1 Павлус, ҳаввории Исои Масеҳ бо иродаи Худо, ба ҳасби ваъдаи ҳаёт, ки дар Исои Масеҳ аст,
2 Ба Тимотиюс, фарзанди маҳбубам: файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бод.
3 Шукргузорӣ менамоям Худоеро, ки чун аҷдоди худ бо виҷдони пок ба Ў ибодат макунам, барои он ки ҳамеша туро дар дуоҳоям шабу рўз ба ёд меоварам.
4 Шавқманди дидори ту ҳастам, дар ҳолате ки ашкҳои туро дар хотир дорам, то аз шодӣ пур шавам,
5 Зеро ки имони бериёи туро, ки пештар дар модаркалонат Лўид ва модарат Авниқо сокин буд, ба хотир меоварам ва яқин медонам, ки он дар ту низ сокин аст.
6 Ба ин сабаб ба ту хотиррасон мекунам, ки он бахшоиши Худоро, ки ба василаи гузоштани дастҳои ман дар туст, авҷ гиронӣ;
7 Зероки Худо ба мо на рўҳи тарсу ҳаросро, балки рўҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезгорӣ додааст.
8 Пас, на аз шаҳодат додан ба Худованди мо ва на аз ман, ки бандии Ў ҳастам, ор дор, балки барои башорат ба ҳасби қуввати Худо уқубат бикаш,
9 Ки Ў моро наҷот додааст ва ба даъвати муқаддас хондааст, на бар тибқи аъмоли мо, балки ба ҳасби таъиноти Худ ва ба ҳасби он файзе ки ба мо аз азал дар Исои Масеҳ ато шудааст,
10 Вале алҳол ба василаи зуҳури Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ ошкор гардидааст, ки Ў мамотро ботил намуд ва ҳаёт ва бефаноиро ба воситаи башорат дурахшон кард,
11 Ки барои он ман воиз ва ҳавворӣ ва муаллими халқҳо таъин шудаам.
12 Ба ин сабаб ман чунин уқубат мекашам, лекин ор намедорам, зеро медонам, ки ба Кӣ имон овардаам, ва ман яқин дорам, ки Ў қодир аст имони маро то он рўз нигоҳ дорад.
13 Намунаи суханони солимро, ки аз ман шунидаӣ, бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст, пайравӣ намо.
14 Он амонати некро ба воситаи Рўҳулқудсе ки дар мо сокин аст, нигоҳ дор.
15 Ту медонӣ, ки ҳамаи онҳое ки дар вилояти Осиё ҳастанд, маро тарк кардаанд; аз он ҷумла Фуҷлус ва Ҳармуҷнис.
16 Худованд ба аҳли хонаи Анисифўрус марҳамат намояд барои он ки ў чандин бор маро дилдорӣ дод ва аз занҷирҳоям хиҷил нашуд,
17 Балки, ҳангоме ки ба Рум омад, бо ҷидду ҷаҳди зиёде маро ҷустуҷў намуда, ёфт.
18 Худованд ба ў ато фармояд, ки ба ҳузури Худованд дар он рўз марҳамат пайдо кунад. Ва хизмати бисьёреро, ки ў дар Эфсўс барои ман кардааст, ту хубтар медонӣ.
1 Пас, эй фарзандам, бо файзе ки дар Исои Масеҳ аст, қавӣ бош.
2 Ва он чиро, ки аз ман дар ҳузури шоҳидони бисьёр шунидаӣ, ба одамони мўътамаде бисупор, ки лаёқат дошта бошанд дигронро низ таълим диҳанд.
3 Ҳамчун сарбози неки Исои Масеҳ ба уқубатҳо тоб овар.
4 Ҳеҷ сарбоз худро бо корҳои рўзгор банд намекунад, то ки ба сипаҳсолор писанд афтад.
5 Ва агар касе мубориза кунад ҳам, соҳиби тоҷ намешавад, агар ғайриқонунӣ мубориза карда бошад.
6 Зероаткори меҳанкаш бояд аввалин шахс бошад, ки аз ҳосил баҳра барад.
7 Он чи мегўям, бифаҳм ва Худованд дар ҳама чиз ба ту фаҳм хоҳад дод.
8 Исои Масеҳро дар хотир нигоҳ дор, ки аз насли Довуд буд ва аз мурдагон эҳьё шуд, ба ҳасби башорати ман,
9 Ки барои он, мисли бадкоре, то ба дараҷаи занҷирҳо уқубат мекашам, аммо каломи Худо ба занҷирҳо банд нест.
10 Бинобар ин ман ба ҳар чиз ба хотири баргузидагон сабр мекунам, то ки онҳо низ наҷоте ки дар Исои Масеҳ аст, бо ҷалоли абадӣ ноил шаванд.
