1

1 Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории даъватшудаи Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Сўстинис,

2 Ба калисои Худо, ки дар Қуринтўс воқеъ аст, ба муқаддасони даъватшуда, ки дар Исои Масеҳ тақдис гардидаанд, бо ҳамаи онҳое ки дар ҳар ҷо исми Худованди мо Исои Масеҳро мехонанд, ки Ў Худованди онҳо ва мост,

3 Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.

4 Худои худро ҳамеша барои шумо шукр мегўям, барои файзи Худо, ки ба шумо дар Исои Масеҳ ато шудааст,

5 Чунки дар Ў шумо аз ҳар чиз: аз ҳар сухан ва аз ҳар дониш бой шудаед,

6 Зеро шаҳодати Масеҳ дар шумо барқарор гардидааст,

7 Ба тавре ки шумо аз ҳеҷ лаёқат норасогӣ надоред, модоме ки мунтазири зуҳури Худованди мо Исои Масеҳ мебошед,

8 Ки Ў низ шуморо то ба охир устувор хоҳад кард, то ки дар рўзи Худованди мо Исои Масеҳ беайб бошед.

9 Амин аст Худое ки шуморо ба ширкати Писари Худ Исои Масеҳи Худованди мо даъват намудааст.

10 Аз шумо, эй бародарон, ба исми Худованди мо Исои Масеҳ илтимос мекунам, ки ҳамаатон айни як суханро гўед, ва дар байни шумо ҷудогие набошад, балки шумо дар як рўҳ ва дар як фикр муттаҳид бошед.

11 Зеро ки аз аҳли байти Хлўо ба ман дар бораи шумо эй бародарон, маълум шудааст, ки дар байнатон баҳсу мунозира вуҷуд дорад.

12 Ман онро дар назар дорам, ки ҳар яке аз шумо мегўяд:“Ман аз они Павлус ҳастам“; „Ман аз он Апўллўс“; „Ман аз они Кифо“; „Ман аз они Масеҳ“.

13 Оё Масеҳ аз ҳам ҷудо шудааст? Оё Павлус барои шумо маслуб гардидааст? Ё ки шумо ба исми Павлус таъмид ёфтаед?

14 Худоро шукр мегўям, ки ман ҳеҷ яке аз шуморо, ба ғайр аз Криспус ва ўоюс, таъмид надодаам,

15 То касе нагўяд, ки ман ўро ба исми худ таъмид додаам.

16 Ман инчунин аҳли байти Истефанусро таъмид додаам; ҷуз инҳо дар хотир надорам, ки каси дигареро таъмид дода бошам.

17 Зеро Масеҳ маро нафиристодааст, ки таъмид диҳам, балки башорат диҳам, на дар ҳикмати калом, то ки салиби Масеҳ ботил нашавад.

18 Зеро паёми салиб барои гирифторони ҳалокат ҷаҳолат аст, вале барои мо, ки дар роҳи наҷот ҳастем, қуввати Худост.

19 Зеро навишта шудааст:“Ҳикмати ҳакимонро ба ҳалокат хоҳам расонд ва ақли оқилонро нопадид хоҳам кард“.

20 Куҷост ҳаким? Куҷост китобдон? Куҷост воизи ин ҷаҳон? Оё Худо ҳикмати ин ҷаҳонро ба ҷаҳолат табдил надодааст?

21 Зеро, дар ҳикмати Худо, модоме ки ҷаҳон бо ҳикмати худ Худоро нашинохт, Худо салоҳ донист, ки ба воситаи ҷаҳолати мавъиза имондоронро наҷот диҳад,

22 Зеро ки яҳудиён мўъҷизот металабанд, ва юнониён ҳикмат меҷўянд;

23 Лекин мо Масеҳи маслубшударо мавъиза мекунем, ки барои яҳудиён васваса ва барои юнониён ҷаҳолат аст.

24 Аммо барои худи даъватшудагон, чи яҳудиён, чи юнониён, Масеҳро мавъиза мекунем, ки Ў қуввати Худост ва ҳикмати Худост;

25 Чунки ҷаҳолати Худо аз ҳикмати одамон пурҳикматтар аст, ва нотавонони Худо аз қуввати одамон тавонотар аст.

26 Зеро, эй бародарон, бингаред, ки шумо, вақте ки даъват шудед, чӣ будед: бисьёр ба ҳасби ҷисм ҳаким нестед, бисьёр тавоно нестед, бисьёр наҷиб нестед;

27 Лекин Худо ҷоҳилони ҷаҳонро баргузид, то ки ҳакимонро шарманда кунад, ва нотавонони ҷаҳонро баргузид, то ки тавонгаронро шарманда кунад;

28 Ва Худо бекасони ҷаҳон ва ҳақиронро, ва он чиро, ки номавҷуд аст, баргузид, то ки мавҷудро ботил кунад,

29 Барои он ки ҳеҷ ҷисме дар пеши Худо фахр накунад.

30 Ва аз Ў шумо дар Исои Масеҳ ҳастед, ки барои мо ҳикмате аз ҷониби Худо, яъне адолат ва қудсият ва кафорат шудааст,

31 То, чунон ки навишта шудааст,’’фахркунанда бигзор ба Худованд фахр кунад’’.

2

1 Ва ҳангоме ки ман, эй бародарон, назди шумо омадам, на бо фазилати калом ё ҳикмати одам, то шаҳодати Худоро ба шумо эълон намоям,

2 Зеро ман қарор додам, ки дар миёни шумо, ба ҷуз Исои Масеҳ, он ҳам Исои Масеҳи маслубшуда, чизе надонам;

3 Ва ман дар заъф ва дар тарсу ларзи бузурге назди шумо будам,

4 Ва калому мавъизаи ман на дар суханони исботкоронаи ҳикмати инсон, балки дар зуҳури рўҳ ва қувват буд,

5 То ки имони шумо на бар ҳикммати инсон, балки бар қуввати Худо қарор ёбад.

6 Аммо дар бораи ҳикмат мо дар миёни комилон сухан меронем, вале на дар бораи ҳикмати ин ҷаҳон ва мирони ҷаҳон, ки фано хоҳанд шуд,

7 Балки дар бораи ҳикмати Худо маҳрамона сухан меронем, дар бораи ҳикмати ниҳоние ки Худо аз азал барои ҷалоли мо муқарар кардааст,

8 Ки онро ҳеҷ яке аз мирони ин ҷаҳон надонист; зеро, агар медонистанд, Худованди ҷалолро маслуб намекарданд.

9 Аммо, чунон ки навишта шудааст:“Он чиро, ки чашме надидааст, гўше нашунидааст ва ба дили инсон наомадааст, Худо барои дўстдорони Худ муҳайё кардааст“.

10 Вале ба мо Худо онро ба воситаи Рўҳи Худ ошкор сохтааст; зеро ки Рўҳ ҳама чизро, ҳатто умқҳои Худоро пай мебарад.

11 Зеро кист аз одамон, ки ботини инсонро бидонад, ба ҷуз рўҳи инсон, ки дар ўст? Ҳамчунин он чиро, ки дар Худо ҳаст, ҳеҷ кас намедонад, ба ҷуз Рўҳи Худо.

12 Лекин мо на рўҳи ин ҷаҳонро, балки Рўҳеро қабул кардаем, ки аз Худост, то он чиро, ки Худо ба мо ато кардааст, бидонем,

13 Ва инро на бо суханоне ки ҳикмати инсон таълим додааст бидонем, балки бо суханоне ки Рўҳулқудс таълим додааст, мегўем ва рўҳиётро бар тибқи рўҳ таъбир мекунем.

14 Аммо одами нафсонӣ он чиро, ки аз Рўҳи Худост, қабул намекунад, чунки он дар назари ў ҷаҳолат аст; ва онро дарк карда наметавонад, чунки он ҳукми рўҳониро металабад.

15 Лекин одами рўҳонӣ дар бораи ҳама чиз ҳукм мекунад, вале касе наметавонад дар бораи ў дуруст ҳукм кунад.

16 Зеро кист, ки фикри Худовандро дониста бошад, то ки Ўро таълим диҳад? Лекин мо фикри Масеҳро дорем.

3

1 Ва ман, эй бародарон, натавонистам бо шумо, ҳамчун касони рўҳонӣ, сухан ронам, балки ҳачун касони ҷисмонӣ, ё кўдакон дар Масеҳ.

2 Ва шуморо шир хўрондам, на ғизои сахт, зеро ки шумо ҳанўз омодагӣ барои он надоштед ва ҳоло низ надоред,

3 Чунки шумо ҳанўз ҷисмонӣ ҳастед. Зеро, модоме ки дар миёни шумо ҳасад, баҳсу мунозира ва ихтилоф ҳаст, оё шумо ҷисмонӣ нестед  ва оё ба таври инсонӣ рафтор намекунед?

4 Зеро,  вақте ки яке:“Ман аз они Павлус ҳастам“ ва дигаре:“Ман аз они Апўллўс“ мегўяд, оё шумо ҷисмонӣ нестед?.

5 Пас, Павлус кист? Ва  Апўллўс кист? Онҳо фақат ходимоне ҳастанд, ки ба воситаи онҳо шумо имон овардаед, ва ҳар яке ба андозае ки Худованд ба вай ато кардааст.

6 Ман кишт кардам, Апўллўс об дод, лекин Худо сабзонид;

7 Бинобар ин на кишткунанда аҳамият дорад, на обдиҳанда, балки Худои сабзонанда.

