1 Ва дар ибтидо Калом буд, ва Калом бо Худо буд, ва Калом Худо буд.
2 Об дар ибтидо бо Худо буд.
3 Ҳама чиз ба воситаи Ў ба вуҷуд омад, ва ҳар он чи вуҷуд ёфт, бе Ў вуҷуд наёфт.
4 Дар Ў ҳаёт буд, ва ҳаёт нури одамиён буд.
5 Ва нур дар торикӣ медурахшид, ва торикӣ онро фаро нагирифт.
6 Шахсе аз ҷониби Худо фиристода шуда буд, ки Яҳьё ном дошт.
7 Вай барои шоҳидӣ омад, ки бар нур шаҳодат диҳад, то ки ҳама ба воситаи вай имон оваранд.
8 Вай он Нур набуд, балки омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад.
9 Он Нури ҳақиқӣ, ки ҳар одамро мунаввар мегардонад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.
10 Ў дар ҷаҳон буд, ва ҷаҳон ба воситаи Ў ба вуҷуд омад, ва ҷаҳон Ўро нашинохт.
11 Ў назди мансубони Худ омад, ва мансубонаш Ўро қабул накарданд.
12 Лекин онҳое ки Ўро қабул карданд ва ба исми Ў имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд.
13 Ки на аз хун, ва на аз хоҳиши ҷасм, на аз хоҳиши марде, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.
14 Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ўро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст.
15 Ва Яҳьё бар Ў шаҳодат дод, ва нидо карда, мегуфт:“Ин аст Он ки дар бораи Ў гуфтам:’’Он ки пас аз ман меояд, пеш аз ман будааст, зеро ки бар ман муқаддам буд’’„
16 Ва аз пурагии Ў ҳамаи мо файз бар файз пайдо кардем;
17 Зеро ки шариат ба воситаи Мусо ато шуд, аммо файз ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.
18 Худоро ҳаргиз касе надидааст; Писари ягонае ки дар оғўши Падар аст, Ўро зоҳир кард.
19 Ва ин аст шаҳодати Яҳьё дар вақте ки яҳудиён аз Ерусалим коҳинон ва левизодагонро фиристоданд, то аз вай пурсанд:“Ту кистӣ?“
20 Вай иқрор кард ва инкор накард, балки эътироф намуда, гуфт:“Ман Масеҳ нестам“.
21 Аз вай пурсиданд:“Пас кистӣ? Оё Ильёс ҳастӣ?“ Гуфт:“Не“.“Оё он набӣ ҳастӣ?“. Ҷавоб дод:“НЕ“.
22 Он гоҳ ба вай гуфтанд:“Пас кистӣ? То ба он касоне ки моро фиристодаанд ҷавоб диҳем: дар бораи худ чӣ мегўӣ?“.
23 Гуфт:“Ман овози нидокунандае дар биёбонам: роҳи Худовандро рост кунед, чнон ки Ишаъёи набӣ гуфтааст“.
24 Он фиристодагон аз фарисиён буданд.
25 Ва онҳо аз вай пурсиданд:“Агар ту на Масеҳа ҳастӣ, на Ильёс ва на он набӣ, пас барои чӣ таъмид медиҳӣ?“.
26 Яҳьё дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ман бо об таъмид медиҳам; лекин дар миёни шумо Касе истодаст, ки шумо Ўро намешиносед:
27 „Ў Он аст, ки пас аз ман меояд, аммо пеш аз ман будааст; ва ман сазовори он нестам, ки даволи пойафзоли Ўро воз кунам“.
28 Ин дар Байт-Абора, ки он тарафи Ўрдон аст, дар ҷое ки Яҳьё таъмид медод, воқеъ шуд.
29 Фардои он, Яҳьё Исоро дид, ки ба ҷониби вай меояд, ва гуфт:“Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад;
30 Ин аст Он ки ман дар бораи Ў гуфтам, ки:’’Пас аз ман Марде меояд, ки пеш аз ман будааст, зеро ки Ў бар ман муқадам буд’’;
31 Ман Ўро намешинохтам; лекин барои он ки Ў ба Исроил зоҳир гардад, омадам ва бо об таъмид медодам“.
32 Ва Яҳьё шаҳодат дода гуфт:“Ман Рўҳро дидам, ки чун кабўтаре аз осмон нозил шуда, бар Ў қарор гирифт;
33 Ман Ўро намешинохтам; лекин Он ки маро фиристод, то бо об таъмид диҳам, ба ман гуфт:’’Ба ҳар кас бубинӣ, ки Рўҳ нозил шуда, бар Ў қарор гирифт, Ў Ҳамон аст, ки бо Рўҳулқудс таъмид медиҳад’’.
34 Ва ман дида, шаҳодат додам, ки Ў Писари Худост“.
35 Фардои он, боз Яҳьё бо ду шогирди худ истода буд.
36 Чун дид, ки Исо аз он ҷо мегузарад, гуфт:“Инак, Барраи Худо“.
37 Он ду шогирд суханони вайро шунида, аз паи Исо равона шуданд.
38 Исо ба ақиб нигоҳ карда, дид, ки онҳо меоянд, гуфт:“Чӣ мехоҳед?“ ба Ў гуфтанд:“Раббӣ“, яъне:“эй Устод, дар куҷо истиқомат дорӣ?“
39 Ў гуфт:“Биёед ва бубинед“. Онҳо омаданд ва диданд, ки дар куҷо истиқомат дорад, ва он рўз назди Ў бимонданд. Тақрибан соати даҳум буд.
40 Яке аз он ду нафар, ки сухани Яҳьёро шунида, аз паи Ў омада буд, Андриёс, бародари Шимъўни Петрус буд.
41 Вай аввал бародари худ Шимъўнро ёфта, гуфт:“Мо Масеҳро, яъне Христосро ёфтем“.
42 Вайро назди Исо овард. Исо ба вай нигариста, гуфт:“Ту Шимъўн, писари Юнус ҳастӣ; акнун номат Кифо хоҳад шуд, ки маънояш Петрус аст“.
43 Фардои он, Исо хост ба Ҷалил равад, ва Филиппусро ёфта, гуфт:“Аз ақиби Ман биё“.
44 Филиппус аз Байд-Сайдо, ҳамшаҳрии Яндриёс ва Петрус буд.
45 Филиппус Натанъилро ёфта, гуфт:“Мо Он касеро, ки Мусо дар бораи Ў дар Таврот навиштааст, ва анбиё зикр кардаанд, ёфтаем, ки Исо, писари Юсуф, аз Носира аст“.
46 Вале Натанъил ба вай гуфт:“Магар мумкин аст, ки аз Носира чизи некўе пайдо шавад“„. Филиппус ба вай гуфт:“Биё ва бубин“.
47 Исо чун дид, ки Натанъил сўи Ў меояд, дар бораи вай гуфт:“Инак, исроилии ҳақиқӣ, ки дар вай макре нест“.
48 Натанъил ба Ў гуфт:“Маро аз куҷо мешиносӣ?“ Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Паш аз он ки Филиппус туро дъват кунад, ҳангоме ки дар зери дарахти анҷир будӣ, Ман туро дидам“.
49 Натанъил дар ҷавоби Ў гуфт:“Эй Устод! Ту Писари Худоӣ, Ту Подшоҳи исроил ҳастӣ“.
50 Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Ту имон овардӣ, зеро ба ту гуфтамд, ки:’’Ман туро дар зери дарахти анҷир дидам’’; чизҳои бузургтар аз ин хоҳӣ дид“.
51 Ва ба вай гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: минбаъд осмонро кушода ва фриштагони Худоро, ки бар Писари Одам сууд ва нузул мекунанд, хоҳед дид“.
1 Дар рўзи сеюм дар Қонои Ҷалил тўи арўсӣ буд, ва модри Исо дар он ҷо буд.
2 Исо ва шогирдонашро низ ба тўй даъват карда буданд.
3 Чун шароб камӣ кард, модари Исо ба Ў гуфт:“Шароб надоранд“.
4 Исо ба вай гуфт:“Туро бо Ман чӣ кор аст, эй зан? Соати Ман ҳанўз нарасидаст“.
5 Модараш ба хизматгорон гуфт:“Ҳар чи Ў ба шумо гўяд, ба ҷо оваред“.
6 Дар он ҷо, мувифиқи оини татҳири яҳудиён, шаш кўзаи сангин истода буд, ки ғунҷоиши ҳар яке ду ё се бат буд.
7 Исо ба онҳо гуфт:“Зарфҳоро аз об пур кунед“. Ва онҳоро лабрез карданд.
8 Ва гуфт:“Акнун кашида, ба сардори базм баред“. Ва онҳо бурданд.
9 Чун сардор оби ба шароб мубадалшударо чашид ва надонист, ки аз куҷост, зеро фақат хизматгороне ки обро кашида буданд, медонистанд, ва сардор домодро хонда,
10 Ба вай гуфт:“Ҳар кас аввал шароби хубро медиҳад, ва чун маст шуданд, бадашро меоварад, лекин ту шароби хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ“.
11 Ин ибтидои мўъҷизоте ки Исо дар Қонои Ҷалил нишон дода, ҷалоли Худро зоҳир кард, ва шогирдонаш ба Ў имон оварданд.
12 Пас аз он Ў бо модараш, бародаронаш ва шогирдонаш ба Кафарнаҳум омаданд, ва дар он ҷо айёми каме монданд.
13 Ва чун иди фисҳи яҳудиён наздик буд, Исо ба Ерусалим рафт.
14 Ва дид, ки дар маъбад фурўшандагони гову гўсфанду кабўтар ва саррофон нишастаанд.
15 Ва тозиёнае аз арғамчин сохта, ҳамаро бо гову гўсфандон аз маъбад пеш кард, ва тангаҳои саррофонро пошида, мизҳошонро чаппа кард;
16 Ва ба кафтарфурўшон гуфт:“Инҳоро аз инҷо гирифта баред ва хонаи Падари Маро хонаи савдогарӣ насозед“.
17 Ва шогирдони Ў ба хотир оварданд, ки навишта шудаст:“Рашки хонаи Ту Маро хўрдааст“.
18 Он гоҳ яҳудиён ба Ў рў оварда, гуфтанд:“Ба мо чӣ аломате нишон медиҳӣ, ки ин корҳоро мекунӣ?“.
19 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ин маъбадро вайрон кунед, ва дар се рўз Ман онро барпо хоҳам кард“.
20 Яҳудиён гуфтанд:“Ин маъбадро дар зарфи чулушаш сол бино кардаанд, ва Ту онро дар се рўз барпо мекунӣ?“.
21 Лекин Ў дар бораи маъбади Бадани Худ сухан мегуфт.
22 Вақте ки Ў аз мурдагон эҳьё шуд, шогирдонаш ба хотир оварданд, ки Ў инро ба онҳо гуфта буд, ва ба Навиштаҳо ва ба суханоне ки Исо гуфта буд, имон оварданд.
23 Ва ҳангоме ки дар иди фисҳ дар Ерусалим буд, бисьёр касон мўъҷизотеро, ки Ў нишон медод, дида, ба исми Ў имон оварданд.
24 Лекин Исо ба онҳо эътимод накард, зеро ки ҳамаро мешинохт,
25 Ва эҳтиёҷ надошт, ки касее дар бораи инсон шаҳодат диҳад, зеро ки он чи дар инсон аст, Худ медонист.
1 Дар байни фарисиён шахсе ки Ниқўдимус номдошт, аз сардори яҳудиён буд,
2 Вай шабона назди Исо омада, гуфт:“Эй Устод! Мо медонем, ки Ту Устоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадаӣ. Зеро мўъҷизотеро, ки Ту нишон медиҳи, ҳеҷ кас наметавонад нишон диҳад, ҷуз ин ки Худо бо вай бошад“.
3 Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегўям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад“.
4 Ниқўдимус ба Ў гуфт:“Чӣ гуна мумкин аст, ки одаме ки пир шуда бошад, таваллуд ёбад? Оё метавонад боз ба шиками модараш баргашта, таваллуд ёбад?“.
5 Исо ҷавоб дод:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегўям: кас агар аз об ва Рўҳ таваллуд наёбад, ба Малакути Худо даромада наметавонад:
6 Он чи аз ҷасм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз рўҳ таваллуд меёбад, Рўҳ аст.
7 Аз он чи ба ту гуфтам, тааҷҷуб накун: бояд шумо аз олами боло таваллуд ёбед.
8 Бод ҳар ҷо ки хоҳад мевазад, ту овози онро мешунавӣ, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳолати ҳар кӣ аз Рўҳ таваллуд ёфта бошад“.
9 Ниқўдимус дар ҷавоби Ў гуфт:“Чӣ тавр мумкин аст, ки чунин шавад?“
10 Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Ту ки як устоди Исроил ҳастӣ, инҳоро намедонӣ?“
11 „Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегўям: Мо аз о чи медонем, сухан мегўем ва бар он чи дидаем, шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед;
12 Вақте ки ба шумо аз чизҳои заминӣ сухан гуфтам, бовар накардед, пас ҳар гоҳ аз чизҳои осмонӣ сухан ронам, чӣ сон имон хоҳед овард?
13 Ҳеҷ кас ба осмон сууд накардааст, магар фақат Он ки аз осмон нузул кардааст, яъне ки Писари Одам, ки ҷояш дар осмон аст;
14 Ва чунон ки Мусо дар биёбон морро боло бардошт, Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад,
15 То ҳар кӣ ба Ў имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.
16 Зеро Худо ҷаҳонро чунон дўст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ў имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.
17 Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки ҷаҳон ба воситаи Ў наҷот ёбад.
18 Ҳар кӣ ба Ў имон варад, маҳкум намешавад, лекин ҳар кӣ имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон овардааст.
19 Ва ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад; вале мардум торикиро аз рўшноӣ бештар дўст доштанд, чунки аъмоли онҳо бад аст.
20 Зеро ҳар киро кирдор бад бошад, аз рўшноӣ нафрат дорад ва пеши рўшноӣ намеояд, то ки яъмолаш ошкор нашавад;
21 Лекин ҳар кӣ росткор аст, пеши рўшноӣ меояд, то ошкор бошад, ки аъмолаш ба василаи Худо содир шудааст“.
22 Пас аз он Исо бо шогирдонаш ба замини яҳудо омад ва дар он ҷо бо онҳо сокин шуда таъмид медод.
23 Ва Яҳьё низ дар Энўн, ки дар наздикии Солим аст, таъмид медод, чунки дар он ҷо об бисьёр буд, ва мардум омада, таъмид меёфтанд.
24 Зеро ки Яҳьё ҳанўз дар зиндон андохта нашуд буд.
25 Ва дар байни шогирдони Яҳьё ва яҳудиён дар масъалаи татҳир баҳсу мунозира рўй дод;
26 Ва назди Яҳьё омада, гутанд:“Эй устод! Он Касе ки дар он тарафи Ўрдун бо ту буд, ва ту дар ҳққи Ў шаҳодат дода будӣ, ҳоло таъмид медиҳад, ва ҳама назди Ў меоянд“.
27 Яҳьё Дар ҷавоб гуфт:“Кас наметавонад чизе ба зиммаи худ бигирад, магар ин ки аз осмон ба вай дода шавад.
28 Шумо худ шоҳидони ман ҳастед, ки гуфтам:’’Ман Масеҳ нестам, балки фақат пешопеши Ў фиристода шудаам’’.
29 Касе ки арўс дорад, домод аст; аммо дўсти домод, ки истода, ба овози вай гўш медиҳад, аз шунидани овози домод бисьёр шод мегардад: ҳамин шодии ман акнун комил шудааст;
30 Ў бояд нашъунамо ёбад, ва ман завол ёбам.
31 Он ки аз боло меояд, аз ҳама болотар аст; ва он ки аз замин аст, заминӣ бошад ва чун заминӣ сухан гўяд; Он ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст.
32 Ва он чи дидааст ва шунидааст, бар он шаҳодат медиҳад, ва ҳеҷ кас шаҳодати Ўро қабул намекунад.
33 Ва касе ки шаҳодати Ўро қабул кард, тасдиқ кардааст, ки Худо рост аст.
34 Зеро Он Касе ки Худо фиристод, каломи Худоро мегўяд; зеро Худо рўҳро бамизон ато намекунад.
35 Падар Писарро дўст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ў додааст.
36 Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад. Ва ҳар кӣ ба Писар имон наоварад, ҳаётро нахоҳад дид, балки ғазаби Худо бар вай мемонад“.
1 Чун Исои Худованд дарьёфт, ки ба гўши фарисиён овозае расидааст, ки Ў назар ба Яҳьё, бештар шогирдон пайдо мекунад ва таъмид медиҳад,
2 Гарчанде ки Худи Исо не, балки шогирдонаш таъмид медоданд,
3 Яҳудоро тарк карда, боз ба Ҷалил рафт.
4 Ва Ўро лозим буд аз Сомария гузашта равад.
5 Пас ба яке аз шаҳрҳои Сомария омад, ки Сухар ном дошта, дар наздикии қитъаи замине буд, ки Яъқуб ба писари худ Юсуф дода, буд;
6 Ва дар он ҷо чоҳи Яъқуб буд, ва Исо аз сафар монда шуда, бар сари он чоҳ нишаст, ва тақрибан соати шашум буд,
7 Ки зане аз сомариён барои об кашидан омад. Исо ба вай гуфт:“Ба Ман барои нўшидан об деҳ“.
8 Зеро ки шогирдонаш барои харидани хўрок ба шаҳр рафта буданд.
9 Зани сомарӣ ба Ў гуфт:“Чӣ тавр Ту, ки яҳуди ҳастӣ аз ман об мехоҳӣ, дар сурате ки ман зани сомариам? Зеро ки яҳудиён бо сомариён муошират надоранд“.
