1 Азбаски бисьёр касон ба тартиб додани нақли воқеаҳое шурўъ карданд, ки рўй доданашон дар миёни мо пурра маълум аст,
2 Чунон ки аз ибтидо ба василаи шоҳидон ва ходимони Калом ба мо расондаанд,
3 Ман низ салоҳ донистам, ки ҳама чизро аз худи аввал бодиққат тадқиқ намуда, пай дар ҳам барои ту, эй Теофилуси мўҳтарам, бинависам,
4 То ки ту боэътимодии таълимотеро, ки дар он тарбия ёфтаӣ, бидонӣ.
5 Дар айёми Ҳиродус, подшоҳи Яҳудо, Закарьё ном коҳине аз навбати Абиё буд, ва зани ў аз духтарони Ҳорун буда, Элисабаъ ном дошт.
6 Ҳар дуи онҳо пеши Худо одил буданд ва аз рўи тамоми аҳком ва фароизи Худованд бекаму кост рафтор мекарданд.
7 Онҳо фарзанд надоштанд, зеро ки Элисабаъ нозой буд, ва ҳар ду ба пиронсолагӣ расида буданд.
8 Боре, вақте ки ў бо навбати худ пеши Худо каҳонат мекард,
9 Мувофиқи таомули каҳонат, қуръа ба номи ў баромад, ки ба маъбади Худованд даромада, бухур кунад;
10 Ва дар вақти бухур карданаш тамоми ҷамоат дар берун дуо мегуфт.
11 Баногоҳ фариштаи Худованд бар ў зоҳир гардида, дар тарафи рости қурбонгоҳи бухур истод.
12 Закарьё аз ин рўъё музтариб шуда, ба ҳарос афтод.
13 Аммо фаришта ба ў гуфт:“Эй Закарьё, натарс, зеро ки дуои ту мустаҷоб шудааст, ва зани ту Элисобаъ ба ту писаре хоҳад зоид, ва ту ўро Яҳьё хоҳӣ номид“.
14 Ва туро шодмонӣ ва хурсандӣ насиб хоҳад шуд, ва бисьёр касон ба таваллуди ў шодӣ хоҳанд кард.
15 Зеро ки ў дар назди Худованд бузург хоҳад буд, ва шароб ва арақ нахоҳид нўшид, ва аз шиками модари худ аз Рўҳулқкудс пур хоҳад буд,
16 Ва бисьёр касонро аз банӣ-Исроил ба Худованд Худои онҳо руҷуъ хоҳад кунонд.
17 Ва пешопеши Ў бо рўҳ ва қувваи Ильёс қадам хоҳад зад, то ки дилҳои падаронро ба фарзандон ва номутеонро ба ҳикмати одилон баргардонад ва халқи дурусте барои Худованд муҳайё созад“.
18 Закарьё ба фаришта гуфт:“Инро аз рўи чӣ бидонам? Зеро ки ман пир ҳастам, ва зани ман низ ба пиронсолагӣ расидааст“.
19 Фаришта дар ҷавоби ў гуфт:“Ман Ҷаброил ҳастам, ки ба ҳузури Худо меистам, ва фиристода шудаам барои он ки бо ту сухан ронам ва ин муждаро ба ту бирасонам.
20 Ва инак, забонат лол шуда, то рўзи ба амал омдани ин ту имконияти гап задан нахоҳи дошт, аз барои он ки ба суханони ман, ки дар вақти худ ба иҷро хоҳанд расид, имон наовардӣ“.
21 Дар ин миён ҷамоат мунтазири Закарьё буданд ва тааҷҷуб менамуданд, ки ў дар маъбад даранг мекунад.
22 Ва ҳангоме ки берун омад, ба онҳо гап зада натавонист, ва онҳо фаҳмиданд, ки ў дар маъбад рўъёе дидааст; ва ў ба онҳо имову ишора мекард, ва забонаш лол шуда буд.
23 Вақте ки рўзҳои хизматаш ба анҷом расид, ба хонаи худ рафт.
24 Ва баъд аз он рўзҳо зани ў, Элисобаъ. ҳомила шуда, панҷ моҳ худро аз ҳама пинҳон дошт, ва гуфт:
25 „Дар ин рўзҳо Худованд назар карда, ба ман чунин амал кард, то ки нанги маро аз миёни мардум бардорад“.
26 Ва дар моҳи шашум Ҷабраили фаришта аз ҷониби Худо ба Носира ном шаҳри Ҷалил фиристода шуд.
27 Назди бокирае ки номзади Юсуф ном марде аз хонадони Довуд буд; ва номи он бокира Марьям буд.
28 Ва фаришта назди вай омада, гуфт:“Салом бар ту, эй пурфайз! Худованд бо туст; ту дар миёни занон муборак ҳастӣ“.
29 Аммо вай ўро дида, аз суханонаш музтариб шуд ва дар дили худ гуфт, ки ин чӣ саломе бошад.
30 Ва фаришта ба вай гуфт:“Эй Марьям, натарс, зеро ки ту назди Худо файз ёфтаӣ;
31 Ва инак, ҳомила шуда, Писаре хоҳӣ зоид, ва Ўро Исо хоҳӣ номид;
32 Ва Ў бузург хоҳад буд ва Писари Ҳаққи Таоло номида хоҳад шуд; ва Худованд Худо тахти падараш Довудро ба Ў хоҳад дод;
33 Ва Ў ба хонадони Яъқуб то абад салтанат хоҳад ронд, ва салтанати Ў интиҳо нахоҳад дошт“
34 Марьям ба фаришта гуфт:“Ин чӣ гуна мешавад, дар сурате ки ман бокира ҳастам?“
35 Фаришта дар ҷавоби вай гуфт:“Рўҳулқудс бар ту хоҳад омад, ва қуввати Ҳаққи Таоло бар ту соя хоҳад афканд; бинобар ин он мавлуди Муқаддас ҳам Писари Худо номида хоҳад шуд;
36 Инак, хеши ту, Элисобаъ, ки ўро нозой меноманд, ў низ дар шиками худ писаре дорад, ва ҳоло моҳи шашуми ўст;
37 Зеро ки назди Худо ҳеҷ каломе бе оқибат намемонад“.
38 Марьям гуфт:“Инак, канизи Худованд ҳастам; бигзор бо ман аз рўи каломи ту бишавад“. Ва фаришта аз пеши вай рафт.
39 Дар он рўзҳо Марьям роҳсипор шуда, бо шитоб ба шаҳре рафт, ки дар кўҳистони Яҳудо воқеъ аст,
40 Ва ба хонаи Закарьё даромада, ба Элисобаъ салом гуфт.
41 Ва чун Элисобаъ саломи Марьямро шунид, бача дар шикамаш ба ҷунбиш омад; ва Элисобаъ аз Рўҳулқудс пур шуд,
42 Ва бо овози баланд хитоб намуда, гуфт:“Ту дар миёни занон муборак ҳастӣ, ва муборак аст самари шиками ту!“.
43 „Ва ин ба ман аз куҷост, ки модари Худованди ман назди ман омадааст?
44 Зеро ки чун саломи ту ба гўшам расид, бача аз шодӣ дар шикамам ба ҷунбиш омад;
45 Ва хушо вай, ки имон овардааст, ки он чи аз ҷониби Худованд ба вай гуфта шудааст, ба амал хоҳад омад“.
46 Ва Марьям гуфт:“Ҷони ман Худовандро ситоиш мекунад,
47 Ва рўҳи ман аз Худои Наҷотдиҳандаи ман ба ваҷд омад,
48 Ки Ў ба фурўтании канизи Худ назар кардааст; зеро ки минбаъд ҳамаи наслҳо маро хушбахт хоҳанд хонд;
49 Зеро ки он Қодир чизи бузурге барои ман ба амал овард, ва исми Ў муқаддас аст,
50 Ва марҳамати Ў насл ба насл барои касонест, ки аз Ў метарсанд;
51 Қуввати бозуи Худро зоҳир сохт; онҳоеро, ки аз андешаҳои дилашон мағрур буданд, пароканда кард;
52 Зўроваронро аз тахтҳо вожгун сохт ва фурўтанонро сарафроз гардонд;
53 Гуруснагонро аз неъматҳо пур кард, ва сарватдоронро тиҳидаст фиристод;
54 Бандаи Худ Исроилро дасгирӣ кард, ба хотираи марҳамати Худ,-
55 Чунон ки ба падарони мо гуфта буд,-ба Иброҳим ва насли ў то абад“.
56 Ва Марьям қариб се моҳ назди ў монд ва баъд ба хонаи худ баргашт.
57 Чун вақти зоидани Элисобаъ расид, ў писаре зоид.
58 Ва ҳамсояҳо ва хешу табори ў шуниданд, ки Худованд марҳамати Худро ба ў афзун кардааст, ва бо ў шод шуданд.
59 Ва дар рўзи ҳаштум омаданд, ки кўдакро хатна кунанд, ва мехостад ўро, аз рўи номи падараш, Закарьё ном монанд.
60 Лекин модараш дар ҷавоб гуфт:“Не, балки ў Яҳьё номида хоҳад шуд“.
61 Ба вай гуфтанд:“Дар авлоди ту касе нест, ки чунин ном дошта бошад“.
62 Ва бо имову ишорат аз падараш пурсиданд, ки ўро чӣ ном ниҳодан мехоҳад.
63 Ў тахтачае талабида, бар он навишт:“Номи ў Яҳьёст“. Ва ҳама мутааҷҷиб шуданд.
64 Дарҳол даҳон ва забони ў кушода шуд, ва ў ба сухан даромада, Худоро ҳамду сано хонд.
65 Ва ҳамаи ҳамсояҳои онҳо ба ҳарос афтоданд; ва тамоми ин воқеаро дар сар то сари кўҳистони Яҳудо нақл мекарданд.
66 Ва ҳар кӣ мешунавид, инро дар дили худ ҷо дода, мегуфт:“Ин кўдак кӣ хоҳад шуд?“ Ва дасти Худованд бо ў буд.
67 Падари ў, Закарьё аз Рўҳулқудс пур шуд ва нубувват намуда гуфт:
68 „Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки қавми Худро парасторӣ намуда, ба вай халосӣ ато фармудааст,
69 Ва барои мо дар хонадони бандаи Худ Довуд шохи наҷот барпо кардааст,
70 Чунон ки аз қадим бо забони анбиёи муқаддаси Худ гуфтааст,
71 Ки моро аз душманони мо ва аз дасти ҳамаи онҳое ки аз мо нафрат доранд, наҷот хоҳад дод;
72 Ба падарони мо марҳамат намуда, аҳди муқаддаси Худро,
73 Қасамеро, ки Ў ба падари мо Иброҳим ёд карда буд ба хотир хоҳад овард,
74 Ва ба мо имконият хоҳад дод, ки аз дасти душманони худ халос шуда, бе тарсу бим
75 Ба Ў бо қудсият ва адолат хизмат кунем, дар ҳолате ки тамоми айёми умри худ пеши Ў бошем.
76 Ва ту, эй кўдак, набии Ҳаққи Таоло хонда хоҳӣ шуд, зеро ки пешопеши Худованд қадам хоҳӣ зад, то ки роҳҳои Ўро муҳайё кунӣ
77 Ва ба қавми Ў бифаҳмонӣ, ки наҷот дар омурзиши гуноҳҳои онҳст,
78 Аз умқи марҳамати Худои мо, ки бо он моро Найири Толеъ аз олами боло парасторӣ намуд,
79 То ки касони дар торикӣ ва дар сояи марг нишастаро мунавар созад ва пойҳои моро ба роҳи осоиштагӣ равона кунад“.
80 Ва кўдак калон шуда, рўҳаш қавӣ мегашт, ва то рўзе ки бар Исроил зоҳир гардид, дар биёбонҳо буд.
1 Дар он айём аз ҷониби қайсари Авғустус фармоне баромад, ки дар тамоми рўи замин саршуморӣ гузаронданд.
2 Дар замоне ки Кириниюс дар Сурия ҳукмронӣ мекард, ин саршуморӣ аввалин буд.
3 Ва ҳама барои нависондани худ, ҳар яке ба шаҳри худ мерафтанд.
4 Юсуф низ аз Ҷалил, аз шаҳри Носира, ба Яҳудо, ба шаҳри Довуд, ки Байт-Лаҳм ном дорад, равона шуд, чунки ў аз хонадон ва авлоди Довуд буд,
5 То худро бо Марьям, ки номзади ў буд ва ҳомиладор буд, нависонад.
6 Ва ҳангоме ки онҳо дар он ҷо буданд, вақти зоидани вай расид;
7 Ва Писари нахустини худро зоид, ва Ўро парпеч кард, ва Ўро дар охуре хобонид, чунки дар мусофирхона ҷое барои онҳо набуд.
8 Дар он сарзамин чўпононе буданд, ки шабона дар ҳавои кушод рамаи худро посбонӣ мекарданд.
9 Ва фариштаи Худованд бар онҳо зоҳир гардид, ва ҷалоли Худованд дар гирду пешашон дурахшид, ва онҳо бағоят ҳаросон шуданд.
10 Фаришта ба онҳо гуфт:“Натарсед; зеро ки муждаи бузурге ба шумо мерасонам, ки он барои тамоми қавм хоҳад буд:
11 „Имрўз барои шумо дар шаҳри Довуд Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, ки Ў Масеҳи Худованд аст;
12 Ва ин аст аломате барои шумо: Кўдакро парпечшуда ва дар охуре хобида хоҳед ёфт“.
13 Ногаҳон бо фаришта фавҷе аз лашкари осмон пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд:
14 „Худоро ҷалол дар арши аъло, ва осоиштагӣ бар замин, ва ҳусни таваҷҷўҳ дар миёни мардум бод“.
15 Вақте ки фариштагон аз пеши онҳо ба осмон сууд карданд, чўпонон ба якдигар гуфтанд:“Биёед, ба Байт-Лаҳм биравем ва он чиро, ки дар он ҷо воқеъ шудааст, ва Худованд онро ба мо хабар додааст, бубинем“.
16 Ва бо шитоб омаданд, ва Марьям ва Юсуф ва Кўдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд.
17 Ва чун диданд, он суханонеро, ки ба онҳо дар бораи Ин Кўдак гуфта шуда буд, нақл карданд.
18 Ва ҳамаи онҳое ки шуниданд, аз он чи чўпонон ба онҳо нақл карданд, мутааҷҷиб шуданд.
19 Ва Марьям ҳамаи ин суханонродар дили худ ҷо дода, нигоҳ медошт.
20 Ва чўпонон баргашта, Худоро ҳамду сано мехонданд ва ситоиш мекарданд барои ҳамаи он чизҳое ки шунида ва дида буданд, чунон ки ба онҳо гуфта шуда буд.
21 Вақте ки дар ҳаштрўзагӣ Ўро хатна карданд, ба Ў Исо ном доданд, чунон ки фаришта Ўро, пеш аз он ки дар шикам пайдо шавад, номида буд.
22 Ва ҳангоме ки айёми татҳири онҳо мувофиқи шариати Мусо фаро расид, Ўро ба Ерусалим оварданд, то ки ба Худованд пешниҳод кунаднд,
23 Чунон ки дар шариати Худованд навишта шудааст:’’Ҳар махлуқи наринае ки батни модарро мекушояд, муқаддаси Худованд хонда мешавад’’;
24 Ва мувофиқи он чи дар шариати Худованд гуфта шудааст, ду фохта ё ду чўҷаи кабўтар қубонӣ кунанд.
25 Ва инак, дар Ерусалим Шимъўн ном марде буд, ки Марди одил ва паҳрезгор ва мунтазири тасаллои Исроил буд, ва Рўҳулқудс бар ў буд.
26 Ва аз Рўҳулқудс ба ў маълум шуда буд, ки то Масеҳи Худовандро набинад, фавтро нахоҳад дид.
27 Ва ў ба ҳидояти Рўҳ ба маъбад омад. Ва ҳангоме ки Исои Кўдакро падару модараш оварданд, то ки маросими шариатро бар Ў ба ҷо оваранд,
28 Ўро ба дасти худ гирифта, Худоро муборак хонд ва гуфт:
29 „Акнун, Эй Парвардигор, бандаи Худро, мувофиқи ваъдаи Худ, ба саломатӣ ҷавоб медиҳӣ;
30 Зеро ки чашмони ман наҷоти Туро дид,
31 Ки онро Ту пеши ҳамаи қавмҳо муҳайё сохтаӣ:
32 Нурест, ки чашми халқҳоро кушояд. Ва ҷалоли қавми Исроили Ту бошад“.
33 Ва Юсуф ва модари Ў аз он чи дар бораи Ў гуфта шуд, мутааҷҷиб гардиданд.
34 Ва Шимъўн онҳоро баракат дода, ба Марьям, модари Ў, гуфт:“Инак, Ў барои ғалтидан ва бархостани бисьёр касон дар Исроил ва барои аломати муноқишот таъин шудааст,-
35 Дар ҷони ту низ шамшере фурў хоҳад рафт, то ки андешаҳои дилҳои бисьёр ошкор шавад“.
36 Дар он ҷо низ набияе, Ҳано духтари Фануил, аз сибти Ошер буд, ки хеле солхўрда буд, ва аз давраи бакораташ ҳафт сол бо шавҳари худ зиндагӣ кардагӣ буд,
37 Ва то ҳаштоду чорсолагӣ бева буд.Вай аз маъбад дур нашуда, бо рўза ва дуо шабу рўз ба Худо ибодат мекард.
38 Вай низ дар ҳамон соат пеш омада, Худовандро ҳамду сано хонд ва ба ҳамаи онҳое ки мунтазири халосии Ерусалим буданд, дар бораи Ў сухан ронд.
39 Баъд аз он ки тамоми маросимро мувофиқи шариати Худованд ба анҷом расонданд, ба Ҷалил, ба шаҳри худ Носира баргаштанд.
40 Ва Кўдак калон шуда, рўҳаш қавӣ мегашт ва аз ҳикмат пур мешуд, ва файзи Худо бар Ў буд.
41 Ҳар сол падару модари Ў барои иди фисҳ ба Ерусалим мерафтанд.
42 Инчунин вақте ки Ў дувоздаҳсола буд, онҳо аз рўи таомули ид ба Ерусалим омаданд,
43 Ва ҳангоме ки баъд аз итмоми айёми ид гашта мерафтанд, Исои Наврас дар Ерусалим монд; ва инро Юсуф ва модари Ў пайхас нарафтанд,
44 Ба гумони он ки Ў бо аҳли қофила меояд; ва як рўз роҳ паймуда, дар миёни хешон ва ошноён ба ҷустуҷўи Ў шурўъ карданд;
45 Ва чун наёфтанд, барои кофта ёфтани Ў ба Ерусалим баргаштанд.
46 Баъд аз се рўз Ўро дар маъбад ёфтанд, ки дар миёни муаллимон нишаста, суханони онҳоро гўш мекард ва ба онҳо савол медод;
47 Ва ҳамаи онҳое ки суханони Ўро мешуниданд, аз ақли Ў ва аз ҷавобҳои Ў мутааҷҷуб мешуданд.
48 Чун Ўро диданд, дар ҳайрат монданд; ва модари Ў ба Ў гуфт:“Эй Фарзандам! Чаро Ту бо мо чунон рафтор кардӣ? Инак, падарат ва ман хеле ғусса хўрда, Туро ҷустуҷў кардем“.
49 Ба онҳо гуфт:Чаро Маро ҷустуҷў кардед? Магар намедонистед, ки Ман бояд дар ҳамон ҷое бошам, ки ба Падарам тааллуқ дорад?“
50 Вале онҳо ба суханоне ки Ў гуфт, сарфаҳм нарафтанд.
51 Ва Ў бо онҳо равона шуда, ба Носира омад; ва дар итоати онҳо буд. Ва модари Ў ҳамаи ин суханонро дар дили худ нигоҳ медошт.
52 Ва Исо дар ҳикмат ва дар камол ва дар илтифот назди Худо ва одамон тараққӣ мекард.
1 Дар соли понздаҳуми ҳукмронии қайсар Табариюс, вақте ки Понтиюс Пилотус дар Яҳудо фармонравоӣ мекард, ва Ҳиродус тетрархи Ҷалил, ва бародараш Филиппус тетрархи Итурия ва вилояти Тархонитус, ва Лисониюс тетрархи Абилин буд,
2 Дар айёми саркоҳин Ҳонон ва Қиёфо, каломи Худо ба Яҳьё ибни Зкарьё расид.
3 Ва ў тамоми кишвари атрофи Ўрдунро тай карда, таъмиди тавбаро барои омурзиши гиноҳҳо мавъиза менамуд,
4 Чунон ки дар китоби нутқҳои Ишаъёи набӣ навишта шудааст:“Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро тайёр кунед, тариқи Ўро рост кунед;
5 Ҳар водӣ баланд, ва ҳар кўҳ ва теппа паст, ва ҳар каҷӣ роҳи рост, ва ҳар роҳи ноҳамвор ҳамвор хоҳад шуд;
6 „Ва ҳар башар наҷоти Худоро хоҳад дид“
7 Ва ба мардуме ки берун меомаданд, то ки аз ў таъмид ёбанд, мегуф:“Эй афъизадагон! Кӣ ба шумо талқин кард, ки аз ғазаби оянда бигрезед?“
8 Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад, ва дар дили худ нагўед, ки’’падари мо Иброҳим аст!’’,зеро ба шумо мегўям, ки Худо қодир аст аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад;
9 Ва алҳол теша бар решаи дарахтон гузошта шудааст: ҳар дарахте ки меваи нағз надиҳад, бурида ва дар оташ андохта хоҳад шуд“.
10 Мардум аз ў мепурсиданд:“Пас чӣ кунем?“
11 Дар ҷавоби онҳо мегуфт:“Касе ки ду курта дорад, ба касе ки надорад, бидиҳад; ва касе ки хўрок дорад, низ чунин амал кунад“.
12 Боҷгирон низ барои таъмид омада, ба ў гуфтанд:“Эй устод, чӣ кунем?“.
13 Ба онҳо гуфт:“Бештар аз он чи барои шумо муқарар шудааст талаб накунед“.
14 Сарбозон низ аз ў пурсида, гуфтанд:“Пас мо чӣ кунем?“ Ба онҳо гуфт:“Касеро озор надиҳед, дар ҳаққи касе тўҳмат накунед, ва ба маоши худ қаноат намоед“.
15 Ва ҳангоме ки мардум интизор меистоданд, ва ҳама дар дили худ дар бораи Яҳьё андеша мекарданд, ки оё вай Масеҳ аст ё не,
16 Яҳьё дар ҷавоби ҳамаи онҳо мегуфт:“Ман бо об таъмид медиҳам, лекин Тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки даволи пойафзоли Ўро воз кунам; Ў шуморо бо Рўҳулқудс ва оташ таъмид хоҳад дод;
17 „Ў ғалбери Худро дар даст дорад, ва Ў хирмангоҳи Худро тоза карда, гандумро дар анбори Худ гирд хоҳад овард, лекин коҳро дар оташи хомўшнашаванда хоҳад сўзонд“.
