1

1 Номаи аввалро навиштам, эй Теофилус, дар бораи ҳар он чи Исо ба амал овард ва таълим дод аз ибтодо,

2 То ҳамон рўзе ки ба василаи Рўҳулқудс ба ҳаввориёни баргузидаи Худ дастурҳо дода ва ба осмон бурда шуд;

3 Ба онҳо низ, баъд аз азобу уқубаташ, бо далелҳои бисьёр Худро зинда нишон дод ва дар давоми чиҳил рўз ба онҳо зоҳир шуда, дар бораи Малакути Худо сухан гуфт,

4 Ва онҳоро ҷамъ карда, чунин амр фармуд:“Ерусалимро тарк накунед, балки мунтазири он ваъдаи Падар бошед, ки аз Ман шунидаед;

5 Зеро ки Яҳьё бо об таъмид медод, лекин шумо, баъд аз чанд рўз, бо Рўҳулқудс таъмид хоҳед ёфт“.

6 Пас, онҳое ки ҷамъ шуда буданд, ба Ў савол дода, гуфтанд:“Худовандо, оё дар ҳамин вақт салтанатро бар Исроил аз нав барқарор хоҳӣ кард?“

7 Ба онҳо гуфт:“Кори шумо нест, ки замонҳо ва мўҳлатҳоеро, ки Падар бо қудрати Худ муқаррар намудааст, бидонед;

8 Аммо вақте ки Рўҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дуньё шоҳидони Ман хоҳед буд“.

9 Ҳамин ки инро гуфт, боло бурда шуд, ва онҳо менигаристанд, ва абре Ўро аз пеши назари онҳо гирифта бурд.

10 Чун Ў боло мебаромад, ва онҳо ба осмон менигаристанд, ногоҳ ду Марди сафедпўш назди онҳо пайдо шуданд

11 Ва гуфтанд:“Эй мардони Ҷалил! Чаро ин ҷо истода сўи осмон нигаронед? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чӣ тавре ки Ўро сўи осмон равона дидед, боз ҳамон тавр хоҳад баргашт“.

12 Он гоҳ онҳо ба кўҳи Зайтун, ки дар наздикии Ерусалим ба масофаи роҳравии рўзи шанбе воқеъ аст, сўи Ерусалим равона шуданд.

13 Ва, чун расиданд, ба болохонае баромаданд, ки дар он ҷо Петрус ва Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс, Филиппус ва Тумо, Барталамо ва Матто, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъўни Ғаюр ва Яҳудо ибни Яъқуб иқомат доштанд;

14 Ҳамаи онҳо якдилона ба дуо машғул буданд, ва ҳамроҳашон занон ва Марьям модари Исо ва бародарони Ў низ буданд.

15 Дар он рўзҳо Петрус дар миёни шогирдон, ки дар ҷамъомад тақрибан саду бист нафар буданд, бархоста, гуфт:

16 „Эй бародарон! Мебоист он Навишта иҷро мешуд, ки Рўҳулқудс бо забони Довуд дар бораи Яҳудо пешгўӣ кард, ки вай роҳнамо буд ба онҳое ки Исоро дастгир карданд;

17 Вай ба мо мансуб гардид, насибе дар хизмат ёфт;

18 Ва инак, вай ба музди бадкирдории худ марзае харид ва бар он рўйнокӣ афтода, шикамаш кафид, ва тамоми амъояш берун шуд;

19 Хабари ин ба гўши ҳамаи сокинони Ерусалим расид, ва он мазраа бо забони онҳо Ҳақалдамо, яъне’’Мазрааи хунин’’ номида шудаст.

20 Зеро дар китоби Забур навишта шудааст: ‘‘Манзили вай хароб гардад ва касе дар он сокин нашавад’’; ва:’’Ҷоҳу ҷалоли варо дигаре бигирад’’.

21 Бинобар ин аз касоне ки ҳароҳи мо буданд дар тамоми он муддате ки Исои Худованд бо мо рафтуомад дошт,

22 Яъне аз вақти таъмиди Яҳьё то рўзе ки Ў аз пеши мо боло бурда шуд, яке аз онҳо бояд бо мо шоҳиди эҳьёи Ў бишаванд“.

23 Ва ду нафарро: Юсуфро, ки Барсаббо ном дошта, лақабаш Юстус буд, ва Матьёсро пешниҳод карданд,

24 Ва дуо карда, гуфтанд:“Ту, эй Худованд, ки Орифулқалб ҳастӣ, бинамо якеро, ки аз ин ду баргузидаӣ,

25 То ки вай насибаи ин хизмат ва ҳаввориятро пайдо кунад, ки Яҳудо аз он маҳрум шуда, ба макони худ рафтааст“.

26 Қуръае барои онҳо партофтанд, ва қуръа ба номи Матьёс баромад, ва ў ба ёздаҳ ҳаввориён мансуб гашт.

2

1 Вақте ки рўзи Пантикост фаро расид, ҳамаашон якдилона дар як ҷо ҷамъ омаданд;

2 Баногоҳ ғулғулае, мисли садои тундбод, аз осмон баромад ва тамоми хонаро пур кард,

3 Ва забонаҳои аз ҳам ҷудое, мисли забонаҳои оташ, ба онҳо зоҳир шуда, якто-якто бар ҳар яке аз онҳо қарор гирифт.

4 Ҳамаашон аз Рўҳулқудс пур шуданд, ва чун Рўҳ ба онҳо қудрати такаллум бахшид, ба забонҳои дигар-дигар ба сухан гуфтан шурўъ карданд.

5 Дар Ерусалим яҳудиён, одамони Худотарсе ки аз ҳар халқи зери осмон буданд, сукунат доштанд.

6 Ҳангоме ки он ғулғула баланд шуд, мардуми бисьёре ҷамъ омада, дар ҳайрат афтоданд, зеро ки ҳар кас ба забони худаш сухани онҳоро мешунид.

7 Ва ҳама моту мабҳут ва мутааҷҷиб шуда, ба якдигар мегуфтанд:“Оё ҳамаи инҳо, ки гап мезананд, ҷалилӣ нестанд?

8 Пас чӣ гуна ҳар яке аз мо суханони онҳоро ба забони зодгоҳи худ мешунавем?

9 Мо, ки потиён ва модиён ва эломиён, ва сокинони байнаннаҳрайн, Яҳудо ва Қаппадукия, Понтус ва вилояти Осиё,

10 Фриҷия ва Памфилия, Миср ва ноҳияи Либия, ки дар наздикии Қурин аст, ва зиёратчиёни румӣ, ҳам яҳудиён ва ҳам онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул кардаанд,

11 Ва аҳли Крит ва Арабистон ҳастем, суханони инҳоро аз кибриёи Худо ба забонҳои худ мешунавем“.

12 Ҳама мутааҷҷиб шуда ва дар ҳайрат афтода, ба якдигар мегуфтанд:“Ин чӣ маъно дорад?“

13 Вале баъзе касон истеҳзокунон мегуфтанд:“Инҳо май хўрда, маст шудаанд“.

14 Он гоҳ Петрус, бо он ёздаҳ нафар, бархоста ва овози худро баланд карда, ба онҳо гуфт:“Эй мардуми Яҳудо ва ҳамаи сокинони Ерусалим! Инро бидонед,  ва суханони маро гўш кунед:

15 Инҳо маст нестанд, чунон ки шумо гумон мекунед, зеро ки ҳоло соати сеи рўз аст,

16 Балки ин ҳамон чиз аст, ки Юили набӣ гуфтааст:

17 ‘‘Ва дар рўзҳои охир, мегўяд Худо, чунин хоҳам кард: Рўҳи Худро бар тамоми башар хоҳам рехт, ва писарону духтарони шумо нубувват хоҳанд кард, ва ҷавонони шумо рўъёҳо ва пирони шумо хобҳо хоҳанд дид;

18 Ва ҳатто бар ғуломону канизони Худ дар он рўзҳо Рўи Худро хоҳам рехт, ва онҳо нубувват хоҳанд кард;

19 Ва аз боло дар осмон мўъҷизот ва аз поён дар замин аломот: хун ва оташ бухороти дуд ва зуҳур хоҳам овард:

20 Пеш аз он ки рўзи азиму пуршукўҳи Худованд фаро расад, офтоб ва моҳ ба хун мубаддал хоҳад шуд;

21 Ва чунин хоҳад шуд, ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт’’„

22 Эй мардони Исроил! Ба ин суханон гўш диҳед: Исои Носирӣ Марде буд, ки назди шумо аз ҷониби Худо бо қувваҳо ва мўъҷизот ва аломоте ки Худо дар миёни шумо ба василаи Ў содир кард, ба субут расид, чунон ки худатон низ медонед;

23 Ўро, ки аз рўи маслиҳати муайян ва огоҳии пешакии Худо таслим карда шуд, шумо бо дасти бадкирдорон бар салиб мехкўб карда куштед;

24 Вале Худо завлонаи маргро шикаста, Ўро эҳьё кард, зеро ғайроимкон буд, ки марг Ўро дар қайдаш нигоҳ дорад“.

25 Зеро ки Довуд дар ҳаққи Ў мегўяд:’’Худовандро ҳамеша пеши назари худ медидам, зеро ки Ў ба ямини ман аст, то ки фирў нағалтам;

26 Ба ин сабаб дилам шод шуд, ва забонам ба ваҷд омад; ҳатто ҷисмам дар умед сокин хоҳад шуд.

27 Зеро ки ҷони маро дар дўзах нахоҳӣ андохт, ва нахоҳӣ гузошт, ки ки қудусси Ту фаноро бубинад.

28 Тариқи ҳаётро ба ман омўхтаӣ ва бо ҳузури Худ маро аз шодӣ пур хоҳӣ кард’’.

29 Эй бародарон! Изн мехоҳам, то ки ҷуръат намуда, ба шумо дар бораи падари мо Довуд бигўям, ки ў вафот ёфта, дафн карда шудааст, ва қабраш то имрўз дар миёни мо боқист;

30 Азбаски ў пайғамбар буд ва медонист, ки Худо барои ў қасам ёд кардааст, ки аз насли ў Масеҳро ба миён оварад, то ки дар тахти ў бинишонад.

31 Бинобар ин дар бораи эҳьёи Масеҳ пешбинӣ карда, гуфт, ки ҷони Ў дар дўзах намонад, ва ҷисми Ў фаноро надид“.

32 Ҳамин Исоро Худо эҳьё кард, ва ҳамаи мо шоҳидони он ҳастем.

33 Акнун, ки Ў ба ямини Худо боло бурда шудааст, ваъдаи Рўҳулқудсро аз Падар ёфта, он чиро, ки шумо дида ва шунида истодаед, фурў рехтааст.

34 Зеро ки Довуд ба осмон набаромад, вале худаш мегўяд:’’Худованд ба Худованди ман гуфт: ба ямини Ман бинишин,

35 То ки душманонатро зери пои Ту андозам’’.

36 Пас, эй тамоми хонадони Исроил, яқинан бидонед, ки Худо Ҳамин Исоро, ки шумо маслуб кардед, Худованд ва Масеҳ гардонидааст“.

37 Чун шуниданд далер шуда, ба Петрус ва ҳамаи ҳаввориёни дигар гуфтанд:“Эй бародарон, мо акнун чӣ кунем?“

38 Петрус ба онҳо гуфт:“Тавба кунед, ва ҳар яке аз шумо ба исми Исои Масеҳ барои омурзиши гуноҳҳо таъмид бигиред, ва атои Рўҳулқудсро хоҳед ёфт;

39 Зеро ки ин ваъда барои шумо ва фарзандони шумо ва барои ҳамаи онҳоест, ки дур ҳастанд, яъне барои ҳар касе ки Худованд Худои мо ўро бихонад“.

40 Ў бо бисьёр суханони дигар ба онҳо шаҳодат медод ва мавъиза намуда, мегуфт:“Худро аз ин насли каҷрав раҳо кунед!“

41 Пас онҳое ки каломи ўро бо рағбат қабул карданд, таъмид гирифтанд, ва дар ҳамон рўз тақрибан се ҳазор нафар ба онҳо ҳамроҳ шуданд,

42 Ва онҳо бо шунидани таълими ҳаввориён, бо мушоракати онҳо, бо шикастани нон ва бо дуо гуфтан машғул буданд.

43 Ҳама саросар ба ҳарос афтода буданд, ва бисьёр мўъҷизот ва аломот аз дасти ҳаввориён дар Ерусалим ба амал омад.

44 Ҳамаи имондорон бо ҳам муттаҳид ва дар ҳама чиз шарик буданд:

45 Молу мулки худро мефурўхтанд ва ба ҳама, мувофиқи эҳтиёҷи ҳар кас, тақсим мекарданд;

46 Ҳар рўз якдилона дар маъбад ҷамъ мешуданд ва дар хонаҳои худ нон шикаста, бо дилхушӣ ва самимият бо ҳам хўрок мехўраданд,

47 Худоро ҳамду сано мехонданд ва дар миёни тамоми мардум меҳру муҳаббат пайдо мекарданд, ва Худованд ҳар рўз касонеро, ки наҷот меёфтанд, ба аҳли калисо меафзуд.

3

1 Рўзе дар соати нўҳуми вақти ибодат Петрус ва Юҳанно ба маъбад мерафтанд.

2 Марди ланги модарзоде буд, ки ҳар рўз ўро бардошта оварда, назди он дарвозаи маъбад, ки Ҷамил ном дошт, мегузоштанд, то аз касоне ки ба маъбад меомаданд, садақа бигирад.

3 Вақте ки ў Петрус ва Юҳанноро назди даромадгоҳи маъбад дид, аз онҳо садақа пурсид.

4 Петрус, ки бо Юҳанно буд, ба ў синчакунон нигариста, гуфт:“Ба мо нигоҳ кун“.

5 Ў ба онҳо назар дўхт, ба умеди он ки аз онҳо чизе бигирад.

6 Аммо Петрус гуфт:“Ман нуқта ва тилло надорам; лекин он чи дорам, ба ту медиҳам: ба исми Исо Масеҳи Носирӣ бархезу роҳ рав“.

7 Аз дасри росташ гирифта, ўро ба по хезонд; баногоҳ пойҳо ва шитолингҳои ў қувват гирифт,

8 Ва аз ҷои худ ҷаста хеста, ба роҳравӣ даромад ва роҳравону ҷастухезкунон ва Худоро ҳамдгўён ҳамроҳи онҳо вориди маъбад шуд.

9 Тамоми мардум ўро роҳравон ва Худоро ҳамдгўён диданд,

10 Ва ўро шинохтанд, ки ҳамон касест, ки назди дарвозаи Ҷамили маъбад нишаста, садақа мепурсид, ва аз он чи ба ў рўй дода буд, дар даҳшат ва дар ҳайрат афтоданд.

11 Азбаски ў ба Петрус ва Юҳанно часпида буд, тамоми мардум дар равоқи Сулаймон бо ҳайрат сўи онҳо шитофтанд.

12 Перус, чун дид,  ба он ҷамоат рў оварда гуфт:“Эй мардони Исроил! Чаро аз дидани ин дар ҳайрат афтодаед ва чаро ба мо чашм дўхтаед, гўё ки мо бо қувват ё парҳезгории худ сабаби роҳ рафтани ин шахс шуда бошем?

13 Худои Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, Худои падарони мо, Писари Худ Исоро ҷалолат бахшид. Шумо Ўро таслим кардед ва дар ҳузури Пилотус, ки мехост Ўро озод кунад, Ўро рад намудед;

14 Лекин шумо Қуддус ва Одилро рад намуда, хоҳиш кардед, ки як шахси одамкуш барои шумо озод карда шавад,

15 Вале Сарвари ҳаётро куштед, вале Худо Ўро аз мурдагон эҳьё кард, ва мо шоҳидони он ҳастем.

16 Ба хотири имон ба исми Ў ин шахс ки мебинед ва мешиносед, қувват ёфтааст, бале, исми Ў ва имоне ки дар мо аз Ўст, дар ҳузури ҳамаи шумо ба вай ин шифоро бахшидааст.

17 Лекин, эй бародарон, медонам, ки шумо, мисли сардорони худ, ин корро аз рўи нодонӣ кардаед;

18 Аммо Худо он чиро, ки бо забони тамоми анбиёяш пешакӣ гуфта буд, ки Масеҳ бояд азобу уқубат кашад, ҳамин тавр анҷом дод.

19 Пас, тавба кунед ва руҷўъ намоед, то ки гуноҳҳои шумо маҳв гардаад.

20 Ва айёми фароғат аз ҳузури Худо фаро расад, ва Ў Исои Масеҳро, ки бароятон аз аввал баргузида буд, бифиристад,

21 ‘‘То замони таҷдид кардани ҳама чиз мутобиқи он чи Худо бо забони анбиёи муқаддаси Худ аз азал гуфтааст, мебоист осмон Ўро қабул мекард.

22 Чунон, чи Мусо ба падарони мо гуфта буд:’’Худованд Худои шумо Пайғамбаре мисли ман барои шумо аз миёни бародарони шумо ба миён хоҳад овард; бояд ба он чи Ў ба шумо мегўяд, гўш диҳед,

23 Ва ҳар кӣ ба суханони Он Пайғамбар гўш надиҳад, бояд аз байни қавми худ решакан шавад’’.

24 Ҳамчунин тамоми анбиё, аз Самуил гирифта то онҳое ки баъд аз ў нубувват кардаанд, ҳамаашон ин айёмро пешгўи кардаанд.

25 Шумо фарзандони он анбиё ҳастед ва дар он аҳде ки Худо бо падарон мо баст, насибе доред, чунон ки Ў ба Иброҳим гуфтааст:’’Ҳамаи қабилаҳои рўзи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост’’.

26 Худо Писари Худ Исоро муваккал карда, аввал назди шумо фиристод, то ки Ў ҳар якеро аз роҳҳои шароратомези шумо баргардонида, шуморо баракат диҳад“.

4

1 Ҳангоме ки онҳо ба мардум сухан мегуфтанд, коҳинон ва сардори посбонони маъбад ва саддуқиён бар сари онҳо тохтанд,

2 Зеро хеле нороҳат шуданд аз ин ки онҳо мардумро таълим медоданд ва дар шахси Исо эҳьёи мурдагонро мавъиза менамуданд,

3 Ва дасти тааддӣ ба онҳо дароз карда, то фардо ба ҳабс гирифтанд, зеро ки шомгоҳ буд.

4 Аммо бисьёре аз шунавандагони калом имон оварданд, ва шумораи онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буд.

5 Фардои он, сардорон ва пирон ва китобдонони онҳо дар Ерусалим ҷамъомаде барпо карданд,

6 Ва Ҳонои саркоҳин ва Қаёфо ва Юҳанно ва Искандар ва ҳамаи аъзоёни хонаводаи саркоҳин ҳузур доштанд,

7 Ва онҳоро дар миёнаҷо ба по хезонда, пурсиданд:“Ба кадом қувват ва ба кадом исм ин корро кардаед?“

8 Петрус аз Рўҳулқудс пур шуда, ба онҳо гуфт:“Эй сардорони қавм ва пирони Исроил!

9 Агар имрўз барои некие ки ба марди нотавоне кардаем, моро тафтиш менамоед ва мехоҳед бидонед, ки вай ба чӣ васила шифо ёфтааст,

10 Пас ба ҳамаи шумо ва ба тамоми қавми Исроил маълум бод, ки ба исми Исои Масеҳи Носирӣ, ки Ўро шумо маслуб кардед, ва Худо Ўро аз мурдагон эҳьё намуд, оре, ба исми Ў ин одам дар ҳузури шумо тандуруст истодааст:

11 Ў ҳамон аст, ки шумо, бинокорон, онро рад кардед, вале он ҳоло санги сари гўшаи бино гардидааст.

12 Дар ҳеҷ каси дигаре наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем“.

13 Вақте ки ҷасорати Петрус ва Юҳанноро диданд ва пай бурданд, ки одамони нохонда ва оддӣ ҳастанд, мутааҷҷиб шуданд ва онҳоро шинохтанд, ки аз ҳамроҳони Исо буданд;

14 Чун шахси шифоёфтаро диданд, ки назди онҳо истода буд, чизе ба муқобили онҳо гуфта натавонистанд.

15 Ба онҳо амр фармуд, ки аз шўрои пирон берун бираванд; пас аз он бо якдигар машварат карданд,

16 Ва гуфтанд:“Бо ин одамон чӣ кунем? Инак ба ҳамаи сокинони Ерусалим маълум шудааст, ки онҳо мўъҷизаи ба назар намоёне ба амал овардаанд, ва мо онро наметавонем инкор кунем;

17 Аммо барои он ки бештар аз ин дар миёни мардум овоза нашавад, бояд онҳоро сахт таҳдид кунем, ки дигар ба ҳеҷ кас дар бораи ин исм гап назананд“.

18 Онҳоро даъват намуда, фармон доданд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ исми Исоро ба забон наоваранд ва таълим надиҳанд.

19 Вале Петрус ва Юҳанно ба ҷавоби онҳо гуфтанд:“Худатон ҳукм кунед, оё дар назари Худо дуруст аст, ки итоати шуморо аз итоати Худо авло донем?

20 Мо наметавонем аз гуфтани он чи дидаем ва шунидаем, даст кашем“.

21 Онҳоро боз ҳам зиёдтар таҳдид карда, ҷавоб доданд, чунки ба сабаби мардум имконият наёфатанд ба онҳо ҷазо диҳанд, зеро ки ҳама Худоро барои он чи воқеъ шуда буд, ҳамду сано мегуфтанд;

22 Шахсе ки ин мўъҷизаи шифо ба вай рўй дод, бештар аз чиҳилсола буд.

23 Баъд аз раҳо шуданашон назди ёрони худ омаданд ва он чиро, ки саркоҳинон ва пирон гуфта буданд, ба онҳо нақл каданд.

24 Чун инро шунииданд, овози худро якдилона сўи Худо баланд карда, гуфтанд:“Эй Парвардигор, эй Офаридагори осмон ва замин ва баҳр ва ҳар он чи дар онҳост!

25 Ту бо забони падарони мо ва бандаи Худ Довуд ба василаи Рўҳулқудс гуфтаӣ: ‘‘Чаро халқҳо шўриш менамоянд ва қавмҳо беҳуда қасд мекунанд?

26 Подшоҳони замин қиём карданд ва мирон муттаҳид шудаанд бар зидди Худованд ва бар зидди Масеҳи Ў’’.

27 Дар воқеъ, бар зидди Писари Муқаддаси Ту Исо, ки Ўро тадҳин кардаӣ, Ҳиродус ва Понтиюс Пилотус бо ғайрияҳудиён ва қавми Исроил муттаҳид шуданд,

28 То он чиро, ки бозуи Ту ва раъи Ту пешакӣ муқарар карда буд, ба ҷо оваранд.

29 Ва алҳол, эй Худованд, ба таҳдидҳои онҳо назар андоз ва ба бандагони Худ ато фармо, то ки бо камоли ҷасорат каломи Туро баён кунанд,

30 Дар сурате ки Ту дасти шифо бахшидан ва барои нишон додани аломоту мўъҷизот ба исми писари Муқаддаси Худ Исо дароз бикунӣ“.

31 Ҳамин ки дуояшон ба охир расид, маконе ки дар он ҷамъ шуда буданд, ба ҷунбиш омад, ва ҳама аз Рўҳулқудс пур шуданд ва каломи Худоро далерона мегуфтанд.

32 Ҳамаи имондорон аз ҷону дил муттаҳид шуда буданд, ва ҳеҷ касе молу мулки худро аз они худ намедонист, балки ҳама чизро онҳо муштарак медоштанд.

33 Ҳаввориён бо қувваи бузутге ба эҳьёи Исои Худованд шаҳодат медоданд, ва файзи азиме бар ҳамаи онҳо буд.