10 Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Агар атои Худоро медонистӣ, ва кист, ки ба ту мегўяд:’’Ба Ман барои нўшидан об деҳ’’, ҳоло худат аз Ў хоҳиш мекардӣ, ва Ў ба ту оби ҳаёт медод“.
11 Зан ба Ў гуфт:“Эй Оғо! Ту зарфе надорӣ, ки об кашӣ, ва чоҳ чуқур аст, пас, аз куҷо оби ҳаёт дорӣ?
12 Магар Ту аз падари мо Яъқуб бузургтар ҳастӣ, ки ин чоҳро ба мо дод, ва худаш ва фарзандонаш ва чорвояш аз он менўшиданд?“.
13 Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Ҳар кӣ аз ин об нўшад, боз ташна мемонад;
14 Лекин ҳар кӣ аз обе ки Ман ба вай медиҳам, нўшад, абадан ташна намемонад, балки обе ки Ман ба вай медиҳам, дар вай чашмаи обе гардад, ки то ҳаёти ҷовидонӣ меҷўшад“.
15 Зан ба Ў гуфт:“эй оғо! ба ман аз он об деҳ, то ки дигар ташна намонам ва ба ин ҷо барои об кашидан наоям“.
16 Исо ба вай гуфт:“Бирав, ва шавҳаратро бихон, ва ба ин ҷо биё“.
17 Зан дар ҷавоб гуфт:“Ман шавҳар надорам“. Исо ба вай гуфт:“Ту рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ;
18 Зеро ки панҷ шавҳар доштӣ, ва касе ки алҳол дорӣ, шавҳари ту нест; ин суханат рост аст“.
19 Зан ба Ў гуфт:“Эй оғо! Мебинам, ки Ту набӣ ҳастӣ;
20 Падарони мо дар болои ин кўҳ парастиш мекарданд, вале шумо мегўед, ки ҷое ки дар он бояд парастиш кард, дар Ерусалим мебошад“.
21 Исо ба вай гуфт:“Эй зан! Ба Ман бовар кун, соате мерасад, ки на дар болои ин кўҳ, ва на дар Ерусалим Падарро парастиш хоҳед кард;
22 Шумо он чиро, ки намедонед, парастиш мекунед, вале мо он чиро, ки медонем, парастиш мекунем, зеро ки наҷот аз яҳудиён аст;
23 Лекин соате мерасад, ва аллакай расидааст, ки парастандагони ҳақиқӣ Падарро ба рўҳ ва ростӣ парастиш хоҳанд кард, зеро ки Падар толиби ин гуна парастандагони Худ мебошад:
24 Худо Рўҳ аст, ва онҳое ки Ўро парастиш мекунанд, бояд бо рўҳ ва ростӣ парастиш кунанд“.
25 Зан ба Ў гуфт:“Медонам, ки Христос, яъне Масеҳ меояд: чун Ў ояд, аз ҳар чиз ба мо хабар хоҳад дод“.
26 Исо ба вай гуфт:“Ман, ки бо ту сухан мегўям, Ҳамонам“.
27 Дар ҳамин вақт шогирдонаш омада, тааҷҷуб карданд, ки Ў бо зане гуфтугў мекунад; лекин ҳеҷ кас нагуфт, ки:’’Чӣ металабӣ?’’ ё ки:’’Барои чӣ бо вай ҳарф мезанӣ?’’
28 Зам кўзаи худро монда, ба шаҳр рафт ва ба мардум гуфт:
29 „Биёед ва Касеро бубинед, ки ҳар он чи кардаам, ба ман гуфт; оё Ў Масеҳ нест?“
30 Онҳо аз шаҳр берун шуда, назди Ў меомаданд.
31 Дар ин миён шогирдон аз Ў илтимос карда, гуфтанд:“Эй Устод! Бихўр!“
32 Ба онҳо гуфт:“Ман ғизое дорам, ки бихўрам, ва шумо онро намедонед“.
33 Шогирдон ба якдигар гуфтанд:“Магар касе ба Ў хўраданӣ овардааст?“
34 Исо ба онҳо гуфт:“Ғизои Ман ин аст, ки иродаи Фиристодаи Худро ба ҷо оварам ва кори Ўро ба анҷом расонам.
35 Оё шумо намегўед, ки боз чор моҳ мондааст, ва дарав фаро хоҳад расид? Инак, Ман ба шумо мегўям: чашмони худро боло карда, киштзорро бубинед, ки барои дарав сафед шудааст.
36 Даравгар музди худро мегирад ва маҳсулеро барои ҳаёти ҷовидонӣ ҷамъ мекунад, то ки коранда ва даравгар бо ҳам шодӣ кунанд;
37 Зеро ки дар ин маврид чунин сухан ҳаққонист, ки:’’Яке мекорад ва дигаре дарав мекунад’’.
38 Ман шуморо барои даравидани маҳсуле фиристодаам, ки барои он шумо меҳнат накардаед: дигарон меҳнат карданд, ва шумо дар меҳнати онҳо дохил шудаед“.
39 Ва аз рўи каломи он зан, ки шаҳодат дода буд:“Ҳарон чи кардаам, Ў ба ман гуфт“, аз он шаҳр бисьёр сомариён ба Ў имон оварданд.
40 Бинобар ин, чун сомариён пеши Ў омаданд, аз Ў хоҳиш карданд, ки назди онҳо бимонад; ва Ў ду рўз назди онҳомонд.
41 Ва боз бисьёре аз рўи каломи Ў имон оварданд.
42 Ва ба он зан гуфтанд:“Пас аз ин имони мо аз рўи сухани ту нест, зеро ки худамон шунидем ва донистем, ки Ў дар ҳақиқат Наҷотдиҳанди олам аст, яъне Масеҳ аст“.
43 Пас аз ду рўз Ў аз он ҷо берун омада, ба Ҷалил равона шуд;
44 Зеро Худи Исо шаҳодат додааст, ки пайғамбар дар зодгоҳи худ беқадр аст.
45 Чун Ў ба Ҷалил омад, аҳли Ҷалил Ўро пазируфтанд, зеро ки он чи дар Ерусалим дар ид карда буд, дида буданд, чунки онҳо низ ба ид рафта буданд.
46 Ва Исо бори дигар ба Қонои Ҷаил омад, ки дар он ҷо обро шароб гардонда буд. Ва шахсе аз дарбориён буд, ки писараш дар Кафарнаҳум бемор буд.
47 Чун шунид, ки Исо аз Яҳудо ба Ҷалил омадааст, назди Ў рафта, илтимос кард, ки писарашро шифо диҳад, ки вай дар дами марг аст.
48 Исо ба вай гуфт:“Агар аломот ва мўъҷизоте набинед, имон намеоваред“.
49 Дарборӣ ба Ў гуфт:“Эй Оғо! Пеш аз он ки писарам бимирад, биё“.
50 Исо ба вай гуфт:“Бирав писарат зинда аст“.Вай ба суханоне ки Исо гуфт, имон оварда, равона шуд.
51 Ва ҳангоме ки мерафт, навкаронаш вайро пешвоз гирифтанд, ва мужда дода, гуфтанд:“Писарат зинда аст“.
52 Аз онҳо пурсид:“Дар кадом соат аҳволаш беҳтар шуд?“ Ба вай гуфтанд:“Дирўз дар соати ҳафтум табларза вайри тарк кард“.
53 Ва падар донист, ки ин ҳамон соате буд, ки исо ба вай гуфт:“Писарат зинда аст“. Ва худаш ва тамоми аҳли байташ имон оварданд.
54 Ин мўъҷизаи дуюм буд, ки Исо баъд аз омаданаш аз Яҳудо ба Ҷалил нишон дод.
1 Пас аз он яҳудиёнро иде буд, ва Исо ба Ерусалим омад.
2 Дар Ерусалим дар назди дарвозаи Меш ҳавзе ҳаст, ки ба ибронӣ Байт-Ҳасдо мегўянд, ва он ҷо панҷ равоқ дорад:
3 Дар он ҷо шумораи зиёди беморон, кўрон, лангон ва шалон хобида, мунтазири ҳаракати об буданд;
4 Зеро фариштаи Худо вақт-вақт ба ҳавз фуромада, обро ҳаракат медод, ва ҳар кӣ дар аснои ҳаракати об аввал ба ҳавз дарояд, аз ҳар касалие ки дошт, шифо меёфт.
5 Ва касе дар он ҷо буд, ки сию ҳашт сол боз гирифтори беморӣ буд.
6 Чун Исо вайро хобида дид ва донист, ки муддати дарозе бемор аст, ба ай гуфт:“Оё мехоҳӣ шифо ёбӣ?“
7 Бемор ҷавоб дод:“Эй оғо! Касе надорам, ки чун об ба ҳаракат ояд, маро ба ҳавз андозад; пеш аз он ки ман оям, дигаре худро ба ҳавз меандозад“.
8 Исо ба вай гуфт:“Бархез, бистаратро бардор ва бирав“.
9 Ҳамон дам бемор шифо ёфт ва бистарашро бардошта, ба роҳ доромад. Он рўз рўзи шанбе буд.
10 Яҳудиён ба касе ки шифо ёфта буд, гуфтанд:“Имрўз шанбе аст, ва ҷоиз нест, ки бистари худро бардорӣ“.
11 Вай дар ҷавоби онҳо гуфт:“Он Кас, ки маро шифо дод, ба ман гуфт:’’Бистаратро бардор ва бирав’’„.
12 Аз вай пурсиданд:“Кист Он Кас, ки ба ту гуфт:’’Бистаратро бардор ва бирав’’?“.
13 Лекин он ки шифо ёфта буд, намедонист, ки Ў кист; зеро ки дар он ҷо издиҳоми калоне буд, ва Исо нопадид шуда рафт.
14 Пас аз он Исо вайро дар маъбад ёфта, гуфт:“Инак, шидо ёфтаӣ; дигар гуноҳе накун, то ки ба вазъияти бадтаре дучор нашавӣ“.
15 Он мард рафта, ба яҳудиён гуфт, ки шифодиҳандаи ман Исо мебошад.
16 Аз ин сабаб яҳудиён Исоро таъқиб мекарданд ва Ўро мехостанд ба қатл расонанд, зеро ки ин корро дар рўзи шанбе карда буд.
17 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Падари Ман кунун кор мекунад, ва Ман низ кор мекунам“.
18 Аз ин сабаб бештар қасд карданд, ки Ўро ба қатл расонанд, зеро ки натанҳо шанберо риоят намекард, балки Худоро низ Падари Худ гуфта, Худро бо Худо баробар медонист.
19 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям:Писар наметавонад аз Худ чизе ба амал оварад, магар он чи бубинад, ки Падар ба амал меоварад: зеро ки чи Ў мекунад, Писар низ мекунад.
20 Зеро ки Падар Писарро дўст медорад ва ҳар он чи Худаш мекунад, ба Писар нишон медиҳад; ва корҳои бузургтар аз ин ҳам ба Ў нишон хоҳад дод, то ки шумо тааҷҷуб намоед.
21 Зеро, ҳамчунон Падар мурдагонро эҳьё мекунад ва зинда мегардонад, Писар низ он чунон ҳар киро, ки хоҳад зинда мегардонад.
22 Зеро ки Падар ба ҳеҷ кас доварӣ намекунад, балки тамоми довариро ба Писар супоридааст,
23 То ки ҳама Писаро эҳтиром кунанд, ончунон ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе ки Писарро эҳтиром накунад, Падарро, ки Фиристодаи Ўст, эҳтиром накардааст.
24 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ каломи Маро бишнавад ва а Фиристодаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст.
25 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: соате мерасад, ва аллакай раасидааст, ки мурдагон овози Писари Худоро мешунаванд, ва ҳар кӣ бишнавад, зинда гардад.
26 Зеро, ҳамчунон ки Падар дар Худ ҳаёт дорад, ба Писар низ ончунон ато кардааст, ки дар Худ ҳаёт дошта бошад;
27 Ва ба Ў қудрат бахшидааст, ки доварӣ кунад, зеро ки Ў Писари Одам аст“.
28 Ва аз ин тааҷҷуб накунед: зеро ки соате мерасад, ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози Ўро хоҳанд шунид,
29 Ва берун хоҳанд омад -некўкорон барои қиёмати ҳаёт ва бадкорон барои қиёмати доварӣ.
30 Ман аз Худ чизе ба амал оварда наметавонам. Ончунон ки мешунавам, доварӣ мекунам, ва доварии Ман одил аст, зеро ки толиби иродаи Худ не, балки иродаи Падаре ҳастам, ки маро фиристодааст.
31 Агар Ман бар Худ шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман рост нест:
32 „Дигаре ҳаст, ки бар Ман шаҳодат медиҳад, ва Ман медонам, ки шаҳодте ки вай бар Ман медиҳад рост аст;
33 Шумо назди Яҳьё фиристодед; вай ба ростӣ шаҳодат дод.
34 Аммо Ман шаҳодати одамро қабул намекунам, вале ин суханонро мегўям, то ки шумо наҷот ёбед.
35 Вай чароғе буд, ки месўхт ва медурахшид; ва шумо хостед, ки соате дар нури вай шодӣ кунед.
36 Лекин Ман шаҳодате дорам, ки аз шаҳодати Яҳьё бузургтар аст: зеро корҳое ки Падар ба Ман ато кардааст, то анҷом диҳам, яъне ин корҳое ки Ман мекунам, бар Ман шаҳодат медиҳанд, ки Падар Маро фиристодааст.
37 Ва Худи Падар, ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат додааст, ва шумо ҳаргиз на овози Ўро шунидаед ва на сурати Ўро дидаед,
38 Ва каломи Ў дар дилҳои шумо ҷой надорад, чунки шумо ба Он Касе ки Ў фиристодааст, имон намеоваред.
39 Шумо навиштаҳоро тадқиқ мекунед, зеро гумон доред, ки ба воситаи онҳо ҳаёти ҷовидонӣ пайдо кунед, вале онҳо бар Ман шаҳодат медиҳанд.
40 Ва шумо намехоҳед назди Ман биёед, то ки ҳаёти ёбед.
41 Ҷалолро аз мардум қабул намекунам.
42 Лекин шуморо мешиносам: дар дили худ муҳаббати Худоро надоред.
43 Ман ба исми Падари Худ омадаам, ва Маро қабул намекунед, ва агар дигаре ба исми худаш биёяд, вайро қабл хоҳед кард.
44 Шумо чӣ тавр метавонед имон оваред, дар сурате ки ҷалол аз якдигар металабед, лекин ҷалолеро, ки аз Худои ягона аст, толиб неастед?
45 Гумон накунед, ки Ман назди падар бар шумо даъвое хоҳам кард: даъвогар бар шумо Мусо мебошад, ки ба вай умед бастаед.
46 Зеро ки агар шумо ба Мусо имон медоштед, ба Ман ҳам имон меовардед, чунки вай дар бораи Ман навиштааст.
47 Модоме ки шумон ба навиштаҳои вай имон надоред, ба суханони Ман чӣ гуна имон хоҳед овард?“.
1 Пас аз он Исо ба он тарафи баҳри Ҷалил, ё баҳри Табария раҳсипор шуд;
2 Ва мардуми бисьёре аз ақиби Ў равона шуданд, зеро он мўъҷизотеро, ки ба беморон нишон медод, медиданд.
3 Исо ба кўҳе баромада, бо шогирдони Худ дар он ҷо нишаст.
4 Иди фисҳи яҳудиён наздик буд.
5 Исо чашм андохта, дид, ки мардуми бисьёре назди Ў меоянд, ва ба Филиппус гуфт:“Аз куҷо нон бихарем, ки инҳо бихўранд?“
6 Лекин инро барои озмоиш ба вай гуфт; зеро Худ медонист, чӣ бояд кард.
7 Филиппус дар ҷавоби Ў гуфт:“Дусад динор барои онҳо кифоят намекунад, то ки ҳар яке андаке нон бихўранд“.
8 Яке аз шогирдонаш, Андриёс, бародари Шимъўни Петрус, ба Ў гуфт:
9 „Дар ин ҷо писаре ҳаст, ки панҷ нони ҷав ва ду моҳӣ дорад; лекин барои ин қадар одам чӣ мешавад?“
10 Исо гуфт:“Мардумро шинонед“. Дар он ҷо сабза бисьёр буд, ва мардум, ки қариб панҷ ҳазор мард буданд, нишастанд.
11 Исо нонҳоро гирифта, баракат дод ва пора карда ба шогирдон дод, ва шогирдон ба нишастагон доданд, ва ҳамчунин аз моҳиҳо низ ба қадре ки хостанд.
12 Ва чун сер шуданд, Исо ба шогирдон гуфт:“Пораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, то ки чизе талаф нашавад“.
13 Ва ҷамъ карда, аз пораҳои панҷ нони ҷав, ки аз хўрандагон зиёдатӣ монда буд, дувоздаҳ сабадро пур карданд.
14 Вақте ки мардум ин мўъҷизаро, ки Исо нишон дод, диданд, гуфтанд:“Ин ҳақиқатан он Пайғамбар аст, ки бояд ба ҷаҳон биёяд“.
15 Лекин Исо чун дарьёфт, ки мехоҳанд омада, Ўро ба зўрӣ баранд ва подшоҳ кунанд, боз танҳо ба кўҳ баромад.
16 Шомгоҳон шогирдонаш ба лаби баҳр фуромаданд.
17 Ва ба қаиқ савор шуда, ба он тарафи баҳр, сўи Кафарнаҳум равона шуданд. Ва ҳаво торик шуд, ва Исо назди онҳо наомада буд.
18 Ва боди шадиде вазида, баҳр ба талотум омад.
19 Вақте ки ба дурии тақриба бисту панҷ ё сӣ стадия қаиқ ронда буданд, Исоро диданд, ки бар баҳр қадам зада, ба қаиқ наздик меояд, ва ҳаросон шуданд.
20 Лекин Ў ба онҳо гуфт:“Ин Манам, натарсед“.
