҳ азоб диҳанад; ва азоби онҳо монанди азоби каждум аст, вақте ки одамро заҳр мезанад.

6 Дар он айём одамон толиби марг хоҳанд шуд, вале онро нахоҳанд ёфт; мурданро орзу хоҳанд кард, вале мамот аз онҳо хоҳад гурехт.

7 Намуди он малахҳо монанди аспҳое буд, ки барои ҷанг ороста шуда бошанд; бар каллаҳошон гўё тоҷҳои тиллое буд, ва рухсораҳошон мисли рухсораҳои одамон;

8 Ва мўйҳошон мисли мўйҳои занон, ва дандонҳошон мисли дандонҳои шер;

9 Ва ҷавшанҳошон мисли ҷавшанҳошои оҳанин, ва садои болҳошон мисли тақар -тақари аробаҳои ҷангӣ, вақте ки аспҳои бисьёр ба корзор мераванд;

10 Онҳо думҳое доштанд мисли каждумҳо, ва дар думҳошон — нешҳо, ва қудраташон ин буд, ки ба одамон панҷ моҳ зарар расонанд.

11 Онҳо бар худ подшоҳе доштанд, ки фариштаи варта аст; номи он ба забони ибронӣ Абаддўн ва ба забони юнонӣ Апўллийўн аст.

12 Як мусибат гузашт; инак, аз қафои он боз ду мусибат меояд.

13 Фариштаи шашум карнай навохт, ва аз чор шохи қурбонгоҳи тилло, ки дар пеши Худо истода буд, овозе шунидам,

14 Ки ба фариштаи шашуми карнайдор мегуфт:“Он чор фариштаро, ки назди дарьёи бузурги Фурот дар қайду банд мебошанд, озод намо“.

15 Ва он чор фаришта озод гардиданд, ки барои соат ва рўз ва моҳ ва соли муайян тайёр шуда буданд, то ки сеяки одамонро бикушанд.

16 Шумораи қўшуни савора ду бевари беварҳо буд: ман шумораи онро шунидам.

17 Ба ҳамин тариқа ман дар рўъё аспон ва саворони онҳоро дидам, ки ҷавшанҳое ба ранги оташ ва ёқути зард ва кибрит доштанд; каллаҳои аспон мисли каллаҳои шерон буд, ва аз даҳони онҳо оташ, дуд ва кибрит мебаромад.

18 Аз ин се бало, яъне оташ, дуд ва кибрит, ки аз даҳони онҳо мебаромад, сеяки одамон мурданд;

19 Зеро ки қудрати аспон дар даҳонашон ва дар думҳошон буд; ва думҳошон монанди морҳо буда, калла доштанд, ва ба воситаи онҳо осеб мерасонданд.

20 Ва боқии одамон, ки аз ин балоҳо намурда буданд, аз аъмоли дастҳои худ тавба накарданд, ва ибодати девҳо ва бутҳои тилло, нуқра, мис, санг ва ҷўбро, ки ба дидан, шунидан ва роҳ рафтан қодир нестанд, тарк нанамуданд.

21 Ва онҳо аз одамкушиҳо, ҷодугариҳо, зинокорӣ ва дуздиҳои худ тавба накарданд.

10

1 Ва фариштаи қавии дигаре дидам, ки аз осмон нузул мекард, ва бо абре фаро гирифта шуда буд, рангинкамоне бар сараш буд ва рухсораш монанди офтоб ва пойҳояш мисли сутунҳои оташин;

2 Дар дасташ китоби кушодае буд. Ва пои росташро бар баҳр гузошт, ва пои чапашро бар замин,

3 Ва бо овози баланд нидо кард, чунон ки шер наъра мекашад; ва ҳангоме ки вай нидо кард, ҳафт раъд бо садоҳои худ сухан гуфтанд.

4 Ва ҳангоме ки ҳафт раъд бо садоҳои худ сухан гуфтанд, мехостам бинависам; лекин овозе аз осмон шунидам, ки ба ман мегўяд:“Он чи ҳафт раъд гуфтанд, мўҳр зан ва инро нанавис“.

5 Ва он фаришта, ки ўро дидам бар баҳр ва бар замин истода буд, дасташро сўи осмон бардошт,

6 Ва ба Ў, ки то абад Зинда аст, ва осмон ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва замин ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва баҳр ва ҳар чиро, ки дар он аст, офаридааст, — қасам ёд кард, ки дигар вақт нахоҳад буд,

7 Балки дар айёме ки садои фариштаи ҳафтум барояд, яъне вақте ки вай карнай навозад, сирри Худо анҷом хоҳад ёфт, чунон ки Ў ба бандагони Худ анбиё башорат додааст.

8 Ва овозе ки аз осмон шунидам, боз ба ман сухан ронда, гуфт:“Бирав ва китоби кушодаро аз дасти фариштае ки бар баҳр ва бар замин истодааст, бигир“.

9 Ва назди фаришта рафта, ба вай гуфтам:“Китобро ба ман деҳ“. Гуфт:“Онро бигир ва бихўр; он дар шикамат талх хоҳад шуд, аммо дар даҳонат мисли асал ширин хоҳад буд“.

10 Ва китобро аз дасти фаришта гирифта, хўрдам; ва он дар даҳонам мисли асал ширин буд; лекин вақте ки онро хўрда, шикамам талх шуд.

11 Ва ба ман гуфт:“Ту боз дар бораи қавмҳо, ва қабилаҳо, ва забонҳо, ва подшоҳони бисьёр бояд нубувват кунӣ“.

11

1 Ва ба ман нае дода шуд, ки монанди асо буд, ва гуфта шуд:“Бархез ва маъбади Худо ва қурбонгоҳро андоза намо ва касонеро, ки дар он ибодат мекунанд, бишумор;

2 Вале рўи ҳавлии маъбадро истисно бикун ва андоза накун, зеро ки он ба халқҳо дода шудааст: онҳо шаҳри муқаддасро чилу ду моҳ поймол хоҳанд кард“.

3 Ва ба ду шоҳиди Худ қудрате ато хоҳам кард, ва онҳо ҳазору дусаду шаст рўз нубувват хоҳанд намуд, дар ҳолате ки палос дар бар карда бошанд

4 Инҳо ду дарахти зайтун ва ду чароғдоне ҳастанд, ки дар пеши Худованди замин истодаанд.

5 Ва агар касе бихоҳад онҳоро озор диҳад, аз даҳонашон оташ баромада, душманони онҳоро мехўрад; ба ин тариқ, ҳар кӣ бихоҳад онҳоро озор диҳад, кушта мешавад.

6 Онҳо қудрат доранд осмонро баста кунанд, то ки дар рўзҳои нубувваташон ба замин борон наборад; ва бар обҳо қудрат доранд, ки онҳоро ба хун табдил диҳанд, ва заминро, ҳар вақте ки бихоҳанд, ба ҳар гуна бало гирифтор кунанд.