34 Ҳеҷ эҳтиёҷманде дар байнашон набуд, зеро ҳар касе ки замин ё хонаи дошт, онро мефурўхт ва пулашро оварда,

35 Дар ихтиёри ҳавориён мегузошт, ва ба ҳар кас ба қадри эҳтиёҷаш дода мешуд.

36 Юсуф, ки ҳаввориён ба ў лақаби Барнаббо, яъне ‘‘Ибни тасаллӣ’’-ро дода буданд, ва ў аз сибти Левӣ, аз аҳли Қаприс буд,

37 Замине дошт, ва онро фурўхта ва пулашро оварда, дар ихтиёри ҳаввориён гузошт.

5

1 Аммо Ҳанониён ном шахсе, бо ҳамсараш Сапфира, мулки худро фурўхт

2 Ва як қисми пули онро, бо огоҳии ҳамсараш, гирифта нигоҳ дошт ва боқии онро овард, дар ихтиёри ҳавориён гузошт.

3 Петрус гуфт:“Эй Ҳанониён! Чаро ин тавр ба дилат шайтон роҳ ёфтааст, то туро водор намояд, ки ба Рўҳулқудс дурўғ бугўӣ ва як қисми пули заминро пинҳон кунӣ?

4 Оё он чи доштӣ, аз они ту набуд? Чаро чунин фикрро дар дили худ ҷо додӣ? Ту на одамизод, балки ба Худо дурўғ гуфтӣ“.

5 Ҳамин ки Ҳанониён ин суханонро шунид, ба замин афтод ва ҷон дод, ва ҳамаи онҳое ки инро шуниданд, ба ҳароси азиме афтоданд.

6 Ҷавонон бархоста, ўро барои дафн тайёр карданд ва берун бурда, ба хок супурданд.

7 Тахминан баъд аз гузаштани се соат ҳамсараш омад, ки аз ин воқеа бехабар буд.

8 Петрус аз вай пурсид:“Ба ман бигў, ки оё заминро ба ҳамин маблағ фурўхтед?“ Зан гуфт:“Оре, ба ҳамин маблағ“.

9 Петрус ба вай гуфт:“Чаро ҳарду забон як кардед, ки Рўҳи Худовандро биозмоед? Онҳое ки шавҳаратро гўрониданд, бар остонаи дар ҳастанд; туро низ хоҳанд бурд“.

10 Ҳамон дам вай пеши пои ў афтода, ҷон дод; ва ҷавонон, чун дохил шуданд, вайро мурда ёфтанд ва берун бурда дар паҳлуи шавҳараш дафн карданд.

11 Тамоми аҳли калисо ва ҳамаи онҳое ки инро шуниданд, ба ҳароси азиме афтоданд.

12 Ҳаввориён аломоту мўъҷизоти зиёде дар миёни қавм ба амал меоварданд ва ҳама якдилона дар равоқи Сулаймон ҷамъ мешуданд.

13 Ҳеҷ каси бегона ҷуръат намекард бо онҳо ҳамнишин шавад, лекин мардум онҳоро ситоиш мекарданд.

14 Мардону занони бисьёре ба Худованд имон оварда, торафт ба онҳо ҳамроҳ мешуданд;

15 Кор ба ҷое расид, ки мардум беморонро ба кўчаҳо бароварда, болои бистарҳо ва катҳо мегузоштанд, то ки дар вақти гузашта рафтани Петрус ақаллан сояи ў бар баъзеи онҳо биафтад.

16 Ҳамчунин мардуми бисьёре аз шаҳрҳои атроф дар Ерусалим ҷамъ шуда, беморон  ва гирифторони арвоҳи палидро меоварданд, ва ҳамаи онҳо шифо меёфтанд.

17 Аммо саркоҳин ва бо вай ҳамаи онҳое ки аз фирқаи саддуқиён буданд, аз ҳасад пур шуда, бархостанд

18 Ва ба ҳавориён дасти тааддӣ дароз карда, онҳоро дар зиндони ом андохтанд.

19 Вале ҳамон шаб фариштаи Худованд дарҳои зиндонро кушода ва онҳоро берун оварда, гуфт:

20 „Биравед ва дар маъбад истода, ҳамаи суханони ҳаётро  ба ин қавм бигўед“.

21 Чун инро шуниданд, субҳидам ба маъбад омаданд ва ба таълим додан шурўъ карданд. Дар ин миён саркоҳин ва онҳое ки бо вай буданд, шўрои пирон ва ҳамаи пирони банӣ-Исроилро даъват карданд ва ба зиндон кас фиристоданд, то ки онҳоро биёранд.

22 Аммо мулозимон рафта, онҳоро дар зиндон наёфтанд ва баргашта, хабар доданд

23 Ва гуфтанд:“Зиндонро бо эҳтиёти тамом баста дидем, ва посбонон дар пеши дар истода буданд, вале вақте ки дарро кушодем, касеро наёфтем“.

24 Чун саркоҳин ва сардори посбонони маъбад ва саркоҳинони дигар ин суханонро шуниданд, дар ҳайрат афтоданд, ки ин чӣ оқибате дошта бошад.

25 Дар ҳамин вақт касе омада, ба онҳо хабар дод ва гуфт:“Инак, он шахсоне ки дар зиндон андохта будед, дар маъбад истода, қавмро таълим медиҳанд“.

26 Он гоҳ сардорони посбонон бо мулозимонаш рафта, онҳоро овард, лекин на бо зўрӣ, зеро аз қавм тарсиданд, ки мабодо онҳоро сангсор кунанд;

27 Чун онҳоро оварда, назди шўрои пирон ба по хезонданд, саркоҳин ба онҳо савол дода гуфт:

28 „Оё шуморо ба таври қатъӣ амр нафармудаем, ки ба Ин исм таълим надиҳед? Ва инак, шумо Ерусалимро бо таълимоти худ пур кардаед ва мехоҳед хуни Он Одамро ба гардани мо бор кунед“.

29 Петрус ва ҳаввориён ба ҷавоб гуфтанд:“Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод;

30 Худои падарони мо Исоро эҳьё кард, ки шумо Ўро ба дарахт овехта, кушта будед:

31 Худо Ўро ба ямини Худ боло бардошта, Сарвар ва Наҷотдиҳанда гардонд, то ки ба Исроил тавба ва омурзиши гуноҳҳоро ато фармояд;

32 Мо шоҳидони Ў дар ин бобат ҳастем ва ҳамчунин Рўҳулқудс аст, ки Онро Худо ба фармонбардорони Худ бахшидааст“.

33 Чун шуниданд, чунон дарғазаб шуданд, ки қасд карданд онҳоро ба қатл расонанд.

34 Аммо яке аз фарисиён, ки Ҷамлиил ном дошт ва муаллими шариат буд, ва тамоми қавм ўро мўҳтарам медоштанд, дар шўрои пирон бархоста, амр кард, ки ҳаввориёнро ба муддати кўтоҳе берун баранд,

35 Ва ба ҳозирон гуфт:“Эй мардони Исроил! Эҳтиёт кунед аз он чи мехоҳед бо ин одамон бикунед:

36 Зеро ки чанде пеш аз ин айём шахсе Тавдо ном бархоста, худро чун шахси бузурге вонамуд кард, ва тақрибан чорсад нафар бо вай ҳароҳ шуданд; вале вай кушта шуд, ва ҳамаи пайравонаш пароканда ва нест шуданд;

37 Баъд аз вай Яҳудои Ҷалилӣ дар замони саршумори бархост ва мардуми бисьёреро аз ақиби худ кашид; вай низ кушта шуд, ва ҳамаи пайравонаш пароканда шуданд;

38 Ва алҳол ба шумо мегўям, ки аз ин одамон даст кашед ва онҳоро ба ҳоли худ бигузоред, зеро ки агар ин раъй ва амал аз одамизод бошад, худ аз худ барҳам хоҳад хўрд,

39 Вале агар аз Худо бошад, шумо онро наметавонед барҳам диҳед, мабодо маълум шавад, ки бо Худо ситеза мекунед“.

40 Ба гапи вай даромаданд ва ҳаввориёнро ҷеғ зада оварданд, қамчинкорӣ карданд ва минбаъд ба исми Исо ҳарф заданро ба онҳо манъ карда, онҳоро озод намуданд.

41 Онҳо аз шўрои пирон баромада, хурсанд шуданд, ки ба хотири исми Ў сазовори беҳурматӣ гардиданд.

42 Ва ҳар рўз дар маъбад ва дар хонаҳо дар бораи Исои Масеҳ таълим ва башорат медоданд.

6

1 Дар он айём, ки шогирдон зиёд мешуданд, яҳудиёни юнонизабон аз яҳудиёни ибронизабон шикоят карданд, ки бевазанони онҳо дар тақсими ризқи ҳаррўза бе баҳра мемонанд.

2 Он дувоздаҳ нафар ҷамоати шогирдонро даъват намуда, гуфтанд:“Шоиста нест, ки мо каломи Худоро тарк карда, ба хизмати таъмини разқу рўзӣ машғул шавем;

3 Пас, эй бародарон, ҳафт одами некном ва пур аз Рўҳулқудс ва пурҳикматро аз миёни худ интихоб намоед, то ки онҳро ба хизмат таъин кунем;

4 Лекин мо бо дуо ва бо таълими каломи худо машғул хоҳем шуд“.

5 Ин таклиф ба тамоми ҷамомат маъқул шуд, ва Истефанусро, ки шахси пур аз имону Рўҳулқудс буд, ва Фииппус ва Прохорус ва Никонўр ва Тимўн ва Парминос ва Николосро, ки аз аҳли Антиёхия буда, чанде пеш дини яҳудиро қабул карда буд,  интихоб карданд.

6 Инҳоро дар назди ҳаввориён ба по хезонданд, ва даст бар сарашон монда дуо карданд;

7 Каломи Худо торафт интишор меёфт, шумораи шогирдон дар Ерусалим бағоят меафзуд, ва бисьёре аз коҳинон низ ба имон тан доданд.

8 Истефанус, ки пур аз имон ва қувват буд, дар миёни қавм аломоту мўъҷизоти бузурге ба амал меовард.

9 Баъзе касон аз куништи ба ном либартиниён, қуриниён ва искандариён ва аҳли Қилиқия ва Осиё бо Истефанус баҳсу мунозира карданд,

10 Лекин ба он ҳикмат ва Рўҳе ки дар суханонаш буд, ёрои мухолифат надоштанд.

11 Бинобар ин чанд касро водор карданд, ки бигўянд:“Мо шунидем, ки ў дар ҳаққи Мусо ва Худо суханони куфромез мегуфт“.

12 Дар миёни қавм ва пирон ва китобдонон шўр ангехта, ба ў ҳуҷум оварданд ва ўро дастгир карда, ба шўрои пирон бурданд.

13 Шоҳидони козибро пеш оварданд, ва онҳо гуфтанд:“Ин шахс ҳамеша ба муқобили ин макони муқаддас ва ба муқобили Таврот суханони куфромез мегўяд;

14 Зеро шунидем, ки ў мегуфт:’’Исои Носирӣ ин маконро хароб хоҳад кард ва русумеро, ки Мусо ба мо супурдааст, тағъир хоҳад дод’’„.

15 Ҳамаи касоне ки дар шўрои пирон нишаста буданд, бар ў назар андохта, диданд  ки чеҳраи ў монанди чеҳраи фаришта буд.

7

1 Он гоҳ саркоҳин пурсид:“Оё инҳо рост мегўнд ?“

2 Ба ҷавоб гуфт:“Эй бародарон ва эй падарон, гўш кунед! Худои Зулҷалол ба падари мо Иброҳим, вақте ки ў дар Бананаҳрай буд, яъне пеш аз он ки ба Ҳоррон муҳоҷират кунад, зоҳир шуд

3 Ва ба ў гуфт:’’Замини худ ва ақрабои худро тарк намо ва сўи замине ки ба ту нишон медиҳам, равона шав’’.

4 Аз замини калдониён берун омада, дар Ҳоррон маскан гирифт; баъд аз вафоти падараш, Худо ўро аз он ҷо ба замине ки шумо дар он иқомат доред, кўчонид,

5 Ва аз он ба андозаи як кафи пой ҳам ба тасарруфи ў надод, вале дар ҳамон вақте ки ў ҳанўз фарзанде надошт, ваъда кард, ки ўро ва баъд аз ў наслашро молики он гардонад.

6 Ва Худо ба ў гуфт, ки насли ў дар  замини бегона монанди ғарибон зиндагӣ хоҳанд кард, ва муддати чорсадсол онҳоро дар бандагӣ нигоҳ дошта, азоб хоҳанд дод.

7 ‘‘Аммо Ман’’, гуфт Худо, ‘‘бар он халқе ки онҳоро дар бандагӣ нигоҳ дорад, доварӣ хоҳам кард, ва баъд аз он онҳо берун омада, дар ин макон ба Ман ибодат хоҳанд кард’’.

8 Ва аҳди хатнаро ба ў дод. Пас аз ин Иброҳим падари Исҳоқ шуда, дар рўзи ҳаштум ўро хатна кард; ва Исҳоқ падари Яъқуб ва Яъқуб падари дувоздаҳ сарқабила гардид,

9 Сарқабилаҳо аз Юсуф ҳасад бурда, ўро ба Миср фурўхтанд; лекин Худо бо ў буд.

10 Ва ўро аз ҳамаи мусибатҳояш халосӣ дод, ва ба ў ҳикмат ва ҳусни таваҷҷўҳ дар назари фиръавн подшоҳи Миср бахшид, то ўро бар Миср ва бар тамоми хонаи худ ҳукмфармо таъин кард.

11 Дар тамомми замини Миср ва Канъон қаҳтӣ рўй дода, боиси кулфати бузурге гардид, ва падарони мо қуте наёфтанд.

12 Чун Яъқуб шунид, ки дар Миср ғалла ёфт мешавад, бори аввал падарони моро ба он ҷо фиристод;

13 Дар сафари дуюм Юсуф худро ба бародаронаш шиносонд, ва аслу насаби Юсуф ба фиръавн маълум шуд.

14 Юсуф кас фиристода, падари худ Яъқуб ва тамоми хешу таборашро, ки ҳафтоду панҷ нафар буданд, дъват намуд.

15 Яъқуб ба Миср омад, ва худаш ва падарони мо вафот ёфтанд;

16 Онҳоро ба Шакем бурда, дар мақбарае ки Иброҳим аз банӣ-Ҳамўри шакеми ба нуқраи худ харида буд, дафн карданд.

17 Баробари наздик омадани вақти ваъдае ки Худо дар бораи он ба Иброҳим қасам ёд карда буд, қавм дар Миср меафзуд ва бузург мешуд,

18 То даме ки подшоҳи дигаре ба тахт нишаст, ки Юсуфро намешинохт;

19 Ў бар зидди нажоди мо найрангбозӣ карда, падарони моро ба танг овард ва амр фармуд, ки кўдакони навзоди худро бароварда партоянд, то ки зинда намонанд.

20 Дар он вақт Мусо таваллуд шуд, ки дар назди Худо бағоят ҷамил буд, ва муддати се моҳ дар хонаи падари худ парвариш ёфт;

21 Ҳангоме ки ўро броварда партофтанд, духтари фиръавн ўро гирифта, ҳамчун фарзанди худ калон кард;

22 Мусо тамоми ҳикмати Мисрро таълим гирифта, дар сухан ва амал қавӣ шуд.

23 Вақте ки ў чиҳилсола шуд, ба дилаш омад, ки бародарони худ, банӣ-Исроилро тафаққуди ҳол кунад;

24 Чун якеро мазлум дид, ўро ҳимоят кард ва интиқоми он ситамкашро гирифта, мисриро кушт.

25 Ў гумон мекард, ки бародаронаш хоҳанд фаҳмид, ки  Худо ба василаи ў онҳоро наҷот медиҳад, аммо онҳо нафаҳмиданд.

26 Рўзи дигар назди онҳо омада дид, ки муноқиша мекунанд, ва онҳоро оштӣ доданӣ шуда, гуфт:’’Эй мардумон, шумо бародар ҳастед, чаро якдигарро меранҷонед?’’

27 Вале он касе ки ба ёри худ тааддӣ мекард, ўро тела дода, гуфт:“Кӣ туро бар мо ҳоким ва қозӣ таъин кардааст?

28 Оё мехоҳӣ маро низ бикушӣ, чунон ки дирўз он мисриро куштӣ?“.

29 Мусо, ҳамин ки ин суханонро шунид, гурехта рафт ва дар замини Мидиён ғурбат ихтиёр кард, ва дар он ҷо аз ў ду писар таваллуд шуд.

30 Чун чиҳил сол гузашт, дар биёбони атрофи кўҳи Сино фариштаи Худованд дар шўълаи буттаи фурўзон ба ў зоҳир шуд.

31 Мусо, чун дид, аз ин рўъё дар ҳайрат афтод, ва ҳамгоме ки наздик меомад, то ки назар андозад, садои Худованд ба гўшаш расид:

32 ‘‘Ман Худои падарони ту, Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ҳастам’’. Мусо ба ларза даромада, ҷуръат накард, ки назар андозад.

33 Худованд ба ў гуфт:’’Кафшҳоятро аз пойҳоят бикаш, зеро ҷое ки дар он истодаӣ, замини муқаддас аст;

34 Ситамеро, ки қавми Ман дар Миср мекашад, дидаам ва оҳу нолаи онҳоро шунидаам ва барои наҷот додани онҳо фиромадаам; акнун биё, то ки туро ба Миср бифиристам’’.

35 Ҳамон Мусоро, ки рад карда, гуфта буданд:’’Кӣ туро ҳоким ва қозӣ таъин кардааст?’’, Худо ба василаи фариштае ки дар бутта ба ў зоҳир шуд, ҳоким ва раҳокунанди таъин намуда, фиристод;

36 Ў онҳоро берун оварда, дар давоми чуҳил сол дар замини Миср ва дар баҳри Қулзум ва дар биёбон мўъҷизоту аломот ба амал овард.

37 Ин ҳамон Мусост, ки ба банӣ-Исроил гуфт:’’Худованд Худои шумо Пайғамбаре мисли ман барои шумо аз миёни бародарони шумо ба миён хоҳад овард; ба суханони Ў гўш диҳед’’.

38 Ин ҳамон аст, ки дар ҷамоат дар биёбон бо фариштае ки дар кўҳи Сино бо ў сухан гуфт, ва бо падарони мо буд, ва калимоти зиндаро қабул кард, то ки ба мо бирасонад,

39 Вале падарони мо нахостанд ба ў итоат кунанд, балки ўро рад карданд, ва дилҳои онҳо сўи Миср моил шуд

40 Ва ба Ҳорун гуфтанд:’’Барои мо худоёне бисоз, ки пешопеши мо равона бошад, зеро намедонем, бар сари Мусо, ки моро аз замини Миср берун овард, чӣ омадааст’’.

41 Дар он айём гўсолае сохтанд ва ба он бут қурбониҳо карданд ва аз аъмоли дастҳои худ хеле шод гаштанд.

42 Аммо Худо аз онҳо рўй гардонда, вогузор кард, ки сипоҳи осмонро парастиш намоянд, чунон ки дар китоби анбиё навишта шудааст:’’Эй хонадони Исроил! Оё дар давоми чиҳил сол дар биёбон барои Ман қурвониҳо ва ҳадияҳо тақдим кардед?

43 Хаймаи Малук ва кавкаби худои худ Римфонро бардошта мегаштед, ки ин санамҳоро барои парастиш сохта будед; пас, шуморо ба он тарафи Бобил бадарға хоҳам кард’’.

44 Падарони мо дар биёбон хаймаи шаҳодат доштанд, чунон ки Худо ба Мусо амр фармуда гуфта буд, ки онро мувофиқи намунае ки дидааст, бисозад.

45 Онро падарони мо гирифта, ҳамроҳи Еҳушаъ ба мулки қавмҳо оварданд, вақте ки Худо онҳоро аз сари роҳи падарони мо бадар ронд, ва хайма то замони Довуд дар он ҷо монд.

46 Ки ў дар ҳузури Худо илтифот ёфт ва дархост намуд, ки маскане барои Худои Яъқуб омода кунад.

47 Вале Сулаймон барои Ў хонае сохт.

48 Аммо Ҳаққи Таоло дар маъбадҳои сохтаи дасти инсон маскан намегирад, чунон ки набӣ гуфтааст:

49 ‘‘Осмон’’, магўяд Худованд,’’курсии Ман аст, ва замин пойандози Ман; чӣ гуна хонае барои Ман бино хоҳед кард ва чӣ гуна маконе барои оромиши Ман?

50 Магар ҳамаи ин чизҳоро дасти Ман наофаридааст?’’

51 Эй гарданкашон! Эй соҳибони дилҳо ба гўшҳои номахтун! Шумо ҳамеша ба Рўҳулқудс муқобилат мекунед, шумо низ моманди падарони худ ҳастед:

52 Кист аз анбиё, ки падарони шумо ўро таъқиб накарда бошанд? Онҳо касонеро куштанд, ки аз омадани Он Одил пешакӣ хабар дода буданд, ва алҳол шумо Худи Ўро таслим кардед ва ба қатл расондед,

53 Оре, шумо Тавротро, ки ба василаи фариштагон барқарор шуд, қабул кардед, вале аз риояти он гардан тофтед“.

54 Чун инро шуниданд, он қадар дарғазаб шуданд, ки дандонҳои худро ба ҳам месоиданд.

55 Аммо ў, ки пур аз Рўҳулқудс буд, сўи осмон нигариста, ҷалоли Худо ва Исоро, ки ба ямини Худо истода буд, дид.

56 Ва гуфт:“Инак, осмонро кушода ва Писари Одамро ба ямини Худо истода мебинам“.

57 Вале онҳо бо овози баланд фарьёд зада ва гўшҳои худро маҳкам карда, якдилона ба ў ҳамла оварданд

58 Ва аз шаҳр берун бароварда, сангсор каданд, ва шоҳидон ҷомаҳои худро назди пойҳои ҷавоне ки Шоул ном дошт, гузоштанд.

59 Вақте ки Истефанусро сангсор мекарданд, ў дуо мехонду мегуфт:“Эй Исои Худованд! Рўҳи маро қабул кун“

60 Сонӣ зону зада, бо овози баланд нидо кард:“Худовандо! Ин гуноҳро ба ҳисоби онҳо дохил накун“. Инро гуфта ҷон дод.

8

1 Шоул низ ба қатли ў розӣ буд. Дар он рўз таъқиботи шадиде бар зидди аҳли калисои Ерусалим ба амал омад, ва ҳама, ғайр аз ҳаввориён, ба ноҳияи Яҳудо ва Сомария пароканда шуданд;

2 Мардуми некўкор Истефанусро дафн карда, барои ў мотами азиме гирифтанд.

3 Аммо Шоул аҳли калисоро азоб медод ва хона ба хона гашта, мардон ва занонро кашола карда мебурду дар зиндон меандохт.

4 Дар ин миён онҳое ки пароканда шуда буданд, ҳар ҷое ки мерафтанд, аз калом башорат медонанд.

5 Чунончи Филиппус ба як шаҳри Сомария омада, ба онҳо Масеҳро мавъиза мекард;

6 Мардум ба суханони Филиппус якдилона гўш медоданд ва мўъҷизотеро, ки ба амал меовард, мешуниданд ва медиданд;

7 Зеро ки арвоҳи палид аз бисьёр мубталоён наъра кашида берун мешуданд, ва мафлуҷону лангони бисьёре шифо меёфтанд,

8 Ва шодии азиме дар он шаҳр падид омад.

9 Шимъўн ном мард дар он шаҳр буд, ки пештар ҷодугарӣ мекард ва мардуми Сомарияро дар ҳайрат меандохт ва худро шахси бузурге вонамуд месохт.

10 Ҳама, аз хурд то калон, ба ў гўш андохта, мегуфтанд:“Ин шахс қуввати азими Худост“.