21 Онҳо мехостанд Ўро ба қаиқ дароваранд; ҳамон дам қаиқ ба соҳиле ки сўи он равона буданд, расид.
22 Фардои он, мардуме ки дар он тарафи баҳр истода буданд, диданд, ки дар он ҷо ҳеҷ қаиқе набуд, ҷуз он ки шогирдони Ў дохили он шуда буданд, ва Исо бо шогирдони Худ ба он надаромада буд, балки шогирдонаш танҳо рафта буданд;
23 Лекин қаиқҳои дигаре ки аз Табария наздики ҳамон ҷое ки пас аз баракат додани Худованд нон хўрада буданд, расиданд;
24 Ва чун мардум диданд, ки Исо ва шогирдонаш дар он ҷо нестанд, онҳо низ ба қаиқҳо савор шуда, ба ҷустуҷўи Исо бас Кафарнаҳум омаданд.
25 Ва Ўро дар он тарафи баҳр ёфта, ба Ў гуфтанд:“Эй Устод! Кай ба ин ҷо омадӣ?“
26 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: Маро на ба сабаби мўъҷизоте ки дидед, балки ба он сабаб ҷустуҷў мекунед, ки нон хўрда, сер шудед.
27 На аз барои ғизои фонӣ, балки барои ғизое саъю кўшиш кунед, ки то ҳаёти ҷовидонӣ боқӣ монад, ва Писари Одам онро ба шумо хоҳад дод; зеро ки Худои Падар бар Ў мўҳр задааст“.
28 Ба Ў гуфтанд:“Чӣ бояд кунем, ки аъмоли писандидаи Худоро ба ҷо оварда бошем?“.
29 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Амали писандидаи Худо ин аст, ки ба Он Касе ки Ў фиристод, имон оваред“.
30 Ба Ў гуфтанд:“Пас, чӣ аломате Ту нишон медиҳӣ, то ки дида, ба Ту имон оварем? Чӣ кор мекунӣ?
31 Падарони мо дар биёбон манн хўрданд, чунон ки навишта шудааст:’’Аз осмон ба онҳо нон ато кард то бихўранд’’„.
32 Исо ба онҳо гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: Мусо нонро ба шумо аз осмон надодааст, балки Падари Ман нони ҳақиқиро ба шумо аз осмон медиҳад;
33 Зеро нони Худо Он Касест, ки аз осмон нозил шуда ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад“.
34 Он гоҳ ба Ў гуфтанд:“Эй оғо! Ҳамеша ин нонро ба мо бидеҳ“
35 Исо ба онҳо гуфт:“Ман нони ҳаёт ҳастам; касе ки назди Ман ояд, ҳаргиз гурусна нахоҳад монд, ва касе ки ба Мам имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад монд.
36 Лекин Ман ба шумо гуфтам, ки Маро низ дидаед, ва имон намеоваред.
37 Ҳар он чи Падар ба Ман ато кунад, назди Ман хоҳад омад, ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар нахоҳам ронд.
38 Зеро аз осмон нозил шудаам на аз барои он ки ба иродаи Худ амал кунам, балки ба иродаи Фиристодаи Худ.
39 Ва иродаи Падаре ки Маро фиристод, ин аст, ки аз он чи ба Ман ато шудааст, чизе талаф накунам, балки дар рўзи вопасин онро эҳьё кунам;
40 Ва иродаи Фиристодаи Ман ин аст, ки ҳар кӣ Писарро дид ва ба Ў имон овард, ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошад ва Ман дар рўзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард“.
41 Яҳудиён аз Ў шикоят карданд, зеро ки гуфта буд:“Манам он ноне ки аз осмон нозил шуд“.
42 Ва гуфтанд:“Оё ин Исои писари Юсуф нест, ки мо падару модари Ўро мешиносем? Пас чӣ тавр мегўяд, ки ‘‘Ман аз осмон нозил шудаам’’?“
43 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ба якдигар шикоят накунед:
44 „Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад; ва Ман вайро дар рўзи вопасин эҳьё хоҳам кард.
45 Дар суҳафи анбиё навишта шудааст:’’Ва ҳама аз Худо таълим хоҳанд ёфт’’. Ва ҳар кӣ аз Падар шунида ва таълим гирифта бошад, назди Ман меояд.
46 На ин ки касе Падарро дидааст, ҷуз Он ки аз ҷониби Худост: Ў Падарро дидааст.
47 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад.
48 Ман нони ҳаёт ҳастам.
49 Падарони шумо дар биёбон манн хўрданд ва мурданд;
50 Валекин ин ҷо нонест, ки аз осмон нозил шуд, то ҳар кӣ аз он бихўрад, намирад.
51 Ман ҳастам он нони зинда, ки аз осмон нозил шуд: касе ки аз ин нон бихўрад, то абад зинда хоҳад монд; ва ноне ки Ман ато мекунам, Бадани Ман аст, ки онро барои ҳаёти ҷаҳон мебахшам“.
52 Яҳудиён бо ҳамдигар мубоҳиса карда, мегуфтанд:“Чӣ тавр Ин Шахс метавонад Бадани Худро бидиҳад, то мо бихўрем?“
53 Исо ба онҳо гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: агар Бадани Писари Одамро нахўред ва Хуни Ўро нанўшед, дар худ ҳаёт надоред;
54 Ҳар кӣ Бадани Маро бихўрад ва Хуни Маро бинўшад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад, ва Ман дар рўзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард;
55 Зеро ки Бадани Ман ғизои ҳақиқст, ва Хуни Ман нўшокии ҳақиқист;
56 Ҳар кӣ Бадани Маро бихўрад ва Хуни Маро бинўшад, дар Ман мемонад, ва Ман дар вай;
57 Чунон ки Падари Ҳай Маро фиристод, ва Ман ба василаи Падар зинда ҳастам, ҳамчунин касе ки Маро бихўрад, ба василаи Ман зинда хоҳад монд;
58 Ин аст ноне ки аз осмон нозил шуд; на ончунон ки падарони шумо ки маннро хўрданд ва мурданд; ҳар кӣ ин нонро бихўрад, то абад зинда хоҳад монд“.
59 Ин суханонро, ҳангоме дар Кафарнаҳум таълим медод, дар куништ, гуфт.
60 Бисьёре аз шогирдони Ў, инро шунида, гуфтанд:“Ин сухани сахт аст; кӣ метавонад онро бишнавад?“
61 Чун Исо дар дили Худ донист, ки шогирдонаш дар ин бобат шикоят мекунанд, ба онҳо гуфт:“Оё ин шуморо ба васваса меандозад?
62 Пас агар Писари Одамро бинед, ки ба мақоми аввалааш сууд мекунад, чӣ хоҳед гуфт?
63 Рўҳ аст, ки ҳаёт мебахшад, лекин аз ҷасм фоидае нест; суханоне ки Ман ба шумо мегўям, рўҳ ва ҳаёт аст;
64 Лекин баъзе аз шумо ҳастанд, ки имон надоранд“.Зеро Исо аз ибтидо медонист, ки киҳо имон надоранд ва кӣ Ўро таслим хоҳад кард.
65 Ва гуфт:“Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки ҳеҷ кас наметавонад назди Ман биёяд, магар ин ки Падари Ман инро ба вай ато кунад“.
66 Аз он вақт бисьёре аз шогирдонаш аз Ў дур шуда, дигар Ўро пайравӣ накарданд.
67 Ва Исо ба он дувоздаҳ гуфт:“Оё шумо ҳам мехоҳед Маро тарк кунед?“
68 Шимъўни Петрус дар ҷавоби Ў гуфт:“Худовандо! Назди кӣ биравем? Суханони ҳаёти ҷовидонӣ назди Туст,
69 Ва мо имон овардаем ва донистаем, ки Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ“.
70 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Оё Ман шумо дувоздаҳро интихоб накардаам? Ва ҳол он ки яке аз шумо иблис аст“.
71 Инро Ў дар бораи Яҳудо писари Шимъўни Исқарьют гуфт, зеро вай, ки яке аз дувоздаҳ буд, мехост Ўро таслим кунад.
1 Пас аз он Исо дар Ҷалил мегашт, зеро намехост дар Яҳудо бошад, чунки яҳудиён қасди куштани Ў доштанд.
2 Ва иди яҳудиён, ки иди хаймаҳо бошад, наздик буд.
3 Пас бародаронаш ба Ў гуфтанд:“Ин ҷоро тарк карда, ба Яҳудо равона шав, то шогирдонат низ он аъмолеро ки Ту ба ҷо меоварӣ, бубинанд;
4 Зеро касе ки мехоҳад машҳур бошад, дар пинҳонӣ амал намекунад; агар Ту чунин аъмолро ба ҷо меоварӣ, Худро ба ҷаҳон бинамо“.
5 Зеро бародаронаш низ ба Ў имон наоварда буданд.
6 Исо ба онҳо гуфт:“Вақти Ман ҳанўз нарасидааст, лекин барои шумо ҳар вақт муносиб аст;
7 Ҷаҳон наметавонат ба шумо адоват дошта бошад, лекин ба Ман адоват дорад, чунки Ман бар он шаҳодат медиҳам, ки аъмолаш бад аст;
8 Шумо ба ин ид биравед, Аммо Ман ҳоло ба ин ид намерам, чунки вақти Ман ҳанўз пур нашудааст“.
9 Инро ба онҳо гуфта, дар Ҷалил монд.
10 Вақте ки бародаронаш ба ид омаданд, Ў низ омад, на ошкоро, балки пинҳонӣ.
11 Аммо яҳудиён Ўро дар ид ҷустуҷў намуда, мегутанд, ки:“Ў куҷост?“.
12 Ва дар миёни мардум дар бораи Ў гуфтугўи бисьёре буд. Баъзеҳо мегуфтанд:“Ў некўст“, аммо дигарон мегуфтанд:“Не, Ў мардумро гумроҳ мекунад“.
13 Лекин, аз тарси яҳудиён, ҳеҷ кас дар бораи Ў ошкоро сухан намегуфт.
14 Чун нисфи ид гузашт, Исо ба маъбад омада, таълим дод.
15 Ва яҳудиён дар ҳайрат афтода, гуфтанд:“Ин шахс Навиштаҳоро чӣ гуна медонад, дар сурате ки ҳаргиз таълим наёфтааст?“.
16 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Таълими Ман аз они Ман нест, балки аз они Фиристодаи Ман аст;
17 Агар касе хоҳад иродаи Ўро ба амал оварад, дар бораи ин таълим хоҳад донист, ки оё он аз Худост, ё ки Ман аз Худ сухан мегўям.
18 Ҳар кӣ аз худ сухан гўяд, ҷалоли худро меҷўяд; вале ҳар кӣ ҷалоли Фиристодаи Худро меҷўяд, Ў ҳақиқист, ва дар Ў норостӣ нест.
19 Оё Мусо ба шумо шариат надод? Ва касе аз шумо аз рўи шариат амал намекунад. Чаро мехоҳед Маро бикушед?“
20 Мардум дар ҷавоб гуфт:“Ту дев дорӣ. Кӣ мехоҳад Туро бикушад?“
21 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Як кор кардам, ва ҳамаи шумо дар ҳайрат мондед;
22 Мусо ба шумо хатнаро дод, ки он на аз Мусо, балки аз падарон буд, ва шумо писарони худро дар рўзи шанбе хатна мекунед.
23 Модме ки писаронро дар рўзи шанбе хатна мекунанд, то ки шариати Мусо вайрон нашавад, пас чаро бар Ман хашмгин мешавед, ки дар рўзи шанбе касеро шифои комил додаам?
24 Аз рўи намуди зоҳирӣ доварӣ накунед, балки аз рўи адолат доварӣ кунед“.
25 Он гоҳ баъзе аз аҳли Ерусалим гуфтанд:“Оё Ин Ҳамон Касе нест, ки Ўро мехоҳанд бикушанд?
26 Инак Ў ошкоро сухан мегўяд, ва ба Ў чизе намегўянд: оё сардорон яқин донистаанд, ки Ў дар ҳақиқат Масеҳ аст?
27 Лекин мо медонем, ки ин Шахс аз куҷост, аммо чун Масеҳ ояд, касе нахоҳад донист, ки Ў аз куҷост“.
28 Ва Исо вақте ки дар маъбад таълим медод, нодо карда гуфт:“Маро мешиносед, ва низ медонед, ки Ман аз куҷо ҳастам; ва Ман аз Худ наомадаам, вале Фиристодаи Ман ҳақиқист, ки шумо Ўро намешиносед;
29 Аммо Ман Ўро мешиносам, чунки Ман аз ҷониби Ў ҳастам, ва Ў Маро фиристодааст“.
30 Он гоҳ хостанд Ўро дастгир кунанд, вале касе даст бар Ў наандохт, чунки ҳанўз соаташ нарасида буд.
31 Лекин бисьёре аз мардум ба Ў имон оварданд ва гуфтанд:“Чун Масеҳ ояд, наход ки аз Ин Шахс бештар аломот нишон хоҳад дод?“.
32 Ва фарисиён шуниданд, ки мардум дар бораи Ў чунин мегўянд, пас фарисиён ва саркоҳинон мулозимонро фиристоданд, то ки Ўро дастгир кунанд.
33 Ва Исо гуфт:“Боз муддати каме Ман назди шумо ҳастам, пас аз он назди Фиристодаи Худ меравам;
34 Шумо Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед“.
35 Ва яҳудиён ба якдигар гуфтанд:“Ў ба куҷо мехоҳад биравад, ки мо Ўро ёфта наметавонем? Оё мехоҳад назди онҳое биравад, ки дар байни юнониён пароканда ҳастанд, ва юнониёнто таълим диҳад?
36 Чист маънои суханоне ки Ў гуфт:’’Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед?’’„.
37 Ва дар рўзи охир, ки рўзи бузурги ид буд, Исо истода, нидо карда, гуфт:“Ҳар кӣ ташна бошад, назди Ман биёяд ва бинўшад;
38 Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, чунон ки дар Навиштаҳо гуфта шудааст, аз батни вай наҳрҳои оби ҳаёт ҷорӣ хоҳад шуд“.
39 Ин суханро Ў дар бораи Рўҳ гуфт, ки ҳар кӣ ба Ў имон оварад, Онро хоҳад ёфт; зеро ки Рўҳулқудс ҳанўз ато нашуда буд, чунки Исо ҳанўз ҷалол наёфта буд.
40 Басьёре аз мардум ин сиханонро шунида гуфтанд:“Дар ҳақиқат Ин Шахс ҳамон Пайғамбар аст“.
41 Баъзеҳо гуфтанд:“Ин Масеҳ аст“ Лекин дигарон гуфтанд:“Магар Масеҳ аз Ҷалил меояд?
42 Оё дар Навиштаҳо гуфта нашудааст, ки Масеҳ аз насли Довуд ва аз Байт-Лаҳм, ки Довуд буд, бояд ояд?“
43 Ба ҳамин тариқ, дар бораи Ў дар байни мардум ихтилоф афтод.
44 Баъзе аз онҳо хостанд Ўро дастгир кунанд, лекин касе ба Ў даст наандохт.
45 Пас мулозимон назди саркоҳинон ва фарисиён баргаштанд, ва онҳо пурсиданд:“Чаро Ўро наовардед?“
46 Мулозимон ҷавоб доданд:“Касе ҳаргиз монанди Ин Шахс сухан нагуфтааст“.
47 Фарисиён ба онҳо гуфтанд:“„Оё шумо низ гумроҳ шудаед?
48 Оё касе аз сардорон ё аз фарисиён ба Ў имон овардааст?
49 Аммо ин мардуме ки шариатро намедонанд, малъун мебошанд“.
50 Ниқўдимус, ки шабона назди Ў омада буд ва яке аз онҳо буд, ба онҳо гуфт:
51 „Оё шариати мо касеро маҳкум менамояд бе он ки аввал суханашро бишнавад ва бидонад, ки вай чӣ кор кардааст?“
52 Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд:“Магар ту низ ҷалили ҳастӣ? Таҳқиқ кун ва бубин, зеро ки ҳеҷ пайғамбаре аз Ҷалил зуҳур накардааст“.
53 Пас ҳар кас ба хонаи худ рафт.
1 Лекин Исо ба кўҳи Зайтун рафт,
2 Ва бомдодон боз ба маъбад омад, ва тамоми мардум назди Ў омаданд; ва Ў нишаста онҳоро таълим медод.
3 Дар ин вақт китобдонон ва фирисиён занеро, ки дар амали зино дастгир шуда буд, назди Ў оварданд, ва дар миёна ба по ниҳода,
4 Ба Ў гуфтанд:“Устод! Ин зан дар амали зино дастгир шуд;
5 Ва Мусо дар шариат ба мо гуфтааст, ки чунин занон бояд сангсор шаванд; аммо Ту чӣ мегўӣ?“
6 Инро барои озмоиш ба Ў гуфтанд, то ки далеле ёфта, Ўро айбдор кунанд. Лекин Исо хам шуда, бо ангушташ бар рўи замин чизе менавишт.
7 Чун дар савол исрор намуданд, Ў рост шуда, ба онҳо гуфт:“Он ки аз шумо бегуноҳ аст, аввалин касе бошад, ки ба вай санг андозад“.
8 Ва боз хам шуда, бар замин навиштан гирифт.
9 Чун шуниданд, виҷдонашон нороҳат шуд, ва аз пирон сар карда, то каси охирин паси якдигар баромада рафтанд; ва Исо танҳо монд, ва зан дар миёна ба по меистод.
10 Исо чун рост шуд ва ғайр аз зан ҳеҷ касро надид, ба вай гуфт:“Эй зан! Даъвогарони ту куҷо шуданд? Оё касе туро маҳкум накард?“
11 Зан гуфт:“Ҳеҷ касе, эй оғо!“ Исо ба вай гуфт:“Ман низ туро маҳкум намекунам; бирав ва дигар гуноҳ накун“.
