1 Шимъўни Петрус, ки банда ва ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба онҳое ки имони гаронбаҳоро мисли имони мо дар адолати Худои мо ва Исои Масеҳи Наҷотдиҳанда қабул кардаанд:
2 Файз ва осоиштагӣ дар шинохтани Худо ва Исои Худованди мо бар шумо фаровон бод.
3 Азбаски қуввати илоҳии Ў ҳамаи чизҳои барои ҳаёт ва парҳезгорӣ зарурро ба мо бахшидааст, ба воситаи шинохтани Ў, ки моро бо ҷалол ва камоли Худ даъват намудааст,
4 Ки бо онҳо ба мо ваъдаҳои бузург ва гаронбаҳо дода шудааст, то ки шумо ба воситаи онҳо шарики табиати илоҳӣ гардида, аз фасоди шаҳват, ки дар ҷаҳон ҳукмфармост, дур шавед,
5 Бинобар ин шумо тамоми ҷадду ҷаҳди худро ба кор бурда, ба имони худ некўкориро ба худ изофа намоед, ба некўкорӣ хирадмандиро,
6 Ба хирадмандӣ порсоиро, ба порсоӣ тоқатро, ба тоқат парҳезгориро,
7 Ба парҳезгорӣ бародардўстиро ва ба бародардўстӣ муҳаббатро.
8 Агар ин сифат дар шумо ёфт шавад ва афзоиш ёбад, шумо дар шинохтани Худованди мо Исои Масеҳ бе муваффақият ва бе самар нахоҳед монд;
9 Вале дар ҳар кӣ ин сифат ёфт нашавад, вай кўр аст, яъне чашмонашро пўшда, фаромўш кардааст, ки гуноҳҳои пештараи ў татҳир шудаанд.
10 Аз ин рў, эй бародарон, беш аз пеш саъю кўшиш намоед, ки даъват ва интихоби худро устувор гардонед ва агар ҳамин тавр рафтор кунед, ҳаргиз пешпо нахоҳед хўрд,
11 Зеро ки бо чунин роҳ даромадгоҳи Малакути абадии Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ барои шумо бемалол кушода хоҳад буд.
12 Барои ҳамин ман ба ёди шумо овардани инро ҳаргиз бас намекунам, гарчанде ки шумо инро медонед ва дар ин ростӣ устувор ҳастед.
13 Аммо ман салоҳ медонам, то даме ки дар ин хайма ҳастам, шуморо ба ёдоварӣ таҳрик диҳам,
14 Чун медонам, ки ба қарибӣ бояд хаймаи худро тарк кунам, чунон ки Худованди мо Исои Масеҳ ба ман эълон намудааст.
15 Ва саъю кўшиш хоҳам кард, ки шумо пас аз риҳлатам низ ҳамеша инро ба ёд оваред.
16 Зеро, ҳангоме ки мо қувват ва омадани Худованди мо Исои Масеҳро ба шумо хабар додем, аз паи афсонаҳои фиребгарона нарафтаем, балки кибриёи Ўро бо чашмони худ дидаем,
17 Зеро ки Ў аз Худои Падар шавкат ва ҷалол ёфт, вақте ки аз ҷониби ҷалоли боазамат сўИ Ў чунин овоз расид:’’Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷўҳи Ман бар Ўст’’.
18 Ва ин овозро, аз осмон омада расид, мо шунидем, ҳангоме ки бо Ў дар кўҳи муқаддас будем.
19 Ва каломи нубувват барои мо матонати бештаре дорад; шумо хуб мекунед, ки ба он рў меоваред, ҳамчун чароғе ки дар ҷои торик нур мепошад, то даме ки чашми рўз кушода шуда, ситораи субҳ дар дилҳои шумо тулўъ намояд;
20 Ва пеш аз ҳама чиз инро бидонед, ки ҳеҷ як нубуввати Навиштаҳо тафсири шахсиро раво намедонад;
21 Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рўҳулқудс, онро ба забон рондаанд.
1 Аммо дар миёни қавм анбиёи козиб низ буданд, чунон ки дар миёни шумо ҳам муаллимони козиб хоҳанд буд, ки бидъатҳои ҳалокатоварро ҷорӣ хоҳанд кард ва Худовандеро, ки барои онҳо фидия дод, инкор намуда, ба зудӣ ба сари худ ҳалокат хоҳанд овард.
