1

1 Павлус ва Силвонус ва Тимотиюс ба калисои  Таслўникӣ, ки дар Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд аст: файз ва осоиштагӣ аз ҷоноби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.

2 Ҳамеша Худоро барои ҳамаи шумо шукргузорӣ намуда, дар дуоҳои худ шуморо зикр мекунем,

3 Ва доимо кори имон ва меҳанти муҳаббат ва сабри умеди шуморо, ки ба Худованди мо Исои Масеҳ доред, ба ҳузури Худо ва Падари мо ба ёд меоварем,

4 Чун медонем, ки шумо, эй бародарон ва эй маҳбубони Худо, баргузида шудаед;

5 Зеро ки башорати мо назди шумо на танҳо дар сухан балки низ дар қувват ва дар Рўҳулқудс ва дар эътимоди бузурге буд; ва шумо медонед, ки мо дар миёни шумо барои шумо чӣ гуна будем.

6 Ва шумо тақлидкунандагони мо ва Худованд гардида, каломеро дар ранҷу заҳмати азиме бо шодии Рўҳулқудс қабул кардед,

7 Ба тавре ки барои ҳамаи имондорони Мақдуния ва Охоия намунаи ибрат шудед.

8 Зеро ки аз шумо каломи Худованд на танҳо дар Мақдуния ва Охоия шунида шуд, балки имоне ки шумо ба Худо доред, дар ҳама ҷо овоза шуд, ба дараҷае ки моро ҳоҷат нест чизе бигўем.

9 Зеро вақте ки худи онҳо дар бораи мо ҳикоят мекунанд, мегўянд, ки чӣ гуна мо ба миёни шумо дохил шудем, ва чӣ гуна шумо аз бутҳо гашта ба Худо руҷўъ намудед, то ки Худои Ҳай ва ҳақиқиро бандагӣ кунед

10 Ва Писари Ўро аз осмон мунтазир шавед, ки Худо Ўро аз мурдагон эҳьё кард, яъне Исоро, ки моро аз ғазаби оянда халосӣ медиҳад.

2

1 Худи шумо, эй бародарон, медонед, омадани мо назди шумо бе натиҷа набуд;

2 Мо пеш аз он дар Филиппӣ, чунон ки медонед, азобу уқубат кашида, гирифтори таҳқир шуда будем, вале дар Худои худ қавӣ гардидем, то ки дар миёни мухолифатҳои бузурге башорати Худоро ба шумо мавъиза намоем.

3 Зеро ки исрори мо аз рўи иштибоҳ ё нопокӣ ё макр нест,

4 Балки, чӣ тавре ки Худо моро лоиқ донист, ки башорат ба мо супурда шавад, ҳамон тавр мо сухан меронем ва толиби он нестем, ки ба одамон писанд оем, балки ба Худое ки дилҳои моро имтиҳон мекунад.

5 Зеро ки мо ҳаргиз, чунон ки медонед, бо тамаллуқ гап назадаем ва ба чизе тамаъ накардаем Худо шоҳид аст!

6 Ва ҷалолро аз одамизод толиб нашудаем, на аз шумо ва на аз дигарон.

7 Мо, ҳамчун ҳаввориёни Масеҳ, метавонистем бо ихтиёру қудрат рафтор кунем, аммо дар миёни шумо мулоим будем, монанди дояе ки кўдакони худро навозиш мекунад.

8 Мо чунон ба шумо дил бастем, ки хостем ба шумо на танҳо башорати Худоро бидиҳем, балки ҷонҳои худро низ дар роҳи шумо фидо созем, азбаски шумо ба мо азиз будед.

9 Зеро ки шумо, эй бародарон, заҳмат ва ранҷи моро дар хотир доред: шабу рўз кор кардем, бе он ки ба касе аз шумо гаронӣ кунем, мо башорати Худоро ба шумо мавъиза менамудем.