11 Дуруст аст ин сухан: агар бо Ў мурда бошем, бо Ў зиндагӣ ҳам хоҳем кард;
12 Агар тоқат оварем, бо Ў салтанат ҳам хоҳем ронд; вале агар инкор кунем, Ў низ моро инкор хоҳад кард;
13 Агар мо бевафо бошем, Ў вафодор аст, зеро ки Худро инкор карда наметавонад.
14 Ҳаминро хотиррасон карда, ба ҳузури Худованд ба онҳо дастур деҳ, ки ба баҳсу мунозира машғул нашаванд, ки он ҳеҷ фоида намебахшад, балки шунавандагонро парешонхотир месозад.
15 Саъю кўшиш намо, ки худро ба Худо муносиб нишон диҳӣ, ҳамчун коркуне ки хиҷил намешавад ва каломи ростиро дуруст мавъиза мекунад.
16 Вале аз ёвагўии ношоям канорагирӣ намо; зеро ки ин кор мардумро боз ҳам зиёдтар ба маъсият гирифтор хоҳад кард,
17 Ва суханашон, ҳамчун мараз, паҳн хоҳад шуд. Дар миёни онҳо Ҳумниюс ва Филитус ҳастанд,
18 Ки аз ростӣ дур шуда, мегўянд, ки’’эҳьё аллакай воқеъ шудааст’’, ва имони баъзеро хароб мекунанд.
19 Аммо буньёди матини Худо қоим аст ва чунин мўҳре дорад: ‘‘Худованд мансубони Худро мешиносад’’; ва боз’’Ҳар кӣ исми Худовандро мехонад, бигзор аз шарорат канорагирӣ намояд’’.
20 Вале дар хонаи калон на танҳо зарфҳои тилло ва нуқра, балки чўбин ва гилин ҳам ҳаст, ва аз онҳо баъзе барои истеъмоли иззатнок аст, ва баъзе барои истеъмоли зиллатнок.
21 Пас, ҳар кӣ худро аз инҳо пок кунад, зарфе барои истеъмоли иззатнок хоҳад буд, ки он муқаддас ва қобили истифодаи соҳибаш мебошад ва тайёр ба ҳар амали нек.
22 Аз шаҳвоти ҷавонӣ бигрез ва бо ҳамаи онҳое ки Худовандро аз самими қалб мехонанд, аз паи адолат, имон, муҳаббат ва осоиштагӣ бирав.
23 Аз мубоҳисаҳои аблаҳона ва ҷоҳилона канорагирӣ намо, чун медонӣ, ки онҳо ҷанҷолҳоро ба вуҷуд меоваранд;
24 Лекин бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама меҳрубон, омўзгор ва сабур бошад,
25 Бо фурўтанӣ мухолифонро насиҳат диҳад, ки шояд Худо ато фармояд, ки онҳо тавба карда, ба дониши ростӣ бирасанд,
26 Ва аз доми иблис раҳоӣ ёбанд, ки вай онҳоро асири иродаи худ гардондааст.
1 Ва инро бидон, ки дар айёми охир замонаҳои сахт фаро хоҳад расид.
2 Зеро ки одамон худписанд хоҳанд шуд, ва зарпараст, ва пурғурур, ва ҳавобаланд, ва бадзабон, ва беитоат ба падару модарон, ва кўрнамак, ва осӣ, ва ноаҳл,
3 Ва номуросо, ва тўҳматчӣ, ва бепаҳрез, ва бераҳм, ва душмани некӣ,
4 Ва хоин, ва рўйнатан, ва бодӣ, ки айшу ишратро бештар аз Худо дўст медоранд,
5 Ва намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо.
6 Зеро ба онҳо касоне тааллуқ доранд, ки пинҳонӣ ба хонаҳо даромада, занони заифмиҷозеро фирефта мекунанд, ки дар гуноҳҳо ғўтидаанд, ба ҳавасҳои гуногун моил шудаанд.
7 Ин занон ҳамеша таълим мегиранд, вале ҳаргиз ба дониши ростӣ расида наметавонанд.
8 Чунон ки Янис ва Ямбрис ба муқобили Мусо қиём карда буданд, ончунон инҳо низ, ки мардуми олудафикр ва мардуди имон мебошанд, ба муқобили ростӣ қиём мекунанд.
9 Аммо бисьёр комьёб нахоҳанд шуд, зеро ки аблаҳии онҳо дар пеши назари ҳама ошкор хоҳад шуд, чунон ки дар хусуси Янис ва Ямбрис низ воқеъ шуда буд.
