1 Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Тимотиюс
2 Ба муқаддасон ва бародарони амин дар Исои Масеҳ, ки дар Қўлассо мебошанд: файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
3 Худо, Падари Худованди мо Исои Масеҳро шукргузорӣ мекунам дар ҳар вақте ки дар ҳаққи шумо дуо мегўем,
4 Баъд аз шунмидани овозаи он имоне ки шумо ба Исои Масеҳ ва он муҳаббате ки ба ҳамаи муқаддасон доред.
5 Ба хотири умеде ки бароятон дар осмон муҳайёст, ки дар бораи он шумо пештар дар каломи ростӣ, яъне дар башорат шунидаед,
6 Ки он ба шумо, чунон ки ба тамоми ҷаҳон низ расидааст, ва он самаре мебахшад ва афзоиш меёбад, чунон ки дар миёни шумо низ аз он рўзе ки файзи Худоро дар ростӣ шунидаед ва донистаед,
7 Чӣ тавре ки аз Эпафрос таълим гирифтаед, ки ў ҳамкори маҳбуби мо ва хизматгузори амине барои шумо дар Масеҳ аст,
8 Ва ў моро аз муҳаббати шумо, ки дар Рўҳ аст, огоҳ кардааст.
9 Бинобар ин мо низ аз он рўзе ки инро шунидаем, дар ҳаққи шумо дуо ва илтимосро бас намекунем, то ки шумо аз дониши иродаи Ў дар ҳар ҳикмат ва фаҳми рўҳонӣ пур шавед,
10 Ба тавре ки муносиби Худованд рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ў писанд оед, ва дар ҳар кори нек самара диҳед, ва дар дониши Худо нашъунамо ёбед,
11 Ва бар тибқи иқтидори ҷалоли Ў бо тамоми қувват мустаҳакам шавед, то ки бо шодӣ дорои ҳар сабот ва сабр бошед,
12 Ва Падарро шукргузорӣ намоед, ки Ў моро ба мероси муқаддасон дар нур шарик гардонидааст,
13 Ва Ў моро аз салтанати зулмот халосӣ дода, ба Малакути Писари маҳбуби Худ дохил кардааст,
14 Ки дар Ў мо фидияе ба воситаи Худни Ў ва омурзиши гуноҳҳо пайдо кардаем,
15 Ки Ў сурати Худои нонамоён ва нахустзодаи тамоми махлуқот аст,
16 Чунки ҳама чиз дар осмон ва бар замин, ҳар чизи намоён ва нонамоён, дар Ў офарида шудааст: хоҳ тахтҳо, хоҳ салтанатҳо, хоҳ сарварҳо ва хоҳ ҳукуматдориҳо, ҳамааш ба воситаи Ў ва барои Ў ба вуҷуд оварда шудааст;
17 Ва Ў пеш аз ҳама чиз аст, ва ҳама чиз дар Ў вуҷуд дорад.
18 Ва Ў сари бадан, яъне Калисост; Ў навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз Ў аввалин бошад,
19 Зеро писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият дар Ў сокин бошад,
20 Ва ба воситаи Ў ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо Хуни салиби Ў осоиштагиро барқарор намояд, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба василаи Ў оштӣ диҳад.
21 Ва шуморо, ки як вақте, ба сабаби майл доштанатон ба аъмоли бад, бегона ва душман будед,
22 Ҳоло дар ҷисми башарии Ў ба воситаи мамоти Ў оштӣ додааст, то ки шуморо назди Худ муқаддас ва бе айбу нуқсон ҳозир кунад,
23 Фақат ба шарте ки шумо дар имон матин ва устувор бошед ва аз умеди башорате ки шунидаед, ҷудо нашавед, ки он ба тамоми махлуқоти зери осмон мавъиза карда шудааст, ва ман, Павлус, хизматгузори он гардидаам.
