1 Павлус ва Силвонус ва Тимотиюс ба калисои Таслўникӣ, ки дар Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд аст:
2 Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
3 Ҳамеша мо бояд Худоро барои шумо, эй бародарон, чунон ки сазовор аст, шукргузорӣ намоем, чунки имони шумо афзоиш меёбад ва дар миёни ҳамаи шумо муҳаббати ҳар яке ба ҳамдигар зиёд мешавад,
4 Ба тавре ки худи мо дар калисоҳои Худо аз шумо фахр мекунем, дар хусуси сабр ва имони шумо дар ҳамаи таъқибот ва азобҳое ки аз сар мегузаронед.
5 Ин гувоҳиест бар доварии одилонаи Худо, то ки шумо сазовори Малакути Худо ҳисоб ёбед, ки барои он низ уқубат мекашед.
6 Зеро ба назари Худо одилона аст, ки уқубатдиҳандагони шуморо уқубат диҳад,
7 Ва шуморо, ки уқубат мекашед, бо якҷоягии мо фароғат бахшад, ҳангоме ки Исои Худованд аз осмон бо фариштаҳои қуввати Худ
8 Дар оташи фурўзон зуҳур намуда, аз онҳое ки Худоро намешиносанд ва ба башорати Худованди мо Исои Масеҳ итоат намекунанд, интиқом гирид.
9 Онҳо гирифтори ҷазои ҳалокати абадӣ гардида, аз ҳузури Худованд ва ҷалоли қудрати Ў маҳрум хоҳанд шуд.
10 Дар он рўзе ки Ў омада, дар муқаддасони Худ ҷалол ёбад ва ҳамаи имондоронро бо тааҷҷуб оварад, чунки шумо ба шаҳодати мо имон овардед.
11 Барои ҳамин ҳам мо ҳамеша барои шумо дуо мегўем, то ки Худои мо шуморо сазовори даъваташ гардонад ва ҳар салоҳдиди некӣ ва кори имонро бо қуввати Худ ба амал оварад,
12 То ки исми Худованди мо Исои Масеҳ дар шумо ҷалол ёбад, ва шумо дар Ў ҷалол ёбед, ба ҳасби файзи Худои мо ва Исои Масеҳи Худованд.
1 Валекин аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки дар хусуси омадани Худованди мо Исои Масеҳ ва пайвастани мо бо Ў
2 Нагузоред ки фикри шумо зуд ба шубҳа афтад, ва ҳаросон нашавед на аз нубуввати рўҳ, на аз калом ва на аз номаи ки гўё мо фиристода бошем дар бораи он ки рўзи Масеҳ фаро расидааст.
3 Ҳеҷ кас ба ҳеҷ ваҷҳ набояд шуморо фиреб кунад, зеро аввал бояд исьён ба вуқўъ биёяд ва шахси пур аз шарорат, яъне писари ҳалокат зоҳир шавад.
4 Вай ба ҳар чизе ки Худо ё маъбад ном дорад, муқобилият нишон медиҳад ва худро аз он баланд мегирад, ба тавре ки дар маъбади Худо нишаста, худро Худо эълон мекунад.
5 Оё дар хотир надоред, ки вақте ки назди шумо будам, инро ба шумо мегуфтам?
6 Ва алҳол шумо медонед он чист, ки ба вай монеъ мешавад, то дар вақти муайян зоҳир гардад.
7 Зеро ки сирри шарорат акнун амал мекунад, вале ҳоло махфиёна аст, то даме ки он чи монеъ мешавад, аз миён бардошта шавад,
8 Он гоҳ шарири зоҳир мегардад, ҳамон ки Исои Худованд варо ба нафаси даҳонаш мекушад ва бо зуҳури омадани Худ несту нобуд мекунад.
9 Омадани ин шарир бо ҳар гуна қувват ва аломот ва мўъҷизоти сохта аз рўи амали шайтон аст,
10 Ва бо ҳар навъ талбиси ноҳаққӣ дар вуҷуди нобушавандагон барои он ки онҳо муҳаббати ростиро қабул накардаанд, то ки наҷот ёбанд.