11 Аз он сабаб ба ў гўш меандохтанд, ки ў муддати дарозе онҳоро бо ҷодугарии худ ба ҳайрат меовард.

12 Лекин вақте ки ба башорати Филиппус дар бораи Малакути Худо ва исми Исои Масеҳ имон оварданд, мардон ва занон таъмид гирифтанд.

13 Худи Шимъўн низ имон овард ва таъмид гирифт ва ҳамеша ҳамроҳ Филиппус буд; ва аз дидани аломот ва мўъҷизоти азиме ки ба амал меомад, дар ҳайрат мемонд.

14 Ҳаввориёне ки дар Ерусалим буданд, чун шуниданд, ки аҳли Сомария каломи Худоро қабул кардаанд, Петрус ва Юҳанноро назди онҳо фиристоданд,

15 Ва чун омаданд, барои онҳо дуо гуфтанд, то ки Рўҳулқудсро қабул кунанд:

16 Зеро ки Рўҳ ҳанўз бар ҳеҷ кадоме аз онҳо нозил нашуда буд, балки фақат ба исми Исои Худованд таъмид ёфта буданд;

17 Пас, дастҳои худро бар сари онҳо гузоштанд, ва онҳо Рўҳулқудсро қабул карданд.

18 Шимъўн чун дид, ки бо дастгузории ҳаввориён Рўҳулқудс ато мешавад, ба онҳо пул овард,

19 Ва гуфт:“Ин қудратро ба ман низ бидиҳед, то ки ба ҳар кас даст гузорам, Рўҳулқудсро қабул кунад“.

20 Аммо Петрус ба вай гуфт:“Бигзор пулат бо ту нест шавад, чунки ту гумон кардаӣ, ки атои Худоро ба бадали пул бихарӣ;

21 Туро аз ин чиз насибе ва баҳрае нест, зеро ки дилат дар ҳузури Худо рост намебошад;

22 Акнун аз ин шарорати худ тавба кун ва ба Худо дуо гўй: шояд, ин қасди дилат омурзида шавад;

23 Зеро мебинам, ки пур аз заҳраи талх ва гирифтори қайди шарорат ҳастӣ“.

24 Шимъўн дар ҷавоб гуфт:“Шумо барои ман ба Худованд дуо гўед, то ки чизе аз он чи гуфтед, ба ман рўй надиҳад“.

25 Онҳо, пас аз он ки шаҳодат доданд ва каломи Худовандро мавъиза карданд, ба Ерусалим баргаштанд ва дар бисьёре аз деҳоти Сомария аз Инҷил башорат доданд.

26 Фариштаи Худованд ба Филиппус гуфт:“Бархез ва ба тарафи ҷануб, ба роҳе ки аз Ерусалим сўи Ғазза меравад, ва роҳи биёбон аст, равона шав“.

27 Бархост ва равона шуд. Ва инак, шахси ҳабашӣ, хоҷасаро ва кабири Кандока маликаи Ҳабаш, нигоҳбони тамоми хазинаи вай, ки ба Ерусалим барои ибодат омада буд,

28 Ба ватан бармегашт ва бар аробаи худ нишаста, китоби Ишаъёи набиро мехонд.

29 Рўҳ ба Филиппус гуфт:“Наздик биё ва ба он ароба ҳамроҳа шав“.

30 Филиппус ба он ҷо давида, шунид, ки китоби Ишаъёи набиро мехонад. Гуфт:“Оё мефаҳмӣ он чиро, ки мехонӣ?“.

31 Гуфт:“Чӣ гуна фаҳмида метавонам, агар касе ба ман роҳнамоӣ накунад?“ Ва аз Филиппус хоҳиш кард, ки ба ароба савор шуда, бо ў бишинад.

32 Порчае ки аз Навиштаҳо мехонд, ин буд:’’Мисли гўсфанде Ўро ба забҳ мебурданд, ва мисли баррае ки назди пашмтарошон безабон аст, Ў ҳамчунон даҳони Худро воз накард;

33 Дар таҳқири Ў инсофро аз Ў гирифтанд, ва насли Ўро кӣ шаҳр хоҳад дод? Зеро ки ҳаёти Ў аз замин қатъ карда шуд’’.

34 Он хоҷасарой ба Филиппус гуфт:“Аз ту саволе дорам, ки набӣ инро дар ҳаққи кӣ мегўяд? Оё дар ҳаққИ худаш ё дар ҳаққИ дигаре?“.

35 Он гоҳ Филиппус даҳони худро кушод ва аз ҳамон Навишта сар карда, ба ў аз Исо башорат дод.

36 Дар ин миён, дар аснои роҳ, онҳо ба обе расиданд, ва хоҷасаро гуфт:“Инак, об; ба таъмид гирифтанам чӣ чиз монеъ мешавад?“

37 Филиппус гуфт:“Агар аз таҳти дил имон оварда бошӣ, ҷоиз аст“ Вай дар ҷавоб гуфт:“Имон дорам ки Исои Масеҳ Писари Худост“.

38 Сонӣ фармон дод, ки аробаро нигоҳ дорад, ва ҳар ду, Филиппус ва хоҷасаро, ба об фуромаданд, ва ўро таъмид дод.

39 Вақте ки аз об баромаданд, Рўҳи Худованд Филиппусро даррабуд, ва хоҷасаро дигар ўро надида, роҳи худро бо хурсандӣ давом дод.

40 Аммо Филиппус дар Ашдўд пайдо шуд ва дар ҳамаи шаҳрҳо гашта, башорат медод, то даме ки ба Қайсария расид.

9

1 Шоул, ки ҳанўз таҳдид ва қатл бар шогирдони Худованд меангехт, назди саркоҳин рафт

2 Ва аз ў номаҳо барои куништҳои Димишқ пурсида гирифт, то ки агар марде ё занеро аз пайравони ин тариқат биёбад, бандӣ карда ба Ерусалим оварад.

3 Дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик омад, баногоҳ нуре аз осмон давродаври ў дурахшид;

4 Ў бар замин афтод ва овозе шунид, ки мегуфт:“Шоул, Шоул! Барои чӣ маро таъқиб мекуни?“.

5 Гуфт:“Худовандо, Ту Кистӣ?“ Худованд гуфт:“Ман он Исо ҳастам, ки ту Ўро таъқиб мекунӣ; лағад задан ба сихак душвор аст“.

6 Ва ў ба ларза ва даҳшат афтода, гуфт:“Худовандо! Чӣ амр мефармоӣ, то ки ба ҷо оварам?“ Ва Худованд дар ҷавоб гуфт:“бархез ва ба шаҳр бирав, ва дар он ҷо ба ту гуфта хоҳад шуд, ки чӣ бояд бикунӣ“.

7 Аммо онҳое ки ҳамсафари ў буданд, моту маҳбут меистоданд, зеро ки он садоро шуниданд, лекин ҳеҷ касро надиданд.

8 Шоул аз замин бархост, ва чашм кушода бошад ҳам, ҳеҷ касро намедид; аз дасташ гирифта, ўро ба Димишқ бурданд;

9 Дар он ҷо се рўз нобино монд, ва чизе нахўрд ва нанўшид.

10 Дар Димишқ Ҳанониё ном шогирде буд; Худованд дар рўъё ба ў гуфт:“Эй Ҳананиё!“Ҷавоб дод:“Лаббай, Худовандо!“.

11 Худованд ба ў гуфт:“Бархез ва ба кўчае ки Рост ном дорад, бирав ва Шоул ном тарсусиро дар хонаи Яҳудо суроғ кун, ки ў ҳоло ба дуо машғул аст.

12 Ва Ҳанониё ном шахсеро дар рўъё дидааст, ки омада, бар ў даст гузоштааст, то ки бино шавад“.

13 Ҳанониё дар ҷавоб гуфт:“Худовандо! дар бораи ин одам аз бисьёр касон шунидаам, ки дар Ерусалим ба муқаддасони Ту чӣ қадар бадиҳо кардааст;

14 Дар ин ҷо низ аз саркоҳинон изн дорад, ки ҳамаи касонеро, ки исми Туро мехонанд, бандӣ кунад“.

15 Аммо Худованд ба вай гуфт:“Ту бояд биравӣ, зеро ки ў зарфи баргузидаи Ман аст, то ки исми Маро пеши халқҳо ва подшоҳон ва банӣ-Исроил эълон намояд;

16 Зеро ки Ман ба ў нишон хоҳам дод, ки барои исми Ман ў чӣ қадар бояд азобу уқубат бикашад“.

17 Ҳанониё рафта, ба он хона даромад ва даст бар ў гузошта, гуфт:“Эй бародар Шоул! Исои Худованд, ки дар роҳе ки меомадӣ, бар ту зоҳир шуд, маро фиристод, то ки боз бино гардӣ ва аз Рўҳулқудс пур шавӣ“.

18 Дарҳол аз чашмони ў чизе монанди пулакча афтода, бино шуд, ва бархост, таъмид гирифт.

19 Ва хўрок хўрда, қувват гирифт. Якчанд рўз Шоул бо шогирдон дар Димишқ монд;

20 Дарҳол дар куништҳо дар ҳаққи Исо мавъиза кардан гирифт ва гуфт, ки Ў Писари Худост.

21 Ҳар ки суханонашро мешунид, дар ҳайрат афтода, мегуфт:“Магар ин ҳамон касе нест, ки дар Ерусалим касонеро, ки ин исмро ба забон меоварданд, несту нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ ў барои он наомадааст, ки онҳоро бандӣ карда, назди саркоҳинон барад?“

22 Аммо Шоул дар мавъизаи худ торафт қувват мегирифт ва яҳудиёни сокини Димишқро дар ҳайрат андохта, исбот мекард, ки Ҳамин Исо Масеҳ аст.

23 Баъд аз гузаштани якчанд вақт яҳудиён қасд карданд, ки ўро бикушанд.

24 Шоул аз қасди онҳо хабардор шуд; вале онҳо шабу рўз назди дарвозаи шаҳр поида меистоданд, то ки ўро бикушанд.

25 Шогирдон ўро шабона гирифта, дар сабаде гузоштанд ва аз девори шаҳр поён фуроварданд.

26 Вақте ки Шоул ба Ерусалим расид, хост ба шогирдон ҳамроҳ шавад, лекин ҳама аз ў метарсиданд ва бовар намекарданд, ки ў шогирд аст.

27 Он гоҳ Барнаббо ўро гирифта, назди ҳаввориён овард ва ба онҳо нақл кард, ки чӣ гуна Худовандро дар роҳ дидааст, ва Худованд ба ў сухан гуфтааст, ва чӣ гуна ў дар Димишқ ба исми Исо далерона мавъиза намудааст.

28 Пас аз он ў дар Ерусалим бо онҳо омаду рафт мекард ва ба исми Исои Худованд далерона мавъиза менамуд.

29 Бо яҳудиёни юнонизабон низ гуфтугў ва мубоҳиса мекард, ва онҳо қасд карданд, ки ўро бикушанд.

30 Чун бародарон аз ин хабардор шуданд, ўро ба Қайсария фиристоданд ва аз он ҷо ба Тарсус гусел карданд.

31 Он вақт аҳли калисоҳо дар сар то сари Яҳудо, Ҷалил ва Сомария дар оромӣ буда, обод мешуданд ва модоме ки дар тарси Худованд ва тасаллои Рўҳулқудс рафтор мекарданд, меафзуданд.

32 Ва воқеъ шуд, ки Петрус дар тамоми ноҳия гашта, назди муқаддасони сокини Лидда низ омад;

33 Дар он ҷо Аниёс ном шахсеро дид, ки ҳашт сол боз фалаҷ шуда, болои бистар хобида буд.

34 Петрус ба ў гуфт:“Эй Аниёс! Исои Масеҳ туро шифо медиҳад; аз бистарат бахез“. Ў дарҳол бархост,

35 Ва ҳамаи сокинони Лидда ва Сорўн ўро дида, ба Худованд рўй оварданд.

36 Дар Ёфо шогирде буд, зане ба номи Тобито, ки маънояш Ғизол аст, ва ў хеле некўкор буд ва садақоти басьёре медод.

37 Ва воқеъ шуд дар он айём, ки ў касал шуда, мурд, ва ўро ғусл дода, дар болохона гузоштанд.

38 Азбаски Лидда ба Ёфо наздик буд, ва шогирдон шунида буданд, ки Петрус дар он ҷост, ду касро назди ў фиристода, хоҳиш карданд, ки бо зудӣ назди  онҳо биёяд.

39 Петрус бахоста бо онҳо рафт, ва чун расид, ўро ба он болохона бароварданд, ва ҳамаи бевазанон гиръякунон назди ў меистоданд ва куртаю ҷомаҳоеро, ки Ғизол дар зандагии худ дўхта буд, ба ў нишон медоданд.

40 Петрус ҳамаро берун карда, зону зад ва дуо гуфт ва ба ҷасад рўй оварда, гуфт:“Эй Тобито! Бархез! Вай дарҳол чашмонашро кушод ва Петрусро дида, бинишаст.

41 Аз дасташ гирифта, ба по хезонд ва муқаддасону бевазанонро даъват намуда, ўро ба онҳо супурд.

42 Ин ҳодиса дар тамоми Ёфо овоза шуд, ва бисьёр касон ба Худованд имон оварданд.

43 Чандин рўз ў дар Ёфо назди Шимъўн ном даббоғе монд.

10

1 Дар Қайсария Корнилюс ном марде мирисади фавҷи ба ном Итолиявӣ буд

2 Ва бо тамоми аҳли байташ парҳезгор ва Худотарс буда, ба қавм садақоти бисьёре медод ва ҳамеша назди Худо дуо мегуфт.

3 Рўзе, тақрибан соати нўҳ, фариштаи Худоро ошкоро дар рўъё дид, ки назди ў омада, гуфт:“Эй Корнилиюс!“.

4 Ў ба вай нигариста ва ба ҳарос афтода, гуфт:“Худовандо чӣ мефармоӣ?“ Ба ҷавоби ў гуфт:“Дуоҳои ту ва садақоти ту дар ҳузури Худо зикр ёфтаанд;

5 Акнун ба Ёфо кас фиристода, Шимъўнро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо:

6 Ў назди Шимўъни даббоғе ки хонааш дар соҳили баҳр аст, меҳмон аст; ў ба ту хоҳад гуфт, ки туро чӣ бояд кард“.

7 Чун он фариштае ки бо Корнилиюс сухан гуфт, нопадид шуд, ў ду нафар аз навкарони худ ва як сарбози парҳезгорро, аз онҳое ки дар хизматаш буданд, даъват намуд

8 Ва тамоми ҳодисаро ба онҳо нақл карда, онҳоро ба Ёфо фиристод.

9 Фардои он, ки онҳо роҳ паймуда, ба шаҳр наздик мешуданд, Петрус тақрибан соати шаш ба боми хона баромад, то ки дуо гўяд.

10 Дар он ҷо гурусна монда, хост чизе бихўрад, ва ҳангоме ки барои ў муҳайё мекарданд, ҳолати бехудӣ ўро фаро гирифт,

11 Ва осмонро кушода дид, ва инак зарфе сўи ў нозил мешуд, монанди сурфаи калоне ки аз чор гўшааш овезон ба замин мефуромада бошад;

12 Дар дохили он ҳар гуна чорвои замин, ҳайвоноти ваҳшӣ, хазандагон ва мурғони ҳаво буданд.

13 Хитобе ба гўшаш расид, ки мегуфт:“Эй Петрус, бархоста, забҳ кун ва бихўр!“

14 Аммо Петрус гуфт:“Ҳошо, Худовандо, зеро ки ҳаргиз чизе ҳаром ё палид нахўрдаам“.

15 Бори дигар хитобе ба гўшаш расид, ки мегуфт:“Он чи Худо пок кардааст, ту ҳаром нахон“.

16 Ин ҳодиса се бор такрор ёфт, ва он зарф ба осмон баромад.

17 Чун Петрус бисьёр мутаҳайир шуда, фикр мекард, ки ин рўъё чӣ маънӣ дошта бошад, фиристодагони Корнилиюс хонаи Шимъўнро суроғ карда, назди дарвозаи он омаданд

18 Ва нидо карда, пурсиданд:“Оё Шимъўне ки лақабаш Петрус аст, дар ин ҷост?“

19 Дар сурате ки Петрус ҳанўз дар бораи рўъё андеша мекард, Рўҳ ба ў гуфт:“Инак, се мард туро суроғ мекунанд;

20 Пас, бархоста, фуруд ой ва ҳеҷ шубҳа накарда, ҳамроҳо онҳо бирав, зеро ки Ман онҳоро фиристодаам“.

21 Петрус назди одамоне ки аз ҷониби Корнилиюс сўи ў фиристода шуда буданд, фуромада, гуфт:“Манам он касе ки суроғ мекунед; ба чӣ кор омадаед?“

22 Гуфтанд:“Корнилиюси мирисад, ки Марди некўкор ва худотарс ва назди тамоми қавми яҳудӣ некном аст, аз фариштаи муқаддас фармон гирифтааст, ки туро ба хонаи худ даъват намояд ва суханонатро бишнавад“.

23 Онҳоро ба хона таклиф карда, зиёфат дод, ва рўзи дигар бархоста, ҳамроҳашон равона шуд, ва чанд нафар аз бародарон, ки аҳли Ёфо буданд, бо ў рафтанд.

24 Фардои он ба Қайсария расиданд. Конилиюс, ки хешу табор ва дўстони наздикашро даъват карда буд, ба онҳо интизорӣ дошт.

25 Вақте ки Петрус дохили хона мешуд, Корнилиюс ўро пешвоз гирифта ва бар пойҳояш афтода, таъзим кард.

26 Аммо Петрус ўро ба по хезонда, гуфт:“Бархез, зеро ки ман низ инсон ҳастам“.

27 Бо ў сўҳбаткунон ба хона даромада, дид, ки мардуми бисьёре ҷамъ омадаанд;

28 Ба онҳо гуфт:“Шумо хуб медонед, ки ба яҳудӣ бо шахси бегона муошират доштан ё наздик шудан мамнўъ аст, вале Худо ба ман дастур дод, ки ҳеҷ касро палид ё наҷис надонам;

29 Бинобар ин, вақте ки даъват шудам, бечуну чаро омадам, ва акнун мепурсам: аз барои чӣ маро даъват намудаед?“

30 Корнилиюс гуфт:“Чор рўз пеш аз ин ман то ҳамин соат рўза доштам ва дар соати нўҳум дар хонаи худ дуо мегуфтам, ки ногоҳ шахсе бо либоси нуронӣ пеши ман пайдо шуд

31 Ва гуфт:’’Эй Корнолиюс! Дуоҳои ту мустаҷоб шуд ва садақоти ту дар ҳузури Худо зикр ёфт;

32 Акнун ба Ёфо фиристода, Шимўънро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо: ў дар хонаи Шимъўн ном даббоғе дар соҳили баҳр меҳмон аст; ў чун биёяд, бо ту сухан хоҳад ронд’’.

33 Дарҳол назди ту фиристодам, ва ту хуб кардӣ, ки омадӣ; алҳол ҳамаамон дар ҳузури Худо ҳозирем, то ҳар он чиро, ки Худо ба ту фармудааст, бишнавем“.

34 Петрус ба сухан оғоз карда, гуфт:“Акнун яқин донистам, ки Худо рўйбинӣ надорад.

35 Ва аз ҳар қавм ҳар кӣ аз Ў тарсад ва аз рўи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ў мақбул аст.

36 Ў каломи Худро ба бани-Исроил фиристода, ба василаи Исои Масеҳ, ки Худованди ҳама аст, башорати сулҳу осоиштагӣ дод.

37 Шумо аз воқеъ ки дар сар то дари Яҳудо рўй дод хабардор ҳастед, ки он баъд аз таъмиде ки Яҳьё мавъиза намуд, аз Ҷалил оғоз шуда буд:

38 Исои Носириро Худо бо Рўҳулқудс ва қуввати Худ татҳин кард, ва Ў ба ҳама ҷо рафта, корҳои нек мекард ва ба ҳамаи онҳое ки дар қайди иблис буданд, шифо мебахшид, зеро ки Худо бо Ў буд;

39 Мо шоҳидони ҳамаи он корҳое ҳастем, ки Ў дар кишвари яҳудиён ва дар Ерусалим ба ҷо овард, ва онҳо Ўро ба салиб овехта, куштанд.

40 Худо Ўро дар рўзи сеюм, эҳьё кард, ва Ўро зоҳир сохт.

41 Аммо на бар тамоми қавм, балки ба шоҳидоне ки Худо пешакӣ баргузида буд, яъне ба моён, баъд аз эҳьё шудандаш аз мурдагон, бо Ў хўрдаем ва нўшидаем,

42 Ва Ў ба мо фармуд, ки ба мардум мавъиза намоем ва шаҳодат диҳем, ки Худо Ўро Довари зиндагон ва мурдагон таъин кардааст.

43 Тамоми анбиё бар Ў шаҳодат медиҳанд, ки ҳар кӣ ба Ў имон оварад, ба василаи исмин Ў гуноҳҳояш омурзида хоҳад шуд“.

44 Ин суханон ҳанўз бар забони Петрус буд, ки Рўҳулқудс бар ҳамаи шунавандагони калом нозил шуд,

45 Ва имондорони махтун, ки ҳамроҳи Петрус омада буданд, дар ҳайрат афтоданд, ки атои Рўҳулқудс ба ғайрияҳудиён низ ҷорӣ шудааст,

46 Зеро шуниданд, ки онҳо ба забонҳо сухан ронда, Худоваднро ҳамду сано мехонданд. Он гоҳ Петрус гуфт:

47 „Оё касе метавонад ба онҳое ки Рўҳулқудсро мисли мо низ ёфтаанд, бо об таъмид гирифтанро манъ кунад?“

48 Ва фармуд, ки онҳоро ба исми Исои Масеҳ таъмид диҳанд. Ва аз ў хоҳиш карданд, ки якчанд рўз назди онҳо бимонад.

11

1 Ҳаввориён ва бародароне ки дар Яҳудо буданд, шуниданд, ки ғайрияҳудиён низ каломи Худоро қабул карданд.

2 Вақте ки Петрус ба Ерусалим омад, махтунон бар вай таъна зада,

3 Гуфтанд:“Назди мардуми номахтун рафта, бо онҳо хўрок хўрдаӣ“.

4 Вале Петрус ба ҳикояти муфассали ҳар он чи рўй дода буд, шурўъ намуда, гуфт:

5 „Ман дар шаҳри Ёфо дуо мегуфтам ва дар ҳолати бехудӣ рўъёе дидам: зарфе нозил мешуд, мисли суфраи калоне ки аз чор гўшааш овезон аз осмон мефуромада бошад, ва инак он назди ман фуромад;

6 Чун ба он нигариста, дурустакак аз назар гузарондам, чорвои замин, ҳайвоноти ваҳшӣ, хазандагон ва мурғони ҳаворо дидам,

7 Ва овозе ба гўшам расид, ки мегуфт:’’Эй Петрус, бархоста, забҳ кун, ва бихўр’’

8 Гуфтам:’’Ҳошо, Худовандо, зеро ки ҳаргиз чизе ҳаром ё палид ба даҳон набурдаам’’.

9 Бори дигар хитобе аз осмон ба ҷавобам даррасид, ки мегуфт:’’Он чи Худо пок кардааст, ту ҳаром нахон’’.

10 Ин ҳодиса се бор такрор ёфт, ва ҳама чиз боз ба осмон баромад.

11 Ва инак, ҳамон лаҳза се марде аз Қайсария назди ман фиристода шуда буданд, ба хонае ки иқомат доштам, расиданд,

12 Ва Рўҳ ба ман гуфт, ки ҳеҷ шубҳа накарда, бо онҳо биравам; ин шаш бародар низ ҳамроҳи ман рафтанд, ва мо ба хонаи он шахс даромадем.

