1

1 Яъқуб, ки бандаи Худо ва Исои Масеҳи Худованд аст, ба дувоздаҳ сибте ки пароканда мебошад, салом мерасонад.

2 Эй бародарони ман, вақте ки ба озмоишҳои гуногун дучор мешавед, инро барои худ шодии бузурге ҳисоб кунед,

3 Чун медонед, ки имтиҳони имони шумо сабрро ба вуҷуд меоварад;

4 Ва сабр бояд амали комил дошта бошад, то ки шумо комил ва солим буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед.

5 Ва агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд, ва ба вай ато хоҳад шуд.

6 Валекин бигзор бо имон талаб кунад ва ҳеҷ шакку шубҳа надошта бошад, чунки шаккок ба мавҷи баҳр монанд аст, ки аз шамол баланд шуда, ҷавлон мекунад:

7 Бигзор чунин кас гумон накунад, ки аз Худованд чизе ба даст хоҳад овард.

8 Шахси дудила дар ҳамаи роҳҳои худ ноустувор аст.

9 Бигзор бародари залил бо сарбаландии худ фахр намояд,

10 Ва сарватдор бо залолати худ, чунки ў мисли гули алаф даргузар аст:

11 Офтоб бо гармо тулўъ намуда, алафро мехушконад, ва гули он рехта, зебоии намуди он нест мешавад; сарватдор низ дар роҳҳои худ ҳамин тавр пажмурда хоҳад шуд.

12 Хушо касе ки дар озмоиш вафодор мемонад, зеро вақте ки вай имтиҳон медиҳад, тоҷи ҳаётро, ки Худованд ба дўстдорони Худ ваъда кардааст, ба даст хоҳад овард.

13 Дар озмоиш бигзор ҳеҷ кас набояд бигўяд:“Маро Худо меозмояд“; чунки Худо бо бадӣ озмуда намешавад ва Худаш ҳеҷ касро намеозмояд,

14 Балки ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор мешавад;

15 Баъд ҳавас, ҳомила шуда, гуноҳро ба дуньё меоварад, ва гуноҳ, ки ба амал омад, мамотро ба вуҷуд меоварад.

16 Эй бародарони маҳбуби ман, фирефта нашавед.

17 Ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад, ки дар Ў тағьироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест.

18 Ў, бар ҳасби хости Худ, моро ба василаи каломи ростӣ ба дуньё овард, то ки як навъ навбари офаридаҳои Ў бошем.

19 Пас, эй бародарони маҳбуби ман, бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад;

20 Зеро ки хашми одамизод адолати Худоро ба амал намеоварад.

21 Бинобар ин ҳар нопокӣ ва бақияи бадиро як сў гузошта, каломеро ки дар шумо кошта шудааст, бо фурўтанӣ қабул кунед, ки он метавонад ҷонҳои шуморо наҷот диҳад.

22 Пас иҷрокунандагони калом бошед, на фақат шунавандагоне ки худро фиреб медиҳанд,

23 Зеро, касе ки каломро мешунаваду иҷро намекунад, ба шахсе монанд аст, ки тарҳи рўяшро дар оина мебинад:

24 Ба чеҳраи худ нигоҳ карду рафт, ва дарҳол фаромўш кард, ки он чӣ гуна аст.

25 Аммо касе ки ба шариати комил, ва шариати озодӣ диққат мекунад ва дар он устувор мемонад, дар ҳолате ки на шунавандаи фаромўшхотир, балки иҷрокунандаи кор мебошад, хушо он кас дар амали худ.

26 Агар касе аз шумо гумон кунад, ки диндор аст, ва ҷилваи забони худро накашад, балки дили худро фирефта намояд, диндории вай бефоида аст.

27 Дини пок ва беайб ба ҳузури Худо ва Падар ин аст, ки ятимон ва бевазанонро дар андўҳи онҳо парасторӣ кунем ва худро аз олам олуда накарда нигоҳ дорем.

2

1 Эй бародарони ман! Ба Исои Масеҳи Худованди мо, ки Худованди ҷалол аст, бе рўйбинӣ имон дошта бошед.

2 Зеро, агар ба ҷамъомади шумо касе ангуштарини тилло дар даст ва либоси зебо дар тан биёяд, ва камбағале низ либоси чиркин дар тан биёяд,

3 Ва шумо ба соҳиби либоси зебо нигоҳ карда, гўед:“Шумо марҳамат фармуда ин ҷо биншинед“, ва ба камбағал гўед:“Ту ин ҷо биист“ ё ки:“Ин ҷо, поини пои ман биншин“,

4 Оё шумо миёни худатон фарқ нагузоштаед ва оё доварони соҳиби афкори бад нестед?

