1 Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории Масеҳ аст, ба муқаддасоне ки дар Эфсўс мебошанд ва дар Исои Масеҳ аминанд:
2 Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
3 Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки моро бо ҳар баракати рўҳоние ки дар афлок аст, дар Масеҳ баракат додааст,
4 Чунон ки моро пеш аз таъсиси ҷаҳон дар Ў баргузидааст, то ки ба ҳузури Ў дар муҳаббати муқаддас ва беайб бошем.
5 Моро пешакӣ муайян намудааст, ки ба василаи Исои Масеҳ бар тибқи салоҳдиди иродаи Худ, ба фарзандӣ қабул кунад,
6 Барои ҳамду санои ҷалоли файзи Худ, ки ба мо дар Маҳбуби Худ бо саховатмандӣ бахшидааст.
7 Дар Ў мо бо Хуни Ў фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ў пайдо кардаем,
8 Ки онро Ў ба мо ба фаровонӣ ато намуда, ҳамроҳи ҳар ҳикмат ва хирадӣ
9 Сирри иродаи Худро ба мо маълум кардааст, бар тибқи салоҳдиди Худ, ки пештар дар Ў барқарор намуд.
10 Вақте ки пурагии замонҳо муяссар гардад, Худо ҳама чизро, хоҳ дар осмон бошад, хоҳ дар зами, зери сардории Масеҳ, яъне дар Ў ҷамъ хоҳад кард.
11 Мо низ дар Ў, ки ҳама чизро бар тибқи азми иродаи Худ ба амал меоварад, мувофиқи таъиноти Ў пешакӣ муайян шуда будем.
12 То мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ҳамду сано ҷалоли Ў вуҷуд дошта бошем.
13 Дар Ў шумо низ, чун каломи ростиро, яъне башорати наҷоти худро шунидаед ва ба Ў имон овардаед, бо Рўҳулқудси мавъуд мўҳр зада шудаед,
14 Ва то замоне ки мулки Худо боз харида шавад, Он гарави мероси мост барои ҳамду санои ҷалоли Ў.
15 Бинобар ин ман низ, вақте ки аз имони шумо ба Исои Масеҳ ва аз муҳаббати шумо ба ҳамаи муқаддасон хабардор шудам,
16 Шукргузориро барои шумо бас намекунам ва шуморо дар дуоҳои худ ёд мекунам.
17 То ки Худои Исои Масеҳи Худованди мо, Падари ҷалол рўҳи ҳикмат ва ваҳйро барои шинохтани Ў ба шумо ато намояд,
18 Ва чашмони дили шуморо равшан созад, то шумо бидонед, ки умеди даъвати Ў аз чӣ иборат аст, ва сарвари ҷалоли мероси Ў барои муқаддасон чӣ гуна аст,
19 Ва бузургии қудрати Ў дар мо, ки имон дорем, чӣ гуна аз ҳад барун аст. Он қудрат аз рўи амали қуввати азими Ўст,
20 Ки дар Масеҳ амал кардааст, вақте ки Ўро аз мурдагон эҳьё намуд ва ба ямини Худ дар афлок шинонд.
21 Болотар аз ҳар сарварӣ, ва ҳукуматдорӣ, ва қудрат, ва салтанат, ва ҳар номе ки на танҳо дар ин олам балки дар олами оянда низ хонда мешавд,
22 Ва ҳама чизро зери пойҳои Ў тобеъ намуд, ва Ўро чун сари ҳама чиз ба Калисо дод,
23 Ки он Бадани Ўст, пуррагии Ўст, ки ҳама чизро дар ҳама пур мекунад.
1 Шумо ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед.
2 Дар онҳо шумо муофиқи давраи ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рўҳе ки ҳоло дар писарони исьён амал мекунад, зиндагӣ мекардед.
3 Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақте аз рўи шаҳвати ҷисми худ зиндагӣ карда, ҳавасҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан, мисли дигарон, фарзандони ғазаб будем.
4 Аммо Худои пур аз марҳамат, бар тибқи муҳаббати бузурге ки ба мо дорад,
5 Моро, агарчи аз рўи хатоҳо мурда будем, бо Масеҳ зинда кард, бо файз шумо наҷот ёфтаед,
6 Ва бо Ў моро бархезонд ва дар афлок дар Исои Масеҳ шинонд,
7 То ки дар асрҳои оянда сарвари беҳадди файзи Худро дар меҳрубоние ки ба мо дар Исои Масеҳ дорад, зоҳир намояд.