13 Вай ба мо нақл кард, ки чӣ гуна дар хонаи худ фариштаро дидааст, ки истода ба вай гуфтааст:’’Ба Ёфо фиристода, Шимъўнро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо,

14 Ва ў ба ту суханоне бигўяд, ки боиси наҷоти ту ва тамоми хонадони ту хоҳад шуд’’.

15 Вақте ки ба сухан оғоз кардам, Рўҳулқудс ба онҳо нозил шуд, мисли он ки дар ибтидо ба мо нозил шуда буд.

16 Он гоҳ ба ёд овардам, ки Худованд гуфта буд:’’Яҳьё бо об таъмид медод, лекин шумо бо Рўҳулқудс таъмид хоҳед ёфт’’.

17 Пас, модоме ки Худо ба онҳо ҳамон бахшоишро ато кардааст, ки ба мо ато кард, вақте ки ба Исои Масеҳи Худованд имон овардем, ман кистам, ки тавонам ба Худо монеъ шавам?“.

18 Вақте ки инро шуниданд, ором шуданд ва Худоро ҳамду сано хонда, гуфтанд:“Дар ҳақиқат Худо ба ғайрияҳудиён низ тавбаи ҳаётбахшро ато кардааст“.

19 Дар ин миён ба сабаби таъқиботе ки баъд аз Истефанус ба амал омад, бисьёр касон пароканда шуда, то Финиқия ва Қаприс ва Антиёхия расиданд, ва онҳо каломро ба ҳеҷ кас, ғайр аз яҳудиён, мавъиза намекарданд.

20 Лекин баъзе аз онҳо ки аз аҳли Қаприс ва Қурин буданд, ба Антиёхия расида, бо юнониён гуфтугўй карданд ва аз Исо Худованд башорат доданд,

21 Ва дасти Худованд бар онҳо буд, ва шумораи бузурге имон оварда, ба Худованд руҷўъ карданд.

22 Вақте ки овозаи ин ба гўши аҳли калисои Ерусалим расид, Барнабборо ба Антиёхия фиристоданд.

23 Чун расид, файзи Худоро дида, шод шуд, ва ҳамаро насиҳат кард, ки аз самими қалб ба Худованд бичаспанд;

24 Зеро ки ў Марди накўкор ва пур аз Рўҳулқудс ва имон буд; ва мардуми бисьёре ба Худованд имон оварданд.

25 Сонӣ Барнаббо ба ҷустуҷўИ Шоул ба Тарсус рафт ва ўро ёфта, ба Антиёхия овард.

26 Тамоми сол онҳо дар калисо ҷамъ мешуданд ва мардуми бисьёрро таълим медоданд, ва шогирдон аввалин бор дар Антиёхия масеҳӣ номида шуданд.

27 Ва воқеъ шуд дар он айём, ки акчанд анбиё аз Ерусалим ба Антиёхия омаданд.

28 Яке аз онҳо, ки Оғобус ном дошт, бархоста аз Рўҳ илҳом ёфта, пешгўӣ кард, ки дар тамоми ҷаҳон қаҳтии сахте рўй хоҳад дод; он дар замони қайсар Клавдиюс рўй дод;

29 Он гоҳ шогирдон қарор доданд ки ҳар яке алоқадри дороии худ ионате барои бародарони Яҳудо равона кунад;

30 Ҳамин тавр ҳам карданд, ва онро ба василаи Барнаббо ва Шоул ба пирон фиристоданд.

12

1 Дар он замон подшоҳ Ҳиродус дасти тааддӣ бар баъзе аз аҳли калисо дароз кард, то ки онҳоро азоб диҳад.

2 Ва Яъқуб, бародари Юҳанноро ба шамшер кушт;

3 Чун дид, ки ин ба яҳудиён писанд афтод, Петрусро низ дастгир кард, ки ин дар айёми иди фатир буд,

4 Ва ўро гирифта, ба зиндон андохт ва ба чор дастаи чоргонаи сарбозон супурд, ки ўро посбонӣ кунанд, зеро ният дошт, ки баъд аз иди фисҳ ўро назди қавм берун оварад.

5 Пас, Петрусро дар зиндон нигоҳ медоштанд, аммо аҳли калисо барои ў назди Худо пайваста дуо мегуфтанд.

6 Дар ҳамон шабе ки Ҳиродус қасди берун овардани ўро дошт, Петрус, бастаи ду занҷир, дар миёни ду сарбоз хобида буд, ва дарбонон зиндонро посбонӣ мекарданд.

7 Ва инак, фариштаи Худованд назди ў ҳозир шуд, ва рўшноӣ дар он хона дурахшид; ба паҳлуи Петрус зада, ўро бедор кард ва гуфт:“Зуд бархез“. Дарҳол занҷирҳо аз дастҳояш афтод.

8 Фаришта ба ў гуфт:“Камари худро бибанд ва кафш бар пой кун“. Ва чунин кард. Сонӣ ба ў гуфт:“Ҷомаи худро бипўш ва аз қафои ман биё“.

9 Берун омада, аз қафои вай равона шуд, ва надонист, ки он чи аз фаришта содир шуд, воқеист, балки гумон мекард, ки ин рўъёест.

10 Аз пеши посбонони аввал ва дуюм гузашта, ба дарвозаи оҳанине ки сўи шаҳр мебурд, расиданд, ва он худ аз худ пеши рўи онҳо кушода шуд; онҳо берун рафта, аз як кўча гузаштанд, ки ногаҳон фаришта аз пеши ў нопадид шуд.

11 Петрус ба худ омада, гуфт:“Акнун яқин донистам, ки Худованд фариштаи Худро фиристода, маро аз дасти Ҳиродус ва аз он чи қавми яҳудӣ чашм доштанд, раҳо кард“.

12 Инро аз фикри худ гузаронда, ба хонаи Марьям, мадари Юҳанно, ки лақабаш Марқўс буд, омад, ки дар он ҷо касони бисьёре ҷамъ шуда, дуо мегуфтанд.

13 Вақте ки дарвозаро кўфт, Рудо ном канизе баромад, то ки воз кунад,

14 Ва овози Петрусро шинохта, ба ҷои он ки дарвозаро кушояд, аз шодӣ ба хона давида даромад ва хабар дод, ки Петрус назди дарвоза истодааст.

15 Ба вай гуфтанд:“Магар девона шудаӣ?“ Аммо вай ба гапаш исрор кард. Гуфтанд:“Ин фариштаи ўст“.

16 Аммо Перус пайваста тақ-тақ мекард; вақте ки кушоданд, ўро дида, дар ҳайрат афтоданд.

17 Ў бо дасташ ишора кард, ки хомўш бошанд, ва ба онҳо нақл кард, ки чӣ гуна Худованд ўро аз зиндон берун овард; ва гуфт:“Инро ба Яъқуб ва ба бародарон хабар диҳед“. Сонӣ берун баромада, ба ҷои дигар рафт.

18 Чун субҳ дамид, изтироби бузурге дар байни сарбозон афтод, ки Петрусро чӣ шуд,

19 Ва Ҳиродус, чун ўро талабид наёфт, посбононро истинтоқ карда, фармуд, ки онҳоро ба қатл расонанд, ва худаш аз Яҳудо ба Қайсария рафта, дар он ҷо иқомат кард.

20 Ҳиродус ба мардуми Сўр ва Сидўн бисьёр хашмгин буд, ва онҳо, маслиҳатро ба як ҷо монда, назди ў омаданд ва Блостусро, ки нозири хобгоҳи подшоҳ буд, ба тарафи худ кашида, талаби сулҳ карданд, чунки диёрашон аз кишвари подшоҳ асбоби маишат меёфт.

21 Дар рўзи таъиншуда Ҳиродус либоси шоҳона дар бар кард ва бар маснади ҳукумат нишаста, ба онҳо нутқ кард,

22 Ва мардум нидо карда гуфтанд, ки ин овози худост, на овози инсон.

23 Лекин баногоҳ фариштаи Худованд ўро зад, зеро ки ў Худоро ҷалол надод, ва кирмҳо ўро хўрданд, ва ў мурд.

24 Аммо каломи Худо торафт бештар интишор меёфт.

25 Барнаббо ва Шоул, баъд аз иҷрои хизматашон, аз Ерусалим баргаштанд, ва Юҳанно, ки лақабаш Марқўс буд, ҳамроҳи худ оварданд.

13

1 Дар калисои Антиёхия якчанд нафар анбиё ва муаллимон буданд, чунончи: Барнаббо ва Шимъўн, ки лақабаш Ниҷар буд, ва Лукюси Қуринӣ ва Маноҳим, ки бо тетрарх Ҳиродус дар як ҷо тарбия ёфта калон шуда буд, ва Шоул.

2 Вақте ки онҳо ба ибодати Худованд ва рўзадори машғул буданд, Рўҳулқудс гуфт:“Барнаббо ва Шоулро аз баҳри коре ки барояш онҳоро даъват намудаам, ба Ман ҷудо кунед“.

3 Баъд аз рўза гирифтан ва дуо гуфтан даст бар сари онҳо гузоштанд ва онҳоро равона карданд.

4 Онҳо, ки фиристодагони Рўҳулқудс буданд, ба Салукия омаданд ва аз он ҷо бо киштӣ ба Қаприс рафтанд.

5 Ва вориди Саломис шуда, дар куништҳои яҳудиён каломи Худоро мавъиза карданд; Юҳанно низ мулозими онҳо буд.

6 Чун тамоми ҷазираро то ба Пофус тай карданд, як ҷодугари яҳудиро ёфтанд, ки набии козиб буд ва Барюшаъ ном дошт;

7 Ў бо волӣ Сарҷиюс Павлус ҳамнишин буд. Волӣ, ки Марди бофаҳм буд, Барнаббо ва Шоулро даъват намуда, хост каломи Худоро бишнавад.

8 Аммо Алимои ҷодугар, ки тарҷимаи номаш чунин аст, ба онҳо мухолифат карда, хост волиро аз имон овардан боздорад.

9 Вале Шоул, ки Павлус низ ном дошт, аз Рўҳулқудс пур шуда, ба ў назар дўхт

10 Ва гуфт:“Эй манбаи ҳар макру шарорат, эй фарзанди иблис ва душмани ҳама гуна адолат! Оё аз роҳи рости Худованд баровардани мардумро бас мекунӣ?

11 Ҳоло дасти Худованд туро хоҳад зад, ва нобино гашта, нури офтобро то муддате нахоҳӣ дид“. Ногаҳон дуньё дар назараш тираву тор шуд, ва ў ба ҳар сў рў оварда, асокаше меҷуст.

12 Чун волӣ ин ҳодисаро дид, аз таълими Худованд мутаҳайир шуда, имон овард.

13 Павлус ва ҳамроҳаш Пофусро тарк карда, бо киштӣ ба Пирҷаи Памфилия омаданд, аммо Юҳанно аз онҳо ҷудо шуда, ба Ерусалим баргашт.

14 Онҳо аз Пирҷа гузашта, ба Антиёхияи Писидия расиданд ва рўзи шанбе ба куништ даромада, нишастанд.

15 Баъд аз қироати Таврот ва суҳафи анбиё, сардорони куништ назди онҳо кас фиристода, гуфтанд:“Эй бародарони азиз! Агар каломи насиҳатомезе барои қавм дошта бошед, бигўед“.

16 Павлус бархоста ва бо дасташ ишора карда, гуфт:“Эй мардони Исроилӣ ва худотарсон! Гўш диҳед:

17 ‘‘Худованд қавми Исроил падарони моро баргузид ва ин қавмро, ҳангоме ки дар ғурбати замини Миср буданд, сарафроз кард, ва онҳоро бо бозуи зўрманд аз он ҷо берус овард;

18 Қариб чиҳил сол онҳоро дар биёбон ғизо дод;

19 Ҳафт қавмро дар замини Канъон несту нобуд карда, заминашонро ҳамчун мерос ба онҳо тақсим кард,

20 Дар давоми тақрибан чорсаду панҷоҳ сол. Пас аз он то замони Самуили набӣ, доваронро ба онҳо бахшид;

21 Сонӣ барои худ подшоҳ талабиданд, ва Худо Шоул ибни Кисро аз сибти Биньёмин ба онҳо дод, ки муддати чиҳил сол салтанат ронд;

22 Вақте ки ўро аз миён бардошт, Довудро бар онҳо подшоҳ таъин кард ва дар ҳаққи ў шаҳодат дода, гуфт:’’Довуд ибни Йисоро мувофиқи дили Худ ёфтам, ки ў тамоми хостаи Маро ба ҷо хоҳад овард’’.

23 Ин ҳамон касест, ки Худо аз насли ў, мувофиқи ваъдаи Худ, барои Исроил Наҷотдиҳандае, яъне Исоро ба миён овард;

24 Пеш аз омадани Ў Яҳьё ба тамоми қавми Исроил таъмиди тавбаро мавъиза кард.

25 Чун Яҳьё хизмати худро анҷом дод, гуфт:’’Ман он касе ки шумо гумон мекунед, нестам; лекин баъд аз ман Касе меояд, ки ман сазовори он нестам, ки банди пойафзоли Ўро воз кунам’’.

26 Эй бародарон, эй фарзандони насли Иброҳим ва касоне ки аз байни шумо Худотарс ҳастанд! Каломи ин наҷот ба шумо фиристода шудааст.

27 Зеро ки сокинони Ерусалим ва сардорони онҳо Ўро нашинохта ва маҳкум карда, гуфтаҳои анбиёро ки ҳар рўзи шанбе қироат мешавад, ба иҷро расонданд,

28 Ва гарчанде ки аз Ў ҳеҷ айбе сазовори марг наёфта буданд, аз Пилотус хоҳиш карданд, ки Ўро бикушад;

29 Пас аз он ки ҳар чизи дар бораи Ў навишташударо ба иҷро расонданд, Ўро аз салиб фуроварда, ба қабр супурданд.

30 Лекин Худо Ўро аз мурдагон эҳьё кард,

31 Ва Ў рўзҳои бисьёре ба касоне зоҳир шуд, ки ҳамроҳи Ў аз Ҷалил ба Ерусалим омада буданд ва ҳоло дар пеши қавм шоҳидони Ў мебошанд.

32 Мо ба шумо башорат медиҳем, ки Худо ваъдаеро, ки ба падарони мо дода, буд, барои мо, фарзандони онҳо, ба иҷро расонда, Исоро эҳьё кард.

33 Чунон ки дар тамоми таронаи дуюми Забур навишта шудааст:’’Ту Писари Ман ҳастӣ, Ман имрўз Падари Ту шудаам’’.

34 Дар бораи он ки Ўро аз мурдагон эҳьё кард, то ки дигар ба фано дучор нашавад, чунин гуфт:’’Марҳаматҳои боэътимоди Довудро ба шумо хоҳам бахшид’’.

35 Бинобар ин дар ҷои дигар низ мегўяд:’’Нахоҳӣ гузошт, ки Қуддуси Ту фаноро бубинад’’.

36 Довуд дар замони худ бо иродаи Худо хизмат карда, вафот ёфт ва ба падарони худ пайваст ва фаноро дид;

37 Аммо Он Касе ки Худо Ўро эҳьё кард, фаноро надид.

38 Пас, эй бародарон, ба шумо маълум бод, ки ба воситаи Ў ба шумо омурзиши гуноҳҳо эълон мешавад,

39 Ва аз ҳар чизе ки ба василаи шариати Мусо сафед шуда натавонистед, ҳар имондор ба василаи Ў сафед хоҳад шуд.

40 Пас эҳтиёт бошед, мабодо он чи дар суҳафи анбиё гуфта шудааст, ба шумо рўй надиҳад:

41 ‘‘Эй мутанаффирон, бингаред ва тааҷҷуб намоед ва маҳв шавед, зеро ки Ман амалеро дар айёми шумо содир манамоям, амале ки агар касе онро ба шумо нақл мекард, бовар намекардед’’„.

42 Вақте ки яҳудиён аз куништ баромаданд, ғайрияҳудиён хоҳиш карданд, ки рўзи шанбеи оянда низ ин суханонро ба онҳо бигўянд;

43 Чун аҳли куништ пароканда шуданд, бисьёре аз яҳудиён ва онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул карда буданд, аз паи Павлус ва Барнаббо рафтанд, ва ин ду нафар ба онҳо сухан гуфта, тарғиб менамуданд, ки дар файзи Худо устувор бошанд.

44 Рўзи шанбеи дигар қариб тамоми аҳли шаҳр ҷамъ омаданд, то ки каломи Худоро бишнаванд;

45 Вале чун яҳудиён издиҳоми мардумро диданд, аз ҳасад пур гаштанд ва куфр гуфта, ба суханони Павлус мухолифат карданд.

46 Он гоҳ Павлус ва Барнаббо далер шуда, гуфтанд:“Воҷиб буд, ки каломи Худо аввал ба шумо мавъиза каарда шавад, лекин азбаски шумо онро рад кардед ва худро шоистаи ҳаёти ҷовидонӣ надонистед, бинобар ин мо ба ғайрияҳудиён рў меоварем;

47 Зеро ки Худованд ба мо чунин амр фармудааст:’’Туро нури халқҳо гардондам, то ки Ту то ақсои замин василаи наҷот бошӣ’’„.

48 Вақте ки ғайрияҳудиён инро шуниданд, шод шуда, каломи Худовандро ҳамду сано хонданд, ва ҳамаи онҳое ки барои ҳаёти ҷовидонӣ пешакӣ таъин шуда буданд, имон оварданд,

49 Ва каломи Худованд дар тамоми он сарзамин интишор ёфт.

50 Яҳудиён занони диндору иззатманд ва акобири шаҳрро ба шўр оварда, барои таъқиб кардани Павлус ва Барнаббо барангехтанд ва онҳоро аз он ноҳия ронданд.

51 Аммо ин ду нафар, ғубори пойҳои худро бар онҳо афшонда, ба Иқуния равона шуданд,

52 Ва шогирдон аз шодӣ ва Рўҳулқудс пур шуданд.

14

1 Дар Иқуния бо ҳам ба куништи яҳудиён даромада, тавре сухан гуфтанд, ки шумораи зиёде аз яҳудиён ва юнониён имон оварданд.

2 Аммо яҳудиёне ки имон наоварда буданд, дилҳои ғайрияҳудиёнро шўронида, ба муқобили бародарон барангехтанд.

3 Муддати дарозе дар он ҷо монда, дар бораи Худованд далерона сухан мегуфтанд, ва Ў ба каломи файзи Худ шаҳодат дода, ба василаи онҳо  аломоту мўъҷизот ато мекард.

4 Дар ин миён мардуми шаҳр ду тақсим шуданд, ки як қисмашон тарафдори яҳудиён ва қисми дигарашон тарафдори ҳаввориён буданд.

5 Вақте ки ғайрияҳудиён ва яҳудиён бо сардорони худ ба онҳо ҷуҳум оварданд, то ки онҳоро тамасхур ва сангсор кунанд,

6 Онҳо огоҳӣ ёфта, ба Лустра ва Дарба, шаҳрҳои Лекония ва атрофи он фирор карданд,

7 Ва дар он ҷо башорат медоданд.

8 Дар Лустра марде нишаста буд, ки пойҳояш беҳаракат буд ва аз шиками модар ланг буда, ҳаргиз роҳ нарафта буд.

9 Вай сухани Павлусро мешунид; Павлус ба вай нигарист ва чун дид, ки имон ба шифо дорад,

10 Бо овози баланд ба вай гуфт:“Бар пойҳои худ рост биист“.Вай дарҳол ҷаста хесту ба роҳ рафтан даромад.

11 Вақте ки мардум ин амали Павлусро диданд, овози худро баланд карда, бо забони леконӣ гуфтанд:“Худоён ба сурати инсони назди мо фуромадаанд“.

12 Барнабборо Зевс ва Павлусро Ҳермис номиданд, зеро ки ў сарвари нотиқон буд.

13 Коҳини маъбади Зевс, ки дар беруни  шаҳр воқеъ буд, барзаговон ва тоҷҳои гул назди дарвозаи шаҳр овард ва мехост бо якҷоягии мардум қурбонӣ кунад.

14 Ҳамин ки ҳаввориён Барнаббо ва Павлус инро фаҳмиданд, ҷомаҳои худро даронида, ба миёни мардум давида даромаданд ва фарьёд зада гуфтанд:

15 „Эй мардон! Чаро чунин мекунед? Мо низ мисли шумо одамони ноқис ҳастем ва ба шумо башорат медиҳем, ки аз бутҳои худ гашта, ба Худои Ҳай руҷўъ намоед, ки Ў осмон ва замин ва баҳр ва он чиро, ки дар онҳост, офаридааст,

16 Ва дар наслҳои пешина ҳамаи халқҳоро гузоштааст, ки мувофиқи тариқати худ рафтор кунанд,

17 Гарчанде ки ҳамеша бо некиҳояш аз вуҷуди Худ шаҳодат дода, ба мо аз осмон борон меборонад, фаслҳои боровар мебахшад, ба мо ғизо медиҳад ва дилҳои моро аз шодмонӣ пур мекунад“.

18 Бо ин суханон мардумро аз қурбонӣ кардан барояшон базўр боздоштанд.

19 Дар ин миён аз Антиёхия ва Иқуния яҳудиён расида омаданд ва мардумро барангехта, Павлусро сангсор карданд ва, ба гумони он ки мурдааст, аз шаҳр берун кашиданд.

20 Вақте ки шогидон дар гирди ў ҷамъ омаданд, бархоста, ба шаҳр даромад ва фардои он бо Барнаббо сўи Дарба равона шуд.

21 Дар ин шаҳр низ башорат дода, шогирдони зиёде пайдо карданд ва боз ба Лустра, Иқуния ва Антиёхия ворид шуданд.

22 Ва дилҳои шогирдонро тавқият дода, панд мегуфтанд, ки’’дар имон устувор бошед, зеро ки мо бояд бо мусибатҳои бисьёр дохили Малакути Худо гардем’’.

23 Дар ҳар калисо барои онҳо пирон таъин карданд ва бо дуо ва рўза онҳоро ба Худованде ки ба Ў имон оварда буданд, супурданд.

24 Аз Писидия гузашта, ба Памфилия омаданд.

25 Ва дар Пирҷа каломи Худовандро мавъиза намуда, ба Аттолия фуромаданд;

26 Боз ба киштӣ савор шуда, ба Антиёхия рафтанд, ки дар ҳамон ҷо онҳо, ба хотири хизмате ки ба ҷо оварданд, ба файзи Худо супурда шуда буданд.

27 Чун расиданд, аҳли калисоро ҷамъ оварда, аз он чи Худо ба онҳо ба амал оварда буд ва чӣ гуна Ў дарвозаи имонро ба рўи ғайрияҳудиён кушода буд, нақл карданд;

28 Ва муддати дарозе дар он ҷо бо шогирдон монданд.

15

1 Баъзе касон аз яҳудо омада ва бародаронро таълим дода, мегуфтанд:“Агар мувофиқи оини Мусо махтун нашавед, наҷот ёфта наметавонед“.

2 Пас аз он ки Павлус ва Барнаббо бо онҳо мунозира ва мубоҳисаи бисьёре карданд, қарор дода шуд, ки Павлус ва Барнаббо ва чанд нафари дигар аз онҳо барои ҳалли ин масъала назди ҳаввориён ва пирон ба Ерусалим бираванд.

3 Аҳли калисо онҳоро гуселонданд, ва ҳангоме ки онҳо аз Финиқия ва Сомария мегузаштанд, имон овардани ғайрияҳудиёнро ҳикоят карданд, ва ин хабар ҳамаи бародаронро бағоят шод гардонд.

4 Чун ба Ерусалим расиданд, аҳли калисо, ҳаввориён ва пирон онҳоро пазироӣ карданд, ва онҳо аз он чи Худо бо онҳо ба амал оварда буд, нақл карданд.