10 Шумо шоҳид ҳастед ва Худо низ ки чӣ гуна пеши шумо, имондорон, мо муқаддасона ва одилона ва бенуқсон рафтор кардем,

11 Ва шумо медонед, ки чӣ гуна ҳар яке аз шуморо, мисли падар фарзандони худро,

12 Насиҳат медодем, дилдорӣ мекардем ва вазифадор менамудем, ки муносиби Худо, ки шуморо ба Малакут ва ҷалоли Худ даъват менамояд, рафтор кунед.

13 Ба ин сабаб мо низ пайваста Худоро шукргузорӣ мекунем, ки чун шумо каломи Худоро аз мо шунида қабул кардед, онро на ҳамчун каломи одамизод қабул кардед, балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст ва он дар шумо, имондорон, амал мекунад.

14 Зеро ки шумо, эй бародарон, ба калисоҳои Худо, ки дар Яҳудо дар Исои Масеҳ мебошанд, тақлид намудед, чунки шумо аз дасти ҳамватанони худ ҳамон уқубатро дидаед, ки онҳо низ аз дасти яҳудиён дидаанд,

15 Ки Исои Худованд ва анбиёро куштанд, ва моро гирифтори таъқиботе карданд, ва дар назари Худо писанд намеоянд, ва ба ҳамаи одамон муқобиланд,

16 Ва ба мо монеъ мешаванд ба халқҳо бигўем, ки наҷот ёбанд, ва ба ин васила ҳамеша зарфи гуноҳҳои худро лабрез мекунанд; аммо, ниҳоят, ба ғазаб гирифтор шуданд.

17 Лекин мо, эй баодарон, баъд аз он ки ба муддати кўтоҳе ҷисман, на қалбан, аз шумо ҷудо шудем, бо иштиёқи зиёдтар саъю кўшиш намудем, ки рўи шуморо бубинем,

18 Ва ба ин сабаб мо, яъне ман, Павлус, як-ду маротиба хостем назди шумо биёем, вале шайтон ба мо монеъ шуд.

19 Зеро кист умеди мо, ё шодмонии мо, ё тоҷи фахри мо дар ҳузури Худованди мо Исои Масеҳ дар вақти омадани Ў оё шумо нестед?

20 Оре, шумо ҷалол ва шодмонии мо ҳастед.

3

1 Бинобар ин мо дигар сабр карда натавонистем ва розӣ шудем дар Атино танҳо монем,

2 Ва Тимотиюсро, ки бародари мо ва хизматгори Худованд ва ҳамкори мо дар башорати Масеҳ аст, фиристодем, то ки шуморо дар имонатон устувор гардонад ва асаллӣ диҳад.

3 То ки ҳеҷ кас дар ин азобу уқубатҳо дудила нашавад, зеро худи шумо медонед, ки чунин аст насиби мо.

4 Зеро ки мо ҳамон вақт ҳам, ки назди шумо будем, ба шумо пешгўӣ кардем, ки моро азобу уқубат дар пеш аст, чунон ки низ ба вуқўъ омад, ва шумо медонед.

5 Аз ин рў ман ҳам дигар сабр карда натавонистам ва ўро фиристодам, ки имони шуморо бифаҳмам, ки мабодо озмоянда шуморо озмуда бошад ва меҳнати мо бенатиҷа шуда бошад.

6 Аммо акнун, ки Тимотиюс аз пеши шумо назди мо омад ва муждаи имон ва муҳаббати шуморо ба мо расонд, ва ин ки шумо ҳамеша моро ба некӣ ёд мекунед ва муштоқи дидори мо ҳастед, чунон ки мо низ муштоқи дидори шумо ҳастем,

7 Пас мо, эй бародарон, бо вуҷуди тамоми андўҳ ва азобу уқбати худ, аз имони шумо тасаллӣ ёфтем,

8 Чунки акнун мо зинда ҳастем, модоме ки шумо дар Худованд қоим мебошед.