12 Ва Исо боз ба мардум гуфт:“Ман Нури ҷаҳон ҳастам; ҳар кӣ Маро пайравӣ кунад, дар торикӣ роҳ намепаймояд, балки нури ҳаётро ёбад“.
13 Он гоҳ фарисиён ба Ў гуфтанд:“Ту бар Худ шаҳодат медиҳӣ, шаҳодати Ту рост нест“.
14 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“гарчанде ки Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, шаҳодати Ман рост аст, зеро ки Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам; лекин шумо намедонед, ки Ман аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам;
15 Шумо аз рўи ҷисм доварӣ мекунед, вале Ман ҳеҷ касро доварӣ намекунам;
16 Ва агар Ман доварӣ кунам, доварии Ман рост аст, чунки Ман танҳо нестам, балки Падаре ки Маро фиристод, бо Ман аст;
17 Ва низ дар шариати шумо навишта шудааст, ки шаҳодати ду кас рост аст;
18 Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, ва низ Падаре ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат медиҳад“.
19 Ба Ў гуфтанд:“Падари Ту куҷост?“ Исо ҷавоб дод:“Шумо на Маро мешиносед ва на Падари Маро; агар Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед“.
20 Ин суханонро Исо дар назди ганҷина, ҳангоме ки дар маъбад таълим медод, гуфт; ва ҳеҷ кас Ўро дастгир накард, чунки соати Ў ҳанўз нарасида буд.
21 Боз Исо ба онҳо гуфт:“Ман меравам, ва шумо Маро хоҳед ҷуст, ва дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд; ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед биёед“.
22 Яҳудиён гуфтанд:“Наход ки Ў мехоҳад Худро бикушад, ки мегўяд:’’Ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед биёед’’?“.
23 Ба онҳо гуфт:“Шумо аз поин мебошед, Ман аз боло; шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, лекин Ман аз ин ҷаҳон нестам;
24 Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд; зеро агар имон наоваред, ки ин Ман ҳастам, дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд“.
25 Ба Ў гуфтанд:“Ту кистӣ?“ Исо ба онҳо гуфт:“Ҳамонам, ки аз аввал ҳам ба шумо гуфтам;
26 Ман чизҳои бисьёр дорам, ки дар ҳаққи шумо бигўям ва доварӣ кунам; лекин Фиристодаи Ман ҳақиқист, ва Ман ҳар чи аз Ў шунидаам, ба ҷаҳон мегўям“.
27 Онҳо нафаҳмиданд, ки Ў ба онҳо дар бораи Падар сухан мегўяд.
28 Исо ба онҳо гуфт:“Вақте ки Писари Одамро баланд бардоштед, хоҳед фаҳмид, ки ин Ман ҳастам, ва ҳеҷ амалро аз Худ намекунам, балки он чиро, ки Падарам ба Ман таълим дод, мегўям;
29 Фиристодаи Ман бо Ман аст; Падар Маро танҳо нагузоштааст, зеро ки Ман ҳамеша аъмоли писандидаи Ўро ба ҷо меоварам“.
30 Чун инро гуфт, бисьёр касон ба Ў имон оварданд.
31 Он гоҳ Исо ба яҳудиёне ки ба Ў имон оварданд, гуфт:“Агар шумо дар каломи Ман бимонед, ҳақиқатан шогирдони Ман хоҳед буд,
32 Ва ростиро хоҳед шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард“.
33 Ба Ў ҷавоб доданд:“Мо фарзандони Иброҳим ҳастем ва ҳеҷ гоҳ ғуломи касе набудем; пас чӣ сон Ту мегўӣ, ки’’озод хоҳед шуд’’?“.
34 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст;
35 Лекин ғулом ҳамеша дар хона намемонад; писар ҳамеша мемонад;
36 Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд“
37 Медонам, ки фарзандони Иброҳим ҳастед; лекин мехоҳед Маро бикушед, чунки каломи Ман дар шумо намеғунҷад;
38 Ман он чи назди Падари Худ дидаам, мегўям; ва шумо он чи назди падари худ дидаед, мекунед“.
39 Онҳо дар ҷавоби Ў гуфтанд:“Падри мо Иброҳим аст“. Исо ба онҳо гуфт:“Агар фарзандони Иброҳинм мебудед, аъмоли Иброҳимро ба ҷо меовардед;
40 Валекин ҳоло мехоҳед Маро бикушед, ва Ман Шахсе ҳастам, ки ростиро, ончунон ки аз Худо шунидаам, ба шумо мегўям: Иброҳим чунин коре накардааст.
41 Шумо аъмоли падари худро мекунед“. Ба Ў гуфтанд:“Мо аз зино таваллуд наёфтаед; мо як Падар дорем, ки Худо бошад“.
42 Исо ба онҳо гуфт:“Агар Худо падари шумо мебуд, Маро дўст медоштед, чунки Ман аз ҷониби Худо баромада, назди шумо омадаам; зеро ки Ман ба иродаи Худ наомадаам, балки Ў Маро фиристод.
43 Чаро каломи Маро намефаҳмед? Чунки каломи Маро наметавонед бишнавед.
44 Падари шумо иблис аст, ва шумо мехоҳед орзуҳои падари худро ба амал оваред; вай аз абтидо қотил буд ва дар ростӣ собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест; вақте ки вай сухани дурўғ мегўяд, аз они худро мегўяд, зеро ки вай дурўғгўй ва падари дурўғ аст.
45 Лекин аз баски Ман сухани ростро ба шумо мегўям, ба Ман имон намеоваред“.
46 Кист аз шумо ки Маро ба гуноҳе таъна зада тавонад? Пас агар Ман сухани ростро гўям, чаро ба Ман имон намеоваред?
47 Касе ки аз Худо бошад, ба каломи худо гўш медиҳад; шумо ба он сабаб гўш намедиҳед, ки аз Худо нестед.
48 Он гоҳ яҳудиён дар ҷавоби Ў гуфтанд:“Оё дуруст нагуфтаем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва дев дорӣ?“
49 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ман дев надорам, балки Падари Худро ҳурмат мекунам, вале шумо ба Ман беҳурматӣ мекунед;
50 Ман ҷалоли Худро толиб нестам: Яке ҳаст, ки Толиб ва Довар мебошад;
51 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад маргро нахоҳад дид“.
52 Яҳудиён ба Ў гуфтанд:“Акнун донистем, ки Ту дев дорӣ; Иброҳим ва анбиё мурданд, вале Ту мегўӣ:’’Касе ки каломи Маро роия кунад, то абад зоиқан маргро нахоҳад чашид’’„.
53 Оё Ту аз падари мо Иброҳим, ки мурд, ва аз анбиё, ки низ мурданд, бузургтар ҳастӣ? Ту Худро кӣ медонӣ?“.
54 Исо ҷавоб дод:“Агар Ман Худро ҷалол диҳам, ҷалоли Ман ҳеҷ чизе набошад: Маро Падари Ман ҷалол медиҳад, ки дар ҳаққи Ў шумо мегўед:’’Ў Худои мост’’;
55 Ва Ўро нашинохтаед, лекин Ман Ўро мешиносам; ва агар бигўям, ки Ўро намешиносам, мисли шумо дурғўгўй мешавам; лекин Ман Ўро мешиносам ва каломи Ўро риоя мекунам;
56 Падари шумо Иброҳим шод буд, ки рўзи Маро бубинад: ва дид ва шод гардид“.
57 Яҳудиён ба Ў гуфтанд:“Ҳанўз панҷоҳсола ҳам нестӣ, ва Ту Иброҳимро дидаӣ?“
58 Исо ба онҳо гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: пеш аз он ки Иброҳим пайдо шуд, Ман ҳастам“.
59 Он гоҳ санг бардоштанд, то ки Ўро сангсор кунанд, лекин Исо пинҳон шуд ва аз миёни онҳо гузашта, аз маъбад берун шуд ва рафт.
1 Ва чун мерафт, як кўри модарзодро дид.
2 Шогирдон аз Ў пурсида, гуфтанд:“Эй Устод! Ки гуноҳ кард: ин одам ё падару модараш, ки вай кўр зоида шуд?“
3 Исо ҷавоб дод:“На ин одам гуноҳ кард ва на падару модараш, балки барои он ки дар вай аъмоли Худо ошкор гардад;
4 То вақте ки рўз аст, Ман бояд аъмоли Фиристодаи Худро ба ҷо оварам; шаб ки ояд, ҳеҷ кас кас наметавонад коре бикунад;
5 То вақте ки Ман дар ҷаҳон ҳастам, нури ҷаҳонам“.
6 Инро гуфта, оби даҳон бар замин андохт, ва бо он об гил сохт, ва он гилро бар чашмони кўр молид,
7 Ва ба вай гуфт:“Бирав ва дар ҳавзи Шилўаҳ, ки маънояш’’Фиристода’’ мебошад, худро бишўй“. Вай рафта, худро шуст, ва бино шуда омад.
8 Ҳамсоягон ва касоне ки пеш аз он вайро дар ҳолати кўри дида буданд, гуфтанд:“Оё ин ҳамон нест, ки нишаста, гадоӣ мекард?“
9 Баъзе гуфтанд:“Ҳамон аст“. Ва баъзе гуфтанд:“Фақат ба вай монанд аст“. Вале худи вай гуфт:“Ман ҳамонам“.
10 Ба вай гуфтанд:“Пас чӣ тавр чашмони ту воз шуд?“
11 Вай дар ҷавоб гуфт:“Касе ки Исо номида мешавад, гил сохта, ба чашмонам молид ва гуфт:’’Бирав ва дар ҳавзи Шилўаҳ худро бишўй“. Ман рафта шустам ва бино шудам“.
12 Ва ба вай гуфтанд:“Ў куҷост?“ Гуфт:“Намедонам“.
13 Он одамро, ки пештар кўр буд, назди фарисиён бурданд.
14 Ва он рўзе ки Исо гил сохта, чашмони вайро воз кард, рўзи шанбе буд.
15 Фарисиён низ аз вай пурсиданд, ки чӣ тавр бино шуд.Ба онҳо гуфт:“Гил сохта, ба чашмонам гузошт, ва ман худро шуста, бино шудам“.
16 Баъзе аз фарисиён гуфтанд:“Он Шахс аз ҷониби Худо нест, чунки шанберо нигоҳ намедорад“. Дигарон гуфтанд:“Чӣ тавр як шахси гуноҳкор чунин мўъҷиза нишон дода метавонад?“ Ва дар байни онҳо ихтилоф афтод.
17 Боз ба он кўр гуфтанд:“Дар бораи Ў, ки чашмони туро кушод чӣ мегўи?“. Гуфт:“Пайғамбар аст“.
18 Яҳудиён бовар накарданд, ки вай кўр буду бино шуд, то ин ки падару модари он биношударо даъват намуда,
19 Аз онҳо пурсиданд:“Оё ин аст писари шумо, ки мегўед: кўр зоида шудааст? Пас чӣ тавр вай алҳол бино шудааст?“.
20 Падару модари вай дар ҷавоби онҳо гуфт:“Мо медонед, ки ин писари мост, ва кўр зоида шудаст;
21 Лекин алҳол чӣ тавр бино шудаст, намедонем; ва чашмони вайро ки воз кардааст намедонем; вай болиғ аст, аз худаш пурсед, то аҳволи худро баён кунад“.
22 Падару модараш чунин гуфтанд, чунки аз яҳудиён метарсиданд; зеро ки яҳудиён аллакай забон як карда буданд, ки ҳар кӣ Ўро чун Масеҳ эътироф намояд, аз куништ биронанд;
23 Аз ин сабаб падару модараш гуфтанд, ки:“вай болиғ аст, аз худаш пурсед“.
24 Он гоҳ бори дигар он одамро, ки кўр буд, талабида, гуфтанд:“Худоро сано гўй; мо медонем, ки Он Шахс гуноҳкор аст“
25 Дар ҷавобашон гуфт:“Оё гуноҳкор аст, ё не, намедонам; як чизро медонам, ки кўр будам ва ҳоло бино ҳастам“.
26 Боз ба вай гуфтанд:“Бо ту чӣ кор кард? чӣ тавр чашмони туро боз кард?“
27 Ба онҳо ҷавоб дод:“Аллакай ба шумо гуфтам, ва гўш надодед; чаро мехоҳед дубора бишнавед? Оё шумо низ мехоҳед шогирдони Ў шавед?“.
28 Вайро мазаммат намуда, гуфтанд:“Ту шогирди Ў ҳастӣ, мо шогирдони Мусоем;
29 Мо медонем, ки Худо ба Мусо сухан гуфт; лекин Ин Шахсро намедонем, аз куҷост“.
30 Он одам дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ин аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ўро намедонед, ва ҳол он ки Ў чашмони маро воз кард.
31 Мо медонем, ки Худо дуои гуноҳкорронро намешунавад, лекин агар касе худотарс бошаду иродаи Ўро ба ҷо оварад, дуояшро мешунавад;
32 Ҳаргиз шунида нашудааст, ки касе чашмони кўри модарзодро воз карда бошад;
33 Агар Ў аз ҷониби Худо намебуд, ҳеҷ кор карда наметавонист“
34 Дар ҷавоби вай гуфтанд:“Ту, ки комилан дар гуноҳ таваллуд ёфтаӣ, моро таълим медиҳӣ?“. Пас вайро бадар ронданд.
35 Исо чун шунид, ки вайро бадар ронданд, вайро ёфта, гуфт:“Оё ту ба Писари Одам имон дорӣ?“
36 Дар ҷавоб гуфт:“Эй оғо, Ў кист, то ба Ў имон оварам?“
37 Исо ба вай гуфт:“Ту Ўро дидаӣ, ва Ў ҳамон аст, ки ҳоло бо ту гуфтугў мекунад“.
38 Гуфт:“Имон дорам, Худовандо!“ Ва ба Ў саҷда кард.
39 Ва Исо гуфт:“Ман барои доварӣ ба ин ҷаҳон омадаам, то ки кўрон бино ва биноён кўр шаванд“.
40 Баъзе аз фарисиён, ки назди Ў буданд, чун шуниданд, ба Ў гуфтанд:“Наход ки мо ҳам кўр бошем?“.
41 Исо ба онҳо гуфт:“Агар кўр мебудед, гуноҳ намедоштед; аммо чун мегўед, ки бино ҳастед, пас гуноҳи шумо мемонад“.
1 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ ба оғили гўсфанд аз дар надарояд, балки аз роҳи дигар дохил шавад, вай дузд ва роҳзан аст;
2 Лекин ҳар кӣ аз дар дарояд, вай чўпони гўсфандон аст;
3 Дарбон дарро барои вай мекушояд, гўсфандон ба овози вай гўш медиҳанд, вай гўсфандони худро ном ба ном мехонад ва берун мебарорад.
4 Чун гўсфандони худро баровард, пешопеши онҳо меравад; ва гўсфандон аз ақиби вай мераванд, чунки овозашро мешиносанд;
5 Лекин аз ақиби бегона намераванд, балки аз вай мегурезанд, чунки овози бегонаро намешиносанд“.
6 Ҳамин масалро Исо ба онҳо гуфт. Лекин онҳо нафаҳмиданд, ки Ў ба онҳо чӣ гуфт.
7 Боз Исо ба онҳо гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: Ман барои гўсфандон дар ҳастам.
8 Ҳамаи касоне ки пеш аз Ман омаданд, дузд ва роҳзан ҳастанд; лекин гўсфандон ба овози онҳо гўш надоданд.
9 Ман дар ҳастам: ҳар кӣ ба василаи Ман дохил шавад, наҷот меёбад, ва ба берун меравад, ва чарогоҳ пайдо мекунад.
10 Дузд меояд, то ки бидуздад, бикушад ва талаф кунад; Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд“.
11 Ман Чўпони некам: чўпони нек ҷони худро барои гўсфандон фидо мекунад;
12 Лекин муздуре ки чўпон нест, ва гўсфандон аз они худаш нестанд, чун бубинад, ки гург меояд, гўсфандонро монда мегурезад, ва гург гўсфандонро мегирад ва пароканда мекунад;
13 Муздур мегурезад, чунки муздур аст, ва ғами гўсфандонро намехўрад.
14 Ман чўпони некам, ва мансубони Худро мешиносам, ва мансубонмам Маро мешиносанд:
15 Чунони ки Падар Маро мешиносад, Ман ҳам Падарро мешиносам, ва ҷони Худро барои гўсфандон фидо мекунам.
16 Ман гўсфандони дигар низ дорам, ки аз ин оғил нестанд, ва онҳоро низ бояд оварам, онҳо низ овози Маро хоҳанд шунид, ва як рамаю як чўпон хоҳанд шуд.
17 Аз ин сабаб Падар Маро дўст медорад, ки Ман ҷони Худро фидо мекунам, то ки онро боз ёбам.
18 Ҳеҷ кас онро аз Ман намегирад, балки Худи Ман онро фидо мекунам: қудрат дорам, ки онро фидо кунам, ва қудрат дорам, ки онро боз ёбам; ин ҳукмро аз Падари Худ гирифтаам“.
19 Ба сабаби ин суханоно боз дар байни яҳудиён ихтилоф афтод.
20 Бисьёре аз онҳо гуфтанд:“Ў дев дорад ва девона аст; чаро ба суханоанаш гўш медиҳед?“
21 Дигарон гуфтанд:“Ин девона нест; оё дев метавонад чашми кўронро воз кунад?“.
22 Дар Ерусалим иди таҷдид барпо шуд, ва зимистон буд.
23 Ва Исо дар маъбад, дар равоқи Сулаймон мегашт.
24 Яҳудиён гирди Ўро гирифта, ба Ў гуфтанд:“То кай моро дар тардид мегузорӣ? Агар Ту Масеҳ бошӣ, ошкоро бигў“.