5 Баъзе аз фарисиён, ки имон оварда буданд, бархоста, гуфтанд, ки онҳоро бояд хатна карда, амр фармоянд, ки шариати Мусоро риоя кунанд.

6 Ҳаввориён ва пирон ҷамъ шуданд, то ки ин масъаларо муҳокима намоянд.

7 Баъд аз муҳокимаи бисьёр Петрус бархоста, ба онҳо гуфт:“Эй бародарон! Шумо медонед, ки аз рўзҳои аввал Худо аз миёни ҳамаи мо маро багузид, то ки ғайрияҳудиён каломи Инҷилро аз забони ман бишнаванд ва имон оваранд;

8 Худои Орифулқалб ба онҳо ба чунин васила  шаҳодат дод, ки Рўҳулқудсро ба онҳо низ бахшид, чунон ки ба мо бахшидааст,

9 Ва дар байни мо ва онҳо ҳеҷ фарқе нагузошта, дилҳои онҳоро бо имон пок сохт.

10 Пас чаро акнун Худоро озмуда, бар гардани шогирдон юғе меандозед, ки онро ҳам падарони мо ва ҳам мо бардошта натавониста будем?

11 Лекин мо ба файзи Исои Масеҳи Худованд эътиқот дорем ва наҷот меёбем, ҳамчунон ки онҳо низ“.

12 Он гоҳ тамоми аҳли маҷлис сокит шуда, ба ҳикояти Барнаббо ва Павлус дар бораи аломоту мўъҷизоте ки Худо дар миёни ғайрияҳудиён ба василаи онҳо ба амал оварда буд, гўш доданд.

13 Ҳамин ки нутқи онҳо баохир расид, Яъқуб ба сухан оғоз карда, гуфт:“Эй бародарон! Ба ман гўш диҳед:

14 ‘‘Шимъўн фаҳмонда дод, ки чӣ гуна Худо аввал ба ғайрияҳудиён назар андохт, то ки аз миёни онҳо қавме ба исми Худ бигирад;

15 Гуфтаҳои анбиё низ ба ин мутобиқ аст, чунон ки навишта шудааст:’’

16 ‘‘Баъд аз ин руҷўъ намуда, хаймаи Довудро, ки фурў ғалтдааст, аз нав барқарор мекунам ва харобаҳои онро обод мегардонам ва барпо менамоям,

17 То ки бақияи мардум ва ҳамаи халқҳое ки исми Ман дар байни онҳо хонда мешавад, толиби Худованд гарданд, мегўяд Худованде ки ҳамаи инро ба амал меоварад’’.

18 Ба Худо ҳамаи корҳояш абадан маълум аст.

19 Пас, фикри ман ин аст, ки аз миёни халқҳо ба Худо руҷўъ менамоянд, ба душворӣ наандозем,

20 Балки ба онҳо фақат дастуре бинависем, ки аз наҷосати бутҳо, аз зино, аз гўшти ҳайвоноти буғшуда ва аз хун парҳез кунанд;

21 Зеро ки Мусо аз наслҳои қадим дар ҳамаи шаҳрҳо воизони Худро дорад, ва дар куништҳо ҳар рўзи шанбе қироат мешавад“.

22 Он гоҳ ҳаввориён ва пирон ва тамоми аҳли калисо ба қароре омаданд, ки чанд касро аз миёни худ интихоб карда, ҳамроҳи Павлус ва Барнаббо ба Антиёхия фиристонанд; онҳо Яҳудоро, ки лақабаш Барсаббо буд, ва Силоро интихоб карданд, ки ин ду нафар аз пешвоёни бародарон буданд;

23 Ва номае ба ин мазмун навишта, ба дасти онҳо супурданд:“Ҳаввориён ва пирон ва бародарон ба бародароне ки аз ғайрояҳудиён дар Антиёхия, Сурия ва Қилиқия ҳастанд, салом мерасонанд.

24 Чун шунидем, ки аз миёни мо баъзе касон шуморо бо суханони худ мушавваш сохтаанд ва дилҳои шуморо ба шакку шубҳа андохтаанд ва гуфтаанд, ки’’бояд хатна кунед ва шариатро риоят намоед’’, ва ҳол он ки мо ба онҳо чунин дастуре надодаем,

25 Бинобар ин мо якдилона ба қароре омадем, ки чанд нафарро интихоб намуда, назди шумо равона кунем, ҳамроҳи азизони худ Барнаббо ва Павлус,

26 Ки ҷонҳои худро аз барои исми Худованди мо Исои Масеҳ нисор кардаанд.

27 Пас, Яҳудо ва Силоро фиристодаем, ки онҳо низ ҳамин чизҳоро ба шумо даҳанакӣ баён хоҳанд кард.

28 Зеро ки Рўҳулқудс ва мо савоб дидем, ки ба зиммаи шумо боре нагузорем, ҷуз воҷиботи зерин:

29 ‘‘Аз қурбониҳои бутҳо, аз хун, аз гўшти ҳайвоноти буғишуда ва аз зино парҳез кунед; ҳар гоҳ аз ин чизҳо худро нигоҳ доред, кори хубе мекунед. Саломат бошед’’„.

30 Вақте ки фиристодагон ба Антиёхия омаданд, мардумро ҷамъ карда, номаро супурданд.

31 Онро хонда, аз мазмуни тасалибахшаш шодмон шуданд.

32 Яҳудо ва Сило, ки низ набӣ буданд, бародаронро бо суханони бисьёре насиҳат ва тавқият доданд.

33 Баъд аз он ки муддате дар он ҷо монданд, бардарон онҳоро ба саломатӣ назди ҳаввориён равона карданд;

34 Вале Сило дар он ҷо монданӣ шуд.

35 Павлус ва Барнаббо дар Антиёхия иқомат намуда, бо ҳамроҳии бисьёр касони дигар каломи Худовандро таълим ва башорат медоданд.

36 Чун якчанд рўз гузашт, Павлус ба Барнаббо гуфт:“Акнун гашта равем ва дар ҳар шаҳре ки каломи Худовандро мавъиза карда будем, бародарони худро бубинем, ки аҳволашон чӣ гуна аст“.

37 Барнаббо мехост Юҳанноро, ки лақабаш Марқўс буд, ҳамроҳашон бибаранд,

38 Аммо Павлус салоҳ надонист, ки шахсеро, ки дар Памфилия аз онҳо ҷудо шуда, дар корашон то ба охир ҳамроҳӣ накарда буд, бо худ бибаранд,

39 Ба ин сабаб низое ба миён омада, то ба ҳадде расид, ки онҳо аз якдигар ҷудо шуданд, ва Барнаббо Марқўсро ҳамроҳи худ гирифта, бо киштӣ ба Қаприс рафт,

40 Ва Павлус барои Худ Силоро интихоб кард, ва ҳамин ки бародарон ўро ба файзи Худо супурданд, рў ба сафар ниҳод,

41 Ва ба Сурия ва Қилиқия гузашта, калисоҳоро тақвият мекард.

16

1 Ба Дарба ва Лустра омад. Ва инак, Тимотиюс ном шогирде дар он ҷо буд, ки модараш яҳудизани имондор, лекин падараш юнонӣ буд,

2 Ва бародарони сокинони Лустра ва Иқуния ўро таъриф мекарданд.

3 Павлус майл дошт ўро ҳамроҳи худ бибарад, ва ўро гирифта, ба хотири яҳудиёне ки дар он ноҳия буданд, хатна кард, зеро ки ҳама падарашро мешинохтанд, ки вай юнонӣ буд.

4 Онҳо дар ҳар шаҳре ки мегаштанд, дастурҳоеро, ки ҳаввориён ва пирон дар Ерусалим қарор дода буданд, ба онҳо месупурданд, то ки аз рўи дастурҳо амал кунанд.

5 Калисоҳо дар имон мустаҳакам мешуданд, ва шумораашон рўз ба рўз меафзуд.

6 Вақте ки аз Фириҷия ва кишвари Ғалотия мегузаштанд, Рўҳулқудс онҳоро нагузошт, ки каломро дар вилояти Осиё мавъиза намоянд.

7 Ба Мисия расида, аз он ҷо ба Битуния рафтанӣ шуданд, лекин Рўҳ ба онҳо иҷозат надод.

8 Он гоҳ аз Мисия гузашта, ба Трўос фуромаданд.

9 Ҳамон шаб ба Павлус рўъёе аён шуд, ки инак шахсе аз аҳли Мақдуния назди ў истода буд ва илтимос карда, мегуфт:“Ба Мақдуния омада, ба мо мадад расон“.

10 Ҳамин ки ў ин рўъёро дид, мо дарҳол ба Мақдуния рафтанӣ шудем, зеро ки яқин донистем, ки Худованд моро даъват намудааст, ки дар он ҷо башорат диҳем.

11 Аз Трўос бо киштӣ рафта, рост ба Сомўтрокӣ расидем ва рўзи дигар ба Ниёпўлис равона шудем;

12 Аз он ҷо ба Филиппӣ рафтем, ки шаҳри аввали вилояти Мақдуния, қасабаи муҳоҷирнишин буд; дар он шаҳр якчанд рўз истодем.

13 Рўзи шанбе аз шаҳр берун шуда, дар соҳили дарьё, ки дар он ҷо одатан ибодатгоҳ буд, нишастем ва бо заноне ки дар он ҷо ҷамъ омада буданд, гуфтугў кардем.

14 Лидия ном занаки худопарасти арғувонфурўш, ки аз шаҳри Тиётира буд, гуфтугўи моро гўш мекард; Худованд дили ўро кушода буд, то ки суханони Павлусро бишнавад.

15 Вақте ки ў ва аҳли байташ таъмид гирифтанд, хоҳиш карда, гуфт:“Агар шумо яқин дониста бошед, ки ман ба Худованд имон овардаам, ба хонаи ман омада, иқомат кунед“. Ў он қадар исрор кард, ки мо розӣ шудем.

16 Як рўз, ки мо ба ибодатгоҳ мерафтем, ба мо канизе вохўрд, ки рўҳи ғайбгўй дошт ва аз ғайбгўӣ ба оғоёни худ даромади калоне меовард.

17 Вай аз қафои мо ва Павлус омада, фарьёд зад, ки ин одамон бандагони Худои Таолоянд ва роҳи наҷотро ба мо хабар медиҳанд.

18 Азбаски чандин рўз вай ҳамин тавр рафтор кард, павлус дарғазаб шуд ва ба вай рў гардонда, ба он рўҳ гуфт:“Ба исми Исои Масеҳ туро амр мефармоям, ки аз вай берун баро“. Ва дарҳол аз вай берун омад.

19 Чун оғоёни вай диданд, ки умеди даромадашон аз даст рафт, Павлус ва Силоро дастгир карда, ба майдони шаҳр назди сардорон кашида бурданд;

20 Вақте ки онҳоро назди волиён оварданд, гуфтанд:“Ин одамон, ки яҳудӣ ҳастанд, шаҳри моро ба шўр овардаанд

21 Ва расму таомулеро мавъиза мекунанд, ки қабул кардан ва ба ҷо овардан ба мо румиён, ҷоиз нест“.

22 Мардум низ ба онҳо қиём карданд, ва волиён ҷомаҳои онҳоро канда партофта, фармуданд, ки онҳоро калтаккорӣ кунанд;

23 Пас аз задани шаттаи бисьёр, онҳоро дар зиндон андохтанд ва ба зиндонбон амр фармуданд, ки онҳоро дурустакак нигоҳбонӣ кунад;

24 Чун вай ин тавр амре гирифт, онҳоро дар зиндон дохилӣ маҳбус кард ва ба пойҳошон кунда зад.

25 Дар қарибии нисфи шаб Павлус ва Сило дуо гуфта, Худоро ҳамду сано мехонданд, ва бандиён онҳоро мешуниданд.

26 Ногаҳон заминҷунбии азиме рўй дод, то ба ҳадде ки таҳкурсии зиндон ба ларза даромад; дарҳол ҳамаи дарҳо кушода шуд, ва ҳама завлонаҳо ба замин афтод.

27 Зиндонбон бедор шуда, дарҳои зиндонро кушода дид ва шамшери худро кашида, мехост худро бикушад, ба гумони он ки бандиён гурехта рафтаанд.

28 Аммо Павлус бо овози баланд гуфт:“Ба худ осебе нарасон, зеро ки ҳамаи мо дар ин ҷо ҳастем“.

29 Зиндонбон чароғе талаб карда, ба дарун давида даромад ва ларзон шуда, пеши пои Павлус ва Сило афтод;

30 Сонӣ онҳоро берун оварда, гуфт:“Эй оғоён! Чӣ бояд бикунам, то ки наҷот ёбам?“.

31 Гуфтанд:“Ба Исои Масеҳи Худованд имон овар, ва ту бо аҳли байти худ наҷот хоҳӣ ёфт“.

32 Он гоҳ каломи Худовандро ба вай ва тамоми аҳли байташ мавъиза карданд.

33 Дар ҳамон соати шаб зиндонбон онҳоро берун оварда, захмҳошонро шуст, ва фавран худаш ва тамоми аҳли байташ таъмид гирифтанд,

34 Ва онҳоро ба хонаи худ оварда, дар пешашон хўрок монд, ва бо тамоми аҳли байти худ шод шуд, ки ба Худо имон овард.

35 Вақте ки субҳ дамид, волиён мулозимонро фиристоданд, ки бигўянд:“Он шахсонро ҷавоб деҳ“.

36 Зиндонбон инро ба Павлус хабар дода, гуфт:“Волиён кас фиристоданд, ки шуморо ҷавоб диҳам; пас, берун омада, ба саломатӣ биравед“.

37 Вале павлус ба онҳо гуфт:“Моро, ки румӣ ҳастем, бе муҳокима дар пеши назари тамоми мардум калтаккорӣ карда, дар зиндон андохтанд, ва акнун мехоҳанд пинҳонӣ ҷавоб диҳанд? Не, бигзор худашон омада, моро берун оваранд“.

38 Мулозимон ин суханонро ба волиён расонданд, ва чун шуниданд, ки румӣ ҳастанд, ба ҳарос афтоданд.

39 Ва омада, аз онҳо узр пурсиданд ва берун оварда, хоҳиш карданд, ки аз шаҳр бираванд.

40 Онҳо аз зиндон берун омада, ба хонаи Лидия шитофтанд ва бо бародарон вохўрда ва онҳоро насиҳат карда, равона шуданд.

17

1 Аз Амфипўлис ва Аполония гузашта, ба Таслўникӣ омаданд, ки дар он ҷо куништи яҳудиён буд.

2 Павлус, аз рўи одати худ, назди онҳо дохил шуд, ва се рўзи шанбе бо онҳо аз Навиштаҳо гуфтугў мекард,

3 Ва ошкор карда ва исбот намуда, мегуфт, ки лозим буд Масеҳ азобу уқубат кашад ва аз мурдагон эҳьё шавад, ва Ҳамин Исо, ки ман Ўро ба шумо мавъиза мекунам, Масеҳ аст.

4 Баъзе аз онҳо ва ҳамчунин бисьёре аз юнониҳои худотарс ва шумораи зиёде аз занони ашроф имон оварданд ва ба Петрус ва Сило ҳамроҳ шуданд.

5 Аммо яҳудиёне ки имон наоварда буданд, ҳасад бурданд ва чанд нафар нобакоронро аз бозор гирифта, издиҳоме ҷамъ карданд ва шаҳрро ба шўр оварданд ва ба хонаи Ёсўн тохта, хостанд онҳоро назди ҷамомат берун оваранд.

6 Чун онҳоро наёфтанд, Ёсўн ва чанд нафар бародаронро назди сардорони шаҳр кашиданд ва дод зада мегуфтанд, ки онҳое ки тамоми оламро зеру забар карданд, ба ин ҷо низ омадаанд,

7 Ва Ёсўн онҳоро пазироӣ кардааст, ва ҳамаи онҳо бар хилофи фармоишоти қайсар амал  мекунанд ва шахси дигарро, ки Исо ном дорад, подшоҳ медонанд.

8 Аз шунидани ин суханон мардум ва сардорони шаҳр ба ташвиш афтоданд,

9 Ва аз Ёсўн ва дигарон замонат гирифта, онҳоро ҷавоб доданд.

10 Бародарон фавран Павлус ва Силоро шабона ба Бирия равона карданд, ва онҳо ба он ҷо расида, ба куништи яҳудиён даромаданд.

11 Яҳудиёни он ҷо назар ба аҳли Таслўникӣ равшанфикртар буданд: бо иштиёқи комил каломро гўш мекарданд ва ҳар рўз Навиштаҳоро санҷида мебаромаданд, то ки бидонанд, ки оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст ё не;

12 Бисьёре аз онҳо, ҳам аз занони ашрофи юнонӣ ва ҳам шумораи зиёде аз мардон имон оварданд.

13 Лекин чун яҳудиёни Таслўникӣ фаҳмиданд, ки Павлус дар Бирия низ каломи Худоро мавъиза намудааст, ба он ҷо омада, мардумро ба шўр оварданд.

14 Дарҳол бародарон Павлусро сўи баҳр равона карданд, вале Сило ва Тимотиюсро дар он ҷо монданд.

15 Ҳамроҳони Павлус ўро то Атино гуселониданд, ва ў ба онҳо фармуд, ки гашта рафта, ҳар чи зудтар Сило ва Тимотиюсро назди ў равона кунанд.

16 Ҳангоме ки Павлус дар Атино ба онҳо интизорӣ дошт, чун дид, ки ин шаҳр аз бутҳо пур аст, рўҳаш дар дарунаш музтариб шуд.

17 Бинобар ин дар куништ бо яҳудиён ва худотарсон ва дар бозор ҳар рўз бо ҳар кӣ вомехўрд, гуфтугў мекард.

18 Баъзе аз файласуфони эпикурӣ ва истоӣ бо ў мунозира мекарданд; як хелашон мегуфтанд:’’Ин лаққӣ чӣ мехоҳад бигўяд?’’; дигарҳо мегуфтанд:’’Зоҳиран, ў худоҳои бегонаро мавъиза мекунад’’; зеро ки ў ба онҳо аз Исо ва эҳьё башорат медод.

19 Ўро дасгир карда, ба Арьюпогус, ки кўҳи доварон аст, оварданд ва гуфтанд:“Оё мумкин аст ки мо бидонем, ки ин тариқати наве ки ту мавъиза менамоӣ, чист?

20 Азбаски суханонат ба гўши мо аҷиб мерасад, бинобар ин мехоҳем бидонем, ки онҳо чӣ маъно доранд“.

21 Зеро ки тамоми аҳли Атино ва аҷнабиёни сокини он ҷо вақти худро аз ҳама зиёдтар дар гуфтану шунидани ягон гапи тоза мегузаронданд.

22 Он гоҳ Павлус дар миёнҷои Арьюпогус истода, гуфт:“Эй мардони Атино! Шуморо аз ҳар ҷиҳат бисьёр диндор ёфтаам;

23 „Зеро ки, чун гаштугузор карда, ибодатгоҳҳои шуморо аз назар мегузарондам, мазбаҳе дидам, ки бар он навишта шудааст:’’Ба Худои ношинос’’. Пас, Ҳамонро, ки шумо мепарастед, вале намешиносед, ман ба шумо мавъиза менамоям:

24 Худое ки олам ва тамоми мавҷудоти онро офаридааст, Худованди Осмону замин аст ва дар маъбадҳои сохтаи дасти инсон нест

25 Ва ба хизмати дастҳои одамӣ эҳтиёҷ надорад, зеро ки Худаш ҳаёт ва нафас ва ҳар чизро ба ҳама мебахшад;

26 Ҳамаи қавмҳои насли одамизодро Ў аз як хун ба вуҷуд овардааст, то ки бар тамоми рўи замин сокин шаванд, ва барои сукунати онҳо мўҳлатҳо ва ҳудуди муайяне пешакӣ муқаррар кардааст,

27 То ки онҳо Худоро ҷустуҷў кунанд ва, шояд Ўро ёбем гўён, кўр-кўрона даст- даст карда нагарданд, гарчанде ки Ў аз ҳеҷ яке аз мо дур нест;

28 Зеро ки мо дар Ў зиндагӣ ва ҳаракат мекунем ва вуҷуд дорем, чунон ки баъзе аз шоирони шумо низ гуфтаанд:“Мо фарзандони Ў ҳастем“.

29 Пас, модоме ки ҳамаи мо фарзандони Худо ҳастем, набояд гумон кунем, ки Илоҳият монанд аст ба тилло ё нуқра ё санге ки аз санъат ва хаёли инсон сурате гирифтааст.

30 Хуллас, ҳоло Худо аз замонҳои ҷаҳолат сафари назар карда, дар ҳар ҷо ба ҳамаи одамон амр мефармояд, ки тавба кунанд;

31 Зеро ки Ў рўзеро муқаррар намудааст, ки аҳли ҷаҳонро ба василаи Марде ки баргузидаи Ўст, аз рўи инсоф доварӣ кунад, ва барои он ки инро ба ҳама исбот намояд, Ўро аз мурдагон эҳьё кард“.

32 Вақте ки зикри эҳьёи мурдагонро шуниданд, баъзе касон тамасхур карданд ва баъзеи дигарон гуфтанд:“Дар ин бора дафъаи дигар ба суханони ту гўш хоҳем дод“.

33 Бо ҳамин, Павлус аз миёни онҳо берун омад.

34 Вале якчанд кас ба ў ҳаамроҳ шуда, имон оварданд; дар байни онҳо Диёнисиюси арьюпогӣ ва Домарис ном зане ва дигарон буданд.

18

1 Баъд аз ин Павлус Атиноро тарк карда, ба Қўринтус омад.

2 Дар он ҷо Акило ном яҳудӣ, ки зодгоҳаш Понтус буда, ба қариби бо ҳамсараш Прискила аз Итолия омада буд, зеро Клавдиюс фармон дода, буд, ки ҳамаи яҳудиён аз Рум бираванд, ва Павлус бо онҳо шиносоӣ пайдо кард ва назди онҳо омад,

3 Ва азбаски монанди онҳо ҳунари хаймадўзӣ дошт, назди онҳо монда, ба кор машғул шуд.

4 Ҳар рўзи шанбе ў дар куништ сухан ронда, саъю кўшиш менамуд, ки яҳудиён ва юнониёнро мўътақид гардонад.

5 Вақте ки Сило ва Тимотиюс аз Мақдуния омаданд, Павлус аз Рўҳ илҳом ёфта, ба яҳудиён шаҳодат додан гирифт, ки Исо Масеҳ аст.

6 Аммо азбаски онҳо мухолифат ва бадзабонӣ мекарданд, домани худро бар онҳо афшонда, гуфт:“Хунатон ба гарданатон; ман аз он мубарро ҳастам; минбаъд назди ғайрияҳудиён хоҳам рафт“.

7 Аз он ҷо рафта, назди Юстус ном шахси худотарсе омад, ки хонаи вай дар шафати куништ буд.

8 Криспус, ки сардори куништ буд, бо тамоми аҳли байташ ба Худованд имон овард, ва бисьёре аз қўринтиён, чун шуниданд, имон оварданд ва таъмид гирифтанд.

9 Худованд як шаб дар рўъё ба Павлус гуфт:“Натарс, балки сухан бигў ва хомўш набош,

10 Зеро ки Ман бо ту ҳастам, ва ҳеҷ кас ба ту осебе нахоҳад расонд; чунки Ман дар ин шаҳр мардуми бисьёре дорам“.

11 Ба ин сабаб ў як солу шаш моҳ дар он ҷо монда, каломи Худоро ба онҳо таълим дод.

