1 Павлус, ҳаввории Исои Масеҳ бо амри Худое ки Наҷотдиҳандаи мост, ва Исои Масеҳи Худованд, ки умеди мост,
2 Ба Тимотиюс, ки фарзанди ҳақиқӣ дар имон аст: файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Падри мо Худо ва Худованди мо Исои Масеҳ бод.
3 Вақте ки ба Мақдуния равона шудам, аз ту хоҳиш кардам, ки дар Эфсўс бимонӣ, то баъзе касонро насиҳат диҳӣ, ки таълимоти дигарро паҳн накунанд
4 Ва бо қиссаҳо на ба насабномаҳои бепоён машғул наашаванд, ки ин чизҳо на барои ободии хонаи Худо, ки дар имон аст, балки бетар ба мубоҳисот оварда мерасонад.
5 Мақсади ин насиҳат муҳаббат аст, ки аз дили соф ва виҷдони нек ва имони бериё падид меояд,
6 Ки баъзе ксон аз он баргашта, ба ёвагўӣ моил шудаанд,
7 Дар ҳолате ки мехоҳанд муаллимони шариат бошанд, аммо намефаҳманд на он чиро, ки мегўянд, на он чиро, ки даъво мекунанд.
8 Лекин мо медонем, ки шариат нек аст, кас агар онро ба таври шаръӣ ба кор барад,
9 Ва инро бидонед, ки шариат на барои одил дар миён гузошта шудааст, балки барои шарирон ва беитоатон, осиён ва гуноҳкорон, фосиқон ва палидон, барои таҳқиркунандагони падар ва модар, барои одамкушон,
10 Барои зинокорон, ливотагарон, одамдуздон, дурўғгўён, савгандшиканон ва барои ҳар амале ки бар хилофи таълимоти солим аст,
11 Ба ҳасби башорати пурҷалоли Худои таборак, ки ба ман супурда шудааст.
12 Исои Масеҳи Худованди моро шукргузорӣ мекунам, ки Ў ба ман қувват бахшид ва маро амин дониста, ба хизматгузорӣ таъин намуд,
13 Маро, ки пештар куфргў таъқибкунанда ва озордеҳ будам, лекин сазовори марҳамат гардидам, чунки аз рўи нодонӣ, дар беимонӣ амал мекардам;
14 Аммо файзи Худованди мо бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст, дар ман ниҳоятдараҷа зоҳир шуд.
15 Ин сухан дуруст аст ва сазовори қабули куллӣ, ки Исои Масеҳ ба дуньё омад, то гуноҳкоронро наҷот диҳад, ва ман бадтарини онҳо ҳастам.
16 Лекин ман барои он сазовори марҳамат шудам, ки Исои Масеҳ тамоми пурсабриро аввал дар ман нишон диҳад, то ба онҳое ки барои ҳаёти ҷовидонӣ ба Ў имон хоҳанд овард, намунаи ибрат бошам.
17 Ба Подшоҳи ҷовид, ба Худои ғайрифонӣ, нонамоён ва якто то абад шавкат ва ҷалол бод. Омин.
18 Туро, эй фарзандам Тимотиюс, мувофиқи нубувватҳое ки пештар дар ҳаққи ту шуд, чунин насиҳат медиҳам, ки ту мутобиқИ онҳо амал намуда, ҳамчун сарбози нек ҷанг кунӣ,
19 Ва имон ва виҷдони нек дошта бошӣ, ки баъзе касон онро рад карданд, ва киштии имонашон ғарқ шуд;
20 Аз он ҷумла Ҳумниюс ва Искандар, ки онҳоро ба шайтон супурдам, то таълим диҳам, ки куфр нагўянд.
1 Пас, дар навбати аввал хоҳишмандем, ки дуоҳо, илтимосҳо, тазаррўъҳо ва шукронаҳо ба ҷо оварем барои ҳамаи одамон,
2 Барои подшоҳон ва барои ҳамаи ҳукуматдорон, то ки ором ва сокит, бо камоли парҳезгорӣ ва покӣ умр гузаронем;
3 Зеро ин дар назари Худо, ки Наҷотдиҳандаи мост, хуб ва писандида аст,
4 Ки Ў мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд.
5 Зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст,
6 Ки Худро ҳамчун фидияе барои ҳама дод: ин шаҳодатест, ки дар замони муайян дода шудааст,
7 Ва барои ин ман воиз ва ҳавворӣ ва муаллими халқҳо дар имон ва ростӣ таъин шудаам, дар Масеҳ рост мегўям, дурўғ не.