25 Исо ба онҳо ҷавоб дод:“Ман ба шумо гуфтам, ва имон наовардед; аъмоле ки Ман ба исми Падари Худ ба ҷо меоварам, бар Ман шаҳодат медиҳад;
26 Лекин шумо имон намеоваред, зеро ки аз гўсфандони Маннестед, чунон ки ба шумо гуфтам;
27 Гўсфандони Ман ба овози Ман гўш медиҳанд, ва Ман онҳоро мешиносам, ва онҳо Маро пайравӣ мекунанд,
28 Ва Ман ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ мебахшам, ва онҳо то абад талаф нахоҳанд шуд, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Ман кашида гирад;
29 Падаре ки онҳоро ба Ман дод, аз ҳама бузургтар аст, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирад;
30 Ман ва падар як ҳастем“.
31 Боз яҳудиён санг бардоштанд, то ки Ўро сангсор кунанд.
32 Исо ба онҳо ҷавоб дод:“Аз ҷониби Падари Худ ба шумо бисьёр аъмоли нек нишон додаам; аз барои кадоми онҳо Маро сангсор мекунед?“
33 Яҳудиён дар ҷавоби Ў гуфтанд:“Туро барои амали нек сангсор намекунем, балки барои куфр, зеро Ту одам ҳастӣ, Худро Худо мехонӣ“.
34 Исо ба онҳо ҷавоб дод:“Оё дар шариати шумо навишта нашудааст:’’Ман гуфтам: шумо худоён ҳастед’’?
35 Агар онҳоеро ки каломи Худо сўяшон нозил шуд, худоён хондааст, ва Навишта наметавонад ботил шавад,
36 Пас ба Касе ки Падар Ўро тақдис карда, ба ҷаҳон фиристод, чӣ тавр шумо мегўед, ки:’’Куфр мегўӣ’’, чунки гуфтам:’’Писари Худо ҳастам’’?
37 Агар аъмоли Падри худро ба ҷо намеоварам, ба Ман имон наоваред;
38 Ва агар ба ҷо меоварам, ҳарчанд шумо ба Ман имон намеоваред, пас ба аъмол имон оваред, то бидонед ва бовар кунед, ки Падар дар Ман аст, ва Ман дар Ў“.
39 Он гоҳ бори дигар хостанд Ўро дастгир кунанд; лекин Ў аз дасташон раҳо шуд.
40 Ва боз ба он тарафи Ўрдун, ба ҳамон ҷое ки пештар Яҳьё таъмид медод, рафт ва дар он ҷо монд.
41 Ва бисьёр касон назди Ў омаданд ва гуфтанд:“Яҳьё ҳеҷ мўъҷизае нишон надод; лекин ҳар он чи Яҳьё дар бораи Ин Шахс гуфт, рост буд“.
42 Ва бисьё касон дар он ҷо ба Ў имон оварданд.
1 Шахсе Лаъзор ном бемор буд аз аҳли Байт-Ҳинӣ, ки деҳаи Марьям ва хоҳараш Марто буд.
2 Марьям ҳамон буд, ки Худовандро бо равғани атрафшон тадҳин карда, пойҳои Ўро бо мўи худ хушконида; Лаъзори бемор бародари вай буд.
3 Ва хоҳарон ба Ў кас фиристода, гуфтанд:“Худовандо! Инак, он касе ки дўст медорӣ, бемор аст“.
4 Чун Исо шунид, гуфт:“Ин касалӣ барои мамот нест, балки барои ҷалоли Худост, то ки Писари Худо ба василаи он ҷалол ёбад“.
5 Исо Марто ва хоҳари вай ва Лаъзорро дўст медошт.
6 Чун шунид ки вай бемор аст, дар ҷое ки буд, ду рўз монд.
7 Пас аз он ба шогирдонаш гуфт:“Боз ба Яҳудо биравем“.
8 Шогирдонаш ба Ў гуфтанд:“Эй Устод! Бисьёр нагузаштааст, ки яҳудиён мехостанд Туро сангсор кунанд, ва Ту мехоҳӣ боз ба он ҷо биравӣ?“
9 Исо ҷавоб дод:“Оё рўз дувоздаҳ соат нест? Касе ки рўзона роҳ меравад, пешпо намехўрад, чунки нури ин ҷаҳонро мебинад;
10 Лекин ҳар ки шабона роҳ меравад, пешпо мехўрад, чунки дар вай нур нест“.
11 Инро ба забон ронд ва пас аз он ба онҳо гуфт:“Дўсти мо Лаъзор хуфтааст, лекин Ман меравам, то ки вайро бедор кунам“.
12 Шогирдонаш гуфтанд:“Худовандо! Агар хуфта бошад, шифо хоҳад ёфт“.
13 Исо дар бораи вафоти вай сухан меронд, лекин онҳо гумон карданд, ки дар бораи хоби муқарарӣ сухан меронад.
14 Он гоҳ Исо ба онҳо ошкоро гуфт:“Лаъзор мурдааст;„
15 Ва барои шумо шодам, ки дар он ҷо набудам, то ки имон оваред; вале акнун назди вай биравем“
16 Тумо, ки Экизак номида мешуд, ба шогирдон гуфт:“Биёед мо ҳам биравем, то ки бо Ў бимирем“.
17 Чун Исо омад, фаҳмид, ки вай чор рўз боз дар қабр мебошад.
18 Байт-Ҳинӣ дар наздикии Ерусалим, ба масофаи тақрибан понздаҳ стадия воқеъ буд,
19 Ва бисьёре аз яҳудиён назди Марто ва Марьям омада буданд, то ки барои бародарашон онҳоро тасаллӣ диҳанд.
20 Чун Марто шунид, ки Исо меояд, ба пешвози Ў берун рафт; лекин Марьям дар хона монд.
21 Марто ба Исо гуфт:“Худовандо! Агар Ту ин дар ҷо мебудӣ, бародарам намемурд.
22 Лекин ҳоло низ медонам, ки ҳар чи аз Худо талаб кунӣ, Худо онро ба Ту хоҳад дод“.
23 Исо ба вай гуфт:“Бародари ту эҳьё хоҳад шуд“.
24 Марто ба Ў гуфт:“Медонам, ки дар қиёмат, дар рўзи вопасин эҳьё хоҳад шуд“.
25 Исо ба вай гуфт:“Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам, ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд;
26 Ва ҳар кӣ зинда бошад ва ба Ман имон оварад, то абад нахоҳад мурд. Оё ба ин имон дорӣ?“
27 Ба Ў гуфт:“Оре, Худованд! Ман имон дорам, ки Ту Масеҳ Писари Худо ҳастӣ, Он Шахс, ки ба ҷаҳон меояд“.
28 Чун инро гуфт, рафта хоҳари худ Марьямро пинҳонӣ хонд ва гуфт:“Устод ин ҷост ва туро металабад“.
29 Инро шунида, вай зуд бархост ва назди Ў омад.
30 Исо ҳанўз ба деҳа ворид нашуда буд, балки дар ҳамон ҷое буд, ки Марто Ўро пешвоз гирифт.
31 Яҳудиёне ки дар хона бо вай буданд ва тасаллӣ медоданд, чун диданд, ки Марьям зуд бархоста, берун рафт, аз паи вай равона шуданд, ба гумоне он ки ба сари қабр меравад, то ки дар он ҷо гирья кунад.
32 Чун Марьям ба он ҷое ки Исо буд, омад, Ўро дида, ба пойҳои Ў афтод ва гуфт:“Агар Ту дар инҷо мебудӣ, бародарам намемурд“.
33 Исо, вақте ки вайро ашкрезон ва яҳудиёни бо вай омадаро низ гирьён дид, аз дил оҳи аламноке кашиду музтариб шуд,
34 Ва гуфт:“Вайро куҷо гузоштаед?“ Ба Ў гуфтанд:“Худовандо! Биё ва бубин“.
35 Исо гирья кард.
36 Яҳудиён гуфтанд:“Бингаред, чӣ қадар вайро дўст медошт!“.
37 Баъзе аз онҳо гуфтанд:“Оё Ин Шахс, ки чашмони кўрро бино кард, наметавонист амале бикунад, то ки ин ҳам намирад?“
38 Исо, дар ҳолате ки аз дил оҳ мекашид, ба сари қабр омад; ва он як ғоре буд, ки санге бар даҳонаш гузошта буданд.
39 Исо гуфт:“Сангро бардоред“ Марто, хоҳари мурда, ба Ў гуфт:“Худовандо! Аллакай бадбўй шудаст; зеро ки чор рўз боз дар ин ҷост“.
40 Исо ба вай гуфт:“Оё ба ту нагуфтам, ки агар имон оварӣ, ҷалоли Худоро хоҳӣ дид?“.
41 Пас сангро аз он ҷое ки мурда гузошта шуда буд, бардоштанд. Исо чашмони Худро сўи осмон боло карда гуфт:“Эй Падар! Туро шукр мекунам, ки сухани Маро шунидӣ;
42 Ва Ман медонистам, ки ҳамеша сухани Маро мешинавӣ; лекин барои мардуме ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то имон оваранд, ки Ту Маро фиристодаӣ“.
43 Чун инро гуфт, бо овози баланд нидо кард:“Эй Лаъзор, берун ой!“.
44 Ва мурда, ки дастҳо ва пойҳояш ба кафан печида ва рўяш бо рўймоле пўшида буд, берун омад. Исо ба онҳо гуфт:“Вайро воз кунед ва бигзоред биравад;
45 Бисёре аз яҳудиён, ки бо Марьям омада буданд, чун амали Исоро диданд, ба Ў имон оварданд;
46 Лекин баъзе аз онҳо назди фарисиён рафта, он чи Исо карда буд, ба онҳо гуфтанд.
47 Саркоҳинон ва фарисиён дар шўрои пирон ҷамъ омаданд ва гуфтанд:“Чӣ бояд кард? Ин Шахс мўъҷизоти зиёде нишон медиҳад;
48 Агар Ўро чунин во гузорем, ҳама ба Ў имон хоҳанд овард, ва румиён омада, кишвар ва қавми моро хоҳанд гирифт“.
49 Яке аз онҳо, ки Қиёфо ном доштва дар он сол саркоҳин буд, гуфт:“Шумо чизе намедонед,
50 Ва фикр ҳам намекунед, ки барои мо беҳтар аст агар як кас ба хотири қавм бимирад, ва тамоми қавм нобуд нашавад“.
51 Лекин вай инро аз худ нагуфт, балки, чун дар он сол саркоҳин буд, нубувват кард, ки Исо бояд барои қавм бимирад,
52 Ва на танҳо барои қавм, балки низ барои он ки фарзандони Худоро, ки пароканда ҳастанд, якҷоя кунад.
53 Аз ҳамон рўз маслиҳатро ба як ҷо монданд, ки Ўро бикушанд.
54 Бинобар ин Исо дигар дар миёни яҳудиён ошкоро намегашт, балки аз он ҷо ба мавзее ки наздики биёбон буд, ба шаҳре ки Эфроим ном дошт, равона шуд ва бо шогирдони Худ дар он ҷо монд.
55 Чун иди фисҳи яҳудиён наздик шуд, мардуми бисьёре аз ҳар тарафи мамлакат пеш аз фисҳ ба Ерусалим омаданд, то ки худро татҳир намоянд.
56 Ва онҳо дар ҷустуҷўи Исо буданд ва дар маъбад истода, ба якдигар мегуфтанд:“Фикри шумо чист? Оё Ў ба ид намеояд?“
57 Лекин саркоҳинон ва фирисиён фармоне дода буданд, ки агар касе донад, ки Ў куҷост, бояд хабар диҳад, то ки Ўро дастгир кунанд.
1 Шаш рўз пеш аз иди фисҳ Исо ба Байт-Ҳинӣ омад, ба он ҷо ки Лаъзори мурдаро аз мурдагон эҳьё карда буд.
2 Дар он ҷо барои Ў таоми шом ҳозир карданд, ва Марто хизмат мекард, ва Лаъзор яке аз онҳое буд, ки бо Ў бар сари сурфа менишастанд.
3 Он гоҳ Марьям ратле аз равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳоро гирифта, пойҳои Исоро татҳин кард ва пойҳои Ўро бо мўи худ хушконид; ва хона аз бўи равғани атрафшон пур шуд.
4 Ва яке аз шогирдонаш, Яҳудо ибни Шимъўни Исқаръют, ки мехост Ўро таслим кунад, гуфт:
5 „Чаро ин равғани атрафшон ба сесад динор фурўхта нашуд, то ки ба мискинон тақсим карда дода шавад?“
6 Ва инро на аз барои он гуфт, ки ғамхори мискинон бошад, балки барои он ки дузд буд: ҳамьёни пул дар дасташ буд, ва аз пуле ки дар он меандохтанд, барои худ мегирифт.
7 Исо гуфт:“Вайро ором гузор, вай инро барои рўзи дафни Ман саришта карда нигоҳ доштааст;
8 Зеро ки мискинон ҳар вақт назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам“.
9 Бисьёре аз яҳудиён чун хабар ёфтанд, ки Ў дар он ҷост, омаданд, то ки на танҳо Исоро, балки низ Лаъзорро, ки Ў аз мурдагон эҳьё карда буд, бубинанд.
10 Он гоҳ саркоҳинон қарор доданд, ки Лаъзорро низ бикушанд,
11 Чунки ба хотири вай бисьёре аз яҳудиён ба он ҷо меомаданд ва ба Исо имон меоварданд.
12 Фардои он, мардуми бисьёре ки ба ид омада буданд, чун шуниданд, ки Исо ба Ерусалим меояд,
13 Шохаҳои дарахти хурморо ба даст гирифта, ба пешвози Ў баромаданд ва фарьёд мекарданд:“Ҳўшаъно! Муборак аст Подшоҳи Исроил, ки ба исми Худованд меояд!“
14 Ва Исо харкуррае ёфта, бар он савор шуд, чунон ки навишта шудааст:
15 Натарс, эй духтари Сион! Инак, Подшоҳи ту бар куррае шуда, меояд“.
16 Шогирдонаш аввал чизҳоро нафаҳмиданд, лекин чун Исо ҷалол ёфт, он гоҳ ба хотир оварданд, ин чизҳо дар бораи Ў навишта шуда буд, ва ҳамчунон барои Ў ба ҷо оварда шуд.
17 Ва мардуме ки бо Ў буданд, шаҳодат доданд, ки Ў Лаъзорро аз қабр хонд ва аз мурдагон эҳьё кард;
18 Ба ин сабаб низ мардум ба пешвози Ў баромаданд, зеро шунида буданд, ки Ў чунин мўъҷиза нишон додааст.
19 Лекин фарисиён ба якдигар гуфтанд:“Оё мебинед, ки ҳеҷ фоида намебаред? Инак, тамоми ҷаҳон аз паи Ў меравад“.
20 Дар байни онҳое ки дар ид барои ибодат омада буданд, баъзе юнониҳо буданд;
21 Онҳо назди Филиппус, ки аз Байт-Сайдои Ҷалил буд, омаданд, ва илтимос намуда, гуфтанд:“Эй оғо! Мо мехоҳем Исоро бубинем“.
22 Филиппус омада, ба Андриёс гуфт; баъд Андриёс бо Филиппус ба Исо гуфтанд.
23 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Соати он расидаст, ки Писари Одам ҷалол ёбад.
24 Ба ростӣ, ба ростӣ башумо мегўям: агар донаи гандум дар хок афтода намирад, фақат худаш боқи мемонад; лекин агар бимирад, донаҳои фаровон меоварад.
25 Касе кӣ ҷони худро дўст дорад, онро барбод медиҳад; ва касе ки аз ҷони худ дар ин ҷаҳон нафрат кунад, то ҳаёти ҷовадонӣ онро нигоҳ хоҳад дошт.
26 Ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, бояд Маро пайравӣ намояд; ва ҳар куҷо ки бошам, ходими Ман низ он ҷо хоҳад буд; ва ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, Падар вайро мўҳтарам хоҳад дошт.
27 Алҳол ҷони Ман дар изтироб аст; чӣ бигўям? эй Падар! Маро аз ин соат раҳо намо! Аммо маҳз барои ҳамин соат Ман омадаам.
28 Эй Падар! Исми Худро ҷалол деҳ!“ Дарҳол садое аз осмон даррасид:“Ҷалол додаам, ва боз ҷалол хоҳам дод“.
29 Мардуме ки дар он ҷо истода буданд, инро шунида, гуфтанд:“Раъд ғуррид“. Дигарон гуфтанд:“Фариштае бо Ў сухан гуфт“.
30 Исо дар ҷавоб гуфт:“Ис садо на аз барои Ман, балки барои шумо омад;
31 Алҳол доварӣ бар ин ҷаҳон аст; алҳол мири ин ҷаҳон бадар ронда мешавад;
32 Ва ҳангоме ки Ман аз замин боло бурда мешавам, ҳамаро сўи Худ хоҳам кашид“.
33 Инро гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ марг Ў бояд бимирад.
34 Мардум дар ҷавоби Ў гуфтанд:“Мо аз Таврот шунидаем, ки Масеҳ то абад боқӣ хоҳад монд; пас чӣ сон мегўӣ, ки Писари Одам бояд боло бурда шавад? Ин Писари Одам кист?“
35 Исо ба онҳо гуфт:“Боз муддати кўтоҳе нур бо шумост; то даме ки нур бо шумост, роҳ равед, то ки зулмот шуморо фаро нагирад, ва касе кӣ дар торокӣ роҳ меравад, намедонад, ки куҷо меравад;
36 То даме ки нур бо шумост, ба нур имон оваред, то ки писарони нур гардед“. Ин суханонро гуфта, Исо аз пеши онҳо рафт ва пинҳон шуд.