24 Алҳол дар уқубатҳои худ барои шумо шодмонам ва камии андўҳҳои Масеҳро дар ҷисми худ барои Бадани Ў, ки Калисост, пур мекунам,
25 Ки ман хизматгузори он гардидаам мувофиқИ ваколати Худо, ки барои шумо ба ман ато шудааст, то ки мавъизаи каломи Худоро ба ҷо оварам,
26 Яъне он сирри, ки асрҳои аст аз наслҳо ниҳон буд ва ҳоло ба муқаддасони Ў ошкор шудааст,
27 Ки ба онҳо Худо таваҷҷўҳ намуда огоҳӣ дод, ки сарвати ҷалоли ин сирро барои халқҳо огоҳӣ диҳам, ва он сир ин аст, ки Масеҳ дар шумо умеди ҷалол аст,
28 Ва Ўро мо мавъиза намуда, ба ҳар кас мефаҳмонем ва ба ҳар кас ҳар ҳикматро ёд медиҳем, то ки ҳар касро дар Исои Масеҳ комил гардонда ҳозир кунем;
29 Барои ҳамин ҳам ман меҳнат мекунам ва бо таъсири қуввати Ў, ки дар ман қодирона амал мекунад, ҷидду ҷаҳд менамоям.
1 Зеро мехоҳам шумо бидонед, ки ман чӣ гуна заҳмат кашидам барои шумо ва барои касоне ки дар Лудкия мебошанд, ва барои ҳамаи онҳое ки қиёфаи маро ба ҳасби ҷисм надидаанд,
2 То ки дилҳои онҳо тасаллӣ ёфта, дар муҳаббат пайванд шавад, барои ҳар сарвати фаҳми комил, то сирри Худо ва Падар ва Масеҳро бидонанд,
3 Ки дар Ў ҳамаи ганҷҳои ҳикмат ва дониш ниҳон аст.
4 Инро ман барои он мегўям, ки ҳеҷ кас шуморо бо суханони дилфиреб дар иштибоҳ наандозад;
5 Зеро, агарчи ҷисман ғоибам, рўҳан бо шумо мебошам, ва саранҷоми хуби шумо ва матонати имони шуморо дар Масеҳ дида, шодӣ мекунам.
6 Пас, чӣ тавре ки Исои Масеҳро ба унвони Худованд қабул кардаед, ҳамон тавр дар Ў рафтор намоед,
7 Ки дар Ў реша давонда ва бино ёфта, дар имон мустаҳакам шудаед, чунон ки таълим гирифтаед ва шукри зиёде дар он мегўед.
8 Бохабар бошед, ки касе шуморо бо фалсафа ва фитнаи ботиле ки бар тибқи ривояти инсонӣ, бар тибқи аносири ҷаҳон, на бар тибқи Масеҳ аст, ҷазб накунад.
9 Зеро ки дар Ў тамоми пуррагии Илоҳият ҷисман сокин аст,
10 Шумо низ дар Ў пуррагӣ доред, ки Ў сари ҳар сарварӣ ва ҳукуматдорист;
11 Ва дар Ў шумо махтун шудаед, вале на ба хатнае ки бо дасти одамизод сохта шудааст, балки ба хатнаи Масеҳ, ки ҷисми башариро канор мегузорад,
12 Ки бо Ў дар таъмид дафн шудаед ва дар Ў эҳьё шудаед ба василаи имон ба қуввати Худо, ки Ўро аз мурдагон эҳьё кард,
13 Ва шуморо, ки дар гуноҳҳо ва дар номахтунии ҷисми худ мурда будед, бо Ў зинда карда, ҳамаи гуноҳҳотонро омурзид.
14 Ва он дастнависро, ки бо фароизаш моро маҳкум менамуд ва бар зидди мо буд, Ў хат зада, аз миён бардошт ва бар салиб мехкўб кард,
15 Ва сарварону ҳукуматдоронро аз қувваташон маҳрум сохта, гирифтори шармандагӣ кард ва бар онҳо дастболо шуд.
16 Пас, бигзор касе шуморо барои хўрок ва нўшокӣ, ё дар масъалаи ид, ё навмоҳ, ё шанбе маҳкум накунад:
17 Инҳо сояи чизҳои оянда аст, аммо ҷисм аз они Масеҳ аст.
