1

1 Павлус ва Тимотиюс, ғуломи Исои Масеҳ, ба ҳама муқаддасон дар Исои Масеҳ, ки дар Филиппӣ мебошанд, бо усқуфон ва ходимон:

2 Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.

3 Дар ҳар боре ки шуморо ёд мекунам, Худои худро шукр мегўям,

4 Ҳамеша дар ҳар дуои худ барои ҳамаи шумо бо шодӣ дуо мегўям,

5 Барои иштироки шумо дар башорат аз рўзи аввал то алҳол,

6 Ва яқин дорам, ки Ў, ки дар шумо ба кори хайр шурўъ намудааст, онро то рўзи Исои Масеҳ ба анҷом хоҳад расонд,

7 Чунон ки маро лозим аст дар бораи ҳамаи шумо ҳамин тавр фикр кунам, чунки шумо дар дили ман ҷойгир шудаед, ки ҳам дар занҷирҳоям ва ҳам дар муҳофизат ва барқарор кардани башорат ҳамаатон шарики ман дар файз ҳастед.

8 Зеро Худо маро шоҳид аст, ки ман бо муҳаббати Исои Масеҳ иштиёқманди ҳамаи шумо ҳастам;

9 Ва дар он хусус дуо мегўям, ки муҳаббати шумо дар дониш ва мулоҳизакорӣ торафт афзунтар гардад,

10 То шумо дарк намоед, ки чӣ беҳтар аст, барои он ки дар рўзи Масеҳ пок ва беайб бошед,

11 Ва аз самари адолат пур шавед, ки он ба василаи Исои Масеҳ барои ҷалол ва ҳамду санои Худост.

12 Эй бародарон, мехоҳам шумо бидонед, ки саргузашти ман боиси пешрафти зиёдтари башорат гардидааст,

13 Ба тавре ки занҷирҳои ман дар Исо ба тамоми сарбозхона ва ба ҳамаи дигарон машҳур шудааст,

14 Ва аксарияти бародарон аз занҷирҳои ман дар Худованд устувор гардида, ба андозаи бештар ҷасорат мекуананд, ки каломи Худоро нотарс мавъиза намоянд.

15 Дуруст аст, ки баъзе касон аз рўи ҳасад ва рақобат, ва баъзеи дигарон аз рўи хайрхоҳӣ Масеҳро мавъиза менамоянд,

16 Баъзеҳо аз рўи рақобат, на бо дили соф Масеҳро мавъиза менамоянд, ба гунони он ки гаронии занҷирҳои маро афзун мекунанд,

17 Вале дигарон аз рўи муҳаббат, чун медонанд, ки ман барои муҳофизат кардани башорат дар ин ҷо гузошта шудаам.

18 Хайр, чӣ мешавад? Масеҳро ба ҳар тарз, риёкорона ё самимона, мавъиза намоянд ҳам, ман аз ин шодам, ва шодӣ хоҳам кард,

19 Зеро медонам, ки ин боиси наҷоти ман хоҳад шуд, мувофиқи дуои шумо ва бо мадади Рўҳи Исои Масеҳ,

20 Ва ман яқин дорам ва умедворам, ки дар ҳеҷ хусус шарманда нахоҳам шуд, балки бо камоли ҷуръат ҳозир ҳам, чунон ки ҳамеша буд, Масеҳ дар ҷисми ман бузургӣ хоҳад ёфт, хоҳ дар ҳаёт бошад, хоҳ дар мамот.

21 Зеро ки барои ман ҳаёт Масеҳ аст, ва мамот фоида аст.

22 Аммо агар ба ҳасби ҷисм дар ҳаёт буданам ба кори ман самаре мебахшида бошад, пас намедонам, ки кадомашро интихоб намоям.

23 Ҳар дуяш ҳам маро ҷазб мекунад: орзу дорам, ки баромада равам ва ҳамроҳи Масеҳ бошам, чунки ин беандоза беҳтар аст;

24 Валекин дар ҷисм монднам барои шумо заруртар аст.

25 Ва ман аниқ медонам, ки хоҳам монд ва барои пешрафт ва шодии имони шумо бо ҳамаи шумо хоҳам буд,

26 То ки ҳамду санои шумо дар Исои Масеҳ ба воситаи ман афзунтар шавад, чун бори дигар назди шумо биёям.

