1

1 Перус, ки ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба ғарибоне ки дар вилоятҳои Понтус, Ғалотия, Каппадокия, Осиё ва Битуния пароканда мебошад,

2 Ва мувофиқи таъиноти пешакии Худои Падар, бо тақдиси Рўҳ, барои итоат ва пошидани Хуни Исои Масеҳ интихоб шудаанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо фаровон бод.

3 Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки бо марҳамати бузурги Худ, ба василаи эьҳёи Исои Масеҳ аз мурдагон, моро аз нав ба вуҷуд овард барои умеди зинда,

4 Барои мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда, ки дар осмон барои шумо маҳфуз аст,

5 Ки бо қуввати Худо ба воситаи имон нигоҳ дошта мешавад барои наҷоте ки муҳайё шудааст, то ки дар замони охир ба зуҳур ояд.

6 Дар ин бора шодӣ кунед, дар сурате ки ҳоло, агар лозим шавад, аз озмоишҳои гуногун андаке андўҳгин мешавед.

7 Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди озмуда шуданаш дар оташ ҳам фонӣ мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ҳамд ва шавкат ва ҷалол дар вақти зуҳури Исои Масеҳ холис ба миён меояд.

8 Шумо Ўро надида дўст медоред, ва агарчи Ўро ҳанўз надидаед, ба Ў имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодӣ мекунед

9 Ва ба мақсади имони худ, яъне ба наҷоти ҷонҳотон ноил мешавед.

10 Тафтишот ва тадқиқоти анбиё ба ҳамин наҷот таалуқ дошт, ва онҳо файзеро, ки барои шумо таъин шуда буд, пешгўӣ кардаанд.

11 Онҳо тадқиқ намудаанд, ки кадом ва чӣ гуна замонро Рўҳи Масеҳе ки андаруни онҳо буд, нишон додааст, вақте ки Он аз уқубатҳои Масеҳ ва аз ҷалоле ки баъд аз он фаро хоҳад расид, пешакӣ хабар медод.

12 Ба онҳо ошкор шуда буд, ки на ба худашон, балки ба мо хизмат кардаанд дар хусуси он чи ҳоло ба шумо мавъиза шудааст ва воситаи онҳое ки Рўҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба шумо башорат додаанд, яъне он чи, ки фариштагон мехоҳанд андарунаш назар андозанд.

13 Бинобар ин, камари ақли худро маҳкам баста ва ҳушьёр шуда, ба файзе ки дар вақти зуҳури Исои Масеҳ ба шумо ато хоҳад шуд, комилан умедвор бошед.

14 Ҳамчун бачагони фармонбардор, ба ҳавасҳои пештарае ки дар вақти нодонии худ доштед, мувофиқат накунед,

15 Балки, чунон ки Даъваткунандаи шумо мақаддас аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед,

16 Зеро ки навишта шудааст:“Муқаддас бошед, чунки Ман муқаддас ҳастам“.

17 Ва агар шумо Ўро Падар мехонед, ки бе рўйбинӣ ҳар касро аз рўи аъмолаш доварӣ мекунед, пас замони ғурбати худро бо худотарсӣ бигзаронед,

18 Чун медонед, ки шумо на бо фидияи нуқра ё тилло харида шудаед аз ҳаёти ботиле ки аз падарони худ мерос гирифтаед,

19 Балки бо Хуни гаронбаҳои Масеҳ, ҳамчун барраи беайб ва пок,

20 Ки пеш аз таъсиси ҷаҳон пешакӣ таъин шуда буд, лекин дар замони охир барои шумо зоҳир шудааст,

21 Ки ба воситаи Масеҳ шумо ба Худое имон овардаед, ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард ва ба Ў ҷалол бахшид, то ки шумо ба Худо имон ва умед дошта бошед.

22 Чун ҷонҳои худро бо итоати ростӣ ба воситаи Рўҳ барои бародардўстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дўст бидоред,

23 Ҳамчун касоне ки аз нав ба вуҷуд омадаед на аз тухми фонӣ, балки аз тухми бефано, ба василаи каломи Худо, ки зинда аст ва то абад боқист.

24 Зеро ки ҳар ҷисм мисли алаф аст, ва ҳар ҷалоли одамӣ мисли гули алаф; алаф хушк мешавад, ва гули он мерезад;

25 Аммо каломи Худованд то абад боқист. Ва ин аст он каломе ки ба шумо мавъиза шудааст.

2

1 Пас, ҳар кина ва ҳар макр ва риё ва ҳасад ва ҳар бадгўиро аз худ дур карда,

2 Чун кўдакони навзод муштоқи шири поки калом бошед, то ки аз он барои наҷот нашъунамо ёбед,

3 Агар ҳақиқатан чашидаед, ки Худованд некўст.

