1 Дар бораи он чи аз ибтидо буд, ва мо онро шунидаем ва бо чашмони худ дидаем ва муроқиба намудаем, ва онро дастҳои мо ламс кардааст, дар бораи Калми ҳаёт,
2 Зеро ки ҳаёт зоҳир шуд, ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем ва ба шумо аз ҳаёти ҷовидоние хабар медиҳем, ки бо Падар буд ва ба мо зоҳир шуд,
3 Дар бораи он чи мо дидаем ва шунидаем, ба шумо хабар медиҳем, то ки шумо низ бо мо мушоракат дошта бошед; валекин мушоракати мо бо Падар ва бо Писари Ў Исои Масеҳ аст.
4 Ва инро мо ба шумо менависем, то ки шодии шумо комил бошад.
5 Ва ин аст паёме ки мо аз Ў шунидаем в ба шумо хабар медиҳем: Худо нур аст, ва дар Ў ҳеҷ зулмоте нест.
6 Агар мо гўем, ки бо Ў мушоракат дорем, вале дар зулмот мегардем, мо дурўғ мегўем ва бар тибқи ростӣ рафтор намекунем;
7 Аммо агар дар нур мегашта бошем, чунон ки Ў дар нур аст, бо якдигар мушоракат дорем, ва Хуни Пасари Ў Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок менамояд.
8 Агар гўем, ки мо гуноҳе надорем, худаморо фиреб медиҳем, ва дар мо ростӣ нест.
9 Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ў амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд.
10 Агар гўем, ки мо гуноҳе накардаем, Ўро дурўғгўй месозем, ва каломи Ў дар мо нест.
1 Эй фарзандонам! Инро ба шумо менависам, то ки шумо гуноҳ накунед; ва агар касе гуноҳ кунад, мо ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳи Одил аст.
2 Ва Ў кафорат аст барои гуноҳҳои мо, ва на танҳо барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон низ.
3 Аз ин медонем, ки Ўро мешиносем, ки аҳкоми Ўро роият мекунем.
4 Касе ки гўяд:“Ман Ўро мешиносам“, аммо аҳкоми Ўро риоят накунад, вай дурўғгўй аст, ва дар вай ростӣ нест.
5 Валекин касе ки каломи Ўро риоят мекунад, дар вай ба ростӣ муҳаббати Худо ба камол расидааст. Аз ин медонем, ки мо дар Ў ҳастем.
6 Касе гўяд, ки дар Ў собит мемонад, вай бояд тавре рафтор кунад, ки Ў рафтор мекард.
7 Эй маҳбубон! Ба шумо ҳукми тозае наменависам, балки ҳукми қадимие ки шумо аз ибтидо доштед: ҳукми қадимӣ каломест, ки шумо аз ибтидо шунидаед.
8 Лекин дар айни ҳол ба шумо ҳукми тозае менависам, ки ростии он ҳам дар Ўст ва ҳам дар шумост, чунки зулмот гузарон аст, ва акнун нури ҳақиқӣ медурахшад.
9 Ҳар кӣ гўяд, ки вай дар нур аст, валекин аз бародари худ нафрат дошта бошад, вай ҳанўз дар зулмот аст.
10 Касе ки бародари худро дўст медорад, вай дар нур сокин аст, ва дар вай васвасае нест.
11 Вале касе ки аз бародари худ нафрат дорад, вай дар зулмот аст, ва дар зулмот мегардад, ва намедонад, ки куҷо меравад, чунки зулмот чашмонашро кўр кардааст.
12 Ба шумо, эй фарзандон, менависам, чунки гуноҳҳои шумо ба хотири исми Ў омурзида шудааст.
13 Ба шумо, эй падарон, менависам, чунки шумо Ўро, ки аз ибтидост, шинохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, менависам, чунки шумо иблисро мағлуб кардаед. Ба шумо, эй бачагон, менависам, чунки шумо Падарро шинохтаед.
14 Ба шумо, эй падарон, навиштаам, чунки шумо Ўро, ки аз ибтидост шинохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, навиштаам, чунки шумо пурзўр ҳастед, ва каломи Худо дар шумо сокин аст, ва шумо иблисро мағлуб кардаед.
15 Ҷаҳонро дўст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст: касе ки ҷаҳонро дўст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест;
16 Зеро ҳар чи дар ҷаҳон аст: шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ аз Падар нест, балки аз ин ҷаҳон аст.
17 Ва ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист.
18 Эй фарзандон! Соати охирин аст, ва чунон ки шунидаед, зиддимасеҳ меояд, ва ҳоло зиддимасеҳони зиёде пайдо шудаанд, аз ин рў медонем, ки соати охирин аст.