27 Фақат ин ки муносиби башорати Масеҳ умр гузаронед, то ки ман хоҳ омада шуморо бинам, хоҳ аз шумо дур ошам дар бораи шумо бишнавам, ки шумо дар як рўҳ қоим буда, якдилона барои имони Инҷил ҷидду ҷаҳд менамоед,

28 Ва дар ҳеҷ хусус аз душманон наметарсам, ки ин барои онҳо аломати ҳалокат аст, вале барои шумо аломати наҷот аст, ва ин аз ҷониби Худост,

29 Зеро ба шумо ба хотири Масеҳ ато шудааст, ки ба Ў на танҳо имон оваред, балки барои Ў уқубат ҳам кашед,

30 Бо ҳамон корномае ки шумо дар ман дидаед ва ҳоло дар бораи ман мешунавед.

2

1 Пас, агар тасаллое дар Масеҳ бошад, агар хушнўдии муҳаббат бошад, агар алоқаи рўҳ бошад, агар марҳамат ва дилсўзӣ бошад,

2 Пас шодии маро пурра кунед, ба тавре ки дорои як фикр бошед, дорои як муҳаббат буда, якдил ва ҳамфикр бошед,

3 Аз рўи рақобат ё шўҳратпарастӣ ҳеҷ коре накунед, балки бо фурўтани якдигарро аз худ авло донед,

4 Ва ҳар яке на танҳо дар бораи худаш, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд.

5 Зеро дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд,

6 Ки Ў, бо вуҷуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт,

7 Балки Худро кам дониста, ба сурати ғуломи даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд,

8 Ва Худро фурўтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд.

9 Бонобар ин Худо низ Ўро сарфароз кард ва ба Ў номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст.

10 То  ки ба исми Исо ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, хам шавад,

11 Ва ҳар забон эътироф намояд, ки Исои Масеҳ Худованд аст барои ҷалоли Худои Падар.

12 Пас, эй маҳбубонам, модоме ки шумо ҳамеша фармонбардор будед, аз ин рў на танҳо дар ҳузури ман, балки боз ҳам зиёдтар алҳол дар вақти набудани ман, бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал оваред,

13 Зеро ки Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷўҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад.

14 Ҳар корро бе шиква ва шубҳа ба ҷо оваред,

15 То ки бенуқсон ва пок, фарзандони беайби Худо бошед, дар миёни насли саркаш ва фосид, ки дар он шумо мисли найирҳо дар ҷаҳон медурахшед,

16 Ва каломи ҳаётро нигоҳ доред, то ки ман дар рўзи Масеҳ фахр намоям, ки ман бар абас надавидаам ва бар абас меҳнат накардаам.

17 Лекин, агар ман қурбонии рехтание бар қурбонӣ ва ибодати имони шумо шавам ҳам, аз ин шодам ва бо ҳамаи шумо шодӣ мекунам;

18 Шумо низ аз ин шод бошед ва бо ман шодӣ кунед.

19 Ва дар Масеҳи Худованд умедворам, ки Тимотиюсро ба зуддӣ назди шумо фиристонам, то ки ман низ аз аҳволатон хабар ёфта, рўҳбаланд шавам.

20 Зеро каси дигаре мисли ў надорам, ки дар бораи шумо аз самими қалб ғамхорӣ мекарда бошад;

21 Чунки ҳама нафъи худро толибанд, на он чиро, ки ба Исои Масеҳ тааллуқ дорад.

22 Вале шумо бовафоии ўро медонед, чунки ў ба ман, мисли писар ба падар, дар башорат хизмат кардааст.

23 Пас, умедворам, ки ўро дарҳол равона кунам, чун бубинам, ки аҳволи ман чӣ мешавад;

24 Вале дар Худованд боварӣ дорам, ки худам низ ба зудӣ биёям.

25 Аммо лозим донистам, ки Эпафрўдитусро назди шумо баргардонам. Ў бародар ва ҳамкор ва ҳамсафари ман аст, ва шумо ўро чун элчӣ ва хизматгузор дар мўҳтоҷии ман фиристоад будед.