10 Лекин ту таълим, тарзи ҳаёт, рафтор, имон, ҳиммат, муҳаббат ва тоқати маро медонӣ,
11 Ҳамчунин таъқибот ва уқубатҳоеро ки дар Антиёхия, Иқуния ва Лустра ба сари ман омад, ва чӣ тавр он таъқиботро ман аз сар гузаронидам, ва Худованд маро аз ҳамааш халосӣ дод.
12 Ва ҳамаи онҳое ки мехоҳанд парҳезгорона дар Исои Масеҳ зиндагӣ кунанд, ба таъқибот дучор хоҳанд шуд;
13 Вале одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар гардида, дигаронро гумроҳ хоҳанд кард ва худашон гумроҳ хоҳанд шуд.
14 Лекин ту дар он чи таълим гирифтаӣ ва мўътақид шудаӣ, қоим бош, чун медонӣ, ки туро кӣ таълим додааст;
15 Ва аз кўдакиат Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ, ки метавонанд туро ҳикмат омўзонад барои наҷот ёфтан ба василаи имоне ки дар Исои Масеҳ аст.
16 Тамоми Навиштаҳо аз рўи илҳоми илоҳист ва барои омўзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст,
17 То ки Марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад.
1 Пас, туро ба ҳузури Худо ва Исои Масеҳи Худованд, ки зиндагонро доварӣ хоҳад кард, ва ба зуҳури Ў ва ба Малакути Ў қасам медиҳам,
2 Ки каломро мавъиза кунӣ ва дар вақти муносиб ё номуносиб омода бошӣ, бо тамоми пурсабрӣ омўзгорӣ ва мазаммат, манъ ва насиҳат кунӣ.
3 Зеро замоне фаро хоҳад расид, ки таълимоти солимро қабул нахоҳанд кард, балки бар тибқи ҳавасҳои худ барои худ муаллимоне хоҳанд баргузид, ки нутқашон ба гўшҳо хуш ояд;
4 Ва гўшҳои худро аз ростӣ гардонда, ба қиссаҳо рў хоҳанд овард.
5 Аммо ту дар ҳама чиз ҳушьёр бош ва уқубат кашида, кори башоратдиҳандаро ба ҷо овар ва хизмати худро иҷро намо.
6 Зеро ки ман акнун қурбонии рехтанӣ мешавам, ва замони риҳлатам фаро расидааст.
7 Дар кашмакаши неке талош кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам;
8 Ва акнун барои ман тоҷи адолат муҳайё гардидааст, ки онро Худованд, Довари одил, дар он рўз ба ман хоҳад дод; ва на танҳо ба ман, балки низ ба ҳамаи онҳое ки зуҳури Ўро дўст доштаанд.
9 Саъю кўшиш намо, ки ба зудӣ назди ман биёӣ.
10 Зеро ки Димос ин дуньёро дўст дошта, маро тарк кард ва ба Таслўникӣ равона шуд; Қрисқис ба Ғалотия рафт, ва Титус ба Далмотия; танҳо Луқос бо ман аст.
11 Марқўсро гирифта ҳамроҳат биёр, зеро ки ба ман барои хизматам муфид аст.
12 Ман Тўхиқўсро ба Эфсўс фиристодам.
13 Ҳангоми омаданат ридоеро, ки ман дар Трўас назди Қарпўс мондаам, биёр, китобҳоро низ, алалхусус онҳоеро, ки ба коғази пўстӣ навишта шудаанд.
14 Искандари мисгар ба ман бисьёр бадӣ кард. Худованд мувофиқи аъмолаш подоше ба ў хоҳад дод.
15 Ту низ аз ў эҳтиёт шав, зеро ки ў ба паёми мо сахт муқобилият кард.
16 Дар муҳокимаи аввалинам ҳеҷ кас тарафи маро нагирифт, балки ҳама маро тарк карданд. Бигзор ин барояшон гуноҳ ҳисоб нашавад!
17 Аммо Худованд ёри ман буд ва маро қавӣ кард, то ки ба воситаи ман башорат тамоман эълон гардад, ва ҳамаи халқҳо онро бишнаванд; ва ман аз даҳони шер раҳо шудам.
18 Ва Худованд маро аз ҳар амали бад халосӣ дода, барои Малакути Осмонии Худ маҳфуз хоҳад дошт. Ўро то абад ҷалол бод. Омин.
19 Ба Прискила ва Акило ва аҳли хонаи Анисифўрус салом расон.
20 Арастус дар Қўринтўс монд; ва Тродимўсро дар Милитус бемор вогузоштам.
21 Саъю кўшиш намо, ки пеш аз зимистон биёӣ. Ўвулўс ва Пудис, ва Линўс ва Клавдиюс, ва ҳамаи бародарон ба ту салом мерасонанд.
22 Исои Масеҳи Худованд бо рўҳи ту бод. Файз бо шумо бод. Омин.