1 Павлус, бандаи Худо ва ҳаввории Исои Масеҳ, ба ҳасби имони баргузидагони Худо ва дониши ростие ки дар диндорист,
2 Ба умеди ҳаёти ҷовидонӣ, ки Худо, ки наметавонанд дурўғ бигўяд, онро аз азал ваъда кардааст,
3 Ва дар замони муайян каломи Худро дар паёме зоҳир намудааст, ки он бо амри Наҷотдиҳандаи мо Худо ба ман супурда шудааст,
4 Ба Титус, фарзанди ҳақиқиам, ки ҳар дуи мо дар як имон муштаракем, файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳи Худованд бод.
5 Барои он туро дар Крит мондаам, ки корҳои нотамомро ба анҷом расонӣ ва дар ҳамаи шаҳрҳо пиронро таъин намоӣ, чунон ки ба ту амр фармудаам:
6 Агар касе беайб ва соҳиби як зан буда, фарзандони имондоре дошта бошад, ки дар фисқи фуҷур ё беитоатӣ мазаммат нашудаан.
7 Зеро ки усқуф бояд, чун муваккали Худо, беайб бошад, на худписанд, на хашмгин, на бадмаст, на муштзўр, на тамаъкор,
8 Балки меҳмоннавоз, хайрхоҳ, боисмат, боинсоф, парҳезгор, худдор.
9 Ў бояд ба каломи ҳақиқӣ, ки мувофиқи таълимот аст, қоим бошад, то ки баъзеро бо таълимоти солим насиҳат диҳад ва мухолифонро танбеҳ кунад.
10 Зеро ки бисьёр касон беитоат, ёвагўй ва фиребгар ҳастанд, алалхусус аз байни махтунон.
11 Даҳонашон бояд баста шавад: онҳо хонаҳои томро фосид карда, аз рўи тамаи нангин, чизҳое таълим медиҳанд, ки шоиста нест.
12 Шоире аз байни худашон чун набие чунин гуфтааст:’’Критиён ҳамеша дуруўғгў ҳастанд, ва даррандагони бадкин, ва шикампарастони танбал’’.
13 Ин шаҳодат дуруст аст. Ба ин сабаб онҳоро ба таври ҷиддӣ мазаммат намо, то ки дар имон солим бошанд,
14 Ва ба қиссаҳои яҳудиён ва ба аҳкоми одамоне ки аз ростӣ рўй мегардонанд, гўш наандозанд.
15 Барои покон ҳама чиз пок аст; вале барои палидон ва беимонон ҷеҳ чиз пок нест, балки ҳам хиради онҳо ва ҳам виҷдонашон палид гардидааст.
16 Онҳо мегўянд ки Худоро мешиносанд, лекин бо аъмолашон Ўро инкор ненамоянд, дар ҳолате ки зишткор ва беитоат буда, ба ҳеҷ амали нек қобил нестанд.
1 Валекин ту суханонеро, ки ба таълимоти солим муносиб аст, бигў.
2 Ба пирамардон бигў, ки ҳушьёр, ботамкин ва боисмат буда, дар имон, муҳаббат ва тоқат солим бошанд;
3 Ва пиразанон низ тавре рафтор кунанд, ки ба муқаддасон муносиб бошад, на ғайбаткунанда шаванд, на бандагони мастигарӣ, балки некиро таълим диҳанд,
4 То ба ҷавонзанон ёд диҳанд, ки шавҳарон ва кўдакони худро дўст доранд.
5 Боисмат, пок, ғамхори хона, некдил ва мутеъ ба шавҳарон бошанд, мабодо каломи Худо хор дошта шавад.
6 Ҷавононро низ насиҳат намо, ки боисмат бошанд.
7 Дар ҳама чиз дар шахси худ намунаи аъмоли нек бош. Дар омўзгории худ покӣ, ботамкинӣ ва бенуқсониро зоҳир намо,
8 Ва каломи солим ва беайбро кор фармо, то ки душман шарманда шуда, ҳеҷ чизи баде дар ҳаққи мо гуфта натавонад.