37 Бо вуҷуди мўъҷизоти бисьёре ки дар пеши назарашон нишон дод, онҳо ба Ў имон наоварданд,
38 То сухани Ишаъёи набӣ ба амал ояд, ки гуфта буд:“Худовандо! Кӣ ба пайғоми мо бовар кард, ва бозуи Худованд ба кӣ ошкор грдид?“
39 Бинобар ин натавонистанд имон оваранд, чунон ки Ишаъё боз гуфтааст:
40 „Чашмони онҳоро нобино ва дилҳои онҳоро сахт гардондааст, то бо чашмони худ набинанд ва бо дилҳои худ нафаҳманд ва руҷўъ накунанд, то ки Ман онҳоро шифо диҳам“.
41 Чунин гуфт Ишаъё, ҳангоме ки ҷалоли Ўро дид ва дар бораи Ў сухан ронд.
42 Бо вуҷуди ин бисьёре аз сардорон ба Ў имон оварданд, аммо аз тарси фарисиён иқрор накарданд, ки мабодо аз куништ ронда шаванд;
43 Зеро ки ҷалоли мардумро бештар аз ҷалоли Худо дўст медоштанд.
44 Лекин Исо нидо карда, гуфт:“Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ба Ман не, балки ба Фиристодаи Ман имон овардааст;
45 Ва ҳар кӣ маро бинад, Фиристодаи Маро дидааст.
46 Ман нур ҳастам, ки ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад.
47 Ва агар касе суханони Маро шунида, риоят накунад, Ман бар вай доварӣ нахоҳам кард: зеро наомадаам, ки бар ҷаҳон доварӣ кунам, балки ҷаҳонро наҷот бахшам.
48 Ҳар кӣ Маро рад карда, суханонамро қабул накунад, доваре бар худ дорад: каломе ки гуфтам, дар рўзи вопасин бар вай доварӣ хоҳад кард;
49 Зеро ки Ман аз Худ нагуфтаам, балки Падаре ки Маро фиристод, ба Ман ҳукм дод, ки чӣ бигўям ва чӣ гуна сухан ронам;
50 Ва Ман медонам, ки ҳукми Ў ҳаёти ҷовидонист. Пас, он чи Ман мегўям, ҳамон аст, ки Падар фармудааст, то бигўям“.
1 Пеш аз иди фисҳ, чун Исо донист, ки соати Ў расидаст, то ки аз ин ҷаҳон назди Падар биравад, Ў, ки мансубони Худро дар ин ҷаҳон дўст медошт, онҳоро то ба охир дўст дошт.
2 Ва дар вақти таоми шом, ки иблис қасде дар дили Яҳудо ибни Шимъўни Исқарьют андохта буд, ки Ўро таслим кунад,
3 Ва Исо медонист, ки падар ҳама чизро ба дасти Ў додааст, ва Ў аз ҷониби Худо омада буд ва ба сўи Худо меравад,
4 Аз сари сурфа бархоста, либоси Худро кашид ва дастмоле гирифта, ба камар баст;
5 Баъд аз он ба тағорае об рехта, ба шустани пойҳои шогирдонаш ва хушконидани онҳо бо дастмоле ки ба камараш баста буд, шурўъ намуд.
6 Чун назди Шимъўни Петрус омад, вай гуфт:“Худовандо! Ту пойҳои маро мешўӣ?“
7 Исо дар ҷавоб вай гуфт:“Он чи Ман мекунам, алҳол намедонӣ, лекин баъд хоҳӣ фаҳмид“.
8 Петрус ба Ў гуфт:“Пойҳои маро ҳаргиз нахоҳӣ шуст“. Исо ба вай ҷавоб дод:“Агар туро нашўям, туро бо Ман ҳиссае нест“.
9 Шимъўни Петрус ба Ў гуфт:“Худовандо! На танҳо пойҳои маро, балки низ дастҳо ва сари маро бишўй“.
10 Исо ба вай гуфт:“Касе ки ғусл кардааст, фақат ба шустани пойҳо эҳтиёҷ дорад, чунки вай тамоман пок аст; ва шумо пок ҳастед, лекин на ҳама“.
11 Зеро ки таслимкунандаи Худро медонист, бинобар ин гуфт:“На ҳама пок ҳастед“.
12 Чун пойҳои онҳоро шуст, либоси Худро пўшида, боз нишаст ва ба онҳо гуфт:“Оё медонед, ки барои шумо чӣ кардам?
13 Шумо Маро Устод ва Худованд мегўед ва рост мегўед, зеро ки Ман чунин ҳастам.
14 Пас агар ман, ки Устод ва Худованд ҳастам, пойҳои шуморо шустаам, шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро бишўед:
15 Зеро ба шумо намунае нишон додам, то, чунон ки Ман бо шумо кардам, шумо низ бикунед.
16 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: ғулом аз оғои худ бузургтар нест, ва расул бузургтар аз фиристодаи худ нест.
17 Ҳар гоҳ инро донистед, хушо шумо, агар инро ба амал оваред.
18 Дар бораи ҳамаи шумо намегўям: онҳоеро ки баргузидаам, медонам. Лекин ин Навишта бояд ба амал ояд:’’Он ки бо Ман нон мехўрд, пошнаи худро бар Ман баланд кардааст’’.
19 Алҳол, пеш аз вуқўъ, ба шумо мегўям, то ки ҳамгоми воқеъ шуданаш бовар кунед, ки Ман ҳастам.
20 Баростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристодаи Маро қабул мекунад“.
21 Чун Исо инро гуфт, дар рўҳ музтариб шуд, ва шаҳодт дода, гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям, ки яке аз шумо Маро таслим хоҳад кард“.
22 Шогирдон ба якдигар нигоҳ карда, дар ҳайрат шуданд, ки инро дар бораи кӣ мегўяд.
23 Яке аз шогирдонаш буд, ки дар сандуқи синаи Исо такья мезад: Исо вайро дўст медошт;
24 Шимъўни Петрус вайро ишорат кард, то бипурсад: он кист, ки дар ҳаққаш чунин гуфт.
25 Вай ҳамчунон бар сандуқи синаи Исо такья зада, пурсид:“Худовандо! Он кист?“
26 Исо ҷавоб дод:“Он аст, ки луқмаи нонро ғўтонда ба вай медиҳам“. Ва луқмаро ғўтонда, ба Яҳудо ибни Шимъўни Исқарьют дод.
27 Пас аз он ки луқмаро гирифт, шайтон дар вай дохил шуд. Он гоҳ Исо ба вай гуфт:“Он чи мекунӣ ба зудӣ бикун“.
28 Лекин аз нишастагон ҳеҷ кас нафаҳмид, ки чаро ба вай чунин гуфт.
29 Баъзеҳо гумон карданд, ки чун ҳамьён дар дасти Яҳудост, Исо ба вай фармуд, ки ҳар чи барои ид ба мо лозим аст, харид кунад ё ки чизе ба мискинон бидиҳад.
30 Вай луқмаро гирифта, дарҳол берун рафт; ва шаб буд.
31 Чун вай берун рафт, Исо гуфт:“Алҳол Писари Одам ҷалол ёфт, ва Худо дар Ў ҷалол ёфт;
32 Агар Худо дар Ў ҷалол ёфт, Худо низ Ўро дар Худ ҷалол хоҳад дод, ва ба зудӣ Ўро ҷалол хоҳад дод.
33 Эй фарзандон! Боз муддати каме бо шумо ҳастам: шумо Маро ҷустуҷў хоҳед кард, ва чунон ки ба яҳудиён гуфтам, акнун ба шумо низ мегўям: ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед биёед“.
34 „Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дўст доред; чунон ки Ман шуморо дўст медорам, шумо низ якдигарро дўст доред.
35 Аз рўи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогидони Ман ҳастед, агар якдигарро дўст доред“
36 Шимъўни Петрус ба Ў гуфт:“Худовандо! Куҷо меравӣ?“ Исо ба вай ҷавоб дод:“Ба ҷое ки ман меравам, алҳол наметавонӣ аз ақиби Ман биёӣ, лекин баъд аз он аз ақиби Ман хоҳӣ омад“.
37 Петрус ба Ў гуфт:“Худовандо! Чаро алҳол аз ақиби Ту наметавонам биёям? Ҷони худро барои Ту фидо хоҳам кард“.
38 Исо ба вай ҷавоб дод:“Ҷони худро барои Ман фидо хоҳӣ кард? Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегўям: пеш аз он ки хурўс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард“.
1 „Дили шумо музтариб нашавад; ба Худо имон оваред, ба Ман низ имон оваред.
2 Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисьёр аст; ва агар чунин намебуд, магар Ман ба шумо мегуфтам:’’Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам’’?
3 Ва ҳангоме ки биравам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо Худ мебарам, то дар онҷое ки Ман ҳастам, шумо низ бошед.
4 Ҷое ки Ман меравам, шумо медонед, роҳро низ медонед“.
5 Тумо ба Ў гуфт:“Худовандо! Намедонем, ки Ту куҷо меравӣ; пас чӣ гуна метавонем роҳро донем?“.
6 Исо ба вай гуфт:“Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман;
7 Агар маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед; ва аз ҳамин дам Ўро мешиносед ва Ўро дидаед“.
8 Филиппус ба Ў гуфт:“Худовандо! Падарро ба мо нишон деҳ, ва ин барои мо кофист“.
9 Исо ба вай гуфт:“Ин қадар вақт Ман бо шумо будам, ва ту Маро нашинохтӣ, Филиппус? Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст; пас чӣ тавр мегўӣ:’’Падарро ба мо нишондеҳ’’?.
10 Оё бовар мекунӣ, ки Ман дар Падар ҳастам, ва Падар дар Ман? Суханоне ки Ман ба шумо мегўям, аз Худ намегўям; Падаре ки дар Ман сокин аст, Ў ин аъмолро мекунад.
11 Ба Ман имон оваред, ки Ман дар Падар ҳастам, ва Падар дар Ман; вагар на, ба хотири он аъмол ба Ман имон оваред“
12 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, аъмолеро, ки Ман мекунам, вай низ хоҳад кард ва ҳатто бузургтар аз он ҳам хоҳад кард, зеро ки Ман назди Падар меравам.
13 Ва ҳар чиро, ки ба исми Ман биталабед, ба ҷо хоҳам овард, то ки Падар дар писар ҷалол ёбад;
14 Агар чизе ба исми Ман биталабед, Ман онро ба ҷо хоҳам овард,
15 Агар Маро дўст доред, аҳкоми Маро риоя хоҳед кард.
16 Ва Ман аз Падар илтомос хоҳам кард, ва Ў ба шумо Пуштибони дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад,
17 Яъне Рўҳи ростӣ, ки ҷаҳон наметавонад Ўро бипазирад, зеро ки Ўро намебинад ва намешиносад, лекин шумо Ўро мешиносед, зеро ки Ў шумо мемонад ва дар шумо хоҳад буд.
18 Шуморо ятим намегузорам; назди шумо меоям.
19 Пас аз андак муддате ҷаҳон дигар Маро нахоҳад дид; лекин шумо Маро хоҳед, ва азбаски Ман зиндаам, шумо низ хоҳед зист.
20 Дар он рўз шумо хоҳед донист, ки Ман дар Падар ҳастам, ва шумо дар Ман, ва Ман дар шумо.
21 Ҳар кӣ аҳкоми Маро дорад ва роият кунад, вай касест, ки Маро дўст медорад; ва ҳар кӣ Маро дўст дорад, Падари Ман вайро дўст хоҳад дошт, ва Ман вайро дўст хоҳам дошт ва Худро ба вай зоҳир хоҳам сохт“.
22 Яҳудо, на он ки Яҳудои Исқарьют, ба Ў гуфт:“Худовандо! Ин чист, ки Ту мехоҳӣ Худро ба мо зоҳир созӣ ва на ба ҷаҳон?“.
23 Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Ҳар кӣ Маро дўст дорад, каломи Маро риоя хоҳад кард; ва Падари Ман вайро дўст хоҳад дошт, ва Мо назди вай омада, бо вай маскан хоҳем гирифт.
24 Касе ки Маро дўст надорад, суханони Маро риоят намекунад; ва каломи ки мешунавед, аз они Ман нест, балки аз они Падарест, ки Маро фиристод“.
25 Ин суханонро ба шумо гуфтам, вақте ки бо шумо будам.
26 Лекин Пуштибон, яъне Рўҳулқудс, ки Падар Ўро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро, ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард.
27 Осоиштагиро ба шумо боқӣ мегузорам, осоиштагии Худро ба шумо медиҳам: на ончунон ки ҷаҳон медиҳад, Ман ба шумо медиҳам. Дили шумо музтариб нашавад ва ҳаросон набошад.
28 Шунидед, ки ба шумо гуфтам:’’Меравам ва назди шумо бармегардам’’. Агар Маро дўст медоштед, шод мешудед, ки гуфтам:’’Назди Падар меравам’’; зеро ки Падар аз Ман бузургтар аст.
29 Ва инак, пеш аз вуқўъ ба шумо гуфтам, то ки дар вақти воқеъ шуданаш имон оваред.
30 Баъд аз ин ба шумо бисьёр гуфтугў нахоҳам кард, зеро ки мири ин ҷаҳон меояд, ва дар Ман вай чизе надорад.
31 Лекин то ҷаҳон бидонад, ки Ман Падарро дўст медорам, чунон ки Падар ба Ман ҳукм кард, амал мекунам: бархезед, аз ин ҷо биравем.
1 Ман токи ҳақиқӣ ҳастам, ва Падари Ман Токдор аст;
2 Ҳар навдаеро, ки дар Ман мева наоварад, Ў бурида мепартояд; ва онро, ки мева меоварад, пок месозад, то ки бештар мева оварад.
3 Шумо алҳол ба воситаи каломе ки ба шумо гуфтам, пок ҳастед.
4 Дар Ман бимонед, ва Ман дар шумо. Чӣ тавре ки навда наметавонад хух аз худ мева диҳад, агар дар ток намонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед.
5 Ман Ток ҳастам, ва шумо навдаҳо; касе ки дар Ман бимонад, ва Ман дар вай, меваи фаровон меоварад; зеро ки бе Ман ҳеҷ коре наметавонед кунед.
6 Касе ки дар Ман намемонад, чун навдае бурида мешавад ва мехушкад; ва чунин навадаҳоро гирд оварда, ба оташ меандозанд, ва онҳо месўзанд.
7 Агар дар ман бимонед, ва сухани Ман дар шумо бимонад, ҳар он чи мехоҳед, талаб кунед, ва он ба шумо дода хоҳад шуд.
8 Ҷалоли Падари Ман дар ин аст, ки шумо меваи фаровон оваред, ва шогирдони Ман хоҳед буд.
9 Чунон ки Падар Маро дўст доштааст, Ман низ шуморо дўст доштаам; дар муҳббати Ман бимонед.
10 Агар аҳкоми Маро риоят кунед, дар муҳаббати Ман хоҳед монд, чунон ки Ман аҳкоми Падари худро риоят крдам, ва дар муҳаббати Ў мемонам.
11 Инро ба шумо гуфтам, то ки шодии Ман дар шумо бимонад ва шодии шумо комил бошад.
12 Ҳукми Ман ин аст, ки якдигарро дўст доред, чунон ки Ман шуморо дўст доштам.
13 Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дўстони худ фидо кунад.
14 Шумо дўстони Ман ҳастед, агар аҳкоми Маро ба ҷо оваред.
15 Дигар шуморо банда намехонам, зеро ки банда намедонад, ки оғояш чӣ мекунад; лекин шуморо дўст хондаам, чунки ҳар чи аз Падар шунидаам, ба шумо баён кардам.
16 На шумо Маро баргузидаед, балки Ман шуморо баргузидаам ва шуморо таъин кардам, ки шумо биравед ва мева оваред, ва меваи шумо бимонад, то ки ҳар чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато кунад.
17 Ин чизҳоро ба шумо ҳукм мекунам, то ки якдигарро дўст доред.
18 Агар ҷаҳон аз шумо нафат кунад, бидонед, ки пеш аз шумо аз Ман нафрат кардааст.
19 Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон мансубони худро дўст медошт; лекин шумо аз ҷаҳон нестед, балки Ман шуморо аз ҷаҳон баргузидаам, аз ин сабаб ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад.
20 Каломеро, ки ба шумо гуфтаам, дар хотир нигоҳ доред:’’Ғулом бузургтар аз оғои худ нест’’. Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард; агар каломи Маро риоя карданд, каломи шуморо низ риоя хоҳанд кард;
21 Лекин ҳамаи инро барои исми Ман ба шумо хоҳанд кард, чунки Фиристодаи Маро намешиносанд.
22 Агар Ман намеомадам ва ба онҳо сухан намегуфтам, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун барои гуноҳи худ узре надоранд.
23 Ҳар кӣ аз Ман нафрат кунад, аз Падари Ман низ нафрат мекунад.
24 Агар дар миёни онҳо аъмолеро намекардам, ки дигаре ҳаргиз накрдааст, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун он аъмолро дида, ҳам аз Ман ва ҳам аз Падари Ман нафрат карданд,
25 То ба амал ояд каломе ки дар Тавроташон навишта шудааст:’’Бе сабаб аз Ман нафрат доранд’’.
26 „Лекин чун Пуштибон, ки Ўро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, биёяд, яъне Рўҳи ростӣ, ки аз Падар содир мегардад, Ў бар Ман шаҳодат хоҳад дод;
27 Ва шумо низ шаҳодат хоҳед дод, зеро ки аз ибтидо бо Ман будаед“.
1 „Инро ба шумо гуфтам, то ки шумо ба васваса наафтед.
2 Шуморо аз куништҳо хоҳанд ронд; ва ҳатто соате мерасад, ки ҳар кӣ шуморо бикушад, гумон кунад, ки хизмате ба Худо мекунад.
3 Ва ин корҳоро бо шумо хоҳанд кард, чунки на Падарро шинохтанд ва на Маро.