26 Чунки ў иштиёқманди дидори ҳамаи шумо буд ва бисьёр андўҳгин шуд аз он ки овозаи бемории ў ба гўши шумо расидааст.

27 Ҳақиқатан бемории ў марговар буд; лекин Худо ба ў марҳамат кард, ва нафақат ба ў, балки ба ман низ, то ки бар ғуссаи ман ғуссае зам нашавад.

28 Бинобар ин ба фиристодани ў шитоб намудам, то ки шумо ўро аз нав дида, хурсанд шавед, ва ғуссаи ман низ сабук гардад.

29 Пас ўро дар Худованд бо камоли хурсандӣ пазироӣ намоед, ва чунин одамонро қадрдонӣ кунед.

30 Зеро ки ў барои кори Масеҳ ба мурдан наздик буд ва ҷонашро дар зери хатар монд, то ки камии хизмати шуморо барои ман пур кунад.

3

1 Пас, эй бародаронам, дар Худованд шод бошед. Айни ҳамон нуқтаро ба шумо навиштанам барои ман гарон нест, лекин барои шумо қувватбахш аст.

2 Аз сагон эҳтиёт шавед, аз коркунони бад эҳтиёт шавед, аз хатна эҳтиёт шавед;

3 Зеро аҳли хатна моем, ки Худоро дар Рўҳ ибодат менамоем, ва бо Исои Масеҳ фахр мекунем, ва ба ҷисм эътимод надорем,

4 Гарчанде ки маро асосе ҳаст ба ҷисм ҳам эътимод дошта бошам. Агар каси дигар гумон кунад, ки метавонад ба ҷисм эътимод дошта бошад, ман бештар,

5 Ки ман дар рўзи ҳаштум махтун шудам, аз насли Исроил ҳастам, аз сибти Биньёмин, ибронӣ аз иброниён, аз ҷиҳати шариат фарисӣ,

6 Аз ҷиҳати ғайрат таъқибкунандаи Калисо, аз ҷиҳати адолати шаръӣ беайб.

7 Лекин он чи барои ман бартарӣ буд, ба хотири Масеҳ нуқсон донистам.

8 Ва ҳанўз ҳамаашро ба хотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ў ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам.

9 Ва дар Ў пайдо шавам, на бо адолати худ, ки аз шариат аст, балки бо он чи ба воситаи имон ба Масеҳ аст, яъне бо адолате ки аз Худо бар ҳасби имон аст,

10 То ки Ўро, ба қуввати эҳьёи Ўро, ва ширкати уқубатҳои Ўро дарк намоям ва дар мамоти Ў ба Ў монанд шавам,

11 Ба умеди он ки ба эҳьёи мурдагон бирасам.

12 На ин ки аллакай расида бошам, ё комил шуда бошам, балки саъю кўшиш менамоям, ки шояд ман ҳам бирасам, чунон ки Исои Масеҳ ба ман расидааст.

13 Эй бародарон, гумон намекунам, ки ман аллакай расида бошам, балки фақат як чизро мегўям: он чиро, ки дар қафост, аз хотир бароварда ва ба пеш ҳаракат карда,

14 Ман сўи мақсаде шитоб менамоям, ки фарҷоми ғолбонаи даъвати Худост аз арши аъло дар Исои Масеҳ.

15 Пас, ҳар касе аз мо, ки комил бошад, бояд ҳамин тавр фикр ронад; вале агар шумо фикри дигаре дошта бошед, Худо инро ҳам ба шумо ошкор хоҳад сохт.

16 Аммо ба ҳар чи мо расидаем, аз рўи он бояд рафтор кунем.

17 Эч бародарон, ба ман тақлид намоед ва ба касоне нигоҳ кунед, ки онҳо мувофиқи намунае ки дар мо доред, рафтор мекунанд.

18 Зеро бисьёр касон, ки дар бораи онҳо ба шумо борҳо гуфтаам, ва ҳоло низ бо гирья мегўям, ҳамчун душманони салиби Масеҳ рафтор мекунанд;

19 Фарҷоми онҳо ҳалокат аст, худои онҳо шикам аст, ва ҷалоли онҳо дар нанг аст: онҳо дар бораи чизҳои заминӣ фикр мекунанд.