7 Ва ҳангоме ки онҳо шаҳодати худро анҷом диҳанд, ҳайвони ваҳшие ки аз варта мебарояд, бо онҳо ҷангида, бар онҳо ғолиб хоҳад омад, ва онҳоро хоҳад кушт.

8 Ва ҷасадҳои онҳо дар кўчаи шаҳри бузург, ки ба киноя Садўм ва Миср ном дорад, ва дар он ҷо Худованди мо низ маслуб шудааст, воқеъ хоҳад буд.

9 Ва мардуми зиёде аз қавмҳо, аз сабтҳо, аз забонҳо, аз қабилаҳо се ва ним рўз ба ҷасадҳои онҳо назар хоҳанд кард ва нахоҳанд гузошт, ки ҷасадҳои онҳоро ба гўр супоранд.

10 Ва сокинони ҷаҳон аз ин шод ва хурсанд шуда, ба якдигар инъомҳо хоҳанд фиристод, чунки ин ду набӣ сокинони ҷаҳонро азият додаанд.

11 Валекин баъд аз се ва ним рўз рўҳи ҳаёт аз ҷониби Худо андаруни онҳо дохил шуд, ва ҳар дуяшон ба по бархостанд ва касонеро, ки ба онҳо назар мекарданд, тарси азиме фаро гирифт.

12 Ва онҳо овози баланде аз осмон шуниданд, ки ба онҳо мегуфт:“Ба ин ҷо сууд кунед“. Ва онҳо бар абр ба осмон сууд карданд; ва душманонашон ба онҳо назар мекарданд.

13 Ва дар ҳамон соат заминҷунбии азиме рўй дод, ва даҳьяки шаҳр фурў ғалтид, ва дар заминҷунбӣ ҳафт ҳазор одам нобуд шуд; ва боқимондагон ба ҳарос афтоданд ва Худои Осмонро ҳамду сано хонданд.

14 Мусибати дуюм гузашт; инак, мусибати сеюм ба зудӣ меояд.

15 Ва фариштаи ҳафтум карнай навохт, ва дар осмон овозҳои баланд баромаданд, ки мегуфтанд:“Салтанати ҷаҳон салтанати Худованди мо ва Масеҳи Ў гардидааст, ва Ў то абад салтанат хоҳад ронд“.

16 Ва он бисту чор пир, ки дар пеши Худо бар тахтҳои худ нишастаанд, бар рўи худ афтода, Худоро ибодат карданд.

17 Ва гуфтанд:“Туро шукр мегўем эй Худованди Худои Қодири Мутлақ, ки Ту ҳастӣ ва будӣ ва хоҳӣ омад, ва Ту бар тибқи қуввати бузурги Худ амал карда, бар тахти салтанат нишастаӣ.

18 Халқҳо дар қаҳр шуданд; ва ғазаби Ту омад, ва вақти он расид, ки мурдагонро доварӣ намоӣ ва ба бандагони Худ, яъне ба анбиё ва муқаддасон ва касоне ки аз исми Ту метарсанд, ҳам ба хурдон ва ҳам ба бузургон подош диҳӣ ва нобудкунадагони заминро нобуд кунӣ“.

19 Ва маъбади Худо дар осмон воз шуд, ва сандуқИ аҳди Ў дар маъбади Ў зоҳир гардид; ва барқҳо ва садоҳо, ва раъдҳо ва заминҷунбӣ ва Ѣолаи бузурге ба вуқўъ омад.

12

1 Ва аломати бузурге дар осмон зоҳир шуд: зан, ки либосаш офтоб аст, моҳтоб дар зери пойҳояш, ва тоҷе иборат аз дувоздаҳ ситора бар сараш.

2 Вай ҳомиладор буд, ва аз дард ва азоби зоиш фарьёд мезад.

3 Ва аломати дигаре дар осмон зоҳир шуд: инак, аждаҳои бузурги сурх, ки ҳафт калла ва даҳ шох дорад, ва бар каллаҳояш ҳафт афсар;

4 Думи он сеяки ситораҳоро аз осмон кашида, бар замин афканд. Ин аждаҳо пеши зане ки бояд мезоид, истод, то ки ҳангоми зоидани вай кўдаки вайро фурў барад.

5 Вай писре зоид, ки ў бояд ҳамаи халқҳоро бо асои оҳанин чўпонӣ кунад: ва писари вай сўи Худо ва тахти Ў бурда шуд.

6 Ва он зан ба биёбон гурехт, ки дар он ҷо барои вай аз ҷониби Худо маконе муҳайё гардидааст, то ки ба вай ҳазору дусаду шаст рўз ғизо дода шавад.

7 Ва дар осмон ҷанг шуд: Микоил ва фариштаҳояш ба муқобили аждаҳо меҷангиданд, ва аждаҳо ва фариштаҳояш меҷангиданд,

8 Аммо натавонистанд истодагӣ кунанд, ва дар осмон барои онҳо дигар ҷое ёфт нашуд.

9 Ва аждаҳои бузург сарнагун шуд, яъне он мори қадимӣ, ки иблис ва шайтон ном дорад ва тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад. Вай ва фариштаҳояш бо вай сарнагун шуданд.

10 Ва овози баланде дар осмон шунидам, ки мегўяд:“Акнун наҷот ва қуват ва Малакути Худои мо ва қудрати Масеҳи Ў фаро расид, чунки маломаргари бародарони мо, ки дар ҳаққи онҳо шабу рўз да пеши Худои мо маломат мекард, сарнагун шуд;

11 Онҳо бар вай ба василаи хуни Барра ва каломи шаҳодати худ ғолиб омаданд ва ҷони худро то ба ҳадди мамот гиромӣ надоштанд;

12 Пас, шодӣ кунед, эй афлок ва сокинони он! Вой бар ҳоли сокинони замин ва баҳр, чунки назди шумо иблис бо хашми зўре нузул кардааст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст!“.

13 Ва чун аждаҳо дид, ки бар замин сарнагун шуд, занеро ки писар зоида буд, таъқиб намуд.

14 Ва ба он зан ду боли уқоби бузурге дода шуд, то ки вай аз пеши мор ба биёбон ба макони худ парвоз кунад, ва дар он ҷо дар давоми замон ва замонаҳо ва нисфи замон ғизо гирад.

15 Ва мор аз даҳонаш аз ақиби зан обе мисли дарьё сар дод, то ки дарьё вайро барад.

16 Лекин замин ба зан мадад кард, ва замин даҳонашро кушода, он дарьёро, ки аждаҳо аз даҳонаш сар дода буд, фурў бурд.

17 Ва аждаҳо ба занд ар ғазаб шуда, рафт, то бо боқии насли вай, ки аҳкоми Худоро риоят мекунанд ва шаҳодати Исои Масеҳро доранд, ҷанг кунад.

13

1 Ва бар реги баҳр истода, ҳайвони ваҳшиеро дидам, ки аз баҳр берун меояд, ва ҳафт калла ва даҳ шох дорад, ва бар шохҳояш даҳ афсар, ва бар каллаҳояш номҳои куфр.