8 Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост,
9 Ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад.
10 Зеро ки мо офаридаи Ў ҳастем ва дар Исои масеҳ барои аъмоли нек, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо таъин намудааст, ба вуҷуд оварда шудаем.
11 Пас, дар хотир дошта бошед, ки як вақте ба ҳаби ҷисм шумо халқҳо будед, ва касоне ки махтун номида мешаванд, шуморо номахтун меномиданд, вале хатнаи онҳо ҷисмонист ва бо даси инсон ба амал оварда шудааст;
12 Дар он замон шумо бе Масеҳ, аз ҷамоати Исроил ҷудо ва нисбат ва аҳдҳои ваъда бегона будед, дар олами бе умед ва бе Худо будед.
13 Аммо акнун, дар Исои Масеҳ, шумо, ки як вақте дур будед, бо Хуни Масеҳ наздик шудаед.
14 Зеро ки Ў осоиштагии мост, ки ҳар дуро як гардонд ва девори ҷудогиро, яъне адоватро дар Бадани Худ хароб кард,
15 Ва шариати аҳкомро, ки аз амрҳо иборат буд, ботил намуд, то ки дар Худ аз ҳар ду як одами навро ба вуҷуд оварда, осоиштагӣ барқарор намояд,
16 Ва ба воситаи салиб дар як ҷисм ҳар дуро бо Худо оштӣ диҳад ва адоватро бикушад.
17 Ў ба шумо, ки дур будед, ва ба онҳое ки наздик буданд, омад, ва осоиштагиро башорат дод,
18 Зеро ба воситаи Ў ҳар дуи мо иҷозат дорем, ки дар як Рўҳ ба Падар наздик шавем.
19 Пас, шумо акнун на ғайр ҳастед ва на бегона, балки ҳамватани муқаддасонед ва аҳли хонаи Худо,
20 Ва бар асоси ҳаввориён ва анбиё барқарор гардидаед, ки Худи Исои Масеҳ санги зовия аст.
21 Бар Ў тамоми иморат маҳкам пайваст шуда, ба маъбади муқаддасе дар Худованд табдил меёбад,
22 Ва бар Ў шумо низ бино меёбед, то ки дар Рўҳ маскани Худо бошед.
1 Барои ҳамин ҳам ман, Павлус, ба хотири шумо, халқҳо, бандии Исои Масеҳ ҳастам.
2 Ҳамаи шумо дар бораи ваколати файзи Худо, ки ба ман барои шумо ато шудааст, шунидаед,
3 Яъне чӣ тавр ба василаи ваҳй сире ба ман маълум шудааст, ки дар бораи он мухтасаран дар боло навиштаам,
4 Ва шумо онро хонда, метавонед бифаҳмед, ки ман аз сирри Масеҳ чӣ қадар воқиф ҳастам.
5 Он дар наслҳои пешина ба банӣ-одам маълум нашуда буд, чунон ки ҳоло ба ҳаввориёни муқаддаси Ў ва ба анбиё ба василаи Рўҳ ошкор шудааст,
6 Ки халқҳо ҳамирси Исроил ва андоми ҳамон ҷисм ва шарикони ваъдаи онҳо дар Исои Масеҳ ба воситаи Инҷил ҳастанд.
7 Ман бар тибқи бахшоиши файзи Худо, ки ба ҳасби амали қуввати Ў ба ман ато шудааст, хизматгузори он гардидаам.
8 Агарчи ман хурдтарини ҳамаи муқадасонам, ин файз ба ман ато шудааст, ки сарвати беқиёси Масеҳро ба халқҳо башорат диҳам.
9 Ва ба ҳама равшан намоям, ки чист ваколати сирре ки аз азал ниҳон буд дар Худое ки ҳама чизро ба василаи Исои Масеҳ ба вуҷуд овард,
10 То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад,
11 Мувофиқи таъиноти азалӣ, ки онро Ў дар Худованди мо Исои Масеҳ ба амал овардааст,
12 Ки ба василаи Ў ва ба воситаи имони мо ба Ў иҷозат дорем бо ҷасорату эътимод наздик шавем.
13 Ба ин сабаб хоҳишмандам, ки аз боиси азобе ки ман аз барои шумо дорам, маъюс нашавед, ки он фахри шумост.