18 Касе шуморо ба воситаи хоксорӣ ва ибодати фариштагон аз подош маҳрум накунад, дар сурате ки вай ба чизҳое ки надидааст, мудохила менамояд, аз ақли ҷисмонии худ беҳуда меболад.
19 Инҳо робитаи худро аз сари бадан буридаанд, аз саре ки тамоми бадан ба воситаи буғумҳо ва баданҳо қуввати ҳаётбахш гирифта ва пайваст гардида, нашъунамо меёбад ба нашъунамое ки аз Худост.
20 Агар шумо бо Масеҳ нисбат ба аносири ҷаҳон мурда бошед, пас чаро, мисли онҳое ки дар ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, фароизи:
21 ‘‘Нарас’’, ‘‘начаш’’, ‘‘даст наков’’-ро пайравӣ менамоед,
22 Дар сурате ки онҳо аз истеъмол фано мешвад, зеро бар аҳком ва таълимоти инсонӣ бино шудааст?
23 Ҳамаи ин дар ибодати худсарона, хоксорӣ ва озори ҷисм ба назар ҳикмат менамояд, лекин дар ҷилавгарӣ кардани ҷисм фоида надорад.
1 Пас, модоме ки шумо бо Масеҳ эҳьё шудаед, он чиро, ки дар афроз аст, биҷўед, ки он ҷо Масеҳ ба ямини Худо нишастааст;
2 Дар бораи он чи дар афроз аст, фикр кунед, на дар бораи он чи бар замин аст.
3 Зеро ки шумо мурдаед, ва ҳаёти шумо бо Масеҳ дар Худо ниҳон аст:
4 Вақте ки Масеҳ, ки ҳаёти шумост, зоҳир шавад, шумо низ бо Ў дар ҷалол зоҳир хоҳед шуд.
5 Пас, андоми заминии худро: зино, нопокӣ, ҳирс, ҳаваси бад ва тамаъкориро, ки он бутпарастист, бикушед,
6 Ки барои онҳо ғазаби Худо бар писарони исьён меояд,
7 Ки шумо низ як вақте дар онҳо рафтор мекардед, ҳангоме ки дар миёни онҳо мезистед.
8 Аммо акнун шумо ҳамаи инҳоро: хашм, ғазаб, кина, бадгўӣ, ва алфози қабеҳи забонатонро тарк намоед;
9 Ба якдигар дурўғ нагўед, дар ҳолате ки одами кўҳнаро бо аъмоли вай аз худ дур кардаед
10 Ва одами навро дар бар кардаед, ки вай дар дониш ба шабоҳати Офарандаи худ нав мешавад,
11 Ки дар он ҷо на юнонӣ ҳаст, на яҳудӣ, на хатна, на хомахтунӣ, на варварӣ, на скиф, на ғулом ва на озод, балки ҳама чиз ва дар ҳама чиз Масеҳ аст.
12 Пас, ҳамчун баргузидагони муқаддас ва маҳбуби Худо, марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурўтанӣ ва пурсабриро дар бар кунед,
13 Ва ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро авф кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки Масеҳ шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед;
14 Ба замми ҳамаи ин шумо муҳабатро дар бар кунед, ки он маҷмўи камолот аст;
15 Бигзор дар дилҳои шумо осоиштагии Худо ҳукмфармо бошад, ки шумо ба он дар як Бадан даъват шудаед; ва шукргузор бошед.
16 Бигзор каломи Масеҳ андаруни шумо ба фаровонӣ сокин шавад, ва якдигарро бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рўҳонӣ таълим диҳед ва насиҳат кунед, ва бо файз дар дилҳои худ барои Худованд бисароед.
17 Ва ҳар он чи бо сухан ё амал мекунед, ҳамаашро ба Исои Масеҳи Худованд ба ҷо оварда, ба василаи Ў Худои Падарро шукр гўед.
18 Эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, чунон ки дар Худованд муносиб аст.