2 Ва бисьёр касон фисқу фуҷури онҳоро пайравӣ хоҳанд кард, ва ба василаи онҳо роҳи ростӣ гирифтори таҳқир хоҳад шуд.
3 Ва аз рўи тамаъкорӣ бо суханони макромез шуморо ба дом хоҳанд даровард; ҳукми онҳо кайҳо муҳайёст, ва ҳалокати онҳо пинак нарафтааст.
4 Зеро, модоме ки Худо ба фариштаҳои гуноҳкор амон надод, балки онҳоро дар ҷаҳанам андохта, ба мағораҳои зулмот супурд, то ки барои доварӣ дар қайду банд нигоҳ дошта шаванд;
5 Ва ба дуньёи қадим амон надод, балки фақат ҳашт нафар ва аз он ҷумла Нўҳро, ки воизи адолат буд, маҳфуз дошта, бар олами осиён тўфон овард;
6 Ва шаҳрҳои Садўм ва Амўроро ба ҳалокат маҳкум намуд ва, ҳамчун тимсоле барои осиёни оянда, ба хокистар табдил дод,
7 Ва Лути одолро, ки аз рафтори фосиқонаи шарирон ба танг омада буд, раҳо кард,
8 Зеро ки он одил дар миёни онҳо умр ба сар бурда ва корҳои бади онҳоро дида ва шунида, ҷони одилонаи худро ҳаррўза меозурд,
9 Пас Худованд медонад, ки чӣ гуна парҳезгоронро аз озмоиш раҳо кунад ва шариронро барои ҷазо то рўзи доварӣ дар қайди банд нигоҳ дорад,
10 Алалхусус онҳоеро, ки аз паи ҳавасҳои қабеҳи ҷисм мераванд, ва аз сарварон нафрат доранд, ва густохӣ ва худсарӣ мекунанд ва аз бадгўӣ дар ҳаққи мақомҳои осмонӣ наметарсанд,
11 Дар сурате ки ҳатто фариштагон, ки дар қудрат ва қувват аз онҳо бартарӣ доранд, ба ҳузури Худованд дар ҳаққи онҳо ҳукми мазамматкунандае ба забон намеронанд.
12 Аммо онҳо ҳамчун ҳайвоноти безабоне ки табиатан барои шикор ва талаф таваллуд ёфтаанд, ба он чи намефаҳманд, бўҳтон мезананд, ва онҳо дар фасоди худ талаф хоҳанд шуд,
13 Ва подоши шарорати худро хоҳанд ёфт, зеро ки айшу нўши ҳаррўзаро барои худ роҳат медонанд; онҳо, ки беҳаё ва қабоҳаткор ҳастанд, аз ҳуққабозиҳои худ лаззат мебаранд, ҳангоме ки бо шумо айшу ишрат мекунанд.
14 Чашмони онҳо пур аз зино ва гуноҳи доимист; онҳо ҷонҳои ноустуворро ба дом медароваранд; дили онҳо ба тамаъкорӣ омўхта шудааст; онҳо фарзандони лаънат ҳастанд.
15 Онҳо роҳи ростро тарк карда, гумроҳ шудаанд, аз паи Билъом ибни Баўр рафтаанд, ки вай музди ноҳақро дўст медошт.
16 Аммо дар шарорати худ мазаммат карда шуд: модахари безабон бо овози одамӣ сухан роонда, девонагии набиро боздошт.
17 Онҳо чашмаҳои беоб ва абрҳое ҳастанд, ки бо тундбод ронда мешаванд: барои онҳо зулмоти торикии абадӣ муҳайё шудааст.
18 Зеро ки суханони беҳудаи дабдабаноке гуфта, онҳоеро, ки навакак аз гумроҳон халос шудаанд, ба доми ҳавасҳои ҷисм, ба доми фисқу фуҷур медароваранд;
19 Ба онҳо озодиро ваъда медиҳанд, дар сурате ки худашон ғуломони фасод ҳастанд; зеро ҳар кӣ касеро мағлуб карда бошад, ҳамон кас ғуломи ўст.
20 Зеро, агар ба василаи шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ аз қабоҳатҳои дуньё халосӣ ёфта, аз нав ба доми онҳо афтода мағлуб мешуда бошад, анҷоми онҳо бадтар аз аввалашон мешавад.
