1 Павлуси ҳавворӣ, ки на аз ҷониби одамон ва на ба воситаи одамизод аст, балки ба василаи Исои Масеҳ ва Худои Падар, ки Ўро аз мурдагон эҳьё кардааст,
2 Ва ҳамаи бародароне ки бо ман мебошанд, ба калисоҳои Ғалотия:
3 Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бар шумо бод,
4 Ки Худро барои гуноҳҳои мо дод, то ки моро аз ин олами шарир, мувофиқи иродаи Падари мо, халос кунад,
5 Ки Ўро то абад ҷалол бод, омин.
6 Тааҷҷуб менамоям, ки ин қадар зуд шумо аз Он ки шуморо ба файзи Масеҳ даъват намудааст, баргашта, ба башорати дигаре мегузаред,
7 Ки он на дигарест, балки фақат баъзе касон ҳастанд, ки шуморо ба изтироб меандозанд ва башорати Масеҳро таҳриф кардан мехоҳанд.
8 Лекин агар ҳатто мо ё фариштае аз осмон Инҷиле бар хилофи он чи мо ба шумо башорат додаем, ба шумо башорат диҳад, малъун бод.
9 Чунон ки мо пештар гуфта будем, ҳозир ҳам боз мегўям: агар касе бар хилофи он чи қабул кардаед, ба шумо башорат диҳад, малъун бод.
10 Оё ман алҳол назди одамон ҳусни таваҷҷўҳ меҷўям, ё назди Худо? Оё саъю кўшиш менамоям дили одамонро ёбам? Агар ман ҳанўз дили одамонро меёфтам, бандаи Масеҳ намебудам.
11 Ба шумо, эй бародарон, эълон мекунам: Инҷиле ки ман башорат додаам, аз они одамизод нест;
12 Зеро ки ман онро на аз одамизод қабул кардаам ва таълим гирифтаам, балки ба василаи ваҳйи Исои Масеҳ.
13 Зеро шумо тарзи ҳаёти пештараи маро дар миёни яҳудиён шунидаед, ки ман Калисои Худоро аз ҳад зиёд таъқиб менамудам, ва онро несту нобуд мекардам,
14 Ва дар дини яҳудӣ дар авлодам назар ба бисьёр ҳамсолони худ бештар комьёб будам, дар ҳолате ки барои ривоятҳои падаронам ниҳоятдараҷа ғайрат мекардам.
15 Аммо ҳангоме ки Худо, ки маро аз батни модарам баргузида, бо файзи Худ даъват кардааст, таваҷҷўҳ намуд,
16 Ки Писари Худро дар ман ошкор созад, то ки Ўро дар миёни халқҳо башорат диҳам, ман он вақт бо ҷисми худ машварат накардам,
17 Ва ба Ерусалим назди онҳое ки пеш аз ман ҳавворӣ буданд, нарафтам, балки ба Арабистон равона шудам ва боз ба Димишқ баргаштам.
18 Сонӣ, пас аз се сол, ба Ерусалим барои дидани Петрус рафтам ва понздаҳ рўз назди ў истодам.
19 Аз ҳаввориён, ғайр аз Яъқуби бародари Худованд, каси дигарро надидаам.
20 Ва он чи ба шумо менависам, инак, ба ҳузури Худо, дурўғ намегўям.
21 Пас аз он ман ба кишварҳои Сурия ва Қилиқия равона шудам.
22 Аммо калисоҳои Масеҳ дар Яҳудо маро шахсан намешинохтанд,
23 Балки фақат шунида буданд, ки ҳамон шахсае ки як вақте онҳоро таъқиб менамуд, ҳоло имонеро башорат медиҳад, ки пештар онро несту нобуд мекард,
24 Ва Худоро ба хотири ман маҳд мегуфтанд.
1 Сонӣ ман, пас аз чордаҳ сол, бо Барнаббо боз ба Ерусалим рафтам, Титусро низ бо худ бурдам.
2 Ба он ҷо аз рўи ваҳй равона шудам ва ба онҳо ва алоҳида ба шахсоне ки соҳибэътибор буданд, он башоратро, ки дар миёни халқҳо мавъиза менамудам, баён кардам: мабодо бар абас бидавам ё давида бошам.