19 Онҳо аз мо берун омадаанд, аммо аз они мо набуданд; зеро, агар онҳо аз они мо мебуданд, бо мо мемонданд; лекин онҳо берун омаданд, то ки маълум шавад ки ҳеҷ яке аз онҳо аз они мо нестанд.
20 Валекин шумо аз ҷониби Қуддус татҳин ёфтаед ва ҳамаи шумо ростиро медонед.
21 Ман ба шумо на аз он сабаб навиштаам, ки ростиро намедониста бошед, балки аз он сабаб, ки шомо онро медонед, ҳамчунин инро, ки ҳеҷ дурўғ аз ростӣ нест.
22 Кист дурўғгў, ғайр аз касе ки Масеҳ будани Исоро инкор мекунад? Вай зиддимасеҳ аст, ки Падар ва Писарро инкор мекунад.
23 Ҳар кӣ Писарро инкор мекунад, Падарро низ надорад; ҳар кӣ Писарро эътироф мекунад, Падарро низ дорад.
24 Пас, он чи шумо аз ибтидо шунидаед, бигзор дар шумо бимонад; агар он чи аз ибтидо шунидаед, дар шумо бимонад, шумо низ дар Писар ва дар Падар хоҳед монд.
25 Ва ваъдае ки Ў ба мо додааст, ҳаёти ҷовидонист.
26 Инро ба шумо дар бораи онҳое навиштаам, ки шуморо гумроҳ мекунанд.
27 Валекин тадҳине ки шумо аз Ў ёфтаед, дар шумо сокин аст, ва шумо эҳтиёҷе надоред, ки касе шуморо таълим диҳад; аммо азбаски тадҳини Ў ба шумо ҳар чизро таълим медиҳад, ва он рост аст ва дурўғ нест, ва ҳамон тавр, ки шуморо таълим додааст, дар Ў бимонед.
28 Пас, эй фарзандон, дар Ў бимонед, то ки ҳангоми зоҳир шундани Ў мо ҷуръат дошта бошем ва ба ҳузури Ў дар вақти омадани Ў хиҷил нашавем.
29 Агар донистаед, ки Ў одил аст, пас бидонед, ки ҳар кӣ адолатро ба амал меоварад. аз Ў таваллуд ёфтааст.
1 Бубинед, ки Падар ба мо чӣ гуна муҳаббат ато намудааст, то ки мо фарзандони Худо номида шавем, ва чунин ҳастем. Ҷаҳон моро аз он сабаб намешиносад, ки Ўро нашинохт.
2 Эй маҳбубон! Мо акнун фарзандони Худо ҳастем, вале ҳанўз маълум нашудааст он чи хоҳем буд. Фақат ҳамин қадарашро медонем, ки дар вақти зоҳир шуданаш монанди Ў хоҳем буд, зеро Ўро, чунон ки ҳаст, хоҳем дид.
3 Ва ҳар кӣ аз Ў чунин умед дорад, худро пок менамояд, чунон ки Ў пок аст.
4 Ҳар кӣ гуноҳ мекунад, шариатро мешиканад, ва гуноҳ шикастани шариат аст.
5 Ва шумо медонед, ки Ў барои бардоштани гуноҳҳои мо зоҳир шуд, ва дар Ў гуноҳе нест.
6 Ҳар кӣ дар Ў бимонад, гуноҳ намекунад; ҳар кӣ гуноҳ мекунад, Ўро надидааст ва Ўро нашинохтааст.
7 Эй фарзандон! Бигзор ҳеҷ кас шуморо фирефта накунад. Касе ки адолатро ба амал меоварад, вай одил аст, чунон ки Ў одил аст.
8 Касе ки гуноҳ мекунад, вай аз иблис аст, чунки иблис аз ибтидо гуноҳ кардааст. Барои ҳамин ҳам Писари Худо зоҳир шуд, ки аъмоли иблисро вайрон кунад.
9 Ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, чунки зоти Ў дар вай сокин аст; вай гуноҳ намекунад, чунки аз Худо таваллуд ёфтааст.
10 Фарзандони Худо ва фарзандони иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ адолатро ба амал намеоварад, аз Худо нест, ҳамчунин касе ки бародари худро дўст намедорад.
11 Зеро паёме ки шумо аз ибтидо шунидаед, чунин аст, ки мо бояд акдигарро дўст дорем,
12 На ҳамчун Қобил, ки аз иблис буд ва бародари худро кушт. Ва аз барои чӣ вайро кушт? Аз барои он ки аъмоли худаш бад буд, вале аъмоли бародараш одилона.
13 Ҳайрон нашавед, эй бародаронам, агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад.
14 Мо медонем, ки аз марг ба ҳаёт гузаштаем, чунки бародаронро дўст медорем; касе ки бародарашро дўст намедорад, ҳанўз дар марг сокин аст.