8 Кишткунанда ва обдиҳанда баробаранд, лекин ҳар яке музди худро мувофиқи меҳнати худ хоҳад гирифт.

9 Зеро ки  мо хизматгорони Худо ҳастем; шумо киштзори Худо, иморати Худо ҳастед.

10 Аз рўи файзи Худо, ки ба ман ато шудааст, ман, чун меъмори доно, таҳкурсӣ ниҳодам, ва дигаре бар он иморат месозад; лекин ҳар кас бохабар бошад чӣ гуна месозад.

11 Зеро ҳеҷ кас таҳкурсии дигаре ниҳода наметавонад, ҷуз он ки ниҳода шудааст, ки он Исои Масеҳ аст.

12 Ва агар касе бар ин таҳкурсӣ иморате аз тилло, нуқра, ҷавоҳирот, ё чўб, хасбеда, пахол бино кунад,

13 Амали ҳар кас зоҳир хоҳад шуд; зеро ки он рўз нишон хоҳад дод, чунки дар оташ ошкор хоҳад шуд, ва оташ амали ҳар касро озмоиш хоҳад кард, ки он чӣ гуна аст.

14 Агар амали касе ки бар он сохтааст, пойдор бимонад, вай музд хоҳад гирифт.

15 Ва агар амали касе бисўзад, вай зиён хоҳад дид; валекин худаш наҷот хоҳад ёфт, аммо тавре ки гўё аз даруни оташ гузашта бошад.

16 Оё шумо намедонед, ки маъбади Худо ҳастед, ва Рўҳи Худо дар шумо сокин аст?.

17 Агар касе маъбади Худоро вайрон кунад, Худо ўро хонавайрон хоҳад кард, зеро ки хонаи Худо муқаддас аст, ва он шумо ҳатед.

18 Зинҳор касе худро фирефта накунад: агар касе аз шумо худро дар ин ҷаҳон ҳаким медониста бошад, бигзор ҷоҳил шавад, то ки ҳаким гардад.

19 Зеро ки ҳикмати ин ҷаҳон пеши Худо ҷаҳолат аст, чунон ки навишта шудааст:“Ҳакимонро ба макри худашон гирифтор мекунам“.

20 Ва боз:“Худованд афкори ҳакимонро медонад, ки ботил аст“.

21 Хуллас, ҳеҷ кас ба одамон фахр накунад, зеро ки ҳамааш аз они шумост:

22 Хоҳ Павлус, хоҳ Апўллўс, хоҳ Кифо, хоҳ ҷаҳон, хоҳ ҳаёт, хоҳ мамот, хоҳ ҳозира, хоҳ оянда ҳамааш аз они шумост;

23 Ва шумо аз они Масеҳ ҳастед, ва Масеҳ аз они Худо.

4

1 Пас, ҳар кас бояд моро ходимони Масеҳ ва муваккалони асрори Худо ҳисобкунад;

2 Аз муваккалон талаб карда мешавад, ки ҳар яке амин барояд.

3 Барои ман хеле кам аҳамият дорад, ки шумо, ё одамони дигар, дар ҳаққи ман чӣ гуна ҳукм мекунед; худи ман ҳам ҳукме дар ҳаққи худ намекунам.

4 Зеро ки ман дар худ айбе намебинам, лекин бо ин худро сафед намекунам; ҳукмкунандаи ман Худованд аст.

5 Бинобар ин ба ҳеҷ ваҷҳ пеш аз вақт, яъне то даме ки Худованд биёяд, ҳукм накунед, ки маҳз Ў чизҳои дар торикӣ пинҳонро равшан ва ниятҳои дилҳоро ошкор хоҳад кард, ва он гоҳ ҳар кас аз ҷониби Худо таҳсин хоҳад ёфт.

6 Ва инро, эй бародарон, ман ба хотири шумо ба худам ва ба Апўллўс нисбат додам, то шумо аз мо ёд гиред, ки касе бештар аз он чи навишта шудааст, оқилтарошӣ накунад, ва ҳеҷ яке аз шумо дар пеши дигаре бо худ наболад.

7 Зеро кист, ки туро бартарӣ додааст? Ва чӣ чизе дорӣ, ки нагирифта бошӣ? Ва агар гирифта бошӣ, чаро фахр мекунӣ, ки гўё нагирифта бошӣ?

8 Шумо аллакай сер шудаед, аллакай сарватдор шудаед ва бе мо салтанат меронед. Кошки салтанат мерондед, то ки мо низ бо шумо слтанат ронем!

9 Зеро гумон мекунам, ки Худо мо, ҳаввориёнро монанди касони охири саф, ки ба марг маҳкум шудаанд, намоён кардааст, чунки мо барои ҷаҳон, ҳам барои фариштагон ва ҳам барои одамон, ба тамошогоҳе мубаддал шудаем.

10 Мо ба хотири Масеҳ ҷоҳил ҳатем, лекин шумо дар Масеҳ ҳаким ҳатед; мо нотавонем, лекин шумо тавоно; шумо соҳиби ҷалолат, лекин мо дар залолат.

11 То ҳамин соат гурусна ва ташна, бараҳна ва шаллоқхўр ва сарсону саргардон ҳастем,

12 Ва заҳмат кашида, бо дастҳои худ кор мекунем. Моро дашном медиҳанд, мо баракат медиҳем; ба мо зулм мекунанд, мо тоқат меоварем;

13 Ба мо бўҳтон мезананд, мо зорию илтиҷо мекунем; мо мисли хасрўбаи ҷаҳон ва ахлоти ҳама то ҳамин вақт мебошем.

14 Ин суханонро на аз барои он навиштаам, ки шуморо хиҷил кунам, балки шуморо чун фарзандони маҳбуби худ насиҳат медиҳам.

15 Зеро, агарчи шумо ҳазорон носеҳон дар Масеҳ доред, лекин падарони бисьёр надоред: ман шуморо дар Исои Масеҳ ба воситаи Инҷил ба дуньё овардаам.

16 Бинобар ин аз шумо илтимос мекунам: ба ман тақлид намоед, чунони ки ман ба Масеҳ тақлид менамоям.

17 Барои ҳамин ҳам ман Тимотиюсро назди шумо фиристодам, ки ў фарзанди маҳбуб ва мўътабари ман дар Худованд аст; ва ў роҳҳои маро дар Исои Масеҳ ба ёди шумо хоҳад овард, чунон ки ман дар ҳама ҷо дар ҳар калисо таълим медиҳам.

18 Баъзе касон мағрур шудаанд, ба гумони он ки ман назди шумо намеоям;

19 Аммо ба қарибӣ, агар Худованд бихоҳад, назди шумо хоҳам омад, ва на сухани мағруронро, балки қуввати онҳоро хоҳам донист,

20 Зеро ки Малакути Худо на дар сухан, балки дар қувват аст.

21 Чиро афзал медонед? Оё бо таёқ назди шумо биёям, ё ки бо муҳаббат ва рўҳи мулоимат?

5

1 Овозае ба гўшам расид, ки дар байни шумо зино пайдо шудааст, он ҳам чунон зино, ки ҳатто дар байни бутпарастон шунида нашудааст, яъне шахсе зани падари худро гирифтааст.

2 Ва шумо мағрур шудаед, ба ҷои он ки мотам гиред, то он касе ки чунин коре кардааст, аз миёни шумо бадар шавад.

3 Зеро ки ман, агарчи ҷисман ғоибам, лекин рўҳан ҳозирам, аллакай, гўё ки назди шумо бошам, дар ҳаққи шахсе ки чунин коре кардааст, ҳукм намудам:

4 Ба исми Худованди мо Исои Масеҳ, вақте ки шумо бо якҷоягии рўҳи ман ва бо қуввати Худованди мо Исои Масеҳ ҷамъ шавед,

5 Он шахс барои ҳалокати ҷисмаш ба шайтон супурда шавад, то ки рўҳаш дар рўзи Худованди мо Исои Масеҳ наҷот ёбад.

6 Фахри шумо хуб нест. Оё намедонед, ки андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад?

7 Пас, хамиртурши кўҳнаро тоза кунед, то ки шумо хамири нав бошед, чунки шумо бе хамиртуруш ҳастед, зеро ки Фисҳи мо, Масеҳ, барои мо забҳ шудааст.

8 Бинобар ин идро на бо хамиртуруши кўҳна, на бо хамиртуруши шарорат ва макр, балки бо фатири покӣ ва ростӣ ба ҷо хоҳем овард.

9 Ба шумо дар нома навиштаам, ки бо зинокорон алоқа накунед;

10 Лекин на умуман бо зинокорони ин ҷаҳон, ё бо ҳаромрисқон, ё бо ғораткорон, ё бо бутпарастон, зеро дар ин сурат шуморо лозим меомад, ки аз ҷаҳон берун шавед;

11 Балки ба шумо навиштаам, ки бо касе алоқа накунед, ки худро бародар номида, зинокор, ё ҳаромрисқ, ё бутпараст, ё бадзабон, ё бадмаст, ё ғоратгар шуда мондан мегирад; бо чунин одам якҷоя хўрок ҳам нахўред.

12 Зеро ки чаро ман ба онҳое ки дар берунанд, доварӣ кунам? Оё шумо ба онҳо ки дар дохиланд, доварӣ намекунед?