12 Дар ин миён, вақте ки Ғолиюн волии Охоия буд, яҳудиён якдил шуда, ба Павлус ҳуҷум карданд ва ўро ба маҳкама кашида оварданд

13 Ва гуфтанд:“Ин шахс мардумро иғво медиҳад, ки ибодати Худоро бар хилофи шариат ба ҷо оваранд“.

14 Павлус ҳанўз ҳарфе назада буд, ки Ғолиюн ба яҳудиён гуфт:“Эй яҳудиён! Агар озоре ё кирдори баде ба вуқўъ меомад, барои ман асосе мебуд, ки арзи шуморо бишнавам;

15 Вале модоме ки сухан дар бораи калимот ва номҳо ва шариати шумо меравад, худатон бояд онро яктарафа кунед: ман дар ин бобат доварӣ нахоҳам кард“.

16 Ва онҳоро аз маҳкама пеш кард.

17 Ҳамаи юнониён сардори куништ Сўстинисро дастгир карда, дар назди маҳкама каллакўбак карданд, ва Ғолиюн ба ин ҳеҷ парво накард.

18 Павлус боз чандин рўз дар он ҷо истод, он вақт бо бародарон хайру маъзур кард ва бо киштӣ ба Сурия равона шуд ва Прискила ва Акиларо ҳамроҳи худ бурд ва дар Канхария мўйсар гирифт, чунки назр карда буд.

19 Вақте ки ба Эфсўс расиданд, онҳоро дар он ҷо монда, худаш ба куништ даромад ва бо яҳудиён суханронӣ кард.

20 Аз ў хоҳиш карданд, ки муддате бо онҳо бимонад, лекин ў розӣ нашуд.

21 Ва бо онҳо хайру маъзур карда, гуфт:“Ман бояд иди дар пеш истодаро ҳатман дар Ерусалим гузаронам; баъд аз он, Худо хоҳад, боз назди шумо хоҳам баргашт“. Ва Эфсўсро тарк кард.

22 Ба Қайсария расида, ба Ерусалим рафт ва аҳли калисоро табрик ва аҳволпурсӣ карда, ба Антиёхия равона шуд.

23 Муддате дар он ҷо истода, боз ба сафар рафт ва дар кишвари Ғалотия ва Фриҷия гашта, ҳамаи шогирдонро тақвият мекард.

24 Апўллўс ном яҳудие аз аҳли Искандария, ки шахси суханвар ва аз Навиштаҳо хабардор буд, ба Эфсўс расид;

25 Ў дар тариқи Худованд тарбият ёфта буд ва бо ҷўшу хурўши Рўҳ сухан ронда, дар бораи Исо ба хубӣ таълим медод, гарчанде ки фақат аз таъмиди Яҳьё огоҳӣ дошт.

26 Ў дар куништ далерона сухан рондан гирифт. Чун Акило ва Прискила суханонашро шуниданд, ўро назди худ оварданд ва тариқи Худовандро ба ў дурустакак фаҳмонданд.

27 Вақте ки ў азми сафари Охоия кард, бародарон ба шогирдон навиштанд, ки ўро пазироӣ кунанд; чун ба он ҷо расид, ба касоне ки ба файзи илоҳӣ имон оварда буданд, ёрдами бисьёр дод:

28 Зеро ки бо қуввати тамом дар пеши назари ҳама бо яҳудиён баҳсу мунозира карда, аз рўи Навиштаҳо исбот менамуд, Исо Масеҳ аст.

19

1 Дар он замоне ки Апўллўс дар Қўринт буд, Павлус дар кишварҳои боло гардиш карда, ба Эфсўс расид ва дар он ҷо шогирдонро ёфт.

2 Ба онҳо гуфт:“Оё вақте имон овардед, Рўҳулқудсро қабул кардед?“ Ба ў гуфтанд:“Ҳатто нашунидаем, ки Рўҳулқудс вуҷуд дорад“.

3 Ба онҳо гуфт:“Пас чӣ навъ таъмид гирифтед?“Гуфтанд:“Таъмиди Яҳьё“.

4 Павлус гуфт:“Таъмиде ки Яҳьё медод, таъмиди тавба буд, ва ў ба мардум мегуфт:’’Ба Он Касе ки баъд аз ман меояд, яъне ба Исои Мсеҳ имон оваред’’„.

5 Чун инро шуниданд, ба исми Исои Худованд таъмид гирифтанд,

6 Ва ҳангоме ки Павлус дастҳои худро бар сари онҳо ниҳод, Рўҳулқудс бар онҳо нозил шуд, ва ба забонҳо сухан ронда, нубувват карданд.

7 Онҳо тақрибан дувоздаҳ нафар буданд.

8 Муддати се моҳ ў ба куништ даромада, нотарс мавъиза менамуд ва дар бораи Малакути Худо мусоҳиба мекард ва далелҳо меовард.

9 Вале азбаски баъзе касон сахтдил буданд ва имон намеоварданд ва дар ҳаққи ин тариқат дар пеши мардум бадзабонӣ мекарданд, бинобар ин аз онҳо худро канор гирифта, шогирдонро ҷудо кард ва ҳар рўз дар мадрасаи Тиронус ном шахсе мавъиза менамуд.

10 Ин тақрибан ду сол давом кард, ба тавре ки ҳамаи сокинони вилояти Осиё, ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, каломи Исои Худовандро шуниданд.

11 Худо ба василаи Павлус мўъҷизоти бузурге ба амал меовард,

12 То ба ҳадде ки дастмолҳо ва фўтаҳои ба бадани ў расидаро бурда, бар беморҳо мегузоштанд, ва бемории онҳо нест мешуд, ва авроҳи хабис аз онҳо берун мерафт.

13 Ҳатто баъзе аз азоимхонҳои оворагарди яҳудӣ ҳам бар онҳое ки мубталои рўҳи хабис буданд, исми Исои Худовандро зикр карда, мегуфтанд:“Шуморо ба Исое ки Павлус мавъиза менамояд, қасам медиҳем“.

14 Ҳафт нафар писарони Искиво ном шахсе ки яке аз саркоҳинони яҳудӣ буд, ҳамин тавр амал мекарданд.

15 Аммо рўҳи хабис дар ҷавоби онҳо гуфт:“Исоро мешиносам, Павлусро низ медонам, лекин шумо кистед?“

16 Марде ки рўҳи хабис дошт, бо чунон қуввате ба онҳо дарафтод, ки ҳама мағлуб шуданд ва дар ҳолате ки бараҳна ва маҷрўҳ буданд, аз хона гурехтанд.

17 Ин воқеа ба гўши ҳамаи яҳудиён ва юнониёни сокини Эфсўс расида, ҳамаро ба ҳарос андохт, ва исми Исои Худованд дар миёни онҳо бештар иззату икром пайдо кард;

18 Бисьёре аз имондорон омада, аъмоли худро иқрор ва ошкор мекарданд;

19 Бисьёре аз онҳо ки ба ҷодигарӣ машғул буданд, китобҳои худро оварда, дар пеши назари ҳама сўзонданд; вақте ки арзиши онҳро ҳисоб карданд, маълум шуд, ки баробари панҷоҳ ҳазор дирҳам аст.

20 Каломи Худо ҳамин тавр қувват мегирифт ва интишор меёфт.

21 Пас аз анҷоми ин чизҳо, Павлус дар дили худ азм кард, ки аз Мақдуния ва Охоия гузашта, ба Ерусалим биравад, ва гуфт:“Баъд аз рафтанам ба он ҷо, Румро низ бояд бубинам“.

22 Аз мулозимонаш ду нафарро, яъне Тимотиюс ва Арастусро, ба Мақдуния равонакарда, худаш муддате дар вилояти Осиё бимонд.

23 Дар он замон исьёни азиме бар зидди тариқи Худованд рўй дод;

24 Зеро ки Димитриюс ном нуқрагаре ки тасвирҳои нуқрагини маъбади Артамисро месохт ва ба ин васила ба санъатгарон фоидае калоне мерасонд,

25 Онҳоро, ҳамчунин ҳунармандони дигарро ҷамъ оварда, гуфт:“Эй мардумон! Шумо медонед, ки некўаҳволии мо аз пушти ҳамин ҳунар аст,

26 Ва шумо дида ва шунида истодаед, ки на танҳо дар Эфсўс, балки қариб дар тамоми вилояти Осиё ин Павлус мардуми бисьёрро иғво андохта, гумроҳ кардааст, ва мегўяд:’’Чизҳои сохтаи дасти инсон худо нестанд’’.

27 Пас, хавфи он аст, ки на танҳо ҳунари мо аз байн равад, балки ин маъбади олиҳаи мо Артамис низ беэътибор шавад, ва ҳашамати вай, ки тамоми вилояти Осиё ва аҳли олам парастишаш мекунанд, беқурб гардад“.

28 Вақте ки ин суханонро шуниданд, онҳо хеле ба хашм омада, фарьёд заданд:“Бузург аст Артамиси эфсўсиён!“.

29 Тамоми шаҳр ба шўр омада, ҳама якдилона сўи тамошохона тохтанд ва Ғоюс ва Ористархусро, ки аз аҳли Мақдуния ва ҳамроҳони Павлус буданд, дастгир карда, бо худ кашида бурданд.

30 Павлус мехост, ки ба миёни мардум дарояд, аммо шогирдон ўро намонданд;

31 Ҳамчуни баъзе аз сардорони вилояти Осиё, ки дўстонаш буданд, назди ў кас фиристода, таъкид карданд, ки ба тамошохона набиёяд.

32 Дар ин миён баъзе касон дод зада, чизе мегуфтанд, касони дигар чизи дигаре; зеро ки ҷамоат ошуфтаҳол буданд ва аксари онҳо намедонистанд, ки барои чӣ ҷамъ шудаанд.

33 Аз миёни издиҳом Искандарро кашола карданд, чунки яҳудиён ўро пеш андохта буданд, ва Искандар бо дасташ ишора намуда, хост барои муҳофизати худ ба мардум сухане бигўяд.

34 Аммо, чун яҳудӣ буданашро донистанд, ҳама бо як овоз дод заданд ва қариб ду соат нидо мекарданд:“Бузург аст Артимиси эфсўсиён!“.

35 Нозири низом мардумро сокит карда, гуфт:“Эй мардуми Эфсўс! Кӣ намедонад, ки шаҳри Эфсўс парастандаи маъбади Артамиси олиҳаи бузург ва ҳайкали аз осмон нозилшудаи вай мебошад?

36 Модоме ки ин баҳснопазир аст, шуморо лозим аст, ки ором бошед ва рафтори бемулоҳизае накунед;

37 Зеро ин шахсоне ки шумо овардаед, на тороҷкунандагони маъбаданд ва на дар ҳаққи олиҳаи шумо сухани куфромез гуфтаанд;

38 Агар Дмитриюс ва ҳамкоронаш даъвое бар касе дошта бошанд, инак дари маҳкамаҳо кушода, волиён низ ҳозиранд: бигзор ба онҳо шикоятҳои худро оварда супоранд;

39 Вале агар талаби дигаре дошта бошед, он бояд дар маҳкамаи шаръӣ яктарафа шавад;

40 Зеро хавфи он аст, ки мо барои рафтори имрўза ба балвогарӣ айбдор шавем, ва мо ҳеҷ далеле надорем, ки барои чунин ҷамъомад онро сабаб нишон диҳем“.Инро гуфта, издиҳомро пароканда кард.

20

1 Пас аз он ки ин шўру ғавғо хотима ёфт, Павлус шогирдонро даъват намуда, хайру маъзур кард ва ба Мақдуния равона шуд.

2 Дар он ноҳия гашта, бисьёр насиҳат дод ва ба Юнон омад;

3 Дар он ҷо се моҳ истод; азбаски яҳудиён ба муқобили ў ошўб бардоштанд, ў азми сафари Сурия кард ва ба фикре омад, ки бо роҳи Мақдуния гашта равад.

4 То ба вилояти Осиё ҳамроҳи ў инҳо рафтанд: Супотрус аз аҳли Бирия, Ористархус ва Секундус аз аҳли Таслўхикӣ, Ғоюс аз Дарба, Тимотиюс ва аз мардуми Осиё Тўхиқўс ва Трофимус.

5 Инҳо аз мо пештар рафта, дар Трўос мунтазири мо шуданд.

6 Лекин мо пас аз айёми иди фатир аз Филиппӣ бо киштӣ рафтем ва баъд аз панҷ рўз ба Трўос назди онҳо расидем ва дар он ҷо ҳафт рўз истодем.

7 Рўзи якшанбе, вақте ки шогирдон барои ноншикастан ҷамъ шуданд, Павлус, ки фардояш аз он ҷо рафтанӣ буд, бо онҳо мусоҳиба намуд, ва суханаш то нисфи шаб давом кард.

8 Дар болохонае ки мо ҷамъ шуда будем, чароғҳои бисьёре месўхт.

9 Офтихўс ном ҷавоне ки бар остонаи тиреза нишаста буд, ба пинак рафт, ва ҳангоме ки мусоҳибаи Павлус тўл мекашид, хоби сахташ бурда, баногоҳ аз ошьёнаи сеюм ба зер афтод, ва чун ўро бардоштанд, мурда буд.

10 Павлус поён фуромада, худро болои ў партофт ва ўро оғўш гирифта, гуфт:“Хавотир накашед, зеро ки ҷони ў дар ўст“.

11 Баъд боло баромад ва нонро шикаста, хўрд ва то субҳ гуфтугўи бисьёре карда, ба роҳи худ равона шуд.

12 Дар ин миён он ҷавонро зинда оварданд, ва хотирашон хел осуда шуд.

13 Мо зуд ба киштӣ савор шуда, ба Асўс рафтем, то ки аз он ҷо Павлусро ҳамроҳи худ бигирем, зеро ки ҳамин тавр амр фармуда буд, ва ў ният дошт ба он ҷо пиёда равад.

14 Вақте ки дар Асўс ба мо вохўрд, ўро ҳамроҳи худ гирифта, ба Митилинӣ омадем.

15 Аз он ҷо бо киштӣ равона шуда, рўзи дигар дар рў ба рўи Хиюс бозистодем; рўзи сеюм ба Сомўс расидем ва дар Труҷилиюн истода, фардои он вориди Милитўс шудем,

16 Зеро ки Павлус ният дошт аз паҳлуи Эфсўс гузашта равад, то ки дар вилояти Осиё даранг накунад, чунки ў таъҷил менамуд, ки ба қадри имкон дар арафаи иди Пантикост дар Ерусалим бошад.

17 Аз Милитус ба Эфсўс кас фиристода, пирони калисоро даъват намуд,

18 Ва ҳангоме ки назди ў омаданд, ба онҳо гуфт:“Шумо медонед, ки аз рўзи аввали ба Осиё қадам монданам, дар тамоми вақте ки бо шумо будам, ман чӣ гуна рафтор кардам,

19 Дар ҳолате ки бо каломи фурўтанӣ, бо ашкҳои бисьёр ва бо машаққатҳое ки ба туфайли дасисаҳои яҳудиён ба сарам меомад, ба Худованд хизмат кардам,

20 Ва чӣ гуна ман ҳар чизеро, ки фоиданок буд, аз шумо дареғ надоштам, балки дар пеши тамоми мардум ва хона ба хона гашта, ба шумо мавъиза намудам ва таълим додам.

21 Ва ба яҳудиён ва юнониён хотирнишон мекардам, ки назди Худо тавба кунанд ва ба Худованди мо Исои Масеҳ имон оваранд.

22 Ва инак, ҳоло бо тақозои Рўҳ ба Ерусалим меравам ва аз он чи дар он ҷо ба сарам хоҳад омад, чизе намедонам,

23 Ҷуз ин ки Рўҳулқудс дар ҳар шаҳр шаҳодат дода, мегўяд, ки занҷирҳои асорат ва уқубатҳо барои ман муҳайёст.

24 Лекин ба ин чизҳо нигоҳ намекунам ва ҷони худро азиз намедорам, балки муроди ман фақат ин аст, ки вазифаи худро ва он хизмате, ки Исои Худованд ба ман супурдааст, яъне мавъизаи Инҷили файзи Худоро ба хушӣ анҷом диҳам.

25 Ва алҳол инро медонам, ки ҳамаи шумо, ки дар байнатон гашта, Малакути Худоро мавъиза намудаам, дигар рўи маро нахоҳед дид.

26 Бинобар ин имрўз ба шумо шаҳодат медиҳам, ки ман аз хуни ҳамаатон мубарро ҳастам,

27 Зеро ки ҳеҷ як фурсатро аз даст надодаам, ки ба шумо тамоми иродаи Худоро бифаҳмонам.

28 Пас, нигоҳбони худатон ва нигоҳбони тамомион рамае бошед, ки Рўҳулқдс шуморо барои назорат кардани он таъин намудааст, то ки Калисои Худоро, ки Ў бо Хуни Худ харидааст, бачаронед.

29 Зеро ман медонам, ки баъд аз рафтани ман гургҳои дарранда ба миёни шумо хоҳанд омад, ки ба рама раҳме нахоҳанд кард;

30 Аз миёни худатон низ шахсоне пайдо хоҳанд шуд, ки суханони каҷ хоҳанд гуфт, то ки шогирдонро аз ақиби худ бикашанд.

31 Бинобар ин ҳушьёр бошед ва дар хотир нигоҳ доред, ки чӣ гуна ман дар давоми се сол, рўзонаю шабона ашк рехта, ҳар яке аз шуморо таълим додам.

32 Акнун, эй бародарон, шуморо ба Худо ва ба каломи файзи Ў месупорам, ки қодир аст шуморо обод гардонад ва дар миёни ҳамаи муқаддасон ба шумо меросе бибахшад.

33 Ман ба симу зар ё пероҳани касе чашм надўхтаам:

34 Худатон медонед, ки ҳамин дастҳои ман барои таъмини эҳтиёҷоти худам ва ҳамроҳонам хизмат кардааст.

35 Бо тамоми рафтори худ ман ба шумо нишон додаам, ки мо бояд ҳамин тавр меҳнат карда, нотавононро дастгирӣ намоем ва суханони Исои Худовандро дар хотир нигоҳ дорем, ки Ў гуфтааст:’’Додан аз гирифтан беҳтар аст’’„.

36 Баъд аз гуфтани ин суханон зону зада, бо ҳамаашон дуо гуфт.

37 Ҳама гирьяи бисьёр карданд ва Павлусро оғўш кашида, мебўсиданд.

38 Алалхусус аз чунин суханони ў хеле ғамгин шуданд, ки гуфта буд:’’Рўи маро дигар нахоҳед дид’’. Ва ўро то киштӣ гуселонданд.

21

1 Бо онҳо хайру маъзур карда, бо киштӣ равона шудем ва рост ба Кос омадем; рўзи дигар ба Русд ва аз он ҷо ба Потра расидем;

2 Дар он ҷо киштие ёфтем, ки ба Финиқия рафтанӣ буд, ва ба он савор шуда, ҳаракат кардем.

3 Қаприсро, ки аз дур намоён шуд, ба тарафи чап монда, сўи Сурия равона шудем ва дар Сўр лангар андохтем, зеро ки дар он ҷо мебоист бори киштиро мефуроварданд.

4 Дар он ҷо шогирдонро пайдо карда, ҳафт рўз истодем; онҳо аз рўҳ илҳом ёфта, ба Павлус гуфтанд, ки ба Ерусалим наравад.

5 Чун вақти мо ба охир расид, боз ба роҳ даромадем, ва ҳама бо занону бачаҳошон моро то беруни шаҳр гусел карданд; мо дар соҳили баҳр зону зада, дуо гуфтем,

6 Ва бо ҳамдигар хайру хуш карда, ба киштӣ даромадем, ва онҳо ба хонаҳои худ баргаштанд.

7 Аз Сўр сафари худро бо киштӣ давом додем, ба Птолимус расидем ва дар он ҷо бо бародарон мулоқот карда, як рўз дар наздашон истодем.

8 Рўзи дигар Павлус ва мо, ки ҳамроҳаш будем, он ҷоро тарк карда, ба Қайсария омадем ва ба хонаи Филлипуси башоратдиҳанда, ки яке аз ҳафт нафар буд, даромада, назди ў мондем.

9 Ў чор духтари бокира дошт, ки нубувват мекарданд.

10 Баъд аз чандин рўзре ки дар он ҷо будем, Оғобус ном набие аз яҳудо омад.

11 Ва назди мо даромада, камарбанди Павлусро гирифту дастҳо ва пойҳои худро баст ва гуфт:“Рўҳулқудс мегўяд, ки яҳудиён дар Ерусалим соҳиби ин камарбандро ҳамин тавр баста, ба дасти ғайрияҳудиён хоҳанд супурд“.

12 Вақте ки инро шунидем, мо ва аҳли он ҷо илтимос кардем, ки ў ба Ерусалим наравад.

13 Аммо Павлус дар ҷавоб гуфт:“Ин чӣ корест, ки шумо мекунед? Чаро бо гирьяи худ дили маро мешиканед? Зеро ки тайёр ҳастам на танҳо бандӣ шавам, балки дар Ерусалим ба хотири исми Исои Худованд бимирам“.

14 Чун ба гапи мо надаромад, ба ҷуз ин сухан:’’Он чи хости Худованд аст, бишавад!’’чизи дигаре нагуфтем.

15 Баъд аз он рўзҳо мо тадоруки сафарро дида, сўи Ерусалим равона шудем;

16 Баъзе аз шогирдони сокини Қайсария низ ҳамроҳи мо омада, моро ба хонаи Маносўн ном шахсе ки аз аҳли Қаприс ва шогирди дерина буд, оварданд, то ки назди ў манзил кунем.

17 Вақте ки вориди Ерусалим шудем, бародарон моро бо хурсандӣ пазироӣ карданд.

18 Рўзи дигар Павлус ҳамроҳи мо назди Яъқуб омад; ҳамаи пирон низ ҳозир шуданд.

19 Пас аз салому аҳволпурсӣ аз он чи Худо ба василаи хизмати ў дар миёни ғайрияҳудиён ба амал оварда буд, муфассал нақл кард.

20 Чун шуниданд, Худоро ҳамду сано хонданд ва ба ў гуфтанд:“Эй бародар, чунон ки мебинӣ, чандин ҳазор яҳудиён имон овардаанд ва ҳамаашон ғаюри шариат мебошанд;

21 Онҳо дар бораи ту шунидаанд, ки ба ҳамаи яҳудиёне ки дар миёни халқҳо умр ба сар мебаранд, таълим медиҳӣ, ки аз Мусо дур шаванд, ва мегўӣ, ки писарони худро хатна накунанд ва қоидаҳои шариатро ба ҷо наоваранд.

22 Пас, чӣ бояд кард? Албатта мардум ҷамъ хоҳанд шуд, зеро ки аз омаданат хабар хоҳанд ёфт.

23 Бинобар ин он чи ба ту мегўем, ба ҷо овар: назди мо чор одам ҳастанд, ки назре кардаанд;

24 Онҳоро бо худ гирифта, ҳамроҳашон таҳорат намо ва харҷашонро ба гарданат бигир, то ки онҳо мўйсари худро битарошанд, ва ҳама хоҳанд фаҳмид, ки он чи дар бораи ту шунидаанд, асосе надорад, балки худат ҳам мувофиқи шариат рафтор мекунӣ.

25 Лекин дар хусуси онҳое ки аз байни ғайрияҳудиён имон овардаанд, мо навишта ва амр фармуда будем, ки ба чизе риоя накунанд, балки фақат аз қурбониҳои бутҳо, аз хун, аз гўшти буғишуда ва аз зино парҳез намоянд“.

26 Павлус он одамонро бо худ гирифта, ҳамроҳашон таҳорат намуд ва рўзи дигар ба маъбад даромад ва анҷоми рўзҳои таҳоратро, ки бояд барои ҳар яке аз онҳо ҳадияе пешкаш карда шавад, эълон кард.

27 Вақте ки ҳафт рўз ба охир мерасид, яҳудиёни аҳли вилояти Осиё ўро дар маъбад дида, тамоми мардумро ба шўр оварданд ва ба ў дасти тааддӣ дароз карданд

28 Ва фарьёд зада, гуфтанд:“Эй мардони Исроил, мадад кунед! Ин ҳамон касест, ки ҳамаро дар ҳар ҷо бар зидди қавм ва шариат ва бар зидди ин макон таълим медиҳад, дар айни ҳол юнониҳоро низ ба маъбад дароварда, ин макони муқаддасро палид кардааст“.

29 Зеро ки пеш аз ин онҳо Трофимуси эфсўсиро бо ў дар шаҳр дида буданд ва гумон карданд, ки Павлус вайро ба маъбад овардааст.

30 Тамоми шаҳр ва ҷунбиш омад, мардуми бисьёре ҷамъ шуданд ва Павлусро дастгир карда, аз маъбад берун бароварданд ва дарҳол дарҳоро бастанд.

31 Вақте ки онҳо қасти ҷони ў мекарданд, ба мариҳазори сипоҳ хабар расид, ки тамоми Ерусалим ба ошўб омадааст;

32 Вай дарҳол сарбозон ва мирисадҳоро бо худ гирифта, сўи онҳо шитофтанд, ва ҳангоме ки онҳо мириҳазор ва сарбозонро диданд, аз задани Павлус даст кашиданд.

33 Мириҳазор наздик омада, ўро дасгир кард ва амр фармуд, ки ўро бо ду занҷир бибанданд, ва пурсид, ки ин кист ва чӣ гуноҳе кардардааст?

34 Аз байни издиҳом дод зада, баъзеҳо як чиз ва баъзеҳо чизи дигар мегуфтанд, ва азбаски вай аз боиси шўру ғавғо ҳақиқати ҳолро фаҳмида натавонист, фармон дод, ки ўро ба қалъа баранд.

35 Вақте ки ў ба зинапоя расид, сарбозонро лозим омад, ки ба сабаби хашми мардум ўро бардошта баранд.

36 Зеро ки мардуми бисьёре аз қафо омада, фарьёд мезаданд, ки’’ўро бикушед!’’

37 Пеш аз он ки вориди қалъа шаванд, Павлус ба мириҳазор гуфт:“Оё ҷоиз аст ба ту чизе бигўям?“. Гуфт:“Оё забони юнониро медонӣ?“.

38 „Оё ту ҳамон мисрие нестӣ, ки якчанд рўз пеш аз ин, фитнае барангехта, чор ҳазор одамкушро бо худ ба биёбон бурд?“.

39 Павлус гуфт:“Ман яҳудӣ ҳастам, аз Тарсус, табааи Қилиқия, ки шаҳри машҳур аст; хоҳишмадам иҷозат бидеҳ, то ки ба мардум сухане гўям“.

40 Вақте ки иҷозат дод, Павлус дар болои зина истода, бо дасташ ба мардум ишора кард, ва ҳамин ки хомўшии том бақарор гашт, ба забони ибронӣ ба сухан шурўъ намуда чунин гуфт:

22

1 „Эй бародарон ва эй падарон! Он чиро, ки пеши шумо барои муҳофизати худ арз менамоям, гўш кунед“

2 Чун шуниданд, ки ба онҳо ба забони ибронӣ сухан мекунад, боз зиёдтар хомўш шуданд. Ў гуфт:

3 Ман яҳудӣ ҳастам, ки дар Тарсуси Қилиқия таваллуд шудаам ва дар ин шаҳр дар хизмати Ҷамлиил тарбият ёфтаам ва шариати падаронро бодиққат омўхатаам ва дар роҳи Худо ғаюр будам, чунон ки ҳамаи шумо имрўз ҳастед.

4 Ва ин тариқатро то ба дараҷаи марг тақиб менамудам ва мардону занонро побанд карда, дар зиндон меандохтам;

5 Дар бораи ман саркоҳин ва ҳамаи пирон низ шаҳодат хоҳанд дод, ки ман аз онҳо номаҳо гирифта, ба Димишқ назди бародарон рафта будам, то ки дар он ҷо масеҳиёнро бандӣ карда, барои ҷазо ба Ерусалим биёрам;

6 Аммо дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик меомадам, қариби пешин баногоҳ нури азиме аз осмон давродаври ман дурахшид;

7 Бар замин афтодам ва овозе шунида, ки ба ман мегуфт:’’Шоул, Шоул! Барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ?’’

8 Ба ҷавоб гуфтам:“‘‘Худовандо, Ту кистӣ?’’ Ў ба ман гуфт:’’Ман Он Исои Носирӣ ҳастам, ки ту Ўро таъқиб мекунӣ’’.

9 Онҳое ки ҳамроҳи ман буданд, нурро дида, ҳаросон шуданд, вале овози Он Касеро, ки бо ман сухан мегуфт, намешуниданд.

10 Он гоҳ ман гуфтам:’’Худовандо! Чӣ кунам!’’Худованд ба ман гуфт:’’Бархез ва ба Димишқ биравм ва дар он ҷо ҳар коре ки бояд бикунӣ, ба ту гуфта хоҳад шуд’’.

11 Азбаски ман аз дурахши он нур нобино шуда будам, ҳамроҳонам аз дастам гирифта, ба Димишқ бурданд.

12 Ҳанониё ном Марди порсои шариат, ки дар миёни ҳамаи яҳудиёни сокини Димишқ некном буд,

13 Назди ман омада, истоду ба ман гуфт:“Эй бародар Шоул! Бино шав“.Дарҳол чашмонам кушода шуду ман ўро дидам.

14 Ў гуфт:’’Худои падарони мо туро баргузидааст, то ки иродаи Ўро дарк намоӣ ва Он Одилро бубинӣ ва аз забонаш сухане бишнавӣ,

15 Чунки аз он чи дидаӣ ва шунидаӣ, дар пеши тамоми мардум шоҳиди Ў хоҳӣ шуд;

16 Пас, чаро таъхир мекунӣ? Бархез ва таъмид бигир ва исми Ўро хонда, аз гуноҳҳои худ пок шав’’

17 Вақте ки ба Ерусалим баргаштам, дар маъбад дуо мегуфтам, дар ҳолати бехудӣ афтодам

18 Ва Ўро дидам, ки мегуфт:’’Шитоб намо ва аз Ерусалим зудтар равона шав, чунки шаҳодати туро дар ҳаққи Ман қабул нахоҳанд кард’’.

19 Гуфтам:’’Худовандо! Онҳо медонанд, ки ман мўъминони Туро дар зиндон меандохтам ва дар куништҳо шаллоқ мезадам,

20 Ва ҳангоме ки хуни шоҳиди Ту истефанусро мерехтанд, ман дар он ҷо истода, қатли ўро таҳсин менамудам ва либосҳои қотилони ўро посбонӣ мекардам’’.

21 Аммо Ў ба ман гуфт:’’Равона шав, зеро ки Ман туро ба ҷойҳои дур сўи ғайрияҳудиён хоҳам фирстод’’.

22 То ҳамин суханаш ба ў гўш доданд; сонӣ фарьёд зада, гуфтанд:“Чунин шахсро аз рўи замин маҳв кунед! Зеро ки набояд ў зинда бимонад“.

23 Дар ҳамон вақте ки онҳо дод мезаданд, ҷомаҳои худро мепартофтанд ва чангу ғубор  ба ҳаво мебардоштанд.

24 Мириҳазор амр фармуд, ки ўро ба қалъа дароварда, тозиёна зананд, то фаҳманд, ки аз чӣ сабаб бар ў инқадар фарьёд мезананд.

25 Вақте ки ўро бо тасмаҳо мебастанд, ба мирисаде ки наздаш истода буд, гуфт:“Оё бар шумо ҷоиз аст, ки табааи Румиро, бе он ки маҳкум шуда бошад, тозиёна занед?“

26 Чун мирисад инро шунид, назди мириҳазор рафта, хабар дод ва гуфт:“Оё медонӣ, чӣ мекунӣ? Ин шахс табааи Рум аст“

27 Мириҳазор назди ў омада, пурсид:“Ба ман бигўй, ки оё ту табааи Рум ҳастӣ?“ Гуфт:“Оре“.

28 Мириҳазор гуфт:“Ман ин табаиятроба бадали маблағи калоне ба даст овардаам“. Павлус гуфт:“Аммо ман бо он ба дуньё омадаам“.

29 Дарҳол онҳое ки ўро шиканҷа карданӣ буданд, аз ў даст кашиданд; мириҳазор низ румӣ будани ўро фаҳмида, ҳаросон шуд, ки ўро занҷир зада буд.

30 Рўзи дигар, бо мақсади донистани он ки барои чӣ яҳудиён ўро айбдор мекунанд, ўро аз завлона озод кард ва амр фармуд, ки саркоҳинон ва тамоми шўрои пирон ҷамъ шаванд, ва Павлусро бароварда, назди онҳо ба по хезонд.

23

1 Павлус ба шўрои пирон назар дўхта, гуфт:“Эй бародарон! Ман то имрўз дар ҳузури Худо бо виҷдони пок рафтор кардаам“.

2 Саркоҳин Ҳанониё ба онҳое ки назди ў истода буданд, фармон дод, ки ба даҳонаш як торсакӣ зананд.

3 Павлус ба вай гуфт:“Худо туро хоҳад зад, эй девори сафедшуда! Ту нишастаӣ, ки маро аз рўи шариат доварӣ кунӣ, вале бар хилофи шариат амр медиҳӣ, ки маро бизананд“.

4 Онҳое ки назди ў истода буданд, гуфтанд:“Саркоҳини Худоро дашном медиҳӣ?“.

5 Павлус гуфт:“Эй бародарон, ман надонистам, ки вай саркоҳин аст; зеро ки навишта шудааст:’’Ба пешвои қавми худ носазо нагўй’’„.

6 Вақте ки Павлус фаҳмид, ки як қисми онҳо саддуқиён ва қисми дигарашон фарисиён мебошанд, дар шўрои пирон нидокунон гуфт:“Эй бародарон! Ман фарисӣ ва фарзанди фарисӣ ҳастам, ва аз умеди эҳьёи мурдагон дар ин ҷо муҳокима карда мешавам“.

7 Ҳамин ки ин суханонро гуфт, дар миёни фарисиён ва саддуқиён низоъ афтод, ва аҳли ҷамъомад ду тақсим шуданд;

8 Зеро ки саддуқиён мегўянд, ки на эҳьё вуҷуд дорад, на фаришта ё рўҳ, аммо фарисиён ин ҳар дуро эътироф менамоянд.

9 Ғавғои азиме ба амал омад, ва китобдонони фирқаи фарисиён бархоста, баҳскунон гуфтанд:“Мо дар ин шахс ҳеҷ бадӣ намебинем; ва агар рўҳе ё фариштае ба вай сухан гуфта бошад, ба Худо муқобилат нахоҳем кард“.

10 Аммо аз баски ихтилоф қувват гирифт, мириҳазор аз хавфи он ки Павлусро тикка-тикка кунанд, ба сарбозон фармон дод, ки ўро аз миёни онҳо гирифта, ба қалъа дарорад.

11 Ҳамон шаб Худованд ба ў зоҳир шуда, гуфт:“Устувор бош, Павлус, ва чӣ тавре ки дар Ерусалим дар ҳаққи Ман шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд ҳамон тавр шаҳодат диҳӣ“.

12 Чун чашми рўз кушода шуд, баъзе аз яҳудиён забон як карда, қасам хўрданд, ки то Павлусро накушанд, ба ҳеҷ хўрданӣ ва нўшиданӣ лаб назананд;

13 Шумораи онҳое ки чунин аҳд карда буданд, бештар аз чиҳил нафар буд;

14 Онҳо назди саркоҳинон ва пирон рафта, гуфтанд:“Мо савганд ёд кардем, ки то Павлусро накушем, чизе начашем;

15 Акнун шумо ва шўрои пирон ба мириҳазор хабар диҳед, ки фардо ўро назди шумо бароварад, гўё ки мехоҳед кори ўро аниқтар дида бароед; ва мо тайёр ҳастем, ки ўро, пеш аз наздик омаданаш, бикушем“.

16 Аммо хоҳарзодаи Павлус аз қасди онҳо воқиф шуд ва рафта, ба қалъа даромад ва Павлусро хабардор кард.

17 Павлус яке аз мирисадҳоро даъват намуда, гуфт:“Ин ҷавонро назди мириҳазор бибар, зеро чизе дорад, ки ба ў бигўяд“.

18 Вайро гирифта, назди мириҳазор бурд ва гуфт:“Павлуси бандӣ маро даъват намуда, хоҳиш кард, ки ин ҷавонро назди ту биёрам, зеро чизе дорад, ки ба ту бигўяд“.

19 Мириҳазор дасти вайро гирифта, ба хилватгоҳе бурд, ва пурсид:“Чӣ чиз аст, ки мехоҳӣ ба ман бигўӣ?“.

20 Гуфт:“Яҳудиён маслиҳатро ба як ҷо мондаанд, ки аз ту хоҳиш кунанд, то Павлусро фардо назди шўрои пирон барорӣ, гўё ки онҳо мехоҳанд кори ўро аниқтар тафтиш намоянд;

21 Аммо ту ба онҳо гўш надеҳ, зеро ки бештар аз чиҳил нафарашон дар сари роҳи ў камин сохтаанд ва савганд ёд кардаанд, ки то ўро накушанд чизе нахўранд ва нанўшанд; ва ҳоло онҳо тайёр шуда, мунтазири фармоиши ту истодаанд“.

22 Мириҳазор ҷавонро ҷавоб дода, гуфт:“Ба ҳеҷ кас нагў, ки маро аз ин роз хабар кардаӣ“.

23 Сонӣ ду мирисадро даъват намуда, гуфт:“Дусад сарбоз ва ҳафтод савора ва дусад найзаандозро омода кунед, то ки имшаб соати сеюм ба Қайсария биравед.

24 Инчунин маркабҳо ҳозир кунед, то ки Павлусро савор карда, ба саломатӣ назди Феликси ҳоким равона намоед“.

25 Ў номае ба ин мазмун навишт:

26 „Клавдиюс Лисиёс ба мўҳтарам Феликси ҳоким салом мерасонад;

27 Ин одамро яҳудиён дасргир карда буданд ва қасди куштани ўро доштанд; чун фаҳмидам, ки фуқарои Рум аст, бо сарбозон рафта, аз дасташон раҳонидам;

28 Азбаски хостам бидонам, ки бар ў чӣ даъво доранд, ўро ба шўрои пирони онҳо овардам

29 Ва донистам, ки ўро дар ақидаҳои баҳсноки оид ба шариаташон айбдор мекунанд, вале ў ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад;

30 Чун ба гўшам расид, ки яҳудиён қасди ҷони ин одам доранд, фавран ўро назди ту фиристодам ва ба даъвогаронаш низ амр фармудам, ки даъвоҳои худро дар ҳаққи ў дар ҳузури ту баён кунанд; вассалом“.

31 Сарбозон мувофиқи дастуре ки ба онҳо дода шуд, Павлусро гирифта, шабона ба Антипотрис бурданд.

32 Ва рўзи дигар ба саворон вогузор карданд, ки бо ў бираванд, ва худашон ба қалъа баргаштанд.

33 Ҳамин ки онҳо ба Қайсария расиданд, номаро ба дасти ҳоким супурда, Павлусро низ назди ў ҳозир сохтанд.

34 Ҳоким номаро хонда, пурсид, ки ў аз кадом вилоят аст, ва чун фаҳмид, ки аз Қилиқия аст, гуфт:

35 „Вақте ки даъвогарони ту ҳозир шаванд, сухани туро хоҳам шунид“. Ва амр фармуд, ки ўро дар сарбозхонаи Ҳиродус нигоҳ доранд.

24

1 Баъд аз панҷ рўз  саркоҳин Ҳанониё бо пирон ва Тартуллўс ном нотиқе омад, ва онҳо шикояти худро дар ҳаққи Павлус ба ҳоким супурданд.

2 Вақте ки Павлусро даъват карданд, Тартуллўс ба айбдор кардани ў шурўъ намуда, гуфт:

3 „Эй Феликси мўҳтарам, мо ҳамеша ва дар ҳама ҷо бо каломи миннатдорӣ эътироф менамоем, ки дар сояи ту осоиши комил дорем, ва ба туфайли ғамхўрии ту ин қавм ба некўаҳволӣ расидааст;

4 Вале, барои он ки туро бисьёр заҳмат надиҳам, аз ту хоҳишмандам, ки илтифот намуда, мухтасаран арзи моро бишнавӣ:

5 Зеро ки ин одамро фасодангез ёфтаем, ки ў дар миёни ҳамаи яҳудиёни рўи олам ошўб меандозад ва сардастаи бидъати носирӣ мебошад,

6 Ва ҳатто саъю кўшиш намудааст, ки маъбадро палид гардонад, ва мо ўро дастгир кардем, то ки аз рўи шариати худ бар ў доварӣ намоем,

7 Аммо Лисиёси мириҳазор омада, ўро бо зўрӣ аз дасти мо гирифт.

8 Ва амр фармуд, ки даъвогарони ў назди ту биёянд; худат метавонӣ тафтиш намуда, ҳар он чиро, ки мо бар ў даъво дорем, аз худи ў бифаҳмӣ“.

9 Яҳудиён суханони ўро тасдиқ карда, гуфтанд, ки чунин аст.

10 Чун ҳоким ба Павлус ишора кард, ки сухан гўяд, ў ба ҷавоб гуфт:“Азбаски медонам, ки ту чандин сол боз довари ин қавм ҳастӣ, ман кори худро дилпурона муҳофизат менамоям;

11 Ту метавонӣ бифаҳмӣ, ки дувоздаҳ рўз зиёд нагузаштааст, ки ман барои ибодат ба Ерусалим рафта будам;

12 Ва маро ҳеҷ кас надидааст, ки дар маъбад, ё кунишҳо ва ё дар шаҳр бо касе мубоҳиса карда бошам ё ки дар байни мардум ошўб андохта бошам;

13 Низ он чиро, ки ҳоло бар ман даъво менамоянд, исбот карда наметавонанд;

14 Лекин инро назди ту иқрор мекунам, ки аз рўи тариқате ки онҳо бидъат меноманд, дар ҳолате ки ба ҳар чи дар Таврот ва дар суҳафи анбиё навишта шудааст, эътиқот дорам.

15 Ва аз Худо умед дорам, чунон ки инҳо низ интизорӣ доранд, ки ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳьёи мурдагон дар пеш аст;

16 Бинобар ин худам низ саъю кўшиш менамоям, ки виҷдонам назди Худо ва одамон ҳамеша пок бошад;

17 Баъд аз чандин сол ман омадам, то ки ба халқи худ садақот биёрам ва ҳадия пешкаш бикунам,

18 Ва дар ҳолате ки таҳорат ёфта будам, ва дар гирду пешам на мардуме буд, на ғавғое, маро дар маъбад чанд нафар яҳудиёни вилояти Осиё диданд,

19 Ки онҳо низ мебоист дар ин ҷо назди ту меистоданд ва, агар чизе бар зидди ман дошта бошанд, даъво мекарданд;

20 Ё худи инҳо бигўянд, ки аз ман, вақте ки назди шўрои пирон истода будам, чӣ хатое дидаанд,

21 Ҷуз он як сухан, ки ман дар миёни онҳо истода, бо овози баланд гуфтам, ки аз барои эҳьёи мурдагон имрўз пеши шумо муҳокима карда мешавам“.

22 Феликс, ки аз ин тариқат ба хубӣ огоҳӣ дошт, муҳокимаро ба таъхир андохта, гуфт:“Вақте ки Лисиёси мириҳазор биёяд, кори шуморо тафтиш хоҳам кард“.

23 Ва ба мирисад амр фармуд, ки Павлусро дар бандихона нигоҳ дорад, лекин ба ў сабукӣ диҳад ва ба ҳеҷ касе аз наздиконаш, ки барои хизмат ё мулоқоти ў меоянд, монеъ нашавад.

24 Баъд аз чанд рўз Феликс бо ҳамсари худ Друсила, ки занаки яҳудӣ буд, омад ва  Павлусро даъват намуда, суханони ўро дар бораи имон ба Масеҳ гўш кард.

25 Аммо вақте ки ў дар бораи адолат, парҳезгорӣ ва доварии оянда сухан меронд, Феликс ба ҳарос афтода, ҷавоб дод:“Алҳол бирав, ва ҳар гоҳ фурсат ёбам, боз туро даъват хоҳам кард“.

26 Дар айни ҳол вай умедвор буд, ки Павлус ба вай пул медиҳад, то ки ўро озод кунад; бинобар ин ўро дам ба дам даъват намуда, бо ў мусоҳиба мекард.

27 Лекин баъд аз гузаштани ду сол Поркиюс Фестус ба ҷои Феликс таъин шуд, ва Феликс, ки мехост яҳудиёнро хурсанд созад, Павлусро дар зиндон нигоҳ дошт.

25

1 Чун Фестус ба вилоят омад, баъд аз се рўз аз Қайсария ба Ерусалим рафт.

2 Саркоҳин ва бузургони яҳудиён даъвои худро нисбат ба Павлус ба вай фаҳмонданд ва гапи худро маъқул карданд.

3 Ва илимос карданд, ки ба онҳо илтифот намуда, ўро ба Ерусалим биёрад; онҳо қасд доштанд, ки ўро дар роҳ ба қатл расонанд.

4 Аммо Фестус ба ҷавоб гуфт:“Павлус дар Қайсария маҳбус аст, ва худи ман ба қарибӣ ба он ҷо бармегардам“.

5 „Бинобар ин“, гуфт вай,“онҳое ки аз шумо метавонанд, ҳамроҳи ман биёянд, ва агар ин шахс айбе дошта бошад, бар ў даъво кунанд“.

6 Дар миёни онҳо аз ҳашт ё даҳ рўз зиёд намонда, ба Қайсария баргашт, ва рўзи дигар бар курсии доварӣ нишаста, амр фармуд, ки Павлусро биёранд.

7 Вақте ки ў ҳозир шуд, яҳудиёне ки аз Ерусалим омада буданд, даври ўро гирифта, бисьёр айбҳои гаронро ба гардани ў бор карданд, ки онҳоро исбот карда наметавонистанд.

8 Вале ў худро муҳофизат намуда, гуфт:“Ман на бар зидди шариати яҳудиён, на бар зидди маъбад ва на бар зидди қайсар ҳеҷ ҷинояте накардаам“.

9 Фестус, ки мехост дили яҳудиёнро ёбад, дар ҷавоби Павлус гуфт:“Оё мехоҳӣ ба Ерусалим биравӣ, то ки ман туро дар он ҷо дар ин бобат доварӣ намоям?“.

10 Павлус гуфт:“Ман дар маҳкамаи қайсар истодаам, ва муҳокимаи ман бояд дар ҳамин ҷо ба амал ояд; ман ба яҳудиён ҳеҷ бадӣ накардам, чунон ки худат ҳам инро ба хубӣ медонӣ;

11 Агар бадие ё ягон кори сазовори марг карда бошам, аз мурдан ибое надорам; лекин агар аз он айбҳое ки инҳо ба гардани ман мемонанд, дар ман ҳеҷ чизе набошад, касе ҳақ надорад маро ба дасти онҳо бисупорад; ман доварии қайсарро талаб мекунам“.

12 Фестус бо мушовиронаш маслиҳат карда, дар ҷавоби ў гуфт:“Модоме ки доварии қайсарро талаб мекунӣ, назди қайсар хоҳӣ рафт“.

13 Баъд аз чанд рўз подшоҳ Ағрипос ва Бернико ба Қайсария омаданд, то ки Фестусро муборакбод кунанд.