11 Ва ба ин сабаб Худо ба онҳо неруи гумроҳкунандаро мефиристад, то ки ба дурўғ имон оваранд,
12 То ҳамаи онҳое ки ба ростӣ имон наоварданд, балки ноҳаққиро дўст доштанд, маҳкум гарданд.
13 Валекин мо бояд ҳамеша Худоро барои шумо, эй бародарони маҳбуби Худованд, шукргузорӣ намоем, ки Худо аз ибтидо, ба василаи тақдиси Рўҳ ва имон ба ростӣ, шуморо барои наҷот баргузидааст.
14 Ва барои он шуморо ба воситаи башорати мо даъват намудааст, то ки ба ҷалоли Худовандимо Исои Масеҳ ноил шавед.
15 Пас, эй бародарон, истодагӣ кунед ва ривоятҳоеро, ки ё аз калом, ё аз номаи мо гирифтаед, нигоҳ доред.
16 Валекин Худи Худованди мо Исои Масеҳ ва Худо, Падари мо, ки моро дўст доштааст ва тасаллии абадӣ ва умеди некро бо файз ато намудааст,
17 Бигзор дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад ва шуморо дар ҳар сухан ва амали нек устувор гардонад.
1 Ба ҳар ҳол, эй бародарон, дар ҳаққи мо дуо гўед, то ки каломи Худованд паҳн шавад ва ҷалол ёбад, чунон ки дар миёни шумо шудааст,
2 Ва барои он ки мо аз одамони гумроҳ ва шарир халос шавем; зеро ки на ҳар кас имон дорад.
3 Лекин Худованд амин аст, ки шуморо устувор гардонад ва аз он шарир нигоҳ дорад.
4 Ва мо ба шумо дар Худованд эътимод дорем, ки он чи ба шумо амр фармоем, ба ҷо меоваред ва ба ҷо хоҳед овард.
5 Ва Худованд бигзор дилҳои шуморо ба муҳаббати Худо ва ба сабри Масеҳ ҳидоят намояд.
6 Валекин ба шумо, эй бародарон, ба исми Худованди мо Исои Масеҳ дастур медиҳем, ки аз ҳар бародаре ки бекоргардӣ мекунад ва на мувофиқи ровояте ки аз мо қабул кардаед, дур шавед,
7 Зеро худи шумо медонед, ки чӣ гуна бояд ба мо тақлид намоед; зеро ки мо дар миёни шумо бекоргард набудем;
8 Нони касеро муфт нахўрдем, балки шабу рўз ба меҳнат ва кор машғул шудем, то ки ба касе аз шумо гаронӣ накунем,
9 На аз он сабаб ки ҳақ надоштем, балки барои он ки худамонро ба шумо намунаи ибрат гардонем, то ки ба мо тақлид намоед.
10 Зеро, вақте ки назди шумо будем, ба шумо чунин дастур додем: агар касе нахоҳад кор кунад, бигзор хўрок ҳам нахўрад.
11 Зеро шунидем, ки баъзе касон дар миёни шумо бекоргардӣ мекунанд, яъне ҳеҷ коре накарда, давуғеҷи барзиёд мекунанд;
12 Ба чунин шахсон дар худованди мо Исои Масеҳ амр мефармоем ва насиҳат медиҳем, ки сокитона кор карда, нони худро бихўранд.
13 Валекин шумо, эй борадарон, аз некўкорӣ монда нашавед.
14 Ва агар касе ба суханоне ки мо дар ин нома навиштаем, гўш надиҳад, ўро дар хотири худ гирифта монед ва бо ў муошират накунед, то ки хиҷил шавад;
15 Аммо ўро душман ҳисоб накунед, балки ҳамчун бародар насиҳат диҳед.
16 Валекин Худи Худованди осоиштагӣ бигзор ҳамеша дар ҳама чиз осоиштагӣ ба шумо ато намояд. Худованд бо ҳамаи шумо бод!
17 Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам, ки ин аломате дар ҳар нома аст; ман чунин менависам:
18 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.