3 Аммо Титус низ, ки ҳамроҳи ман буд, бо вуҷуди юнонӣ будабнаш, маҷбур нашуд, ки махтун гардад:
4 Аз боиси бародарони козиби ба миёни мо сар даровардае ки барои дидани озодие ки мо дар Масеҳ дорем, ба таври пинҳонӣ омада буданд, то ки моро ғулом гардонанд:
5 Мо ба онҳо як соат ҳам гузашт накардем ва итоат нанамудем, то ки ростии башорат дар шумо маҳфуз дошта шавад.
6 Ва онҳое ки ба назари касе соҳибэътибор буданд, онҳо ягон вақт ҳар чӣ хел бошанд ҳам, барои ман аҳамияте надорад; Худо ба рўи кас нигоҳ намекунад, ин соҳибэътиборон ба зиммаи ман ҳеҷ чизе нагузоштанд;
7 Балки, баръкс, чун диданд, ки башорат барои номахтунон ба ман супурда шудааст, чунон ки барои махтунон ба Петрус,
8 Зеро Он ки ба Петрус дар ҳавворияташ назди махтунон мадад карда буд, ба ман низ назди халқҳо мадад кардааст,
9 Ва чун Яъқуб ва Кифо ва Юҳанно, ки эътибори арконро доштанд, аз файзе ки ба ман ато шудааст, вуқуф ёфтанд, дасти ширкат ба ман ва Барнаббо доданд, то ки мо назди халқҳо биравем, ва онҳо назди махтунон;
10 Фақат ин ки мо бенавоёнро дар хотир нигоҳ дорем, ва ман иштиёқманд будам, ки маҳз ҳаминро ба ҷо оварам.
11 Аммо вақе ки Петрус ба Антиёхия омад, ман шахсан ба ў мухолифат кардам, чунки ў айбдор буд.
12 Зеро, пеш аз он ки баъзе касон аз ҷониби Яъқуб биёянд, ў бо ғайрияҳудиён хўрок мехўрд; лекин вақте ки онҳо омаданд, аз тарси махтунон худро дур кашид ва канорагирӣ кард.
13 Бо якҷоягии ў яҳудиёни дигар ҳам риёкорӣ карданд, ба тавре ки Барнаббо низ саргарми риёкории онҳо шуд.
14 Аммо, чун дидам, ки онҳо мувофиқи ростии Инҷил рафтори рост намекунанд, дар ҳузури ҳама ба Кифо гуфтам:’’Агар ту яҳудӣ ҳастӣ, на ба тариқи яҳудиён балки ба тариқи ғайрияҳудиён зиндагӣ мекунӣ, чаро ғайрияҳудиёнро маҷбур менамоӣ, ки ба тариқи яҳудиён рафтор кунанд?
15 Мо табиатан яҳудӣ ҳастем, на ин ки гуноҳкороне аз байни ғайрияҳудиён;
16 Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли шариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем, на ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд.
17 Аммо агар, дар Масеҳ сафед шудан хоста, худамон ҳам гуноҳкор бароем, наход ки Масеҳ хизматгори гуноҳ бошад? Ба ҳеҷ сурат!
18 Зеро, агар ман он чиро, ки хароб кардаам, аз нав ба вуҷуд оварам, ман худро ҷинояткор мегардонам’’.
19 ‘‘Зеро ки ман ба воситаи шариат ба шариат мурдаам, то ки барои Худо зиндагӣ кунам.
20 Ман бо Масеҳ маслуб шудаам. Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ў маро дўст дошт ва Худро барои ман таслим кард.
21 Файзи Худоро ботил намекунам; зеро, агар сафед шудан ба воситаи шариат бошад, Масеҳ бар абас мурдааст’’.
1 Эй ғалотиёни бефаҳм! Кӣ шуморо ба васваса андохт, ки аз ростӣ сар тобед, дар сурате ки пеши назари шумо Исои Масеҳи маслуб тасвир ёфтааст?