2 Ҳайвони ваҳшие ки ман дидам, монанди паланг буд, пойҳояш мисли пойҳои хирс, ва даҳонаш мисли даҳони шер; ва аждаҳо қуввати худ ва тахти худ ва қудрати бузурге ба вай дода буд.

3 Ва дидам, ки яке аз каллаҳои вай гўё ба дараҷаи марговар ярадор шудааст, валекин он яраи марговар шифо ёфтааст. Ва  тамоми аҳли замин дар ҳайрат афтода, аз паи ҳайвони ваҳшӣ рафтанд; ва аждаҳоро, ки ба ҳайвони ваҳшӣ қудрат дода буд, ибодат карданд;

4 Ва ба ҳайвони ваҳшӣ саҷда карда, гуфтанд:“Кист, ки мисли ин ҳайвони ваҳшӣ бошад, ва кист, ки битавонад бо вай ҷанг кунад?“

5 Ва ба вай даҳоне дода шуд, ки суханони пурғурур ва куфр гўяд, ва ба вай қудрат дода шуд, ки чилу ду моҳ амал кунад.

6 Ва даҳонашро барои куфри Худо воз кард, то ки бар исми Ў ва маскани Ў ва сокинони осмон куфр гўяд.

7 Ва ба вай ато шуд, ки бо муқаддасон ҷангида, бар онҳо ғолиб ояд; ва ба вай салтанат бар ҳар сибт, ва қавм, ва забон, ва қабила дода шуд.

8 Ва ҳамаи сокинони замин вайро ибодат хоҳанд кард, ҷуз онҳое ки номҳошон дар дафтари ҳаёти Барра, ки аз офариниши олам забҳ шуда буд, навишта шудааст.

9 Ҳар кӣ гўш дорад, бишнавад.

10 Ҳар кӣ ба асирӣ мебарад, худаш ба асирӣ хоҳад рафт; ҳар кӣ бо шамшер мекушад, худаш бояд бо шамшер кушта шавад. Дар ин ҷост сабри имони муқаддасон.

11 Ва ҳайвони ваҳшии дигаре дида, ки аз замин берун меояд; вай ду шох дошт монанди шохҳои барра, ва мисли аждаҳо сухан мегуфт.

12 Вай дар пеши ҳайвони ваҳшии якум бо тамоми қудраташ амал мекунад, ба тавре ки тамоми замин ва сокинони онро маҷбур менамояд, ки ба ҳайвони ваҳшии якум, ки яраи марговараш шифо ёфтааст, саҷда кунанд;

13 Ва аломати бузурге ба амал меоварад, ба тавре ки оташро низ дар пеши одамон аз осмон ба замин фурў меоварад.

14 Ва бо мўъҷизоте ки дар пеши ҳайвони ваҳшӣ метавонист нишон диҳад, сокинони заминро фиреб дода, ба сокинони замин мегўяд, ки пайкари он ҳайвони ваҳширо, ки аз шамшер ярадор шуда, зинда мондааст, бисозанд.

15 Ва ба вай ато шудааст, ки ба он пайкари ҳайвони ваҳшӣ ҳаёт бахшад, то пайкари ҳайвони ваҳшӣ тавре сухан гўяд ва амал кунад, ки ҳамаи онҳое ки ба пайкари ҳайвони ваҳшӣ саҷда намекунанд, кушта шаванд.

16 Ва тавре рафтор мекунанд, ки ҳамаи хурдон ва бузургон, сарватмандон ва мискинон, озодон ва ғуломон бояд бар дасти росташон ё бар пешониашон тамға зананд,

17 Ва ҳеҷ кас харидан ва фурўхтан нахоҳад тавонист, ҷуз касе ки чунин тамға: ё номи ҳайвони ваҳшӣ ё шумораи номи онро дорад.

18 Дар ин ҷо ҳикмат аст. Ҳар кӣ ақл дорад, шумораи ҳайвони ваҳширо ҳисоб кунад, зеро ки он шумораи одамизод аст; шумораи он шашсаду шасту шаш мебошад.

14

1 Ва назар андохтам, ва инак, Барра бар кўҳи Сион истодааст, ва бо Ў саду чилу чор ҳазор нафар, ки бар пешониҳошон исми Падари Ў навишта шудааст.

2 Ва овозе аз осмон шунидам, мисли шувваси обҳои бисьёр ва монанди садои раъди пурзўр; ва овозе ки шунидам, монанди овози барбатнавозе буд, ки барбатҳои худро менавозанд:

3 Онҳо дар пеши тахт ва дар пеши он чор ҳайвон ва пирон суруди наве месароянд; ва ҳеҷ кас натавонист он сурудро ёд гирад, ҷуз он саду чилу чор ҳазор нафар, ки аз замин харида шуда буданд.

4 Инҳо касоне ҳастанд, ки бо занон палид нашудаанд, зеро ки онҳо боисматанд; инҳо касоне ҳастанд, ки ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш мераванд. Онҳо аз миёни одамон, ҳамчун навбарони Худо ва Барра, харида шудаанд,

5 Ва дар даҳонашон макре нест; онҳо дар пеши тахти Худо беайбанд.

6 Ва фариштаи дигаре дидам, ки дар миёнаи осмон парвоз мекунад ва Инҷили абадӣ дорад, то ки ба сокинони замин ва ба ҳар қабила ва сибт, ва забон ва қавм башорат диҳад;

7 Ва ў бо овози баланд мегуфт:“ Аз Худо тарсед ва Ўро ҷалол диҳед, зеро ки соати доварии Ў фаро расидааст; ва ба Офаридгори осмон ва замин, ва баҳр ва чашмаҳои об саҷда кунед“.

8 Ва фариштаи дигар аз ақиби ў омада, мегуфт:“Бобил, шаҳри бузург, фурў ғалтид, фурў ғалтид, чунки ҳамаи халқҳоро аз шароби пурғазаби зинокории худ нўшонид“.

9 Ва фариштаи сеюм аз ақиби онҳо омада, бо овози баланд мегуфт:“Ҳар кӣ ба ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он саҷда кунад ва бар пешонии худ ё бар дасти худ тамға занад,

10 Вай аз шароби хашми Худо, аз шароби холисе ки дар косаи ғазаби Ў муҳайё шудааст, хоҳад нўшид, ва дар пеши фариштагони муқаддас ва дар пеши Барра дар оташ ва кибрит азоб хоҳад кашид;

11 Ва дуди азобҳои онҳо то абад баланд хоҳад шуд, ва касоне ки ба ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он саҷда менамояд ва тамғаи номи онро қабул мекунанд, на рўз ором хоҳанд гирифт, на шаб“.

12 Дар ин ҷост сабри муқаддасон, ки аҳкоми Худоро ва имони Исоро риоят мекунад.

13 Ва овозе аз осмон шунидам, ки мегўяд:“Бинавис: хушо мурдагоне ки минбаъд дар Худованд мемиранд; оре, мегўяд Рўҳ, инҳо аз меҳнатҳои худ ором мегиранд, ва аъмолашон аз қафояшон меравад“.