4 Ва чун наздик мешавед ба Ў, яъне ба санги зиндае ки одамон рад кардаанд, вале Худованд онро баргузид ва гаронбаҳо мешуморад,

5 Худатон низ, ҳамчун сангҳои зинда, аз худ хонаи рўҳонӣ, каҳонати муқаддас барпо намоед, то ки қурбониҳои рўҳонии мақбули Худоро ба василаи Исои Масеҳ тақдим кунед,

6 Зеро ки дар Навишта гуфта шудааст:’’Инак, Ман дар Сион санги зовия мегузорам, ки баргузида ва гаронбаҳост; ва касе ки ба Он имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд’’.

7 Пас, Он барои шумо, имондорон, чизи гаронбаҳост, аммо барои беимонон сангест, ки меъморон рад кардаанд, лекин он санги сари гўшаи бино гардидааст,

8 Ва санги пешпо ва сахраи васваса, зеро ки онҳо, ба калом итоат накарда, ба ин санг пешпо мехўранд, ки барои ҳамин ҳам таъин шудаанд.

9 Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ў, ки шуморо аз зулмот ба рўшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед,

10 Шумо, ки як вақте қавм набудед, вале ҳоло қавми Худо ҳастед; як вақте аз марҳамат маҳрум будед, вале ҳоло ба он ноил шудаед.

11 Эй маҳбубон! Аз шумо, ҳамчун ғарибон ва муҳоҷирон, хоҳишмандам, ки аз ҳавасҳои ҷисм, ки бар зидди ҷон қиём мекунанд, парҳез намоед.

12 Ва дар миёни халқҳо умри некўкорона ба сар баред, ки онҳо ба ҷои он ки дар ҳаққи шумо ҳамчун бадкирдорон бадгўӣ кунанд, аъмоли некатонро дида, Худоро дар рўзи тафаққуд ҳамду сано хонанд.

13 Пас, ба хотири Худованд ба ҳар сарвари одамӣ итоат намоед: хоҳ ба подшоҳ, ҳамчун ҳокимияти олӣ,

14 Хоҳ ба ҳокимон, ҳамчун касоне ки аз ҷониби вай фиристода мешаванд, то ки ҷинояткоронро ҷазо диҳанд ва некўкоронро тақдир кунанд,

15 Зеро чунин аст иродаи Худо, то ки мо бо некўкории худ даҳони ҷаҳолати мардуми беандешаро маҳкам кунем,

16 Ҳамчун касони озод, на ҳамчун касоне ки аз озодӣ барои рўпўш кардани бадӣ истифода мебаранд, балки ҳамчун бандагони Худо.

17 Ҳамаро ҳурмат кунед, бародариро дўст доред, аз Худованд тасед, подшоҳро иззат кунед.

18 Эй хизматгорон, бо камоли тарс ба оғоёни худ итоат намоед, на танҳо ба оғоёни нек ва фурўтан, балки ба оғоёни сахтгир низ.

19 Зеро савоб аст, ки кас аз рўи виҷдон ба хотири Худо андўҳгин шуда, ноҳақ уқубат кашад.

20 Зеро чӣ фахре ҳаст агар шумо барои кирдори бад шаллоқ хўрда тоқат кунед? Аммо агар барои некўкорӣ уқубат кашида тоқат кунед, ин мақбули Худост.

21 Зеро ки шумо барои ҳамин даъват карда шудаед, чунки Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ў равона шавед:

22 Ў гуноҳе накардааст, ва дар забонаш макре набуд.

23 Гирифтори бадгўӣ гардида, Ў ҷавобан бадгўӣ намекард; азоб кашида, таҳдид намекард, балки Худро ба Довари Одил месупурд;

24 Ў шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ў шифо ёфтед.

25 Зеро ки шумо мисли гўсфандони гумшудае будед, лекин ҳоло сўИ Чўпон ва Нозири ҷонҳои худ баргаштед.

3

1 Ҳамчунин шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки, агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд,

2 Вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд.

3 Бигзор зебоии шумо на ороиши зоҳирӣ: гесў бофтан, зевари тилло бастан ё либосҳои зебо пўшидан,

4 Балки одамияти ботинии самимӣ дар рўҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост,

5 Чунон ки як вақте занони муқаддас низ худро бо умед бастан ба Худо оро медоданд ва мутеи шавҳарони худ буданд.

6 Ба монанди Соро, ки ба Иброҳим итоат намуда, ўро оғо меномид; шумо низ фарзандони вай ҳастед, модоме ки некӣ мекунед ва аз ҳеҷ тарсе музтариб намешавед.