2 Фақат инро аз шумо фаҳмидан мехоҳам: оё шумо Рўҳро аз аъмоли шариат қабул кардаед, ё ки аз мавъизаи имон?
3 Оё он қадар шумо нофаҳм ҳастед, ки бо Рўҳ сар карда, алҳол бо ҷисм анҷом медиҳед?
4 Оё бар абас ин қадар заҳмат кашидаед? Тасаввур намекунам.
5 Пас, Он ки Рўҳро ба шумо мебахшад ва дар миёни шумо мўъҷизот ба амал меоварад, оё инро ба воситаи аъмоли шариат мекунад ё ки ба воситаи мавъизаи имон?
6 Чунончи, Иброҳим ба Худо имон овар, ва ин барои ў адолат ҳисоб карда шуд.
7 Пас бидонед, ки аҳли имон фарзандони Иброҳим ҳастанд.
8 Ва Навиштаҳо чун пешбинӣ намуд, ки Худо халқҳоро ба воситаи имон сафед мекунад, пешакӣ ба Иброҳим башорат дода гуфт:’’ Дар ту ҳамаи халқҳо баракат хоҳанд хост’’.
9 Бинобар ин аҳли имон бо Иброҳими имондор баракат мехоҳанд,
10 Лекин тамоми аҳли аъмоли шариат зери дасти лаънат мебошанд; зеро ки навишта шудааст:“Маълун аст ҳар касе ки ҳар чизи дар китоби шариат навишташударо доимо ба ҷо намеоварад“.
11 Ва ин ки ҳеҷ кас ба воситаи шариат ба ҳузури Худо сафед намешавад, ин равшан аст, чунки одил ба воситаи имон зиндагӣ хоҳад кард.
12 Аммо шариат аз имон нест, вале касе ки онро ба ҷо меоварад, бо он зиндагӣ хоҳад кард.
13 Масеҳ моро аз лаънати шариат фидия дода гирифта, барои мо лаънат гардид, зеро ки навишта шудааст:“Малъун аст ҳар касе ки ба дор овехта шудааст“.
14 То ки баракати Иброҳим ба василаи Исои Масеҳ ба ғайрияҳудиён татбиқ шавад, барои он ки ваъдаи Рўҳро мо ба воситаи имон пайдо кунем.
15 Эй бародарон! Ба тариқи одамизод сухан меронам: ҳатто васиятеро, ки одамизод тартиб дода бошад, ҳеҷ кас ботил намекунад ва чизе ба он илова наменамояд.
16 Лекин ваъдаҳо ба Иброҳим ва ба насли ў дода шудааст. Нагуфтааст:’’Ва ба наслҳои ту’’, гўё ки дар бораи бисьёре, балки дар бораи яке:’’Ва ба насли ту’’, ки он Масеҳ аст.
17 Ва ман чунин мегўям: аҳдеро, ки Худо пештар дар бораи Масеҳ муқарар намудааст, шариат, ки баъд аз чорсаду сӣ соли он пайдо шуд, ботил намекунад, ба тавре ки ваъда аз байн равад.
18 Зеро, агар мерос аз рўи шариат бошад, он дигар аз рўи ваъда нахоҳад буд; аммо Худо онро аз рўи ваъда ба Иброҳим ато намудааст.
19 Пас, шариат барои чист? Он баъдтар аз боиси ҷиноятҳо дода шудааст, то вақти омадани насле ки ваъда ба Ў дахл дорад, ва он ба воситаи фариштаҳо бо дасти миёнарав фармоиш карда шудаааст.
20 Аммо миёнарав назди як намешавад, вале Худо як аст.
21 Пас, оё шариат ба ваъдаҳои Худо мухолиф аст? Ба ҳеҷ сурат! Зеро, агар шариате дода мешуд, ки қобили ҳаётбахшӣ бошад, адолат ҳақиқатан аз шариат мебуд;
22 Аммо Навиштаҳо ҳама чизро зери дасти гуноҳ банд кардааст, то ки ба воситаи Исои Масеҳ ваъда ба имондорон ато шавад.
23 Аммо пеш аз омадани имон зери дасти посбонии шариат банд будем, то даме ки имон мебоист зоҳир мешуд.