14 Ва назар андохтам, ва инак, абри сафед, ва бар абр касе монанди Писари Одам нишастааст, ки бар сараш тоҷи тилло, ва дар дасташ доси тез дорад.

15 Ва фариштаи дигар аз маъбад баромад ва бо овози баланд ба Нишинандаи абр нидо кард:“Доси Худро ба кор андоз ва дарав кун, чунки вақти дарав расидааст; зеро ки ҳосили замин пухтааст“.

16 Ва Нишинандаи абр доси Худро бар замин андохт, ва замин даравида шуд.

17 Ва фариштаи дигар аз маъбаде ки дар осмон аст, берун омад, ки ў низ доси тез дошт.

18 Ва фариштаи дигар, ки бар оташ қудрат дорад, аз қурбонгоҳ берун омад ва бо овози баланд ба он ки доси тез дошт, нидо карда, гуфт:“Доси тези худро ба кор андоз ва сарҳои ангури заминро бибур, чунки ангураш пухтааст“.

19 Ва он фаришта доси худро бар замин андохт, ва сарҳои ангури заминро бурид, ва онро дар чархушти бузурги ғазаби Худо афканд,

20 Ва чархушт дар беруни шаҳр пойкўб шуд, ва хун аз чархушт то ба ҷилави аспон, ба масофаи ҳазору шашсад стадия ҷорӣ шуд.

15

1 Ва дар осмон аломати дигаре дидам, ки бузург ва аҷоиб буд: ҳафт фаришта, ки ҳафт балои охирин доранд, чунки хашми Худо бо онҳо анҷом ёфт.

2 Ва гўё баҳре аз шиша дидам, ки бо оташ омехта буд; ва касоне ки бар ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он ва тамғаи он ва шумораи номи он ғолиб омада буданд, бар ин баҳри шиша истодаанд, ва барбатҳои Худо дода дар дасти онҳост,

3 Ва суруди Мусои бандаи Худо ва суруди Барраро хонда, мегўянд:“Бузург ва аҷоиб аст аъмоли Ту, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ! Ҳақ асту рост роҳҳои Ту, эй Подшоҳи муқаддасон!

4 Кист, ки аз Ту, эй Худованд, натарсад ва исми Туро ҷалол надиҳад? Зеро ки танҳо Ту Қуддус ҳастӣ. Ҳамаи халқҳо омада, дар пеши Ту саҷда хоҳанд кард, зеро ки довариҳои одилонаи Ти зоҳир шудааст“.

5 Ва баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, маъбади хаймаи шаҳодат дар осмон воз шуд,

6 Ва аз маъбад ҳафт фаришта баромаданд, ки ҳафт бало доштанд, ва катони тоза ва дурахшон дар бар карда ва то синаашон камарбанди тилло баста буданд.

7 Ва яке аз он чор ҳайвон ба ҳафт фаришта ҳафт косаи тиллои пур аз ғазаби Худоро дод, ки Ў то абад Зинда аст.

8 Ва маъбад аз ҷалоли Худо ва аз қуввати Ў пур аз дуд шуд, ва то ҳафт балои ҳафт фаришта анҷом наёфт, ҳеҷ кас натавонист ба маъбад дарояд.

16

1 Ва овози баланде аз маъбад шунидам, ки ба ҳафт фаришта мегўяд:“Биравед ва ҳафт косаи ғазаби Худоро бар замин бирезед“.

2 Фариштаи якум рафта, косаи худро бар замин рехт, ва бар одамоне ки тамғаи ҳайвони ваҳширо доранд ва ба пайкари он саҷда мекунанд, яраҳои бад ва зишти фасоднок пайдо шуд.

3 Фариштаи дуюм косаи худро дар баҳр рехт; ва он ба хуне мисли хуни мурда мубаддал шуд, ва тамоми махлуқоти ҷондори баҳр мурд.

4 Фариштаи сеюм косаи худро дар дарьёҳо ва чашмаҳои об рехт, ва онҳо ба хун мубаддал шуданд.

5 Ва фариштаи обҳоро шунидам, ки мегуфт:“Ту одилӣ, эй Худованд, ки ҳастӣ ва будӣ, ва қуддус мебошӣ, зеро ки чунин ҳукм кардаӣ;

6 Азбаски онҳо хуни муқаддасон ва анбиёро рехтаанд, Ту ба онҳо хун додӣ, ки бинўшанд: ин сазои онҳост“.

7 Ва қурбонгоҳро шунидам, ки мегўяд:“Оре, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ, довариҳои Ти ҳақ асту рост“.

8 Фариштаи чорум косаи худро бар офтоб рехт, ва ба вай қудрате ато шуд, ки одамонро ба оташ бисўзонад.

9 Ва одамонро гармои зўре сўзонд, ва онҳо ба исми Худо, ки ин балоҳо ихтиёр дорад, куфр мегуфтанд ва тавба накарданд, то ки Ўро ҷалол диҳанд.

10 Фариштаи панҷум косаи худро бар тахти ҳайвони ваҳшӣ рехт, ва малакути он торик шуд, ва онҳо забонҳои худро аз дард мегазиданд,

11 Ва Худои Осмон аз боиси азобҳои худ ва яраҳои худ куфр мегуфтанд, ва аз аъмоли худ тавба накарданд.

12 Фариштаи шашум косаи худро дар дарьёи бузурги Фурот рехт, ва оби он хушк шуд, то барои подшоҳоне ки аз ҷониби тулўи офтоб ҳастанд, роҳ муҳайё шавад.

13 Ва дидам, ки аз даҳони аждаҳо, ва аз даҳони ҳайвони ваҳшӣ, ва аз даҳони набии козиб се рўҳи палиде монанди қурбоқаҳо мебарояд.

14 Онҳо рўҳҳои деванд, ки аломот ба амал меоваранд; онҳо ба пеши подшоҳони тамоми ҷаҳон мебароянд, то ки онҳоро барои ҷанги рўзи бузурги Худои Қодири Мутлақ ҷамъ оваранд.

15 Инак, мисли дузд меоям: хушо касе ки ҳушьёр аст ва либоси худро нигоҳ медорад, то ки бараҳна роҳ наравад, ва расвоии ўро набинанд.

16 Ва онҳоро ба мавзее ҷамъ оварданд, ки ба забони ибронӣ Ҳармиҷидўн ном дорад.

17 Фариштаи  ҳафтум косаи худро бар ҳаво рехт, ва аз маъбади осмон аз ҷониби тахт овозе баланде баромад, ки мегуфт:“Ба амал омад!“.

18 Ва барқҳо, раъдҳо ва садоҳо ба вуқўъ омад, ва заминҷунбии азиме рўй дод, ки мислаш, аз замоне ки одамон бар замин ҳастанд, рўй надода буд, он қадар заминҷунбии пурзўр ва азим буд!

19 Ва шаҳри бузург ба се қисм аз ҳам ҷудо шуд, ва шаҳрҳои халқҳо фурў ғалтиданд, ва Бобили бузург дар пеши Худо зикр ёфт, то ки косаи шароби пурхашми ғазаби Худро ба он диҳад.