15 Ҳар кӣ аз бародари худ нафрат дорад, қотил аст; ва шумо медонед, ки ҳеҷ як қотил ҳаёти ҷовидоние надорад, ки дар вай сокин бошад.
16 Мо муҳаббатро аз он донистем, ки Ў ҷони Худро барои мо фидо кард. Мо ҳам бояд ҷонҳои худро барои бародарон фидо кунем.
17 Ва агар касе ки дар ҷаҳон осудаҳол аст, бародари худро дар ҳолати мўҳтоҷӣ дида, раҳмдилии худро аз вай дареғ медорад, чӣ гуна муҳаббати Худо дар ў сокин аст?
18 Эй фарзандонам! На бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ дўст бидоред.
19 Ва аз ин хоҳем донист, ки мо аз ростӣ ҳастем, ва дили худро ба ҳузури Ў ором хоҳем кард,
20 Дар ҳар чизе ки дил моро маҳкум менамояд, чунки Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳар чизро медонад.
21 Эй маҳбубон! Агар дили мо моро маҳкум накунад, мо ба ҳузури Худо ҷуръат дорем,
22 Ва ҳар чӣ талаб кунем, аз Ў меёбем, чунки аҳкоми Ўро риоят мекунем ва он чи ба ҳузури Ў мақбул аст, ба амал меоварем.
23 Ва ҳукми Ў ин аст, ки мо ба исми Писари Ў Исои Масеҳ имон оварем ва якдигарро дўст дорем, чунонки ки Ў ба мо ҳукм кардааст.
24 Ва касе ки аҳкоми Ўро нигоҳ медорад, вай дар Ў сокин аст, ва Ў дар вай. Ва ин ки Ў дар мо сокин аст, аз он Рўҳе медонем, ки Ў ба мо ато намудааст.
1 Эй маҳбубон! Ба ҳар рўҳ эътимод накунед, балки рўҳҳоро имтиҳон кунед, ки оё аз Худо ҳастанд, чунки бисьёр анбиёи козиб ба сар то сари дуньё раафтаанд.
2 Рўҳи Худоро шумо ин тавр хоҳед шинохт: ҳар рўҳе ки эътироф кунад, ки Исои Масеҳ ба ҳасби ҷисм омад, аз Худост,
3 Ва ҳар рўҳе ки инкор кунад, ки Исои Масеҳ ба ҳасби ҷисм омад, аз Худо нест, балки рўҳи зиддимасеҳ аст, ки дар бораи он шумо шунидаед, ки он меояд, ва он акнун дар ҷаҳон аст.
4 Шумо, эй фарзандон, аз Худо ҳастед, ва онҳоро мағлуб кардаед, зеро Ў, ки дар шумост, аз он ки дар ҷаҳон аст, бузургтар аст.
5 Онҳо аз ҷаҳон ҳастанд, бинобар ин онҳо ба таври дуньёӣ сухан меронанд, ва ҷаҳон онҳоро мешунавад.
6 Мо аз Худо ҳастем: ҳар кӣ Худоро мешиносад, ба мо гўш медиҳад; касе ки аз Худо нест, ба мо гўш намедиҳад. Аз рўи ҳамин мо рўҳи ростӣ ва рўҳи иштибоҳро мешиносем.
7 Эй маҳбубон! Якдигарро дўст бидорем, чунки муҳаббат аз Худост, ва ҳар кӣ дўст медорад, аз Худо таваллуд ёфтааст ва Худоро мешиносад.
8 Касе ки дўст намедорад, вай Худоро нашинохтааст, чунки Худо муҳаббат аст.
9 Муҳаббати Худо ба мо дар он зоҳир шуд, ки Худо Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ў ҳаёт ёбем.
10 Муҳаббат дар ин аст, ки на мо Худоро дўст доштаем, балки Ў моро дўст дошт ва Писари Худро барои кафорати гуноҳҳои мо фиристод.
11 Эй маҳбубон! Агар Худо моро ин гуна дўст дошта бошад, мо низ бояд якдигарро дўст бидорем.
12 Худоро ҳаргиз касе надидааст: агар мо якдигарро дўст дорем, Худо дар мо сокин аст, ва муҳаббати Ў дар мо комил аст.
13 Ин ки мо дар Ў сокин ҳастем ва Ў дар мо, аз он мешиносем, ки Ў аз Рўҳи Худ ба мо ато намудааст.
14 Ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем, ки Падар Писарро фиристод, то ки Наҷотдиҳандаи ҷаҳон гардад.
15 Ҳар кӣ эътироф мекунад, ки Исо Писари Худост, Худо дар ў сокин аст, ва ў дар Худо.
16 Ва мо муҳаббатеро ки Худо ба мо дорад, медонем ва ба он эътимод дорем. Худо муҳаббат аст, ва ҳар кӣ дар муҳаббат сокин аст, вай дар Худо сокин аст ва Худо дар вай.