5 Гўш диҳед, эй бародарони маҳбуби ман: оё Худо камбағалони оламро интихоб накардааст, ки сарватдор дар имон ва ворисони Малакуте бошанд, ки онро Ў барои дўстдорони Худ ваъда кардааст?

6 Валекин шумо аз камбағал нафрат кардаед. Оё сарватдорон шуморо ба танг намеоваранд, ва оё онҳо шуморо ба маҳкамаҳо намекашанд?.

7 Оё онҳо номи некро, ки бар шумост, беобрў намекунанд?

8 Агар шумо шариати шоҳонаро, бар тибқи Навиштаи:’’Ёри худро мисли худ дўст бидор’’ ба ҷо меоварда бошед, хуб мекунед;

9 Аммо агар рўйбинӣ мекарда бошед, гуноҳ мекунед, ва шариат шуморо вайронкунанда ҳисоб мекунад.

10 Касе ки тамоми шариатро риоя намуда, валекин дар як чиз гуноҳ кунад, нисбат ба ҳама чиз айбдор мешавад.

11 Зеро Он ки ‘‘зино накун’’ гуфтааст, ‘‘қатл накун’’ ҳам гуфтааст; бинобар ин, агар ту зино накунӣ, вале қатл кунӣ, ба шариат хато кардаӣ.

12 Ҳамчун касе ки бар тибқи шариати озодӣ доварӣ карда хоҳанд шуд, чунин сухан гўед ва чунин амал кунед,

13 Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.

14 Эй бародарони ман, чӣ фоидае ҳаст, агар касе гўяд, ки имон дорад, дар сурате ки амал надорад? Оё чунин имон метавонад ўро наҷот диҳад?

15 Агар бародаре ё хоҳаре бараҳна буда, ризқу рўзӣ надошта бошад,

16 Ва касе аз шумо ба онҳо гўяд:“Ба саломатӣ рафта гарм ва сер шавед“, валкин он чи барои ҷасм лозим аст, ба онҳо надиҳад, чӣ фоидае ҳаст?

17 Ҳамчунин имон низ, агар аъмол надошта бошад, ба худии худ мурда аст.

18 Балки касе хоҳад гуфт:“Ту имон дорӣ, вале ман аъмол дорам, имони худро бе аъмол ба ман нишон бидеҳ, вале ман ба ту имони худро аз аъмоли худ нишон медиҳам“.

19 Ту имон дорӣ, ки Худо ягона аст? Хуб мекунӣ; девҳо низ имон доранд ва меларзанд.

20 Аммо, эй одами бемағз, оё мехоҳӣ бидонӣ, ки имон бе аъмол мурда аст?

21 Оё падари мо Иброҳим, ки писари худ Исҳоқро ба қурбонгоҳ бароварда буд, бо аъмоли худ сафед нашуд?

22 Оё ту мебинӣ, ки имон ба аъмоли ў мадад кард, ва имони ў ба василаи аъмол ба камол расид?

23 Ва он Навишта иҷро шуд, ки мегўяд:“Иброҳим ба Худо имон овард, в ин барои ў адолат ҳисоб карда шуд, ва ў дўсти Худо номида шуд“.

24 Оё мебинед, ки одамизот ба василаи аъмол сафед мешавад, на фақат ба василаи имон?

25 Ба ҳамин тарз Роҳоби фоҳиша низ, ки ҷосусонро қабул карда, бо роҳи дигар фиристода буд, оё ба василаи аъмол сафед нашуд?

26 Зеро, чунон ки ҷисм бе рўҳ мурда аст, ончунон имон низ бе аъмол мурда аст.

3

1 Эй бародарони ман! Бисьёре аз шумо муаллим нашавед, чун медонед, ки мо ба маҳкумияти бештаре дучор хоҳем шуд,

2 Зеро ки ҳамаи мо бисьёр пешпо мехўрем. Касе ки дар сухан пешпо намехўрад, вай одами комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми ҷисмро бикашад.