24 Пас, шариат асокаши мо сўи Масеҳ гардид, то ки ба воситаи имон сафед шавем;
25 Аммо вақте ки имон омад, мо дигар зери дасти асокаш нестем.
26 Зеро ки ҳамаи шумо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ писарони Худо ҳастед;
27 Зеро ҳамаи шумо, ки дар Масеҳ таъмид ёфтаред, Масеҳро дар бар кардаед.
28 Дигар на яҳудӣ ҳаст, на юнонӣ; на ғулом ҳаст, на озод; на мард ҳаст, на зан; зеро ки ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ як ҳастед.
29 Ва агар шумо аз они Масеҳ бошед, пас насли Иброҳим ҳастед, ворисони мувофиқи ваъда.
1 Аммо мегўям: ворис то даме ки кўдак аст, аз ғулом ҳеҷ фарқ надорад, гарчанде ки оғои ҳама аст:
2 Балки зери дасти васиён ва амалдорон аст, то мўҳлате ки падараш муайн намудааст.
3 Ҳамчунин мо, то даме ки кўдак будем, ғуломи аносири ҷаҳон будем;
4 Вале ҳамин ки пуррагии замон даррасид, Худо Писари Худро фиристод, ки Ў аз зан таваллуд ёфта, зери дасти шариат буд,
5 То барои онҳое ки зери дасти шариат буданд, фидия диҳад, то ки мо ба писарӣ қабул шавем.
6 Ва азбаски шумо писар ҳастед, Худо ба дилҳои шумо Рўҳи Писари Худро фиристодааст, ки нидо мекунад:“Або, эй Падар!’’.
7 Бинобар ин ту дигар ғулом нестӣ, балки писарӣ; ва агар писар бошӣ, вориси Худо низ ба василаи Масеҳ ҳастӣ.
8 Лекин дар он замон, ки Худоро намешинохтед, шумо онҳоеро ибодат мекардед, ки аслан худо набуданд;
9 Аммо алҳол, ки Худоро мешиносед, ва илова бар он, Худо шуморо мешиносад, чӣ гуна сўи он аносири заифу фақир баргашта, худро боз ба онҳо ғулом кардан мехоҳед?
10 Рўзҳо, моҳҳо, фаслҳо ва солҳоро риоя мекунед.
11 Аз шумо хавотир дорам, ки мабодо дар миёни шумо беҳуда меҳнат карда бошам.
12 Эй бародарон, аз шумо хоҳишмандам, ки мисли ман бошед, чунки ман ҳам мисли шумо ҳастам; шумо маро ҳеҷ озор надодаед:
13 Шумо медонед, ки ман дар заъфи ҷисм ба шумо дафъаи аввал башорат додам;
14 Ва шумо аз озмоиши ман, ки дар ҷисми ман аст, нафрат накардед ва каҳорат надоштед, балки маро мисли фариштаи Худо, мисли Исои Масеҳ пазироӣ намудед.
15 Пас куҷост он саодати шумо? Зеро ба шумо гувоҳӣ медиҳам, ки агар имконпазир мебуд, чашмони худро канда гирифта, ба ман медодед.
16 Пас, наход ки ба шумо рости гапро гуфта, душмани шумо шуда бошам?
17 Онҳо барои шумо ба некӣ ғайрат намекунанд, балки шуморо ҷудо кардан мехоҳанд, ки шумо барои онҳо ғайрат кунед.
18 Дар кори хайр ҳамеша ғайрат кардан хуб аст, на танҳо вақте ки ман назди шумо бошам.
19 Эй фарзандони ман, ки барои таваллудатон ман аз нав азоб мекашам, тод аме ки дар шумо Масеҳ сурат бандад!
20 Хоҳиш доштаам, ки ҳоло назди шумо бошам ва овози худро тағьир диҳам, зеро ки дар хусуси шумо дар ҳайрат мондаам.
21 Шумо, ки мехоҳед зери дасти шариат бошед, ба ман бигўед, ки магар шумо ба шариат гўш наменамоед?
22 Зеро ки навишта шудааст:’’Иброҳим ду писар дошт, яке аз каниз ва дигаре аз зани озод’’.