20 Ва ҳар ҷазира гурехт, ва кўҳҳо нопайдо гашт;

21 Ва жолаи бузурге ки гўё ба вазни як талант буд, аз осмон бар одамон борид; ва одамон барои балои жола ба Худо куфр гуфтанд, чунки он бало бағоят сахт буд.

17

1 Ва яке аз он ҳафт фариштае ки ҳафт коса доштанд, омад ва бо ман сухан ронда, гуфт:“Ин ҷо биё, то довариро дар ҳаққи фоҳишаи бузурге ки бар обҳои бисьёре нишастааст, ба ту нишон диҳам,

2 Ки подшоҳони замин бо вай зино кардаанд, ва сокинони замин аз шароби зинокории вай маст шудаанд“.

3 Ва маро дар Рўҳ ба биёбон бурд; ва занеро дидам, ки бар ҳайвони ваҳшии арғувонӣ, ки аз номҳои куфр пур буд, ва ҳафт калла ва даҳ шох дошт, нишаста буд.

4 Ва он зан либоси қирмизӣ ва арғувонӣ дошт, ва бо тилло ҷавоҳирот ва марворид зинат ёфта буд, ва дар дасташ косаи тиллое нигоҳ медошт, ки аз қабоҳат ва наҷосати зинокории вай пур буд;

5 Ва бар пешонии вай номи сирре навишта шуда буд:“Бобили бузург, модари фоҳишагон ва қабоеҳи замин“.

6 Ва дидам, ки он зан аз хуни муқаддасон ва аз хуни шоҳидони Исои маст аст, ва аз дидани вай ниҳоятдараҷа ҳайрон шудам.

7 Ва фаришта ба ман гуфт:“Чаро ҳайрон шудӣ? Ман сирри ин зан ва он ҳайвони ваҳширо, ки зан бар он савор аст, ва ҳафт калла ва даҳ шох дорад, ба ту мегўям.

8 Он ҳайвони ваҳшӣ, ки ту дидӣ, буд ва нест; ва аз варта хоҳад баромад ва ба сўи ҳалокат хоҳад рафт; ва он сокинони замин, ки номҳошон аз ибтидои ҷаҳон дар дафтари ҳаёт навишта нашудааст, аз дидани ҳайвони ваҳшие ки буд ва нест ва зоҳир хоҳад шуд, дар ҳайрат хоҳанд афтод.

9 Дар ин ҷост ақле  ки ҳикмат дорад. Ҳафт калла ҳафт кўҳест, ки он зан бар онҳо нишастааст,

10 Ва инҳо ҳафт подшоҳ ҳастанд, ки панҷ нафарашон фурў ғалтидаанд, яке ҳаст, ва дигаре ҳанўз наомадааст, ва ҳангоме ки ояд, муддати каме бояд бимонад.

11 Ва он ҳайвони ваҳшӣ, ки буд ва нест, ҳаштум аст, ва аз ҷумлаи ҳафт аст, ва ба сўи ҳалокат хоҳад рафт.

12 Ва он даҳ шох, ки ту дидӣ, даҳ подшоҳ ҳастанд, ки ҳанўз малакут ба даст наовардаанд, лекин барои як соат бо ҳайвони ваҳшӣ, ҳамчун подшоҳон, салтанат пайдо хоҳанд кард;

13 Онҳо як ният доранд, ва қуввау салтанати худро ба ҳайвони ваҳшӣ хоҳанд дод;

14 Онҳо ба Барра ҷанг хоҳанд кард, ва Барра бар онҳо ғолиб хоҳад омад; зеро ки Ў Худованди худовандон ва Подшоҳи подшоҳон аст ва онҳое ки бо Ў ҳастданд, даъватшудагон ва баргузидагон ва аминон мебошанд“.

15 Ва он фаришта ба ман гуфт:“Обҳое ки ту дидӣ,  ки он ҷо фоҳиша нишастааст, одамон ва қавмон, ва қабилаҳо ва забонҳо мебошанд.

16 Ва даҳ шох, ки ту дидӣ, ва ҳайвони ваҳшӣ аз фоҳиша нафрат хоҳад дошт, ва ўро хонавайрон ва урьёр хоҳанд кард, ва ҷисми ўро хоҳанд хўрд, ва ўро дар оташ хоҳанд сўзонд;

17 Чунки Худо дар дили онҳо андохтааст, ки иродаи Ўро ба ҷо оворанд, ба тавре ки ҳама якдилона салтанати худро ба ҳайвони ваҳшӣ диҳанд, то ки суханони Худо иҷро шавад.

18 Ва он зане ки дидӣ, шаҳри бузург аст, ки бар подшоҳони замин слтанат меронад“.

18

1 Баъд аз ин ман фариштаи дигаре дидам, ки аз осмон нузул мекунад ва қудрати бузурге дорад; ва замин аз ҷалоли ў мунаввар шуд.

2 Ва ў бо овози қавӣ нидо карда, гуфт:“Фурў ғалтид! Фурў ғалтид Бобили бузург! Вай маскани девҳо ва паноҳгоҳи ҳар рўҳи палид ва паноҳгоҳи ҳар мурғи палид ва кароҳатангез гардид; зеро ҳамаи халқҳо аз шароби пурғазаби зинокории вай нўшидаанд,

3 Ва подшоҳони замин бо вай зино карданд, ва тоҷирони замин аз айшу нўши бузурги вай сарватдор шуданд“.

4 Ва овози дигаре аз осмон шунидам, ки мегўяд:“Аз вай берун оед, эй қавми Ман, то ки дар гуноҳҳояш шарик нашавед ва ба балоҳояш дучор нагардед;

5 Зеро ки гуноҳҳои вай то ба осмон расидааст, ва Худо зулмҳои вайро ба хотир овардааст.

6 Сазояшро диҳед, чунон ки вай низ шуморо сазо додааст, ва бар тибқи аъмоли вай сазояшро дучанд диҳед; дар косае ки вай барои шумо шароб тайёр карда буд, барои вай дучанд тайёр кунед.

7 Ҳар қадар вай ҷалол ёфта, айшу нўш мекард, ҳамон қадар бо азият ва бадбахтӣ сазояшро диҳед. Зеро ки вай дар дили худ мегўяд:’’Малика шуда нишастаам, ва бева нестам, ва бадбахт нахоҳам буд’’.

8 Бинобар ин дар як рўз балоҳо, мамот ва мотам ва қаҳтӣ ба сари вай хоҳад омад. Вай дар оташ хоҳад сўхт, зеро пурқувват аст Худованд Худо, ки вайро доварӣ мекунад“.

9 „Ва подшоҳони замин, ки бо вай зино ва айшу нўш кардаанд, вақте ки дуди сўхтори вайро бинанд, дар ҳаққи вай гирья ва навҳа хоҳанд кард,

10 Ва аз тарси азобҳои вай, дуртар истода, хоҳанд гуфт:“Вой бар ҳоли ту, эй шаҳри бузурги Бобил, эй шаҳри мустаҳакам! Зеро ки дар як соат қазои ту омадааст’’.

11 Ва тоҷирони замин дар ҳаққи вай гирья ва навҳа хоҳанд кард, чунки молҳои онҳоро дигар ҳеҷ кас намехарад:

12 ‘‘Молҳои тилло нуқра, ва ҷавоҳирот, ва марворид, ва катон, ва арғувон, ва абрешим, ва қирмиз ва ҳар дарахти муаттар, ва ҳар маснуот аз оҷ, ва ҳар маснуот аз дарахтони гаронбаҳо аз мис ва оҳан ва мармар,

13 Ва дорчин, ва бухур, ва равғани атрафшон, ва лодан, ва шароб, ва равғани зайтун, ва орд, ва гандум, ва чорво, ва гўсфандон, ва аспҳо ва аробаҳо ва ҷисмҳо ва ҷонҳои одамӣ.

14 Аз меваҳое ки ҷони ту тамаъ дорад, маҳрум гаштаӣ, ва ҳар чизи фарбеҳ ва боҳашамат аз ту дур шудааст, онро дигар нахоҳӣ ёфт.

15 Тоҷирони ин чизҳо, ки аз ин сарватдор шудаанд, аз тарси азобҳои вай, дуртар истода, гирья ва навҳа хоҳанд кард.

16 Ва хоҳанд гуфт:“Вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки катон ва арғувон ва қирмиз дар бар дошт ва бо тилло ва ҷавоҳирот зинат ёфта буд!

17 Зеро ки дар як соат чунин сарват нобуд шуд“. Ва ҳамаи суккондорон, ва ҳамаи киштинишинон, ва ҳамаи маллоҳон, ва ҳамаи онҳое кии дар баҳр тиҷорат мекунанд, дуртар истода

18 Ва дуди сўхтори вайро дида, фиғон кашиданд ва гуфтанд:’’Кадом шаҳр монанди ин шаҳри бузург будааст!’’

19 Ва ва сарҳошон хок пошиданд ва фарьёд зада, бо гирья ва навҳа гуфтанд:’’Вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки аз чизҳои гаронбаҳои вай ҳамаи онҳое ки дар баҳр киштӣ доштанд, сарватдор шудаанд! Зеро ки дар як соат вай хароб гардидааст’’.

20 Шодӣ кунед дар ҳаққи вай , эй осмон, ва ҳаввориёни муқаддас, ва анбиё, зеро ки Худо доварӣ намуда, интиқоми шуморо аз вай гирифтааст.

21 Ва як фариштаи қавӣ санги бузургеро монанди санги осиё бардошта, дар баҳр андохт ва гуфт:“Бо чунин шиддат шаҳри бузурги Бобил сарнагун хоҳад шуд, ва дигар ёфт нахоҳад шуд;

22 Ва овози барбатнавозон, ва сарояндагон, ва найнавозон ва карнайнавозон дар ту дигар шунида нахоҳад шуд, ва ҳеҷ як санъаткори ҳеҷ як санъате дар ту дигар нахоҳад шуд;

23 Ва рўшноии чароғ дар ту дигар нахоҳад шуд, ва овози домод ва арўс дар ту дигар шунида нахоҳад шуд, зеро ки тоҷирони ту акобири рўи замин буданд, ва аз ҷодуи ту ҳамаи халқҳо дар иштибоҳ афтодаанд.

24 Ва дар вай хуни анбиё ва муқаддсаон ва ҳамаи мақтулони рўи замин ёфт шудааст“.

19

1 Пас аз ин ман овози баланде мисли овози издиҳоми бузург дар осмон шунидам, ки мегуфт:“Ҳалелуёҳ! Наҷот ва ҷалол ва қувват аз они Худованди мо мебошад,

2 Зеро ки аҳкоми Ў ҳақ асту рост! Чунки Ў фоҳишаи бузургеро, ки заминро бо зинои худ фосид карда буд, маҳкум намуд, ва хуни бандагони Худро аз дасти вай ситонид“

3 Ва дубора гуфтанд:“Ҳалелуёҳ! Дуди Бобил то абад баланд мешавад“

4 Ва он бисту чор пир ва чор ҳайвон афтода, ба Худое ки бар тахт нишастааст, саҷда карданд ва гуфтанд:“ Омин! Ҳалелуёҳ!“

5 Ва овозе аз ҷониби тахт баромад, ки  мегуфт:“Эй ҳамаи бандагони Ў ва тарсгорони Ў, хурдон ва бузургон, мадҳ кунед Худои моро!“

6 Ва овозе шунидам мисли овози издиҳоми бузург, мисли шувваси обҳои бисьёр, мисли садои раъдҳои пурзўр, ки мегуфтанд:“Ҳалелуёҳ! Зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ бар тахти салтанат нишастааст.

7 Ба ваҷд меоем ва шодӣ мекунем ва Ўро ҷалол медиҳем, зеро ки никоҳи Барра фаро расидааст, ва завҷаи Ў худро тайёр кардааст“.

8 Ва ба вай ато шуд, ки катони тоза ва дурахшон дар бар кунад; зеро ки он катон адолати муқаддасон аст.

9 Ва ба ман гуфт:“Бинавис:’’Хушо онҳое ки ба базми никоҳи Барра даъват шудаанд’’„. Ва ба ман гуфт:’’Инҳо суханони ҳақиқии Худост’’.

10 Ман бар пойҳояш афтодам, то ки ба ў таъзим кунам; лекин ў ба ман гуфт:“Зинҳор, чунин накун; ман бо ту ва бо  бародарони ту, ки шаҳодати Исоро доранд, ҳамкор ҳастам; ба Худо таъзим намо, зеро ки шаҳодати Исо рўҳи нубувват аст“.

11 Ва осмони кушодаро дидам, ва инак, аспи сафед, ва Савори он Амин ва Ҳақ ном дорад, ва Ў аз рўи адолат доварӣ мекунад ва меҷангад.

12 Чашмони Ў мисли шўълаи оташ аст, ва бар сари Ў афсарҳои бисьёр; Ў исми навиштае дорад, ки онро, ғайр аз Худи Ў, ҳеҷ кас намедонад;

13 Ва Ў либоси хунолуде дорад, ва исми Ў хонда шудааст: Каломи Худо.

14 Ва лашкарҳои осмон бар аспҳои сафед, катони сафеди тоза дар тан, аз паи Ў мерафтанд.

15 Ва аз даҳони Ў шамшери тез берун меояд, то ки халқҳоро бо он бизанад. Ў онҳоро бо асои оҳанин чўпонӣ мекунад; Ў чархушти шароби хашм ва ғазаби Худои Қодири Мутлақро пойкўб мекунад.

16 Бар либос ва бар рони Ў навишта шудааст:“Подшоҳи шоҳон ва Худованди худовандон“.