3 Инак, мо ба даҳони аспҳо лаҷом меандозем, то ки ба мо итоат кунанд, ва тамоми ҷисми онҳоро идора мекунем;

4 Инак, киштиҳо низ, ҳар чанд бузург бошанд ва ҳар чанд бо бодҳои пурзўр ронда шаванд ҳам, ба воситаи суккони хурде, ба куҷое ки суккон хоҳад, равона карда мешавад;

5 Ҳамчунин забон низ узви хурд аст, вале бисьёр лоф мезанад. Бубин, оташи хурде чӣ гуна ҷангали бузургро месўзонад.

6 Забон низ оташ аст, шарорате дар миёни узвҳои мо мебошад. Тамоми ҷисмро палид мекунад ва доираи ҳаётро оташ медиҳад, дар сурате ки худаш аз ҷаҳаннам оташ мегирад.

7 Зеро ки ҳама гуна даррандагон ва паррандагон, хазандагон ва ҳайвоноти баҳрӣ ба воситаи одамизод ром шудааст,

8 Валекин забонро ҳеҷ кас аз одамон ром карда наметавонад: он шароратест боздоштанашаванда ва пур аз заҳри марговар.

9 Бо он мо Худо ва Падарро муборак мехонем, ва бо он мо ба одамон, ки ба сурати Худо офарида шудаанд, лаънат мегўем:

10 Аз айни як даҳон баракат ва лаънат мебарояд. Эй бародарони ман, набояд ин тавр шавад.

11 Оё аз як сўрохи чашма ҳам оби ширин ва ҳам оби талх ҷорӣ мешавад?

12 Эй бародарони ман, дарахти анҷир наметавонад зайтун оварад, ё токи ангур анҷир: ҳамчунин як чашма наметавонад оби шўр ва ширин ба вуҷуд оварад.

13 Оё касе аз шумо ҳаким ва бохирад аст? Бигзор инро дар рафтори неки худ бо фурўтании хирадмандона дар амал нишон диҳад.

14 Аммо агар шумо дар дили худ ҳасади талх ва худсарӣ доред, фахр накунед ва дар ҳаққи ростӣ дурўғ нагўед:

15 Ин ҳикмате нест, ки аз боло нозил шуда бошад, балки ҳикмати заминӣ, нафсонӣ ва шайтонӣ мебошад;

16 Зеро ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарӣ бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост.

17 Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад.

18 Ва самари адолат дар осоиштагӣ кошта мешавад барои онҳое ки осоиштагиро ба амал меоваранд.

4

1 Адоват ва ҷидолҳо дар миёни шумо аз куҷост? Оё на аз ҳавасҳои шумост, ки дар андоматон меҷанганд?

2 Ҳавас мекунед ва надоред; мекушед ва ҳасад мебаред ва наметавонед ба даст оваред; муноқиша ва адоват мекунед ва надоред, чунки илтимос намекунед;

3 Илтимос мекунед ва ба даст намеоваред, чунки на аз баҳри қасди нек илтимос мекунед, балки аз баҳри он ки барои ҳавасҳои худ истифода намоед.

4 Эй зинокорон! Оё намедонед, ки дўстӣ бо дуньё душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дўсти дуньё бошад, душмани Худо мегардад.

5 Оё шумо гумон мекунед, ки Навишта бар абас гуфтааст:“Рўҳеро, ки дар мо сокин аст, то ба дараҷаи рашк дўст медорад“?

6 Лекин файзи бештаре мебахшад; барои ҳамин ҳам гуфта шудааст:“Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурўтанон файз мебахшад“.

7 Пас, ба Худо итоат намоед, ба иблис муқобилат кунед, ва ў аз шумо хоҳад гурехт.

8 Ба Худо наздик шавед, ва Ў ба шумо наздик хоҳад шуд. Дастҳои худро бишўед, эй гуноҳкорон, ва дилҳои худро пок кунед, эй дудиладгон.

9 Андўҳгин шуда, гирья ва нола кунед. Бигзор хандаи шумо ба гирья ва шодии шумо ба ғусса мубадал шавад.

10 Дар ҳузури Худованд фурўтан бошед, ва Ў шуморо сарафроз хоҳад кард.

11 Эй бародарон, дар ҳаққи якдигар бадгўи накунед. Касе ки бародарашро бадгўӣ кунад, ё бародарашро ҳукм намояд, вай шариатро бадгўӣ мекунад ва шариатро ҳукм менамояд. Ва агар ту шариатро ҳукм намоӣ, пас иҷрокунандаи шариат нестӣ, балки довар ҳастӣ.

12 Шариатгузор ва Довар якест, ва Ў қодир аст наҷот диҳад ва талаф кунад. Вале ту кистӣ, ки дигареро ҳукм менамоӣ?