8 Пас хоҳиш дорам, ки мардон дастҳои муқаддасро бе ғазаб ва шубҳа боло бардошта, дар ҳар ҷо дуо гўянд;
9 Ва занон низ дар сару либоси шоиста маҳҷубона ва боисмат бошанд ва худро на бо мўйбофӣ, на бо тилло, на бо марворид ва на бо либосҳои гаронбаҳо оро диҳанд,
10 Балки бо аъмоли нек, чунон ки ба занони парҳезгор муносиб аст.
11 Бигзор зан дар хомўшӣ бо камоли итоат таълим гирад;
12 Ва ба зан иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳад ва бат мард ҳукмрон шавад, балки хомўш бошад.
13 Зеро ки аввал Одам офарида шудааст, ва баъд аз ў Ҳавво;
14 Ва Одам фирефта нашудааст, балки зан фиреб хўрда, ба гуноҳ дучор шудааст;
15 Лекин вай ба воситаи бачазоӣ наҷот хоҳад ёфт, агар дар имон ва муҳаббат ва қудсият бо исмат қоим бошад.
1 Чунин сухан амин аст, ки агар касе усқуфиро орзу кунад, кори хубе орзу макунад.
2 Аммо усқуф бояд беайб, соҳиби як зан, ҳушьёр, боисмат, боодоб, меҳмоннавоз ва омўзгор бошад;
3 На моили шаробнўшӣ, на ҷангара, на тамаъкор, балки сокит ва сулҳҷў, на зарпараст;
4 Хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунад, фарзандонашро бо камоли ҳалолкорӣ дар итоат нигоҳ дорад;
5 Зеро агар кас хонаву ҷои худро идора карда натавонад, оё вай дар бораи Калисои Худо ғамхорӣ карда метавонад?
6 Аз ҷумлаи навимонон набошад, мабодо мағрур шуда, зери ҳукми иблис афтад.
7 Ва ҳамчунин аз ҷониби онҳое ки дар берунанд, ў бояд, шаҳодати нек дошта бошад, то ки ба мазаммат ва доми иблис гирифтор нашавад.
8 Лозим аст, ки дьконҳо низ ҳалолкор бошанд, на дузабон, на шавқманди шаробнўшӣ, на тамаъкор,
9 Балки сирри имонро дар виҷдони пок нигоҳ доранд.
10 Валекин онҳо ҳам бигзор аввал озмуда шаванд ва баъд, агар беайб бошанд, хизмат кунанд,
11 Ҳамчунин занонашон бояд ҳалолкор бошанд, на ғайбаткунанда, балки ҳушьёр ва аз ҳар ҷиҳат мўътамад.
12 Дьяконҳо бояд соҳиби як зан бошанд, фарзандон ва хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунанд;
13 Зеро онҳое ки нағз хизмат карда бошанд, барои худ мартабаи олӣ ва ҷуръати азим дар имоне ки дар Исои Масеҳ аст, муҳайё мекунанд.
14 Инро ба ту менависам ба умеди он ки ба қарибӣ назди ту биёям.
15 Аммо агар даранг кунам, туро лозим аст бидонӣ, ки чӣ гуна дар хонаи Худо рафтор намоӣ, ки он Калисои Худои Ҳай, рукн ва буньёди ростист.
16 Ва бечуну чаро бузург аст сирри диндорӣ: Худо дар ҷисм зоҳир шуд, дар Рўҳ тасдиқ гардид, ба василаи фариштаҳо дида шуд, дар миёни халқҳо мавъиза карда шуд, дар ҷаҳон бо имон пазируфта шуд, дар ҷалол боло бароварда шуд.
1 Аммо Рўҳ кушоду равшан мегўяд, ки дар замонҳои охир баъзе касон аз имон баргашта, ба арвоҳи фиребанда ва таълимоти шаётин гўш хоҳанд андохт,
2 Ба воситаи риёкории дурўғгўёне ки виҷдонашон гўё бо доғе беҳис шудааст,
3 Никоҳро манъ мекунанд ва аз ҳар навъ хўрок парҳез мефармоянд, ки онро Худо офаридааст, то ки имондорон ва орифони ростӣ бо шукргузорӣ бихўранд.
4 Зеро ки ҳар офаридаи Худо хуб аст, ва ҳеҷ чиз набояд рад карда шавад, агар онро бо шукргузорӣ бихўранд.
5 Чунки он бо каломи Худо ва бо дуо тақдис мегардад.
6 Агар инро ба бародарон талқин намоӣ, хизматгузори неки Исои Масеҳ хоҳӣ буд, ки аз суханони имон ва таълимоти неке ки пайравӣ кардаӣ, ғизо мегирӣ.
7 Аммо аз қиссаҳои нолоиқи аҷузаҳо рўй гардон, балки худро дар диндорӣ машқ деҳ;
8 Зеро ки машқи ҷисмони кам фоида дорад, вале диндорӣ барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад.