13 Ба онҳое ки дар берунанд, Худо доварӣ мекунад. Пас шумо фосиқро аз миёни худ бадар кунед.

6

1 Касе аз шумо, вақте ки ба дигаре даъво дорад, оё ҷуръат мекунад, ки мурофиаи худро назди гуноҳкорон барад, на назди муқаддасон?

2 Магар намедонед, ки муқаддасон ҷаҳонро доварӣ хоҳанд кард? Ва агар шумо ҷаҳонро доварӣ мекарда бошед, наход ки сазовори он нестед, ки корҳои хурдтарро доварӣ кунед?

3 Магар намедонед, ки мо фариштагонро доварӣ хоҳем кард? Пас чӣ қадар зиёдтар корҳои маишатро!

4 Лекин шумо, вақте ки мурофиаи маишӣ доред, онҳоеро, ки дар калисо ҳеҷ эътиборе надоранд, ба доварӣ мешинонед.

5 Барои хиҷил шуданатон мегўям: наход ки дар байни шумо як нафар ҳам бохираде нест, ки дар миёни бародарони худ доварӣ карда тавонад?

6 Аммо бародар бо бародар мурофиа мекунад, он ҳам дар пеши беимонон.

7 Худи ҳамин ҳам барои шумо зиллатовар аст, ки байни худ мурофиа доред. Чаро барои худ мазлумиятро афзал намедонед? Чаро ба маҳрумият тоб оварданро афзал намедонед?

8 Лекин худатон мазлум ва маҳрум мекунед, он ҳам бародарони худро.

9 Оё намедонед, ки золимон вориси Малакути Худо намешаванд? Фирефта нашавед: на зинокорон, на бутпарастон, на фосиқон, на бачабозон, на ливотагарон,

10 На дуздон, на ҳаромризқон, на бадмастон, на бадзабонон, на ғоратгарон вориси Малакути Худо намешаванд.

11 Ва баъзе аз шумо чунин будед; аммо пок шудед, аммо қудсият пайдо кардед, аммо сафед шудед ба исми Худованди мо Исои Масеҳ ва ба Рўҳи Худои мо.

12 Ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин набояд ки чизе маро бандаи худ гардонад.

13 Хўрок барои шикам аст, ва шикам барои хўрок; аммо Худо инро ва онро нест мекунад; лекин ҷисм на барои зино, балки барои Худованд аст, ва Худованд барои ҷисм аст.

14 Чунон ки Худо Худовандро бо қуввати Худ эҳьё кард, моро низ эҳьё хоҳад кард.

15 Магар намедонед, ки ҷисмҳои шумо узвҳои Масеҳанд? Пас оё узвҳои Масеҳро мегирам, то ки онҳоро узвҳои фоҳиша гардонам? Ҳошо калло!

16 Оё намедонед, ки ҳар кӣ бо фоҳиша ҷимоъ кунад, бо вай як тан мешавад? Зеро ки гуфта шудааст:“Ҳар ду як ҷисм хоҳанд буд“.

17 Аммо ҳар кӣ бо Худованд пайванд шавад, бо Ў як рўҳ аст.

18 Аз зино бигрезед. Ҳар гуноҳе ки одамизод мекунад, аз ҷисм берун аст, лекин зинокор бар зидди ҷисми худаш гуноҳ мекунад.

19 Оё намедонед, ки ҷисмҳои шумо маъбади Рўҳулқудс аст, ки Он дар шумо сокин аст, ва Онро шумо аз Худо ёфтаед, ва шумо аз они худатон нестед?

20 Зеро ки шумо ба нархи гарон харида шудаед. Пас, дар ҷисмҳои худ ва дар ҷонҳои худ Худоро ҳамду сано кунед, ки онҳо ба Худо тааллуқ доранд.

7

1 Дар бораи он чи ба ман навишта будед, барои одам хуб аст, ки ба зан даст нарасонад.

2 Аммо, барои пешгирӣ кардани зино, бигзор ҳар мард завҷаи худро дошта бошад, ва ҳар зан шавҳари худро дошта бошад.

3 Бигзор шавҳар вазифаи заношўиро нисбат ба зани худ ба ҷо оварад; ҳамчунин завҷа ба шавҳари худ.

4 Завҷа бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они шавҳар аст; ҳамчунин шавҳар бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они завҷа аст.

5 Аз якдигар канорагирӣ накунед, магар ба муддате, бо ризогии ҳар ду, то ки ба рўзаву дуо машғул кунед ва аз нав якҷоя шавед, то ки шайтон шуморо, ба сабаби худдорӣ карда натавонистанатон, ба васваса наандозад.

6 Лекин инро ман ба тариқи маслиҳат мегўям, на ба тариқи фармоиш.

7 Зеро мехоҳам, ки ҳамаи одамон мисли ман бошанд; аммо ҳар кас лаёқати ба худ хосе аз Худо дорад, яке ин тавр, дигаре ба таври дигар.

8 Лекин ба муҷаррадон ва бевазанон мегўям: барои онҳо хуб аст, ки мисли ман бимонанд;

9 Аммо агар худдорӣ карда натавонанд, бигзор никоҳ кунанд; зеро ки никоҳ кардан аз сўхтани оташи шаҳват беҳтар аст.

10 Ба онҳое ки никоҳ карданд, на ман фармоиш медиҳам, балки Худованд: завҷа аз шавҳараш набарояд,

11 Ва агар барояд, бояд муҷаррад бимонад, ё ки бо шавҳараш оштӣ шавад, ва шавҳар завҷаашро талоқ надиҳад.

12 Ба дигарон ман мегўям, на Худованд: агар бародаре завҷаи беимон дошта бошад, ва он завҷа розӣ бошад бо ў зиндагӣ кунад, ў набояд аз вай ҷудо шавад.

13 Ва завҷае ки шавҳари беимон дошта бошад, ва он шавҳар розӣ бошад, бо вай зиндагӣ кунад, вай набояд аз ў ҷудо шавад;

14 Зеро ки шавҳари беимон ба воситаи завҷаи имондораш қудсият пайдо мекунад, ва завҷаи беимон ба воситаи шавҳари имондораш қудсият пайдо мекунад; вагарна фарзандони шумо нопок мебуданд, ва ҳол он ки дар асл онҳо муқаддас ҳастанд.

15 Аммо агар беимон ҷудо шудан хоҳад, бигзор ҷудо шавад; дар чунин вазъият бародар ё хоҳар дигар вобаста нест; Худованд моро ба осоиштагӣ даъват намудааст.

16 Зеро аз куҷо ту донӣ, эй завҷа, ки шавҳаратро наҷот хоҳӣ дод? Ё аз куҷо ту донӣ, эй шавҳар, ки забҷаатро наҷот хоҳӣ дод?

17 Бигзор ҳар кас дар он ҳолате ки Худо ўро насиб кардааст, ва ҳар кас дар он вазъе ки Худованд ўро даъват намудааст, бимонад. Дар ҳамаи калисоҳо ман ҳамин тавр дастур медиҳам.

18 Агар шахси махтуне даъват шуда бошад, орзуи номахтунӣ накунад; ва агар номахтуне даъват шуда бошад, хатна накунад.

19 Хатна ҳеҷ аст, номахтунӣ ҳам ҳеҷ аст, балки аз ҳама муҳимтар риояи аҳкоми Худост.

20 Ҳар кас дар ҳар ҳолате ки даъват шудааст, дар ҳамон бимонад.

21 Агар дар ҳолати ғуломӣ даъват шуда бошӣ, нороҳат нашав; балки агар озод шуда тавонӣ ҳам, аз фурсат истифода бар.

22 Зеро ғуломе ки дар Худованд даъват шудааст, озоди Худованд аст; инчунин шахси озоде ки даъват шудааст, ғуломи Масеҳ аст.

23 Шумо ба нархи гарон харида шудаед: ғуломи одамон нагардед.

24 Ҳар кас дар ҳар ҳолате ки даъват шудааст, эй бародарон, дар ҳамон назди Худо бимонад.

25 Дар хусуси бокираҳо аз Худованд фармоише надорам, лекин, ҳамчун шахсе ки аз Худованд марҳамат ёфтааст, ки амин бошад, маслиҳати худро баён мекунам.

26 Пас, ба сабаби тангии вазъияти ҳозира, ман онро беҳтар медонам, ки барои одам хуб аст, агар ҳамон тавр, ки ҳаст, бимонад.

27 Оё зандор ҳастӣ? толиби талоқ набош. Оё безан ҳастӣ? толиби зан набош.

28 Аммо агар зандор ҳам шавӣ, гуноҳе намекунӣ; ва агар бокирае ба шавҳар расад, гуноҳе намекунад. Лекин чунин касон дар ҷисм азобҳо хоҳанд дошт; ва ман ба шумо раҳмхўрӣ мекунам.

29 Ба шумо, эй бародарон, инро мегўям: вақт танг аст, ба тавре ки зандорон бояд мисли безанон бошанд;

30 Ва гирьёнон мисли он ки гирьён набошанд; ва шоддилон мисли он ки шоддил набошанд; ва харидорон мисли он ки хариде накарда бошанд;

31 Ва онҳое ки аз ин ҷаҳон фоида мебаранд, мисли он ки фоидабар набошанд; зеро ки сурати ин ҷаҳон гузарон аст.