13 Акнун гўш кунед шумо, эй касоне ки мегўед:“Имрўз ё фардо ба фалон шаҳр рафта, дар он ҷо як сол зиндагонӣ мегузаронем, ва бо тиҷорат машғул шуда, фоида мекунем“,

14 Дар сурате ки шумо намедонед, ки фардо чӣ ҳодиса рўй хоҳад дод: зеро ки чист зиндагии шумо? Буғест, ки ба муддати кўтоҳе зоҳир гардида, баъд нест мешавад.

15 Ба ҷои он шумо бояд бигўед:“Агар Худо хоҳад, мо зинда мемонем ва чунин ё чунон мекунем“.

16 Лекин акнун шумо, ба сабаби ҳавобаландии худ, лоф мезанед: ҳар лофе монанди ин бад аст.

17 Пас, касе ки медонад, чӣ некӣ бояд, кард, ва намекунад, ба вай гуноҳ аст.

5

1 Гўш кунед шумо, эй сарватдорон: дар бораи балоҳое ки ба сари шумо меояд, гирья ва нола кунед.

2 Сарвати шумо пўсидааст, ва либоси шуморо куя задааст.

3 Тилло ва нуқраи шуморо занг задааст, ва занги онҳо исботе ба муқобили шумо гардида, мисли оташ ҷисми шуморо хоҳад хўрд: шумо барои айёми охирини худ ганҷ ҷамъ кардаед.

4 Инак, музди коргароне ки саҳроҳои шуморо даравидаанд, ва шумо онро надода нигоҳ доштаед, фиғон мекашед, ва доду фарьёди даравгарон ба гўши Худованди лашкарҳо расидааст.

5 Шумо дар рўи замин бо ҳашамат ва дабдаба умр ба сар бурда, айшу ишрат менамудед, ва дилҳои худро гўё ки барои рўзи қатл фарбеҳ кардаед.

6 Шумо одилро маҳкум намуда, куштед; ў ба шумо муқобилат накард.

7 Пас, эй бародарон, то вақти омадани Худованд пурсабр бошед. Инак, зироаткор самари гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин бисьёр сабр мекунад, то даме ки борони аввалин ва охирин биборад.

8 Шумо низ сабр кунед, дилҳои худро қавӣ гардонед, чунки омадани Худованд наздик аст.

9 Эй бародарон, аз якдигар шиква накунед, то даме ки маҳкум нагардед: инак, Довар назди дар истодааст.

10 Эй бародарон, аз уқубат ва пурсабрии анбиё ибрат гиред, ки онҳо ба исми Худованд сухан меронданд.

11 Инак, мо онҳоеро, ки сабр кардаанд, хушбахт мешуморем: шумо дар бораи сабри Айюб шунидаед ва анҷоми кори Худовандро дидаед, зеро ки Худованд раҳмон ва бахшанда аст.

12 Вале пеш аз ҳама, эй бародарони ман, на ба осмон қасам ёд кунед, на ба замин, на ба ягон қасами дигаре; балки бигзор дар шумо’’оре, оре’’ ва’’не, не’’ бошад, то ки ба маҳкумият дучор нашавед.

13 Оё касе аз шумо уқубат мекашад? Бигзор дуо гўяд. Оё касе шодмон аст? Бигзор таронаи Забурро хонад.

14 Оё касе аз шумо бемор аст? Бигзор пирони калисоро назди худ даъват намояд, ва онҳо ўро ба исми Худованд равған молида, дар ҳаққи ў дуо гўянд,

15 Ва дуои имон беморро шифо хоҳад дод, ва Худованд ўро ба по хоҳад хезонд; ва агар ў гуноҳ карда бошад, гуноҳҳояш омурзида хоҳад шуд.

16 Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гўед, то шифо ёбед: дуои боисрори шахси одил қуввати бузурге дорад.

17 Ильёс шахсе буд монанди мо, ва дуо гуфт, ки борон наборад, ва се солу шаш моҳ дар рўи замин борон набуд.

18 Ва боз дуо гуфт, ва осмон борон дод, ва замин самари худро ба вуҷуд овард.

19 Эй бародарон! Агар касе аз шумо аз ростӣ сар печад, ва касе ўро баргардонад,

20 Бигзор вай бидонад, ки шахсе ки гуноҳкорро аз роҳи ғалати вай гардонад, ҷони вайро аз мамот наҷот дода, гуноҳҳои зиёдро рўпўш хоҳад кард.