23 Лекин он ки аз каниз буд, ба ҳасби ҷисм таваллуд ёфтааст, ва он ки аз зани озод буд, ба ҳасби ваъда.
24 Ин кинояомез аст, зеро ки ин ду аҳд аст: яке аз кўҳи Сино, ки барои ғуломӣ мезояд, ва ин Ҳоҷар аст,
25 Зеро ки Ҳоҷар кўҳи Сино дар Арабистон аст ва ба Ерусалими ҳозира мувофиқ меояд, зеро ки он бо фарзандони худ дар ғуломӣ мебошад;
26 Аммо Ерусалими арши аъло озод аст, ки он модари ҳамаи мост;
27 Зеро ки навишта шудааст:’’Шод бош, эй нозой, ки назоидаӣ; хурсандӣ ва нидо бикун, ки дарди зоиш накашидаӣ; зеро фарзандони зане ки партофта шудааст, назар ба шавҳардор зиёдтаранд’’.
28 Вале мо, эй бародарон, мисли Исҳоқ, фарзандони ваъда ҳастем.
29 Аммо чӣ тавре ки он вақт ба ҳасби ҷисм таваллуд ёфта ба ҳасби Рўҳ таваллуд ёфтаро пеш мекард, алҳол низ ҳамин тавр аст.
30 Аммо Навиштаҳо чӣ мегўяд? ‘‘Каниз ва писари ўро пеш кун, зеро писари каниз бо писари зани озод мерос нахоҳад гирифт’’.
31 Хуллас, эй бародарон, мо фарзандони каниз нестем, балки фарзандони зани озодем.
1 Пас, дар озодие ки Масеҳ моро барои он озод кардааст, устувор истед ва аз нав гирифтори юғи ғуломӣ нашавед.
2 Инак, ман, Павлус, ба шумо мегўям: агар махтун мешуда бошед, Масеҳ ба шумо ҳеҷ нафъ намебахшад.
3 Ва ман боз ба ҳар каси махтуншабанда шаҳодат медиҳам, ки ў бояд тамоми шариатро ба ҷо оварад.
4 Шумо ки худро ба шариат сафед мекунед, аз Масеҳ ҷудо шудаед, аз файз маҳрум гардидаед.
5 Зеро ки мо ба воситаи Рўҳ аз имон мунтазири ҳамон адолатем, ки онро умедворем.
6 Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамият дорад ва на номахтунӣ, балки имоне ки бо муҳаббат амал мекунад.
7 Нағз медавидед: кӣ шуморо аз итоати ростӣ боздошт?
8 Ин таъсир аз ҷониби Даъваткунандаи шумо нест.
9 Андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад.
10 Ман ба шумо да Худованд эътимод дорам, ки ҳеҷ фикри дигаре нахоҳед дошт, ва касе ки шуморо ба изтироб меандозад, ҳар кӣ бошад ҳам, маҳкум хоҳад шуд.
11 Валекин, эй бародарон, агар ман ҳозир ҳам хатнаро мавъиза мекарда бошам, чаро ҳанўз гирифтори таъқибот мешавам? дар он сурат васвасаи салиб ботил мешуд-ку!
12 Кошки онҳое ки шуморо ба изтироб меандозанд, аз байн бурда мешуданд!
13 Зеро ки шумо, эй бародарон, ба озодӣ даъват шудаед, фақат ин ки озодӣ баҳонае барои ҳавасҳои ҷисм нашавад, балки ба якдигар бо муҳаббат хизмат кунед.
14 Зеро ки тамоми шариат аз як калима иборат аст, чунончи:’’Ёратро мисли худат дўст бидор’’.
15 Аммо агар шумо якдигарро газида, мехўрда бошед, эҳтиёт шавед, ки мабодо аз дасти якдигар несту нобуд гардед.
16 Вале ман мегўям: бар тибқи Рўҳ рафтор кунед, ва шумо ҳавасҳои ҷисмро ба амал нахоҳед овард:
17 Зеро ки ҷисм хилофи Рўҳро хоҳон аст, ва Рўҳ хилофи ҷисмро: онҳо зидди якдигаранд, ба тавре ки шумо он чи мехостед, намекунед.