7 Ҳамчунин шумо, эй шавҳарон, бо занон, ки зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор кунед, ва онҳоро ҳамчун ҳамирсони файзи ҳаёт мўҳтарам доред, то ки ба дуоҳои шумо мамонате нарасад.

8 Ниҳоят, ҳамаатон ҳамфикр, ҳамдард, бародардўст, бошафақат, меҳрубон ва фурўтан бошед;

9 Дар ивази бадӣ бадӣ накунед, ё дар ивази лаънат лаънат нагўед; баръакс, баракат диҳед, чун медонед, ки шумо барои он даъват карда шудаед, ки вориси баракат гардед.

10 Зеро, касе ки ҳаётро дўст медорад ва мехоҳад рўзҳои нек бинад, бигзор забонашро аз бадӣ ногоҳ дорад, ва лабҳояшро аз гуфтори макромез,

11 Аз бадӣ дур шавад ва некӣ кунад, талабгори осоиштагӣ шавад ва дар паи он бошад,

12 Чунки чашмони Худованд сўи одилон нигаронда шудааст, ва гўшҳои Ў сўи дуои онҳо, аммо рўи Худованд ба муқобили бадкорон аст.

13 Ва кист, ки ба шумо бадӣ кунад, агар шумо дар некўорӣ ғаюр бошед?

14 Лекин агар барои адолат уқубат кашед, хушо шумо; аз воҳимаи онҳо натарсед ва музтариб нашвед.

15 Худованд Худоро дар дилҳои худ тақдис намоед; ҳамеша тайёр бошед, ки ба ҳар касе ки аз шумо дар бораи умедатон ҳисоб талаб кунад, бо фурўтанӣ ва эҳтиром ҷавоб диҳед:

16 Бигзор виҷдони шумо пок бошад, то онҳое ки рафтори некатонро дар Масеҳ мазаммат менамояд, бо он чи шуморо бадгўӣ мекунанд, шарманда шаванд.

17 Зеро, агар мутобиқи иродаи Худо бошад, барои аъмоли нек уқубат кашадан беҳтар аст аз он ки барои аъмоли бад уқубат кашад,

18 Чунки Масеҳ низ барои он ки моро сўИ Худо оварад, як бор барои гуноҳҳои мо уқубат кашид, яъне одил барои золимон ба ҳасби ҷисм кушта шуд, аммо ба ҳасби рўҳ зинда гардид.

19 Ва дар рўҳ Ў рафта, ба арвоҳе ки дар зиндон буданд, мавъза намуд.

20 Онҳо пештар беитоат буданд, вақте ки Худо, дар айёми Нўҳ, пурсаброна интизорӣ мекашид, ҳангоме ки киштӣ сохта мешуд, ки дар он мардуми каме, яъме ҳашт нафар, аз об наҷот ёфтанд.

21 Ва тимсоли он таъмид аст, ки на шустани нопокии ҷисм, балки ба зимма гирифтани виҷдони пок аст ба ҳузури Худо, ки ҳоло моро низ ба воситаи эҳьёи Исои Масеҳ наҷот медиҳад,

22 Ки Ў ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишастааст ва фариштаҳо ва ҳукуматдориҳо ва қудратҳо мутеи Ў шудаанд.

4

1 Пас, чӣ тавре ки Масеҳ барои мо ба ҳасби ҷисм уқубат кашидааст, шумо низ бо ҳамон фикр мусаллаҳ шавед; зеро касе ки ба ҳасби ҷисм уқубат кашад, дигар гуноҳ намекунад,

2 То ки боқии умри ҷисмониро на аз рўи ҳавасҳои одамӣ, балки аз мувофиқи иродаи Худо ба сар барад.

3 Шумо дар замони гузашта ба андозаи кофӣ мисли халқҳо рафтор кадаед, ба нопокиҳо ва ҳавасҳо, ба мастигарӣ, ба ифроткорӣ дар хўрдан ва нўшидан ва ба бутпарастии зишт дода шудаед.

4 Ба ҳамин сабаб онҳо мутаҳайир мешаванд, ки шумо бо онҳо дар ҳамон фисқу фуҷур иштирок надоред, ва дар ҳаққи шумо бадгўӣ мекунанд;

5 Онҳо ба Худое ки тайёр аст зиндагон ва мурдагонро доварӣ кунад, ҳисобат хоҳанд дод.

6 Зеро барои ҳамин ба мурдагон низ башорат дода шудааст, то ки онҳо ба ҳасби ҷисм ба тириқи одамизод ба доварӣ дучор гардида, вале ба ҳасби рўҳ ба тариқи Худо зиндагӣ кунанд.

7 Аммо фарҷоми ҳама чиз наздик аст. Пас бомулоҳиза ва барои дуо ҳушьёр бошед.