21 Барои онҳо надонистани роҳди адолат беҳтар мебуд аз он ки, баъд аз донистани он, аз ҳукми муқаддасе ки ба онҳо супурда шудааст, рўй гардонданд.
22 Ба онҳо ҳамон чизе рўй додааст, ки дар ин зарбулмасали дуруст гуфта мешавад:’’Саг ба қаи худ баргашт, ва хук баъд аз шустушўй рафт, ки дар лой ғел занад’’.
1 Ин номаи дуюм аст, ки ба шумо, эй маҳбубон, менависам; дар онҳо бо роҳи ёдоварӣ фикри поки шуморо таҳрик медиҳам,
2 То шумо ба хотир оваред суханонеро, ки пештар анбиёи муқаддас гуфтаанд, ва ҳукми Худованд ва Наҷотдиҳандаро, ки ҳаввориён ба шумо супурдаанд.
3 Пеш аз ҳама бидонед, ки дар рўзҳои охир масхарабозони беҳаёе пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор намуда,
4 Хоҳанд гуфт:“Куҷост ваъдаи омадани Ў? Зеро аз замоне ки падарон вафот кардаанд, ҳама чиз ончунон ки аз аввали офариниш буд, боқӣ мондааст“.
5 Онҳое ки чунин гумон мекунанд, намедонанд, ки дар ибтидо бо каломи Худо осмон ва замин аз об ва ба воситаи об таркиб ёфта буданд;
6 Бинобар ин дуньёи онвақта дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расид.
7 Аммо осмон ва замини ҳозира низ бо ҳамон калом барои оташ нигоҳ дошта шудаанд ва то рўзи доварӣ ва ҳалокати мардуми осӣ саришта карда мешаванд.
8 Аммо ҳамин як чиз аз шумо, эй маҳбубон, набояд пўшида бошад, ки дар назари Худованд як рўз мисли ҳазор сол аст, ва ҳазор сол мисли як рўз.
9 Худованд дар иҷрои ваъда таъхир наменамояд, чунон ки баъзе касон инро таъхир ҳисоб мекунданд; балки ба шумо пурсабрӣ зоҳир менамояд ва намехоҳад, ки касе нобуд шавад, балки ҳама ба тавба рў оваранд.
10 Валекин рўзи Худованд, чунон ки дузд дар шаб, хоҳад омад, ва он гоҳ осмон бо ғулғулае хоҳад даргузашт, ва аносир оташ гирифта, хоҳанд гудохт, ва замин ва тамоми аъмоле ки дар он аст, хоҳад сўхт.
11 Агар ҳамаи инҳо чунин нобуд мешуда бошанд, пас шумо дар рафтори муқаддасона ва парҳезгорӣ чӣ гуна бояд бошед,
12 Дар ҳолате ки омадани рўзи Худоро орзу доред ва мешитобонед, ки дар он рўз осмон аланга гирифта несту нобуд хоҳад шуд, ва аносир оташ гирифта, хоҳанд гудохт?
13 Лекин мо, мувофиқи ваъдаи Ў, мунтазири осмон ва замини нав ҳастем, ки дар онҳо адолат сокин хоҳад буд.
14 Пас, эй маҳбубон, модоме ки инро интизорӣ доред, саъю кўшиш намоед, ки назди Ў покиза ва беайб дар осоиштагӣ ҳозир шавед;
15 Ва пурсабрии Худованди моро наҷот ҳисоб кунед, чунон ки бародари маҳбуби мо Павлус низ, аз рўи ҳикмате ки ба ў ато шудааст, ба шумо навиштааст,
16 Ва ҳамчунин дар ҳамаи номаҳои худ ў дар ин бора сухан меронад, ки дар онҳо кадом як чизи душворфаҳме ҳаст, ки онро нодонон ва ноустуворон мисли Навиштаҳои дигар ғалат таъбир менамоянд, ва анҷоми ин кор барои онҳо ҳалокат меоварад.
17 Пас шумо, эй маҳбубон, азбаски пешакӣ огоҳонида шудаед, эҳтиёт шавед, ки гирифтори иштибоҳи шарирон нагардед ва аз матонати худ маҳрум нашавед,
18 Балки дар файз ва шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ нумў ёбед, ки Ўро аз ҳоло то абад ҷалол бод. Омин.