32 Ман хоҳиш дорам, ки шумо беғам бошед. Марди безан дар бораи он чи ба Худованд оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба Худованд писанд афтад;

33 Аммо Марди зандор дар бораи он чи ба ҷаҳон оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба завҷааш писанд афтад. Дар миёни зани шавҳардор ва бокира ҳам фарқе ҳаст.

34 Зани бешавҳар дар бораи он чи ба Худованд оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба Худованд писанд афтад, то ки ҳам дар ҷисм ва ҳам дар рўҳ муқаддас бошад; аммо зани шавҳардор дар бораи он чи ба ҷаҳон оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба шавҳари худ писанд афтад.

35 Инро ман ба фоида шумо мегўям, на аз барои он ки банду боре бар шумо андозам, балки барои он ки шумо боодобона ва пай дарҳам дар ибодати Худованд бошед, бе он ки чизе ба ин монеъ шавад.

36 Лекин агар касе рафторашро ба бокираи худ номуносиб донад, ки вай ба синни балоғат расида, бе шавҳар мемонад, бигзор ў он чи мехоҳад, бикунад, гуноҳе намекунад; бигзор онҳо ба шавҳар бирасанд.

37 Аммо касе ки дар дили худ бағоят матин аст ва эҳтиёҷе надорад, балки иродаи қавӣ дошта, дар дили худ азм кардааст, ки бокираи худро нигоҳ дорад, ў кори хуб мекунад.

38 Бинобар ин, касе ки бокираи худро ба шавҳар медиҳад, кори хуб мекунад, ва касе ки ба шавҳар намедиҳад, кори хубтар мекунад.

39 Зан, мувофиқи шариат, то даме ки шавҳараш зинда аст, ба ў тааллуқ дорад; пас аз вафоти шавҳараш вай озод шуда, ба ҳар касе ки хоҳад, никоҳ кунад, фақат дар Худованд бошад.

40 Лекин, ба фикри ман, вай хушбахттар аст, агар бева бимонад; ва ба гумонам, ман низ Рўҳи Худоро дорам.

8

1 Дар бораи қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки ҳамаамон соҳиби дониш ҳастем. Дониш мағрур мегардонад, аммо муҳабат обод мекунад.

2 Агар касе гумон кунад, ки ягон чизро медонад, ў ҳанўз  ҳеҷ чизро ончунон ки донистанаш лозим аст, намедонад;

3 Аммо касе ки ба Худо муҳаббат дорад, вай ба воситаи Худо шинохта шудааст.

4 Пас, дар бораи хўрдани қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки бут дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ва ҷуз Худои Ягона худои дигаре нест.

5 Зеро, ҳар чанд ба ном худоён чи дар осмон, чи дар замин ҳастанд, чунки худоёни бисьёр ва худовандони бисьёр ҳастанд,

6 Лекин мо як Худо дорем, яъне Худои Падар, ки ҳама чиз аз Ўст, ва мо барои Ў ҳастем, ва як Худованд дорем, яъне Исои Масеҳ, ки ҳама чиз ба воситаи Ўст, ва мо ба воситаи Ў ҳастем.

7 Аммо ҳама дорои ин дониш нестанд: баъзе касон то алҳол, аз рўи одати деринаи будпарастӣ, ин хўрокро чун қурбонии бут мехўранд, ва виҷдони онҳо, ки нотавон аст, наҷис мешавад.

8 Хўрок моро ба Худо наздик намекунад: зеро ки на аз хўрдан манфиате мебинем, на аз нахўрдан зиёне.

9 Аммо бохабар бошед, ки ин озодии шумо сабаби васвасаи нотавонон нашавад.

10 Зеро, агар касе туро, ки соҳиби дониш ҳастӣ, бубинад, ки дар сари суфраи бутхона нишастаӣ, оё виҷдони ў, ки нотавон аст, ўро низ ба хўрдани қурбониҳои бутҳо моил намекунад?

11 Ва аз дониши ту он бародари нотавон, ки Масеҳ барои ў мурд, нобуд мешавад.

12 Ва ба ин тариқа бар зидди бародарон гуноҳ карда ва ба виҷдони нотавони онҳо осеб расонда, шумо бар зидди Масеҳ гуноҳ мекунед.

13 Бинобар ин, агар хўрок бародари маро ба васваса меандохта бошад, ҳаргиз гўшт намехўрам, то ки бародари худро ба васваса наандозам.

9

1 Оё ман ҳавворӣ нестам? Оё ман озод нестам? Оё ман Худованди мо Исои Масеҳро надидаам? Оё шумо амали ман дар Худованд нестед?

2 Агар барои дигарон ман ҳавворӣ набошам, барои шумо ҳастам, зеро ки мўҳри ҳавворияти ман дар Худованд шумо ҳастед.

3 Ҳизфи ман ба муқобили онҳое ки маро маззамат мекунанд, ҳамин аст.

4 Оё мо ҳаққи хўрдан ва нўшидан надорем?

5 Оё ҳақ надорем, ки мисли ҳаввориёни дигар ва бародарони Худованд ва Кифо завҷаи имондорро ҳамроҳи худ бибарем?

6 Оё танҳо ман ва Барнаббо ҳақ надорем, ки кор накунем?

7 Кист, ки ягон вақт хизмати сарбозиро бо нафақаи худаш ба ҷо оварда бошад? Кист, ки ток шинонда, аз ангураш намехўрда бошад? Кист, ки рамаро чаронда, аз шири рама намехўрда бошад?

8 Оё инро ман фақат ба таври инсонӣ мегўям? Оё шариат низ инро намегўяд?

9 Зеро ки дар Тавроти Мусо навишта шудааст:“Вақте ки барзагов хирман мекўбад, даҳонашро набанд“. Оё Худо дар бораи барзагов ғамхорӣ мекунад?

10 Ё ки, албатта, барои мо гуфта шудааст? Оре, ин барои мо навишта шудааст; зеро ки шудгоркунанда бояд бо умед шудгор кунад, ва хирманкўб бо умеди гирифтани саҳми худ хирман кўбад.

11 Модоме ки мо дар миёни шумо чизҳои рўҳониро коштаем, оё ин як кори бузург аст, ки агар назди шумо чизҳои ҷисмониро дарав кунем?

12 Агар дигарон назди шумо ҳақ дошта бошанд, оё ҳаққи мо зиёдтар нест? Лекин мо аз ин ҳақ истофида набурдем, балки ҳар чизро тоқат мекунем, то ки ба башорати Масеҳ ҳеҷ  мамониате нарасонем.

13 Магар намедонед, ки онҳое ки дар маъбад хизмат мекунанд, аз маъбад мехўранд? Ва ходимони қурбонгоҳ аз қурбонгоҳ ҳиссае мегирад?

14 Ҳамчунин Худованд фармудааст, ки воизони Инҷил аз башорат додани Инҷил зиндагӣ кунанд.

15 Лекин ман аз инҳо ҳеҷ якеро истифода накардаам. Ва инро на аз барои он навиштаам, ки барои ман ҳамин тавр бошад; зеро барои ман мурдан беҳтар аст аз он ки касе ин фахри маро нест кунад.

16 Зеро, агар башорат диҳам, ин барои ман сабаби фахр нест, чунки ин барои ман як кори воҷибист: вой бар ҳоли ман, агар башорат надиҳам!

17 Зеро, агар инро ба таври ихтиёри ба ҷо оварам, мукофот мегирам; лекин агар ба таври ғайриихтиёрӣ бошад, ин як вазифаи маъмуриест, ки ба зиммаи ман гузошта шудааст.

18 Пас мукофоти ман чист? Он аст, ки Инҷилро мавъиза намуда, дар бораи Масеҳ бемузд башорат медиҳам ва аз ҳаққи башоратдиҳандагии худ истифода намебарам.

19 Зеро, бо вуҷуди он ки аз ҳама озод будам, худро ғуломи ҳама гардондам, то ки шумораи бештари одамонро ба Масеҳ ҷалб намоям;

20 Барои яҳудиён чун яҳудӣ шудам, то ки яҳудиёнро ҷалб намоям; барои аҳли шариат чун аҳли шариат шудам, то ки аҳли шариатро ҷалб намоям;

21 Барои бешариатон чун бешариат шудам, гарчанде ки ман пеши Худо бешариат нестам, балки аз аҳли шариати Масеҳам, то ки бешариатонро ҷалб намоям:

22 Барои нотавонон чун нотавонон шудам, то ки нотавононро ҷалб намоям. Барои ҳама кас ман ҳама чиз шудам, то ки бо ҳар роҳ баъзе касонро наҷот диҳам.

23 Инро ман барои Инҷил мекунам, то ки шарики баракоти он бошам.

24 Оё намедонед, ки давандагони майдони мусобиқа ҳама медаванд, аммо фақат як нафар мукофт мегирад? Ҳамин тавр бидавед, то ки соҳиби он гардед.

25 Ҳамаи риёзаткашон аз ҳар чиз худдорӣ мекунанд: онҳо барои гирифтани тоҷи фонӣ, лекин мо барои гирифтани тоҷи ғайрифонӣ.

26 Бинобар ин ман медавам на он тавре ки бар абас бошад, ва мушт мезанам на он тавре ки фақат барои задани ҳаво бошад;

27 Балки ҷисми худро азоб медиҳам ва ғулом мегардонам, то ки ба дигарон мавъиза намуда, худам маҳрум набошам.