17 Ва як фариштаро дидам, ки бар офтоб меистод; ва ў бо овози баланд нидо карда, ба ҳамаи мурғоне ки дар миёнаи осмон парвоз мекарданд, гуфт:“Биёед, ба зиёфати бузурги Худо ҷамъ шавед,

18 То ки ҷасадҳои подшоҳонро, зўроваронро, мириҳазоронро, аспон ва саворонашон, ҷасадҳои ҳамаи озодон ва ғуломон, ва хурдон ва бузургонро бихўред“.

19 Ва ҳайвони ваҳшӣ ва подшоҳони замин ва лашкарҳошонро дидам, ки ҷамъ шуда буданд, то ки бо Савори асп ва бо лашкари Ў ҷанг кунанд.

20 Ва ҳайвони ваҳшӣ ва бо вай он набии козиб дастгир шуд, ки дар пеши вай мўъҷизот ба амал оварда буд, ки ба воситаи онҳо касонеро, ки тамғаи ҳайвони ваҳширо қабул карда, ба пайкари он саҷда менамоянд, фиреб мекард: ҳар ду зинда дар кўли оташ андохта шуданд, ки дар он кибрит месўхт;

21 Ва касони боқӣ бо шамшери Савори асп, ки аз даҳони Ў берун омада буд кушта шуданд; ва ҳамаи мурғон аз ҷасадҳои онҳо сер шуданд.

20

1 Ва фариштае дидам, ки аз осмон нузул мекард, ва калиди варта ва занҷири бузурге дар дасташ буд.

2 Ва ў аждаҳо, яъне мори қадимиро, ки иблис ва шайтон аст, дастгир карда, ба муддати ҳазор сол занҷирбанд намуд,

3 Ва онро дар варта андохт, ва онро бандубаст кард, ва бар он мўҳр зад, то ки халқҳоро дигар фиреб надиҳад, то даме ки ҳазор сол анҷом ёбад; баъд аз ин вай бояд ба муддати каме озод шавад.

4 Ва тахтҳо ва бар онҳо нишастагонро дидам, ки ихтиёри доварӣ кардан ба онҳо дода шуда буд, ва ҷонҳои касонеро дидам, ки барои шаҳодати Исо ва барои каломи Худо сар бурида шуда буданд, ва онҳо ба ҳайвони ваҳшӣ ва ба пайкари он саҷда накарда буданд ва тамғаи онро бар пешонӣ ва дасти худ назада буданд. Онҳо зинда шуданд ва бо Масеҳ ҳазор сол салтанат ронданд;

5 Вале боқии мурдагон зинда нашуданд, то даме ки ҳазор сол анҷом ёбад. Ин эҳьёи якум аст.

6 Хушбахт ва қуддус аст касе ки дар эҳьёи якум иштирок дорад: бар онҳо мамоти дуюм қудрат надорад, балки онҳо коҳинони Худо ва Масеҳ хоҳанд шуд ва бо Ў ҳазор сол салтанат хоҳанд ронд.

7 Ва ҳангоме ки ҳазор сол анҷом ёбад, шайтон аз зиндони худ озод хоҳад шуд,

8 Ва берун хоҳад омад, то халқҳоеро, ки дар чор гўшаи замин ҳастанд, яъне Ҷуҷ ва Моҷуҷро фиреб кунад, ва онҳоро барои ҷанг ҷамъ оварад; шумораи онҳо мисли реги баҳр аст.

9 Ва ба арзи замин баромаданд ва қароргоҳи  муқаддасон ва шаҳри маҳбубро иҳота карданд. Ва аз осмон аз ҷониби Худо оташ фуромада, онҳоро хўрд;

10 Ва иблис, ки онҳоро фиреб мекард, дар кўли оташ ва кибрит андохта шуд, ки он ҷо ҳайвони ваҳшӣ ва набии козиб ҳастанд, ва онҳо шабу рўз то абад азоб хоҳанд кашид.

11 Ва тахти бузурги сафед ва Нишинандаи онро дидам, ки аз ҳузури Ў осмон ва замин мегурехтанд, ва ҷое барои онҳо ёфт нашуд.

12 Ва мурдагонро, хурдон ва бузургонро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва дафтарҳо кушода буд; ва дафтари дигаре кушода буд, ки дафтари ҳаёт аст; ва мурдагон вар тибқИ он чи дар дафтарҳо навишта шудааст, яъне мувофиқИ аъмолашон доварӣ карда шуданд.

13 Ва баҳр мурдагонеро, ки дар вай буданд, дод, ва мамот ва дўзах мурдагонеро, ки дар онҳо буданд, доданд; ва ҳар яке мувофиқИ аъмолаш доварӣ карда шуд.

14 Ва мамот ва дўзах дар кўли оташ андохта шуданд. Ин мамоти дуюм аст.

15 Ва ҳар ки дар дафтари ҳаёт навишта нашудааст, дар кўли оташ андохта шуд.

21

1 Ва осмони нав ва замини навро дидам; зеро ки осмони пештара ва замини пештара гузашт, ва баҳр дигар набуд.

2 Ва ман, Юҳанно, шаҳри муқаддас Ерусалими навро дидам, ки аз ҷониби Худо аз осмон нузул мекард, ва муҳайё шуда буд мисли арўсе ки барои шавҳараш зинат ёфтааст.

3 Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегўяд:“Инак, хаймаи Худо бо одамон, ва Ў бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ў хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳанд буд;

4 Ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гирья ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт.

5 Ва Нишинандаи тахт гуфт:“Инак, ҳама чизро нав месозам“. Ва ба ман гуфт:“Бинавис, зеро ки ин суханон ҳақ асту рост“.

6 Ва ба ман гуфт:“Ба амал омад! Ман Алфа ва Омега ибтидо ва интиҳо ҳастам; ба ташна аз чашмаи оби ҳаёт муфт хоҳам дод;

7 Касе ки ғолиб ояд, вориси ҳама чиз хоҳад шуд, ва Ман барои ў Худо хоҳам буд, ва ў барои Ман писар хоҳад буд;

8 Валекин тарсончакон, ва беимонон, ва палидон, ва қотилон, ва зинокорон, ва ҷодугарон, ва бутпарастон, ва ҳамаи дурўғгўёнро—насибашон дар кўлест, ки бо оташ ва кибрит месўзад; ин мамоти дуюм аст“.

9 Ва яке аз он ҳафт фаришта, ки ҳафт косаи пур аз ҳафт балои охирин доштанд, назди ман омада, гуфт:“Биё, то ба ту арўсро, завҷаи Барраро нишон диҳам“.

10 Ва маро дар Рўҳ ба кўҳи бузург ва баланде бурд ва шаҳри бузург Ерусалими муқаддасро ба ман нишон дод, ки аз осмон аз ҷониби Худо нузул мекард,

11 Ки вай ҷалоли Худоро дорад; найири вай ба санги бағоят гаронбаҳо монанд аст, мисли санги яшме ки чун булўр шаффоф бошад;

12 Вай девори бузург ва баланде дорад, ва дувоздаҳ дарвоза дорад, ва бар онҳо дувоздаҳ фаришта; бар дарвозаҳо номҳои дувоздаҳ сибти банӣ—Исроил навишта шудааст:

13 Аз шарқ се дарвоза, аз шимол се дарвоза, аз ҷануб се дарвоза, аз ғарб се дарвоза.