8 Пеш аз ҳама чиз ба якдигар муҳаббати пурзўр дошта бошед, чунки муҳабат гуноҳҳои зиёдро рўпўш мекунад.

9 Якдигарро бешикваю шикоят меҳмоннавозӣ кунед;

10 Ба якдигар, ҳар яке аз рўи бахшоише ки ёфтаед, ҳамчун муваккалони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед.

11 Касе агар сухане ба забон ронад, бигзор ҳамчун суханони Худо ба забон ронад; касе агар хизмат кунад, бигзор мувофиқи қуввате ки Худо ба вай медиҳад, хизмат кунад, то ки дар ҳама чиз Худо ба воситаи Исои Масеҳ ҷалол ёбад, ки Ўро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин.

12 Эй маҳбубон! Аз озмоиши оташе ки барои имтиҳони шумо фиристода мешавад, ҳайрон нашавед, ки гўё воқеаи аҷибе ба шумо рўй дода бошад,

13 Балки, модоме ки шумо дар уқубатҳои Масеҳ иштирок доред, шодӣ кунед, то ки дар вақти зуҳури ҷалоли Ў низ ба ваҷд оед ва хурсандӣ кунед.

14 Агар дар ҳаққи шумо ба хотири исми Исои Масеҳ бадгўӣ кунанд, хушо шумо, чунки Рўҳи ҷалол, Рўҳи Худо бар шумо қарор мегирад: онҳо Ўро хорӣ медиҳанд, лекин шумо ҷалол медиҳед.

15 Бигзор ҳеҷ яке аз шумо ҳамчун қотил, ё дузд, ё бадкирдор, ё фузул уқубат накашад.

16 Аммо агар касе ҳамчун масеҳӣ уқубат кашад, бигзор хиҷил нашавад, балки барои чунин қисматаш Худоро ҳамду сано хонад.

17 Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас фарҷоми онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна хоҳад буд?

18 Ва агар одил базўр наҷот меёфта бошад, пас оқибати осиён ва гуноҳкорон чӣ гуна хоҳад буд?

19 Пас, онҳое ки бар тибқи иродаи Худо уқубат мекашанд, бигзор ҷонҳои худро ба Офаридагори амин супоранд ва некӣ кунанд.

5

1 Аз пирони шумо хоҳишмандам ман, ки низ пир ва шоҳиди уқубатҳои Масеҳ ҳастам, ва шарики ҷалоле хоҳам буд, ки бояд ба зуҳур ояд:

2 Рамаи Худоро, ки назди шумост, бичаронед ва ба он назорат кунед, на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ, чунон ки мақбули Худост, ва на аз барои тамаи нангин, балки аз сидқи дил,

3 Ва на ҳамчун касоне ки бар мероси Худо ҳукмронӣ мекунанд, балки ба рама намунаи нишон диҳед,

4 Ва ҳангоме ки Сарвари чўпон зоҳир шавад, шумо тоҷи ҷалолро, ки пажмурда намешавад, хоҳед ёфт.

5 Ҳамчунин шумо, эй ҷавонон, ба пирон итоат намоед; ва ҳамаатон, ба якдигар итоат намуда, фурўтаниро дар бар кунед, чунки Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурўтанон файз мебахшад.

6 Пас, дар зери дасти пурзўри Худо фурўтан бошед, то ки Ў шуморо дар замони Худ сарфароз кунад;

7 Ҳамаи ғамҳои худро ба Ў вогузор намоед, зеро ки Ў ба шумо ғамхорӣ мекунад.

8 Ҳушьёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷўяд, то ба коми худ кашад;

9 Ба вай бо имони қавӣ муқобилат кунед, чун медонед, ки ин гуна уқубатҳо ба сари бародарони шумо низ, ки дар сар то сари ҷаҳон ҳастанд, меояд.

10 Ва Худои ҳар файз, ки моро ба ҷалоли абадии Худ дар Исои Масеҳ даъват намудааст, баъд аз уқубати кўтоҳмуддати шумо, шуморо комил, устувор, қавӣ ва матин хоҳад кард.

11 Ўро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин.

12 Ба воситаи Силвонус, ки ба фикри ман бародари амин аст, ба шумо мухтасар навиштам, то шуморо насиҳат ва шаҳодат диҳам, ки ҳамин аст файзи ҳақиқии Худо, ки дар он шумо қоим ҳастед.

13 Калисое ки дар Бобил аст ва мисли шумо интихоб шудааст, ба шумо салом мерасонад, ҳамчунин писарам Марқўс.

14 Ба якдигар бо бўсаи муҳаббат салом гўед. Бар ҳамаи шумо, ки дар Исои Масеҳ ҳастед, осоиштагӣ бод. Омин.