10

1 Ман намехоҳам, эй бародарон, ки шумо бехабар бошед аз он ки падарони мо ҳама дар зери абр буданд, ва ҳама аз баҳр убур карданд;

2 Ва ҳама дар абр ва дар баҳр ба Мусо таъмид ёфтанд;

3 Ва ҳама айни як ғизои рўҳониро мехўрданд;

4 Ва ҳама айни як нўшокии рўҳониро менўшиданд, зеро аз сахраи рўҳоние менўшиданд, ки аз ақибашон меомад; ва он сахра Масеҳ буд.

5 Лекин бар аксари онҳо ҳусни таваҷҷўҳи Худо набуд; зеро ки онҳо дар биёбон ба ҳалокат расиданд.

6 Ва инҳо барои мо тимсоле буданд, то ки мо бадиро орзу накунем, чунон ки онҳо орзу мекарданд.

7 Ҳамчунин, монанди баъзеи онҳо, бутпараст набошед, чунон ки навишта шудааст:“Қавм ба хўрдану нўшидан нишастанд, ва барои рақсу бозӣ бархостанд“.

8 Зинокорӣ накунем, чунон ки баъзеи онҳо зинокорӣ карданд, ва дар як рўз бисту се ҳазор нафарашон нобуд шуданд.

9 Масеҳро наозмоем, чунон ки баъзеи онҳо озмуданд ва аз неши морҳо ба ҳалокат расиданд.

10 Шиква накунед, чунон ки баъзеи онҳо шиква карданд ва аз дасти қиркунанда нобуд шуданд.

11 Ҳамаи ин ба онҳо чун тимсоле рўй дод, ва барои тарбияти мо навишта шуд, ки охирзамон насиби мо гардидааст.

12 Бинобар ин ҳар ки гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт кунад, ки наафтад.

13 Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ҷуз озмоиши оддии инсонӣ чизи догаре нест; ва Худо амин аст, ва Ў намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед.

14 Хуллас, эй маҳбубонам, аз бутпарастӣ бигрезед.

15 Ба мулоҳизакорон сухан мегўям: дар бораи он чи мегўям, худатон мулоҳиза кунед;

16 Оё косаи баракат, ки онро баракат медиҳем, шарик шудан ба Хуни Масеҳ нест? Оё ноне ки пора мекунем, шарик шудан ба Бадани Масеҳ нест?

17 Чунон ки нон яктост, мо низ ки бисьёрем, як тан ҳастем, зеро ки ҳамаамон аз як нон ҳиссае мегирем.

18 Ба Исроил ба ҳасби ҷисм нигоҳ кунед: оё онҳое ки қурбониҳоро мехўранд, шарики қурбонгоҳ нестанд?

19 Пас ман чӣ бигўям? Оё ин ки дар қурбонии бут ё худи бут чизе ҳаст?

20  Не, балки он чи онҳо қурбонӣ мекунанд,  ба девҳо қурбонӣ мекунанд, на ба Худо; лекин ман намехоҳам, ки шумо бо девҳо шарик бошед.

21 Шумо наметавонед ҳам косаи Худовандро бинўшед, ҳам косаи девҳоро; наметавонед ҳам дар суфраи Худованд иштирок кунед, ҳам дар суфраи девҳо.

22 Наход ки мо Худовандро ба хашм меоварем? Магар мо аз Ў пурзўртарем?

23 Ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз обод мекунад.

24 Ҳеҷ кас нафъи худро толиб набошад, балки нафъи дигаронро.

25 Ҳар он чи дар бозор фурўхта мешавад, бихўред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед;

26 Зеро ки замин ва ҳар он чи дар он аст, аз они Худованд аст.

27 Агар касе аз беимонон шуморо даъват намояд, ва шумо мехоҳед бираваед, аз ҳар чизе ки пешатон монданд, бихўред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед.

28 Лекин агар касе ба шумо гўяд, ки’’ ин қурбонии бут аст’’, ба хотири касе ки хабар дод, ва ба хотири виҷдон нахўред; зеро ки замин ва ҳар чи дар он аст, аз они Худованд аст.

29 Аммо на виҷдони худро, балки виҷдони он каси догарро дар назар дорам; зеро чаро виҷдони каси дигар бар озодии ман доварӣ кунад?

30 Агар ман бо шукргузорӣ мехўрда бошам, чаро маро барои он чизе ки барояш шукргузорӣ мекунам, маззамат намоянд?

31 Хуллас, хоҳ мехўред, хоҳ менўшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамааашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред.

32 На яҳудиёнро ба васваса андозед, на юнониёнро, на калисои Худоро,

33 Чунки ман низ дар ҳар бобат дили ҳамаро меёбам, ва толиби нафъи худ не, балки нафъи касони бисьёр ҳастам, то ки онҳо наҷот ёбанд.

11

1 Ба ман тақлиб кунед, чунон ки ман ба Масеҳ тақлид мекунам.

2 Шуморо, эй бародарон, барои он таҳсин менамоям, ки дар ҳар хусус маро дар хотир доред ва ривоятҳоро, ончунон ки ба шумо супурдаам, нигоҳ доштаед.

3 Ҳамчунин мехоҳам бидонед, ки сардори ҳар мард Масеҳ аст, сардори зан шавҳари ўст, ва сардори Масеҳ Худост.

4 Ҳар марде ки сари пўшида дуо гўяд ё нубувват кунад, сари худро расво мекунад;

5 Ва ҳар зане ки сари луч дуо гўяд ё нубувват кунад, сари худро расво мекунад, зеро ин мисли он аст, ки мўйсараш тарошида шуда бошад;

6 Зеро, агар зан нахоҳад, ки сари худро пўшонад, бигзор мўяшро қайчӣ кунад; ва агар зан аз қайчӣ кардан ё тарошидани мўяш шарм дошта бошад, бигзор сари худро пўшонад.

7 Хуллас, мард набояд сари худро пўшонад, чунки ў сурат ва ҷалоли Худост; аммо зан ҷалоли мард аст.

8 Зеро ки на мард аз зан аст, балки зан аз мард;

9 Ва на мард барои зан офарида шудааст, балки зан барои мард.

10 Бинобар ин зан бояд бар сараш нишонаи ихтиёрро ба хотири фариштагон дошта бошад.

11 Лекин дар Худованд на мард бе зан аст, на зан бе мард аст:

12 Зеро, чунон ки зан аз мард аст, ончунон мард низ ба воситаи зан аст; ва ҳамаи ин аз Худост.

13 Худатон мулоҳиза кунед, ки оё аз рўи одоб аст, ки зан сари нопўшида пеши Худо дуо гўяд?

14 Оё худи табиат шуморо таълим намедиҳад, ки агар мард мўяшро дароз кунад, ин барои ў нанг аст,

15 Аммо агар зан мўяшро дароз кунад, ин барои вай шаъну шараф аст, чунки мўй ба вай ба ҷои ҳиҷоб дода шудааст?

16 Ва агар касе мунозира карданӣ бошад, мо ва калисоҳои Худо чунин одат надорем.

17 Лекин, ин дастурро дода, шуморо барои он таҳсин намекунам, ки на аз барои некӣ, балки аз барои бадӣ ҷамъ мешавед.

18 Зеро, аввалан, шунидам, ки дар миёни шумо, вақте ки дар калисо ҷамъ мешавед, ихтилифот рўй медиҳад, ки ба ин ман як қадар бовар мекунам.

19 Зеро ки дар миёни шумо гуногунии ақидаҳо низ бояд бошад, то ки корозмудагон дар миёни шумо зоҳир гарданд.

20 Сонӣ, дар як ҷо ҷамъ шуданатон барои хўрдани таоми шоми Худованд нест;

21 Зеро ҳар кас аз дигарон пештар хўроки худро гирифта мехўрад, ва яке гурусна мемонад, ва дигаре маст мешавад.

22 Магар шумо хона надоред, ки дар он бихўред ва бинўшед? Ё ки ба калисои Худо беэътинои мекунед ва нодоронро хиҷолат медиҳед? Ба шумо чӣ гўям? Оё барои ин шуморо таҳсин кунам? Таҳсин намекунам.

23 Зеро ман аз Худованд чунин қабул кардам ва ба шумо низ супурдаам, ки Исои Худованд дар он шабе ки Ўро таслим карданд, нонро гирифт

24 Ва баракат дода, пора кард ва гуфт:“Бигиред, бихўред, ин Бадани Ман аст, ки барои шумо пора мешавад; инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред“.

25 Ҳамчунин косаро пас аз таоми шом гирифта, гуфт:“Ин косаи аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман; инро, ҳар боре ки менўшед, ба ёдгории Ман ба ҷо оваред“.

26 Зеро ҳар боре ки ин нонро мехўред ва ин косаро менўшед, мамоти Худовандро эълон мекунед, то даме ки Ў биёяд.

27 Бинобар ин ҳар кӣ ба таври ношоиста ин нонро бихўрад ё косаи Худовандро бинўшад, бар зидди Бадан ва Хуни Худованд айбдор хоҳад шуд.

28 Пас, одамизод бояд худро имтиҳон кунад, ва ба ин тариқа аз он нон бихўрад ва аз он коса бинўшад.

29 Зеро, кас агар дар бораи Бадани Худоанд мулоҳиза накарда, ба таври ношоиста бихўрад ва бинўшад, вай ба маҳкумияти худ махўрад ва манўшад.