9 Дуруст аст ин сухан ва сазовори қабули куллӣ.
10 Зеро барои ҳамин ҳам мо меҳнат мекунем ва заҳмат мекашем, ки ба Худои Ҳай умед бастаем, ки Ў Наҷотдиҳандаи ҳамаи одамон, алалхусус имондорон аст.
11 Ҳаминро мавъиза намо ва таълим деҳ.
12 Бигзор ҳеҷ кас ба ҷавонии ту беэътиноӣ накунад; балки барои имондорон дар сухан, дар рафтор, дар муҳаббат, дар рўҳ, дар имон, дар покӣ намунаи ибрат бош.
13 То вақти омаданам ба қироат, насиҳат ва таълим машғул шав.
14 Ба бахшоиши Рўҳ, ки дар туст, беэътиноӣ накун, ки он ба ту ба василаи нубувват бо гузоштани дастҳои пирон дода шудааст.
15 Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк накун, то ки мувофақияти ту ба ҳама намоён шавад.
16 Ба худат ва ба таълим диққат деҳ, доимо ба ин машғул бош; зеро, агар ҳамин тавр рафтор кунӣ, ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро.
1 Пирамардонро мазаммат накун, балки чун падар насиҳат деҳ; ҷавононро чун бародарон;
2 Пиразанонро чун модарон; ҷавонзанонро чун хоҳарон, бо камоли покӣ.
3 Бевазанонро, агар бевазанони ҳақиқӣ бошанд, эҳтиром намо.
4 Вале агар бевазане соҳиби фарзандон ва ё набераҳо бошад, бигзор онҳо авал вазифаи динии худро нисбат ба оила таълим гиранд ва падару модаронро қадрдонӣ кунанд, зеро ки ин писандидаи Худост.
5 Бевазани ҳақиқӣ ва бекас ва Худо умед мебандад ва шабу рўз ба тазаррўъ ва дуо машғул аст,
6 Лекин бевазане ки дар айшу ишрат умр мегузаронад, зинда ба зинда мурдааст.
7 Ана ҳаминро ба онҳо талқин намо, то ки беайб бошанд.
8 Аммо агар касе ба хешу табораш ва алалхусус ба аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимонон бадтар аст.
9 Ба рўйхат номи бевазане сабт шавад, ки синну солаш аз шаст кам набошад ва як шавҳар карда бошад.
10 Ва дар бораи аъмоли некаш шаҳодате дошта бошад: фарзандонро тарбият дода, ғарибонро меҳмондорӣ карда, пойҳои муқаддасонро шуста, аламзадагонро дастгирӣ намуда ва ҳар амали некро пайравӣ карда бошад.
11 Лекин бевазанони ҷавонро қабул накун, зеро вақте ки шавҳат онҳоро аз Масеҳ дур месозад, мехоҳанд никоҳ кунанд;
12 Бинобар ин маҳкум хоҳанд шуд, чунки имони пештараро рад кардаанд;
13 Илова бар ин, азбаски бекоранд, хона ба хона мегарданд, ва на танҳо бекоранд, балки низ лаққӣ ва кунҷков буда, суханоне мегўянд, ки шоиста нест.
14 Пас, хоҳиши ман ин аст, ки ҷавонзанон никоҳ кунанд, бача зоянд, бо рўзгори хона машғул шаванд ва ба душман ҳеҷ як асосе надиҳанд, ки бадгўӣ кунад:
15 Зеро ки баъзе аз онҳо аз паи шайтон рафта, гумроҳ шудаанд.
16 Агар мард ё зани имондоре бевазанон дошта бошад, бигзор ба онҳо мадад расонад ва бар Калио гаронӣ накунад, то ки Калисо ба бевазанони ҳақиқӣ мадад расонда тавонад.
17 Пироне ки нағз сардорӣ мекунанд, эҳтироми дучандро сазоворанд, алалхусус онҳое ки дар ваъз ва таълим меҳнат мекунанд,
18 Зеро ки дар Навиштаҳо гуфта шудааст:’’вақте ки барзагов хирман мекўбад, даҳонашро набанд’’; ва боз’’Меҳнаткаш музди худро сазовор аст’’.
19 Шикоятро дар ҳаққи пире, бе он ки ду ё се шоҳид бошад, қабул накун.
20 Хатокоронро дар ҳузури ҳама танбеҳ намо, то ки дигарон низ битарсанд.
21 Дар пеши Худо ва Исои Масеҳи Худованд ва фариштаҳои баргузида туро қасам медиҳам, ки инро бе ғаразе риоя намоӣ ва ҳеҷ коре бо рўйбинӣ накунӣ.