18 Боз бисьёр чизҳои дигарро ба мардум башорат дода онҳоро насиҳат мекард.
19 Ва тетрарх Ҳиродус барои Ҳиродия, зани бародараш ва барои ҳамаи бадиҳое ки карда буд, ба мазамати ў дучор шуда,
20 Инро низ бар ҳамаи онҳо илова намуд, ки Яҳьёро ба зиндон андохт.
21 Ҳангоме ки тамоми мардум таъмид меёфтанд, ва Исо низ таъмид ёфта, дуо мегуфт, осмон кушода шуд,
22 Ва Рўҳулқудс дар шакли ҷисмони, чун кабўтаре, бар Ў нозил шуд, ва овозе омад, ки мегуфт::“Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастӣ; ҳусни таваҷўҳи Ман бар Туст!“
23 Ва Исо, вақте ба хизмати Худо шурўъ намуд, тақрибан сисола буд, ва, чунон ки гумон мекарданд, писари Юсуф ибни Элӣ,
24 Ибни Маттот, ибни Левӣ, ибни Малкӣ, ибниЯннай, ибни Юсуф,
25 Ибни Матитьё, ибни Омўс, ибни Наҳум, ибни Ҳеслӣ,ибни Наҷҷой,
26 Ибни Маҳат, ибни Матитьё, ибни Шимъӣ, ибни Юсуф, ибни Йўдо,
27 Ибни Йўҳонон, ибни Ресо, ибни Зарубобил, ибни Шаалтиил, ибни Нерӣ,
28 Ибни Малкӣ, ибни Аддӣ, ибни Қўсом, ибни Элмадом, ибни Эр,
29 Ибни Йўсе ибни Элеэзер, ибни Йўрим, ибни Маттот, ибни Левӣ,
30 Ибни Шимъўн, ибни Яҳудо, ибниЮсуф, ибни Йўном, ибни Эльёқим,
31 Ибни Мальё, Ибни Мино, ибни Матато, ибни Нотон, ибни Довуд,
32 Ибни Йисой, ибни Ўбид, ибни Бўаз, ибни Салмўн, ибни Наҳшўн,
33 Ибни Аминобод, ибни Ром, ибни Ҳесрўн, ибни Форас, ибни Яҳудо,
34 Ибни Яъқуб, ибни Исҳоқ, ибни Иброҳим, ибни Тораҳ, ибни Ноҳўр,
35 Ибни Саруҷ, ибни Рау, ибни Фолаҷ, ибни Эбар, ибни Шолаҳ,
36 Ибни Қенон, ибни Арфакшад, ибни Сом, ибни Нўҳ, ибни Ломак,
37 Ибни Матушолаҳ, ибни Ҳанўх, ибни Ёрад, ибни Маҳалальил, ибни Қенон,
38 Ибни Анўш, ибни Шет, ибни Одам, ибни Худо буд.
1 Ва Исо пур аз Рўҳулқудс аз Ўрдун баргашт, ва Рўҳ Ўро ба биёбон бурд,
2 Ва чиҳил рўз Ўро иблис меозмуд, ва дар он рўзҳо Ў чизе нахўрд; ва баъд аз тамом шудани онҳо гурусна монд.
3 Ва иблис ба Ў гуфт:“Агар Ту Писаари Худо бошӣ, ба ин санг бигўй, ки нон шавад“
4 Исо ба вай ҷавоб дод:“Навишта шудааст, ки одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар каломи Худо“.
5 Ва Ўро ба кўҳи баланде бардошта бароварда, ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро дар лаҳзае ба Ў нишон дод,
6 Ва иблис ба Ў гуфт:“Тамоми салтанати ва ҷалоли онҳоро ба Ту медиҳам, зеро ки он ба дасти ман супурда шудааст, ва ман, ба ҳар кӣ хоҳам, онро медиҳам;
7 „Пас, агар Ту ба ман саҷда кунӣ, ҳамааш аз они Ту мешавад“.
8 Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Аз Ман дур шав, эй шайтон; навишта шудааст, ки:’’Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ўро ибодат намо’’„
9 Ва Ўро ба Ерусалим бурда, бар кунгураи маъбад гузошт, ва ба Ў гуфт:“Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз ин ҷо Худро ба зер андоз;
10 „Зеро ки навишта шудааст:“Ба фариштагони Худ дар бораи Ту амр хоҳад дод, ки Туро нигоҳдорӣ кунанд;
11 Ва Туро бар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд, ки мабодо пои Худро ба санге бизанӣ“
12 Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Гуфта шудааст, ки:’’Худованд Худои хурдо наозмой’’„
13 Ва иблис тамоми озмоишро ба итмом расонда, то муддате аз Ў дур шуд.
14 Ва Исо бо қуввати Рўҳ ба Ҷалил баргашт, ва овозаи Ў дар тамоми кишвар паҳн шуд.
15 Ва Ў дар куништҳои онҳо таълим медод, ва ҳама Ўро ситоиш мекарданд.
16 Ва ба Носира, ки дар он ҷо тарбия ёфта буд, омад ва аз рўи одати Худ, рўзи шанбе ба куништ даромад ва барои қироат бархост.
17 Ба Ў китоби Ишаъёи набиро доданд; ва Ў китобро кушода, ҷоеро ёфт, ки чунин навишта шуда буд:
18 ‘‘Рўҳи Худованд бар Ман аст; зеро ки Ў Маро татҳин намудааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, ва Маро фиристодааст, то ки шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва биноиро ба кўрон мавъиза намоям, мазлумонро озод кунам’’
19 ‘‘Ва соли таваҷҷўҳи Худовандро мавъиза намоям’’.
20 Ва китобро пўшонда, ба ходим дод ва нишаст; ва чашмони ҳама дар куништ ба Ў дўхта шуда буд.
21 Ва Ў ба сухан оғоз намуда, ба онҳо гуфт:“Имрўз ин навишта, ки шумо гўш кардед, ба иҷро расидааст“.
22 Ва ҳама ба Ў шаҳодат медоданд, ва аз суханони файзбахше ки аз даҳонаш мебаромад, мутааҷҷиб шуда, мегуфтанд:“Оё Ў писари Юсуф нест?“
23 Ба онҳо гуфт:“Албатта, шумо ба Ман ин мақолро хоҳед гуфт:’’Эй табиб! Худатро шифо бидеҳ; ҳар он чи шунидаем, ки дар Кафарнаҳум воқеъ шудааст, ин ҷо низ дар ватани Худ бикун’’„.
24 Ва гуфт:“Ба ростӣ ба шумо мегўям, ки ҳеҷ пайғамбаре дар зодгоҳи худ мақбул нест“.
25 Аз рўи ҳақиқат ба шумо мегўям: бисьёр бевазанон дар Исроил дар айёми Ильёс буданд, ки он вақт осмон се солу шаш моҳ баста шуда буд, ба тавре ки дар тамоми рўи замин қаҳтии сахте рўй дод,
26 Вале Ильёс назди ҳеҷ яке аз онҳо фиристода нашуд, балки фақат назди бевазане ба Сорфатои Сидўн;
27 Ва бисьёр махавиён дар Исроил дар айёми Элишои набӣ буданд, вале ҳеҷ яке аз онҳо пок нашуд, балки фақат Наамони сурьёнӣ“;
28 Тамоми аҳли куништ инро шунида, пур аз ғазаб шуданд,
29 Ва бархоста, Ўро аз шаҳр бадар карданд ва бар қуллаи кўҳе ки шаҳрашон бар он сохта шуда буд, бурданд, то ки Ўро ба зер афкананд;
30 Аммо Ў аз миёни онҳо гузашта, ба роҳи Худ рафт.
31 Ва ба Кафарнаҳум, шаҳри Ҷалил, омад, ва дар рўзҳои шанбе онҳоро таълим медод.
32 Ва онҳо аз таълими Ў дар ҳайрат монданд, зеро ки каломи Ў боқудрат буд.
33 Дар куништ касе буд, ки рўҳи деви палид дошт, ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфт:
34 „Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ, эй Қудусси Худо!“
35 Исо вайро манъ карда, гуфт:“Хомўш шав ва аз вай берун ой!“ Ва дев ўро дар миёна афтонда, аз ў берун шуд, ва ҳеҷ осебе ба ў нарасонд.
36 Ҳама ба воҳима афтоданд, ва ба якдигар мегуфтанд:“Ин чӣ гапест, ки Ў бо қудрат ва қувват ба авроҳи палид амр мефармояд, ва онҳо берун меоянд?“
37 Ва овозаи Ў дар тамоми гирду атроф паҳн шуд.
38 Ў аз куништ баромада, ба хонаи Шимъўн омад; модарарўси Шимъўн ба табларзаи сахте гирифтор буд; ва дар хусуси вай аз Ў илтимос карданд.
39 Ва Ў наздики вай омада, табларзаро манъ кард; ва он нест шуд. Вай дарҳол бархоста, ба парастории онҳо машғул гашт.
40 Дар вақти фурў рафтани офтоб ҳамаи онҳое ки беморони гирифтори касалиҳои гуногун доштанд, онҳоро назди Ў меоварданд, ва Ў ба ҳар яке аз онҳо даст гузошта, онҳоро шифо медод.
41 Девҳо низ аз бисьёр касон берун омада, бо фарьёд мегуфтанд:“Ту Масеҳ Писари Худо ҳастӣ“. Аммо Ў онҳоро манъ карда, намегузошт сухан ронанд, зеро ки Масеҳ будани Ўро медонистанд.
42 Чун субҳ дамид, Ў берун омада, ба хилватгоҳе рафт, вале мардум Ўро кофта ёфтанд ва назди Ў омаданд, ва Ўро нигоҳ медоштанд, ки аз пешашон наравад.
43 Ба онҳо гуфт:“Ман бояд ба шаҳрҳои дигар низ аз Малакути Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам“.
44 Ва дар куништҳои Ҷалил мавъиза мекард.
1 Боре, вақте ки мардуми бисьёре аз ҳар тараф Ўро фишор медоданд, то ки каломи Худоро гўш кунанд, ва Ў дар канори кўли Ҷинесор истода буд,
2 Ду қаиқро дид, ки дар кўл истода буданд, ва сайёдони моҳӣ аз онҳо берун омада, тўрҳои худро шустушўй мекарданд.
3 Ба яке аз қаиқҳо, ки аз они Шимъўн буд, савор шуда, аз вай хоҳиш кард, ки андаке аз соҳил дуртар ронад, ва Ў дар қаиқ нишаста, мардумро таълим медод.
4 Ва ҳангоме ки суханаш ба поён расид, ба Шимъўн гуфт:“Ба чуқуроб бирон, ва тўрҳои худро барои сайд андозед“.
5 Шимъўн дар ҷавоби Ў гуфт:“Эй Устод! Тамоми шаб заҳмат кашида, чизе нагирифтем; лекин аз рўи сухани Ту тўрро меандозам“.
6 Ва онҳо чунин карданд, ва миқдори зиёди моҳиро сайд карданд, ва кам ммонда буд, ки тўрашон кафида равад.
7 Ва ба рафиқони худ, ки дар қаиқи дигар буданд, ишорат карданд, ки ба ёрии онҳо биёянд; ва онҳо омада, ҳар ду қаиқро пур карданд, ба тавре ки қариб буд ки зери об раванд.
8 Шимъўни Петрус, чун инро дид, пеши Исо зону зада, гуфт:“Худовандо! Аз пеши ман бирав, чунки ман шахси гуноҳкор ҳастам“.
9 Зеро ки вай ва ҳамаи ҳамроҳонаш аз ин сайди моҳиёне ки ба даст оварда буданд, дар даҳшат афтоданд.
10 Ва ҳамчунин Яъқуб ва Юҳанно, писарони Забдой низ, ки шарикони Шимъўн буданд. Ва Исо ба Шимъўн гуфт:“Натарс; минбаъд одамонро сайд хоҳӣ кард“.
11 Ва ҳар ду қаиқро ба соҳил бароварданд, ва ҳамаро тарк карда, аз ақиби Ў равона шуданд.
12 Вақте ки Исо дар яке аз шаҳрҳо буд, марде пур аз махав омад, ва чун Исоро дид, рўй ба замин ниҳода, аз Ў илтимос кард:“Худовандо! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ“.
13 Ў дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт:“Махоҳам, пок шав!“ Ва дарҳол махав аз вай нест шуд.
14 Ва Ў ба вай таъин кард, ки ба ҳеҷ кас гап назанад, балки рафта худро ба коҳин нишон диҳад ва барои пок шудани худ он ҳадияеро, ки Мусо фармудааст, тақдим кунад, то ба онҳо шаҳодате гардад.
15 Аммо овозаи Ў то рафт паҳн мешуд, ва шумораи зиёди мардум назди Ў ҷамъ- меомаданд, то ки каломашро гўш кунанд ва аз касалиҳои худ шифо ёбанд.
16 Ва Ў ба ҷойои хилват мерафт ва дуо мегуфт.
17 Рўзе аз рўзҳо, вақте ки Ў таълим медод, ва фарисиён ва муаллимони шариат аз тамоми деҳоти Ҷалил ва аз Яҳудо ва Ерусалим омада, дар он ҷо нишаста буданд, ва қуввати Худованд дар шифо дар шифо доданаш зоҳир мешуд,
18 Инак, якчанд кас марди мафлуҷеро бо бистараш бардошта оварданд, ва мехостанд вайро дароварда, пеши Ў бигузоранд,
19 Вале ба сабаби бисьёрии мардум роҳе барои даровардани вай наёфта, болои бом баромаданд ва аз миёни сафолҳои он вайро бо бистараш ба миёни хона пеши Исо поён фуроварданд.
20 Ва Ў имони онҳоро дида, гуфт:“Эй одамизод, гуноҳҳои ту омурзида шуд“.
21 Китобдонон ва фарисиён дар дили худ андеша карда, мегуфтанд:“Ин кист, ки куфр мегўяд? Ҷуз Худои ягона кист, ки гуноҳҳоро омурзида тавонад?“
22 Исо андешаҳои онҳоро пай бурда, дар ҷавоби онҳо гуфт:“шумо дар дили худ чӣ андешаҳо доред?
23 Кадомаш осонтар аст: гуфтани он ки’’гуноҳҳои ту омурзида шуд’’, ё гуфтани он ки’’бархез ва равона шав’’?
24 Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рўи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад“- ба мафлуҷ гуфт:“Ба ту мегўям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав“.
25 Вай дарҳол дар пеши назари онҳо бархост, бистари худро бардошт ва, Худоро сипоскунон, ба хонаи худ равона шуд.
26 Ва ҳама дар ҳайрат монданд, ва Худоро ҳамду сано мехонданд, ва дар ҳолате ки пур аз тарсу ҳарос буданд, мегуфтанд:“Имрўз чизҳои аҷоибе дидем“.
27 Баъд аз ин Ў берун рафта, Левӣ ном боҷгиреро дид, ки дар боҷгоҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт:“Аз паи Ман биё“.
28 Вай ҳама чизро тарк карда, бархост ва аз паи Ў равона шуд.
29 Ва Левӣ дар хонаи худ барои Ў зиёфати калоне дод, ва шумораи зиёди боҷгирон ва касони дигар дар он ҷо буданд, ва онҳо бо Ў назди суфра нишастанд.
30 Китобдонон ва фарисиён норозигӣ баён намуда, ба шогирдони Ў гутанд:“Чаро шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехўред ва менўшед?“
31 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд;
32 Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам“.
33 Ба Ў гуфтанд:“Чаро шогирдони Яҳьё бисьёр рўза медоранд ва дуо мегўянд, ҳамчунин шогирдони фарисиён низ, лекин шогирдони Ту мехўранд ва менўшанд?“
34 Ба онҳо гуфт:“Оё метавонед аҳли кўшки никоҳро, модоме ки домод бо онҳост, ба рўзадорӣ водор намоед?
35 Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва он гоҳ, дар он айём рўза хоҳанд дошт“.
36 Дар айни ҳол ба онҳо ин масалро гуфт:“Ҳеҷ кас порчае аз ҷомаи нав гирифта, бар ҷомаи кўҳна ямоқ намемонад; вагар на, ҳам ҷомаи навро пора мекунад, ва ҳам ямоқи нав ба ҷомаи кўҳна мувофиқ намеояд“.
37 „Ва ҳеҷ кас шароби навро дар машки кўҳна намеандозад; вагар на шароби нав машкро дарида, ҳам худаш мерезад, ҳам машк талаф мешавад;
38 Лекин шароби навро дар машки нав андохтан лозим аст; дар он сурат ҳар ду маҳфуз хоҳанд монд“.
39 „Ва ҳеҷ кас шароби кўҳнаро нўшида, дарҳол навашро талаб намекунад, зеро ки мегўяд: шароби кўҳна хуб аст“.
1 Як рўзи шанбе чунин воқеъ шуд, ки Ў аз миёни киштзор мегузашт, ва шогирдони Ў хўшаҳоро мечинданд ва ба каф молида, мехўрданд.
2 Ва баъзе аз фарисиён ба онҳо гуфтанд:“Чаро шумо коре мекунед, ки кардани он дар шанбе раво нест?“
3 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Магар нахондаед, ки Довуд чӣ кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд?
4 Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро гирифта хўрд, ва ба ҳамроҳони худ низ дод, ва ҳол он ки хўрдани он раво набуд, ҷуз барои коҳинон?“
5 Ва ба онҳо гуфт:“Писари Одам оғои шанбе низ мебошад“.
6 Як рўзи шанбеи дигар Ў ба куништ даромада, таълим медод, ва дар он ҷо марде буд, ки дасти росташ хушк шуда буд.
7 Китобдонон ва фарисиён аз паи Ў мепоиданд, ки шояд дар рўзи шанбе шифо диҳад, то ки айбе ба гардани Ў бор кунанд.
8 Ва Ў андешаҳои онҳоро пай бурда, ба Марди дастхушк гуфт:“Бархез ва дар миёнҷо биист“. Вай бархост ва истод.
9 Ва Исо ба онҳо гуфт:“Аз шумо мепурсам, ки дар рўзи шанбе кадом кор ҷоиз аст: некӣ кардан, ё бадӣ кардан? ҷонеро наҷот додан, ё ҳалок кардан?“
10 Ва ба ҳамаи онҳо назар афканда, ба он мард гуфт:“Дасти худро дароз кун“. Вай чунин кард, ва дасташ мисли дасти дигараш сиҳат шуд.
11 Аммо онҳо бисьёр дарғазаб шуда, бо ҳамдигар муҳокима мекарданд, ки ба Исо чӣ кунанд.
12 Дар он айём Ў барои дуо гуфтан ба фарози кўҳе баромад ва тамоми шаб ба Худо дуо гуфт.
13 Вақте ки чашми рўз кушода шуд, шогирдони Худро даъват намуда, аз онҳо дувоздаҳ нафарро интихоб кард, ва ба онҳо номи ҳавориёнро дод, ки инҳоянд:
14 Шимъўн, ки ўро Петрус номид, ва бародараш Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно, Филипус ва Барталмо,
15 Матто ва Тумо, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъўн, ки лақабаш Ғаюр буд,
16 Яҳудо ибни Яъқуб ва Яҳудои Исқарьют, ки баъдтар таслимкунандаи Ў шуд.
17 Ва бо онҳо фурўд омада, бар ҷои ҳамворие истод, ва шумораи зиёди шогирдонаш ва мардум бисьёре аз тамоми Яҳудо ва Ерусалим ва аз соҳили Сўр ва Сидўм ҷамъ омаданд,
18 То ки каломи Ўро гўш кунанд ва аз касалиҳои худ шифо ёбанд; дар байнашон ҳамчунин гирифтори арвоҳи палид буданд; ва шифо меёфтанд.
19 Ва тамоми издиҳом саъю кўшиш мекарданд, ки Ўро ламс намоянд, чунки қуввате аз Ў берун омада, ҳамаро шифо мебахшид.
20 Ва Ў ба шогирдони Худ чашм андохта, гуфт:“Хушо шумо, эй мискинон, зеро ки Малакути Худо аз они шумост.“
21 „Хушо шумо, ки ҳоло гурусна ҳастед, зеро ки сер хоҳд шуд. Хушо шумо , ки ҳоло гирьён ҳастед, зеро ки хандон хоҳед шуд.
22 Хушо шумо, вақте ки мардум ба хотири Писари Одам аз шумо нафрат намоянд, ва шуморо дур кунанд, ва дашном диҳанд, ва номи шуморо ба бадӣ бароварда, рад кунанд.
23 Дар он рўз шодӣ кунеду ба ваҷд биёед, зеро ки мукофоти шумо дар осмон бузург аст. Падарони онҳо бо анбиё ҳамин тавр рафтор мекарданд“.
24 „Бар акси ин, вой бар ҳоли шумо, эй сарватдорон! Зеро ки шумо аллакай тасаллои худро ёфтаед.
25 Вой бар ҳоли шумо, эй касоне ки ҳоло сер ҳастед! Зеро ки гурусна хоҳед монд. Вой бар ҳоли шумо, эй касоне ки ҳоло хандон ҳастед, зеро ки мотам хоҳед гирифт ва гиря хоҳед кард.
26 Вой бар ҳоли шумо, вақте ки тамоми мардум шуморо таъриф кунанд. Зеро ки падарони онҳо бо анбиёи козиб ҳамин тавр рафтор карда буданд“
27 Лекин ба шумо, эй шунавандагон, мегўям:“душманони худро дўст бидоред, ба нафраткунандагони худ некӣ кунед,
28 Барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед ва барои озордиҳандагони худ дуо гўед“.
29 „Ҳар кӣ ба рухсораи ту торсакӣ занад, дигарашро низ сўи вай бигардон; ва ҳар кӣ ҷомаи туро кашида гирад, дар гирифтани куртаат низ монеъ нашав“.
30 Ҳар кӣ аз ту чизе талаб кунад, ба вай бидеҳ, ва ҳар кӣ чизи туро бигирад, гашта доданашро талаб накун.
31 Ва чӣ тавре аз мардум мехоҳед, ки ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед“.
32 „Ва агар касонеро дўст доред, ки шуморо дўст доранд, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ дўстдорони худро дўст медоранд“.
33 „Ва агар ба касоне некӣ мекунед, ки ба шумо некӣ мекунанд, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ чунин мекунанд“.
34 „Ва агар ба касоне қарз диҳед, ки ба гашта гирифтан аз онҳо умед доред, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ ба гуноҳкорон қарз медиҳанд, то ки аз онҳо ҳамон қадар гашта гиранд“.
35 „Лекин шумо душманони худро дўст бидоред, ва некӣ кунед, ва қарз диҳед, бе он ки ба талофии он умедвор шавед; ва мукофоти шумо бузург хоҳад буд, ва Писарони Ҳаққи Таоло хоҳед буд; зеро ки Ў ба носипосон ва бадон меҳрубон аст“.