30 Ба ҳамин сабаб бисьёре аз шумо оҷиз ва бемор ҳастанд, ва бисьёре мурдаанд.

31 Зеро, агар худамон худро доварӣ мекардем, ба доварӣ дучор намешудем.

32 Модоме ки ба доварӣ дучор шудаем, аз ҷониби Худованд ҷазо мебинем, то ки бо аҳли ҷаҳон маҳкум нагардем.

33 Бинобар ин, эй бародарон, вақте ки барои таоми шом ҷамъ мешавед, мунтазири якдигар бошед.

34 Ва агр касе гурусна бошад, дар хонааш бихўрад, то ки ҷамъ шуданатон сабаби маҳкумияти шумо нагардад. Чизҳои дигарро пас аз омаданам дуруст хоҳам кард.

12

1 Дар хусуси бахшоишҳои рўҳонӣ бошад, намехоҳам, ки шумо, эй бародарон, бехабар монед.

2 Медонед, ки шумо, вақте ки бутпараст будед, назди бутҳои безабон тавре мерафтед, ки гўё шуморо кашида мебурданд.

3 Бинобар ин шуморо огоҳ менамоям, ки ҳеҷ кас, ки бар тибқи Рўҳи Худо сухан меронад, наметавонад лаънат бар Исо бигўяд, ва ҳеҷ кас наметавонад Исоро Худованд бихонад, магар бар табқи Рўҳулқудс.

4 Бахшоишҳо гунгун аст, лекин Рўҳ ҳамон як аст;

5 Ва хизматҳо гуногун аст, аммо Худованд ҳамон як аст;

6 Ва амалҳо гуногун аст, аммо Худо ҳамон як аст, ки ҳама чизро дар ҳама ба амал меоварад.

7 Лекин ба ҳар кас зуҳуроти Рўҳ барои манфиати ҳамаҷониба бахшида мешвад:

8 Зеро ки ба яке ба воситаи Рўҳ каломи ҳикмат бахшида мешавад, ба дигаре каломи дониш, бар тибқи ҳамон Рўҳ;

9 Ба яке имон, бар тибқи ҳамон Рўҳ; ба дигаре бахшоиши шифо додан, бар тибқи ҳамон Рўҳ;

10 Ба яке қудрати мўъҷизанамо, ба дигаре нубувват; ба яке ташхиси арвоҳ, ба дигаре забонҳои гуногун ва ба сеюмӣ тафсири забонҳо.

11 Ҳамаи инро ҳамон як Рўҳ ба амал меоварад, ки ба ҳар кас махсусан, мувофиқи хости Худ, тақсим мекуанд.

12 Зеро, чунон ки бадан як аст, лекин узвҳои бисьёр дорад, ва ҳамаи узвҳои як бадан, агарчи бисьёранд, як баданро ташкил мекунанд, ончунон Масеҳ низ.

13 Зеро ки ҳамаи мо хоҳ яҳудиён, хоҳ юнониён, хоҳ ғуломон, хоҳ озодон бар тибқи як Рўҳ дар як бадан таъмид ёфтаем, ва ҳама аз як Рўҳ нўшидаем.

14 Лекин бадан на аз як увз, балки аз узвҳои бисьёр иборат аст.

15 Агар по бигўяд:“Ман ба бадан тааллуқ надорам, чунки ман даст нестам“ наход ки он ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надорад?

16 Ва агар гўш бигўяд:“Ман ба бадан тааллуқ надорам, чунки ман чашм нестам“, наход ки он ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надорад?

17 Агар тамоми бадан чашм бошад, сомеа куҷост? Агар ҳамааш сомеа бошад, шомма куҷост?

18 Аммо Худо ба узвҳо, ба ҳар яке аз онҳо, дар бадан, мувофиқи хости Худ, ҷой додааст.

19 Ва агар ҳама як узв мебуданд, бадан куҷост?

20 Ва инак узвҳо бисьёр аст, лекин бадан як аст.

21 Чашм наметавонад ба даст бигўяд:“Ту ба ман даркор нестӣ“; ё ки сар низ ба пойҳо бигўяд:“Шумо ба ман даркор нестед“.

22 Баръакс, он узвҳои бадан, ки ба назар заифтар менамоянд, заруртаранд,

23 Ва дар бораи узвҳое ки наҷобаташон дар бадан ба назари мо камтар аст, бештар ғамхорӣ мекунем.

24 Ва узвҳои бадсурати мо хушнамудтар пўшонда мешаванд, вале узвҳои хушсурати мо ба ин эҳтиёҷ надоранд. Лекин Худо баданро тавре ба соз овардааст, ки дар бораи узви номукаммалтар ғамхории бештар талқин намудааст,

25 То ки дар бадан носозӣ пайдо нашавад, балки узвҳо ба якдигар як хел ғамхорӣ кунанд.

26 Ва агар як узв дард кунад, бо он ҳамаи узвҳо дард мекунанд; ва агар як узв сазовори таҳсин гардад, бо он ҳамаи узвҳо хурсанд мешаванд.

27 Шумо бадани Масеҳ ҳастед, вале ҷудо-ҷудо узвҳои Ў мебошед.

28 Ва Худо баъзеро дар Калисо аввалан ҳавворӣ, сониян набӣ, солисан муаллим таъин кардааст; баъд қувватҳои мўъҷизакор, ҳамчунин бахшоишҳои шифо додан, мадад расондан, идора кардан ва забонҳои гуногунро бахшидааст.

29 Оё ҳама ҳавворианд? Оё ҳама набианд? Оё ҳама муаллиманд? Оё ҳама мўъҷизакоранд?

30 Оё ҳама бахшоиши шифодиҳӣ доранд? Оё ҳама ба забонҳо сухан меронанд? Оё ҳама тафсир мекунанд?

31 Иштиёқманди бахшоишҳои бузургтар бошед, ва ман ба шумо роҳои боз ҳам хубтарро нишон хоҳам дод.

13

1 Агар ба забонҳои одамон ва фариштагон сухан ронам, лекин муҳаббат надошта бошам, ман миси ҷарангосзанандае ё санҷи садодиҳандае гардидаам.

2 Агар бахшоиши нубувват дошта бошам, ва тамоми асрорро донам, ва дорои ҳар гуна дониш ва тамоми имон бошам, ба тавре ки кўҳҳоро кўчонида тавонам, лекин муҳаббат надошта бошам, ман ҳеҷ ҳастам.

3 Ва агар тамоми дороии худро тақсим кунам ва ҷисми худро ба сўхтан диҳам, лекин муҳаббат надошта бошам, ҳеҷ манфиате намебинам.

4 Муҳаббат пуртоқат  ва бошафақат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад.

5 Бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад,

6 Аз зулм шод намешвад, балки аз ростӣ хурсанд мешавад;

7 Ҳама чизро рўпўш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад.

8 Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад, гарчанде ки нубувватҳо хотима хоҳад ёфт, забонҳо хомўш хоҳад шуд ва дониш ботил хоҳад гашт.

9 Зеро ки мо ба таври ҷузъӣ медонем ва ба таври ҷузъӣ нубувват мекунем;

10 Аммо вақте ки камол меояд, он чи ҷузъӣ буд, хотима меёбад.

11 Вақте ки кўдак будам, кўдаквор гап мезадам, кўдаквор фикр мекардам, кўдаквор муҳокима мерондам; аммо вақте ки мард шудам, кўдакиро тарк кардам.

12 Зеро ки мо ҳоло дар оина, ба таври муаммо мебонем, лекин он вақт рў ба рў хоҳем, дид; ҳоло ман ба таври ҷузъӣ медонам, лекин он вақт хоҳам донист ба монанди он ки худам низ дониста шудаам.

13 Аммо ҳоло ин се чиз боқӣ мемонад: имон, умед, муҳаббат; вале муҳаббат калонтарини онҳост.

14

1 Дар паи муҳаббат бошед; иштиёқманди бахшоишҳои рўҳонӣ, аллалхусус нубувват бошед.

2 Зеро касе ки ба забоне сухан меронад, вай на ба одамон, балки ба Худо сухан меронад, чунки ҳеҷ кас намефаҳмад: вай бар тибқи рўҳ асрорро ба забон меоварад;

3 Аммо касе ки нубувват мекунад, вай ба одамон барои обод кардан ва насиҳату тассаллӣ додан сухан меронад.

4 Касе ки ба забоне сухан меронад, вай худашро обод мекунад; аммо касе ки нубувват мекунад, вай калисоро обод мекунад.

5 Мехоҳам, ки ҳамаатон ба забонҳо сухан ронед; лекин беҳтар аст, ки нубуват кунед, зеро касе ки нубувват мекунад, бузургтар аст аз касе ки ба забонҳо сухан меронад, магар ки вай дар айни ҳол маънидод ҳам кунад, то калисо обод шавад.

6 Ва акнун, эй бародарон, агар назди шумо биёям ва ба забонҳо сухан ронам, чӣ нафъе ба шумо мерасонам, магар ин ки бо ваҳйе, ё донише, ё нубуввате, ё таълиме ба шумо сухан ронам?

7 Аммо агар асбоби беҷони садодиҳанда, най ё чанг, садоҳои аз ҳам ҷудо набарорад, кас чӣ тавр мефаҳмад, ки бо най ё чанг чӣ оҳанге менавозанд?