9 Зеро чӣ гуна мо метавонем ба Худо барои шуммо шукргузорӣ кунем, барои тамоми шодмоние ки дар бораи шумо ба ҳузури Худои мо дорем,

10 Ки шабу рўз бо тамоми ҷидду ҷаҳд дуо мегўем, ки бо шумо рў ба рў шавем ва камии имони шуморо пур кунем?

11 Худи Худо ва Падари мо ва Худованди мо Исои Масеҳ роҳи моро сўИ шумо рост овард.

12 Ва Худованд муҳаббати шуморо ба якдигар ва ба ҳар кас афзун ва фаровон гардонад, чунон ки мо низ ба шумо муҳаббат дорем,

13 Ва дилҳои шуморо устувор гардонад, то ки дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи муқаддасони Ў дар қудсият ба ҳузури Худо ва Падари мо беайб бошед. Омин.

4

1 Ва боз, эй бародарон, аз шумо дар Исои Масеҳ хоҳиш ва илтимос мекунам, ки чӣ тарзе ки аз мо пазируфтаед, ки чӣ гуна бояд рафтор кунед ва дар назари Худо писанд оед, ба ҳамон тарз боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред;

2 Зеро медонед, ки чӣ гуна аҳкоме аз ҷониби Исои Худованд ба шумо додаем.

3 Зеро иродаи Худост, ки шумо пок бошед ва аз зино парҳез кунед;

4 Ва ҳар яке аз шумо битавонад бадани худро дар покӣ ва шараф нигоҳ дорад,

5 На дар оташи шаҳват монанди халқҳое ки Худоро намешиносанд;

6 Ва касе дар ҳеҷ бобат ва бародари худ таҷовуз ё суиистифода накунад, чунки Худованд барои ҳамаи ин корҳо интиқом мегирад, чунон ки пештар низ ба шумо гуфтем ва шаҳодат додем.

7 Зеро ки Худо моро на ба нопокӣ балки ба қудсият даъват кардааст.

8 Бинобар ин, ҳар кӣ саркашӣ мекунад, на ба одамизод, балки ба Худо саркашӣ мекунад, ки Ў Рўҳулқудси Худро ба мо ато намудааст.

9 Аммо дар хусуси бародардўстӣ ба шумо навиштан ҳоҷат надорад, зеро ки худи шумо аз Худо омўхтаед, ки ба якдигар муҳаббат дошта бошед;

10 Ва шумо бо ҳамаи бародарон дар ҳамаи Мақдуния ҳамин тавр рафтор мекунед. Лекин мо, эй бародарон, шуморо даъват мекунем, ки боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред

11 Ва саъю кўшиш намоед, ки сокитона зиндагӣ кунед ва кори худро бо амали дастҳои худ ба ҷо оваред, чунон ки ба шумо дастур додаем,

12 То назди онҳое ки дар берунанд, боодобона рафтор кунед ва ба ҳеҷ чиз мўҳтоҷ набошед.

13 Лекин мо, эй бародарон, намехоҳем, ки шумо дар бораи мурдагон бехабар бошед, ки мабодо мисли дигарон, ки умед надоранд андўҳгин шавед.

14 Зеро, агар мо имон дорем, ки Исои мурд ва эҳьё шуд, ба ҳамин тарз низ Худо онҳоеро ки дар Исои мурдаанд, бо Ў хоҳад овард,

15 Зеро инро ба шумо бо каломи Худованд мегўем, ки мо, зиндаҳо, ки то омадани Худованд боқӣ мондаем, аз мурдагон пешдастӣ нахоҳем кард,

16 Чунки Худи Худованд бо бонги даъват, бо садои фириштаи муқарраб ва карнаи Худо, аз осмон нузул хоҳад кард, ва онҳое ки дар Масеҳ мурдаанд, аввал эҳьё хоҳанд шуд.