4 Лекин инро ба шумо барои он гуфтам, ки ҳангоми расидани он соат ба ёд оваред, ки Ман ба шумо гуфтаам ва инро аз аввал ба шумо нагуфтам, зеро ки бо шумо будам.
5 Аммо акнун Ман назди Фиристодаи Худ меравам, ва касе аз байни шумо аз Ман намепурсад:“Куҷо меравӣ?“
6 Вале чун инро ба шумо гуфтам, дили шумо пур аз ғам шуд“.
7 „Лекин ба шумо рост мегўям: рафтани Ман барои шумо беҳтар аст; зеро ки агар Ман наравам, Пуштибон назди шумо нахоҳад омад; ва агар биравам, Ўро назди шумо мефиристам,
8 Ва чун Ў ояд, ҷаҳонро ба гуноҳ ва бар адолат ва бар доварӣ мулзам хоҳад кард.
9 Бар гуноҳ, зеро ки ба Ман имон намеоваранд;
10 Бар адолат, зеро ки назди Падари Худ меравам, ва дигар Маро нахоҳед дид;
11 Бар доварӣ, зеро ки мири ин ҷаҳон маҳкум шудааст.
12 Боз бисьёр чизҳои дигар дорам, ки ба шумо бигўям, лекин шумо алҳол онҳоро наметавонед бардоред.
13 Лекин чун Ў, яъне Рўҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ роҳнамоӣ хоҳад кард; зеро ки аз худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт, ва аз воқеоти оянда ба шумо хабар хоҳад дод.
14 Ў Маро ҷалол хоҳад дод, чунки аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо хабар хоҳад дод.
15 Ҳар он чи Падар дорад, аз они Ман аст; бинобар ин гуфтам: аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шум хабар хоҳад дод.
16 „Даре нагузашта Маро нахоҳед дид, ва боз дере нагузашта Маро хоҳед дид; зеро ки Ман назди Падар меравам“.
17 Баъзе аз шогирдонаш ба якдигар гуфтанд:“Чист, ки Ў ба мо мегўяд:’’Дере нагузашта Маро нахоҳед дид, ва дере нагузашта Маро хоҳед дид’’ ва: ‘‘Ман назди Падар меравам’’?“.
18 Ва онҳо гуфтанд:“Ин чист, ки Ў мегўяд:’’Дере нагузашта’’? Намедонем, чӣ мегўяд“.
19 Исо чун донист, ки мехоҳанд аз Ў бапурсанд, ба онҳо гуфт:“Оё ба якдигар дар ин хусус савол медиҳед, ки Ман гуфтам:’’Дере нагузашта Маро нахоҳед дид, ва боз дере нагузашта маро хоҳед дид’’?
20 Баростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: шумо гирья ва нола хоҳед кард, лекин ҷаҳон шод хоҳад шуд; шумо ғамгин хоҳед шуд, лекин ғами шумо ба шодӣ мубаддал хоҳад шуд.
21 Зан ҳангоми зоидан ғамгин аст, чунки соати вай расидааст; лекин чун кўдакеро зоид, ғамашро фаромўш мекунад ба сабаби шодии он ки одаме дар ҷаҳон таваллуд ёфт.
22 Шумо низ алҳол ғамгин ҳастед; лекин шуморо боз хоҳам дид, ва ҳеҷ кас наметавонад он шодиро аз шумо бигирад.
23 „Ва дар он рўз аз Ман чизе нахоҳед пурсид. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар он чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато хоҳад кард.
24 То кунун ба исми ман чизе талаб накардаед; талаб кунед то бигиред, ва шодии шумо комил гардад.
25 Ин чизҳоро бо масалҳо бо шумо гуфтам; лекин соате мерасад, ки дигар ба шумо бо масалҳо ҳарф намезанам, балки аз Падар ба шумо кушоду равшан хабар хоҳам дод.
26 Дар он рўз ба исми Ман талаб хоҳед кард, ва Ман ба шумо намегўям, ки аз Падар барои шумо илтимос хоҳам кард:
27 Зеро ки Худи Падар шуморо дўст медорад, чунки шумо Маро дўст доштаед, ва шумо имон овардед, ки Ман аз ҷониби Худо омадаам.
28 Ман аз ҷониби Падар омадам ва ба ҷаҳон ворид шудам; боз ҷаҳонро тарк мекунам ва назди Падар меравам“.
29 Шогирдонаш ба Ў гуфтанд:“Инак акнун кушоду равшан сухан мегўӣ, на бо масалҳо;
30 Акнун донистем, ки Ту ҳама чизро медонӣ, ва ҳоҷат нест, ки касе аз Ту чизе бипурсад; аз ин рў имон меоварем, ки Ту аз ҷониби Худо омадаӣ“.
31 Исо ба онҳо ҷавоб дод:“Алҳол имон меоваред?“
32 „Инак, соате мерасад, ва аллакай расидааст, ки шумо пароканда шуда, ҳар яке сўи хонаи худ меравед ва Маро танҳо мегузоред; лекин Ман танҳо нестам, зеро ки Падар бо Ман аст.
33 Ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки дар Ман осоиштагӣ дошта бошед. Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дид, лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам“.
1 Исо, чун инро гуфт, чашмони Худро сўи осмон боло карда, гуфт:“Эй Падар! Соат расидааст: Писари Худро ҷалол деҳ, то ки Писарат низ Туро ҷалол деҳад.
2 Зеро ки Ўро бар тамоми башар қудрат додаӣ, то ки ба ҳар кӣ Ту ба Ў бахшидаӣ, ҳаёти ҷовидонӣ бидиҳад:
3 Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодаӣ, бишносанд.
4 Ман Туро дар рўи замин ҷалол додам ва кореро ки ба Ман супурда будӣ, то бикунам, ба анҷом расондам;
5 Ва акнун Ту, эй Падар, Маро назди Худ ҷалол деҳ ба ҳамон ҷалоле ки пеш аз ҳастии олам назди Ту доштам“.
6 „Исми Туро ба одамоне ки аз ҷаҳон ба Ман ато кардӣ, шиносондам. Онҳо аз они Ту буданд, ва Ту онҳоро ба Ман ато кардӣ, ва онҳо каломи Туро риоя кардаанд;
7 Ва акнун донистанд, ки ҳар он чи ба Ман додаӣ, аз ҷониби Туст;
8 Зеро каломеро, ки ба Ман додӣ, ба онҳо супурдам, ва онҳо қабул карданд ва ҳақиқатан донистанд, ки Ман аз ҷониби Ту омадаам, ва имон оварданд, ки Ту Маро фиристодаӣ.
9 Ман барои онҳо илтимос мекунам: на барои ҷаҳон, балки барои онҳое ки Ту ба Ман додаӣ, зеро ки онҳо аз они Ту мебошанд;
10 Ва он чи аз они Ман аст, аз они Туст, ва он чи аз они Туст, аз они Ман аст; ва Ман дар онҳо ҷалол ёфтаам.
11 Ман дигар дар ҷаҳон нестам, лекин онҳо дар ҷаҳон ҳастанд, ва Ман назди Ту меоям. Эй Падари Муқаддас! Инҳоро, ки ба Ман додаӣ, ба исми Худ нигоҳ дор, то ки як бошанд, чунон ки Мо ҳастем.
12 Вақте ки бо онҳо дар ҷаҳон будам, онҳоро ба исми Ту нигоҳ доштам; онҳоеро, ки Ту ба Ман додӣ, нагоҳбонӣ кардам, ва ҳеҷ яке аз онҳо ҳалок нашуд, ҷуз аз писари ҳалокат, то ки Навишта ба амал ояд.
13 Вале акнун назди Ту меоям, ва инро дар ҷаҳон мегўям, то ки шодии Ман дар онҳо комил бошад.
14 Ман каломи Туро ба онҳо супурдам, ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, чунки онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам.
15 Илтимос намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, балки онҳоро аз шарорат муҳофизат намоӣ;
16 Онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман аз низ аз ҷаҳон нестам.
17 Онҳоро ба ростии Худ тақдис кун: каломи Ту ростист.
18 Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодӣ, Ман низ онҳоро ба ҷаҳон фиристодам;
19 Ва Худро барои онҳо тақдис мекунам, то ки онҳо низ бо ростӣ тақдис карда шаванд.
20 Танҳо барои онҳо илтимос намекунам, балки низ барои касоне ки ба василаи каломи онҳо ба Ман имон хоҳанд овард:
21 То ки ҳама як бошанд; чунон ки Ту, эй Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту, онҳо низ дар Мо як бошанд, то ҷаҳон имон оварад, ки Ту Маро фиристодӣ.
22 Ва Ман ҷалолеро, ки ба Ман додаӣ, ба онҳо додаам: то ки як бошанд, чунон ки Мо як ҳастем.
23 Ман дар онҳо ҳастам, ва Ту дар Ман; то ки онҳо дар ягонагӣ комил бошанд, ва ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодӣ ва онҳоро дўст доштӣ, чунон ки Маро дўст доштӣ.
24 Эй Падар! Мехоҳам онҳое ки ба Ман додаӣ, дар он ҷое ки мебошам, бо Ман бошанд, то ҷалоле ки ба Ман додаӣ, бубинанд, чунки Маро пеш аз таъсиси ҷаҳон дўст доштӣ.
25 Эй Падари Одил! Ҷаҳон Туро нашинохт; Лекин Ман Туро шинохтам, ва инҳо донистанд, ки Ту Маро фиристодӣ;
26 Ва Ман ба онҳо исми Туро шиносондам ва боз ҳам хоҳам шиносонид, то он муҳаббате ки Ту ба Ман дорӣ, дар онҳо бошад, ва Ман низ дар онҳо бошам“.
1 Чун Исо инро гуфт, бо шогирдони Худ ба он тарафи водии Қидрўн рафт, ки дар он ҷо боғе буд, ва Ў ва шогирдонаш ба он даромаданд.
2 Ва Яҳудои таслимкунандаи Ў низ он ҷойро медонист, чунки Исо бо шогирдонаш борҳо дар он ҷо ҷамъ омада буд.
3 Пас Яҳудо як даста сар бозон ва мулозимонро аз саркоҳинон ва фирисиён гирифта, бо чароғҳо ва машъалҳо ва аслиҳа ба он ҷо омад.
4 Исо, ки огоҳ буд аз он чи бояд ба Ў рўй диҳад, берун омада, ба онҳо гуфт:“Киро ҷустуҷў мекунед?“
5 Ба Ў ҷавоб доданд:“Исои Носириро“. Исо ба онҳо гуфт:“Ман ҳастам“. Яҳудои таслимкунандаи Ў низ бо онҳо истода буд.
6 Чун Исо ба онҳо гуфт:“Ман ҳастам“, онҳо ақиб-ақиб рафта, ба замин афтоданд.
7 Боз аз онҳо пурсид:“Киро ҷустуҷў мекунед?“. Гуфтанд:“Исои Носириро“.
8 Исо ҷавоб дод:“Ман ба шумо гуфтам, ки Ман ҳастам; пас, агар маро ҷустуҷў мекунед, бигзоред инҳо бираванд“.
9 То он сухане ки Ў гуфта буд, ба амал ояд:“Аз онҳое ки ба Ман додӣ, якеро талаф накардаам“.
10 Он гоҳ Шимъўни Петрус, ки шамшер дошт, онро кашида, ба ғуломи саркоҳин, ки Малхус ном дошт, зад, ва гўши рости вайро бурида партофт.
11 Исо ба Петрус гуфт:“Шамшери худро ғилоф кун; наход ки он косаеро ки Падар ба Ман додааст, нанўшам?“
12 Он гоҳ дастаи сарбозон ва мириҳазорон ва мулозимони яҳудиён Исоро дастгир карда, бастанд,
13 Ва аввал Ўро назди Ҳонон, падарарўси Қаёфо, ки ҳамон сол саркоҳин шуд, бурданд:
14 Ва ин ҳамон Қаёфо буд, ки ба яҳудиён маслиҳат дода буд, ки беҳтар аст, ки як кас барои қавм бимирад.
15 Шимъўни Петрус ва як шогирди дигар аз ақиби Исо рафтанд; азбаски он шогирд ба саркоҳин шинос буд, бо Исо ба даруни ҳавлии саркоҳин даромад;
16 Аммо Петрус дар берун, назди дар истод. Баъд он шогирди дигар, ки ба саркоҳин шинос буд, берун омада, ба дарбон чизе гуфт ва Петрусро ба дарун бурд.
17 Он канизе ки дар бон буд, ба Петрус гуфт:“Оё ту низ аз шогирдони Ин Шахс нестӣ?“ Вай гуфт:“Нестам“.
18 Дар ин миён ғуломон ва мулозимон оташ афрўхта буданд, зеро ки ҳаво сард буд, ва даври оташ истода, худро гарм мекарданд; Петрус низ бо онҳо истода, худро гарм мекард.
19 Саркоҳин аз Исо дар бораи шогирдонаш ва таълимаш пурсид.
20 Исо ба вай ҷавоб дод:“Ман ба ҷаҳон ошкоро сухан гуфтам; Ман ҳар вақт дар куништ ва дар маъбад, ки дар он ҷо яҳудиён ҳамеша ҷамъ меомаданд, таълим додаам ва пинҳонӣ чизе нагуфтаам;
21 Чаро аз Ман мепурсӣ? Аз онҳое ки шунидаанд, бипурс, ки Ман ба онҳо чӣ гуфтаам; инак, онҳо медонанд, ки Ман чӣ гуфтаам“.
22 Вақте ки инро гуфт, яке аз мулозимон, ки дар он ҷо истода буд, Исоро як торсакӣ зада, гуфт:“Ба саркоҳин ин тавр ҷавоб медиҳӣ?“
23 Исо ба вай ҷавоб дод:“Агар бад гуфтам, ба бадӣ шаҳодат деҳ; ва агар хуб гуфтам, барои чӣ Маро мезанӣ?“
24 Ҳоно Ўро дастбаста назди Қаёфои саркоҳин фиристод.
25 Ва Шимъўни Петрус истода, худро гарм мекард. Ба вай гуфтанд:“Ту низ аз шогирдони Ў нестӣ?“ Вай инкор карда, гуфт:“Нестам“.
26 Яке аз ғуломони саркоҳин, хеши он касе ки Петрус гўшашро бурида буд, гуфт:“Магар ман туро дар боғ бо Ў надидам?“.
27 Петрус боз инкор кард; ва ҳамон дам хурўс бонг зад.
28 Аз ҳавлии Қаёфо Исоро ба сарбозхона бурданд. Ва субҳ буд; ва онҳо ба сарбозхона надаромаданд, то ки наҷис нашаванд ва барраи фисҳро бихўранд.
29 Пилотус назди онҳо баромада, гуфт:“Чӣ даъвое бар ин Шахс доред?“
30 Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд:“Агар Ў бадкирдор намебуд, ба ту таслим намекардем“.
31 Пилотус ба онҳо гуфт:“Шумо Ўро бигиред ва мувофиқи шариати худ бар Ў доварӣ кунед“. Яҳудиён ба вай гуфтанд:“Ба мо ҷоиз нест, ки касеро бикушем“,
32 То он сухани Исо ба амал ояд, ки Ў дар бораи чигунагии мурдани Худ ишора карда гуфта буд.
33 Он гоҳ Пилотус боз ба сарбозхона даромада, Исоро хонд ва ба Ў гуфт:“Оё Ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?“.
34 Исо ба вай ҷавоб дод:“Оё ту инро аз худ мегўӣ, ё ки дигарон дар бораи Ман ба ту гуфтаанд?“
35 Пилотус ҷавоб дод:“Магар ман яҳудӣ ҳастам? Қавми Ту ва саркоҳинон Туро ба ман таслим кардаанд; чӣ кор кардаӣ?“
36 Исо ҷавоб дод:“Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест; агар Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон мебуд, мулозимони Ман меҷангиданд, то ки Ман ба яҳудиён таслим карда нашавам; лекин акнун Подшоҳии Ман аз ин ҷо нест“.
37 Пилотус ба Ў гуфт:“Пас, Ту Подшоҳ ҳастӣ?“ Исо ҷавоб дод:“Ту мегўӣ, ки Ман Подшоҳ ҳастам; Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростӣ шаҳодат диҳам; ва ҳар кӣ аз ростист, овози Маро мешунавад“.
38 Пилотус ба Ў гуфт:“Ростӣ чист?“ Чун инро бигуфт, боз назди яҳудиён баромада ва ба онҳо гуфт:“Ман дар Ў ҳеҷ айбе намеёбам“;
39 Лекин шумо як одате доред, ки бандиеро дар иди фисҳ барои шумо озод кунам; оё мехоҳед, ки Подшоҳи Яҳудиёнро барои шумо озод кунам?“.
40 Онҳо боз фарьёд зада, гуфтанд:“Ўро не, балки Бараббосро“. Бараббос як роҳзан буд.
1 Он гоҳ Пилотус Исоро гирифта, тозиёна зад.
2 Ва сарбозон тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд, ва ҷомаи арғувон ба Ў пўшонданд.
3 Ва гуфтанд:“Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!“ Ва Ўро торсакӣ мезаданд.
4 Боз Пилотус баромада ба онҳо гуфт:“Инак, Ўро пеши шумо мебарорам, то бидонед, ки ман дар Ў ҳеҷ айбе намеёбам“.
5 Ва Исо, дар ҳолате ки тоҷи аз хор бофтае бар сар ва ҷомаи арғувон дар бар дошт, берун омад. Ва Пилотус гуфт:“Инак Он Одам!“
6 Чун саркоҳинон ва мулозимон Ўро диданд, фарьёд зада гуфтанд:“Ўро маслуб кун, маслуб кун!“ Пилотус ба онҳо гуфт:“Шумо Ўро гирифта маслуб кунед, зеро ки ман дар Ў айбе намеёбам“.