14 Биноабр ин ман зону мезанам назди Падари Худованди мо Исои Масеҳ,
15 Ки аз Ў ҳар хонавода дар осмон ва бар замин ном мегирад,
16 Ва илтимос мекунам, ки Худо бар тибқи сарвати ҷалоли Худ ато фармояд, ки шумо бо Рўҳи Ў дар одами ботин қавӣ ва мустаҳакам шавед,
17 Ба тавре ки Масеҳ ба василаи имон дар дилҳои шумо сокин гардад,
18 То ки шумо дар муҳаббат реша давонда ва устувор шуда, битавонед бо ҳамаи муқаддасон пай бурда дарк намоед, ки чист арзу тўл ва умқи баландии
19 Муҳаббати Масеҳ, ки аз идрок болотар аст, то ки бо тамоми пурагии Худо пур шавед.
20 Ўро, ки бо қуввате ки дар мо амал мекунад, қодир аст аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад,
21 Ўро дар Калисо ва дар Исои Масеҳ аз насл ба насл то абад ҷалол бод, омин.
1 Пас, ман, ки дар Худованд бандӣ ҳастам, аз шумо хоҳишмандам, ки муносиби мақоме ки ба он хонда шудаед, рафтор кунед,
2 Бо тамоми мулоимат ва фурўтанӣ ва пурсабрӣ якдигарро дар муҳаббат таҳаммул намоед,
3 Ва саъю кўшиш кунед, ки ягонагии Рўҳро дар иттифоқи осоиштагӣ нигоҳ доред:
4 Як Бадан ҳаст ва як Рўҳ, чунон ки шумо низ ба як умеди муайян даъват шудаед;
5 Як Худованд ҳаст, як имон, як таъмид,
6 Як Худо ва Падари ҳама, ки Ўро бар болои ҳама, ва ба воситаи ҳама, ва дар ҳама мебошад.
7 Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳ бахшида шудааст.
8 Бинобаар ин гуфта шудааст:’’Ба афроз сууд намуда, асиронро ба асирӣ бурд ва ба одамон бахшоишҳо дод’’
9 Ва ‘‘сууд намуд’’ гуфтан чист, ҷуз ин ки Ў пештар ба асфали замин нузул ҳам карда буд?
10 Он ки нузул карда буд, Ҳамон аст, ки болотар аз тамоми афлок сууд ҳам намуд, то ки ҳама чизро пур кунад.
11 Ў баъзеро ҳавворӣ, баъзеро анбиё, баъзеро башоратдиҳанда, баъзеро шубон ва муаллим таъин намуд,
12 Барои такмили муқаддасон ба кори ибодат, ба бинои Бадани Масеҳ,
13 То даме ки ҳамаамон ба ягонагии имон ва шиносоии Писари Худо, ба дараҷаи шахси комил, ба андозаи бузургии пурраи Масеҳ бирасем,
14 То ки мо дигар кўдаконе набошем, ки бо боди ҳар таълим калавонида ва ронда мешаванд, аз найрангбозии одамон, ки бо талбис дар иштибоҳ андохта, гумроҳ мекунанд,
15 Балки дар муҳаббат ростиро баён намуда, мо дар ҳар чиз ба Он ки Сар аст, яъне ба Масеҳ нумўъ ёбем.
16 Аз Ў тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тавқияткунанда мустаҳакам ва пайваст шуда, бо амали ҳар андоми ҷудогона ба андозаи хоси он, афзоиш меёбад, то ки худро дар муҳаббат бино кунад.
17 Пас, чунин мегўям ва дар Худованд шаҳодат медиҳам, ки шумо дигар он тавр рафтор накунед, ки бутпарастон аз рўи хаёлоти ҳеҷу пучи худ рафтор мекунанд.
18 Ақлашон тира гардида, онҳо аз ҳаёти Худо бегона шудаанд, ба сабаби ҷаҳолат ба дилсахтие ки ба онҳо хос аст.
19 Онҳо то ба дараҷаи лоуболӣ расида, ба фисқи фуҷур моил шудаанд, ба тавре ки ҳар кори зиштро бо рағбати тамом ба ҷо меоваранд.
20 Вале шумо Масеҳро ин тавр ёд нагирифтаед,
21 Дар сурате ки дар бораи Ў шунидаед ва дар Ў таълим гирифтаед, ба ҳасби ростие ки дар Исост,
22 Пас рафтори пештараи одами кўҳнаро, ки дар шаҳавоти дилфиреб фосид мешавад, аз худ дур кунед.