22 Дастҳоро бар ҳеҷ кас шитобкорона нагузор ва ба гуноҳҳои дигарон шарик нашав; худро пок нигоҳ дор.
23 Минбаъд оби танҳо нанўш, балки барои меъдаат ав нотобиҳои зиёде ки дорӣ, каме шароб ба кор бар.
24 Гуноҳҳои баъзе касон ошкор аст ва рост сўИ маҳкумият мебарад, лекин гуноҳҳои баъзеи дигарон баъдтар ошкор мешавад.
25 Ҳамчунин аъмоли нек ошкор аст, ва агар ин тавр набошад ҳам, пинҳон монда наметавонад.
1 Ғуломоне ки зери юғ мебошанд, бояд оғоёни худро сазовори ҳар иззату икром донанд, то ки исми Худо ва таълимоти мо гирифтори мазаммат нашавад.
2 Вале онҳое ки оғоёни имондор доранд, набояд ба онҳо беэътиноӣ кунанд, чунки онҳо бародаронанд; балки бояд бо ҷидду ҷаҳд боз ҳам зиёдтар ба онҳо хизмат кунанд, зеро онҳое ки аз инҳо баҳрае мебинанд, имондор ва маҳбубанд. Инро таълим деҳ ва насиҳат намо.
3 Агар касе таълимоти дигарро паҳн кунад ва ба суханони солими Худованди мо Исои Масеҳ ва ба таълимоти диндорӣ пайравӣ накунад,
4 Вай мағрур аст, ҳеҷ чизро намедонад, балки ба бемории муҷодилот ва мубоҳисот дучор шудааст, ки аз онҳо ҳасад, ҷанҷол, бадзабониҳо, гуноҳои шарирона
5 Ва мунозираҳои бекора ба амал меояд дар миёни шахсони ақлрамида ва аз ҳақиқат бегонае ки мувофиқи пиндошташон диндорӣ манбаи фоида аст. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо.
6 Аммо диндорӣ бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад.
7 Зеро ки мо ба дуньё чизе наовардаем, ва равшан аст, ки наметавонем чизе аз он низ бибарем.
8 Бинобар ин, модоме ки хўрок ва либос дорем, аз он қонеъ хоҳем буд.
9 Лекин онҳое ки мехоҳанд сарватманд шаванд, гирифтори озмоиш ва дом ва бисьёр ҳавасҳои беақлона ва зарарнок мешаванд, ки онҳо мардумро дар хонавайронӣ ва ҳалокат меғўтонанд.
10 Зеро ки решаи ҳамаи бадиҳо зарпарастист, ки баъзе касон ба он орзуманд шуда, аз имон баргаштаанд ва худро гирифтори андўҳҳои зиёде кардаанд.
11 Аммо ту, эй одами Худо, аз ин ҳазар намо ва аз паи адолат, диндорӣ, имон, муҳаббат, сабр ва фурўтанӣ бирав;
12 Дар роҳи имон ба таври нек талош намо, ҳаёти ҷовидониро аз они худ бисоз, ки барои он ту даъват гардидаӣ ва дар пеши шоҳидони бисьёр эътирофи нек кардаӣ.
13 Ба ҳузури Худое ки ҳамаро ҷон мебахшад, ва ба ҳузури Исои Масеҳ, ки дар пеши Понтиюс Пилотиюс эътирофи нек кардааст, ба ту амр мефармоям,
14 Ки ҳукмро то вақти зуҳури Худованди мо Исои Масеҳ беайб ва бенуқсон риоя намоӣ,
15 Ки онро Фармонгузори таборак ва ягона, Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон дар вақти худ нишон хоҳад дод.
16 Ки танҳо Ў Ҳайй лоямут буда, дар нури дастнорас сокин аст, ва Ўро як нафар ҳам аз одамон надидааст ва дида наметавонад. Ўро то абад шавкат ва қудрат бод! Омин.
17 Сарватдорони ин дуньёро амр фармой, ки ҳавобаландӣ накунанад ва ба сарвати бебақо умед набанданд, балки ба Худои Ҳай, ки ҳама чизро барои маишати мо ба фаровонӣ ато мекунад;
18 Бигзор онҳо некӣ кунанд ва аз аъмоли нек сарватманд шаванд, валинеъмат ва одамдўст бошанд
19 Ва барои худ ганҷе ғун кунанд, ки барои оянда асоси нек гардад, то ки ҳаёти ҷовидониро аз они худ созанд.
20 Эй Тимотиюс! Он чиро, ки ба ту амонат гузошта шудааст, муҳофизат намо ва аз ёвагўии ношоям ва мубоҳисоте ки бардурўғ дониш номида мешавад, рўй гардон,
21 Ки баъзе касон ба он часпида, аз имон баргаштаанд. Файз бо ту бод. Омин.