9 Ғуломонро насиҳат намо, ки ба оғоёни худ мутеъ бошанд, дар ҳар хусус дили онҳоро ёбанд, эътироз накунанд,
10 Ва дуздӣ накунанд, балки камоли вафои некро нишон диҳанд, то ки таълимоти Наҷотдиҳандаи мо Худоро аз ҳар ҷиҳат зебу оро диҳанд.
11 Зеро файзи Худо, ки барои ҳамаи одамон наҷотбахш аст, зоҳир шудааст,
12 Ва моро таълим медиҳад, ки маъсият ва шаҳвоти дуньёро рад намуда, дар ин дуньё бо исмат, адолат ва парҳезгорӣ зиндагӣ кунем,
13 Ва мунтазири умеди муборак ва зуҳури ҷалоли Худои азим ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бошем,
14 Ки Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд.
15 Инро бигў ва насиҳат бидеҳ ва бо тамоми қудрат мазаммат бикун, то ки ҳеҷ кас ба ту беэътиноӣ накунад.
1 Ба онҳо хотиррасон бикун, ки ба сарварон ва ҳукуматдорон фармонбардорӣ ва итоат намоянд, барои ҳар амали нек тайёр бошанд,
2 Дар ҳаққи ҳеҷ кас бадгўӣ накунанд, ҷангара набошанд, балки сокит буда, ба ҳамаи одамон бо камоли фурўтанӣ рафтор намоянд.
3 Зеро ки мо низ як вақте бемулоҳиза, беитоат, гумроҳ ва бандагони ҳавасҳо ва ҳаволатҳои гуногун будем, бо кина ва ҳасад умр ба сар мебурдем ва мутанаффири дигарон буда, аз якдигар нафрат доштем.
4 Аммо вақте ки файз ва одамдўстии Наҷотдиҳандаи мо Худо зоҳир шуд,
5 Ў моро на бар тибқи аъмоли одилонае ки мо мекардем, балки ба ҳасби марҳамати Худ наҷот дод, ба василаи ғусли таваллуди дубора ва таҷдиде ки аз Рўҳулқудс аст.
6 Онро бар мо ба воситаи Исои Масеҳи Наҷотдиҳандаи мо ба фаровонӣ бирехт,
7 То ки мо, бо файзи Ў сафед шуда, ба ҳасби умед ворисони ҳаёти ҷовидонӣ гардем.
8 Дуруст аст ин сухан, ва ман мехоҳам, ки ту дар он қоим бошӣ, то онҳое ки ба Худо имон овардаанд, саъю кўшиш намоянд, ки дар аъмоли нек мевафақият ёбанд: ин барои одамон хуб ва фоиданок аст.
9 Валекин аз мубоҳисаҳои аблаҳона ва насабномаҳо ва мунозира ва ҷанҷолҳои оид ба шариат рўй гардон, зеро ки онҳо бефоида ва ҳеҷу пуч мебошанд.
10 Аз шахси бидъаткор, баъд аз он ки як-ду бор насиҳат додаӣ, канорагирӣ намо,
11 Чун медонӣ, ки чунин шахс гумроҳ шудааст ва гуноҳ карда, худро маҳкум менамояд.
12 Вақте ки Артемос ё Тўхикўс назди ту равона кунам, саъю кўшиш намо, ки ба Никўпўлис назди ман биёӣ, зеро ки қарор додаам зимистонро дар он ҷо гузаронам.
13 Зеноси қонундон ва Апўллўсро бо ғамхорӣ ба сафар тайёр намо, то ки аз ҳеҷ чиз камӣ надошта бошанд.
14 Бигзор одамони мо низ таълим гиранд, ки машғули аъмоли нек бошанд, то ки эҳтиёҷоти заруриро қонеъ намоянд ва бесамар набошанд.
15 Ҳамаи онҳое ки бо мананд, ба ту салом мерасонанд. Ба онҳое ки моро дар имон дўст медоранд, салом расон. Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин.