1

1 Павлус, бандаи Исои Масеҳ, ҳаввории даъватшуда ва барои башорати Худо интихобгардида,

2 Ки онро Худо пештар, ба воситаи анбиёи Худ, дар Навиштаҳои муқаддас ваъда карда буд

3 Дар бораи Писари Худ, ки ба ҳасби ҷисм аз насли Довуд таваллуд шудааст,

4 Ва ба ҳасби рўҳи қудсият, ба воситаи эҳьё шуданаш аз мурдагон, чун Писари Худо маълум шудааст, яъне дар бораи Худованди мо Исои Масеҳ,

5 Ки ба воситаи Ў мо файз ва ҳаввориятро пайдо кардаем, то ки ба хотири исми Ў ҳамаи халқҳоро ба итоати имон дароварем,

6 Ки дар миёни онҳо шумо низ даъватшудагони Исои Масеҳ ҳастед,

7 Ба ҳамаи маҳбубони Худо, ки дар Рум ҳастед ва ба муқаддасӣ даъват шудаед, аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд файз ва осоиштагӣ бар шумо бод.

8 Пеш аз ҳама ба Худои худ ба воситаи Исои Масеҳ барои ҳамаи шумо шукр мегўям, ки имони шумо дар тамоми ҷаҳон шўҳрат ёфтааст.

9 Худое ки Ўро дар башорати Писари Ў бо рўҳи худ ибодат мекунам, маро шоҳид аст, ки муттасил шуморо ба ёд меоварам.

10 Ва ҳамеша дар дуоҳои худ илтимос мекунам, ки иродаи Худо ягон вақт ба ман мусоидат намояд, ки назди шумо биёям.

11 Зеро ки хеле орзуманди дидани шумо мебошам, то ки як атои рўҳоние, барои устувор шуданатон, ба шумо тақдим намоям,

12 Яъне бо якҷоягии шумо аз имони умумиамон, аз имони шумо ва худам, тасаллӣ ёбам.

13 Эй бародарон, намехоҳам бехабар бошед аз ин ки дафъаи бисьёр ният доштам назди шумо биёям, лекин то кунун чизе ба ман монеъ мешуд, то ки дар миёни шумо низ, монанди халқҳои дигар, самаре ҳосил кунам.

14 Ман нисбат ба юнониён ва варвариён, нисбат ба оқилон ва ҷоҳилон, дайне ба гардан дорам;

15 Пас, роғиби онам, ки ба шумо низ, ки дар Рум ҳастед, башорат диҳам.

16 Зеро ки башорати Масеҳро ба худ ор намедонам, чунки он қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор: ҳам аввалан, яҳудӣ ва ҳам юнонӣ.

17 Зеро ки адолати Худо дар он аз имон ба имон зоҳир мешавад, чунон ки навишта шудааст:’’ Одил ба василаи имон хоҳад зист’’.

18 Зеро ки ғазаби Худо аз осмон зоҳир мешавад бар ҳар гуна маъсият ва шарорати одамоне ки ростиро бо шарорат поймол мекунанд.

19 Зеро ки он чи дар бораи Худо донистан мумкин аст, ба онҳо маълум аст, чунки Худо ба онҳо маълум кардааст;

20 Зеро ки моҳияти намоёни Ў, яъне қуввати ҷовидонӣ ва Илоҳияти Ў, аз хилқати олам ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст, бинобар ин онҳо ҳеҷ узре надоранд.

21 Агарчи онҳо Худоро шинохта бошанд, Ўро чун Худо ситоиш накарданд ва шукр нагуфтанд, балки хаёлоти онҳо ботил, ва дили бефаросаташон тира шуд:

22 Бо вуҷуди он ки худашонро оқил номиданд, ақли худро гум карда,

23 Ҷалоли Худои бефаноро ба сурате табдил доданд, ки ба одами фонӣ, ба мурғон, чорпоён ва хазандагон монанд аст,

24 Бинобар ин Худо онҳоро бо нафси шаҳвониашон ба нопокӣ гирифтор кард, ба тавре ки онҳо баданҳои худро бо ҳамдигар нангин карданд;

25 Онҳо ростии Худоро ба дурўғ иваз карданд ва парастишу ибодат карданд махлуқро ба ҷои Холиқе ки то абад муборак аст, омин.

26 Аз ин сабаб Худо онҳоро ба ҳавасҳои нангин гирифтор кард: занони онҳо ҷимои табииро ба ҷимои ғайритабиӣ иваз карданд;

27 Ҳамчунин мардон ҷимои табииро бо занон тарк карда, оташи шаҳваташон ба якдигар баланд шуд, ва мард бо мард ба кирдори нангин машғул шуда, сазои иштибоҳи худро дар вуҷуди худашон диданд.

28 Ва азбаски онҳо Худоро бо ақли худ шинохтан нахостанд, Худо онҳоро ба афкори фосид гирифтор кард, то ки корҳои носазо кунанд,

29 Бинобар ин онҳо аз ҳар гуна кизб, зино, макр, тамаъ ва кина, ҳамчунин аз ҳасад, қатл, ҷидол, фиреб ва бадхўӣ пур ҳастанд,

30 Бадгап, тўҳматчӣ, худобадбин, дилозор, худсито, мағрур ва бадандеша ҳастанд, ба падару модарон итоат намекунанд,

31 Беандеша, аҳдшикан, беилтифот, бадкина ва бераҳманд.

32 Агарчи доварии Худоро медонанд, ки кунандагони чунин корҳо сазовори марганд, бо вуҷуди ин на фақат худашон ин корҳоро мекунанд, балки кунандагони дигарро низ таҳсин менамоянд.

2

1 Бинобар ин ту, эй одами маҳкумкунанда, ҳар кӣ бошӣ ҳам, узре надорӣ, чунки дигареро маҳум карда, худатро маҳкум менамоӣ, зеро ки ту, эй маҳкумкунанда, айни ҳамон корҳоро содир мекунӣ.

2 Лекин мо медонем, ки доварии Худо бар кунандагони чунин коҳо баҳақ аст.

3 Наход ки ту, эй одамизод, гумон мекунӣ, ки бо маҳкум кардани кунандагони чунин корҳо ту аз доварии Худо халос хоҳӣ шуд, дар сурате ки худат айни ҳамон корҳоро содир менамоӣ?

4 Ё ки ту ба фаровонии меҳрубонӣ, ҳилм ва пурсабрии Ў беэътиноӣ мекунӣ, бехабар аз он ки меҳрубонии Худо туро ба роҳи тавба ҳидоят менамояд?

5 Аммо, аз боиси саркашӣ ва дили тавбанопазири худ, ту ғазабро барои худ дар рўзи ғазаб ба зуҳури доварии ҳаққонии Худо афзун мегардонӣ,

6 Ки Ў ба ҳар кас мувофиқи аъмоли вай подош хоҳад дод:

7 Ба онҳое ки доим кори нек карда, толиби ҷалол, шараф ва ҷовидӣ мешаванд, ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад дод;

8 Вале онҳоеро, ки саркашӣ карда, ростиро рад менамоянд, ва мутеи норостӣ мешаванд, ба хашму ғазаб гирифтор хоҳад кард.

9 Андўҳу фалокат ояд бар ҷони ҳар одаме ки кори бад мекунад: ҳам, аввалан, бар ҷони яҳудӣ ва ҳам бар ҷони юнонӣ!

10 Лекин ҷалол, шараф ва осоиштагӣ ояд ба ҳар касе ки кори нек мекунад: ҳам, аввалан, ба яҳудӣ ва ҳам ба юнонӣ!

11 Зеро ки Худо рўйбинӣ надорад.

12 Онҳое ки дорои шариат набуда, гуноҳ кардаанд, берун аз шариат низ ҳалок хоҳанд шуд; вале онҳое ки дорои шариат буда, гуноҳ кардаанд, аз рўи шариат маҳкум хоҳанд шуд,

13 Чунки на шунавандагони шариат пеши Худо одиланд, балки иҷрокунандагони шариат сафед карда хоҳанд шуд;

14 Зеро, ҳар гоҳ халқҳое ки шариат надоранд, табиатан фармудаҳои шариатро ба ҷо меоваранд, онҳо шариат надошта бошанд ҳам, худашон барои худ шариат ҳастанд;

15 Рафторашон нишон медиҳад, ки амали шариат дар дилашон навишта шудааст; виҷдон ва афкорашон низ, ки якдигарро гоҳе айбдор ва гоҳе сафед мекунанд, дар ин бобат гувоҳӣ медиҳанд,

16 Дар ҳамон рўзе ки Худо, ба ҳасби башорати ман, асрори одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ хоҳад кард.

17 Инак, ту яҳудӣ ном дорӣ, ва ба шариат такъя мекунӣ, ва аз шинохтани Худо меболӣ.

18 Ва иродаи Ўро медонӣ, ва азбаски шариатро омўхтаӣ, фарқи байни неку бадро мефаҳмӣ,

19 Ва яқин дорӣ, ки ту роҳнамои кўрон, нуре барои бошандагони зулмот,

20 Носеҳи ҷоҳилон ва муаллими кўдакон ҳастӣ, ва дар шариат намунаи маърифат ва ростиро дорӣ,

21 Пас, чӣ гуна ту, ки дигаронро таълим медиҳӣ, худатро таълим намедиҳӣ?

22 Ваъз мегўӣ, ки дуздӣ набояд кард, вале худат дуздӣ мекунӣ! Мегўӣ, ки’’зинокорӣ накун’’, вале худат зинокорӣ мекунӣ! Аз бутҳо нафрат дорӣ, вале маъбадҳоро ғорат мекунӣ!

23 Бо шариат меболӣ, вале шариатро вайрон карда, обрўи Худоро мерезонӣ!

24 Зеро ки ба туфайли шумо, чунон ки навишта шудааст, дар миёни халқҳо исми Худоро хор медоранд.

25 Хатна фоиданок аст, ба шарте ки шариатро риоя кунӣ; аммо агар шариатро вайрон кунӣ, махтунии ту ба номахтунӣ мебаддал шуд.

26 Пас, агар номахтуне фамудаҳои шариатро риоя кунад, оё номахтунии вай махтунӣ шумурда намешавад?

27 Ва номахтуни табиӣ, ки шариатро ба ҷо меоварад, оё туро маҳкум намекунад, ки дорои Навиштаҳо ва хатна ҳастию шариатро вайрон мекунӣ?

28 Зеро яҳудӣ на он кас аст, ки аз рўи қиёфати зоҳири чунин бошад, ва хатна на он чиз аст, ки бар ҷисм намоён бошад,

29 Балки яҳудӣ он кас аст, ки дар ботин чунин бошад, ва хатна он чиз аст, ки дар дил ба ҳасби рўҳ, на ин ки ба ҳасби ҳарф, ҷо дошта бошад; ва ҳамди чунин одам на аз ҷониби одамон, балки аз ҷониби Худост.

3

1 Пас, яҳудӣ чӣ бартарӣ дорад, ё ки хатна чӣ фоида  дорад?

2 Бартарии бузурге аз ҳар ҷиҳат, ва пеш аз ҳама аз он ҷиҳат, ки ба дасташон каломи Худо супурда шудааст.

3 Зеро ки чӣ гўем? Агар баъзеашон бевафо бошанд, оё бевафогии онҳо вафои Худоро ботил мекунад?

4 Ба ҳеҷ ваҷҳ. Балки Худо барҳақ аст, агарчи ҳар одам козиб бошад, чунон ки навишта шудааст:’’То ки Ту дар суханони Худ ҳақ бароӣ ва дар доварии Худ ғолиб оӣ’’.

5 Лекин агар шарорати мо адолати Худоро зоҳир мекарда бошад, чӣ гўем? Оё Худо, ҳангоме ки ба ғазаб меояд, беадолат аст? Инро ман ба таври муҳокимаи одами мегўям.

6 Ба ҳеҷ ваҷҳ. Зеро ки дар он сурат Худо чӣ тавр метавонад оламро доварӣ кунад?

7 Зеро ки агар ба воситаи дурўғи ман ростии Худо барои ҷалоли Ў афзун мешуда бошад, пас чаро ман боз ҳанчун гуноҳкоре маҳкум мешавам?

8 Ва чӣ гуна баъзеҳо ба мо бўҳтон зада, даъво мекунанд, ки гўё мо мегуфта бошем:’’Биёед бадӣ кунем, то ки некӣ ҳосил шавад’’? Маҳкумияти чунин касон ҳаққонист.

9 Пас чӣ гўем? Оё мо бартарӣ дорем? Не, надорем, зеро ки мо аллакай исбот кардаем, ки ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, ҳама гирифтори гуноҳ ҳастанд,

10 Чунон ки навишта шудааст:’’Касе одил нест, як нафар ҳам нест;

11 Касе соҳибфаҳ нест; касе толиби Худо нест;

12 Ҳама гумроҳ шудаанд, аз як сар ношояманд: некўкоре нест, як нафар ҳам нест.

13 Гулўяшон қабри кушода аст; бо забонашон фиреб медиҳанд; бар лабонашон заҳри мор аст;

14 Даҳонашон пур аз ғайбат ва ҳасрат аст;

15 Пойҳошон барои хунрезӣ шитобон аст;

16 Харобкорӣ ва ҳалокат дар роҳҳои онҳост;

17 Онҳо роҳи сулҳу осоиштагиро намедонанд.

18 Дар пеши чашмашон тарси Худо нест’.

19 Лекин мо медонем, ки ҳар чи шариат мегўяд, ба аҳли шариат рў оварда мегўяд, то ки ҳар даҳоне баста шавад ва тамоми олам пеши Худо айбдор гардад,

20 Чунки бо аъмоли шариат ҳеҷ одаме пеши Ў сафед нахоҳад шуд; зеро ки гуноҳ ба воситаи шариат дониста мешавад.

21 Аммо алҳол, сарфи назар аз шариат, адолати Худо зоҳир шудааст, ки Таврот ва анбиё бар он шаҳодат медиҳанд,

22 Адолати Худо  ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳамаи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест,

23 Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд.

24 Ва ройгон, бо файзи Ў, ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешавад,

25 Ки Ўро Худо пешниҳод кард, то ки дар Хуни Ў ба воситаи имон кафорате бошад, барои нишон додани адолати Ў дар омурзиши гуноҳҳое ки пештар, дар замони пурсабрии Худо содир шудаан,

26 Ва барои нишон додани адолати Ў дар замони ҳозира, то ки Ў одил бошад ва ҳар киро, ки ба Исо имон меоварад, сафед кунад.

27 Пас, куҷост он чи боиси болидан бошад? Он тамоман аз байн рафтааст. Ба кадом шариат? Оё ба шариати аъмол? На, балки ба шариати имон.

28 Зеро мо эътироф менамоем, ки одамизод, сарфи назар аз аъмоли шариат, ба воситаи имон сафед мешавад.

29 Ё ки Худо фақат Худои яҳудиён аст? Магар Хуоди халқҳо ҳам нест? Албатта Худои халқҳо ҳам мебошад;

30 Чунки Худо ягона аст, ва Ў махтунонро аз рўи имон ва номахтунонро ба воситаи имон сафед мекунад.

31 Пас, оё мо шариатро ба воситаи имон ботил мекунем? Ба ҳеҷ ваҷҳ, балки шариатро устувор мегардонем.

4

1 Пас, фарзан, падари мо Иброҳим ба ҳасби ҷисм чӣ чизе пайдо кард?

2 Агар Иброҳим бо аъмоли худ сафед шуда бошад, ў шоёни таъриф аст, аммо на дар пеши Худо.

3 Зеро ки дар Навиштаҳо чӣ гуфта шудааст:“Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ў адолат ҳисоб карда шуд“.

4 Барои касе амал мекунад, муздаш на аз рўи эҳсон, балки аз рўи ўҳдадорӣ ҳисоб карда мешавад;

5 Лекин барои касе ки амал намекунад, балки имон меоварад ба Он ки осиёнро сафед мекунад, имонаш адолат ҳисоб карда мешавад.

6 Чунон ки Довуд низ одамеро хушбахт меномад, ки Худо ба вай адолатро сарфи назар аз аъмолаш ато мекунад:

7 ‘‘Хушо касоне ки ҷиноятҳошон омурзида ва хатоҳошон пўшида шудааст;

8 Хушо касе ки Худованд гуноҳи варо ба ҳисоб намегирад’’.

9 Оё ин хушбахтӣ ба махтунон тааллуқ дорад ё ки ба номахтунон низ? Мо гуфтем, ки барои Иброҳим имонаш адолат ҳисоб карда шуд.

10 Кай ҳисоб карда шуд? Баъд аз хатна ё ки пеш аз хатна? Баъд аз хатна не, балки пеш аз хатна буд.

11 Ва аломати хатнаро ў, ҳамчун мўҳри адолат мувофиқи имоне ки дар ҳолати номахтуни худ дошт, пайдо кард, бинобар ин ў падари ҳамаи имондорони номахтун шуд, то ки ба онҳо низ адолат ато шавад,

12 Ва ҳамчунин падари махтунон шуд, ки онҳо на фақат хатна шудаанд, балки низ имонеро, ки Иброҳин дар ҳолати номахтунӣ дошт, пайравӣ кунанд.

13 Зеро ки ба Иброҳим, ё ба наслаш, ваъдаи он ки ў вориси ҷаҳон хоҳад буд, ба воситаи шариат не, балки ба воситаи адолати имон ато шудааст.

14 Зеро ки агар аҳли шариат ворис бошанд, дар он сурат имон пуч асту ваъда ботил;

15 Чунки шариат сабаби ғазаб мешавад, зеро ки дар ҷое ки шариат нест, вайронкунандагони он ҳам нест.

16 Бинобар ин мувофиқи имон аст, то ки мувофиқи файз бошад, барои он ки ваъда ба тамоми насли Иброҳим, на фақат ба насли мувофиқи шариат, балки ба насли мувофиқи имони ў низ таъмин шавад, ки ў падари ҳамаи мост,

17 Чунон ки навишта шудааст:’’Ман туро падари халқҳои бисьёр гардонам’’, дар пеши Худое ки Иброҳим ба Ў имон овард, дар пеши Худое ки мурдагонро зинда мекунад ва номавҷудро ҳамчун маҷуд мехонад.

18 Дар сурате ки ҳеҷ умеде набуд, Иброҳим умедвор шуда, имон овард, то ки падари халқҳои бисьёр шавад, аз рўи он чи гуфта шудааст:’’Насли ту чунин хоҳад буд’’.

19 Ва имонаш суст нашуд, ва ба он ҳам назар накард, ки ҷисми ў, дар синни қариб садсолагӣ, аллакай пир шудааст, ва батни Соро низ аз кор баромадааст;

20 Ва ба ваъдаи Худо аз беимонӣ шубҳа накард, балки дар имонаш устувор истода, Худоро ҳамду сано хонд,

21 Ва боварии комил дошт, ки Ў ба иҷрои ваъдаи Худ низ қодир аст.

22 Аз ҳамин сабаб барои ў адолат ҳисоб карда шуд.

23 Аммо на фақат нисбат ба ў навишта шудааст, ки барои ў ҳисоб карда шуд,

24 Вале нисбат ба мо низ: барои мо низ ҳисоб карда хоҳад шуд, ки имон дорем ба Он ки Худованди мо Исоро аз мурдагон эҳьё кард,

25 Ки Ў ба сабаби гуноҳҳои мо таслим карда шуд ва аз барои сафед кардани мо эҳьё гардид.

5

1 Пас, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ суҳлу осоиштагӣ дорем,

2 Ки ба воситаи Ў мо бо имон сўи ин файзе роҳ ёфтаем, ки дар он истодаем ва бо умеди ҷалоли Худо меболем.

3 Ва на фақат бо ин, балки бо мусибатҳо низ меболем, зеро медонем, ки мусибат сабрро ба вуҷуд меоварад,

4 Ва сабр-ботаҷрибагиро, ва ботаҷрибагӣ-умедро,

5 Ва умед шарманда намекунад, чунки муҳаббати Худо дар дилҳои мо ба воситаи Рўҳулқудс, ки ба мо ато шуд, ҷорӣ шудааст.

6 Зеро ки Масеҳ, ҳангоме ки мо ҳанўз суст будем, дар вақти муқараршуда барои осиён мурд.

7 Зеро гумон намеравад, ки касе барои одиле бимирад, вале эҳтимол дорад, ки барои ягон некўкоре касе ба мурдан ҷуръат кунад.

8 Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳагоме ки ҳанўз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд.

9 Пас, алалхусус алҳол, ки бо Хуни Ў сафед шудаем, ба воситаи Ў аз ғазаб наҷот хоҳем ёфт.

10 Зеро ки агар бо Худо, ҳангоми душман будани худ, ба воситаи  мамоти Писари Ў мусолиҳа карда бошем, пас, алалхусус баъд аз мусолиҳа кардан, мо ба воситаи ҳаёти Ў наҷот хоҳем ёфт;

11 Ва на фақат ин, балки низ бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ меболем, ки ба василаи Ў алҳол мусолиҳа ба даст овардем.

12 Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд.

13 Зеро ки пеш аз шариат ҳам гуноҳ дар ҷаҳон буд, лекин вақте ки шариат  нест, гуноҳ ҳисоб карда намешавад.

14 Бо ин ҳама, аз Одам то Мусо мамот бар онҳое низ ҳукмрон буд, ки гуноҳе монанди гуноҳи Одам накарда буданд, ки ў тимсоли Шахси оянда аст.

15 Лекин бахшоиши файз на ончунон аст, ки гуноҳ бошад. Зеро ки агар бо гуноҳи як кас бисьёр касон гирифтори мамот шуда бошанд, пас, алалхусус файзи Худо ва бахшоиши он барои бисьёр касон ба василаи файзи як Одам, яъне Исои Масеҳ, фаровон мегардад.

16 Ва бахшоиш на ончунон аст, ки ба воситаи як гуноҳкор бошад; зеро ки доварӣ пас аз як гуноҳ сабаби маҳкумият мешавад, лекин бахшоиши файз пас аз гуноҳҳои бисьёр сафед мекунад.

17 Зеро ки агар бо гуноҳи як кас мамот ба воситаи ҳамин як кас ҳукмрон шуда бошад, пас, алалхусус онҳое ки файзи фаровон ва бахшоиши адолатро қабул мекунанд, дар ҳаёт ба воситаи Исои Масеҳи ягона ҳукмрон хоҳанд шуд.

18 Бинобар ин, чунон ки ба воситаи гуноҳи як кас ҳамаи одамон маҳкум шуданд, ончунон ба воситаи адолати Як Кас ҳамаи одамон барои ҳаёт сафед шуданд.

19 Зеро, чунон ки ба воситаи беитоатии як кас бисьёр касон гуноҳкор шуданд, ончунон ба воситаи итоати як кас бисьёр касон одил мешаванд.

20 Аммо шариат баъд ба майдон омад, то ки гуноҳ зиёд шавад; ва ҳангоме ки гуноҳ зиёд шуд, файз бағоят фаровон гардид,

21 То ки, чунон ки гуноҳ ба воситаи мамот ҳукмрон шуд, ончунон файз ҳам ба воситаи адолат барои ҳаёти ҷовидонӣ ба василаи Худованди мо Исои Масеҳ ҳукмрон шавад.

6

1 Пас чӣ гўем? Оё дар гуноҳ бимонем, то ки файз зиёд шавад? Ба ҳеҷ ваҷҳ.

2 Мо, ки нисбат ба гуноҳ мурдаем, чӣ гуна метавонем дар он боз зиндагӣ кунем?

3 Оё намедонед, ки ҳамаи мо, ки дар Исои Масеҳ таъмид ёфтаем, дар мамоти Ў таъмид ёфтаем?

4 Пас мо, дар мамоташ таъмид ёфта, бо Ў дафн шудаем, то ки, чунон ки Масеҳ бо ҷалоли Падар аз мурдагон эҳьё шуд, ончунон мо низ дар ҳаёти нав қадамгузор шавем.

5 Зеро ки агар мо дар мисоли мамоти Ў бо Ў пайванд шуда бошем, дар мисоли эҳьёи Ў низ пайванд хоҳем буд.

6 Зеро медонем, ки инсони кўҳнаи мо бо Ў маслуб шудааст, то ки ҷисми пургуноҳ ботил гардад, ва мо дигар бандагони гуноҳ набошем;

7 Чунки мурда аз гуноҳ фориғ аст.

8 Агар мо бо Масеҳ мурда бошем, боварӣ дорем, ки бо Ў низ хоҳем зист.

9 Зеро медонем, ки чун Масеҳ аз мурдагон эҳьё шуд, дигар намемирад: мамот дигар бар Ў қудрат надорад.

10 Зеро, ин ки Ў мурд, як бор барои ҳамеша нисбат ба гуноҳ мурд, аммо ин ки зинда аст, барои Худо зинда аст.

11 Ҳамин тавр шумо низ худро барои гуноҳ кардан мурда, аммо барои Худо дар Худовандаи мо Исои Масеҳ зинда ҳисоб кунед.

12 Пас, бигзор гуноҳ дар ҷисми мирандаи шумо ҳукмрон нашавад, то ки ба ҳавасҳои он итоат намоед;

13 Ва андоми худро ба гуноҳ насупоред, то ки олати шарорат шавад, балки худро, ҳамчун касони аз мурдагон зиндашуда, ба Худо таслим кунед ва андоми худро дар ихтиёри Худо вогузор намоед, то ки олати адолат бошад.

14 Зеро ки гуноҳ дигар набояд бар шумо ҳукмронӣ кунад: шумо, охир, тобеи шариат не, балки тобеи файз ҳастед.

15 Пас чӣ кунем? Оё гуноҳ кардан гирем ба он сабаб ки тобеи шариат не, балки тобеи файз ҳастем?Ба ҳеҷ ваҷҳ.

16 Оё намедонед, ки ба ҳар кӣ шумо худро чун бандагон барои итоат таслим кунед, бандагони ҳамон кас гардида, ба вай мутеъ мешавед, хоҳ гуноҳе барои мамот бошад, хоҳ итоате барои адолат?

17 Аммо, Худоро шукр, ки агарчи пештар бандагони гуноҳ будед, ҳоло аз самими қалб ба ҳамон тарзи таълим мутеъ шудаед, ки худро ба он таслим кардед.

18 Ва аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони адолат гардидаед.

19 Ба хотири сустии ҷисматон, ба таври муҳокимаронии одамӣ мегўям: чунон ки шумо андоми худро ба бандагии нопокӣ ва шарорат таслим карда, ба шарорат афтода будед, ончунон ҳоло андоми худро ба бандагии адолат барои қудсият вогузор намоед.

20 Зеро вақте ки шумо бандагони гуноҳ будед, аз адолат фориғ будед.

21 Пас он вақт чӣ самаре доштед? Корҳое мекардед, ки ҳоло аз онҳо шарм доред, чунки анҷоми онҳо мамот аст.

22 Лекин ҳоло, ки аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони Худо гардидаед, самари шумо қудсият аст, ва анҷоми кор ҳаёти ҷовидонист.

23 Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши  файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ.

7

1 Зеро ки зани шавҳардор мувофиқи шариат ба шавҳари зинда вобаста аст, ва агар шавҳараш бимирад, вай аз шариати шавҳардорӣ фориғ мешавад.

2 Бинобар ин агар вай дар айёми зиндагии шавҳараш ба Марди дигар равад, зинокор номида мешавад; лекин агар шавҳараш бимирад, вай аз шариат фориғ мешавад ва ҳар гоҳ ба марди дигар бирасад, зинокор ҳисоб намеёбад.

3 Шумо низ, эй бародарон, ба воситаи Бадани Масеҳ ба шариат мурдаем, то ки ба Дигаре, ба Он ки аз мурдагон эҳьё шуд, тааллуқ дошта бошед, барои он ки мо ба Худо самаре оварем.

4 Зеро, вақте ки мо ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекардем, ҳаваси гуноҳҳое ки ба воситаи шариат ошкор мешуд, дар андоми мо амал мекард, барои он ки мо ба мамот самаре оварем;

5 Лекин ҳоло мо ба шариате ки моро баста буд, мурда, аз он фориғ шудаем, то ки мувофиқи рўҳи тоза бандагӣ кунем, на ин ки мувофиқи ҳарфи кўҳна.

6 Пас чӣ гўем? Оё шариат бо гуноҳ якест? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Лекин ман гуноҳро ба воситаи шариат донистаам. Зеро агар шариат намегуфт, ки’’тамаъ накун’’, ман намедонистам, ки тамаъ чист.

7 Аммо гуноҳ, бо баҳонаи ҳукми шариат, дар дили ман ҳар гуна тамаъро ба вуҷуд овард, зеро ки бе шариат гуноҳ мурда аст.

8 Ман як вақте бе шариат зиндагӣ мекардам, аммо вақте ки ҳукми шариат ба майдон омад, гуноҳ ҷон гирифт,

9 Ва ман мурдам, ва он ҳукми ки барои ҳаёт дода шуда буд, сабаби мамоти ман шуд;

10 Чунки гуноҳ, баҳонаи ҳукми шариат, маро фиреб дод ва ба воситаи он кушт.

11 Бинобар ин шраиат муқаддас аст, ҳукми он низ муқаддас, барҳақ ва нек аст.

12 Пас, оё чизи нек барои ман сабаби мамот шуд? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Балки гуноҳ сабаби он шуд: барои он ки вай ҳамчун гуноҳ зоҳир шавад, ба воситаи чизи нек ба ман мамот овард, то ки гуноҳ ба воситаи ҳукми шариат ниҳоятдараҷа азим гардад.

13 Зеро мо медонем, ки шариат рўҳонӣ мебошад, вале ман нафсонӣ ҳастам ва ба гуноҳ фурўхта шудаам.

14 Ман, охир, он чи мекунам, намефаҳмам; чунки он чи мехоҳам, намекунам, балки он чи бад мебинам, мекунам,

15  Пас модоме ки он чи намехоҳам, мекунам, бо ҳамин эътироф менамоям, ки шариат нек аст.

16 Бинобар ин акнун кунандаи он ман нестам, балки гуноҳест, ки дар ман вуҷуд дорад.

17 Зеро медонам, ки дар ман, яъне дар ҷисми ман, чизи нек мавҷуд нест; чунки майли кардани кори нек дар ман бошад ҳам, ёрои кардани он надорам.

18 Зеро он кори неке ки мехоҳам, намекунам, лекин кори баде ки намехоҳам, мекунам.

19 Пас модоме ки он чи намехоҳам, мекунам, акнун кунандаи он ман нестам, балки гуноҳест, ки дар ман вуҷуд дорад.

20 Хуллас, ман чунин қонун пайдо мекунам, ки ҳангоме ки ман мехоҳам кори нек кунам, аз ман кори бад сар мезанад.

21 Зеро ки ман ба ҳасби инсони ботинӣ аз шариати Худо лаззат мебарам,

22 Лекин дар андоми худ қонуни дигаре мебинам, ки он ба муқобили қонуни хиради ман меҷангад ва маро асири он қонуни гуноҳ мегардонад, ки дар андоми ман мавҷуд аст.

23 Вой бар ҳоли ман, ки шахси мискин ҳастам! Кӣ маро аз ин ҷисми гирифтори мамот раҳоӣ медиҳад?

24 Худоро ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ шукр мегўям. Пас, ман бо хиради худ шариати Худоро бандагӣ мекунам, вале бо ҷисми худ қонуни гуноҳро.

8

1 Пас, ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Исои Масеҳ ҳастанд ва на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рўҳ зиндагӣ мекунанд,

2 Чунки қонуни рўҳи ҳаёт дар Исои Масеҳ маро аз қонуни гуноҳ ва мамот фориғ кардааст.

3 Зеро, азбаски шариат бо айби ҷисм суст шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ ва барои гуноҳ фиристода, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард,

4 То ки аҳкоми одилонаи шариат дар мо, ки на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рўҳ зиндагӣ мекунем, ба амал ояд.

5 Зеро онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, дар бораи чизи ҷисмонӣ фикр мекунанд, вале онҳое ки ба ҳасби рўҳ зиндагӣ мекунанд, дар бораи чизи рўҳони фикр мекунанд.

6 Фикрҳои ҷисмонӣ мамот аст, аммо фикрҳои рўҳонӣ ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ,

7 Чунки фикрҳои ҷисмонӣ душманӣ ба Худост, зеро ки ба шариати Худо итоат намекунад ва наметавонад итоат кунад.

8 Бинобар ин онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, ба Худо писанд афтода наметавонанд.

9 Лекин шумо на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рўҳ зиндагӣ мекунед, агар ҳақиқатан Рўҳи Худо дар шумо сокин бошад. Аммо агар касе дорои Рўҳи Масеҳ набошад, вай аз они Ў нест.

10 Ва агар Масеҳ дар шумо бошад, ҷисм ба воситаи гуноҳ мурда аст, вале рўҳ ба воситаи адолат зинда аст.

11 Ва агар Рўҳи Он ки Исоро аз мурдагон эҳьё кард, дар шумо сокин бошад, Он ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард, ҷисмҳои мирандаи шуморо низ бо Рўҳи Худ, ки дар шумо сокин аст, зинда хоҳад кард.

12  Пас, эй бародарон, мо ўҳдадори ҷисм нестем, ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ кунем;

13 Зеро ки агар шумо ба ҳасби ҷисм зиндагӣ кунед, албатта хоҳед мурд; аммо агар аъмоли ҷисмониро ба воситаи Рўҳ бикушед, зинда хоҳед монд.

14 Зеро ҳамаи онҳое ки роҳнамояшон Рўҳи Худост, фарзандони Худо ҳастанд;

15 Чунки шумо рўҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз ҳаросон шавед, балки Рўҳи фарзандхондагиро қабул кардаед, ки ба Он мо нидо мекунем:“Эй Або, эй Падар“

16 Ҳамон Рўҳ ба рўҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем.

17 Ва агар фарзандонаш бошем, ворисонаш низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамирсони Масеҳ ҳастем, агар ҳақиқатан бо Ў азобу уқубат кашем, то ки бо Ў низ ҷалол ёбем.

18 Зеро, ба ақидаи ман, азобу уқубатҳои замони ҳозира назар ба он ҷалоле ки дар мо зоҳир хоҳад шуд, ҳеҷ аст.

19 Зеро ки махлуқот бо умед ба зуҳури фарзандони Худо мунтазир аст,

20 Чунки махлуқот на бо ихтиёри худ, балки ба хотири мутеъкунандаи худ мутеи оворагӣ шудааст, ба умеди он ки

21 Худи махлуқот ҳам аз бандагии фано халосӣ ёфта, ба озодии ҷалоли фарзандони Худо шарик хоҳад шуд.

22 Зеро медонем, ки тамоми махлуқот бо якҷоягӣ то алҳол оҳу нола мекунанд ва азоб мекашанд;

23 Ва на фақат он, балки худи мо низ, ки соҳиби навбари Рўҳ ҳастем, дарунаки оҳу нола мекунем ва мунтазири фарзандхондагӣ ва кафорати ҷисми худ мебошем.

24 Зеро ки бо умеди наҷот ёфтаем. Аммо умед, вақте ки онро мебинанд, дигар умед нест; зеро ки кас агар чизеро бинад, чаро боз дар умеди он бошад?

25 Аммо агар мо дар умеди чизе бошем, ки онро намебинем, бо сабр мунтазираш мешавем.

26 Ҳамчунин Рўҳ низ моро дар нотавониамон тақвият медиҳад; зеро ки мо намедонем дар чӣ хусу ба таври бояду шояд дуо гўем, лекин Худи Рўҳ барои мо бо оҳу нолаҳое шафоат мекунад, ки сухан аз баёнашон оҷиз аст.

27 Таҳқиқунандаи дилҳо аз андешаи Рўҳ огоҳ аст, чунки Ў барои муқаддасон мувофиқи хости Худо шафоат мекунад.

28 Дар баробари ин мо медонем, ки ба дўстдорони Худо, ки мувофиқи пешбинии Ў даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад;

29 Зеро ҳар киро, ки Ў пешакӣ шинохтааст, онҳоро низ пешакӣ муайн кардааст, ки ба сурати Писараш монанд шаванд, то ки Ў дар миёни бародарони бисьёр нахустзода бошанд;

30 Ва ҳар киро, ки Ў пешакӣ муайян кардааст, онҳоро низ даъват намудааст; ва ҳар киро, ки даъват намудааст, онҳоро сафед кардааст, ва ҳар киро, ки сафед кардааст, онҳоро низ ҷалол додааст.

31 Пас мо ба ин чӣ гўем? Агар Худо тарафгири мо бошад, зидди мо кист?

32 Он Худое ки Писари Худро дареғ надоштааст, балки Ўро барои ҳамаи мо таслим кардааст, чӣ гуна бо якҷоягии Ў ҳама чизро ба мо намебахшад?

33 Кӣ баргузидагони Худоро айбдор мекунад? Оё Худое ки сафедкунанда аст?

34 Кӣ маҳкум мекунад? Оё Масеҳе ки мурдааст, вале боз эҳьё шудааст? Оё Ў, ки ба ямини Худо нишастааст? Оё Ў, ки дар ҳаққи мо шафоат мекунад?

35 Кӣ моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо мекунад? Оё андўҳ, ё фалокат, ё таъқибот, ё гуруснагӣ, ё бараҳнагӣ, ё хатар, ё шамшер?

36 Чунон ки навишта шудааст:“Ба хотири Ту мо ҳар рўз кушта мешавем, мисли гўсфандони забҳ ба шумор меравем“.

37 Аммо бар ҳамаи ин мо ба воситаи Дўстдорамон пурра ғолиб меоем.

38 Зеро ман мўътақидам, ки на мамот, на ҳаёт, на фариштагон, на маъбадҳо, на қувваҳо, на ҳозира, на оянда,

39 На баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад.

9

1 Дар Масеҳ рост мегўям, дурўғ намегўям, виҷдонам дар Рўҳулқудс бо ман шаҳодат медиҳад,

2 Ки ғуссаи бузургест барои ман, ва сўзи дили ман поён надорад:

3 Зеро ман мехостам, ки ба хотири бародаронам, ки ба ҳасби ҷисм хешони мананд, худам аз Масеҳ маҳрум шавам.

4 Онҳо исроилиёнанд; фарзандхондагӣ ва ҷалол, аҳдҳо ва шариат, ибодат ва ваъдаҳо ба онҳо тааллуқ доранд;

5 Ва падарон аз онҳоянд, ва аз онҳо Масеҳ ба ҳасби ҷисм ба ҷаҳон омадааст, ки Худо бар ҳама ва то абад муборак аст, Омин.

6 Аммо чунин нест, ки каломи Худо аз эътибор сокит шуда бошад. Зеро на ҳама исроилиянд, ки аз Исроил бошанд,

7 Ва на ҳама фарзандони Иброҳиманд, ки наслаш ҳастанд; балки’’насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳанд шуд’’.

8 Яъне на ҳамаи фарзандони ҷисм фарзандони Худо ҳастанд, балки фарзандони ваъда насл ҳисоб меёбанд.

9 Зеро ки каломи ваъда чунин аст:“Дар ҳамин вақт хоҳам баргашт, ва Сороро писаре хоҳад шуд“.

10 Ва на фақат ин, балки ба Ривқо низ ҳамин тавр шуд, вақте ки вай аз яке, яъне аз падарамон Исҳоқ ба як шикам ду писарро ҳомила буд.

11 Зеро ки пеш аз таваллуди онҳо, ки ҳанўз ҳеҷ амали неке ё баде накарда буданд, барои он ки пешбинии Худо дар интихобашон на аз аъмол, балки аз Даъваткунанда содир шавад,

12 Ба вай гуфта шуд:“Калонӣ ба хурдӣ хизмат кунад“.

13 Чунон ки навишта шудааст:“Яъқубро Ман дўст доштам, аммо Эсовро бад дидам“.

14 Пас чӣ гўем? Магар назди Худо беинсофӣ ҳаст? Ба ҳеҷ ваҷҳ.

15 Зеро ки Ў ба Мусо мегўяд:“Ҳар киро марҳамат кардан хоҳам, марҳамат мекунам; ба ҳар кӣ раҳм кардан хоҳам, раҳм мекунам“.

16 Пас, гап на дар он кас аст, ки майл дорад ва саъю кўшиш мекунад, балки дар марҳамати Худост.

17 Зеро ки Навиштаҳо ба фиръавн мегўяд:“Барои он Ман туро ба по гузоштаам, ки қуввати Худро бар ту нишон диҳам, то ки исми Ман дар тамоми ҷаҳон интишор ёбад“.

18 Пас, Ў ҳар киро хоҳад, марҳамат мекунад, ва ҳар киро хоҳад, сангдил мегардонад.

19 Ту ба ман хоҳӣ гуфт:“Пас чаро Ў боз маззамат мекунад? Зеро кист, ки ба иродаи Ў муқобилат карда тавонад?“.

20 Аммо ту кистӣ, эй одамизод, ки бо Худо баҳсу мунозира мекунӣ? Оё маснўъ ба сонеъ мегўяд:“Чаро маро чунин сохтӣ?“

21 Оё кўзагар ихтиёр надорад, ки аз айни як гил зарфе барои истеъмоли олӣ ва зарфи дигаре барои истеъмоли паст бисозад?

22 Пас, чӣ ҷои баҳс аст, ки агар Худо, бо мақсади нишон додани ғазаби Худ ва зоҳир сохтани иқтидори Худ, зарфҳои ғазабро, ки барои ҳалокат сохта шудаанд, бо пурсабрии азиме таҳаммул карда бошад,

23 То ки фаровонии ҷалоли Худро бар зарфҳои марҳамат, ки Ў пешакӣ онҳоро барои ҷалол омода кардааст, зоҳир созад.

24 Ва он зарфҳои марҳамат моем, ки Ў моро на фақат аз байни яҳудиён, балки аз байни халқҳо ҳам даъват намудааст,

25 Чунон ки дар Ҳушаъ низ мегўяд:“Онҳоеро, ки қавми Ман нестанд, қавми Худ хоҳам хонд, ва онро, ки маҳбуба нестанд, маҳбуба хоҳам хонд;

26 Ва дар он ҷое ки ба онҳо гуфта шудааст:“Шумо қавми Ман нестед“, онҳо фарзандони Худои Ҳай номида хоҳанд шуд“.

27 Ва Ишаъё дар бораи Исроил нидо мекунад, ки:“Агар шумораи банӣ-Исроил мисли реги баҳр бошад ҳам, бақияе наҷот хоҳад ёфт;

28 Зеро ки Худованд коре ба итмом мерасонад ва ба зудӣ аз рўи адолат ҳал мекунад, кори қатъие бар замин анҷом медиҳад.

29 Ва чунон ки Ишаъё пешгўӣ кардааст:“Агар Худованди лашкарҳо барои мо насле боқӣ намегузошт, мо мисли Садўм мешудем ва ба Амўро монандӣ медоштем“.

30 Пас чӣ гўем? Халқҳое ки дар паи адолат набуданд, адолат ба даст оварданд: адолате ки аз имон аст;

31 Аммо Исроил, ки дар паи шариати адолат буд, ба шариати адолат нарасид.

32 Чаро? Чунки онро на дар имон, балки дар аъмол толиб шуданд. Онҳо ба санги пешпое пешпо хўрданд,

33 Чунон ки навишта шудааст:“Инак, дар Сион санги пешпо ва сахраи васваса мегузорам, ва ҳар кӣ ба Ў имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд“.

10

1 Эй бародарон! Орзуи дили ман ва дуои ман назди Худо барои Исроил ин аст, ки онҳо наҷот ёбанд.

2 Зеро дар бораи онҳо шаҳодат медиҳам, ки рашки Худоро доранд, аммо на аз рўи фаҳм.

3 Зеро ки ба адолати Худо сарфаҳм нарафта, адолати худашонро барқарор карданӣ шуданд ва ба ин сабаб ба адолати Худо итоат накарданд;

4 Чунки Масеҳ анҷоми шариат аст барои адолати ҳар касе ки имон меоварад.

5 Мусо дар бораи адолате ки аз рўи шариат аст, чунин менависад:“Ҳар кӣ онро ба ҷо оварад, ба воситаи он хоҳад зист“

6 Аммо адолате ки аз рўи имон аст, чунин мегўяд:“Дар дили худ нагў:’’Кӣ ба осмон сууд мекунад?’’„ барои он ки Масеҳро поён фурорад.

7 Ё:“Кӣ ба варта нузул мекунад?“ барои он ки Масеҳро аз мурдагон боло барорад.

8 Аммо вай чӣ мегўяд? Калом наздики туст, дар даҳони ту ва дар дили туст, яъне каломи имон, ки мо онро мавъиза мекунем.

9 Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ўро аз мурдагон эҳьё кард, наҷот хоҳӣ ёфт;

10 Чунки одам бо дили худ имон меоварад, ки ин барои адолати ўст, ва бо даҳони худ эътироф мекунад, ки ин барои наҷоти ўст.

11 Зеро Навиштаҳо мегўяд:“Ҳар кӣ ба Ў имон овард, хиҷил хоҳад шуд“

12 Ва дар ин бобат ҳеҷ тафовуте дар миёни яҳудиён ва юнониён нест, зеро ҳама Худованди Ягонае доранд, ки барои ҳамаи онҳое ки исми Ўро мехонанд, сарватманд аст.

13 Зеро ‘‘ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт’’.

14 Аммо чӣ гуна онҳо бихонанд Онро, ки ба Ў имон наоварадаанд? Чӣ гуна онҳо имон оваранд ба Он ки дар бораи Ў чизе нашунидаанд? Чӣ гуна онҳо бидуни воизон чизе бишнаванд?

15 Ва чӣ гуна ба онҳо воизон мавъиза мекунанд бе он ки фиристода шаванд? Чунон ки навишта шудааст:“Чӣ гуна зебост пойҳои онҳое ки аз сулҳу осоиштагӣ башорат медиҳанд, аз некӣ башорат медиҳанд!“

16 Лекин на ҳама башоратро гўш карданд. Зеро Ишаъё Мегўяд:“Худовандо! Кӣ ба ваъзи мо имон овардааст?“

17 Пас, имон аз шунидани ваъз аст ва ваъз ба воситаи  каломи Худост.

18 Аммо мегўям: оё онҳо нашунидаанд? Баръакс:“Садои онҳо дар тамоми замин паҳн шуд, ва каломашон то ақсои дуньё расид“.

19 Аммо магўям: оё Исроил намедонист? Пеш аз ҳама Мусо мегўяд:“Ман ба воситаи он чи қавм нест, рашки шуморо ба вуҷуд хоҳам овард, ба воситаи мардуми бефаҳ шуморо ба хашм хоҳам овард“.

20 Ва Ишаъё далерона мегўяд:“Касоне Маро ёфтанд, ки толиби Ман набуданд, ба касоне Худро зоҳир сохтам, ки ҷўёи Ман набуданд“.

21 Аммо дар бораи Ў мегўяд:“Тамоми рўз дастҳои Худро сўи қавми беитоат ва гарданкаш дароз кардам“.

11

1 Пас, ман мегўям: магар Худо қавми Худро рад кардааст? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Зеро ки ман ҳам исроилӣ, аз насли Иброҳим, аз сабти Биньёмин ҳастам.

2 Худо қавми Худро, ки пешакӣ шинохта буд, рад накардааст. Оё намедонед, ки Навиштаҳо дар ҳикояти Ильёс чӣ мегўяд? Чӣ гуна ў ба Худо аз Исроил шикоят карда мегўяд:

3 „Худовандо! Анбиёи Туро онҳо куштанд, қурбонгоҳҳои Туро вайрон карданд; танҳо ман мондаам, дар қасди ҷони ман низ мебошанд“

4 Аммо Худо ба ў чӣ ҷавобе дод? ‘‘Ҳафт ҳазор одамро, ки назди Баал зону назадаанд, барои Худ нигоҳ доштаам“.

5 Ҳамчунин дар замони ҳозира низ, мувофиқи интихоби файз, бақияе мондааст.

6 Аммо агар ин мувофиқи файз бошад, пас мувофиқи аъмол нест, вагарна файз дигар файз нашуда мемонад. Ва агар мувофиқи аъмол бошад, пас ин дигар файз нест, вагар на амал дигар амал нашуда мемонд.

7 Пас чӣ гўем? Исроил он чиро, ки толиб буд, ба даст наовард. Аммо баргузидагон ба даст оварданд, ва касони боқӣ сангдил шуданд,

8 Чунон ки навишта шудааст:“Худо ба онҳо рўҳи хоби гарон дод, Ва чашмоне ки намебинанд, ва гўшҳое ки то имрўз намешунаванд“

9 Довуд низ мегўяд:“Бигзор сурфаи онҳо барои сазояшон ба доме, капқоне ва тузоқе мубаддал гардад;

10 Бигзор чашмони онҳо хира шавад, то ки набинанд, ва тахтапушти онҳо хам шавад“.

11 Пас, ман мегўям: оё онҳо то ба дараҷае пешпо хўрдаанд, ки фурў ғалтиданд? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Аммо аз пешпохўрии онҳо ба халқҳо наҷот омад, то ки рашки онҳоро ба вуҷуд оварад.

12 Ва агар пешпохўрии онҳо сарвати ҷаҳон ва шикасти онҳо сарвати халқҳо бошад, каломи онҳо чанд маротиба зиёдтар фоидабахш хоҳад буд.

13 Ба шумо, эй халқҳо, мегўям: ҳамчун ҳаввории халқҳо ман хизмати худро ситоиш мекунам:

14 Ба умеди он ки рашки онҳоеро, ки ба ҳасби ҷисм ба ман наздиканд, ба вуҷуд оварам ва баъзеи онҳоро наҷот диҳам.

15 Зеро, агар радшавии онҳо мусолиҳаи ҷаҳон шуда бошад, пас қабулшавии онҳо, ба ҷуз эҳьё аз мурдагон, чӣ хоҳад буд?

16 Агар хамироя муқаддас бошад, хамир низ муқаддас аст; ва агар реша муқаддас бошад, шохаҳо низ муқаддас аст.

17 Аммо агар баъзе аз шохаҳо шикаста ҷудо шуда бошанд, ва ту, ки зайтуни ёбоӣ будӣ, ба ҷои онҳо пайванд гашта, ба реша ва шираи зайтун шарик шуда бошӣ,

18 Пас назди он шохаҳо мағрур машав; ва агар мағрур шавӣ, бидон, ки ту решаро нигоҳ надоштаӣ, балки реша туро нигоҳ доштааст.

19 Ту хоҳӣ гуфт:“Шохаҳо шикаста ҷудо шудаанд, то ки ман пайванд шавам“.

20 Бале. Онҳо ба сабаби беимонӣ шикаста ҷудо шудаанд, аммо ту ба воситаи имон истодагӣ мекунӣ: ғурур макун, балки битарс.

21 Зеро ки агар Худо шохаҳои табииро амон надода бошад, туро низ амон нахоҳад дод.

22 Пас, меҳрубонӣ ва сахтгирии Худоро бубин: Ў сахтгир аст ба онҳое ки афтода ҷудо шудаанд, ва меҳрубон аст ба ту, агар дар меҳрубонии Ў бимонӣ; вагар на ту низ бурида хоҳӣ шуд.

23 Лекин онҳо низ, агар дар беимонӣ намонанд, пайванд хоҳанд шуд, зеро Худо қодир аст, ки онҳоро боз пайванд кунад.

24 Зеро, агар ту аз зайтуни табиатан ёбоӣ бурида шуда, бар хилофи табиат ба зайтуни хуб пайванд шуда бошӣ пас алалхусус инҳо, ки шохаҳои табиӣ ҳастанд, ба зайтуни хуб пайванд хоҳанд шуд.

25 Зеро, эй бародарон, ман намехоҳам, ки шумо, худро доно пиндошта, аз чунин сир бехабар монед, ки як қисми Исроил ба сангдилӣ гирифтор шудааст то вақте ки шумораи пурраи ғайрияҳудиён дохил шаванд.

26 Ва он гоҳ тамоми Исроил наҷот хоҳад ёфт, чунон ки навишта шудааст:“Аз Сион Раҳокунанда хоҳад омад ва маъсиятро аз Яъқуб дафъ хоҳад кард;

27 Ва ин аст аҳди Ман бо онҳо дар замоне ки гуноҳҳошонро аз миён бардорам“.

28 Ба сабаби Инҷил, онҳо душманонанд ба хотири шумо, лекин ба сабаби интихоб, онҳо маҳбубанд ба хотири падарон;

29 Зеро ки бахшоишҳо ва даъвати Худо тағьирнопазир аст.

30 Зеро, чунон ки шумо низ як вақте ба Худо итоат накардед, вале алҳол, ба сабаби беитоатии онҳо, марҳамат ёфтаед,

31 Ҳамчунин онҳо низ ҳоло итоат накарданд, то ки худашон низ ба воситаи ҳамон марҳамате ки шумо ёфтаед, марҳамат ёбанд.

32 Зеро ки Худо ҳамаро ба беитоатӣ дучор овардааст, то ки ҳамаро марҳамат кунад.

33 Зиҳӣ умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ў ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ў!

34 Зеро кист, ки афкори Худовандро дарк карда бошад? Ё кист, ки мушовири Ў шуда бошад?

35 Ё кист, ки ба Ў пешакӣ чизе дода бошад, то ки подошашро ба вай баргардонад?

36 Зеро ки ҳама чиз аз Ўст, ба воситаи Ўст ва барои Ўст. Ўро то абад ҷалол бод. Омин.

12

1 Пас, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд;

2 Худро ба ин дуньё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист.

3 Зеро ба ҳасби файзе ки ба ман ато шудааст, ба ҳар яке аз шумо мегўям: дар ҳаққи худатон бештар аз он чи шоён аст, фикр накунед, балки хоксорона, ба андозаи имоне ки Худо ба ҳар кас насиб кардааст, фикр ронед.

4 Зеро, чунон ки дар як бадан андоми бисьёре дорем, лекин на ҳамаи андомҳо айни як корро ба ҷо меоваранд,

5 Ҳамчунин мо, ки бисьёрем, як баданро дар Масеҳ ташкил мекунем, аммо ҳар яке ба танҳои андоми якдигарем;

6 Ва ба ҳасби файзе ки ба мо дода шудааст, атоҳои гуногун дорем; агар атои нубувват доша бошӣ, ба андозаи имон нубувват кун;

7 Агар атои хизмат дошта бошӣ, бо хизматгузорӣ машғул шав; агар касе муаллим бошад, бо таълим машғул шавад;

8 Агар касе воиз бошад, бо мавъиза машғул шавад; ҳар кӣ бахшандаи аст, бо саховат бахшиш диҳад; ҳар кӣ сардор аст, бо ҷудду ҷаҳд сардорӣ кунад; ҳар кӣ эҳсонкор аст, бо меҳрубонӣ некӣ кунад.

9 Муҳаббати шумо бе риёкорӣ бошад; аз бадӣ нафрат кунед, ба некӣ бичаспед;

10 Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дўст доред; ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед.

11 Ҷидду ҷаҳдро суст накунед, рўҳи пурҳарорат дошта бошед; Худовандро бандагӣ намоед.

12 Аз умедворӣ тасаллӣ ёбед; дар мусибат пуртоқат бошед; ҳамеша дуо гўед.

13 Дар рафъи эҳтиёҷоти муқаддасон иштирок кунед; дар меҳмоннавозӣ бикўшед.

14 Баракат бихоҳед барои онҳое ки шуморо таъқиб мекунанд; баракат бихоҳед, вале лаънат нахоҳед.

15 Бо шодикунандагон шодӣ кунед, бо гирьякунадагон гирья кунед.

16 Бо якдигар ҳамфикр бошед; ҳавобаландӣ накунед, балки бо ҳакирон муошират намоед; худро доно мапиндоред.

17 Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед; пеши тамоми мардум дар паи некӣ бошед.

18 Ба қадри имкон, то ҳадде ки ба шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон мувосо кунед.

19 Эй маҳбубон, интиқоми худро нагиред, балки ба ғазаби илоҳӣ вогузор кунед; зеро ки навишта шудааст:“Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегўяд Худованд“.

20 Пас, агар душманат гурусна бошад, шикамашро сер кун; агар ташна бошад, ба ў об деҳ; зеро ки бо чунин рафторат бар сари ў оташпораҳо фурў хоҳӣ рехт.

21 Ба бадӣ мағлуб нашав, балки бадиро бо некӣ мағлуб кун.

13

1 Ҳар шахс бояд ба ҳокимиятҳои боло итоат кунад; зеро ҳеҷ ҳокимияте нест, ки аз Худо набошад, ва ҳокимиятҳои мавҷуда аз ҷониби Худо барқарор шудаанд.

2 Бинобар ин ҳар кӣ ба ҳокимият муқобилат кунад, бар зидди амри Худо исьён кардааст; ва исьёнгарон гирифтори маҳкумият хоҳанд шуд.

3 Зеро ки ҳокимон на барои некўкорон, балки барои бадкорон хавфноканд. Оё мехоҳӣ аз ҳокимият тарсе надошта бошӣ? Корҳои нек кун, ва сазовори таърифи вай хоҳӣ шуд;

4 Чунки вай хизматгузори Худост бар нафъи ту. Аммо агар корҳои бад кунӣ, битарс; зеро ки вай шамшерро беҳуда бардошта нагаштааст; вай хизматгори Худост ва бо ғазаб аз бадкорон интиқом мегирад.

5 Бинобар ин на фақат аз тарси ҷазо, балки низ аз рўи виҷдон итоат кардан лозим аст.

6 Ба ҳамим сабаб шумо андоз ҳам медиҳед; зеро онҳо мулозимони Худо ҳастанд, ки доим бо ин кор машғуланд.

7 Пас, ба ҳар кас он чиро, ки бар зиммаи шумо дайн аст, адо кунед; андозро ба касе ки андоз меситонад; хироҷро ба касе ки хироҷ мегирад; тарсро ба касе ки лоиқи тарс аст; иззатро ба касе ки шоистаи иззат аст.

8 Аз касе чизе қарздор нашавед, ҷуз қарзи муҳаббат нисбат ба якдигар; зеро ҳар кӣ каси дигарро дўст медорад, шариатро ба ҷо меовардааст.

9 Зеро ки аҳкоми:’’Зино накун’’, ‘‘Қатл накун’’, ‘‘Дузди накун’’, ‘‘Шаҳодати дурўғ надеҳ’’, ‘‘Тамаъ накун’’, Ва тамоми аҳкоми дигар дар ҳамин як калом, чунончи ‘‘Ёратро мисли худат дўст дор’’ ҷамъбаст карда шудааст.

10 Муҳаббат ба ёр бадӣ намекунад; пас, муҳаббат иҷрои пурраи шариат аст.

11 Дар айни ҳол вақтро медонед, ки аллакай соати аз хоб бедор шуданатон расидааст: зеро ки алҳол наҷоти мо назар ба он вақте ки имон овардаем, наздиктар аст.

12 Шаб гузашту рўз наздик омад, пас, биёед, аъмоли зулмотро як сў монему аслиҳаи нурро дар бар кунем.

13 Мисли он ки рўзона бошад, боодобона рафтор кунем: на бо айёшӣ, на бо мастигарӣ, на бо шаҳватпарастӣ ва фисқу фуҷур, на бо низоъ ва ҳасад.

14 Балки Худованди мо Исои Масеҳро дар бар кунед ва дар бораи ҳавасҳои шаҳвонии ҷисм ғамхорӣ нанамоед.

14

1 Касеро, ки дар имон суст аст, қабул кунед бе он ки дар бораи ақидаҳо мубоҳиса намоед.

2 Яке боварӣ дорад, ки хўрдани ҳама чиз ҷоиз аст, вале он ки суст аст, фақат сабзавот мехўрад.

3 Касе ки мехўрад, набояд он касе, ки намехўрад, хор шуморад; ва касе ки намехўрад, набояд он касро, ки мехўрад, маҳкума кунад: чунки Худо ўро қабул кардааст.

4 Ту кистӣ, ки бандаи каси дигарро маҳкум мекунӣ? Пеши оғои худ ў меистад ё меафтад; аммо ба по хоҳад истод, зеро ки Худо қодир аст ўро ба по бархезонад.

5 Як кас як рўзро аз рўзи дигар авло медонад; лекин каси дигар рўзҳоро баробар медонад. Бигзор ҳар яке дар эътиқоди худ устувор бошад.

6 Он ки рўзеро авло медонад, барои Худованд чунин мекунад; ва он ки рўзҳоро баробар медонад, барои Худованд чунин мекунад. Он ки мехўрад, барои худованд мехўрад, зеро ки Худоро шукр мегўяд.Ва он ки намехўрад, барои Худованд намехўрад ваХудоро шукр мегўяд.

7 Зеро ки ҳеҷ яке аз мо барои худ зист намекунад, ва ҳеҷ яке барои худ намемирад.

8 Зеро ки агар зист кунем, барои Худованд зист мекунем,ва агар бимитрем, барои Худованд мемирем. Бинобар ин, хоҳ зист кунем, хоҳ бимирем, ба Худованд тааллуқ дорем.

9 Зеро Масеҳ барои он мурд ва аз нав зинда шуд, ки ҳам бар мурдагон ва ҳам бар зиндагон Худованд бошад.

10 Пас чаро ту бародаратро маҳкун мекунӥ? Ё ту низ чаро бародаратро хор мешуморӥ? Охир ҳамаи мо пеши курсии доварии Худо ҳозир хоҳем шуд.

11 Зеро ки навишта шудааст:“Қасам ба ҳаёти Худам мегўяд Худованд: пеши Ман ҳар зонуе хам хоҳад шуд, ва ҳар забоне Худоро ситоиш хоҳад кард“.

12 Пас, ҳар яке аз мо дар бораи худ ба Худо ҳисобот хоҳад дод.

13 Пас, якдигарро дигар маҳкум накунем; балки беҳтар аст дар он хусус муҳокима кунед, ки касе дар сари роҳи бародараш пешпое ё васвасае нагузорад.

14 Ман меоднам ва дар Исои Худованд яқин дорам, ки ҳеҷ як чиз ба худии худ наҷис нест; фақат барои касе ки чизеро наҷис мешуморад, он чи наҷис аст.

15 Ва агар бародарат аз барои хўрок озурда шавад, ту дигар аз рўи муҳаббат рафтор намекунӥ; бо хўроки худ он касро, ки Масеҳ барои ў мурдааст, нобуд накун.

16 Пас эҳтиёт бошед, ки аз кори неки шумо бадгўӥ накунанд.

17 Зеро ки Малакути Худо аз хўрдан ва нўшидан иборат нест, балки адолат, сулҳу осоиштагӥ ва шодмонӥ дар Рўҳулқудс аст.

18 Ва ҳар кӥ ба ин тариқа Масеҳро бандагӥ мекунад, вай писандидаи Худо ва мақбули мардум аст.

19 Пас, дар роҳи сулҳу осоиштагӥ ва тақияти якдигар саъю кўшиш кунем.

20 Аз барои хўрок кори Худоро вайрон накун. Ҳама чиз пок аст, лекин агар ба сабаби хўрдан касе ба васваса афтад, ин кор савоб надорад.

21 Беҳтар аст, ки гушт нахўрӣ, май нанўшӣ ва коре накунӣ, ки боиси пешпо хўрдан, ё ба васваса афтодан ё суст шудани бародарат мегардида бошад.

22 Имоне ки ту дорӣ, барои худат, дар пеши Худо дошта бош. Хушо касе ки худро барои он чи баргузидааст, маҳум накунад.

23 Аммо он ки шубҳа дорад, агар бихўрад, маҳкум мегардад, чунки ин корро аз рўи имон накард; ва ҳар коре ки мувофиқи имон нест, гуноҳ аст.

24 Ба Ў, ки қодир аст шуморо устувор гардонад ва ҳасби башорати ман ва мавъизаи Исои Масеҳ, ба ҳасби кашфи он сирре ки аз замонҳои азаллӣ ниҳон буд,

25 Вале алҳол зоҳир шуда, ба воситаи навиштаҳои анбиё, бо амри Худои ҷовидонӣ ба ҳамаи халқҳо маълум шудааст, то ки ба итоати имон дароянд,

26 Ба Худои ҳакими якто, ба воситаи Исои Масеҳ, то абад ҷалол бод. Омин.

15

1 Ва мо, ки тавоно ҳастем, бояд сустиҳои нотавононро брдорем ва толиби роҳати худ набошем.

2 Ҳар яке аз мо бигзор толиби роҳати ёри худ бошад дар он чи бар нафъи вай барои тақвияти вай аст.

3 Зеро ки Масеҳ низ толиби роҳати Худо набуд, балки чунон ки навишта шудааст:“Бадгўиҳои бадгўёни Ту бар Ман афтодааст“.

4 Зеро ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омўхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем.

5 Ва Худои сабру тасаллӣ бигзор шуморо тақвият диҳад, ки бо ҳамдигар, мутобиқи Исои Масеҳ, ҳамфикр бошед.

6 То ки шумо якдилона, бо як забон Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳро ҳамду сано гўед.

7 Пас, якдигарро қабул кунед, чунон ки Масеҳ низ шуморо барои ҷалоли Худо қабул кардааст.

8 Зеро ман мегўям, ки Исои Масеҳ, ба хотири ростии Худо, барои махтунон хизматгузор шуд, то ки ваъдаҳои ба падарон додашударо ба иҷро расонад.

9 Ва барои он ки халқҳо Худоро ба хотири марҳамати Ў ҳамду сано гўянд, чунон ки навишта шудааст:“Бинобар ин Туро дар миёни халқҳо ҳамду сано хоҳам гуфт ва исми Туро тараннум хоҳам кард“

10 Ва боз гуфта шудааст:“Эй халқҳо, бо қавми Ў хушнўд шавед“.

11 Ва боз:“Эй ҳамаи халқҳо, Худовандро ситоиш кунед ва, эй ҳамаи қавмҳо, Ўро ҳамду сано гўед“.

12 Ишаъё низ мегўяд:“Решаи Йисой хоҳад омад, ва Ў барои мутеъ кардани халқҳо хоҳад бархост; халқҳо ба Ў умед хоҳанд баст“

13 Пас, Худои умед бигзор шуморо дар имонатон аз ҳар гуна шодӣ ва сулҳу осоиштагӣ пур кунад, то ки бо қуввати Рўҳулқудс умедатон афзун гардад.

14 Худи ман ҳам, эй бародарон, бар шумо эътимод дорам, ки шумо низ пур аз файз ва саршор аз ҳар гуна дониш мебошед ва якдигарро насиҳат карда метавонед.

15 Лекин ман касе ҷуръат намуда, ба шумо баъзе чизҳоро гўё ки хотиррасон кардам, мувофиқи файзе ки Худо ба ман ато фармудааст.

16 Барои он ки дар миёни халқҳо хизматгузори Исои Масеҳ бошам ва каҳонати башорати Худоро ба ҷо оварам, то ки ҳадияи халқҳо аз Рўҳулқудс муқаддас гардида, ба Худо мақбул афтад.

17 Пас, ман метавонам дар Исои Масеҳ пеши Худо ифтихор намоям;

18 Зеро ҷуръат намекунам чизе бигўям ҷуз он чи Масеҳ ба воситаи ман дар бобати мутеъ кардани халқҳо бо сухан ва амал,

19 Бо қуввати аломоту мўъҷизот, бо қуввати Рўҳи Худо ба ҷо овардааст, ба тавре ки ман аз Ерусалим ва гирду атрофаш гирифта то Илурикўн башорати Масеҳро интишор кардаам,

20 Дар айни ҳол ман саъю кўшиш намудаам, на дар он ҷойҳое ки исми Масеҳ машҳур аст, башорат бидиҳам, то ки бар таҳкурсии дигарон бино накунам,

21 Балки, чунон ки навишта шудааст:“Онҳое ки хабари Ўро наёфтаанд, хоҳанд дид, ва онҳое ки нашунидаанд, хоҳанд фаҳмид“.

22 Ҳамин чиз буд, ки дафъаи бисьёр ба омадани ман назди шумо монеъ шуд.

23 Лекин алҳол, ки маро дар ин кишварҳо дигар коре нест, ва чандил сол боз орзурмандам, ки назди шумо биёям,

24 Ҳамин ки ба сафари Испония биравам, назди шумо хоҳам омад. Зеро умедворам, ки ҳангоми гузашта рафтанам бо шумо мулоқот кунам, ва шумо маро, баъд аз он ки аз дидоратон андаке сер шавам, ба он ҷо гусел намоед.

25 Аммо ҳоло ман ба Ерусалим меравам, то ки ба муқаддасон хизмат кунам,

26 Зеро ки аҳли Мақдуния ва Охоия салоҳ донистанд ки хайроте барои камбағалони муқаддасони Ерусалим фиристонанд.

27 Инро салоҳ донистанд, вале нисбат ба онҳо ўҳдадор ҳам ҳастанд; зеро, модоме ки халқҳо ба онҳо аз ҷиҳати рўҳонӣ шарик шудаанд, бояд ба онҳо аз ҷиҳати маишӣ низ хизмат кунанд.

28 Пас, ин корро анҷом дода ва ин маблағро ба дасти онҳо супурда, ман бо роҳи кишвари шумо ба Испония хоҳам рафт.

29 Ва яқин дорам, ки ҳар гоҳ назди шумо биёям, бо баракати пурраи башорати Масеҳ хоҳам омад.

30 Пас, эй бародарон, ба хотири Худованди мо Исои Масеҳ ва ба хотири муҳаббати Рўҳ аз шумо илтимос дорам, ки ҳамроҳи ман дар дуоҳои худ барои ман назди Худо ҷидду ҷаҳд намоед,

31 То ки аз беимонони Яҳудо раҳо шавам, ва хизмати ман дар Ерусалим мақбули муқаддасон афтад.

32 Ва ман, бо хости Худо, бо шодмонӣ назди шумо биёям ва бо шумо ором ёбам.

33 Ва Худои сулҳу осоиштагӣ бо ҳамаи шумоён бод. Омин.

16

1 Хоҳари мо Фубиро, ки ходимаи калисои Канхария аст, ба шумо маъруфӣ менамоям,

2 То ки вайро ба хотири Худованд, ба тавре ки шоистаи муқаддасон бошад, қабул кунед ва дар ҳар бобат, ки ба шумо эҳтиёҷ дошта бошад, ба вай мадад расонед; зеро ки вай ҳам ба бисьёр касон ва ба худи ман низ мадад буд.

3 Ба Прискила ва Акило, ки ҳамкорони ман дар Исои Масеҳ буданд, салом гўед;

4 Онҳо ҷони худро барои ман ба хатар андохтаанд, ва аз онҳо на фақат ман, балки ҳамаи калисоҳои халқҳо низ мамнун ҳастанд; ҳамчунин ба аҳли калисое ки дар хонаи онҳо ҷамъ мешаванд, салом гўед.

5 Ба маҳбуби ман Апинтус, ки барои Масеҳ навбари Охоия аст, салом гўед.

6 Ба Масрьям, ки барои мо бисьёр меҳнат кардааст, салом гўед.

7 Ба хешони ман Андрониқўс ва Юниёс, ки бо ман бандӣ буданд, салом гўед; онҳо дар миёни ҳаввориён машҳур ҳастанд ва аз ман пештар ба Масеҳ имон овардаанд.

8 Ба Амплиёс, ки дар Худованд маҳбуби ман аст, салом гўед.

9 Ба Урбонус, ки дар Масеҳ ҳамкори мост, ва ба Истохис, ки маҳбуби ман аст, салом гўед.

10 Ба Апалис, ки дар Масеҳ озмуда шудааст, салом гўед. Ба аҳли байти Аристоблус салом гўед.

11 Ба хеши ман Ҳиродиюн салом гўед. Ба онҳое ки аз аҳли байти Наркисус ба Худованд имон дорад, салом гўед.

12 Ба Труфино ва Трифосо, ки дар дар кори Худованд фаъол ҳастанд, салом гўед. Ба Парсиси маҳбуба, ки дар кори Худованд бисьёр фаъол аст, салом гўед.

13 Ба Руфус, ки баргузидаи Худованд аст, ва ба модари ў, ки барои ман мисли модар аст, салом гўед.

14 Ба Асункритус, Флигўн, Ҳермос, Патрубос, Ермис ва бародароне ки бо онҳоянд, салом гўед.

15 Ба Филўлўгус ва Юлиё, Нирвас ва хоҳараш, ва Ўлумпос, ва ҳамаи муқаддасоне ки бо онҳоянд, салом гўед.

16 Ба якдигар бо бўсаи муқаддасони салом гўед. Ҳамаи калисоҳои Масеҳ ба шумо салом мегўянд.

17 Шуморо, эй бародарон, даъват менамоям, ки аз касоне ки бар хилофи таълиме ки шумо ёфтаед, дар миён ҷудоӣ ва васваса меандозанд, эҳтиёт бошед ва аз онҳо канорагирӣ кунед;

18 Зеро ки онҳо на ба Худованди мо Исои Масеҳ, балки ба шиками худ хизмат мекунанд ва бо тамаллуқкорӣ ва суханороӣ дилҳои соддалавҳонро фиреб медиҳанд.

19 Итоати шумо ба ҳама маълум аст; ва ман низ аз шумо хурсандам, лекин орзумандам, ки шумо дар некӣ хирадманд ва дар бадӣ соддадил бошед.

20 Ва Худои сулҳу осоиштагӣ ба зудӣ шайтонро зери пойҳои шумо сарнагун хоҳад кард. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод!

21 Ҳамкорам Тимотиюс ва хешонам Лукюс, Ёсўн ва Сўсипатрус ба шумо салом мегўянд.

22 Ман Тартиюс низ, ки ин номаро навиштаам, ба шумо дар Худованд салом мегўям.

23 Ғоюс, ки мизбони ман ва тамоми аҳли калисо мебошад ба шумо салом мегўяд. Хазинадори шаҳр Арастус ва бародари мо Квартус ба шумо салом мегўянд,

24 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.