17 Баъд мо, зиндаҳо, ки боқӣ мондаем, бо якҷоягии онҳо бар абрҳо бурда хоҳем шуд, то ки Худовандро дар ҳаво пешвоз гирем, ва ҳамин тавр ҳамеша бо Худованд хоҳем буд.

18 Пас ҳамдигарро бо ин суханон тасаллӣ диҳед.

5

1 Аммо дар бораи замонаҳо ва мўҳлатҳо ба шумо, эй бародарон, навиштан ҳоҷат надорад,

2 Зеро худи шумо хуб медонед, ки рўзи Худованд ончунон меояд, чуно ки дузд дар шаб.

3 Чун бигўянд:’’Осоиштагӣ ва амният’’, он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор хоҳанд шуд, мисли он ки зани ҳомиладор ба дарди зоиш дучор мешавад, ва ба ҳеҷ ваҷҳ халос нахоҳанд шуд.

4 Лекин шумо, эй бародарон, дар зулмот нестед, ки он рўз бар шумо чун дузд ояд;

5 Зеро ки ҳамаи шумо писарони нур ва писарони рўз ҳастед. Мо на писарони шаб ҳастем ва на писарони зулмот.

6 Пас, набояд мисли дигарон дар хоб бошем, балки бедор ва ҳушьёр бошем.

7 Зеро ки хобидагон шабона мехобанд, ва мастон шабона маст мешаванд;

8 Вале мо, ки писарони рўз ҳастем, бояд ҳушьёр бошем ва зиреҳи имон ва муҳаббат ва хўди умдеди наҷотро дар бар кунем,

9 Чунки Худо моро на баро ғазаб таъин кардааст, балки барои ёфтани наҷот ба василаи Худованди мо Исои Масеҳ,

10 Ки барои мо мурд, то ки мо, хоҳ бедор бошем, хоҳ хобида, бо якҷоягии Ў зист кунем.

11 Бинобар ин ҳамдигарро тасаллӣ диҳед ва якдигарро обод кунед, чунон ки низ мекунед.

12 Аммо аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки он касонро қадрдонӣ намоед, ки дар миёни шумо меҳнат мекунанд, ва саварони шумо дар Худованд буда, шуморо насиҳат медиҳанд,

13 Ва онҳоро барои фаъолияташон бо камоли муҳаббат иззат кунед; бо якдигар дар сулҳ зист кунед.

14 Инчунин аз шумо, эй бародарон, хоҳишмандем, ки танбалонро насиҳат кунед, беҷуръатонро тасаллӣ диҳед, сустонро дастгирӣ намоед, бо ҳар кас пурсабр бошед.

15 Бохабар бошед, ки касе ба касе дар ивази бадӣ бадӣ накунад, балки ҳамеша барои якдигар ва барои ҳама дар паи некӣ бошед.

16 Ҳамеша шод бошед.

17 Пайваста дуо гўед.

18 Барои ҳама чиз шукр гўед, зеро ки чунин аст иродаи Худо дар ҳаққи шумо дар Исои Масеҳ.

19 Рўҳро хомўш накунед.

20 Нубувватҳоро хор нашуморед.

21 Ҳама чизро озмоиш кунед, чизи хубро нигоҳ доред.

22 Аз ҳар гуна бадӣ худдорӣ кунед.

23 Худи Худои осоиштагӣ бигзор шуморо ба куллӣ пок гардонад ва рўҳу ҷону ҷисми шуморо дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ комилан беайб нигоҳ дорад.

24 Даъваткунандаи шумо амин аст, ва инро низ ба амал меоварад.

25 Эй бародарон, барои мо дуо гўед.

26 Ба ҳамаи бародарон бо бўсаи муқаддас салом расонед.

27 Шуморо ба исми Худованд вазифадор менамоям, ки ин номаро ба ҳамаи бародарони муқаддас бихонед.

28 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод. Омин.