19 Эй шавҳарон, занони худро дўст доред ва ба онҳо сахтгир набошед.
20 Эй фарзандон, ба падару модарони худ дар ҳар бобат итоат намоед, зеро ки ин писандидаи Худованд аст.
21 Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, ки мабодо онҳо маъюс шаванд.
22 Эй ғуломом, ба оғоёне ки ба ҳасби ҷисм доред, дар ҳар бобат итоат намоед, на бо хизматгузории зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон, балки бо соддадилӣ ва бо тарси Худо.
23 Ҳар он чи мекунед, аз ҷону дил ба ҷо оваред, мисли он ки барои Худованд бошад, на барои одамон,
24 Чун медонед, ки аз Худованд меросро мукофот хоҳед гирит, зеро ки ба Масеҳи Худованд хизмат макунед,
25 Ҳар кӣ ноинсофона рафтор мекунад, мувофиқи ноинсофии худ подош хоҳад гирифт: Ў рўйбинӣ надорад.
1 Эй оғоён, ба ғуломони худ он чи лозим аст ва он чи ҳақ доранд, бидиҳед, ва бидонед, ки шумо низ Оғое дар осмон доред.
2 Доимо бо дуо машғул буда, дар он бо шукргузорӣ бедор бошед;
3 Дар ҳаққи мо низ дуо гўед, то Худо дари каломро ба мо воз кунад, ки сирри Масеҳро, ки ман барояш бандӣ ҳастам, баён намоем,
4 То ки ман онро ончунон зоҳир созам, чунон ки баён карданам лозим аст.
5 Фурсатро ғанимат дониста, бо онҳое ки дар берунанд, оқилона рафтор кунед
6 Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед.
7 Аз тамоми саргузашти ман шуморо Тўхиқўс хабардор хоҳад кард. Ў бародари маҳбуб ва хизматгузори амин ва ҳамкори ман дар Худованд аст.
8 Ва ўро маҳз барои он назди шумо фиристодам, ки аз аҳволи шумо хабар гирад ва дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад,
9 Бо якҷоягии бародари амин ва маҳбуб Онисимус, ки аз байни шумост: онҳо шуморо аз ҳамаи корҳои ин ҷо хабардор хоҳанд кард.
10 Ористархус, ки ҳамроҳи ман дар ҳабс аст, ба шумо салом мерасонад, ва Марқўс, ҷияни Барнаббо, ки шумо дар бораи ў фармон гирифтаед: агар наздатон биёяд ўро пазироӣ кунед,
11 Ҳамчунин Ешуа, ки лақабаш Юстус аст; ҳар ду аз махтунонанд, ва танҳо онҳо ҳамкоронанад барои Малакути Худо, ки сабаби тасаллои ман шудаанд.
12 Эпафрос ба шумо салом мерасонад, ки ў аз байни шумо ва бандаи Исои Масеҳ аст, ва ҳамеша барои шумо дар дуоҳои худ ҷидду ҷаҳд менамояд, то ки шумо комил буда ва аз ҳар чизи писандидаи Худо вуқуф дошта, истодагӣ кунед.
13 Ва ман дар бораи ў шаҳодат медиҳам, ки ў барои шумо ва барои онҳое ки дар Лудкия ва дар Ҳирапўлис мебошанд, бисьёр меҳнат мекунад.
14 Луқос, табиби маҳбуб, ва Димос ба шумо салом мерасонанд.
15 Ба бародароне ки дар Лудкия мебошанд, ба Нумфос ва ба аҳли калисое ки дар хонаи ўст, салом бирасонед.
16 Баъд аз он ки ин нома дар миёни шумо хонда шуд, коре кунед, ки он дар калисои Лудкия низ хонда шавад; ва номаеро, ки аз Лудкия аст, шумо низ бихонед.
17 Ба Архипус бигўед:’’Бохабар бош, то он хизматеро, ки дар Худованд ба зиммаи худ гирифтаӣ, ба ҷо оварӣ’’,
18 Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам. Занҷирҳои маро дар хотир дошта бошед. Файз бо шумо бод, омин.