14 Девори шаҳр дувоздаҳ таҳкурсӣ дорад, ва бар онҳо номҳои дувоздаҳ ҳаввориёни Барра.

15 Ва он ки бо ман сухан меронд, ба сифати аздоза наи тиллое дошт, то ки шаҳр ва дарвозаҳояш ва деворашро андоза кунад.

16 Шаҳр ба шакли мураббаъ воқеъ аст, ва дарозии он баробари фарохии он аст. Ва ў шаҳрро бо най андоза карда, дувоздаҳ ҳазор стадия ёфт; дарозаӣ ва фарохӣ ва баландии он баробар аст.

17 Ва девори онро андоза карда, саду чилу чор зироъ ба андозаи одамизод ёфт, ки андозаи фаришта низ чунин аст.

18 Девори он аз яшм сохта шудааст, ва шаҳр зари холис буда, ба шишаи покиза монандӣ дорад.

19 Таҳкурсиҳои девори шаҳр бо ҳар гуна ҷавоҳирот мурассаъ аст: таҳкурсии якум—яшм, дуюм—ёқути кабуд, сеюм—ақиқи сўхта, чорум—зумурад,

20 Панҷум—ақиқи гулобӣ, шашум—ақиқ, ҳафтум—забарҷад, ҳаштум—берил, нўҳум—ёқути зард, даҳум—ақиқи сабз, ёздаҳум—гиацинт, дувоздаҳум—нилум.

21 Ва дувоздаҳ дарвоза—дувоздаҳ марворид; ҳар дарвоза аз як марворид буд. Ва кўчаи шаҳр зари холис, монанди шишаи шаффоф.

22 Ва дар шаҳр маъбаде надидам; зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ маъбади вай аст, ҳамчунин Барра.

23 Ва шаҳр эҳтиёҷ надорад, ки офтоб ва моҳтоб онро равшан кунанд, зеро ки ҷалоли Худо онро равшан кардааст, ва чароғи он Барра аст.

24 Ва халқҳои ҷаҳон дар рўшноӣ вай роҳ хоҳанд рафт, ва подшоҳони замин ҷалол ва шавкати худро ба вай хоҳанд овард.

25 Ва дарвозаҳои шаҳр рўзона баста нахоҳад шуд, зеро ки дар он ҷо шаб нахоҳад буд;

26 Ва ҷалол ва шавкати халқҳоро ба вай хоҳанд овард;

27 Ва ҳеҷ палиде, ва ҳеҷ каси зишткоре ва дурўғгўй вориди он нахоҳад шуд, балки фақат онҳое ки дар дафтари ҳаёти Барра навишта шудаанд.

22

1 Ва дарьёи покизаи оби ҳаётро ба ман нишон дид, ки мисли булўр дурахшон буда, аз ҷониби тахти Худо ва Барра ҷорӣ мешуд.

2 Дар миёни кўчаи шаҳр, дар ҳар ду канори дарьё, дарахти ҳаёт аст, ки дувоздаҳ мева меоварад, яъне ҳар моҳ меваи худро медиҳад; ва баргҳои дарахт барои муолиҷаи халқҳост.

3 Ва ҳеҷ лаънатшудае дигар нахоҳад буд; ва тахти Худо ва Барра дар вай хоҳад буд, ва бандагони Ў ва Ў хизмат хоҳанд кард,

4 Ва рўи Ўро хоҳанд дид, ва исми Ў бар пешониҳошон хоҳад буд.

5 Ва шаб дигар нахоҳад буд, ва онҳо ба чароғ ва рўшноии офтоб эҳтиёҷ нахоҳанд дошт, зеро ки Худованд Худо ба онҳо рўшноӣ мебахшад; ва то абад салтанат хоҳад ронд.

6 Ва ба ман гуфт:“Ин суханон ҳақ асту рост“; ва Худованд Худои анбиёи муқаддас ва фариштаи Худро фиристод, то он чиро, ки бояд ва қарибӣ ба вуқўъ ояд, ба бандагони Худ нишон диҳад.

7 „Инак, ба зудӣ меоям. Хушо касе ки суханони нубуввати ин китобро риоят мекунанд“.

8 Ва ман, Юҳанно, инро дидам ва шунидам. Ва ҳангоме ки шунидам ва дидам, бар пойҳои фариштае  ки инро ба ман нишонд дод, афтодам, то ки ба ў таъзим кунам.

9 Лекин ў ба ман гуфт:“Зинҳор, чунин накун; зеро ки ман бо ту, ва бо бародаронат—анбиё, ва бо онҳое ки суханони ин китобро риоят мекунанд, ҳамкор ҳастам; ба Худо таъзим намо“.

10 Ва ба ман гуфт:“Суханони нубуввати ин китобро мўҳр накун; зеро ки вақт наздик аст.

11 Бигзор золим зулм кунад, ва палид боз худро палид созад, ва одил боз адолат варзад,  ва муқаддас боз худро тақдис намояд.

12 Инак, ба зудӣ меоям, ва мукофоти Ман бо Ман аст, то ки ҳар касро мувофиқи аъмолаш сазо диҳам.

13 „Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо, Аввалин ва Охирин ҳастам“.

14 Хушо онҳое ки аҳкоми Ўро риоят мекунанд, то ки ба дарахти ҳаёт ҳуқуқдор  шаванд ва ба дарвозаи шаҳр дароянд.

15 Вале сагон, ва ҷодугарон, ва зинокорон, ва қотилон, ва бутпарастон, ва ҳар касе ки дурўғро дўст медорад ва ба амал меоварад, берун аз он хоҳанд буд.

16 „Ман, Исо, фариштаи Худро фиристодаам, то ки дар калисоҳо ба шумо шаҳодат диҳад. Ман реша ва насли Довуд, ситораи дурахшони субҳ ҳастам“.

17 Ва Рўҳ ва арўс мегўянд:“Биё!“. Ва ҳар кӣ мешунавад, бигўяд:“Биё!“. Бигзор ташна биёяд, ва ҳар кӣ бихоҳад, оби ҳаётро муфт бигирад.

18 Ман низ ба ҳар касе ки суханони нубуввати ин китобро мешунавад, шаҳодат медиҳам: агар касе ба онҳо чизе илова намояд, Худо ба ў балоҳое илова хоҳад кард, ки дар бораи онҳо дар ин китоб навишта шудааст.

19 Ва агар касе аз суханони ин китоби нубувват чизе кам кунад, Худо насиби ўро аз дарахти ҳаёт ва аз шаҳри муқаддас ва аз ҳар чизе ки дар ин китоб навишта шудаст, кам хоҳад кард.

20 Шаҳодатдиҳандаи ин мегўяд:“Оре, ба зудӣ меоям!“. Омин. Оре, биё, эй Исои Худованд!

21 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.