8 Ва агар карнай садои номуайяне барорад, кӣ ба ҳарбу зарб омода мешавад?

9 Ҳамчунин агар шумо суханони норавшане ба забон ронед, чӣ тавр мефаҳманд, ки шумо чӣ мегўед? Шумо ба ҳаво сухан хоҳед ронд.

10 Масалан, дар дуньё чӣ қадар калимаҳои гуногун ҳаст, ва ҳеҷ яке аз онҳо бе маъно нест;

11 Аммо, агар ман маънои калимаҳоро надонам, ман барои гўянда аҷнабӣ ҳастам, ва гўянда барои ман аҷнабист.

12 Ҳамчунин шумо, ки иштиёқманди бахшоишҳои рўҳонӣ ҳастед, саъю кўшиш намоед, ки аз онҳо барои ободии калисо бой шавед.

13 Бинобар ин касе ки ба забоне сухан меронад, бигзор дар бораи тафсири он тақозо кунад.

14 Зеро, вақте ки ман ба забоне дуо мегўям, рўҳам дуо мегўяд, лекин ақлам бе самар мемонад.

15 Пас чӣ бояд кард? Бо рўҳ дуо хоҳам гуфт, бо ақл низ дуо хоҳам гуфт; бо рўҳ суруд хоҳам хонд, бо ақл низ суруд хоҳан хонд.

16 Зеро, агар ту бо рўҳ баракат диҳӣ, бехабаре ки дар он ҷо истода бошад, дар вақти шукргузории ту чӣ тавр ‘‘омин’’ гўяд? Зеро ў он чиро, ки ту мегўӣ, намефаҳмад.

17 Ту нағз шукргузорӣ мекунӣ, лекин каси дигар обод намешавад.

18 Худоямро шукр мегўям, ки ман бештар аз ҳамаи шумо бо забонҳо сухан меронам;

19 Лекин дар калисо гуфтани панҷ калимаро бо ақли худ, то ки дигаронро насиҳат кунам, афзал медонам аз он ки як олам калимаро ба забон бигўям.

20 Эй бародарон! Дар ақл мисли кўдакон набошед; нисбат ба шарорат чун навзодон рофтор кунед, лекин дар ақл болиғ бошед.

21 Дар Таврот навишта шудааст:“Бо забонҳои дигар ва бо лабҳои дигар ба ин қавм сухан хоҳам ронд, лекин дар он вақт ҳам Маро нахоҳанд шунид, мегўяд Худованд“,

22 Пас забонҳо аломат аст на барои имондорон, балки барои беимонон; аммо нубувват на барои беимонон, балки барои имндорон аст.

23 Агар тамоми аҳли калисо дар як ҷо ҷамъ шаванд, ва ҳама ба забонҳо сухан ронад, ва бехабарон ё беимонон дароянд, оё онҳо намегўянд, ки шумо девона шудаед?

24 Аммо вақте ки ҳама нубувват мекунанд, ва каси беимоне ё бехабаре медарояд, вай ба воситаи ҳама маҳкум мешавад, ба воситаи ҳама доварӣ карда мешавад.

25 Ва асрори дилаш ошкор мегардад; бинобар ин ў рўй ба замин ниҳода, ба Худо саҷда мекунаду мегўяд:“Ҳақиқатан Худо бо шумост“.

26 Пас, эй бародарон, чӣ бояд кард? Вақте ки шумо ҷамъ мешавед, ва ҳар яке аз шумо таронае аз Забур, ё насиҳате, ё забоне, ё ваҳйе, ё тафсире дорад, бигзор ҳамааш барои обод кардан бошад.

27 Агар касе ба забоне сухан меронда бошад, ду нафар, ё бисьёраш се нафар, он ҳам ҷудо-ҷудо, сухан ронед, ва касе тафсир кунад.

28 Ва агар тафсиркунанда набошад, бигзор соҳиби сухан дар калисо хомўш монад, ё ба худаш ва ба Худо сухан гўяд.

29 Ва аз анбиё бигзор ду ё се нафар сухан ронанд, ва дигарон муҳокима кунанд;

30 Аммо агар ба каси дигаре аз нишастагон ваҳй ояд, бигзор аввалин хомўш шавад.

31 Зеро ҳама паи ҳам метавонед нубувват кунед, то ки ҳама таълим гиранд ва ҳама тасаллӣ ёбанд.

32 Ва арвоҳи анбиё ба фармони анбиё мебошад,

33 Чунки Худо Худои харҷумарҷ нест, балки Худои осоиштагист. Дар ҳамаи калисоҳои муқаддасон ҳамин тавр аст.

34 Бигзор занони шумо дар калисоҳо хомўш бошанд; зеро ҷоиз нест, ки сухан ронанд, балки бояд мутеъ бошанд, чунон ки Таврот низ мегўяд.

35 Лекин агар онҳо хоҳанд чизе ёд гиранд, бигзор дар хона аз шавҳари худ бипурсанд; зеро ки дар калисо сухан рондани зан аз рўи одоб нест.

36 Магар каломи Худо аз шумо баромадааст? Ё ки он танҳо ба шумо расидааст?

37 Агар касе худро набӣ ё рўҳонӣ ҳисоб кунад, вай бигзор бифаҳмад, ки он чи ман ба шумо менависам, аҳкоми Худованд аст;

38 Ва агар касе намефаҳмад, бигзор нафаҳмад.

39 Худллас, эй бародарон, иштиёқманди он бошед, ки нубувват кунед, ва ба забонҳо сухан ронданро манъ макунед;

40 Лекин ҳамааш бояд бо тартибу интизом ба амал ояд.

15

1 Ва ман, эй бародарон, ба шумо Инҷилро хотиррасон мекунам, ки онро ба шумо башорат додаам, ва шумо онро қабул кардаед, ва дар он устувор ҳастед,

2 Ва дар он наҷот меёбем, ба шарте ки он чиро, ки ба шумо башорат додаам, риоя кунед, ба шарте ки имонатон бар абас набошад.

3 Зеро ки дар аввал он чиро, ки низ қабул кардаам, ба шумо супурдаам, ки яъне Масеҳ, мувофиқи Навиштаҳо, барои гуноҳҳои мо мурд,

4 Ва Ў дафн карда шуд ва, мувофиқи Навиштаҳо, дар рўзи сеюм эҳьё шуд,

5 Ва ба Кифо ва баъд ба он дувоздаҳ нафар зоҳир шуд;

6 Пас аз он ба зиёда аз панҷсад нафар бародарон дар як вақт зоҳир шуд, ки қисми зиёди онҳо то ҳол зиндаанд, вале баъзе вафот кардаанд,

7 Пас аз он ба Яъқуб, инчунин ба ҳамаи ҳаввориён зоҳир шуд;

8 Ва пас аз ҳама ба ман низ, ки гўё тифли хоме будам, зоҳир шуд.

9 Зеро ки ман хурдтарини ҳаввориёнам, ва сазовори он нестам, ки ҳавворӣ номида шавам, чунки калисои Худовандро таъқиб мекардам.

10 Аммо ба файзи Худо он чи ҳастам, ҳастам; ва файзи Ў дар ман бар абас набуд, лекин ман аз ҳамаи онҳо зиёдтар меҳнат кардам; аммо на ман, балки файзи Худо, ки бо ман аст.

11 Хуллас, хоҳ ман ва хоҳ онҳо, ҳамин тавр мавъиза мекунем, ва шумо ҳамин тавр имон овардед.

12 Лекин агар дар бораи Масеҳ мавъиза карда мешаванд, ки Ў аз мурдагон эҳьё шуд, пас чӣ тавр баъзе аз шумо магўянд, ки эҳьёи мурдагон нест?

13 Агар эҳьёи мурдагон нашуда бошад, Масеҳ низ эҳьё нашудааст.

14 Ва агар Масеҳ эҳьё нашуда бошад, мавъиза мо низ бар абас аст, имони шумо низ барабас аст.

15 Дар айни ҳол мо низ шоҳидони козибе дар ҳаққи Худо мебудем, чунки дар ҳаққи Худо шаҳодат медодем, ки Ў Масеҳро эҳьё кардааст, ва ҳол он ки, агар ҳақиқатан мурдагон эҳьё нашаванд, Ўро эҳьё накардааст;

16 Зеро, агар мурдагон эҳьё нашаванд, Масеҳ низ эҳьё нашудааст;

17 Ва агар Масеҳ эҳьё нашуда бошад, имони шумо бар абас аст; шумо ҳанўз дар гуноҳҳои худ мебошед;

18 Бинобар ин онҳое ҳам, ки дар Масеҳ мурдаанд, нобуд шуданд.

19 Ва агар мо фақат дар ҳамин ҳаёт ба Масеҳ умед мебаста бошем, мо аз ҳамаи одамон бадбахттарем.

20 Аммо Масеҳ аз мурдагон эҳьё шуда, навбари мурдагон гардид.

21 Зеро, чунон ки мамот ба воситаи инсон омад, эҳьёи мурдагон низ ба воситаи инсон омад.

22 Чунон ки дар Одам ҳама мемиранд, ончунон дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд.

23 Ҳар яке бо навбати худ: аввал Масеҳ, баъд онҳое ки аз они Масеҳанд дар вақти омадани Ў.