20 Лекин иқоматгоҳи мо акнун дар осмон аст, ки аз он ҷо Исои Масеҳи Худовандро, ҳамчун Наҷотдиҳанда, интизор дорем,

21 Ки Ў ҷисми залили моро ба шабоҳати ҷисми ҷалили Ў бо амали ҳамон қуввате дигаргун хоҳад кард, ки бо он Ў ҳама чизро ба Худ тобеъ намуда метавонад.

4

1 Пас, эй бародарони маҳбуб ва матлуби ман, эй шодмонӣ ва тоҷи сари ман, дар Худованд ҳамин тавр истодагӣ намоед, эй маҳбубон.

2 Аз Авҳўдия илтимос мекунам ва аз Сунтихӣ илтимос мекунам, ки дар Худованд ҳамфикр бошанд.

3 Аз ту низ, эй ҳамкори самимӣ, хоҳишмандам, ки ба ин занон кўмак бирасонӣ, ки онҳо дар роҳи башорат бо ман ва бо Қлимис ва бо ҳамроҳони дигарам, ки номашон дар дафтари ҳаёт аст, ҷидду ҷаҳд кардаанд.

4 Ҳамеша дар Худованд шод бошед; боз мегўям: шод бошед.

5 Бигзор фурўтании шумо ба ҳамаи одамон машҳур гардад; Худованд наздик аст.

6 Ҳеҷ ғам нахўред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед,

7 Ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт.

8 Хуллас, эй бародарон, ҳар он чи рост аст, ва ҳалол аст, ва боинсоф аст, ва пок аст, ва хушоянд аст, ва шоёни таҳсин аст, ва ҳар эҳсон ва ҳамде ки бошад, дар бораи онҳо фикр кунед.

9 Он чи шумо дар ман омўхтаед, ва қабул кардаед, ва шунидаед, ва дидаед, онҳоро ба ҷо оваред, ва Худои осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд.

10 Ва ман дар Худованд бағоят шод шудам, ки аҳлол шумо ғамхории худро дар ҳаққи ман аз нав ривоҷ додаед; пештар ҳам шумо ғамхорӣ менамудед, вале вазъият мусоидат намекард.

11 На ин ки ба сабаби мўҳтоҷӣ мегуфта бошам; зеро ман ёд гирифтаам, ки бо он чи дорам, қаноат намоям:

12 Дар камбағалӣ ҳам зиста метавонам, дар фаровонӣ ҳам; дар ҳар чиз ва дар ҳар ҷо аз сар гузаронидани серӣ ва гуруснагӣ, фаровонӣ ва камиро ёд гирифтаам;

13 Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки моро қувват мебахшад.

14 Лекин хуб кардед, ки дар андўҳи ман шарик шудед.

15 Ва шумо, эй филиппиён, медонед, ки дар ибтидои башорат, вақте ки аз Мақдуния баромадам, ҳеҷ як калисо дар кори додану гирифтан бо ман шарикӣ накард, ба ғайр аз шумо;

16 Ҳатто ба Таслўникӣ шумо як-ду карат барои эҳтиёҷоти ман фиристодед.

17 На ин ки ман талабгори ҳадия бошам, балки толиби самаре ҳастам, ки ба фоидаи шумо биафзояд.

18 Ман ҳамаашро гирифтам ва ба қадри барзиёд дорам; ва ман аз ҳар чиз пур гаштам, вақте ки ҳадияи фиристодаи шуморо, ҳамчун бўи муаттар, ҳамчун қурбонии хуши писандидаи Худо, аз дасти Эпафрўдитус гирифтам.

19 Ва Худои ман ҳар эҳтиёҷи шуморо ба ҳасби сарвати ҷалоли Худ дар Исои Масеҳ пур хоҳад кард.

20 Худо, Падари моро то абад ҷалол бод, омин.

21 Ба ҳар як муқаддас дар Исои Масеҳ салом гўед. Бародароне ки бо ман мебошанд, ба шумо салом мегўянд.

22 Ҳамаи муқаддасон, алалхусус аз хонаи қайсар ба шумо салом мегўянд.

23 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод, омин.