36 „Пас, раҳмдил бошед, чунон ки Падари шумо раҳим аст“.
37 „Доварӣ накунед, ва ба доварӣ дучор нахоҳед шуд; маҳкум накунед, ва маҳкум нахоҳед шуд, бибехшед ва бахшида хоҳед шуд“;
38 „Бидиҳед, ва ба шумо дода хоҳад шуд: ба андозаи хуби ҷунбонидаю фишурдашуда ва лабрез ба домани шумо хоҳанд, рехт; зеро ба кадом андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда хоҳад шуд“.
39 Ва масале ба онҳо гуфт:“Оё метавонад кўре ба кўри дигар роҳнамоӣ кунад? Оё ҳар ду дар чоҳ намеафтанд?“
40 „Шогирд аз муаллими худ авло нест. Аммо, пас аз такмил ёфтан ҳам, ҳар кас чун муаллимаш хоҳад буд“.
41 „Чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чўберо дар чашми худ дарнамеёбӣ?“
42 „Ё чӣ тавр метавонӣ ба бародари худ гўӣ:’’Эй бародар! иҷозат деҳ хасро аз чашми ту дур кунам’’, дар сурате ки чўбро дар чашми худ намебинӣ? Эй риёкор! Аввал чўбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст хоҳӣ дид, ки хасро аз чашми бародари худ дур кунӣ“.
43 „Дарахти хубе нест, ки меваи бад меоварда бошад. Ва дарахти баде нест, ки меваи хуб меоварда бошд.
44 Зеро ки ҳар дарахт аз мевааш шинохта мешавад; чунки аз буттаи олуча анҷир намегиранд, ва аз мушхор ангур намечинанд“.
45 „Шахси нек аз ганҷинаи неки дилаш чизи нек берун меоварад, ва шахси бад аз ганҷинаи бади дилаш чизи бад берун меоварад; зеро ки даҳони вай аз пурии дил сухан мегўяд“.
46 Чаро Маро’’Худованд! Худованд!’’ мегўед, вале он чиро ки Ман мегўям, ба ҷо намеоваред?“
47 Ҳар кӣ назди Ман биёяд ва суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ба шумо мефаҳмонам, ки вай ба кӣ монанд аст:
48 „Вай ба касе монанд аст, ки хонае месохт, ва заминро чуқур канда, таҳкурсиро бар санг гузошт, ва ҳагоме ки сел омада, оби наҳр он хонаро зер кард, онро аз ҷояш ҷунбонда натавонист, чунки бар санг бино шуда буд.
49 Лекин ҳар кӣ бишнавад ва ба ҷо наоварад, ба касе монанд аст, ки хонаашро бар рўи хок бе таҳкурсӣ бино кард, ва ҳангоме ки оби наҳр онро зер кард, дарҳол фурў рафт, ва харобии он хона бузург буд“.
1 Вақте ки Ў ҳамаи суханони худро ба самъи мардум расонда тамом кард, ба Кафарнаҳум ворид шуд.
2 Ғуломи як мирисад, ки барояш азиз буд, касал шуда, ба ҳолати назъ расида буд.
3 Вай овозаи Исоро шунида, пирони Яҳудиро назди Ў фиристод, то аз Ў илтимос кунанд, ки омада, ғуломи вайро шифо диҳад.
4 Ва онҳо назди Исо омаданд, ва аз ў бисьёр илтимос карда, гуфтанд:“Вай сазовори он аст, ки ин корро барояш бикунӣ,
5 Зеро ки вай қавми моро дўст медорад ва барои мо куништ иморат кард“.
6 Исо бо онҳо рафт. Ва ҳангоме ки ба наздикиҳои хона расид, мирисад дўстонашро назди Ў фиристод, то ки ба Ў гўянд:“Оғо! Ташвиш накаш, зеро ман лоиқи он нестам, ки Ту зери сақфи ман биёӣ;
7 Ба ин сабаб худамро низ лоиқ надонистам ки назди Ту биёям; балки сухане бигў, ва ғуломи ман шифо хоҳад ёфт;
8 Зеро ки ман ҳам як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ сарбозон дорам; ба яке мегўям :’’Бирав’’, меравад; ба дигаре мегўям:’’Биё’’,меояд, ва ба ғуломи худ мегўям:’’Фалон корро бикун’’, мекунад“.
9 Исо ин суханонро шунида, дар тааҷҷуб монд, ва ба мардуме ки аз ақиби Ў мерафтанд, рў гардонда гуфт:“Ба шумо мегўям, ки Ман дар Исроил ҳам чунин имоне наёфтам“.
10 Ва фиристодагон ба хона баргашта, он ғуломи беморро тандуруст ёфтанд.
11 Баъд аз он Ў ба шаҳре рафт, ки Ноин ном дорад, ва бисьёр аз шогирдонаш ва шумораи зиёди мардум ҳамроҳи Ў мерафтанд.
12 Вақте ки Ў ба дарвозаи шаҳр наздик шуд, мурдаеро мебароварданд, ки писари ягонаи бевазане буд; ва мардуми бисьёре аз аҳли шаҳр бо вай равона буданд.
13 Ва Худованд вайро дида, дилаш ба вай сўхт ва ба вай гуфт:“Гирья накун“.
14 Ва наздик омада, тобутро ламс намуд; тобутбардорон бозистоданд; ва Ў гуфт:“Эй ҷавон! Ба ту мегўям, бархез“.
15 Мурда сар бардошта, нишаст ва ба сухан даромад; ва Ў вайро ба модараш супурд.
16 Ва ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт, ва Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд:“Пайғамбари бузурге дар миёни мо пайдо шудааст, ва Худо қавми Худро тафаққуд намудааст“.
17 Ин ақида дар бораи Ў дар тамоми Яҳудо ва дар тамоми гирду атроф паҳн шуд.
18 Ва шогирдони Яҳьё ҳамаи инро ба ў хабар доданд.
19 Ва Яҳьё ду нафарро аз шогирдони худ даъват намуда, назди Исо фиристод, то ки бипурсанд:“Оё Ту Ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?“
20 Онҳо назди Ў омада, гуфтанд:“Яҳьёи Таъмиддиҳанда моро назди Ту фиристод, то ки бипурсем:’’Оё Ту Ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?’’„
21 Дар ҳамон вақт Ў бисьёр касонро аз касалиҳо ва дардҳо ва аз арвоҳи палид шифо дода ва кўрони бисьёрро биноӣ бахшида буд.
22 Ва Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Биравед ва он чи дидед ва шунидед, ва Яҳьё бигўед: кўрҳо мебинанд, шалҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд, карҳо мешунаванд, мурдагон эҳьё мешаванд, ба мискинон башорат дода мешавад;
23 Ва хушо касе ки дар ҳаққи Ман ба васваса наафтанд“.
24 Ва ҳангоме ки фиристодагони Яҳьё баромада рафтанд, ба ҳама дар бораи Яҳьё ба сухан оғоз кард:“Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани қамише ки аз бод меларзад?
25 Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани марде ки сару либоси нарм дар бар дорад? Аммо онҳое ки сару либоси зебо дар бар доранд ва бо айшу нўш зиндагӣ мекунанд, дар қасрҳои подшоҳонанд.
26 Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани як набӣ? Оре, ба шумо мегўям, ки вай аз набӣ ҳам бузургтар аст“.
27 „Вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст:’’Инак Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад’’.
28 Зеро ки ба шумо мегўям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд ёфтаанд, ҳеҷ як набие бузургтар аз Яҳьёи Таъмиддиҳанда нест; лекин он ки дар Малакути Худо хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст“.
29 Вақте ки тамоми мардум ва боҷгироне ки бо таъмиди Яҳьё таъмид гирфта буданд, шуниданд, Худоро ҳамду сано хонданд.
30 Аммо фарисиён ва шариатдонон иродаи Худоро дар ҳаққи худашон рад карданд, зеро аз вай таъмид нагирифтанд.
31 Ва Худованд гуфт:“Пас одамони ин наслро ба кӣ монанд кунам? Ва онҳо ба кӣ монандӣ доранд?“
32 „Онҳо ба кўдаконе монандӣ доранд, ки дар кўча нишаста ва якдигарро ҷеғ зада, мегўянд:’’Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед’’„
33 Зеро ки Яҳьёи Таъмиддиҳанда омад, ки на нон мехўрад ва на шароб менўшад; ва шумо мегўед:’’Вай дев дорад’’.
34 Писари Одам омад, ки мехўрад ва менўшад, ва шумо мегўед:“Инак Марди пурхўр ва майгусор, ки дўсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст“.
35 Ва ҳикмат аз тарафи ҳамаи фарзандони он тасдиқ карда шуд.
36 Яке аз фарисиён аз Ў хоҳиш кард, ки бо вай хўрок хўрад; ва Ў ба хонаи фарисӣ даромада, назди суфра нишаст.
37 Ва инак, зане ки дар он шаҳр гуноҳкор буд, чун шунид, ки Ў дар хонаи фарисӣ назди суфра нишастааст, зарфи гаҷине бо равғани атрафшон овард;
38 Ва аз қафо назди пойҳои Ў истода, гирьякунон пойҳои Ўро бо ашки худ шуст ва бо мўйҳои сари худ хушконид, ва пойҳои Ўро бўсида, бо равғани атрафшон татҳин кард.
39 Фарисие ки Ўро таклиф карда буд, чун инро дид, дар дили худ гуфт:“Агар Ў нибӣ мебуд, медонист, ки вай кист ва чӣ гуна зан аст, ки Ўро ламс мекунад, зеро ки вай гуноҳкор аст“.
40 Исо ба ў рў оварда гуфт:“Эй Шимъўн! ба ту чизе гуфтанӣ ҳастам“ Гуфт:“Бигўй, эй Устод“.
41 Исо гуфт:“Аз қарзхоҳе ду кас қарздор буданд: яке панҷсад динор ва дигаре панҷоҳ динор қарз дошт.
42 Азбаски барои адо кардан чизе надоштанд, ў ҳар дуро бахшид. Бигў, ки кадоме аз онҳо ўро бештар дўст хоҳанд дошт?“
43 Шимъўн дар ҷавоб гуфт:“Ба гумони ман, ҳамон касе ки ба вай ў бештар бахшидааст“ . Ба ў гуфт:“Дуруст фукр кардӣ“.
44 Ва ба тарафи зан рў гардонда, ба Шимъўн гуфт:“Оё ин занро мебинӣ? Ман ба хонаи ту омадам, ва ту об барои пойҳоям надодӣ; аммо вай пойҳои Маро бо ашк шуста, бо мўйҳои сараш хушконид.
45 Ту Маро бўса накардӣ; аммо вай, аз вақти омаданам ин ҷониб, бўсидани пойҳои Маро бас намекунад.
46 Ту сари Маро бо равғани зайтун татҳин накардӣ; аммо вай пойҳои Маро бо равғани атрафшон татҳин кард.
47 Бинобар ин ба ту мегўям: гуноҳҳои бисьёри вай омурзида шудааст барои он ки вай муҳаббати бисьёре зоҳир намуд; вале касе ки кам омурзида шуда бошад, муҳаббати кам зоҳир намудааст“.
48 Ва Ў ба вай гуфт:“Гуноҳҳоят омурзида шудааст“.
49 Онҳое ки бо Ў назди суфра нишаста буданд, дар дили худ гуфтанд:“Ин кист, ки гуноҳҳоро низ меомурзад?“.
50 Ў ба зан гуфт:“Имонат туро наҷот дод; ба саломатӣ бирав“.
1 Баъд аз ин Ў дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, мавъиза мекард ва Малакути Худоро башорат медод, ва бо Ў он дувоздаҳ буданд.
2 Ва ҳамчунин баъзе заноне ки Ў аз арвоҳи палид ва касалиҳо шифо дода буд: Марьям, ки Маҷдалия номида мешуд, ва аз вай ҳафт дев брун рафта буд,
3 Ва Юҳона, ҳамсари Кузо, ки девонбегии Ҳиродус буд, ва Сусан, ва бисьёр дигарон, ки бо дороии худ ба Ў хизмат мекарданд.
4 Вақте ки мардуми бисьёр ҷамъ шуданд, ва аз ҳамаи шаҳрҳо назди Ў омадан гирифтанд, Ў масале оварда, гуфт:
5 „Корандае барои коридани тухм берун рафт; ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод ва поймол шуд, ва мурғони ҳаво онро хўрданд;
6 „Қадаре бар санглох афтод ва сабзида, хушк шуд, чунки рутубае набуд;„
7 „Қадаре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд“;
8 „Қадаре дар хоки нағз афтод ва сабзида, сад баробар бор овард“. Инро гуфта, нидо кард:“Ҳар кӣ гўши шунаво дорад, бишнавад!“
9 Ва шогирдонаш аз Ў пурсиданд:“Маънои ин масал чист?“
10 Гуфт:“Ба шумо донистани асрори Малакути Худо ато шудааст, лекин ба дигарон бо масалҳо сухан мегўям, ба тавре ки онҳо нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, ва гўш медиҳанд, вале намефаҳманд“.
11 „Инак маънои ин масал: тухм каломи Худост.
12 Афтода дар канори роҳ касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, лекин баъд иблис омада, онро аз дили онҳо мерабояд, мабодо онҳо имон оварда, наҷот ёбанд;
13 Афтода бар санглох касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд, бо шодӣ қабул мекунанд, лекин реша надоранд, ва муддате имон доранд, ва дар вақти озмоиш ақиб мераванд;
14 Афтода дар миёни хорҳо касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале андешаҳо, сарват ва кайфу сафои зиндагӣ онҳоро пахш мекунад, ва онҳо самаре намеоваранд;
15 Ва афтода дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, дар дили нек ва пок нигоҳ медоранд ва бо сабр самар меоваранд“.
16 „Ҳеҷ кас шамъро даргиронда, бо зарфе онро намепўшад, ё зери кате намегузорад, балки бар шамъдон мемонад, то ҳар кӣ дарояд, рўшноиро бубинад.
17 Зеро ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизе махфие набошад, ки маълум ва зоҳир нашавад.
18 Пас, эҳтиёт кунед, ки чӣ тавр мешунавед; зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ, ки гумон мекунад дошта бошад, гирифта шавад“.
19 Ва модар ва бародаронаш назди Ў омаданд, вале ба сабаби бисьёрии мардум ба Ў наздик шуда натавонистанд.
20 Ва ба Ў хабар дода, гуфтанд:“Модарат ва бародаронат дар берун истодаанд, ва мехоҳанд Туро бубинанд“.
21 Дар ҷавоби онҳо гуфт:“Модарам ва бародаронам он касонанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва ба ҷо меоваранд“.
22 Рўзе Ў бо шогирдони Худ ба қаиқ савор шуд ва ба онҳо гуфт:“Ба он канори кўл мегузарем“. Ва қаиқро ронданд.
23 Дар аснои роҳ Ўро хоб бурд. Ва ногоҳ тундбоди шадиде бар кўл бархост, ва қаиқи онҳо аз об пур мешуд, ва онҳо дар хатар буданд.
24 Ва пеш омада, Ўро бедор карданд ва гуфтанд:“Устод! Устод! Ҳалок мешавем“. Ў бархоста, бод ва ғалаёни обро манъ кард, ва онҳо қатъ гардиданд, ва оромӣ барқарор шуд.
25 Ба онҳо гуфт:“Имони шумо куҷост?“ Онҳо бо тарсу ҳарос ва тааҷҷуб ба якдигар гуфтанд:“Ин кист, ки ба бодҳо ва ба об низ амр мефармояд, ва онҳо ба Ў итоат мекунанд?“
26 Ва онҳо ба сарзамини ҷадариён, ки дар рў ба рўи Ҷалил аст, расиданд.
27 Вақте ки Ў ба соҳил баромад, марде аз аҳли он шаҳр ба Ў рў ба рў шуд, ки гирифтори девҳо буд, дер вақт боз либосе намепўшид, ва на дар хона, балки дар миёни қабрҳо зидагӣ мекард.
28 Ҳамин ки Исоро дид, фарьёд зада, гуфт:“Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худои Таоло? Аз Ту илтимос мекунам, ки маро азоб надиҳӣ!“
29 Зеро Ў ба рўҳи палид амр фармуда буд, ки аз ин мард берун равад; чунки вай муддати дуру дароз ўро азоб медод, ба тавре ки ўро бо завлона ва занҷирҳо баста, нигоҳ медоштанд, лекин ў он бандҳоро пора мекард, ва дев ўро ба биёбонҳо меронд.
30 Исо аз вай пурсид:“Номи ту чист?“ Гуфт:“Легион“, чунки девҳои бисьёр ба дарунаш дромада буданд.
31 Ва онҳо аз Ў илтимос карданд, ки онҳоро амр фармуда ба ҳовия нафиристад.
32 Дар ҳамон ҷо галаи бузурги хукҳо дар болои кўҳ мечарид; ва девҳо илтимос карданд, ки иҷозат диҳад ба даруни хукҳо дароянд. Ў ба онҳо иҷозат дод.
33 Ва девҳо аз он мард берун шуда, ба хукҳо даромаданд; ва он гала аз баландӣ якбора ба кўл ҷаста, ғарқ шуд.
34 Хукбонон ин воқеаро дида, давида рафтанду дар шаҳр ва деҳот нақл карданд.
35 Мардум барои дидани ин воқеа берун рафтанд, ва назди Исо омада, он мардро, ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, диданд, ки либос дар тан ва ақлаш солим пеши пойҳои Исо нишастааст; ва ҳаросон шуданд.
36 Ва касоне ки воқеаро дида буданд, ба онҳо нақл карданд, ки он девона чӣ гуна шифо ёфт.
37 Ва тамоми мардуми сарзамини ҷадариён аз Ў илтимос карданд, ки аз пеши онҳо баромада равад, чунки тарсу ҳароси азиме онҳоро фаро гирифта буд. Ва Ў ба қаиқ савор шуда, баргашт.
38 Он марде ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, аз Ў илтимос кард, ки бо Ў бошад. Лекин Ў вайро ба хонааш фиристода, гуфт:
39 „Ба хонаи худ баргард ва он чиро, ки Худо ба ту кардааст, нақл намо“ Вай равона шуда, он чиро, ки Исо ба вай карда буд, дар тамоми шаҳр мавъиза намуд.
40 Вақте ки Исо баргашт, мардум Ўро пазироӣ карданд, чунки ҳама мунтазири Ў буданд.
41 Ва инак, марде ки Ёир ном дошт ва сардори куништ буд, омада, пеши пойҳои Исо афтод ва аз Ў илтимос кард, ки ба хонаи вай биёяд.
42 Чунки духтари ягонаи вай, ки тақрибан дувоздаҳсола буд, ба ҳолати назъ расида буд. Вақте ки Ў ба он ҷо мерафт, мардуми бисьёре аз ҳар тараф Ўро фишор медоданд.
43 Ва зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буда, тамоми дороии худро ба табибон сарф карда буд, лекин ҳеҷ яке вайро шифо дода натавониста буд,-
44 Аз қафо наздик шуда, домани Ўро ламс намуд, ва дарҳол хунравии вай қатъ шуд.
45 Ва Исо гуфт:“Кист, ки Маро ламс кард?“ Вақте ки ҳама инкор карданд, Петрус ва онҳое ки бо Ў буданд, гуфтанд:“Эй Устод, мардум Туро иҳота намуда, аз ҳар тараф фишор медиҳад, - ва Ту мегўӣ:“Кист, ки Маро ламс кард?“.
46 Аммо Исо гуфт:“Касе Маро ламс кардааст; зеро Ман ҳис кардам, ки қуввате аз Ман берун рафт“.
47 Он зан чун дид, ки натавонист пинҳон монад, тарсону ларзон омада, пеши Ў афтод ва дар ҳузури тамоми мардум гуфт, ки аз чӣ сабаб Ўро ламс намуд, ва чӣ гуна дарҳол шуфо ёфт.
48 Ба вай гуфт:“Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав“.
49 Ў ҳанўз ин сухан мегуфт, ки касе аз хонаи сардори куништ омада, гуфт:“Духтарат мурд; Устодро дигар ташвиш надеҳ“.
50 Аммо Исо инро шунида, ба вай гуфт:“Натарс, фақат имон овар, ва ў наҷот хоҳад ёфт“.
51 Ва ҳангоме ки ба хона расид, ҷуз Петрус, Юҳанно ва Яъқуб, ва падару модари духтар, ҳеҷ касро даромадан намонд.
52 Ҳама барои вай гирья ва навҳа мекарданд. Вале Ў гуфт:“Гирья накунед; вай намурдааст, балки хуфта аст“.
53 Бар Ў хандиданд, зеро медонистанд, ки мурдааст.
54 Аммо Ў ҳамаро берун карда ва дасти вайро гирифта, нидо кард:“Эй духтар! Бархез“.
55 Ва рўҳи вай баргашт; вай дарҳол бархост; ва Ў фармуд, ки ба вай хўроке диҳанд.
56 Падару модари вай дар ҳайрат монданд.Ва Ў ба онҳо фармуд, ки ин воқеаро ба ҳеҷ кас нақл накунанд.
1 Он дувоздаҳро даъват намуда, бар ҳамаи девҳо, ва барои шифо додани касалиҳо ба онҳо қувват ва қудрат бахшид,
2 Ва онҳоро фиристод, то ки Малакути Худоро мавъиза намоянд ва беморонро шифо диҳанд.
3 Ба онҳо гуфт:“Барои роҳ чизе нагиред: на асое, на тўрбае, на ноне, на пуле; ва набояд ду пероҳан дошта бошед;
4 Ва ба ҳар хонае, ки даромадед, дар он ҷо бимонед ва аз он ҷо боз ба роҳ дароед;
5 Ва агар дар ягон ҷо шуморо қабул накунанд, вақте ки аз он шаҳр берун меравед, ғубори пойҳои худро биафшонед, то ки шаҳодате бар онҳо гардад“.
6 Онҳо рафтанд ва деҳ ба деҳ гашта, дар ҳама ҷо башорат медоданд ва шифо мебахшиданд.
7 Вақте ки тетрарх Ҳиродус овозаи тамоми амалиёти Ўро шунавид, дар ҳайрат афтод: зеро баъзе касон мегуфтанд, ки Яҳьё аз мурдагон эҳьё шудааст;
8 Дигарон мегуфтанд, ки Ильёс зоҳир гардидааст; вале баъзеи дигарон мегуфтанд, ки яке аз анбиёи қадим эҳьё шудааст.
9 Ва Ҳиродус гуфт:“Ман сари Яҳьёро аз танаш ҷудо кардаам; пас, Ин кист, ки дар бораи Ў чунин гапҳоро мешунавам?“ Ва мехост ки Ўро бубинад.
10 Ҳаввориён баргашта, корҳои хуудро ба Ў нақл карданд; ва Ў онҳоро алоҳида ҳамроҳи Худ гирифта, ба ҷои хилвате рафт, ки дар қарибии Байт-Сайдо ном шаҳре буд.
11 Аммо мардум хабардор шуда, аз ақиби Ў рафтанд, ва Ў онҳоро пазироӣ карда, бо онҳо дар бораи Малакути Худо сўҳбат кард ва касонеро, ки ба шифо эҳтиёҷ доштанд, шифо дод.
12 Бегоҳирўзӣ наздик буд. Он дувоздаҳ назди Ў омада, гуфтанд:“Мардумро ҷавоб деҳ, то ки ба қасаба ва деҳоти атроф рафта, манзил ва хўрок барои худ пайдо кунанд, чунки ин ҷои мо як ҷои хилват аст“.
13 Ба онҳо гуфт:“Шумо ба онҳо хўрок диҳед“. Гуфтанд:“Мо фақат панҷ нон ва ду моҳӣ дорем; оё рафта, барои тамоми ин мардум хўроке бихарем?“
14 Зеро ки онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буданд. Лекин Ў ба шогирдони Худ гуфт:“Онҳоро даста - даста панҷоҳнафарӣ шинонед“.
15 Ва чунин карданд, ва ҳамаро шинонданд.
16 Ва Ў панҷ нон ва ду моҳиро гирифта ва ба осмон нигариста, онҳоро баракат дод ва пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши мардум гузоранд.
17 Ҳама хўрданду сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд.
18 Боре, вақте ки Ў дар ҷои хилвате дуо мегуфт, ва шогирдонаш бо Ў буданд, Ў аз онҳо пурсид:“Мардум Маро кӣ мегўянд?“
19 Дар ҷавоб гуфтанд:“Баъзе мегўянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегўянд, ки Ильёсӣ; ва баъзе мегўянд, ки яке аз анбиёи қадим эҳьё шудааст“.
20 Аз онҳо пурсид:“Шумо Маро кӣ мегўед?“ Петрус дар ҷавоб гуфт:“Масеҳи Худо“.
21 Ва Ў ба онҳо фармони қатъӣ дод, ки онро ба касе нагўянд;
22 Ва гуфт, ки Писари Одам бояд бисьёр азоб кашад ва аз тарафи пирон, ва саркоҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад, ва дар рўзи сеюм эҳьё шавад.
23 Ва ба ҳама гуфт:“Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд;
24 Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро мераҳонад;
25 Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад, лекин худро талаф кунад, ё ки ба худ зиён расонад?
26 Зеро ҳар кӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам, ҳангоме ки дар ҷалоли Худ ва дар ҷалоли Падар ва фариштагони муқаддас меояд, аз вай шарм хоҳад кард“;
27 „Ба ростӣ ба шумо мегўям: баъзе, ки дар ин ҷо истодаанд, то Малакути Худоро набинанд, зоиқан маргро нахоҳанд чашид“.
28 Баъд аз ин гапҳо тақрибан ҳашт рўз гузашта буд, ки Петрус, Юҳанно ва Яъқубро бо Худ гирифта, ба кўҳе барои дуо гуфтан баромад.
29 Ва ҳангоме ки дуо мегуфт, чеҳраи Ў дигаргун шуд, ва либосаш сафеди дурахшон гардид.
30 Ва инак, ду мард бо Ў гуфтугў мекарданд, ки Мусо ва Ильёс буданд:
31 Онҳо дар ҷалоле зоҳир гардида, дар бораи оқибати Ў, ки бояд дар Ерусалим ба амал ояд, сухан меронданд.
32 Аммо Петрус ва онҳоеро ки бо Ў буданд, хоб рабуда буд; ва ҳангоме ки бедор шуданд, ҷалоли Ўро, ва он ду мардро, ки бо Ў истода буданд, диданд.
33 Вақте ки Мусо ва Ильёс аз пеши Ў мерафтанд, Петрус ба Исо гуфт:“Эй Устод! Дар ин ҷо будани некўст; пас се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс“, ва намедонист, чӣ мегўяд.
34 Ҳанўз вай ин суханонро мегуфт, абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт; ва чун дохили абр шуданд, ба ҳарос афтоданд.
35 Ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт:“Ин аст Писари Маҳбуби Ман; Ўро бишнавед“.
36 Ва овоз баромадан замон, Исо танҳо монд. Ва онҳо лаб фурў бастанд ва он чи дида буданд, ба ҳеҷ кас дар он айём гап назаданд.
37 Рўзи дигар, вақте ки онҳо аз кўҳ фуромаданд, мардуми бисьёре Ўро пешвоз гирифтанд.
38 Ва инак марде аз байни мардум фарьёд зада, гуфт:“Эй Устод! Аз Ту илтимос мекунам, ки ба писари ман як назар андозӣ, чунки вай фрзанди ягонаи ман аст:
39 Рўҳе ўро мегирад, ва ў ногаҳон наъра мазанад, ва сахт печутоб мехўрад, ба тавре ки кафк аз даҳонаш мебарояд; ва ўро тамоман беҳолу бемадор карда, базўр аз ў даст мекашад;
40 Аз шогирдони Ту илтимос кардам, ки онро берун кунанд, лекин натавонистанд“.
41 Исо дар ҷавоб гуфт:“Эй насли беимон ва каҷрафтор, то ба кай бо шумо бошам ва шуморо тоқат кунам? Писаратро ин ҷо биёр“.
42 Вақте ки вай наздик меомад, дев вайро ба замин ғалтонда, сахт печутоб дод; аммо Исо рўҳи палидро мазаммат намуд, ва писарро шифо дода, ба падараш супурд.
43 Ва ҳама аз бузургии Худо дар ҳайрат монданд. Ва ҳангоме ки ҳама аз ҳамаи кардаҳои Исо тааҷҷуб менамуданд, Ў ба шогидони Худ гуфт:
44 Ин суханонро дар гўши худ ҷо кунед: Писари Одам ба дасти одамон таслим карда хоҳад шуд“.
45 Лекин онҳо он суханонро нафаҳмиданд, ва он аз онҳо пўшида монд, ба тавре ки онро дарк накарданд; ва тарсиданд, ки дар бораи ин сухан аз Ў бипурсанд.
46 Ва дар майнаи онҳо фикре омад, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст.
47 Исо андешаи дили онҳоро дарьёфта, кўдакеро гирифту пеши Худ ба по гузошт.
48 Ва ба онҳо гуфт:“Ҳар кӣ ин кўдакро ба исми Ман қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул мекунад, Фиристодаи Маро қабул мекунад; зеро ҳар кӣ дар байни шумо аз ҳама хурдтар аст, вай бузургтар хоҳад буд“.
49 Дар айни ҳол Юҳанно гуфт:“Эй Устод! Мо касеро дидем, ки ба исми Ту девҳоро берун мекард, ва ўро манъ кардем, чунки ў ҳамроҳи мо намегардад“.
50 Исо ба вай гуфт:“Манъ накунед, зеро ҳар кӣ зидди шумо нест, вай тарафдори шумост“.
51 Ва чун айёми сууди Ў наздик мешуд, Ў азми сафари Ерусалим кард;
52 Ва қосидонро пешопеши Худ фиристод; ва онҳо рафта, вориди як қасабаи сомариён шуданд, то ки барои Ў тадорук кунанд:
53 Аммо Ўро пазироӣ накарданд, зеро ки Ў рўй ба ҷониби Ерусалим ниҳода буд.
54 Шогирдони Ў Яъқуб ва Юҳанно инро дида, гуфтанд:“Худовандо! Оё мехоҳӣ бигўем, ки оташе аз осмон омада, онҳоро маҳв намояд, чунон ки Ильёс карда буд?“
55 Аммо Ў рў гардонда, онҳоро манъ кард ва гуфт:“Намедонед, ки шумо ба кадом рўҳ мансуб ҳастед“;
56 Зеро ки Писари Одам на барои нобуд кардани ҷонҳои одамон, балки барои наҷот додани онҳо омадааст“.Ва ба қасабаи дигаре рафтанд.
57 Ва ҳангоме ки онҳо дар роҳ буданд, шахсе ба Ў гуфт:“Худовандо! Ҳар ҷо ки равӣ, Туро пайравӣ хоҳам кард“.
58 Исо ба вай гуфт:“Рўбоҳон лона ва мурғони ҳаво ошьёна доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад“.
59 Ба дигаре гуфт:“Маро пайравӣ кун“. Вай гуфт:“Худовандо! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро дафн кунам“.
60 Лекин Исо ба вай гуфт:“Бигзор, ки мурдагон мурдагони худро дафн кунанд: аммо ту рафта, аз Малакути Худо башорат деҳ“.
61 Боз шахси дигаре гуфт:Худовандо! Туро пайравӣ хоҳам кард, лекин аввал ба ман иҷозат деҳ, ки бо аҳли хонаи худ хайрухуш кунам“.
62 Лекин Исо ба вай гуфт:“Касе ки дасташро болои амоч монда бошад ва ба ақиб нигоҳ кунад, ба Малакути Худо лоиқ нест“.
1 Баъд аз ин, Худованд боз ҳафтод нафари дигарро баргузид, ва онҳоро ҷуфт - ҷуфт пешопеши Худ ба ҳар шаҳр ва ҷое ки Худаш рафтанӣ буд, фиристод,
2 Ва ба онҳо гуфт:“Дарав бисьёр аст, лекин коргарон кам; пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад“.
3 „Биравед! Инак, шуморо монанди баррагон миёни гургон мефиристам.
4 Ҳеҷ ҳамьёне, тўрбае ва чоруқе бо худ набаред, ва ба ҳеҷ кас дар роҳ салом нагўед.
5 Ба ҳар хонае ки медароед, аввал гўед:“Салом бар ин хона бод!“
6 Агар дар он ҷо писари осоиштагӣ бошад, саломи шумо бар вай қарор мегирад; вагарна, сўи шумо бармегардад;
7 Дар ҳамон хона бимонед ва аз он чи доранд, бихўред ва бинўшед; зеро ки меҳнаткаш сазовори музди худ аст. Аз хона ба хона нагузаред.
8 Агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул кунанд, аз он чи пеши шумо мемонанд, бихўрд;
9 Ва беморонеро, ки дар он ҷо ҳастанд, шифо диҳед, ва ба онҳо бигўед:“Малакути Худо ба шумо наздик аст“.
10 Ва агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул накунанд, ба кўчаҳои он баромада, гўед:
11 „Ҳатто ғубореро, ки аз шаҳри шумо бар мо нишастааст, бар шумо меафшонем; лекин бидонед, ки Малакути Худо ба шумо наздик аст“.
12 Ба шумо мегўям, ки ҳолати Садўм дар он рўз аз ҳолати он шаҳр сабуктар хоҳад буд“.
13 „Вой бар ҳоли ту, эй Кўрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт - Сайдо! Зеро, агар мўъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сўр ва Сидўн зоҳир мешуд, кайҳо палоспўш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд;
14 Лекин дар рўзи доварӣ ҳолати Сўр ва Сидўн аз ҳолати шумо сабуктар хоҳад шуд.
15 Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дўзах сарнагун хоҳӣ шуд“.
16 „Ҳар кӣ шуморо шунавад, Маро мешунавад, ва ҳар кӣ шуморо рад кунад, Маро рад мекунад; ва ҳар кӣ Маро рад кунад, Фиристодаи Маро рад мекунад“.
17 Он ҳафтод бо шодмонӣ баргашта, гуфтанд:“Худовандо! Девҳо низ бо зикри исми Ту ба мо итоат мекунанд“.
18 Ба онҳо гуфт:“Ман шайтонро мисли барқ аз осмон афтонда дидам;
19 Инак, ба шумо қудрат медиҳам, ки морон ва каждумон ва тамоми қуввати душманро поймол кунед, ва ҳеҷ чиз ба шумо зарар нахоҳад расонд;
20 Аммо аз он шод нашавед, ки арвоҳ ба шумо итоат мекунанд; балки аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудааст“.
21 Дар ҳамон соат Исо аз Рўҳулқудс ба ваҷд омада, гуфт:“Туро эй Падар, эй Худованди осмон ва замин ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон пинҳон доштӣ ва ба кўдакон ошкор кардӣ; оре, эй Падар! Зеро ки ҳусни таваҷҷуҳи Ти чунин буд“.
22 Ва ба шогирдон рўй оварда гуфт:“Ҳама чизро Падарам ба Ман супурдааст; ва ҳеҷ кас ҷуз Падар намедонад, ки Писар кист; ва ҳеҷ кас намедонад, ки Падар кист, ҷуз Писар ва касе ки Писар бихоҳад ба вай ошкор кунад“
23 Ва алоҳида ба шогирдони Худ рўй овардда, гуфт:“Хушо чашмоне ки он чиро, ки шумо дида истодаед, мебинад!“.
24 „Зеро ки ба шумо мегўям, ки басе анбиё ва подшоҳон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мешунавед, бинаванд, ва нашуниданд“.
25 Ва инак, як шариатдон бархост ва Ўро озмуданӣ шуда, гуфт:“Эй Устод! Чӣ кунам, ки вариси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?“
26 Ба вай гуфт:“Дар Таврот чӣ навишта шудааст? Ва ту чӣ тавр мехонӣ?“
27 Дар ҷавоб гуфт:“Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми қуввати ту ва бо тамоми ҳуши ту дўст бидор, ва ёри худро мисли худ дўст бидор“.
28 Ба вай гуфт:“Дуруст ҷавоб додӣ; чунин бикун ва хоҳӣ зист“.
29 Вале вай, ки мехост худро сафед кунад, ба Исо гуфт:“Пас ёри ман кист?“
30 Исо дар ҷавоб гуфт:“Як мард, ки аз Ерусалим ба Ериҳў мерафт, ба дасти дуздон афтод; онҳо либосашро кашиданд, ўро маҷрўҳ карданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд.
31 Тасодуфан коҳине аз он роҳ равона буд, ва ўро дида, аз пешаш гузашта рафт.
32 Ҳамчунин марде аз сибти Левӣ, ки дар он ҷо роҳгузар буд, наздик омада, ўро дид ва аз пешаш гузашта рафт.
33 Аммо як шахси сомарӣ, ки аз он роҳ мегузашт, ба ў дучор шуда ва аҳволи ўро дида, дилаш сўхт,
34 Ва наздик омада, ба захмҳои ў равған ва шароб рехту ҷароҳатбандӣ кард, ва ўро ба маркаби худ савор карда, ба корвонсарое овард ва ба ў ғамхорӣ намуд;
35 Ва фардои он, пеш аз рафтанаш, ду динор бароварда, ба соҳиби корвонсарой дод ва ба вай гуфт:“Ба ин мард нигоҳубин бикун; ва агар аз ин зиёд харҷ кунӣ, ҳангоми баргаштанам ба ту хоҳам дод“.
36 Пас, ба фикри ту“ Кадоме аз ин се нафар ёри он марде буд, ки ба дасти дуздон афтод?“.
37 Гуфр:“Ҳамон ки ба ў марҳамат кард“. Исо ба вай гуфт:“Бирав, ва ту низ чунин букун“.
38 Ва дар аснои роҳ Ў вориди қасабае шуд, ва зане ки Марто ном дошт, Ўро дар хонаи худ пазироӣ намуд;
39 Вай Марьям ном хоҳаре дошт, ки пеши пойҳои Исо нишаста, каломи Ўро гўш мекард.
40 Лекин Марто ба хизматгузорӣ банд буд, ва наздик омада, гуфт:“Худовандо! Оё Туро парвое нест, ки хоҳарам маро во гузошааст, ки танҳо хизмат кунам? Ба вай бигўй, ки ба ман ёрдам диҳад“.
41 Худованд дар ҷавоби вай гуфт:“Марто! Марто! Ту дар хусуси чизҳои бисьёр ғамхори ва давутоз мекунӣ.
42 Аммо фақат як чиз лозим аст. Марьям қисмати некўро баргузидааст, ки он аз вай кашида гирифта намешавад“.
1 Рўзе Ў дар ҷое дуо мегуфт, ва ҳангоме ки тамом кард, яке аз шогирдонаш ба Ў гуфт:“Худовандо! Дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ, чунон ки Яҳьё низ ба шогирдонаш ёд додааст“.
2 Ба онҳо гуфт: „Вақте ки дуо мегўед, чунин бигўед:’’Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд;
3 Ризқу рўзии моро ҳар рўз ба мо бидеҳ;
4 Ва гуноҳҳои моро биомурз, зеро ки мо низ ба ҳар қарздори мо мебахшем; ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ’’„.
5 Ва ба онҳо гуфт:“Фаразан, яке аз шумо, ки дўст дошта бошад, нисфи шаб пеши ў омада, гўяд:’’Эй дўст! Ба ман се то нон қарз деҳ,
6 Зеро ки як дўстам аз роҳ назди ман даромадааст, ва ман чизе надорам, ки пешаш бимонам’’;
7 Ва ў аз дарун дар ҷавоби вай гўяд:’’Маро ташвиш надеҳ; дари хонаам баста, ва бачаҳоям бо ман дар ҷогаҳ хобидаанд; наметавонам бархоста, ба ту чизе диҳам’’,
8 Ба шумо мегўям, ки ҳар чанд аз рўи дўсти бархоста ба вай надиҳад ҳам, лекин ба сабаби шилқинии вай бархоста, ҳар қадар, ки пурсад, ба вай хоҳад дод“.
9 „Ва Ман ба шумо мегўям: биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷўед, хоҳед ёфт; дарро бикўбед, он ба рўятон кушода хоҳад шуд;
10 Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ биҷўяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикўбад, он ба рўяш кушода мешавад“.
11 Ва кист аз шумо, ки падар бошад, ва писараш аз ў нон биталабад, ва санге ба вай бидиҳад? Ё моҳӣ биталабад, ва ў ва ҷои моҳӣ, море ба вай бидиҳад?
12 Ё, агар тухме биталабад, каждуме ба вай бидиҳад?
13 Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, чанд маротиба зиёдтар ба онҳое ки аз Ў металабанд, Рўҳулқудсро хоҳад дод“.
14 Боре Ў як девро, ки гунг буд, берун кард; ва ҳангоме ки дев берун шуд, гунг ба гап даромад, ва мардум дар ҳайрат монданд.
15 Лекин баъзе аз онҳо гуфтанд:“Ў девҳоро ба воситаи Баал- Забул, калони девҳо, берун мекунад“.
16 Ва дигарон, озмуданӣ шуда, аз Ў аломати осмонӣ талаб мекарданд.
17 Вале Ў фикру хаёли онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт:“Ҳар салтанате ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, рў ба харобӣ меоварад, ва ҳар хонае ки аз ҳам ҷудо шавад, фурў меғалтад.
18 Ва агар шайтон низ аз ҳам ҷудо шавад, салтанати вай чӣ гуна устувор истода метавонад? Зеро шумо мегўед, ки Ман девҳоро ба воситаи Баал- Забул берун мекунам.
19 Агар Ман девҳоро ба воситаи Баал- Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кӣ берун мекунанд? Бинобар ин онҳо довари шумо хоҳанд шуд.
20 Лекин агар Ман девҳоро бо ангушти Худо берун мекарда бошам, пас Малакути Худо ба шумо омада расидааст.
21 Вақте ки Марди пурзўр хонаи худро бо яроқ нигоҳбинӣ мекунад, дороии вай дар амон аст,
22 Вале вақте ки шахси аз вай пурзўртар ба вай ҳуҷум карда, ғолиб мебарояд, он гоҳ тамоми яроқи вайро ки ба он умед баста буд, кашида мегирад ва дороии вайро ба тороҷ медиҳад“.
23 „Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман муқобил аст; ва ҳар кӣ бо Ман ҷамъ намекунад, вай пароканда мекунад“.
24 Вақте ки рўҳи палид аз одам берун меояд, дар ҷустуҷўи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва, чун наёфт, мегўяд:“Ба хонаи худ, ки аз он берун омадам, бармегардам“.
25 „Ва гашта омада, онро ҷорўбзада ва ороста меёбад;
26 Он гоҳ рафта, ҳафт рўҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад, ва дохил шуда дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад“.
27 Ҳангоме ки Ў ин суханонро мегуфт, як зан аз байни мардум овозашро баланд карда, ба Ў гуфт:“Хушо шикаме ки Туро ҳамл кардааст, ва пистонҳое ки Туро шир додааст!“
28 Лекин Ў гуфт:“Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд“.
29 Вақте ки мардум бештар ҷамъ омадан гирифтанд, Ў ба сухан оғоз карда, гуфт:“Ин насл насли шарир аст; вай аломате металабад, ва ба вай ҷуз аломати Юнуси набӣ, аломате дода нахоҳад шуд;
30 Зеро, чунон ки Юнус аломате барои мардуми Ниневе буд, ҳамчунин Писари Одам низ барои ин насл хоҳад буд“.
31 Маликаи Ҷануб дар рўзи доварӣ бо мардуми ин насл бархоста, онҳоро маҳкум хоҳад кард, зеро ки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз ақсои замин омада буд; ва инак, дар ин ҷо аз Сулаймон бузургтар аст“.
32 „Мардуми Ниневе дар рўзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳад кард, зеро ки онҳо аз мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, дар ин ҷо аз Юнус бузург аст“.
33 „Ҳеҷ кас шамъро даргиронда, дар ҷои ниҳоне ё дар зери зарфе намегузорад, балки бар шамъдон мегузорад, то онҳое ки ба хона мадароянд, рўшноиро бубинанд.
34 Чароғи бадан чашм аст; пас, агар чашмат солим бошад, тамоми баданат низ равшан хоҳад буд; аммо агар хира бошад, баданат низ торик хоҳад буд“.
35 Пас, ҳазар намо: мабодо нуре ки дар туст, зулмот бошад.
36 Вале агар баданат комилан равшан буда, ҳеҷ як қисми торики надошта бошад, он тамоман нуронӣ хоҳад буд, ба монанди он ки чароғе бо дурахши худ туро мунаввар карда бошад.
37 Вақте ки Ў ин суханонро гуфт, як фарисӣ Ўро ба хонаи худ барои хўрок таклиф кард; Ў омада, назди суфра нишаст.
38 Фарисӣ чун дид, ки Ў пеш аз хўрок даст нашуст, мутааҷҷиб шуд.
39 Лекин Худованд ба вай гуфт:“Ҳоло шумо, эй фарисиён, беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, аммо даруни шумо аз дуздӣ ва шарорат пур аст.
40 Эй беақлон! Оё Ҳамон ки берунро офаридааст, дарунро низ наофаридааст?
41 Беҳтар аст, ки аз он чи доред, садақа диҳед, он гоҳ ҳама чиз барои шумо тоза хоҳад буд.
42 Аммо вой баар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки аз наъно, садоб ва ҳар навъ сабзавот ушр медиҳед, вале ба адолат ва муҳаббати Худо беэътиноӣ макунед; мебоист онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед.
43 Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки дўст медоред дар куништҳо болонишин бошед ва дар кўчаю бозорҳо салому тарикҳо бишнавед.
44 Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фирисиёни риёкор, ки шумо ба қабрҳои аз назар пинҳон монанд ҳастед, ки мардум дар болои онҳо роҳ мераванд ва инро намедонанд“.
45 Дар ҷавоб яке аз шариатдонон ба Ў гуфт:“Эй Устод! Бо ин суханонат моро низ таҳқир мекунӣ“.
46 Аммо Ў гуфт:“Вой бар ҳоли шумо низ, эй шариатдонон, ки борҳои душворро бар дўши мардум мегузоред, лекин худатон як ангуштро ҳам ба он борҳо намерасонед.
47 Вой бар ҳоли шумо, ки мақбараҳои анбиёро бино мекунед, ва ҳол он ки падарони шумо онҳоро куштаанд;
48 Бо ҳамин шумо шоҳид ва шарики аъмоли падарони худ мегардед, зеро ки онҳо анбиёро куштанд, ва шумо мақбараҳошонро бино мекунед“.
49 Барои ҳамин ҳам ҳикмати Худо гуфтааст:“Ба наздашон анбиё ва ҳаввориёнро мефиристам, ва аз онҳо баъзеро хоҳанд кушт, ва баъзеро таъқиб хоҳанд кард;
50 То ки хуни тамоми анбиё, ки аз аввали офариниши ҷаҳон рехта шудааст, ба гардани ин насл гузошта шавад:
51 Аз хуни Ҳобил то хуни Закарьё, ки дар миёни қурбонгоҳ ва маъбад кушта шудааст“. Оре, ба шумо мегўям, ки он ба гардани ин насл гузошта хоҳад шуд.
52 „Вой бар ҳоли шумо, эй шариатдонон, ки шумо калиди донишро гирифтаед, худатон надаромадед, ва ба онҳое ки даромадан хостанд, монеъ шудед“
53 Вақте ки Ў ин суханонро ба онҳо мегуфт, китобдонон ва фирисиён бошиддат Ўро фишор дода, боз бисьёр чизҳо аз Ў пурсидан гирифтанд.
54 Ва мунтазир буданд, то ки аз забонаш чизе бишнаванду Ўро айбдор кунанд.
1 Дар ин миён, вақте ки ҳазорон одамон ҷамъ омаданд, ба тавре ки якдигарро фишор медоданд, Ў ба сухан оғоз намуда, аввал ба шогирдони Худ гуфт:“Аз хамиртуруши фарисиён, ки риёкорист, ҳазар кунед“.
2 Ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум нашавад.
3 Бинобар ин, он чи шумо дар торикӣ гуфтаед, дар рўшноӣ шунида хоҳад шудм, ва он чи шумо дар хона ба гўш гуфтаед, дар болои бомҳо эълон карда хоҳад шуд.
4 Ва Ман ба шумо эй дўстонам, мегўям: аз кушандагони ҷисм, ки қодир нестанд баъд аз он ягон кори дигаре бикунанд, натарсед.
5 Лекин ба шумо нишон медиҳам, ки аз кӣ тарсидан лозим аст: аз Ў ҳаросон бошед, ки баъд аз куштан қодир аст ба дўзах андозад; оре, ба шумо мегўям, ки аз Ў тарсед.
6 Оё панҷ гунҷишк ба ду фулус фурўхта намешавад? Ва ягонтои онҳо аз назари Худо намеафтад.
7 Ва ҳатто ҳамаи мўйҳои сари шумо шумурда шудааст. Пас, натарсед: шумо аз бисёр гунҷишкон бартарӣ доред.
8 Ва Ман ба шумо мегўям: ҳар кӣ Маро дар назди мардум эътироф кунад, Писари Одам низ вайро дар назди фариштагони Худо эътироф хоҳад кард.
9 Лекин ҳар кӣ Маро дар назди мардун инкор кунад, вай дар назди фариштагон инкор карда хоҳад шуд.
10 Ва ҳар кӣ бар зидди Писари Одам сухане гўяд, ба вай омурзида мешавад; лекин ҳар кӣ ба зидди Рўҳулқудс куфр гўяд, ба вай омурзида нахоҳад шуд.
11 Ҳар гоҳ шуморо ба куништҳо ва назди сардорон ва ҳокимон баранд, андеша накунед, ки чӣ гуна ё чӣ ҷавобе бояд бидиҳед ва ё чӣ сухане бояд бигўед;
12 Зеро ки дар он соат Рўҳулқудс шуморо таълим хоҳад дод, ки чӣ бояд гуфт“.
13 Шахсе аз миёни мардум ба Ў гуфт:“Эй Устод! Ба бародарам бигўй, ки меросро бо ман тақсим кунад“.
14 Ба вай гуфт:“Эй одамизод, кӣ Маро бар шумо қозӣ ё ҳаким Кардааст?“
15 Ва ба онҳо гуфт:“Зинҳор, аз тамаъкорӣ ҳазар кунед, зеро ки ҳаёти одам ба фаровонии дороии вай вобаста нест“.
16 Ва масале ба онҳо гуфт:“Киштзори як марди сарватдор ҳосили фаровоне овард;
17 Ва дар дили худ андеша карда гуфт:“Чӣ кунам, модоме ки барои анбор кардани ҳосилоти худ ҷое надорам?“
18 Ва гуфт:“Чунин мекунам: анборҳои худро вайрон карда, калонтарашро бино мекунам, ва дар он ҷо тамоми ғалладона ва тамоми дороии худро ҷамъ меоварам.
19 Ва ба ҷони худ мегўям: Эй ҷони ман! Дороии бисьёре барои чандин сол дорӣ: фароғат кун, бихўр, бинўш ва димоғчоқӣ кун“.
20 Вале Худо ба вай гуфт:“Эй нодон! Худи имшаб ҷонатро аз ту талаб мекунанд; пас, он чи захира кардӣ, насиби кӣ мешавад?“
21 „Чунин аст ҳоли касе ки барои худ ганҷҳо ғун мекунад, вале пеши Худо сарвате надорад“.
22 Ва Ў ба шогирдонаш гуфт:“Бинобар ин ба шумо мегўям: барои ҳаёти худ ғамхори накунед, ки чӣ бихўред, низ барои ҷисми худ, ки чӣ бипўшед:
23 Ҳаёт аз хўрок ва ҷисм аз пўшок муҳимтар аст.
24 Ба зоғон нигоҳ кунед: онҳо на мекоранд, на медараванд; На ганҷинае доранд, на анборе, ва Худо ба онҳо рўзӣ мерасонад; пас шумо аз парандагон чӣ қадар бештар арзанда ҳастед!“
25 Ва кист ки аз шумо, ки бо ғамхории худ қоматашро як зироъ баланд карда тавонад?
26 Пас, агар шумо аз ўҳдаи чунин кори хурдтарин баромада натавонед, чаро ба дигараш ғамхори мекунед?
27 Ба савсанҳо назар кунед, ки чӣ гуна нашъунамо меёбанд: на меҳнат мекунанд ва на мересанд; лекин ба шумо мегўям, ки Сулаймон ҳам бо тамоми ҷалоли худ чун яке аз онҳо либос напўшидааст
28 Пас, агар Худо алафи саҳроро, ки имрўз ҳасту фардо ба танўр андохта мешавад, чунин бипўшонад, шуморо эй сустимонҳо, чӣ қадар аз он беҳтар пўшонда метавонад.
29 Ва шумо дар ҷустуҷўи он набошед, ки чӣ бихўред ё чи бипўшед, аз ғам осуда бошед.
30 Чунки қавми ҷаҳон дар ҷустуҷўи ҳамаи ин чизҳо мебошанд; лекин Падари шумо медонад, ки шумо ба ин чизҳо эҳтиёҷ доред;
31 Балки Малакути Худоро биталабед, ва ҳамаи ин ба шумо илова хоҳад шуд.
32 Натарс, эй рамаи худр! Зеро ки Падари шумо таваҷҷўҳ намудааст, ки Малакутро ба шумо ато кунад.
33 Дороии худро бифрўшед ва садақа диҳед. Барои худ ҳамьёнҳои кўҳнанашаванда, ганҷи бепоён дар осмон муҳайё созед, ки дузд ба он наздик намешавад, ва куя онро намезанад;
34 Зеро ҳар ҷо, ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо хоҳад буд.
35 Камарҳотон баста ва чароғҳотон фурўзон бошад;
36 Ва худатон монанди касоне бошед, ки ба оғои худ интизорӣ доранд, то ки ҳангоми аз тўи арўси омада дарро кўфтанаш дарҳол барояш воз кунанд.
37 Хушо ҳамон ғуломе ки оғояшон, дар вақти омаданаш, онҳоро бедор меёбад; ба ростӣ ба шумо мегўям, ки вай камари худро баста, онҳоро назди суфра хоҳад шинонд ва пеш омада, ба онҳо хизмат хоҳад кард.
38 .Ва агар дар поси дуюм ва сеюми шаб омада, онҳоро чунин ёбад, хушо он ғулом!
39 Лекин ҳаминро шумо медонед, ки агар соҳиби хона медонист ки дар кадом соат дузд меояд, бедор монда, намегузошт, ки ба хонааш нақб занад:
40 Пас, шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред,Писари Одам меояд.
41 Петрус гуфт:“Худовандо! Оё ин масалро барои мо гуфтӣ, ё барои ҳама?“
42 Худованд гуфт:“Кист он гумоштаи мўътамад ва доно, ки оғояш вайро бар хизматгорони худ таин карда бошад, то ки ба онҳо дар сари вақт хўрок диҳад?
43 Хушо он ғуломе ки оғояш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад;
44 Ба ростӣ ба шумо мегўям, ки вайро бар тамоми дороии худ таъин хоҳад кард.
45 Лекин агар он ғулом дар дили худ гўяд, ки ‘‘оғои ман ба зудӣ намеояд’’, ва ба задани ғуломону канизон ва ба хўрдану нўшидану маст шудан шурўъ кунад,
46 Оғои он ғулом, дар рўзе ки ў мунтазир нест, ва дар соате ки гумон надорад, хоҳадд омад, ва ўро ду пора карда, қисматашро бо хоинон баробар хоҳад кард.
47 Ва он ғулом, ки иродаи оғои худро медонист, вале тайёр нашуд ва мувофиқи иродаи вай амал накард, шаттаи бисьёр хоҳад хўрд;
48 Аммо он ки намедонист ва корҳои сазовори ҷазо кард, камтар шатта хоҳад хўрд. Ба ҳар касе ки бисьёр ато шуда бошад, аз вай бисьёр талаб карда мешавад; ва ба ҳар касе ки амонати бисьёр супурда шуда бошад, аз вай бисьёр талаб мекунанд.
49 Ман омадаам, то ки оташе бар замин фурўд оварам, ва хеле иштиёқмандам, ки он ҳоло фурўзон шавад!
50 Маро таъмиде дар пеш аст, таъмиде ки бояд биёбам; ва чӣ қадар дар изтироб ҳастам, то даме ки ин ба амал ояд!
51 Оё шумо гумон мекунед, ки Ман омадаам, то осоиштагӣ ба замин биёрам? Не, мегўям ба шумо, балки барои он ки ҷудоӣ биёрам;
52 Зеро ки минбаъд панҷ нафар дар як хона аз ҳам ҷудо хоҳанд буд: се аз ду, ва ду аз се;
53 Падар аз писар ва писар аз падар, модар аз духтар ва духтар аз модар, модаршў аз келин ва келин аз модаршў ҷудо хоҳад буд“.
54 Ба мардум низ гуфт:“Вақте ки абри аз ғарб пайдошударо мебинед, дарҳол мегўед:’’Борон хоҳад борид’’; ва чунин мешавад;
55 Ва ҳангоме ки боди ҷанубӣ мевазад, мегўед:’’Гармо хоҳад омад’’; ва меояд.
56 Эй риёкорон! Қиёфаи замину осмонро шинохта метавонед, пас чӣ гуна ин замонро шинохта наметавонед?
57 Пас, чаро шумо аз пеши худ ҳукм намекунед, ки адолат чист?
58 Вақте ки ту бо даъвогари худ назди сардор меравӣ, дар аснои роҳ саъю кўшиш намо, ки аз вай халос шавӣ, то ки вай туро назди қозӣ набарад, ва қозӣ туро ба мулозим насупорад, мулозим туро ва ба зиндон наандозад;
59 Ба ту мегўям, ки то фулуси охиринро адо накунӣ, аз он ҷо берун нахоҳӣ рафт“.
1 Дар ҳамин вақт баъзеҳо омада, ба Ў дар бораи ҷалалиёне нақл карданд, ки хуни онҳоро Пилотус бо қурбониҳои онҳо омехтааст.
2 Исо дар ҷавоб онҳо гуфт:“Оё гумон мекунед, ки ин ҷалалиён аз ҳамаи ҷалалиён зиёдтар гуноҳкор буданд, ки чунин азоб кашиданд?
3 Не, мегўям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд.
4 Ва оё гумон мекунед, ки он ҳаждаҳ одам, ки бурҷи Шилўаҳ ба болояшон афтода, онҳоро нобуд карда буд, аз ҳамаи сокинони Ерусалим зиёдтар айбдор буданд?
5 Не, мегўям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд“.
6 Ва чунин масале гуфт :“Шахсе дар токзори худ дарахти анҷире шинонда буд, ва омад, то ки мевае аз он пайдо кунад, вале чизе наёфт.
7 Ва ба токдор гуфт:’’Инак, се сол боз ман меоям, то ки аз ин дарахти анҷир мевае пайдо кунам, вале чизе намеёбам; онро бибур: барои чӣ заминро беҳуда банд кунад?’’
8 Аммо вай дар ҷавоб гуфт:’’Эй оғо! Имсол ҳам онро бимон, то ки гирдашро канда, нурӣ андозам:
9 Шояд, бор оварад; ва агар наоварад, соли оянда онро мебурӣ’’„.
10 Дар яке аз куништҳо Ў рўзи шанбе таълим медод;
11 Ва инак, зане ҳаждаҳ сол боз гирифтори рўҳи заъф буд: вай қадхамида буд, ва қоматашро рост карда наметавонист.
12 Исо чун вайро дид, вайро садо карда, гуфт:“Эй зан! Аз ранҷурии худ халос мешавӣ“.
13 Ва дастҳои Худро бар вай гузошт; вай дарҳол қомат рост кард ва Худоро ҳамду сано хонд.
14 Сардори куништ чун дид, ки Исо дар рўзи шанбе шифо дод, дарғазаб шуда, ба мардум гуфт:“Шаш рўз ҳаст, ки дар онҳо кор бояд кард; дар ҳамон рўзҳо омада, шифо ёбед, на ин ки дар рўзи шанбе“
15 Худованд дар ҷавоби вай гуфт:“Эй риёкор! Оё ҳар яке аз шумо гов ё хари худро дар рўзи шанбе аз охур воз карда, барои об додан намебаред?
16 Ва ин духтари Иброҳимро, ки шайтон ҳаждаҳ сол боз баста буд, оё дар рўзи шанбе аз он бандҳояш халос кардан лозим набуд?“
17 Вақте ки Ў ин суханонро гуфт, ҳамаи мухолифонаш дар хиҷолат монданд; ва тамоми мардум аз ҳамаи корҳои аҷоиби Ў шод буданд.
18 Ва Ў гуфт:“Малакути Худо ба чӣ монанд аст, ва онро ба чӣ монанд кунам?
19 Он мисли донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар боғи худ партофт: ва он нумў карда, дарахти калоне шуд, ва мурғони ҳаво дар шохаҳояш ошьёна сохтанд“.
20 Боз гуфт:“Малакути Худоро ба чӣ монанд кунам?
21 Он монанди хамиртурушест, ки зан онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то ки тамоми хамир расид“.
22 Ва Ў дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, таълим медод, дар ҳолате ки роҳи Ерусалимро пеш гирифта буд.
23 Касе ба Ў савол дода, гуфт:“Худовандо! Наход ки шумораи наҷотьёбандагон кам аст?“ба онҳо гуфт:
24 „Саъю кўшиш кунед, ки аз дари танг дохил шавед, зеро ба шумо мегўям, ки бисьёр касон ба дохил шудан ҷиду ҷаҳд хоҳанд кард, лекин нахоҳанд тавонист.
25 Вақте ки соҳби хона бархоста дарро бибандад, шумо дар берун истода, дарро мекўбеду мегўед:“Худовандо! Худовандо! Ба мо воз кун“. Вале Ў дар ҷавоби шумо хоҳад гуфт:’’Шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед’.
26 Он гоҳ хоҳед гуфт:’’Мо пеши Ту хўрдем ва нўшидем, ва дар кўчаҳои мо Ту таълим медодӣ’’.
27 Лекин Ў хоҳад гуфт:’’Ба шумо мегўям: шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед; ҳама аз Ман дур шавед, эй бадкорон’’.
28 Дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд, чун Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб ва тамоми анбиёро дар Малакути Худо бубинед, вале худатон бадар ронда шуда бошед.
29 Ва аз шарқ ва ғарб ва шимол ва ҷанубомада, дар Малакути Худо хоҳанд нишаст.
30 Ва инак, охиринҳо ҳастанд, ки аввалин хоҳанд шуд, ва аввалинҳо ҳастанд, ки охирин хоҳанд шуд“.
31 Дар ҳамон рўз баъзе аз фарисиён омада, ба Ў гуфтанд:“Баро ва аз ин ҷо бирав, зеро ки Ҳиродус мехоҳад Туро ба қатл расонад“.
32 Ба онҳо гуфт:“Биравед ва ба он рўбоҳ бигўед:’’Инак, имрўз ва фардо девҳоро берун мекунам ва беморонро шифо медиҳам, ва дар рўзи сеюм саранҷом хоҳам ёфт;
33 Лекин Маро лозим аст, ки имрўз, фардо ва пасфардо роҳ равам, зеро мумкин нест, ки набӣ берун аз Ерусалим бимирад’’„
34 „Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чўҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!
35 Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад. Ба шумо мегўям, ки Маро дигар нахоҳед дид, то даме ки бигўед:’’Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!’’„
1 Як рўзи шанбе Ў дар хонаи яке аз сардорони фарисиён барои хўрок хўрдан омад, ва онҳо Ўро мушоҳида мекарданд:
2 Ва инак, марде пеши Ў омад, ки гирифтори бемории истисқо буд.
3 Исо ба шариатдонон ва фарисиён рў оварда, гуфт:“Оё дар рўзи шанбе шифо додан ҷоиз аст ё не?“
4 Онҳо хомўш монданд. Ва Ў он мардро ламс намуда, шифо бахшид ва фиристод.
5 Ва ба онҳо гуфт:“Кист аз шумо, ки хараш ё говаш ба даруни чоҳе афтода бошад, дарҳол онро дар рўзи шанбе берун наоварад?“
6 Ба ин гап эроде гирифта натавонистанд.
7 Чун Ў пайхас намуд, ки даъватшудагон барои нишастани худ пешгоҳро интихоб мекунанд, ба онҳо масале гуфт:
8 „Вақте ки касе туро ба тўи арўсӣ даъват менамояд, дар пешгоҳ нанишин: мабодо дар миёни даъватшудагон шахси аз ту мўҳтарамтаре бошад,
9 Ва он касе ки туро ва ўро даъват намудааст, назди ту биёяду гўяд:’’Ҷои худро ба ў бидеҳ’’; ва он гоҳ бо хиҷолат дар поини хона ҷой гирифтанат лозим мешавад.
10 Балки, агар туро даъват карда бошанд, омада, дар поини хона бинишин, то он касе ки туро даъват намудааст, назди ту биёяду гўяд:’’Эй дўст! Болотар бинишин’’; он гоҳ туро пеши ҳамнишинонат эҳтироме хоҳад буд,
11 Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад, ва ҳар кӣ худро фурўтан созад, сарафроз гардад“.
12 Ва ба он касе ки Ўро даъват намуда буд, гуфт:“Вақте ки хўроки пешинӣ ё хўроки бегоҳӣ ташкил мекунӣ, дўстон ё бародарон ё хешон ё ҳамсоягони сарватдори худро даъват накун: мабодо онҳо низ туро даъват намоянд, ва мукофоти ту дода шавад.
13 Балки, чун зиёфат медиҳӣ, мискинон, маъюбон, шалон ва кўронро даъват намо,
14 Ва ту хушбахт хоҳӣ буд, ки онҳо имконият надоранд мукофоте ба ту бидиҳанд; зеро ки дар рўзи эҳьёи одилон мукофоте ба ту ато хоҳад шуд“.
15 Яке аз онҳое ки бо Ў назди суфра нишаста буданд, ин суханонро шунида, ба Ў гуфт:“Хушо касе ки дар Малакути Худо хўрок хўрад!“
16 Ва Ў ба вай гуфт:“Шахсе зиёфати калоне ташкил карда, бисьёр касонро даъват намуд;
17 Чун вақти зиёфат расид, ғуломи худро фиристод, то ки ба даъватшудагон гўяд:’’Биёед, зеро ки ҳама чиз тайёр аст’’.
18 Ва ҳама, гўё ки забон як карда бошанд, ба узрхоҳӣ сар карданд. Аввалин ба вай гуфт:’’Ман замин харидаам, ва рафта онро диданам лозим аст; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ’’.
19 Дигаре гуфт:’’Ман панҷ ҷуфт барзагов харидаам ва меравам, ки онҳоро имтиҳон намоям; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ’’.
20 Сеюмин гуфт:’’Ман зан гирифтаам ва ба ин сабаб наметавонам биёям’’.
21 Ва он ғулом омада, инро ба оғои худ хабар дод. Он гоҳ соҳиби хона дарғазаб шуда, ба ғуломи худ гуфт:“Зуд ба кўчаю паскўчаҳои шаҳр баро, ва мискинон, маъюбон, шалон ва кўронро ба ин ҷо биёр“;
22 Ва ғулом гуфт:’’Эй оғо! Он чи гуфтӣ, иҷро шуд, ва боз ҷой ҳаст’’.
23 Ва оғо ба ғулом гфут:,Ба сари роҳҳо ва кўчабоғҳо баромада, мардумро ба омадан ризо кун, то ки хонаи ман пур шавад;
24 Зеро ба шумо мегўям, ки ҳеҷ яке аз он шахсони даъватшуда хўроки маро нахоҳанд чашид: зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон- кам’’„
25 Бо Ў мардуми бисьёре равона буданд; ва Ў ба онҳо рў оварда, гуфт:
26 „Агар касе назди Ман ояд ва аз падару модар, зану фарзандон, бародарону хоҳарон ва ҳамчунин аз ҷони худ нафрат накунад, вай наметавонад шогирди Ман бошад;
27 Ва ҳар ки салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намекунад, наметавонад шогирди Ман бошад;„
28 „Зеро кист аз шумо, ки бурҷе сохтанӣ шуда, аввал нишаста харҷи онро ҳисоб накунад, ки оё ў имконияти ба анҷом расонидани онро дорад,
29 Ки мабодо, баъд аз ниҳодани таҳкурсии он, ба тамом карданаш қуввати ў нарасад, ва ҳамаи касоне ки инро мебинанд, ўро тамасхур кунанд,
30 Ва гўянд:’’Ин шахс ба сохтан шурўъ намуд ва ба тамом кардан қувваташ нарасид?’’„
31 „Ё кадом подшоҳ аст, ки ба муқобили подшоҳи дигар ба ҷанг даромаданӣ шуда, аввал нишаста маслиҳат накунад, ки оё бо даҳ ҳазор аскар қодир аст ба касе муқовимат намояд, ки бо бист ҳазор аскар бар зидди ў меояд?
32 Вагар на, ҳанўз ки вай дур аст, назди вай элчӣ фиристода, сулҳ металабад“.
33 „Ҳамчунин ҳар яке аз шумо, агар аз тамоми дороии худ даст накашад, наметавонад шогирди Ман бошад“.
34 „Намак хуб аст; лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад?
35 На барои замин кор меояд, на барои нурӣ; онро бароварда мепартоянд. Ҳар кӣ гўши шунаво дорад, бишнавад!“
1 Ҳамаи боҷгирон ва гуноҳкорон назди Ў меомаданд, то ки суханони Ўро гўш кунанд.
2 Вале фарисиён ва китобдонон шиквакунон мегуфтанд:“Ў гуноҳкоронро пазироӣ мекунад ва бо онҳо хўрок мехўрад“.
3 Ва Ў ба онҳо ин масалро гуфт:
4 „Кист аз шумо, ки сад гўсфанд дошта бошад ва яке аз онҳоро гум кунад, он наваду нўҳро дар биёбон гузошта, аз ақиби он гумшуда намеравад, то даме ки онро биёбад?
5 Ва чун ёфт, бо шодӣ онро бар китфи худ мегузорад;
6 Ва ба хонаи худ омада, дўстон ва ҳамсоягонро ҷеғ мезанад ва ба онҳо мегўяд:’’Бо ман шодӣ кунед, ки гўсфанди гумшудаи худро ёфтам’’„.
7 „Ба шумо мегўям, ки дар осмон барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, шодӣ зиёдтар хоҳад буд, назар ба навадунўҳ одиле ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд“.
8 Ё кадом зан аст, ки даҳ дирҳам дошта бошад ва як дирҳамро гум карда, шамъе даргиронад ва хонаро рўфта, бодиққат ҷустуҷў накунад, то даме ки онро биёбад?
9 Ва чун ёфт, дўстон ва ҳамсоягони худро ҷеғ зада мегўяд:’’Бо ман шодӣ кунед, ки дирҳами гумшудаи худро ёфтам’’„.
10 „Ба шумо мегўям, ки дар миёни фариштагони Худо барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, ҳамин тавр шодӣ мешавад“.
11 Боз гуфт:“Шахсе ду писар дошт;
12 Ва хурдии онҳо ба падар гуфт:’’Эй падар! Он қисми молу мулкро, ки бояд ба ман расад, ба ман бидеҳ’’. Ва падар дороии худро ба онҳо тақсим кард.
13 Баъд аз чанд рўз писари хурдӣ ҳар он чи дошт, ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо дороии худро дар айшу нўш исроф намуд.
14 Вақте ки ҳамаашро сарф кард, қаҳтии сахте дар он кишвар рўй дод, ва ў ба мўҳтоҷӣ дучор шуд;
15 Ва рафта, хизматгори яке аз сокинони он кишвар шуд, ки вай ўро ба саҳрои худ фиристод, то ки хукбонӣ кунад;
16 Ва ў орзу дошт шиками худро аз харнубе ки хукон мехўранд, пур кунад, лекин ҳеҷ кас онро ба ў намедод.
17 Оқибат ў ба худ омада, гуфт:’’Чӣ қадаре аз муздурони падарам нони фаровон доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ ва ҳалокат мерасам!
18 Бархоста, назди падарам меравам ва ба вай мегўям: эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам,
19 Ва дигар лоиқи он нестам, ки писари ту хонда шавам; маро чун яке аз муздуронат қабул кун’’.
20 Ва ў бархоста, сўи падараш равона шуд. Ва ҳанўз ў хеле дур буд, ки падараш ўро дида, раҳмаш омад; ва тозон рафта, ўро ба оғўш кашиду бўсид.
21 Ва писар ба вай гуфт:’’Эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам, ва дигар лоиқи он нестам, ки писари ту хонда шавам’’.
22 Аммо падар ба ғуломони худ гуфт:’’Либоси беҳтарине оварда, ба ў бипўшонед, ва ангуштарин ба дасташ, ва мўза ба пойҳояш бидиҳед;
23 Ва гўсолаи охуриро оварда, сар бибуред: бихўрем ва димоғчоқӣ кунем,
24 Зеро ки ин писарам мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд’’. Ва ба димоғчоқӣ шурўъ карданд.
25 Лекин писари калонии вай дар саҳро буд; ва ҳангоме ки баргашта, ба хона наздик шуд, садоҳои суруду сурур ба гўшаш расид;
26 Ва яке аз хизматгоронро ҷеғ зада, пурсид, ки ин чӣ маъно дорад?
27 Вай ба ў пуфт:’’Бародарат омад, ва падарат гўсолаи охуриро сар бурид, чунки ўро сиҳат саломат дид’’.
28 Ў ба хашм омада, нахост ба хона дарояд. Ва падараш баромада ўро ҷеғ зад.
29 Аммо ў дар ҷавоби падараш гуфт:’’Инак, чандин сол аст, ки ман ба ту хизмат мекунам ва ҳаргиз аз фрмони ту гардан натофтаам; вале ту ҳаргиз ба ман як бузғолае ҳам надодаӣ, то ки бо дўстони худ димоғчоқӣ кунам;
30 Ва чун ин писарат, ки дороии туро ба фоҳишаҳо барбод додааст, гашта омад, ту барои вай гўсолаи охуриро сар буридаӣ’’.
31 Ба ў гуфт:’’Писарам! Ту ҳамеша бо ман ҳастӣ, ва ҳар он чи ман дорам, аз они туст;
32 Аммо ба он мебоист шодӣ ва димоғчоқӣ мекардем, ки ин бародарат мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд’’„.
1 Ба шогирдони Худ гуфт:“Як Марди сарватдор буд, ки амалдоре дошт, ва дар ҳаққи вай ба ў шикоят карданд, ки молу мулки ўро исроф менамояд:
2 Вайро ҷеғ зада, гуфт:’’Ин чист, ки дар ҳаққи ту шунидаам? Аз амалиёти худ ҳисоб деҳ, зеро ки дигар наметвонӣ амалдор бошӣ’’.
3 Он амалдор дар дили худ гуфт:’Чӣ кунам? Оғоям маро аз вазифаам маҳрум месозад: аз ўҳдаи каландзанӣ намебароям, аз гадоӣ шарм макунам;
4 Медонам, чӣ кунам, то ки мардум, ҳангоми аз вазифа маҳрум шуданам, маро дар хонаи худ пазироӣ кунанд’’.
5 Ва ҳар яке аз қарздорони оғои худро ба танҳои ҷеғ зада, ба якумин гуфт:’’Ту аз оғои ман чӣ қадар қарздор ҳастӣ?’’
6 Гуфт:’’Сад ченак равған’’. Ба вай гуфт:’’Забонхати худро бигир ва зуд нишаста, панҷоҳ бинавис’’.
7 Баъд ба дигаре гуфт:’’Ту чӣ қадар қарздор ҳастӣ?’’. Дар ҷавоб гуфт:’’Сад ченак гандум’’. Ба вай гуфт:’’забонхати худро бигир ва ҳаштод бинавис’’.
8 Ва он оғо амалдори ноинсофро таъриф кард, ки оқилона рафтор кардааст; зеро ки писарони ин олам дар муомила бо мардуми насли худ аз писарони нур оқилтаранд“.
9 Ва Ман ба шумо мегўям: бо сарвати ноинсофона барои худ дўстон пайдо кунед, то ки онҳо дар вақти тамом шудани он шуморо дар масканҳои ҷовидонӣ пазироӣ кунанд.
10 Касе ки дар чизи андак мўътамад бошад, дар чизи бисьёр низ мўътамад аст, ва касе ки дар чизи андак ноинсофӣ кунад, дар чизи бисьёр низ ноинсоф аст.
11 Пас, модоме ки шумо дар сарвати ноинсофона мўътамад набудед, кист, ки сарвати ҳақиқиро ба шумо месупорда бошад?
12 Ва модоме ки дар чизи бегона мўътамад набудед, кист, ки чизи худатонро ба шумо медода бошад?
13 Ҳеҷ ғулом ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дўст хоҳад дошт; ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно хизмат кунед“.
14 Ва фарисиён, ки зарпараст буданд, ҳамаи инро шунида, Ўро тамасхур карданд.
15 Ба онҳо гуфт:“Шумо худро пеши мардум одил вонамуд мекунед, вале Худо аз дилҳои шумо огоҳ аст: зеро он чи дар назари мардум олидараҷа аст, пеши Худо зишт аст“.
16 „Таврот ва суҳафи анбиё то Яҳьёст; аз он вақт ин ҷониб Малакути Худо башорат дода мешавад, ва ҳар ки бо ҷадду ҷаҳд ба он дохил мегардад.
17 Лекин фанои осмон ва замин осонтар аст аз он ки нуқтае аз таврот маҳв шавад“.
18 „Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, зани дигаре гирад, зино карда бошад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино карда бошад“.
19 „Шахси сарватдоре буд, либосҳои арғувон ва катон дар бар мекард, ва ҳар рўз базми боҳашамат барпо мекард.
20 Ва Лаъзор ном мискине назди дарвозаи ў мехобид, ва баданаш пур аз захм буд;
21 Ва орзу дошт аз он чи аз дастархони он сарватдор меафтод, шиками худро сер кунад; ва сагон омада захмҳои ўро мелесиданд.
22 Вақте ки он мискин мурд, фариштагон ўро ба оғўши Иброҳим бурданд; он сарватдор низ мурд, ва ўро дафн карданд;
23 Ва дар дўзах ў, дар ҳолате ки азобу уқубат мекашид, чашм андохта, аз дур Иброҳимро бо Лаъзор, ки дар оғўшаш буд, дид.
24 Ва фарьёд зада, гуфт:’’Эй падарам Иброҳим! Ба ман марҳамат кун ва Лаъзорро бифирист, то ки нўги ангушташро ба об тар карда, забони маро салқин гардонад, зеро ки ман дар аланга азият мекашам’’.
25 Лекин Иброҳим гуфт:“Эй фарзандам! Ба хотир овар, ки дар зиндагиат чизҳои хуб насиби ту ва чизҳои бад насиби Лаъзор шуда буд; акнун вай дар ин ҷо фароғат меёбад, ва ту азоб мекашӣ;
26 Ва илова бар ҳамаи ин, дар миёни мо ва шумо вартаи бузурге воқеъ аст, ба тавре ки онҳое ки аз ин ҷо назди шумо гузаштан мехоҳанд, наметавонанд, ҳамчунин аз он ҷо назди мо намегузаранд’’;
27 Ва ў гуфт:’’Пас, эй падар, аз ту илтимос мекунам, ки вайро ба хонаи ман бифирист.
28 Зеро ки ман панҷ бародар дорам: бигзор онҳоро таъкид кунад, ки онҳо ҳам ба ин макони азобу уқубат наоянд’’.
29 Иброҳим ба ў гуфт:’’Онҳо Мусо ва анбиё доранд; ба суханонашон гўш кунанд’’.
30 Аммо ў гуфт:’’Не, падарам Иброҳим! Лекин агар яке аз мурдагон назди онҳо равад, тавба хоҳанд кард’’.
31 Ба ў гуфт:’’Модоме ки ба Мусо ва анбиё гўш намедиҳанд, ҳатто агар яке аз мурдагон эҳьё шавад ҳам, бовар нахоҳанд кард’’„.
1 Ва Ў ба шогирдони Худ гуфт:“Ҳеҷ мумкин нест, ки васвасаҳо ба миён наоянд, лекин вой бар ҳоли касе ки ба воситаи вай ба миён оянд:
2 Бар гардани вай санги осиёе андохта, вайро дар баҳр афкананд, барои вай беҳтар аст аз он ки вай яке аз ин тифлонро ба васваса андозад.
3 Ба худ назорат кунед. Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, ба ў гап зада, фаҳмон, ва агар тавба кунад, ўро авф намо;
4 Ва агар рўзе ҳафт карат ба ту гуноҳ кунад ва рўзе ҳафт карат руҷўъ намуда, гўяд:’’Тавба кардам’’, ўро авф намо.
5 Ва ҳаввориён ба Худованд гуфтанд:“Имони моро зиёд кун“.
6 Худованд гуфт:“Агар шумо ба андозаи донаи хардал имон медоштед ва ба ин дарахти тут мегуфтед:’’Решакан гардида, дар миёни баҳр ҷойгир шав’’. Он ба шумо итоат мекард.
7 Кист аз шумо, ки ғуломаш ба шудгор ё ба чўпонӣ машғул бошад ва ҳангоме аз саҳро баргаштанаш ба вай гўяд:’’Зуд омада, назди суфра бинишин’’?
8 Баръакс, оё ў ба вай намегўяд:’’Барои ман хўроки бегоҳӣ тайёр кун ва камари худро баста, ба ман хизмат кун, то даме ки бихўрам ва бинўшам, ва баъд аз он худат бихўр ва бинўш’’?
9 Оё ў ба ғулом барои он ки фармонҳои ўро ба ҷо овард, миннатдорӣ баён мекунад? гумон намекунам.
10 Ҳамчунин шумо низ, вақте ки ҳамаи фармонҳои ба шумо додашударо ба ҷо овардед, бигўед:’’Мо ғуломони ношоям ҳастем; чунки он чи карданамон лозим буд, кардем’’.
11 Дар аснои роҳи Ерусалим Ў аз ҳудуди байни Сомария ва Ҷалил мегузашт.
12 Ва ҳангоме ки Ў ба қасабае дохил мешуд, даҳ шахси махавӣ аз пешаш баромаданд, ки аз дур истода,
13 Бо овози баланд мегуфтанд:“Эй Устод, ба мо марҳамат кун!“
14 Ва Ў, чун дид, ба онҳо гуфт:“Биравед ва худро ба коҳинон нишон диҳед“. Ва онҳо дар вақти рафтанашон пок шуданд.
15 Яке аз онҳо чун дид, ки шуфо ёфтааст, баргашта, бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонд,
16 Ва пеши пойҳои Ў рўй ба замин афтода, ба Ў ташаккур гуфт; ва ў мардӣ сомари буд.
17 Исо гуфт:“Оё даҳ нафар пок нашуданд? Пас он нўҳ нафар куҷоянд?
18 Оё, ғайр аз ин аҷнабӣ, касе ёфт нашуд, ки баргашта Худоро ҳамду сано хонанд?“
19 Ва ба вай гуфт:“Бархоста, бирав; имонат туро наҷот дод“.
20 Чун фарисиён ба Ў савол доданд, ки Малакути Худо кай меояд, дар ҷавоби онҳо гуфт:“Малакути Худо тавре намеояд, ки ба назар намоён шавад,
21 Ва намегўянд:’’Инак, он дар ин ҷост’’, ё:’’Инак, дар ин ҷост’’; зеро инак, Малакути Худо дар дохили шумост“.
22 Ва ба шогирдон гуфт:“Айёме меояд, ки дидани фақат як рўзи Писари Одамро орзу хоҳед кард, ва нахоҳед дид;
23 Ва ба шумо хоҳанд гуфт:’’Инак, дар ин ҷост’’, ё:’’Инак дар он ҷост’’, Наравед ва аз ақиби онҳо надавед;
24 Зеро, чӣ тавре ки барқ аз як канори осмон нур мепошад, Писари Одам дар рўзи Худ ҳамин тавр хоҳад буд.
25 Лекин аввал Ўро лозим аст, ки бисьёр азоб кашад ва аз тарафи ин насл рад кардда шавад“.
26 „Ва чӣ тавре ки дар айёми Нўҳ буд, дар айёми Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд:
27 ,Мехўрданд, менўшиданд, зан мегирифтанд, ба шавҳар мерафтанд - то рўзе ки Нўҳ ба киштӣ даромад, ва тўфон омада, ҳамаро нобуд кард’’„.
28 Ва чӣ тавре ки дар айёми Лут буд: мехўраданд, менўшаданд, мехариданд, мефурўхтанд, мекоштанд, иморат мекарданд;
29 Лекин дар рўзе ки Лут аз Садўм баромад, оташ ва кибрит аз осмон борид ва ҳамаро маҳв кард.
30 Дар рўзи зоҳир шудани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд“.
31 „Дар он рўз ҳар кӣ бар бом бошад, чизҳояш дар хона бошад, барои гирифтани онҳо поён нафурояд; ва ҳар кӣ дар киштзор бошад, барнагардад:
32 ‘‘Зани Лутро ба хотир оваред’’„
33 „Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ мекунад, онро барбод хоҳад дод, ва ҳар кӣ онро барбод диҳад, онро зинда хоҳад кард.
34 Ба шумо мегўям, ки дар он шаб аз ду нафаре ки дар як ҷогаҳ бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;
35 Аз ду зане ки якҷоя бо дастоз машғул бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;
36 Аз ду нафаре ки дар киштзор бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд“.
37 Дар ҷавоби Ў гуфтанд:“Куҷо, эй Худованд?“. Ба онҳо гуфт:“Ҳар куҷо лоша бошад, каргасон дар он ҷо ҷамъ мешаванд“.
1 Ва ба онҳо масале дар бораи он гуфт, ки кас бояд ҳамеша дуо гўяд ва маъюс нашавад,
2 Ва гуфт:“Дар шаҳре қозие буд, ки на тарсе аз Худо дошт ва на шарме аз мардум.
3 Дар он шаҳр бевазане буд, ки назди ў омада, мегуфт:’’Маро аз душманонам муҳофизат намо’’.
4 Мудати дурудароз қозӣ беэътиноӣ кард. Вале баъдтар дар дили худ гуфт:’’гарчанде ки ман на тарсе аз Худо дорам ва на шарме аз мардум,
5 Лекин азбаски ин бевазан маро ором намегузорад, вайро муҳофизат хоҳам кард, то ки ҳар дам омада, маро безор накунад’’„.
6 Ва Худованд гуфт:“Шунидед, ки ин қозии ноинсоф чӣ мегўяд?
7 Магар Худо багузидагони Худро, ки рўзу шаб ба даргоҳи Ў зорию интиҷо мекунанд, муҳофизат намекунад, гарчанде ки дар муҳофизати онҳо таъхир менамояд?“.
8 „Ба шумо мегўям, ки ба зудӣ онҳоро муҳофизат хоҳад кард. Лекин вақте ки Писари Одам биёяд, оё имоне бар замин хоҳад ёфт?“.
9 Ҳамчунин барои касоне ки ба одил будани худ эътимод дошта, дигаронро хор медиданд, чунин масале гуфт:
10 „Ду кас ба маъбад барои ибодат даромаданд, ки яке фарисӣ ва дигаре боҷгир буд.
11 Фарисӣ рост истода, дар дили худ чунин дуо мегуфт:’’Худоё! Туро шукр мегўям, ки монанди касони дигар: тороҷгарон, золимон, зинокорон, ё монанди ин боҷгир нестам:
12 Ҳафтае ду карат рўза медорам ва аз ҳар чизе ки ба даст меоварам, урш медиҳам’’.
13 Аммо боҷгир, дуртар истода, ҳатто ҷуръат надошт, ки чашмонашро сўи осмон баланд кунад; балки синаи худро мезаду мегуфт:’’Худоё! Ба мани гуноҳкор раҳм кун’’.
14 Ба шумо мегўям, ки ин шахс назар ба он шахс бештар сафед шуда ба хонаи худ рафт: зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст мешавад, ва ҳар кӣ худро фурўтан созад, сарафроз мешавад“.
15 Кўдаконро низ назди Ў меоварданд, то ки онҳоро ламс кунад; шогирдон инро дида, ба онҳо монеъ мешуданд.
16 Аммо Исо онҳоро ҷеғ зада, гуфт:“Кўдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро ки Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад;
17 Ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанди кўдак қабул накунад, ба он дохил намешавад“.
18 Ва сарватдоре аз Ў пурсид:“Эй Устоди некў! Чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?“
19 Исо ба вай гуфт:“Чаро Маро некў мегўӣ? Ҳеҷ кас накў нест, ҷуз Худои ягона.
20 Аҳконмро медони: Зино накун; қатл накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурўғ надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун“.
21 Гуфт:“Ҳамаи инро ман аз кўдаки нигоҳ доштаам“.
22 Исо инро шунида, ба вай гуфт:“Туро боз чизе намерасад: ҳар он чи дори, бифурўш ва ба мисконон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе хоҳи ёфт; ва омада, Маро пайравӣ кун“.
23 Лекин вай, чун инро шунид, андўҳгин шуд, зеро ки бағоят сарватдор буд.
24 Исо андўҳи вайро дида, гуфт:“Ба Малакути Худо даромадани сарватдор чӣ гуна душвор аст!
25 Зеро ки аз сўрохии сўзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад“.
26 Шунавандагон гуфтанд:“Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?“
27 Гуфт:“Он чи барои одамон ғайриимкон аст, барои Худо имконпазир аст“.
28 Петрус гуфт:“Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем“.
29 Ба онҳо гуфт:“Ба ростӣ ба шумо мегўям: касе нест, ки хона, ё падару модар, ё бародарон, ё хоҳарон, ё зан, ё фарзандонро аз баҳри Малакути Худо тарк кунаду
30 Дар ин замон хеле зиёдтар ва дар олами оянда ҳаёти ҷовидонӣ наёбад“.
31 Ва он дувоздаҳро назди Худ хонда, ба онҳо гуфт:“Инак, мо сўи Ерусалим меравем, ва ҳар он чи бо забони анбиё дар бораи Писари Одам навишта шудааст, ба амал хоҳад омад:
32 Зеро ки Ў ба дасти ғайрияҳудиён таслим карда хоҳад шуд, ва Ўро тамасхур кунанд, ҳақорат диҳанд, туфборон кунанд,
33 Ва тозиёна зананд, бикушанд; ва дар рўзи сеюм Ў эҳьё шавад“.
34 Лекин онҳо чизе аз ин нафаҳмиданд; маънои ин суханон аз онҳо пўшида буд, ва онҳо ба ин гуфтаҳо сарфаҳм нарафтанд.
35 Вақте ки Ў ба Ериҳў наздик мешуд, кўре дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид;
36 Ва чун шунид, ки аз пешаш мардум мегузаранд, пурсид:“Ин чист?“
37 Ба вай гуфтанд, ки Исои Носирӣ меояд.
38 Дарҳол фарьёд карда, гуфт:“Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун“.
39 Онҳое ки дар пеш равона буданд, вайро ба хомўш шудан водор карданд; лекин вай боз ҳам бештар фарьёд мезад:“Эй Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун“.