18 Лекин агар роҳнамоятон Рўҳ бошад, зери дасти шариат нестед.
19 Корҳои ҷисм маълум аст, ки инҳост: фисқ, зино, нопокӣ, фуҷур,
20 Бутпарастӣ, ҷодугарӣ, адоват, хархаша, ҳасад, хашм, ҷидол, ихтилоф, бидъатҳо,
21 Нафрат, қатлҳо, бадмастӣ, бетартибӣ ва монанди ин; шуморо пешкӣ огоҳ менамоям, чунон ки пештар ҳам огоҳ намудаам, ки кунандагони чунин корҳо Малакути Худоро мерос нахоҳанд гирифт.
22 Аммо самари Рўҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон,
23 Фурўтанӣ, парҳезгорӣ. Ба инҳо шариат муқобил нест.
24 Лекин онҳое ки ба Масеҳ тааллуқ доранд, ҷисмро бо ҳирсҳо ва ҳавасҳояш маслуб кардаанд.
25 Агар мо бар тибқи Рўҳ зиндагӣ мекарда бошем, бояд бар тибқиРўҳ рафтор ҳам кунем:
26 Ҳавобаланд нашавем, якдигарро асабонӣ накунем, аз якдигар ҳасад набарем.
1 Эй бародаарон, агар касе гирифтори хатое шавад, шумо, рўҳониён, ўро дар рўҳи фурўтанӣ ислоҳ кунед, ва ҳар кас аз худаш бохабар бошад, ки мабодо ба озмоиш дучор шавад.
2 Борҳои якдигарро бардоред, ва ба ҳамин тариқ шариати Масеҳро иҷро хоҳед кард.
3 Зеро касе ки худро чизе ҳисоб мекунад, дар сурате ки ҳеҷ аст, вай худро фиреб медиҳад.
4 Бигзор ҳар кас амали худро имтиҳон намояд, ва он гоҳ фақат дар худ фахр хоҳад дошт, на дар дигаре;
5 Зеро ҳар кас бори худро хоҳад бардошт.
6 Он ки бо каломи Худо насиҳат дода мешавад, бигзор насиҳатдиҳандаро дар ҳар нозу неъмат шарик созад.
7 Фирефта нашавед: Худо намегузорад, ки Ўро тамасхур кунад. Зеро ки он чи одамизод мекорад, ҳамонро хоҳад даравид:
8 Касе ки барои ҷисми худ мекорад, аз ҷисм фаноро хоҳад даравид, ва касе ки барои Рўҳ мекорад, аз Рўҳ ҳаёти ҷовидониро хоҳад даравид.
9 Ва мо некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем.
10 Аз ин рў, то даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем, алалхусус ба аҳли имони худ.
11 Бубинед, чӣ гуна калон аст мактубе ки ба шумо бо дасти худ навиштаам.
12 Онҳое ки ба ҳасби ҷисм фахр намудан мехоҳанд, шуморо ба махтун шудан водор менамоянд, фақат барои он ки аз боиси салиби Масеҳ ба таъқибот гирифтор нашаванд;
13 Зеро ки худи махтуншавандагон ҳам шариатро риоя намекунанд, лекин мехоҳанд, ки шумо махтун шавед, то ки бо ҷисми шумо фахр намоянд.
14 Ва ман, ҳошо ва калло, ки фахр намоям, магар ин ки фақат бо салиби Худованди мо Исои Масеҳ, ки ба воситаи он ҷаҳон барои ман маслуб шудааст, ва ман барои ҷаҳон.
15 Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамияте дорад ва на номахтунӣ, балки махлуқи нав.
16 Ва онҳое ки мувофиқи ҳамин қоида рафтор мекунанд, осоиштагӣ ва марҳамат бар онҳо бод, ва бар Исроили Худо!
17 Минбаъд бигзор ҳеҷ кас маро уқубат надиҳад, зеро ки ман ҷароҳатҳои Исои Худовандро дар бадани худ дорам.
18 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо рўҳи шумо бод, эй бародарон, омин.