23 Ва хиради шумо бояд дар Рўҳ тоза шавад,
24 Ва одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар асолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед.
25 Бинбоар ин, кизбро аз худ дур карда, ҳар яке ба ёри худ рост гўед, чунки мо андоми якдигарем.
26 Агар хашмгин шуда бошед, хато накунед ва нагузоред, ки ғазаби шумо то ғуруби офтоб боқӣ бимонад;
27 Ва ба иблис ҷой надиҳед.
28 Касе ки дуздӣ кардааст, дигар дуздӣ накунад, балки меҳнат карда, бо дастҳои худ кори фоиданоке ба ҷо оварад, то чизе дошта бошад, ки ба эҳтиёҷманде бибахшад.
29 Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд, балки фақат сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад.
30 Ва Рўҳулқудси Худоро, ки бо Он ба интизори рўзи озодӣ мўҳр зада шудаед, андўҳгин накунед.
31 Ҳар гуна қудрат ва қаҳр, ва ғазаб ба фарьёд, ва бадгўӣ бизгзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад;
32 Балки ба якдигар меҳрубон ва дилсўз бошед ва якдигарро авф намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ авф намудааст.
1 Пас, чу фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед,
2 Ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо, ҳамчун ҳадия қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бўи муаттар таслим намуд.
3 Лекин зино ва ҳар гуна нопокӣ ва тамаъкорӣ набояд дар байни шумо ҳатто зикр ёбад, чунон ки ба муқаддасон муносиб аст;
4 Ҳамчунин алфози қабеҳ ва жожхоӣ ва масхарабозӣ, ки аз рўи одоб нест, набояд бошад, балки шукргузорӣ лозим аст;
5 Зеро инро яқин бидонед, ки ҳеҷ як зинокор, ё нопок, ё тамаъкор ки вай бутпараст аст, дар Малакути Масеҳ ва Худо мерос надорад.
6 Бигзор ҳеҷ кас шуморо бо суханони ботил фирефта накунад, зеро ки барои ин ғазаби Худо бар писарони исьён меояд.
7 Пас, шарики онҳо нашавед.
8 Зеро ки шумо як вақте зулмот будед, вале ҳоло нуре дар Худованд ҳастед: чун фарзандони нур рафтор кунед,
9 Чунки самари нур аз ҳар меҳрубонӣ, адолат ва ростӣ иборат аст;
10 Ва таҳқиқ кунед, то бидонед он чи, ки Худо меписандад, чист.
11 Ва дар аъмоли бесамари зулмот иштирок накунед, балки онҳоро фош намоед.
12 Зеро дар бораи корҳое ки онҳо пинҳонӣ мекунанд, сухан рондан ҳам нанговар аст.
13 Аммо ҳамаи ин фош гардида, дар рўшноӣ зоҳир мешавад, зеро ҳар он чи зоҳир мешавад, нур аст;
14 Бинобар ин гуфта шудааст:’’Эй ту, ки хоб рафтаӣ, бархез ва аз мурдагон эҳьё шав, ва Масеҳ бар ту нур хоҳад пошид’’.
15 Пас, бодиққат назар кунед, ки чӣ гуна рафтор менамоед, на чун бехирадон, балки чун хирадмандон,
16 Ва фурсатро ғанимат донед, чунки ин рўзҳо шарир аст.
17 Бинобар ин нодон набошед, балки дарк кунед, ки иродаи Худо чист.
18 Ва масти шароб нашавед, ки аз он фисқу фуҷур ба амал меояд; балки аз Рўҳ пур шуда,
19 Ба якдигар бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рўҳонӣ сухан гўед ва дар дилҳои худ барои Худованд бисароед ва тараннум намоед,
20 Ҳамеша барои ҳама чиз Худои Падарро ба исми Худованди мо Исои Масеҳ шукр гўед.
21 Дар тарси Худо мутеи якдигар шавед.
22 Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад,
23 Чунки шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари Калисо ва Наҷотдиҳандаи бадан аст;
24 Аммо, чӣ тавре ки Калисо ба Масеҳ тобеъ аст, ҳамон тавр зан низ бояд аз ҳар ҷиҳат ба шавҳарони худ тобеъ бошанд.