24 Баъд охират фаро мерасад, ки он вақт Ў Малакутро ба Худо ва Падар месупорад ва ҳар гуна раёсат ва ҳар гуна қудрат ва қувватро барҳам медиҳад;

25 Зеро Ў бояд салтанат ронад то даме ки ҳамаи душманонро зери пойҳои Худ сарнагун созад.

26 Душмани охирине ки маҳв карда хоҳад шуд, мамот аст,

27 Чунки ҳама чизро зери пойҳои Ў мутеъ кардааст; вақте ки мегўяд: ҳама чиз ба Ў мутеъ карда шуд, равшан аст, ки ин ба истиснои Он аст, ки ҳама чизро ба Ў мутеъ кардааст.

28 Ҳангоме ки ҳама чиз ба Ў мутеъ карда шуд, он гоҳ Худо Писар ҳам ба Он ки ҳама чизро ба Ў мутеъ кард, мутеъ хоҳад шуд, то ки Худо кулл дар кулл бошад.

29 Вагар на, онҳое ки барои мурдагон таъмид меёбанд, чӣ хоҳанд кард? Агар мурдагон мутлақо эҳьё намешуда бошанд, чаро барои мурдагон таъмид меёбанд?

30 Чаро мо низ ҳар соат ба мусибатҳо дучор мешавем?

31 Эй бародарон, қасам ёд мекунам, ки ман ҳар рўз бо марг рў ва  рў мешавам ва дар Худованди мо Исои Масеҳ ба шумо фахр дорам.

32 Вақте ки ман, ба таври инсонӣ, дар Эфсўс бо ҳайвоноти дарранда ҷанг кардам, ба ман чӣ нафъ, агар мурдагон эҳьё намешуда бошанд? Дар он сурат бихўрем ва бинўшем, зеро ки фардо хоҳем мурд!

33 Фирефта нашавед: ‘‘Ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд’’.

34 Ба таври бояду шояд ҳушьёр шавед ва гуноҳ накунед; зеро, барои хиҷил шуданатон мегўям, ки баъзеҳо Худоро намешиносанд.

35 Лекин касе мегўяд:“Мурдагон чӣ гуна эҳьё мешаванд? Ва дар чӣ гуна ҷисм меоянд?“.

36 Эй беақл! Он чи ту мекорӣ, агар намирад, зинда намешавад;

37 Ва ҳангоме ки ту мекорӣ, на ҷисми ояндаро мекорӣ, балки донаи урьёни гандум ё ягон гиёҳи дигарро;

38 Лекин Худо ба он, аз рўи хости Худ, ҷисм медиҳад, ва ба ҳар як тухм ҷисми ба он хосе.

39 На ҳар гуна гўшт айни ҳамон гўшт аст, балки гўшти одамон дигар аст, гўшти чорпоён дигар, гўшти моҳиён дигар, гўшти мурғон дигар.

40 Ҷисмҳои осмонӣ ва ҷисмҳои заминӣ ҳаст, лекин ҷалоли ҷисмҳои осмонӣ дигар аст, ҷалоли ҷисмҳои заминӣ дигар;

41 Ҷалоли офтоб дигар, ҷалоли моҳ дигар, ҷалоли ситораҳо дигар; ва ситора аз ситора дар ҷалолаш фарқ дорад.

42 Дар эҳьёи мурдагон низ ҳамин тавр аст: дар фано кошта мешавад, дар бефаноӣ бармехезад;

43 Дар зиллат кошта мешавад, дар ҷалол бармехезад; дар заъф кошта мешавад, дар қувват бармехезад;

44 Ҷисми нафсонӣ кошта мешавад, ҷисми рўҳонӣ бармехезад. Ҷисми нафсонӣ ҳаст, ҷисми рўҳонӣ низ ҳаст.

45 Чунин навишта шудааст:’’Одами аввалин, яъне Одам, ҷони зинда гашт’’. Одами охирин рўҳи ҳаётбахш аст.

46 Лекин рўҳонӣ пештар нест, балки нафсонӣ  ва баъд рўҳонӣ.

47 Одами якум аз замин аст. Яъне хокист; одами дуюм Худованд аст аз осмон.

48 Хокӣ чӣ гунае ки бошад, хокиён ҳамон гунаанд; осмонӣ чӣ гунае ки бошад, осмониён ҳамон гунаанд;

49 Ва чӣ гунае ки мо сурати одами хокиро ба худ гирифтаем, сурати одами осмониро низ ба худ хоҳем гирифт.

50 Лекин, эй бародарон, ҳаминро ба шумо мегўям, ки гўшт ва хун наметавонанд вориси Малакути Худо шаванд, ва фано вориси бефаноӣ намешавад.

51 Ба шумо сирре мегўям: ҳамаи мо нахоҳем мурд, балки ҳама тағьир хоҳем ёфт,

52 Баногоҳ, дар як мижа задан, баробари садои карнаи охирин; зеро карнай садо хоҳад дод, ва мурдагон ба таври бефано эҳьё хоҳанд шуд, ва мо тағьир хоҳе, ёфт.

53 Зеро он чи фонист, бояд либоси бефаноӣ бипўшад, ва он чи миранда аст, либоси ҷовидонӣ бипўшад.

54 Ва ҳар гоҳ ин фонӣ либоси бефаноӣ бипўшад, ва ин миранда либоси ҷовидонӣ бипўшад, он гоҳ ин каломе ки навишта шудааст, ба амал хоҳад омад:’’Ғалаба маргро фурў бурд’’.

55 Эй марг! Неши ту куҷост? Эй дўзах! Ғалабаи ту куҷост?

56 Неши марг гуноҳ аст, ва қуввати гуноҳ шариат аст.

57 Худоро шукр, ки ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ ба мо ғалаба бахшидааст!

58 Хуллас, эй бародарони маҳбуби ман, матину устувор бошед, ҳамеша дар кори Худованд ҷадал намоед, ва бидонед, ки меҳнати шумо пеши Худованд бар абас нест.

16

1 Дар бобати ҷамъ кардани ионот барои муқаддасон шумо ончунон рафтор кунед, чунон ки ман ба калисоҳои Ғалотия дастур додаам:

2 Дар рўзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо, мувофиқи даромадаш, назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад, то ки дар вақти омаданам ба ҷамъ кардан ҳоҷат наафтад.

3 Ва ҳангоме ки биёям, онҳоеро, ки шумо муносиб донед, бо мактубҳо хоҳам фиристод, то ки хайроти шумморо ба Ерусалим бибаранд.

4 Ва агар рафтани ман ҳам салоҳ дониста шавад, онҳо ҳамроҳи ман хоҳанд рафт.

5 Пас аз он ки аз Мақдуния бигзарам, назди шумо хоҳам омад, зеро аз Мақдуния хоҳам гузашт.

6 Лекин эҳтимол дорад, ки муддате назди шумо бошам ё ҳатто зимистонро гузаронам, то ба ҳар ҷое ки равам, шумо маро гусел намоед.

7 Зеро намехоҳам, ки бо шумо ҳоло фақат дар сари роҳ дидорбинӣ кунам, балки умедворам, ки агар Худованд изн диҳад, якчанд вақт назди шумо бимонам.

8 Аммо то иди пантикост ман дар Эфсўс хоҳам монд.

9 Зеро ки дарвозаи бузургу фарохе барои ман кушода аст, ва мухолифон бисьёранд.

10 Агар Тимотиюс ояд, бохабар бошед, ки ў назди шумо аз хатар эмин бошад, зеро ки ў кори Худовандро ба ҷо меоварад, чунон ки ман низ;

11 Бинобар ин ҳеҷ кас ба ў беэътиноӣ накунад, балки ўро ба саломатӣ гусел кунед, то ки назди ман биёяд, зеро ки ўро бо бародарон мунтазирам.

12 Дар хусуси бародари мо Апўллўс бошад, ман аз ў бисьёр хоҳиш кардам, ки бо бародарон назди шумо биёяд, вале ў ҳеҷ розигӣ надод, ки алҳол биёяд, балки ҳар гоҳ фурсат ёбад хоҳад омад.

13 Ҳушьёр бошед, дар имон устувор бошед, мардвор ва матин бошед;

14 Бигзор ҳамаи корҳои шумо бо муҳаббат ба ҷо оварда шавад.

15 Аз шумо, эй бародарон, илтимос дорам: шумо хонаводаи Истефанусро мешиносед, ки навбари Охоия ҳастанд ва худро ба хизмати муқаддасон супурдаанд;

16 Шумо низ нисбат ба ин гуна шахсон ва нисбат ба ҳар касе ки ба онҳо кўмак мерасонад ва меҳнат мекунад, эҳтиромкор бошед.

17 Аз омадани Истефанус, Фортунатус ва Охойқўс хурсандам: онҳо камии шуморо барои ман пур кардаанд,

18 Зеро ки рўҳи ману шуморо ором карданд. Чунин одамонро иззату ҳурмат кунед.

19 Калисоҳои вилояти Осиё ба шумо салом мерасонанд; Акило ва Прискила бо калисое ки дар хонаи онҳост, ба шумо саломи бисьёре дар Худованд мерасонанд.

20 Ҳамаи бародарон ба шумо салом мерасонанд. Ба якдигар бо бўсаи муқаддас салом расонед.

21 Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам.

22 Ҳар кӣ Исои Масеҳи Худовандро дўст надорад, малъун бод; мороното.

23 Файзи Исои Масеҳи Худованд бо шумо бод,

24 Ва муҳаббати ман бо ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ бод. Омин.