17 Муҳаббат дар мо чунон ба камол расидааст, ки мо дар рўзи доварӣ ҷуръат дорем, зеро, чунон ки Ў дар ин ҷаҳон ҳаст, ончунон мо ҳастем.
18 Дар муҳаббат ҳаросе нест, балки муҳаббати комил ҳаросро бадар меронад, чунки ҳарос азоб дорад, ва касе ки меҳаросад, дар муҳаббат комил нест.
19 Мо Ўро дўст медорем, чунки аввал Ў моро дўст дошт.
20 Агар касе гўяд’’ман Худоро дўст медорам’’, вале аз бародари худ нафрат кунад, вай дурўғгўй аст; зеро касе ки бародари худро, ки дидааст, дўст намедорад, чӣ гуна метавонад Худоро, ки надидааст, дўст бидорад?
21 Ва мо аз Ў чунин ҳукме дорем, ки ҳар кӣ Худоро дўст медорад, баодари худро низ дўст бидорад.
1 Ҳар кӣ имон дорад, ки Исо Масеҳ аст, вай аз Худо таваллуд ёфтааст, ва ҳар кӣ Волидро дўст медорад, вай Мавллуди Ўро низ дўст медорад.
2 Аз ин мо медонем, ки фарзандони Худоро дўст медорем, ки Худоро дўст дорем ва аҳкоми Ўро риоят кунем.
3 Зеро муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ўро риоят кунем; ва аҳкоми Ў гарон нест,
4 Зеро ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, ҷаҳонро мағлуб мекунад; ва ин ғалабае ки ҷаҳонро мағлуб кардааст, имони мост.
5 Кист, ки ҷаҳонро мағлуб мекунад, ҷуз касе ки имон дорад, ки Исо Писари Худост?
6 Ў Исои Масеҳ аст, ки бо об ва хун ва Рўҳ омадааст, на танҳо бо об, балки бо об ва хун; ва Рўҳ шаҳодат медиҳад, чунки Рўҳ ростист.
7 Зеро се ҳастанд, ки дар осмон шаҳодат медиҳанд: Падар, Калом ва Рўҳулқудс; ва Ин се як ҳастанд.
8 Ва се ҳастанд, ки дар замин шаҳодат медиҳанд: Рўҳ, об ва хун; ва ин се мувофиқат мекунанд.
9 Агар мо шаҳодати одамиро қабул кунем, шаҳодати Худо бузургтар аст, зеро ин шаҳодати Худост, ки Ў дар бораи Писари Худо шаҳодат додааст.
10 Касе ки ба Писари Худо имон дорад, дар худ шаҳодат дорад; касе ки ба Худо имон надорад, Ўро дурўғгў донистааст, зеро ба шаҳодате ки Худо дар бораи Писари Худ додааст, имон надорад.
11 Ва ин шаҳодат аз он иборат аст, ки Худо ба мо ҳаёти ҷовидонӣ ато намудааст, ва ин ҳаёт дар Писари Ўст.
12 Касе ки Писарро дорад, ҳаёт дорад, касе ки Писари Худоро надорад, ҳаёт надорад.
13 Ба шумо, ки ба исми Писари Худо имон доред, инро навиштаам, то донед, ки шумо ба Писари Худо имон дошта, ҳаёти ҷовидонӣ доред.
14 Ва ҷуръате ки мо ба ҳузури Ў дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи иродаи Ў чизеро талаб кунем, Ў моро мешунавад;
15 Ва агар донем, ки Ў моро дар ҳар чӣ талаб кунем, мешунавад, онро низ медонем, ки он чи аз Ў талаб кардаем, меёбем.
16 Агар касе бародари худро бинад, ки гуноҳе мекунад, ки анҷомаш мамот нест, бигзор дуо гўяд, ва Худо Ўро ҳаёт хоҳад бахшид: дар бораи онҳое мегўям, ки анҷоми гуноҳашон мамот нест. Гуноҳе ҳаст, ки анҷомаш мамот аст: дар бораи чунин гуноҳ намегўям, ки дуо гўед.
17 Ҳар ноинсофӣ гуноҳ аст, лекин гуноҳест, ки анҷомаш мамот нест.
18 Мо медонем, ки ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, балки Писари Худо варо муҳофизат мекунад, ва иблис ба вай даст намерасонад.
19 Мо медонем, ки мо аз Худо ҳастем, вале тамоми ҷаҳон дар зери ҳукми иблис аст.
20 Валекин мо медонем, ки Писари Худо омада, ба мо хирад бахшид, то ки ҳақро дарк кунем, ва мо дар ҳақ, дар Писар Ў Исои Масеҳ ҳастем. Ў Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти ҷовидонӣ мебошад.
21 Эй фарзандон! Худро аз бутҳо нигоҳ доред. Омин.