40 Исо истода, фармуд, ки вайро назди Ў биёранд. Ва ҳангоме ки наздик омад, аз вай пурсид:
41 „Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту бикунам?“ Гуфт:“Худовандо! Мехоҳам бино шавам“.
42 Исо ба вай гуфт:“Бино шав! Имонат туро шифо бахшид“.
43 Вай дарҳол бино гашт ва, Худоро ситоишкунон, аз ақиби Ў равона шуд. Ва тамоми мардум инро дида, Худоро ҳамду сано хонданд.
1 Ва Ў ба Ериҳў ворид шуда, аз он мегузашт.
2 Ва инак, Заккай ном шахс, ки сардори боҷгирон ва сарватдор буд,
3 Мехост Исоро бубинад, ки Ў кист, лекин ба сабаби бисьёрии мардум натавонист, чунки қадаш паст буд.
4 Ва давида пеш гузашту болои дарахти анҷире баромад, то ки Ўро бубинад, чунки Ўро лозим буд ки аз пеши он бигзарад.
5 Вақте ки Исо ба он ҷо расид, назар афканда, вайро дид ва гуфт:“Эй Заккай! Зуд фуруд ой, зеро ки имрўз Маро лозим аст дар хонаат бимонам“.
6 Вай зуд фуромада, Ўро бо хурсанди пазироӣ намуд.
7 Ва ҳама инро дида, шиквакунон гуфтанд, ки Ў дар хонаи шахси гуноҳкор меҳмон шудааст.
8 Аммо Заккай бархоста, ба Худованд гуфт:“Худовандо! Нисфи дороии худро ман ба мискинон медиҳам, ва агар чизи касеро ноинсофона гирифта бошам, чор баробар подош медиҳам“.
9 Исо ба вай гуфт:“Имрўз ба ин хона наҷот омадааст, чунки вай низ Писари Иброҳим аст;
10 Зеро ки Писари Одам омадааст, то ки гумшудагонро пайдо кунад ва наҷот диҳад“.
11 Вақте ки онҳо инро гўш мекарданд, Ў боз масале илова намуд: зеро ки Ў дар наздикии Ерусалим буд, ва онҳо гумон мекарданд, ки ба зудӣ бояд Малакути Худо ба зуҳур ояд.
12 Бинобар ин Ў гуфт:“Шахсе аз ашроф ба кишвари дурдаст мерафт, то ки салтанате ба даст оварда, баргардад;
13 Ва даҳ нафар ғуломонашро даъват намуда, ба онҳо даҳ мино дод ва ба онҳо гуфт:’’Бо ин пул то вақти баргаштанам доду муомила кунед’’.
14 Аммо аҳли шаҳраш ба вай адоват доштанд ва аз ақиби вай элчӣ фиристоданд, то бигўяд:’’Намехоҳем, ки вай бар мо подшоҳӣ кунад’’.
15 Ва ҳангоме ки вай салтанатро ба даст оварда, баргашт, фармуд, ки ҳамон ғуломонро, ки ба онҳо пул дода, буд, ҷеғ зананд, то фаҳмад, ки ҳар яке чӣ қадар фоида кардааст.
16 Якумин омада, гуфт:“Эй оғо! Як минои ту даҳ мино фоида овард’’.
17 Ба ў гуфт:’’Офарин, эй ғуломи нек! Азбаски ба чизи андак мўътамад будӣ, бар даҳ шаҳр ҳоким шав’’.
18 Дуюмин омада, гуфт:’’Эй оғо! Инак як минои ту панҷ мино фоида овард’’.
19 Ба ў низ гуфт:’’ Ту ҳам ба панҷ шаҳр ҳоким шав’’.
20 Сеюмин омада, гуфт:’’Эй оғо! Инак як минои ту, ки онро ба рўймоле печонида, нигоҳ доштам;
21 Зеро ки ман аз ту тарсидам, чунки шахси сахтгир ҳастӣ: он чи нагузоштаӣ, мегирӣ, он чи накоштаӣ, медаравӣ’’.
22 Ба ў гуфт:’’Туро аз забони худат маҳкум мекунам, эй ғуломи шарир! Ту медонистӣ, ки ман шахси сахтгир ҳастам, он чи нагузоштаам, мегирам, ва он чи накоштаам, медаравам;
23 Пас чаро пули маро ба саррофон надодӣ, то ки ман омада, онро бо фоидааш бигирам?’’
24 Ва ба ҳозирон фармуд:’’Он миноро аз ў гирифта, ба он ки даҳ мино дорад бидиҳед’’;
25 Ба ў гуфтанд:’’Эй оғо! Вай даҳ мино дорад’’.
26 ‘‘Ба шумо мегўям, ки ҳар ки дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар ки надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад.
27 Лекин он душманони маро, ки намехостанд бар онҳо подшоҳӣ кунам, ба ин ҷо оварда, пеши ман ба қатл расонед’’„.
28 Ин суханонро гуфта, Ў боз ба роҳ даромад ва сўи Ерусалим равона шуд.
29 Ва чун ба Байт- Фоҷӣ ва Байт- Ҳинӣ, ки бар кўҳи Зайтун аст, наздик омад, ду шогирди Худро фиристода,
30 Ба онҳо гуфт:“Ба он деҳа, ки рў ба рўи мост, биравед; ҳамин ки вориди он шудед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанўз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, биёред;
31 Ва агар касе аз шумо пурсад:’’Чаро воз мекунед?’’ ба вай бигўед:’’Худованд ба вай эҳтиёҷ дорад’’„.
32 Фиристодагон рафта, чунон ки Ў ба онҳо гуфта буд, ёфтанд.
33 Вақте ки онҳо курраро воз мекарданд, соҳибонаш ба онҳо гуфтанд:“Чаро курраро воз мекунед?“
34 Гуфтанд:“Худованд ба вай эҳтиёҷ дорад“.
35 Ва онро назди Исо оварданд; ва ҷомаҳои худро бар курра афканда, Исоро ба он савор карданд.
36 Ва ҳангоме ки Ў мерафт, ҷомаҳои худро бар роҳ мегустурданд.
37 Вақте ки Ў ба фуромадгоҳи кўҳи Зайтун наздик шуд, тамоми тўдаи шогирдонаш шодикунон бо овози баланд Худовандро барои ҳамаи мўъҷизаҳое ки дида буданд, ҳамду сано карда,
38 Мегуфтанд:“Муборак аст Подшоҳе ки ба исми Худованд меояд! Осоиштагӣ дар осмон ва ҷалол дар арши аъло бод!“
39 Баъзе фарисиён аз миёни мардум ба Ў гуфтанд:“Эй Устод! Шогирдони Худро манъ кун“.
40 Дар ҷавоб гуфт:“Ба шумо мегўям, ки агар онҳо хомўш монанд, сангҳо нидо хоҳанд кард“.
41 Ва ҳангоме ки Ў ба шаҳр наздик омад, ба он назар андохта, ба ҳоли он гирьён шуд,
42 Ва гуфт:“Оҳ, кошки ту низ ақаллан дар ҳамин рўзи худ медонистӣ, ки кадом чизҳо сўи осоиштагии ту мебарад! Аммо ин ҳоло аз чашмони ту ниҳон аст;
43 Зеро рўзҳое ба сарат меояд, ки душманонат ба муқобили ту сангарҳо хоҳанд сохт ва туро иҳота намуда, аз ҳар тараф ба танг хоҳанд овард,
44 Ва туро, ва фрзандони туро дар дохили ту, ба хок яксон хоҳанд кард, ва дар ту санге бар санге нахоҳанд гузошт, аз барои он ки вақти тафаққути худро надонистӣ“.
45 Ва ба маъбад даромада, ба пеш кардани онҳое ки дар он харидуфурўш мекарданд, оғоз намуд,
46 Ва ба онҳо гуфт:“Навишта шудааст, ки ‘‘хонаи Ман хонаи ибодат аст’’, аммо шумо онро ба дуздхона мубадал кардаед“.
47 Ва ҳар рўз дар маъбад таълим медод. Аммо саркоҳинон ва китобнон ва пирони қавм қасд доштанд, ки Ўро нобуд кунанд,
48 Вале илоҷи ин корро ёфта наметавонистанд, зеро ки тамоми мардум пайваста ба суханони Ў гўш медоданд.
1 Дар яке аз рўзҳое ки Ў мардумро дар маъбад таълим ва башорат медод, саркоҳинон ва китобдонон бо пирон омада,
2 Ба Ў гуфтанд:“Ба мо бигўй, ки бо кадом қудрат Ту ин корҳоро мекунӣ, ё кист, ки ин қудратро ба Ту додааст?“
3 Дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ва ба Ман бигўед:
4 „Таъмиди Яҳьё аз осмон буд ё аз инсон?“
5 Онҳо дар дили худ андеша карда, мегуфтанд:“Агар гўем, ки ‘‘аз осмон’’, Ў бигўяд:’’Пас чаро ба вай имон наовардед?’’
6 „Ва агар гўем, ки ‘‘аз инсон буд’’, тамоми қавм моро сангсор хоҳанд кард, зеро яқин доранд, ки Яҳьё набӣ буд“
7 Ва дар ҷавоб гуфтанд:“Намедонем аз куҷо буд“.
8 Исо ба онҳо гуфт:“Ман ҳам ба шумо намегўям, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам“.
9 Ва ба мардум чунин масалеро гуфт:“Шахсе токзоре шинонд, ва онро ба токдорон супурда, муддати дарозе сафар кард;
10 Ва чун мавсим расид, хизматгореро назди токдорон фиристод, то ки аз меваи токзор ба вай бидиҳанд; лекин токдорон вайро зада, тиҳидаст равона карданд.
11 Ва ў хизматгори дигарро фиристод; вале онҳо вайро низ зада ва дашном дода, тиҳидаст фиристоданд.
12 Ва ў боз сеюмашро фиристод; аммо вайро низ ярадор карда, бадар ронданд.
13 Он гоҳ соҳиби токзор гуфт:“Чӣ кунам? Писари маҳбуби худро мефиристам. Шояд ўро дида, шарм кунанд?“.
14 Лекин токдорон чун ўро диданд, бо ҳамдигар маслиҳат карда, гуфтанд:’’Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем, то ки мерос аз они мо шавад’’.
15 Ва ўро аз токзор бароварда, куштанд. Пас, соҳиби токзор ба онҳо чӣ хоҳад кард?
16 Вай омада, он токдоронро ба марг маҳкум хоҳад кард ва токзорро ба дигарон хоҳад супурд“.Онҳое ки ин суханонро шуниданд, гуфтанд:“Ҳошо ва калло!“
17 Аммо Ў ба онҳо назар андохта, гуфт:“Маънои ин суханоне ки навишта шудааст, чист:’’Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гўшаи бино гардид’’?
18 Ҳар кӣ бар он санг афтад, пора - пора шавад; ва агар он бар касе афтад, вайро маҷақ кунад“.
19 Саркоҳинон ва китобдонон қасд доштанд, ки дар ҳамон дам Ўро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд, зеро донистанд, ки ин масалро Ў дар ҳаққи онҳо гуфта буд.
20 Ва Ўро дар зери назорат гирифта, айёронро фиристоданд, то ки онҳо худро одил нишон дода, Ўро аз суханаш афтонанд ва ба қудрат ва ихтиёри ҳоким таслим кунанд.
21 Ва онҳо ба Ў савол дода, гуфтанд:“Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳаққи гапро мегўӣ ва меомўзӣ, ва рўбинӣ намекунӣ, балки тариқи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ;
22 Оё ба қайсар ҷизья додани мо ҷоиз аст, ё не?“
23 Вале Ў макри онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт:“чаро Маро меозмоед?
24 Диноре ба Ман нишон диҳед: сурат ва рақами рўи он аз они кист?“ Дар ҷавоб гуфтанд:“Аз они қайсар“.
25 Ба онҳо гуфт:“Пас, он чи аз они қайср аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост- ба Худо“.
26 Ва Ўро пеши мардум аз суханаш афтонда натавонистанд ва аз ҷавоби Ў дар ҳайрат афтода, хомўш монданд.
27 Ва баъзе аз саддуқиён, мукири қиёмат ҳастанд, назди Ў омада, пурсиданд:
28 „Эй Устод! Мусо ба мо навиштааст, ки агар бародари касе бимирад ва зандор буда, фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварда ва барои бародари худ насе ба вуҷуд оварад.
29 Ва инак, ҳафт бародар буданд: якумин зан гирифт ва фарзанд ба дуньё наоварда, мурд.
30 Ва он занро дуюмин гирифт, вале ў низ фарзанд ба дуньё наоварда, мурд;
31 Баъд вайро сеюмин гирифт, ва ҳамин тавр то ҳафтумин, ва ҳама фарзанде нагузошта, мурданд;
32 Баъд аз ҳама зан низ мурд.
33 Пас, дар эҳьёи мурдагон вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ки ҳар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд“.
34 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Фарзандони ин дуньё зан мегиранд ва ба шавҳар мераванд;
35 Лекин онҳое ки сазовори расидан ба он дуньё ва эҳьёи мурдагон бишаванд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд,
36 Ва дигар бор наметавонанд бимиранд, зеро ки онҳо ба фариштагон баробаранд, ва азбаски писарони қаёмат ҳастанд, онҳо писарони Худо мебошанд.
37 Ин ки аз мурдагон эҳьё мешаванд, инро Мусо низ дар ҳикояти бутта нишон дода, Худовандро Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб хондааст.
38 Ва Ў на Худои мурадагон, балки Худои зиндгон аст, зеро ки пеши Ў ҳама зинда ҳастанд“.
39 Баъзе аз китобдонон инро шунида, гуфтанд:“Эй Устод! Нағз сухан рондӣ“.
40 Ва дигар онҳо ҷуръат надоштанд, ки аз Ў чизе бипурсанд. Ва Ў ба онҳо гуфт:
41 Чӣ сон мегўянд, ки Масеҳ Писари Довуд аст?
42 Ва ҳол он ки худи Довуд дар китоби Забур мегўяд:’’Худованд ба Худои ман гуфт: ба ямини Ман бинишин,
43 То душманони Туро зери пои Ту андозам’’.
44 Инак, Довуд Ўро Худован мехонад; пас чӣ сон Ў писари вай будааст?“.
45 Ва дар сурате ки тамоми мардум гўш мекарданд, Ў ба шогирдони Худ гуфт:
46 „Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дўст медоранд ҷомаҳои дароз пўшида гарданд, ва меписанданд дар бозорҳо табрик шунаванд, ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷой гиранд ва дар зиёфтҳо болонишин бошанд;
47 Онҳо, ки хонаҳои бевазанонро фурў мебаранд ва барои намуд дуоро тўл медиҳанд, аз ҳама сахтар маҳкум хоҳанд шуд“.
1 Ва Ў назар андохта, сарватдоронро дид, ки ҳадияҳои худро ба ганҷина меандохтанд;
2 Ва ҳамчунин бевазани камбағалеро дид, ки ду фулус дар он андохт.
3 Ва Ў гуфт:“Ба ростӣ ба шумо мегўям, ки ин бевазани камбағал аз ҳама бештар андохт;
4 Зеро ки ҳамаи онҳо аз зиёдтии худ ҳадия барои Худо андохтаанд, лекин вай аз камбағалии худ тамоми нафақаеро, ки дошт, андохт“;
5 Вақте ки баъзе касон дар бораи маъбад сухан ронда, гуфтанд, ки он бо сангҳо ва инъомҳои гаронбаҳо зебу оро дода шудааст, Ў гуфт:
6 Айёме меояд, ки аз он чи дар ин ҷо мебинед, санге бар санге нахоҳад монд; ҳамааш хароб хоҳад шуд“.
7 Аз Ў пурсиданд:“Эй Устод! Ин кай воқеъ мешавад? Ва аломати ба вуқўъ омадани ин чӣ гуна ат?“
8 Гуфт:“Ҳушьёр бошед, ки шуморо дар иштибоҳ наандозанд; зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гўянд, ки ин Ман ҳастам; ва он вақт наздик аст. Аз ақиби онҳо наравед.
9 Ва чун овозаи ҷангҳо ва ошўбҳоро бишнавед, натарсед: зеро ин бояд аввал воқеъ шавад; лекин дарҳол интиҳо намеёбад“.
10 Он гоҳ ба онҳо гуфт:“Қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард;
11 Ва дар ҳар ҷо зилзилаҳои азим, ва қаҳтию вабоҳо, ва ҳодисоти пурдаҳшат ва аломати бузург аз осмон ба амал хоҳад омад.
12 Аммо пеш аз ҳамаи ин ба шумо дасти тааддӣ дароз хоҳанд кард ва шуморо таъқиб намуда, ба куништҳо ва зиндонҳо хоҳанд супурд ва хотири исми Ман назди подшоҳону ҳакимон хоҳанд бурд;„
13 Ва ин ба шумо барои шаҳодат хоҳад буд.
14 Пас, дар дили худ аҳд кунед, ки пешакӣ андеша накунед, чӣ ҷавоб бояд бидиҳед.
15 Зеро ки Ман ба шумо забоне ва ҳикмате хоҳам дод, ки ҳамаи душманони шумо натавонанд на зидияте ба он нишон диҳанд ва на ба муқобили он чизе бигўянд.
16 Ва шуморо падару модарон, ва бародарон, ва хешовандон, ва дўстон таслим хоҳанд кард. Ва баъзеи шуморо ба қатл хоҳанд расонд“;
17 „Ва ҳама барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт“.
18 „Лекин мўе аз сари шумо талаф нахоҳад шуд“.
19 „Ҷонҳои худро бо сабри худ наҷот хоҳед дод“.
20 „Ҳар гоҳ бубинед, ки аскарон Ерусалимро иҳота кардаанд, бидонед, ки харобии он наздик шудааст.
21 Он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кўҳистон гурезанд; ва ҳар кӣ дар шаҳр аст, аз он барояд; ва ҳар кӣ дар гирду атроф аст, ба он надарояд,
22 Чунки ин айёми интиқом аст, то ба амал ояд ҳар он чи навишта шудааст.
23 Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём; зеро ки мусибати бузурге бар замин рўй дода, ин қавм гирифтори ғазаб хоҳад шуд:
24 „Ва ба дами шамшер хоҳанд афтод, ва дар миёни ҳамаи халқҳо ба асирӣ хоҳанд рафт; ва Ерусалим поймоли ғайрияҳудиён хоҳад шуд, то даме ки даврони ғайрияҳудиён ба анҷом расад“.
25 Ва дар офтоб ва моҳ ва ситорагон аломатҳо зуҳур хоҳанд ёфт, ва бар замин халқҳо ба ноумедӣ афтода, аз хурўши баҳр ва ғалаёни мавҷҳо моту мабҳут хоҳанд шуд;
26 Ва одамон аз тарсу ҳарос ва интизории он мусибатҳое ки ба сари ҷаҳон меояд аз ҳол хоҳанд рафт, зеро ки қувваҳои афлок мутазалзил хоҳанд шуд.
27 Ва он гоҳ Писари Одамро хоҳанд дид, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абре меояд.
28 Вақте ки ба амал омадани ин чизҳо оғоз шаванд, бархоста, сарҳои худро баланд кунед, чунки халосии шумо наздик меояд“.
29 Ва ба онҳо масале гуфт:“Ба дарахти анҷир ва ба ҳамаи дарахтон нигоҳ кунед:
30 Вақте ки шукуфтани онҳоро мебинед, медонед, ки тобистон наздик аст;
31 Ҳамчунин, вақте ки шумо ба амал омадани ин чизҳоро мебинед, бидонед, ки Малакути Худо наздик аст“.
32 „Ба ростӣ ба шумо мегўям: ин насл ҳанўз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад шуд;
33 Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.
34 Пас, бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхўрӣ ва мастӣ ва ғамхўриҳои зиндагӣ сахт шавад, ва он рўз ба шумо ногаҳон ояд;
35 Зеро ки он, монанди доме, бар ҳамаи сокинони рўи замин хоҳад омад;
36 Пас, ҳама вақт бедор бошед ва дуо гўед, то ки сазовор бошед аз ҳамаи ин мусибатҳои оянда раҳо шавед ва дар пеши Писари Одам биистед“.
37 Рўзҳо Ў дар маъбад таълим медод; ва шабҳо берун омада, дар кўҳе ки кўҳи Зайтун ном дорад, шабгузаронӣ мекард.
38 Ва тамоми мардум бомдодон назди Ў ба маъбад барои шунидани суханонаш меомаданд.
1 Иди фатир ки фисҳ номида мешавад, наздик буд;
2 Саркоҳинон ва китобдонон дар тараддуди он буданд, ки чӣ сон Ўро ба қатл расонанд, чунки аз мардум метарсиданд.
3 Ва ба дили Яҳудо, ки лақаби Исқарьют дошт ва аз ҷумлаи он дувоздаҳ буд, шайтон даромад.
4 Пас вай рафта, бо саркоҳинон ва сардорон гуфтугў кард, ки чӣ сон Ўро ба онҳо таслим кунад.
5 Онҳо шод гаштанд ва ба вай пул доданӣ шуданд.
6 Вай ваъда кард, ва фурсат меҷуст, то ки Ўро дур аз чашми мардум ба онҳо таслим кунад.
7 Ва рўзи иди фатир, ки барраи фисҳро қурбони кардан лозим буд, фаро расид.
8 Ва Ў Петрус ва Юҳанноро фиристода, гуфт:“Биравед ва фисҳро барои хўрдани мо тайёр кунед“.
9 Ба Ў гуфтанд:“Дар куҷо мехоҳӣ ки тайёр кунем?“.
10 Ба онҳо гуфт:“Инак, вақте ки ба шаҳр медароед, марде ба шумо рў ба рў хоҳад шуд, ки кўзаи обро бардошта мебарад; аз ақибаш равона шавед то ба хонае ки медарояд,
11 Ва ба соҳиби хона бигўед:’’Устод ба ту мегўяд: меҳмохона куҷост, ки он ҷо фисҳро бо шогидони Худ бихўрам?’’.
12 Ва ба шумо болохонаи калони мафрушеро нишон медиҳад; дар он ҷо тайёр кунед“.
13 Онҳо равона шуданд ва, чунон ки Ў гуфта буд ёфтанд, ва фисҳро омода карданд.
14 Ва ҳангоме ки соат расид, Ў назди суфра нишаст, ва дувоздаҳ ҳаввориён бо Ў буданд.
15 Ба онҳо гуфт:“Хеле иштиёқманд будам, ки пеш аз уқубати Худ ин фисҳро бо шумо бихўрам;
16 Зеро ба шумо мегўям, ки аз он дигар нахоҳам хўрд, то вақте ки дар Малакути Худо ба амал ояд“.
17 Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва гуфт:“Инро бигиред ва дар миёни худ тақсим кунед.
18 Зеро ба шумо мегўям, ки дигар аз шираи ангур нахоҳам нўшид, то вақте ки Малакути Худо биёяд“.