14 Чун рўзҳои зиёде дар он ҷо истоданд, Фестус ба подшоҳ кори Павлусро ҳикоят карда, гуфт:“Шахсе ҳаст, ки Феликс ўро дар зиндон нигоҳ доштааст,

15 Ва ҳангоме ки дар Ерусалим будам, саркоҳин ва пирони яҳудӣ дар бораи ў ба ман гап заданд ва маҳкумияти ўро талаб карданд.

16 Дар ҷавоби онҳо гуфтам, ки расму русуми румиён ин нест, ки касеро ба марг таслим кунанд, бе он ки айбдорро бо даъвогаронаш рў ба рў карда, ба вай имконият диҳанд, ки худро аз айбҳо сафед кунад.

17 Бинобар ин, вақте ки онҳо ба ин ҷо омаданд, ман бе таъхир, фардои он, бар курсии доварӣ нишастам ва амр фармудам, ки он шахсро биёранд.

18 Аммо даъвогарон бархоста, аз он чи ман гумон доштам, ҳеҷ як айберо бар гардани ў монда натавонистанд,

19 Балки бо ў  фақат дар бораи парастиши Худои худ ва дар бораи Исо ном шахсе ки мурдааст, вале Павлус мегуфт, ки Ў зинда аст, ихтилофи ақида доштанд.

20 Чун дар ҳалли ин масъала душворӣ кашидам, ман гуфтам:’’Оё ў намехоҳад ба Ерусалим биравад, то ки муҳокимаи ў дар он ҷо ба амал ояд?’’.

21 Аммо Павлус талаб кард, ки ўро барои доварии Авғустус маҳфуз дорам, бинобар ин ман амр фармудам, ки то вақте ки ўро назди қайсар бифирсатм, ў дар ҳабс нигоҳ дошта шавад“.

22 Ағрипос ба Фестус гуфт:“Ман ҳам мехостам суханони ин шахсро бишнавам“.Дар ҷавоб гуфт:“Фардо хоҳӣ шунид“.

23 Рўзи дигар, вақте ки Ағрипос ва Бернико бо ҳашамати бузурге омада, бо мириҳазорон ва бузургони шаҳр ба маҳкама дохил шуданд, бо фармони Фестус Павлусро оварданд.

24 Фестус гуфт:“Эй подшоҳ Ағрипос ва эй ҳамаи мардумоне ки дар ин ҷо ҳузур доред! Инак, шумо ҳамон шахсеро мебинед, ки тамоми ҷамоати яҳудиён, чи дар Ерусалим ва чи дар ин ҷо, ба ман аз ў шикоят кардаанд ва фарьёд зада гуфтаанд, ки ў набояд дигар зинда бимонад;

25 Лекин ман, чун дидам, ки ў ҳеҷ кори сазовори марг накардааст ва худаш низ доварии Авғустусро талаб намуд, ба ин сабаб қарор додам, ки ўро ба он ҷо бифиристам;

26 Азбаски ҳеҷ чизи дурусте надорам, ки дар ҳаққи ў ба олиҳазрат бинависам, бинобар ин ўро назди шумо ва алалахусус назди ту, эй подшоҳ Ағрипос, овардам, то ки дар натиҷаи таҳқиқ чизе барои навиштанам пайдо кунам;

27 Зеро ба назарам хилофи ақл менамояд, ки бандиеро фиристонаму айбҳои ба гарданаш монданашударо нишон надиҳам“.

26

1 Ағрипос ба Павлус гуфт:“Ба ту иҷозат дода мешавад, ки барои ҳимояти худ сухан гўӣ“. Он гоҳ Павлус дасти худро дароз карда, барои муҳофизати худ гуфт:

2 „Эй подшоҳ Ағрипос! Барои худ камоли хушбахтӣ медонам, ки имрўз имконият дорам дар ҳузури ту худро аз ҳамаи айбҳое ки яҳудиён ба гардани ман бастаанд, муҳофизат намоям,

3 Хусусан ки ту аз ҳамаи расму таомулҳо ва ихтилофоти байни яҳудиён ба хубӣ воқиф ҳастӣ. Бинобар ин аз ту хоҳишмандам, ки ҳиммат намуда, суханони маро бишнавӣ.

4 Зиндагии маро, ки аз аввали ҷавониам онро дар миёни қавми худ ва дар Ерусалим гузарондаам, ҳамаи яҳудиён медонанд;

5 Онҳо аз рўзҳои аввал маро мешиносанд ва, агар бихоҳанд, метавонанд гувоҳӣ диҳанд, ки ман мевофиқи порсотарин тариқати мазҳаби мо фарисӣ шуда рафтор мекардам.

6 Ва ҳоло барои умед бастанам ба он ваъдае, ки Худо ба падарони мо додааст, ман муҳофизат карда мешавам,

7 Дар сурате ки дувоздаҳ сибти мо шабу рўз бо ҷидду ҷаҳд ибодат мекунанд ба умеди он ки иҷрои ҳамон ваъдаро бубинанд: аз барои ҳамин умед, эй подшоҳ Ағрипос, яҳудиён маро айбдор мекунанд.

8 Чаро ба назари шумо аз ақл берун менамояд, ки Худо мурдагонро эҳьё мекунад?

9 Оре, ман ҳам пештар барои худ воҷиб медонистам, ки бар зидди исми Исои Носирӣ ҳар чи зиёдтар амал кунам,

10 Чӣ тавре ки дар Ерусалим мекардам: аз саркоҳинон изн гирифта, бисьёр муқаддасонро дар зиндон мезндохтам, ва ҳангоме ки онҳоро мекуштанд, бар зиддашон фатво медодам;

11 Дар ҳамаи куништҳо ҳар дам онҳоро азоб медодам ва маҷбур мекардам, ки куфр бигўянд, ва азбаски хашму ғазабам нисбат ба онҳо пурзўр буд, ҳатто дар шаҳрҳои бегона онҳоро таъқиб менамудам.

12 Боре барои чунин амалиёт бо изн ва супориши саркоҳинон ба Димишқ мерафтам;

13 Ва инак, эй подшоҳ, дар нисфи рўз дар роҳ нуреро аз осмон дидам, ки равшантар аз офтоб буд, ва давродаври ман ва ҳамроҳонам дурахшид.

14 Ҳамаамон бар замин афтодем, ва ман овозеро шунидам, ки ба забони ибронӣ ба ман мегуфт:’’Шоул, Шоул! Барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ? Лагат заданат ба сихак душвор аст’’.

15 Ман гуфтам:’’Худовандо, Ту кистӣ?’’ Гуфт:’’Ман он Исо ҳастам, ки ту Ўро таъқиб мекунӣ;

16 Аммо бархез ва бар пои худ биист; зеро барои он ба ту зоҳир шудаам, ки туро ходим ва шоҳид таъин намоям бар он чи дидаӣ ва бар он чи ба ту ошкор хоҳам кард;

17 Ва туро раҳоӣ хоҳам дод аз дасти ин қавм ва аз дасти халқҳое ки ҳоло туро назди онҳо мефиристам,

18 То ки чашмони онҳоро воз кунӣ, ва онҳо аз зулмот ба рўшнои бароянд ва аз чанголи шайтон раҳо шуда, ба Худо руҷўъ намоянд ва ба василаи имоне ки ба Ман меоваранд, омурзиши гуноҳҳо ва насибае дар миёни муқаддасон пайдо кунанд’’.

19 Бинобар ин эй подшоҳ Ағрипос, ба рўъёи осмонӣ беимонӣ накардам,

20 Балки дар навбати аввал ба сокинони Димишқ ва Ерусалим  ва тамоми сарзамини Яҳудо ва низ ғайрияҳудиён мавъиза менамудам, ки тавба карда, ба Худо руҷўъ намоянд ва корҳое кунанд, ки сазовори тавба бошад.

21 Аз барои ҳамин маро яҳудиён дар маъбад дастгир карданд ва куштанӣ шуданд.

22 Аммо Худо ба ман ёр шуд, ва ман то имрўз зинда мондаам ва ба хурду калон шаҳодат медиҳам ва гапе намезанам ҷуз он чи анбиё ва Мусо гуфтаанд, ки бояд вуқўъ ояд,

23 Яъне Масеҳ бояд азобу уқубат кашад ва аввалин касе бошад, ки аз мурдагон эҳьё шуда, ба ин қавм ва ба халқҳо аз тулўи нур хабар расонад“.

24 Чун ў ба ин тарз худро муҳофизат мекард, Фестус бо овози баланд гуфт:“Эй Павлус, ту аз ақл бегона шудаӣ! Дониши бисьёр туро девона кардааст“.

25 Гуфт:“Эй Фестуси мўҳтарам, ман аз ақл бегона нашудаам, балки суханони ҳақиқатро бо ақли солим баён менамоям:

26 Зеро подшоҳе ки дар ҳузураш далерона сухан меронам, аз ин воқиф аст; ман яқин дорам, ки чизе дар ин бора аз ў пўшида нест, зеро ки ин дар хилватгоҳе воқеъ нашудааст;

27 Эй подшоҳ Ағрипос, оё ба анбиё имон дорӣ? Медонам, ки имон дорӣ“.

28 Ағрипос ба Павлус гуфт:“Кам мондааст маро тарғиб намоӣ, ки масеҳӣ шавам“.

29 Павлус гуфт:“Аз Худо мехостам, ки ба андозаи кам ё зиёд на танҳо ту, балки ҳамаи онҳое ки суханони маро мешунаванд, мисли ман гарданд, ҷуз аз ин занҷирҳо“.

30 Чун инро гуфт, подшоҳ ва ҳоким, Бернико ва дигар касоне ки бо онҳо нишаста буданд, бархостанд.

31 Ва онсўтар рафта, ба якдигар гуфтанд:“Ин одам ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад“.

32 Ағрипос ба Фестус гуфт:“Агар ин одам доварии қайсарро талаб намекард, метавонист озод шавад“.

27

1 Ба киштии Адрамит савор шуда, ба роҳ даромадем, ки он ният дошт дар наздикии соҳили вилояти Осиё шино кунад; Ористархуси мақдунӣ аз аҳли Таслўникӣ ҳамроҳи мо буд.

2 Рўзи дигар ба Сидўн расидем; Юлиус ба Павлус илтифот намуда, иҷозат дод, ки назди дўстони худ рафта, лавозимоти сафарашро аз онҳо бигирад.

3 Аз он ҷо равона шуда, дар қарибии Қаприс гузаштем, зеро ки боди мухолиф мевазид;

4 Баҳрро дар рў ба рўи Қилиқия ва Памфилия тай намуда, ба Мирои Ликия расидем.

5 Дар он ҷо мирисади киштии Искандарияро, ки ба Итолия мерафт, пайдо карда, моро бар он савор кард.

6 Чандин рўз оҳисата-оҳисата шино карда, базўр ба Қнидўс наздик омадем, вале азбаски боди номусоид мевазид, сўи Крит ба соҳили Салмўнӣ рондем.

7 Ва бо душворӣ аз пеши он гузашта, ба мавзее расидем, ки Бандари Нек ном дошт ва ба шаҳри Ласия наздик буд.

8 Баъд аз гузаштани муддати зиёд, ки сафари баҳр акнун хатарнок шуда буд, зеро ки айёми рўзадорӣ ҳам гузашта буд, Павлус онҳоро таъкид намуда,

9 Гуфт:“Эй мардон! Мебинам, ки ин сафари мо на танҳо барои бор ва киштӣ, балки барои ҷони мо низ хеле душвор ва зарарнок хоҳад шуд“.

10 Аммо мирисад аз суханони Павлус дида, бештар ба гапи суккондор ва соҳиби киштӣ боварӣ дошт.

11 Азбаски он бандар барои зимистонгузарони мувофиқ набуд, бисьёр касон маслиҳат доданд, ки аз он ҷо бираванд, то ки, шояд, ба Финиқо расида, айёми зимистонро дар ин бандари Крит, ки рў ба самти ҷануби ғарбӣ ва шимоли ғарбӣ воқеъ аст, гузаронанд.

12 Чун боди ҷанубӣ вазид, ба гумони он ки муродашон ҳосил шуд, лангар бардошта, дар қарибии соҳили Крит равона шуданд.

13 Вале дере нагузашта, боди сахти мухолифе бархост, ки авриклидўн ном дорад,

14 Ва чунон бошиддат ба киштӣ омада зад, ки он ба муқобили бод истода натавонист, ва мо идораи киштиро аз даст дода, беихтиёр ба ҷараёни об ронда шудем.

15 Ва ба ҷазирачае ки Клавдо ном дорад, бошиддат бархўрда, қаиқи киштиро базўр нигоҳ дошта тавонистем.

16 Онро кашида бароварда, камари киштиро бо танобҳо маҳкам бастанд ва, аз тарси он ки дар ҷои пастобе фурў монанд, бодбонро фуроварданд, ва мо ҳамчунон ба ҷараёни об ронда шудем.

17 Рўзи дигар, ба сабаби пурзўр шудани тўфон, бори киштиро ба об партофтан гирифтанд.

18 Дар рўзи сеюм мо бо дастҳои худ асбобу анҷоми киштиро бароварда партофтем.

19 Чандин рўз на офтоб аён мешуд, на ситорагон; тўфони шадид як зайл давом мекард, ва дигар ҳеҷ умеде барои халосии мо набуд.

20 Азбаски муддати дуру дароз чизе нахўрда буданд, Павлус дар миёни онҳо истода гуфт:“Эй мардон! Кошки ба суханони ман даромада, аз Крит намебаромадем, ки дар он сурат аз ҳамаи ин мушкилот ва зиён амон меёфтед;

21 Акнун низ шуморо насиҳат дода, мегўям, ки қавидил бошед, чунки ҳеҷ осебе ба ҷони ҳеҷ яке аз шумо нахоҳад расид, фақат киштӣ талаф хоҳад шуд;

22 Зеро ки имшаб фариштаи Худоеро ки ман аз они Ў ҳастам ва Ўро ибодат мекунам, ба ман зоҳир шуд

23 Ва гуфт:“Эй Павлус, натарс! Ту бояд дар ҳузури қайсар ҳозир шавӣ, ва инак, Худо ҷони ҳамаи ҳамсафаронатро ба ту бахшидааст’’.

24 Бинобар ин, эй мардон, қавдил бошед, зеро ки ман ба Худо имон дорам, ва ҳамон тавре ки ба ман гуфтааст, воқеъ хоҳад шуд:

25 Лекин бар яке аз ҷазираҳо хоҳем афтод“.

26 Чун шаби чордаҳум фаро расид, ва мо ҳанўз дар баҳри Адриё ба ҳар сў ронда мешудем, дар қарибии нисфи шаб, моллоҳон пай бурданд, ки хушкие наздик аст,

27 Ва чуқурии обро чен карданд, бист қомат баромад, андаке пеш рафта, боз чен карданд, понздаҳ қомат баромад.

28 Аз бими он ки ба санглохе бахўранд, аз думи киштӣ чор лангар андохтанд ва дами субҳро мунтазир шуданд.

29 Маллоҳон мехостанд киштиро тарк кунанд, ва бо ин мақсад қаиқро ба об мефуроварданд, ба баҳонаи он ки гўё мехоҳанд лангарҳоро аз бинии киштӣ биандозанд,

30 Аммо Павлус ва мирисад ва сарбозон гуфт:“Агар инҳо дар киштӣ намонанд, шумо наҷот нахоҳед ёфт“.

31 Он гоҳ сарбозон танобҳои қаиқро буриданд, ва он афтод.

32 Пеш аз субҳидам Павлус аз ҳама хоҳиш кард, ки чизе бихўранд; ў гуфт:“Имрўз рўзи чордаҳум аст, ки шумо интизорӣ кашида, чизе нахўрдаед ва гурусна ҳастед.

33 Бинобар ин шуморо даъват менамоям, ки чизе бихўред, зеро ки саломатии ҷони шумо ба ин вобаста аст: мўе аз сари ҳеҷ яке аз шумо нахоҳад афтод“.

34 Бо ин суханон нонро гирифта, дар ҳузури ҳама Худоро шукргузорӣ кард ва онро шикаста, ба хўрдан шурўъ намуд.

35 Он гоҳ ҳама қавидил шуданд, ва онҳо низ нон хўрданд.

36 Шумораи мо дар киштӣ ҷамъ дусаду ҳафтоду шаш нафар буд.

37 Чун аз хўрок сер шуданд, гандумро ба об партофта, киштиро сабук карданд.

38 Вақте ки рўз равшан шуд, заминро нашинохтанд, лекин халиҷе диданд, ки соҳили паст дошт, ва қарор доданд, ки агар мумкин шавад, киштиро сўи он биронанд.

39 Лангарҳоро бурида, дар баҳр гузоштанд, бандҳои сукконро низ кушоданд ва бодбонро ба ҷараёни бод боло кашида, роҳи соҳилро пеш гирифтанд.

40 Ба димоғае дакка хўрданд, ва киштӣ дар ҷои пасобе фурў монд: бинии он дармонда беҳаракат истод, лекин думаш аз шиддати мавҷҳо дарҳам шикаст.

41 Сарбозон қасди куштани бандиён карданд, ки мабодо касе шинокунон гурехта наравад.

42 Лекин мирисад ки мехост Павлусро раҳо кунад, ба ин қасди онҳо монеъ шуд ва фармуд, ки аввал касоне ки шино карда метавонанд, худро дар об андохта, ба соҳил бирасанд,

43 Ва дигарон, баъзе бар тахтаҳо ва баъзе бар шикастапораҳои киштӣ аз дунболи онҳо бираванд. Ба ҳамин тарз ҳамаашон ба саломатӣ ба хушкӣ расиданд.

28

1 Вақте ки раҳо шудем, фаҳмидем, ки он ҷазира Малит ном дорад.

2 Сокинони ҷазира ба мо хеле меҳрубонӣ намуданд: азбаски борон меборид ва ҳаво хунук буд, онҳо оташ афрўхта, ҳамаамонро пазироӣ карданд.

3 Павлус як миқдор ҳезум ҷамъ карда буд, ва ҳангоме ки онро дар оташ меандохт, ба сабаби гармии оташ мори афъие берун омада, ба дасташ часпид.

4 Ҳамин ки сокинони ҷазира ҷонварро бар дасти ў овезон диданд, ба якдигар гуфтанд:“Бидуни шакку шубҳа, ин шахс қотил аст, ки бо вуҷуди аз баҳр раҳо шуданаш адолат намегузорад, ки ў зинда бимонад“.

5 Аммо ў ҷонварро дар оташ афканд ва ҳеҷ осебе надид.

6 Онҳо мунтазир буданд, ки баданаш варам мекунад ё ки ў баногоҳ афтода ҷон медиҳад; вале чун бисьёр интизорӣ кашиданд ва диданд, ки ҳеҷ офате ба ў нарасид, фикрашон дигаргун шуд, ва гуфтанд, ки ў Худое мебошад.

7 Дар наздикиҳои он мавзеъ амлоки сардори ҷазира буд, ки ў Публиюс ном дошт; ў моро ба хонаи худ оварда, се рўз бо меҳрубонӣ пазироӣ намуд.

8 Падари Публиюс гирифтори табларза ва дарди шикам шуда хобида буд, ва Павлус назди вай омад ва дастҳои худро бар вай гузошта, вайро шифо дод.

9 Баъд аз ин воқеа дигар беморони ҷазира низ омада, шифо ёфтанд,

10 Ва моро хеле иззату ҳурмат карданд, ва ҳангоме ки аз он ҷо мерафтем, моро бо лавозимоти сафар таъмин намуданд.

11 Пас аз се моҳ ба киштии Искандария, ки аломати Ҷавзо дошт ва зимистонро дар ҷазира гузаронида буд, савор шудем.

12 Ва ба Саркузо расида, дар он ҷо се рўз мондем;

13 Аз он ҷо равона шуда, ба Риғюн омадем; азбаски баъд аз як рўз боди ҷанубӣ вазид, рўзи дуюм вориди Пўтюлӣ шудем;

14 Дар он ҷо бародаронро ёфта, мувофиқи хоҳишашон ҳафт рўз назди онҳо мондем ва сонӣ роҳи Румро пеш гирифтем.

15 Бародарони он ҷо, чун аз одамони мо хабардор шуданд, то бозоргоҳи Опиюс ва меҳмонсарое ки ‘‘Се майхона’’ ном дошт, ба истиқболи мо омаданд, ва Павлус онҳоро дида, ба Худо шукргузорӣ кард ва қавидил гашт.

16 Вақте ки ба Рум расидем, мирисад бандиёнро ба сипаҳсолор супурд, аммо ба Павлус иҷозат шуд, ки бо як сарбоз, ки ўро посбонӣ мекард, дар хонаи ҷудогонае иқомат кунад.

17 Баъд аз се рўз Павлус бузургони яҳудиёнро даъват намуд, ва ҳангоме ки онҳо ҷамъ омаданд, ба онҳо гуфт:“Эй бародарон! Гарчанде ки ман ҳеҷ амале бар зидди қавм ва расму таомули падарон накардаам, маро дар Ерусалим бандӣ карда, ба дасти румиён супориданд;

18 Онҳо, баъд аз тафтиш, мехостанд маро озод кунанд, чунки ман ҳеҷ гуноҳе накардаам, ки сазовори марг бошам;

19 Аммо азбаски яҳудиён мухолифат карданд, ман маҷбур шудам доварии қайсарро талаб намоям, вале на аз барои он ки аз қавми худ шикояте кунам;

20 Ба ин сабаб ман шуморо даъват намудам, то ки бо шумо вохўрда гуфтугў кунам, зеро ки аз барои умеди Исроил бо ин занҷир баста шудаам“.

21 Ба ў гуфтанд:“Мо ҳеҷ номае дар ҳаққи ту аз Яҳудо нагирифтаем, ва аз бародароне ки ба ин ҷо омада буданд, ҳеҷ кас аз ту чизе хабар надодааст ва ё сухани баде нагуфтааст;

22 Лекин хоҳишмандем, ки фикру ақидаи туро аз худат бишнавем, зеро ба мо маълум аст, ки дар бораи ин фирқа дар ҳама ҷо ҷидол мекунанд“.

23 Рўзеро барои ў муқарар карданд, ва мардуми бисьёре назди ў ба манзилаш омаданд, ва ў аз субҳ то шом ба онҳо аз Малакути Худо шаҳодат ва шарҳ медод ва аз Тавроти Мусо ва суҳафи анбиё далелҳо дар бораи Исо меовард.

24 Баъзе аз онҳо ба суханонаш имон оварданд, вале дигарон имон наоварданд.

25 Азбаски бо якдигар мухолифат доштанд, Павлус пеш аз рафтани онҳо чунин сухане гуфт:“Рўҳулқудс ба василаи Ишаъёи набӣ ба падарони мо чӣ хуб гуфтааст:

26 ‘‘Назди ин қавм бирав ва бигў: бо гўшҳои шунаво хоҳед шунид, вале нахоҳед фаҳмид; ва бо чашмҳои бино хоҳед нигарист, вале нахоҳед дид;

27 Зеро ки дили ин қавм сахт ва гўшҳошон вазнин ва чашмҳошон баста шудааст, мабодо бо чашмҳо бубинанд ва бо гўшҳо бишнаванд ва бо дил бифаҳманд ва руҷўъ кунанд, то ки онҳоро шифо бахшам’’.

28 Пас, бидонед, ки наҷоти Худо ба ғайрияҳудиён фиристода шудааст, ва онҳо хоҳанд шунид“.

29 Чун инро гуфт, яҳудиён рафтанд, дар ҳолате ки бо якдигар бисьёр мубоҳиса мекарданд.

30 Павлус ду соли тамом дар хонаи иҷорагии худ истиқомат кард, ва ҳар киро, ки назди ў меомад, пазироӣ менамуд.

31 Ва Малакути Худоро мавъиза мекард ва бо тамоми далерӣ тариқати Исои Масеҳи Худовандро бемалол таълим медод.