25 Эй шавҳарон, занони худро дўст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва Худоро аз барои он таслим намуд,
26 То ки онро ба ғусли об пок карда, ба воситаи калом тақдис намояд,
27 Ва ба ҳузури Худ Калисоро дар ҷалоле тақдим кунад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе монанди ин, балки муқаддас ва беай бошад.
28 Ҳамин тавр бояд шавҳарон занони худро мисли ҷисми худ дўст доранд: он ки зани худро дўст медошта бошад, худро дўст медорад.
29 Зеро ки ҳеҷ кас ҳаргиз ҷисми худро бад намебинад, балки онро ғизо медиҳад ва гарм мекунад, чунон ки Худованд низ Калисоро;
30 Чунки мо андоми Бадани Ў ҳастем, аз гўшти Ў ва аз устухонҳои Ў.
31 Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст, ва ҳар ду як тан хоҳанд буд.
32 Ин сир бузург аст вале ман нисбат ба Масеҳ ва Калисо сухан меронам.
33 Пас, бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дўст дорад, ва зан аз шавҳари худ битарсад.
1 Эй фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рўи инсоф аст.
2 ‘‘Падар ва модари худро иззат намо’’, ин аст ҳукми аввалин бо чунин ваъда:
3 ‘‘То ки некўаҳвол бошӣ ва бар замин умри дароз бинӣ’’.
4 Ва шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед.
5 Эй ғуломон, ба оғоёни башарии худ бо тарсу ларз ва бо соддадилӣ, мисли он ки ба Масеҳ бошад, итоат намоед,
6 На бо ҳозирхизматии зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон, балки ҳамчун ғуломони Масеҳ, ки иродаи Худоро аз таҳти дил ба ҷо меоваранд.
7 Ғайратмандона хизмат кунед, мисли он ки ба Масеҳ бошад, на ба одамон,
8 Зеро медонед, ки ҳар кас, хоҳ ғулом бошад, хоҳ озод, ба андозаи кори неке ки кардааст, аз Худованд мукофот хоҳад гирифт.
9 Ва шумо, эй оғоён, ба онҳо низ ҳамин тавр рафтор кунед, ва аз таҳдид даст кашед, ва бидонед, ки бар сари шумо ҳам дар осмон Оғое ҳаст, ва Ў рўйбинӣ надорад.
10 Ниҳоят, эй бародаронам, дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ў неруманд шавед.
11 Зиреҳи куллии Худоро дар бар кунед, то ки битавонед ба дасисаҳои иблис муқобилат намоед.
12 Чунки муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарварон, бар зидди ҳукуматдорон, бар зидди фармонравоёни ин олами зулмот аст, бар зидди қувваҳои рўҳии шарорат, ки дар афлок аст.
13 Бинобар ин, зиреҳи куллии Худоро бигиред, то ки дар рўзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагӣ карда тавонед.
14 Пас, бо ростӣ камар баста ва ҷавшани адолатро дар бар карда, биистед,
15 Ва пойафзоли омодагиро барои додани башорати осоиштагӣ ба пои худ бипўшед,
16 Дар айни ҳол сипари имонро бигиред, ки бо он ҳамаи тирҳои тафсони шарирро хомўш карда метавонед;
17 Ва хўди наҷотро бигиред, ба шамшери Рўҳро, ки каломи Худост;
18 Дар ҳар вақт дар Рўҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гўед, ва ҳушьёр ва босабот буда, ҳамеша дар бораи ҳамаи муқаддасон илтимос кунед,
19 Барои ман низ дуо гўед, то ба ман калом ато шавад, ки даҳон кушода, сирри башоратро боҷуръат баён намоям,
20 Ки барои он ман дар занҷирҳо вазифаи сафирро ба ҷо меоварам, то ки далерона ва ба таври бояду шояд сухан гўям.
21 Ва барои он ки шумо низ аз вазъиятам ва корҳоям воқиф шавед, Тўхиқўс, ки бародари маҳбуб ва хизматгузори амин дар Худованд аст, шуморо аз ҳар хусус хабардор хоҳад кард,
22 Ки ўро барои ҳамин назди шумо фиристодам, то ки аз вазъияти мо огоҳ бошед, ва ў дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад.
23 Бародаронро осоиштагӣ ва муҳаббат бо имон аз ҷониби Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд бод.
24 Бо ҳамаи онҳое ки ба Худованди мо Исои Масеҳ муҳаббати бефано доранд, файз бод, омин.