7 Яҳудиён ба вай ҷавоб доданд:“Мо шариате дорем, ва мувофиқи шариати мо Ў бояд бимирад, чунки Худро Писари Худо кардааст“.
8 Чун Пилотус ин суханро шунид, беш аз пеш ҳаросон шуд.
9 Ва боз ба сарбозхона даромада, ба Исо гуфт:“Ту аз куҷоӣ?“.Лекин Исо ба вай ҷавоб надод.
10 Пилотус ба Ў гуфт:“Ба ман сухан намегўӣ? Магар намедонӣ, ки қудрат дорам Туро маслуб кунам ва қудрат дорам Туро озод кунам?“
11 Исо ҷавоб дод:“Ҳеҷ қудрате ба Ман намедоштӣ, агар аз боло дода немешуд; аз ин рў он касе ки Маро ба ту таслим кард, гуноҳи бештар дорад“.
12 Ва аз он вақт Пилотус саъй дошт Ўро озод кунад, лекин яҳудиён фарьёд зада, гуфтанд:“Агар Ўро озод кунӣ, дўсти қайсар нестӣ; ҳар кӣ даъвои подшоҳӣ кунад, душмани қайсар аст“.
13 Чун Пилотус инро шунид, Исоро берун овардва дар он ҷое ки Сангфарш ва ба ибронӣ Ҷабто номида мешуд, бар курсии доварӣ нишаст.
14 Рўзи ҷумъаи арафаи иди фисҳ буд, ки дар соати шашум ба яҳудиён гуфт:“Инак, Подшоҳи шумо!“
15 Лекин онҳо фарьёд заданд:“Ўро нест кун, нест кун, маслуб кун!“. Пилотус ба онҳо гуфт:“Оё Подшоҳи шуморо маслуб кунам?“ Саркоҳинон ҷавоб доданд:“Ғайр аз қайсар подшоҳе надорем“.
16 Ниҳоят, Ўро ба дасти онҳо супурд, то ки маслуб кунанд. Ва онҳо Исоро гирифта бурданд.
17 Ва Ў салиби Худро бардошта, ба ҷое ки’’Ҷои косахонаи сар’’ ва ба ибронӣ Ҷолҷолто ном дошт, равона шуд;
18 Ва дар он ҷо Ўро маслуб карданд ва бо Ў ду каси дарро, яке аз ин тарафаш ва дигаре аз он тарафаш, ва Исоро дар миёна.
19 Пилотус айбномае навишта, бар салиб овехт, ки чунин навишта шуда буд:“Исои Носирӣ, Подшоҳи яҳудиён“.
20 Бисьёре аз яҳудиён он айбномаро хонданд, зеро ҷое ки Исо маслуб шуда буд, ба шаҳр наздик буд, ва айбномаро ба забонҳои ибронӣ, юнонӣ ва румӣ навишта буданд.
21 Саркоҳинони яҳудӣ ба Пилотус гуфтанд:“Нанавис:’’Подшоҳи яҳудиён’’, балки он чи Ў мегуфт:’’Манам Подшоҳи яҳудиён’’„.
22 Пилотус ҷавоб дод:“Он чи навиштам, навиштам“.
23 Ва сарбозон, чун Исоро маслуб карданд, либоси Ўро гирифта, ба чор ҳасса тақсим карданд, ба ҳар сарбоз як ҳисса; ва пероҳанро низ гирифтанд; лекин пероҳан дарз надошт, балки аз боло то поён бофта шуда буд.
24 Пас онҳо ба якдигар гуфтанд:“Онро пора накунем, балки қуръа партофта бинем, ки аз они кӣ мешавад“, то ки Навишта ба амал ояд, ки мегўяд:’’Сару либоси Маро дар миёни худ тақсим карданд ва бар пероҳани Ман қуръа партофтанд’’. Ва сарбозон чунин карданд.
25 Дар назди салиби Исо модари Ў ва хоҳари модараш, Марьями завҷаи Қлўпос, ва Марьями Маҷдалия истода буданд.
26 Чун Исо мадари Худро бо он шогирде ки дўст медошт, дар он ҷо истода дид, ба модари Худ гуфт:“Эй зан! инак писари ту“.
27 Ва баъд ба шогирди Худ гуфт:“Инак модари ту!“.Аз ҳамон соат он шогирд вайро ба хонаи худ бурд.
28 Пас аз он Исо чун дид, ки ҳама чиз ба анҷом расидааст, то ки Навишта ба амал ояд, гуфт:“Ташнаам“.
29 Дар он ҷо зарфе пур аз сирко истода буд. Пас исфанҷеро аз сирко пур карда, бар сари най ниҳоданд ва наздики даҳони Ў бурданд.
30 Чун Исо сиркоро чашид, гуфт:“Иҷро шуд“.Ва сар фурў оварда, ҷон дод.
31 Лекин, аз баски рўзи ҷумъа буд, барои он ки ҷасадҳо бар салиб дар рўзи шанбе намонад, зеро ки он шанбеи бузург буд, бинобар ин яҳудиён аз Пилотус хоҳиш карданд, ки соқи пойҳои онҳоро бишкананд ва ба поён фуроваранд.
32 Сарбозон омада, соқи пойҳои он ду нафарро, ки бо Ў маслуб шуда буданд, шикастанд;
33 Чун назди Исо омаданд ва диданд, ки аллакак мурдааст, соқи пойҳои Ўро нашикастанд;
34 Аммо яке аз сарбозон ба қабурғаи Ў найза зад, ва ҳамон дам хун ва об ҷорӣ шуд.
35 Ва он касе ки дид, шаҳодат дод, ва шаҳодати вай рост аст; вай медонад ки рост мегўяд, то ки шумо низ имон оваред.
36 Зеро ин воқеъ шуд, то Навишта ба амал ояд, ки мегўяд:’’Ҳеҷ як устухони Ў шикаста нахоҳад шуд’’.
37 Ва Навишта боз дар ҷои дигар мегўяд:’’Ба Он Касе ки найза задаанд, назар хоҳанд дўхт’’.
38 Пас аз он Юсуф, ки аз аҳли Ҳаромот ва, аз тарси яҳудиён, шогирди мехфии Исо буд, аз Пилотус хоҳиш кард, ки Ҷасади Исоро бардорад; ва Пилотус ба вай иҷозат дод. Вай омада, Ҷасади Исоро бардошт.
39 Ва Ниқўдимус, ки пештар шабона назди Исо омада буд, низ омад ва тақрибан сад ратл мур ва уди омехта бо худ овард.
40 Онҳо Ҷасади Исоро гирифтанд ва мувофиқи дафни яҳудиён, ҳанут пошида, ба кафан печонданд.
41 Дар он ҷое ки Ў маслуб шуд, боғе буд, ва дар боғ қабри наве ки дар он ҳанўз ҳеҷ кас дафн нашуда буд:
42 Дар он ҷо Исоро дафн карданд, зеро ки арафаи шанбеи яҳудиён буд, ва он қабр наздик буд.
1 Дар рўзи якшанбе, бомдодон, ки ҳаво ҳанўз торик буд, Марьями Маҷдаллия бар сари қабр омад ва дид, ки санг аз қабр бардошта шудааст;
2 Вай дартоз назди Шимўни Петрус ва он шогирди дигаре ки Исо дўст медошт, омада, ба онҳо гуфт:“Худовандро аз қабр бурдаанд, ва намедонем, ки Ўро куҷо гузоштаанд“.
3 Дарҳол Шимъўни Петрус ва он шогирди дигар берун омада ҷониби қабр рафтанд.
4 Ҳар ду бо ҳам медавиданд, вале он шогирди дигар зудтар давида, аз Петрус пеш гузашт ва аввал бар сари қабр омад,
5 Ва хам шуда, кафанро гузошта дид; лекин ба дарун надаромад.
6 Аз ақиби вай Шимъўни Петрус омада, ба қабр даромад ва кафанро гузошта дид
7 Ва рўймолеро, ки бар сари Ў буд, на бо кафан, балки дар гўшае алоҳида печида дид.
8 Он шогирди дигар, ки аввал бар сари қабр омада буд, низ ба дарун даромад, ва дид, ва имон овард.
9 Зеро онҳо ҳанўз Навиштаро нафаҳмида буданд, ки Ў бояд аз мурдагон эҳьё шавад.
10 Ва шогирдон ба хонаи худ баргаштанд.
11 Аммо Марьям дар беруни қабр истода, гирья мекаард; ва чун мегирист, хам шуда, ба даруни қабр нигоҳ кард.
12 Ва ду фариштаи сафедпўшро дид, ки дар он ҷое ки Ҷасади Исо гузошта шуда буд, яке аз тарафи сар ва дигаре аз тарафи пой нишаста буданд.
13 Онҳо ба вай гуфтанд:“Эй зан! Чаро гирья мекунӣ?“ Ба онҳо гуфт:“Худованди маро бурдаанд, ва намедонам, ки Ўро куҷо гузоштаанд“.
14 Чун инро гуфт, ба ақиб рў овард ва Исоро истода дид; вале надонист, ки Ин Исост.
15 Исо ба вай гуфт:“Эй зан! Чаро гирья мекунӣ? Киро ҷустуҷў мекунӣ?“ Вай ба гумони он ки ин боғбон аст, ба Ў гуфт:“Эй оғо! Агар ту Ўро бурда бошӣ, ба ман бигў, ки Ўро куҷо гузоштаӣ, то ки ман Ўро гирифта барам“.
16 Исо ба вай гуфт:“Эй Марьям!“ Вай рў оварда, ба Ў гуфт:“Раббунӣ!“ яъне:’’Устод!’’
17 Исо ба вай гуфт:“Ба Ман даст нарасон, зеро ки ҳанўз назди Падари Худ сууд накардаам; лекин назди бародарони Ман рафата ба онҳо бигў: Ман назди Падари Худ ва Падари шумо, назди Худои Худ ва Худои шумо сууд мекунам“.
18 Марьями Маҷдалия омада, ба шогирдон хабар дод, ки:“Ман Худовандро дидаам, ва ба ман чунин гуфт“.
19 Бегоҳии худи ҳамон рўзи якшанбе, вақте ки шогирдон дар хонае ҷамъ омада, аз тарси яҳудиён дарҳои онро баста буданд, Исо омада, дар миёни онҳо биистод ва ба онҳо гуфт:“Салом бар шумо бод!“
20 Чун инро гуфт, дастҳо ва қабурғаҳои Худро ба онҳо нишон дод. Шгирдон Худовандро дида, шод гардиданд.
21 Боз Исо ба оно гуфт:“Салом ба шумо бод! Чунон ки Падар Маро фиристод, Ман низ шуморо мефиристам“.
22 Чун инро гуфт, бар онҳо дамид ва гуфт:“Рўҳулқудсро пайдо кунед:
23 Гуноҳи касеро, ки авф намоед, омурзида мешавад; ва касеро ки авф накунед, омурзида намешавад“.
24 Лекин Тумо, ки яке аз он дувоздаҳ буд ва Экизак номида мешуд, вақте ки Исо омад, бо онҳо набуд.
25 Шогирдони дигар ба вай гуфтанд:“Мо Худовандро дидаем“.Вай ба онҳо гуфт:“То дар дастҳои Ў ҷои мехҳоро набинам, ва ангушти худро дар ҷои мехҳо нагузорам, ва дасти худро бар қабурғаи Ў наниҳам, бовар нахоҳам кард“.
26 Баъд аз ҳашт рўз боз шогирдони Ў дар хона буданд, ва Тумо низ бо онҳо буд, ва дарҳо баста. Исо омада, дар миёни онҳо биистод ва гуфт:“Салом бар шумо бод!“
27 Пас аз он ба Тумо гуфт:“Ангушти худро ба ин ҷо биёр ва дастҳои Маро бубин; ва дасти худро биёр ва бар қабурғаи Ман бигузор; ва беимон набош, балки имон дошта бош“.
28 Тумо дар ҷавоби Ў гуфт:“ Эй Худованди ман ва эй Худои ман!“
29 Исо ба вай гуфт:“Ба хотири он ки Маро дидаӣ, имон овардӣ: хушо касоне ки надида, имон меоваранд“.
30 Боз бисьёр мўъҷизоти дигаре Исо дар назди шогирдонаш нишон дод, ки дар ин китоб навишта нашуд;
31 Аммо ин қадараш навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исои Масеҳ ва Писари Худост; ва имон оварда, ба исми Ў ҳаёт ёбед.
1 Баъд аз он боз Исо дар соҳили баҳри Табария ба шогирдон зоҳир шуд. Зоҳир шуданаш ин тавр буд:
2 Шимъўни Петрус, Тумо, ки Экизак номида мешуд, Натанъил, ки аз Қонои Ҷалил буд, писарони Забдой ва ду нафар шогирдони Ў бо ҳам буданд.
3 Ва Шимъўни Петрус ба онҳо гуфт:“Мехоҳам ба сайди моҳӣ биравам“. Ба вай гуфтанд:“Мо низ ҳамроҳи ту меравем“. Дарҳол рафта, ба қаиқ савор шуданд, ва он шаб чизе сайд накарданд.
4 Вақте ки субҳ шуд, Исо дар соҳил истода буд, лекин шогирдон надонистанд, ки ин Исост.
5 Исо ба онҳо гуфт:“Эй фарзандон! Оё назди шумо хўроке ҳаст?“ Ба Ў ҷавоб доданд:“Не“.
6 Ў ба онҳо гуфт:“Тўрро ба тарафи ростӣ қаиқ биандозед, ва хоҳед ёфт“. Онҳо андохтанд, ва аз бисьёрии моҳӣ онро кашида натавонистанд.
7 Он шогирде ки Исо дўст медошт, ба Петрус гуфт:“Ин Худованд аст“. Чун Шимъўни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, ҷомаашро ба худ печон, чунки бараҳна буд, ва худро дар баҳр андохт;
8 Ва шогирдони дигар бо қаиқ омаданд, зеро ки аз соҳил дур набуданд, балки қариб ба дусад зироъ, ва тўри пур аз моҳиро кашиданд.
9 Ва чун ба хушкӣ баромаданд, оташи афрўхта ва моҳии бар он гузошташуда ва нонро диданд.
10 Исо ба онҳо гуфт:“Аз он моҳие ки ҳозир сайд кардед, биёред“.
11 Шимъўни Петрус рафта, тўрро пур аз моҳиёни бузург, ки саду панҷоҳу се адад буданд, ба хушкӣ кашид, ва бо вуҷуди бисьёрии моҳӣ тўр надарида.
12 Исо ба онҳо гуфт:“Биёед, хўрок бихўред“. Лекин аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки аз Ў бипурсад:“Ту кистӣ?“.Зеро медонистанд, ки ин Худованд аст.
13 Ва Исо пеш омада, нонро гирифт ва ба онҳо дод, ва ҳамчунин моҳиро.
14 Ин бори сеюм буд, ки Исо, пас аз эҳьё шудандаш аз мурдагон, ба шогирдони Худ зоҳир шуд.
15 Баъд аз хўрок хўрданашон, Исо ба Шимъўни Петрус гуфт:“Эй Шимъўн ибни Юнус! Оё Маро бештар аз инҳо дўст медорӣ?“ Ба Ў гуфт:“Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дўст медорам“ Ба вай гуфт:“Барраҳои Маро бичарон“.
16 Боз бори дигар ба вай гуфт:“Эй Шимъўн ибни Юнус! Оё Маро дўст медорӣ?“ Ба Ў гуфт:“Оре, Худованд! Ту медонӣ, ки Туро дўст медорам“.Ба вай гуфт:“Гўсфандони Маро чўпони намо“.
17 Ва бори сеюм ба вай гуфт:“Эй Шимъўн ибни Юнус! Оё Маро дўст медорӣ?“ Петрус ғамгин шуд, ки бори сеюм аз вай пурсид:’’Оё Маро дўст медорӣ?’’ ва ба Ў гуфт:“Худовандо! Ту аз ҳама чиз вофиқ ҳастӣ; Ту медонӣ ки Туро дўст медорам“. Исо ба вай гуфт:“Гўсфандони Маро бичарон;
18 Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегўям: вақте ки ҷавон будӣ, камаратро худат мебастӣ, ва ба ҳар ҷое ки мехостӣ, мерафтӣ; лекин вақте ки пир шавӣ, дастҳоятро дароз хоҳӣ кард, ва дигаре туро баста, ба он ҷое ки намехоҳӣ, туро хоҳад бурд“.
19 Чунин гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ гуна фавт вай бояд Худоро ҷалол диҳад. Ва чун инро гуфт, ба вай фармуд:“Аз ақиби Ман биё“.
20 Петрус ба атроф нигоҳ карда, дид, ки он шогирде ки Исоро дўст медошт, аз ақиби онҳо меояд, ва ин ҳамон буд, ки дар вақти таоми шом ба сандуқи синаи Ў такья зада, гуфт:“Худовандо! Кист он ки Туро таслим мекунад?“
21 Чун Петрус вайро дид, ба Исо гуфт:“Худовандо! Оқибати ин чӣ хоҳад буд?“
22 Исо ба вай гуфт:“Агар хости Ман бошад, ки то вақти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад? Аз ақиби Ман биё“.
23 Бинобар дар миёни бародарон чунин сухан панҳ шуд, ки он шогирд нахоҳад мурд. Лекин Исо ба вай нагуфт, ки вай нахоҳад мурд, балки:“ Агар Хости Ман ин бошад, ки то вақти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад?“.
24 Ва ин шогирдест, ки ба ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва инҳоро навишт; ва мо медонем, ки шаҳодати вай рост аст.
25 Боз бисьёр аъмоли дигаре Исо ба ҷо овард, ки агар муфассал навишта шавад, ба гумонам, тамоми дуньё ҳам он китобҳои навишташударо ғунҷоиш дода наметавонист. Омин.