19 Ва нонро гирифта, шукргузорӣ намуд ва пора карда ба онҳо доду гуфт:“Ин Бадани Ман аст, ки барои шумо таслим карда мешавад; инро барои хотири Ман ба ҷо оваред“.
20 Ҳамчуни косаро баъд аз таоми шом гирифта, гуфт:“Ин косаи аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман, ки барои шумо рехта мешавад“.
21 „Ва инак, дасти таслимкунандаи Ман бо Ман дар сари суфра аст.
22 Агар чи Писари Одам ончунон, ки пешакӣ муқарар шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он кас, ки ба воситаи вай Ў таслим карда шавад“.
23 Ва онҳо аз якдигар пурсидан гирифтанд, ки кадоме аз онҳо ин корро мекарда бошад?.
24 Дар миёни онҳо инчунин баҳсу мунозира шуд, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар ҳисоб ёбад.
25 Вале Ў ба онҳо гуфт:“Подшоҳони халқҳо бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва ҳокимони онҳо валинеъмат хонда мешаванд;
26 Аммо шумо ин тавр не: балки он ки дар байни шумо бузургтар аст, бояд монанди хурдтари бошад, ва сардор- монанди хизматгузор.
27 Зеро кадоме бузургтар аст: он ки назди суфра менишинад, ё он ки хизматгузор аст? Оё на он аст, ки назди суфра менишинад? Аммо Ман дар миёни шумо монанди хизматгузор ҳастам“.
28 Ва шумо касоне ҳастед, ки дар озмоишҳои Ман бо Ман будед,
29 Ва Ман ба шумо Малакуте месупорам, чунон ки Падарам ба Ман супурдааст,
30 То ки шумо дар Малакути Ман дар сари суфраи Ман бихўред ва бинўшед, ва шумо бар тахтҳо нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард“.
31 Ва Худованд гуфт:“Шимъўн! Шимъўн! Инак, шайтон талабгори он буд ки, шуморо мисли гандуме аз ғалбер гузаронад;
32 Аммо Ман барои ту дуо гуфтам, то ки имонат таназзул накунад; ва ту як вақте, руҷўъ намуда, бародарони худро устувор гардон“.
33 Вай ба Ў гуфт:“Худовандо! Ман тайёр ҳастам, ки бо Ту ҳам ба зиндон ва ҳам ба мамот биравам“.
34 Лекин Ў гуфт:“Ба ту, эй Петрус, мегўям, ки имрўз пеш аз он ки хурўс бонг занад, ту се бор инкор кунон хоҳӣ гуфт, ки Маро намешиносӣ“.
35 Ва ба онҳо гуфт:“Вақте ки Ман шуморо бе ҳамьён, бе тўрба ва бе пойафзон фиристодам, оё шумо ба чизе эҳтиёҷ доштед?“ Гуфтанд:“Ба ҳеҷ чиз“.
36 Ва Ў ба онҳо гуфт:“Лекин акнун касе ки ҳамьён дорад, онро бигирад. ҳамчунин тўрбаро; ва касе ки шамшер надорад, ҷомаи худро фурўхта, бихарад.
37 Зеро ба шумо мегўям, ки ин сухани Навиштаҳо низ дар ҳаққи Ман ба амал ояд:’’Аз ҷинояткорон шумурда шуд’’. Зеро ҳар чи дар бораи Ман аст, интиҳо меёбад“.
38 Ва онҳо гуфтанд:“Худовандо! Инак, дар ин ҷо ду то шамшер ҳаст“. Ба онҳо гуфт:“Кифоя аст“.
39 Ва берун омада, аз рўи одат, ба кўҳи Зайтун рафт; шогирдон низ аз ақиби Ў рафтанд.
40 Вақте ки ба он мавзеъ расид, ба онҳо гуфт:“Дуо гўед, то ба озмоиш дучор нашавед“.
41 Ва Худаш ба масофаи андохтани санге аз онҳо дур шуда, зону зад ва дуо карда, гуфт:
42 „Эй Падар! Агар бихоҳӣ, косаро аз Ман бигзарон; лекин на иродаи Ман, балки иродаи Ту бигзор ба амал ояд“.
43 Ва фариштае аз осмон бар Ў зоҳир гардида, Ўро тақвият медод.
44 Ва Ў дар изтироб афтода, бо ҷаҳди бештар дуо мегуфт; ва арақи Ў мисли қатраҳои хун буд, ки бар замин мечакид.
45 Баъд аз дуо бархоста, Ў назди шогирдон омад, ва онҳоро дид, ки аз ғусса хоб рафтаанд.
46 Ва ба онҳо гуфт:“Чаро хоб рафтаед? Бархоста, дуо гўед, то ки ба озмоиш дучор нашавед“.
47 Ҳанўз ки Ў сухан мегуфт, инак мардуми бисьёре пайдо шуданд, ва пешопеши онҳо яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудо ном дошт, равона буд, ва назди Исо омад, то ки Ўро бибўсад. Зеро ки ишорате ба онҳо дода, гуфта буд:“Ҳар киро бибўсам, Ҳамон аст“.
48 Ва Исо ба вай гуфт:“Эй Яҳудо! Оё Писри Одамро бо бўса таслим мекунӣ?“
49 Касоне ки бо Ў буданд, чун диданд, ки кор ба чӣ меанҷомад, ба Ў гуфтанд:“Худовандо! Оё ба шамшер бизанем?“
50 Ва яке аз онҳо ғуломи саркоҳинро зада, гўши рости вайро бурида партофт.
51 Исо дар ҷавоб гуфт:“Даст кашед, бас аст“. Ва гўши вайро ламс карда, шифо дод.
52 Ва Исо ба саркоҳинон ва сардорони маъбад ва пироне ки бар зидди Ў ҷамъ омада буданд, гуфт:“Гўё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед!
53 Ҳар рўз Ман назди шумо дар маъбад будам, ва шумо ба Ман дасти таҷовуз дароз накардед; аммо ҳоло соати шумост, ки зулмот ҳукмфармост“.
54 Ва Ўро дасгир карда бурданд, ва ба хонаи саркоҳин оварданд. Ва Петрус аз дур аз паи онҳо равона шуд.
55 Вақте ки онҳо дар рўи ҳавлӣ оташ даргиронда, даври он якҷоя нишастанд, Петрус низ дар миёни онҳо нишаст.
56 Ва канизе вайро назди оташ нишаста дид ва синчакунон ба вай нигоҳ карда, гуфт:“Ин ҳам бо Ў буд“.
57 Лекин вай инкор карда, ба зан гуфт:“Ман Ўро намешиносам“.
58 Пас аз мудате як одами дигар вайро дида, гуфт:“Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ“. Аммо Петрус ба он одам гуфт:“Ман аз онҳо нестам“.
59 Тахминан як соат гузаштан баъд, боз як каси дигар боисрор гуфт:“Дар ҳақиқат ин ҳам бо Ў буд, зеро ки вай ҷалилист“.
60 Аммо Петрус ба он кас гуфт:“Намедонам, ки ту чӣ мегўи“. Ва ҳанўз вай сухан меронд, ки дарҳол хурўс бонг зад.
61 Ва Худованд рўй гардонда, ба Петрус назар андохт; ва Петрус суханони Худовандро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд:“Имрўз, пеш аз он ки хурўс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард“.
62 Ва берун рафта, зор-зор гирист.
63 Касоне ки Исоро дастгир карда буданд, Ўро тамасхур мекарданд ва мезаданд;
64 Ва рўи Ўро пўшида, торсакӣ мезаданд ва аз Ў мепурсиданд:“Нубувват кун, ки Туро задааст?“
65 Ва боз бисьёр ҳақоратҳои дигар дар ҳаққи Ў ба забон меронданд.
66 Ҳамин ки чашми рўз кушода шуд, пирони қавм, саркоҳонон ва китобдонон ҷамъ омада, Ўро ба шўрои худ дароварданд,
67 Ва гуфтанд:“Оё Ту Масеҳ ҳастӣ? Ба мо бигўй“.Ба онҳо гуфт:“Агар ба шумо гўям бовар намекунед;
68 Ва агар ба шумо савол диҳам, ҷавоб намегрдонед ва Маро озод намекунед;
69 Минбаъд Писари Одам ба ямини қуввати Худо хоҳад нишаст“.
70 Ва ҳама гуфтанд:“Пас, Ту Писари Худо ҳастӣ?“. Ба онҳо гуфт:“Шумо мегўед, ки Ман ҳастам“.
71 Ва онҳо гуфтанд:“Дигар ба мо чӣ шаҳодате лозим аст? Зеро ки худамон аз забони Ў шумидем!“.
1 Ва тамоми аҳли маҷлисашон бархоста, Ўро назди Пилотус бурданд.
2 Ва ба айбдор кардани Ў шурўъ намуда, гуфтанд:“Мо ёфтем, ки Ў қавми моро фосид мекунад, ба қайсар ҷизья додан намемонад ва Худро Подшоҳ Масеҳ меномад“.
3 Пилотус аз Ў пурсид:“Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ?“ Ў ҷавоб дода, гуфт:“Ту мегўӣ“.
4 Пилотус ба саркоҳонин ва ба мардум гуфт:“Дар Ин Одам ҳеҷ айбе намеёбам“.
5 Лекин онҳо исрор намуда, мегуфтанд, ки Ў қавмро ба ошўб меоварад ва дар тамоми Яҳудо, аз Ҷалил гирифта то ин ҷо, таълим медиҳад.
6 Вақте ки Пилотус инро шунид, савол дод:“Магар Ў ҷалилист?“
7 Ва чун донист, ки Ў аз вилояти Ҳиродус аст, Ўро назди Ҳиродус равона кард, ки вай низ дар он рўзҳо дар Ерусалим буд.
8 Ҳиродус Исоро дида, хеле хурсанд шуд, зеро ки кайҳо боз Ўро дидан мехост, чунки овозаи Ўро шунида буд ва орзу дошт, ки аз Ў мўъҷизае бубинад.
9 Ва ба Ў саволҳои бисьёре дод; аммо Ў ба вай ҳеҷ ҷавоб надод.
10 Саркоҳинон ва китобдонон истода, бо тамоми ҷидду ҷаҳд Ўро айбдор мекарданд.
11 Ва Ҳиродус бо сарбозони худ Ўро басо таҳқир ва тамасхур карда ва либоси дурахшоне бар Ў пўшонда, назди Пилотус гардонда фиристод.
12 Дар ҳамон рўз Пилотус ва Ҳиродус бо ҳамдигар дўст шуданд, зеро ки пештар онҳо ба якдигар адоват доштанд.
13 Пилотус саркоҳинон, сардорон ва мардумро хонда,
14 Ба онҳо гуфт:“Ин Одамро ҳамчун фосидкунандаи қавм пеши ман овардед; ва инак, ман дар пеши назари шумо тафтиш кардам ва дар Ин Одам он айбҳое ки шумо ба гардани Ў мепартоед, чизе наёфтам;
15 Ҳамчунин Ҳиродус наёфтааст: зеро ки ман Ўро назди вай фиристода будам, ва дар Ў ҳеҷ гуноҳе сазовори марг ёфт нашудааст;
16 Пас, Ўро ҷазо дода, озод мекунам“.
17 Ба вай лозим буд, ки ба муносибати ид, касеро барои он озод кунад.
18 Аммо мардум саросар фарьёд зада, гуфтанд:“Ўро қатл кун! Барои мо Бараббосро озод кун“.
19 Бараббос барои исьён ва қатле ки дар шаҳр рўй дода буд, дар зиндон андохта шуда буд.
20 Боз Пилоту ба онҳо сухан ронд, зеро ки мехост Исоро озод кунад.
21 Лекин онҳо фрьёд зада, гуфтанд:“Ўро маслуб кун, маслуб кун!“
22 Бори сеюм вай ба онҳо гуфт:“Ў чӣ бадӣ кардааст? Ҳеҷ гуноҳи сазовори марг дар Ў наёфтам; пас, Ўро ҷазо дода, озод мекунам“.
23 Вале онҳо бо фарьёди баланд исрор намуда, талаб карданд, ки Ў маслуб шавад; ва фарьёди онҳо ва саркоҳинон ғолиб омад.
24 Ва Пилотус қарор дод, ки аз рўи талаби онҳо амал кунад,
25 Ва шахсеро, ки барои исьён ва қатл дар зиндон нишаста буд, мувофиқи хоҳиши онҳо озод кард; ва Исоро ба ихтиёри онҳо супурд.
26 Вақте ки Ўро бурданд, Шимъўн ном шахсеро, ки аз Қурин буд ва аз саҳро меомад, даст гирифта, салибро бар китфаш гузоштанд, то ки аз ақиби Ў бардошта барад.
27 Ва шумораи азими мардум ва заноне ки барои Ў гирья ва навҳа мекарданд, аз ақиби Ў равона шуданд.
28 Ва Исо ба онҳо рў оварда, гуфт:“Эй духтарони Ерусалим! Барои Ман гирья накунед, балки барои худатон ва фарзандонатон гирья кунед.
29 Зеро айёме меояд, ки хоҳанд гуфт:’’Хушо назоён, ва шикамҳое ки назоидаанд, ва пистонҳое ки шир надодаанд!’’
30 Он вақт ба кўҳҳо хоҳанд гуфт:’’Бар мо биафтед!’’ ва ба теппаҳо:’’Моро бипўшонед!’’.
31 Зеро, агар бо дарахти сабзе чунин кунанд, бо дарахти хушк чиҳо хоҳанд кард?“
32 Ду ҷинояткорро низ бо Ў барои куштан мебурданд.
33 Ва чун ба ҷое ки Косахонаи сар ном дорад, расиданд, дар он ҷо Ўро, ва он ҷинояткоронро-яке аз дасти росташ ва дигарер аз дасти чапаш-маслуб карданд.
34 Исо гуфт:“Эй Падар! Инҳоро биомурз, зеро ки намедонанд чӣ мекунанд“. Ва либоси Ўро қуръа партофта, тақсим карданд.
35 Ва мардуми истода, тамошо мекарданд. Сардорон низ бо якҷоягии онҳо масхаракунон мегуфтанд:“Дигаронро наҷот медод, бигзор Худро наҷот диҳад, агар Ў Масеҳи баргузидаи Худо бошад“.
36 Сарбозон низ Ўро истеҳзо мекарданд ва наздик омада, ба Ў сирко медоданд
37 Ва мегуфтанд:“Агар Ту Подшоҳ Яҳудиён бошӣ, Худро наҷот деҳ“.
38 Дар болои сари Ў бо забонҳо юнонӣ, румӣ ва ибронӣ чунин лавҳае навишта овехта буданд:“Ин аст Подшоҳи Яҳудиён“.
39 Ва яке аз ҷинояткорони маслубшуда Ўро дашном дода мегуфт:“Агар Ту масеҳ бошӣ, Худро ва моро наҷот деҳ“.
40 Аммо дигаре, баръкс, вайро мазаммат намуда, гуфт:“Оё ту аз Худо наметарсӣ, дар сурате ки худат низ ба ҳамин ҷазо маҳкум шудаӣ?
41 Ҷазои мо аз рўи инсоф аст, чунки мукофоти амали худро гирифтаем; лекин Ў ҳеҷ бадӣ накардааст“.
42 Ва ба Исо гуфт:“Эй Худованд, вақте ки ба Малакути Худ бирасӣ, маро ба ёд овар!“
43 Ва Исо ба вай гуфт:“Ба ростӣ ба ту мегўям, ки имрўз бо ман дар биҳишт хоҳӣ буд“.
44 Тақрибан соати шашуми рўз буд, ки тамоми заминро то соати нўҳум торикӣ фаро гирифт:
45 Офтоб тира шуд, ва пардаи маъбад ду пора шуд.
46 Ва Исо бо овози баланд нидо карда, гуфт:“Эй Падар! Рўҳи Худро ба дасти Ту месупорам“. Ва инро гуфта, ҷон дод.
47 Мирисад ин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт:“Ҳақиқатан Ин одам Одил буд“.
48 Ва тамоми мардуме ки барои ин тамошо ҷамъ омада буданд, пас аз дидани ин моҷаро синазанон гашта рафтанд.
49 Вале ҳамаи шиносҳои Ў ва заноне ки аз Ҷалил Ўро пайравӣ намуда омада буданд, аз дур истода, инро медиданд.
50 Ва инак, Юсуф ном шахс, узви шўро, Марди нек ва одил,
51 Ки бо қарор ва кори онҳо розӣ набуд, ва аз Ҳаромот ном шаҳри Яҳудо буда, худаш низ интизори Малакути Худо буд,
52 Назди Пилотус омада, Ҷасади Исоро талаб кард;
53 Ва онро поён фуроварда, ба катон печонд ва ба қабре ниҳод, ки аз санг тарошида шуда буд, ва то ҳол ҳеҷ кас дар он гузошта нашуда буд.
54 Он рўз рўзи ҷумъа буд ва шанбе фаро мерасид.
55 Ва заноне ки ҳамроҳи Исо аз Ҷалил омада буданд, аз дунболи вай рафтанд ва қабрро, ва чӣ гуна дар он Ҷасади Ў гузошта шуд, диданд;
56 Ва чун баргаштанд, ҳанут ва равғани атрафшон тайёр карданд; ва рўзи шанбе, мувофиқи ҳукми шариат, истироҳат карданд.
1 Дар рўзи якшанбе, субҳидам, ҳанутеро, ки тайёр карда буданд, бо худ гирифта, ба сари қабр омаданд, ва баъзе занони дигар ҳамроҳи онҳо буданд;
2 Вале диданд, ки санг аз қабр ғелтонда шудааст,
3 Ва чун дохил шуданд, Ҷасади Исои Худовандро наёфтанд.
4 Дар сурате ки аз ин ҳодиса дар ҳайрат буданд, баногоҳ дар пешашон ду марди ҷомаҳои дурахшанда дар бар пайдо шуданд.
5 Ва дар ҳолате ки ба ҳарос афтода, сарҳои худро ба зер афканда буданд, он ду ба онҳо гуфтанд:“Чаро шумо зиндаро дар миёни мурдгон ҷустуҷў мекунед?
6 Дар ин ҷо нест: Ў эҳьё шуд; ба ёд оваред, ки чӣ гуна Ў, ҳангоме ки дар Ҷалил буд, ба шумо сухан ронда,
7 Гуфта буд, ки Писари Одам бояд ба дасти одамони гуноҳкор таслим карда шавад, ва маслуб гардида, ва дар рўзи сеюм эҳьё шавад“.
8 Ва онҳо суханони Ўро ба ёд оварданд.
9 Ва аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба он ёздаҳ ва ба ҳамаи дигарон нақл карданд.
10 Инҳо Марями Маҷдалия, ва Юҳона, ва Марям, модари Яъқуб, ва бо онҳо занони дигар буданд, ки ба ҳаввориён ин чизҳоро гуфтанд.
11 Вале ин суханон ба назарашон сафсатае намуд, ва ба гапи онҳо бовар накарданд.
12 Аммо Петрус бархоста, сўи қабр давид ва хам шуда, фақат кафанро дид, ки гузошта шудааст, ва аз ин ҳодиса дар ҳайрат монда, ба хонаи худ рафтанд.
13 Дар ҳамон рўз ду нафар аз онҳо ба деҳае мерафтанд, ки тақрибан шаст стадия аз Ерусалим дур буд, ва Аммоус ном дошт,
14 Ва бо ҳамдигар дар бораи ҳамаи ин воқеаҳо гуфтугў мекарданд.
15 Ва ҳангоме ки онҳо гуфтугў ва мубоҳиса мекарданд, Худи Исо наздик омада, бо онҳо равона шуд.
16 Лекин чашмони онҳо баста буд, ба тавре ки Ўро нашинохтанд.
17 Ба онҳо гуфт:“Аз чӣ хусус бо ҳамдигар дар роҳ гуфтугузор мекунед, ва чеҳраҳотон ғамгин аст?“
18 Яке аз онҳо, ки Клеюпос ном дошт, дар ҷавоби Ў гуфт:“Наход ки танҳо Ту аз онҳое ки ба Ерусалим омадаанд, аз воқеае ки дар ин рўзҳо рўй додааст бехабар ҳастӣ?“
19 Ба онҳо гуфт:“Аз кадом воқеа?“ Ба Ў гуфтанд:“Аз он чи ба Исои Носирӣ рўй додааст, ки Ў пайғамбаре буд тавонотар дар кирдор ва гуфтор дар пеши Худо ва тамоми қавм;
20 Чӣ гуна Ўро саркоҳинон ва сардорони мо таслим карданд, то ки ба қатл маҳкум шавад, ва Ўро маслуб карданд;
21 Лекин мо умед доштем, ки Ў Ҳамон аст, ки бояд Исроиро наҷот диҳад; аммо, бо ин ҳама, имрўз рўзи сеюм аст, ки ин ба вуқўъ омадааст;
22 Вале баъзе аз занони мо низ моро дар ҳайрат андохтанд: онҳо бомдодон бар сари қабр рафтаанд,
23 Ва Ҷасади Ўро наёфтаанд, ва омада гуфтанд, ки дар рўъё фариштагонро низ дидаанд, ки мегўянд: Ў зинда аст;
24 Ва баъзе аз рафиқони мо ба сари қабр рафта, ончунон ки занон гуфта буданд, ёфтаанд; лекин Ўро надидаанд“.
25 Ва Ў ба онҳо гуфт:“Эй бефаросатон ва сустдилон дар имоноварӣ ба он чи анбиё пешгўӣ кардаанд!
26 Оё Масеҳро лозим набуд ҳамаи инро аз сар гузаронда, ба ҷалоли Худ бирасад?“
27 Ва аз Мусо ва аз тамоми анбиё сар карда, он чиро, ки дар ҳамаи Навиштаҳо дар бораи Ў гуфта шудааст, ба онҳо фаҳмонда дод.
28 Ва онҳо ба деҳае ки сўяш мерафтанд, наздик омаданд, ва Ў чунин вонамуд карда, ки мехоҳад онсўтар биравад;
29 Вале онҳо Ўро нигоҳ дошта, гуфтанд:“Бо мо бимон, чунки шом наздик аст, ва рўз ба поён мерасад“. Ва Ў ворид шуда, бо онҳо монд.
30 Ва ҳангоме ки Ў бо онҳо назди суфра нишаст, нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо дод.
31 Он гоҳ чашмони онҳо кушода шуд, ва онҳо Ўро шинохтанд; вале Ў аз назарашон нопадид шуд.
32 Ва онҳо ба якдигар гуфтанд:“Оё дили мо дар даруни мо намесўхт, вақте ки Ў дар роҳ бо мо сухан меронд ва Навиштаҳоро ба мо мефаҳмонд?“.
33 Ва ҳамон соат бархоста, ба Ерусалим баргаштанд ва он ёздаҳро ёфтанд, ки бо рафиқони худ ҷамъ шуда,
34 Мегуфтанд, ки Худованд ҳақиқатан эҳьё шудааст ва ба Шимъўн зоҳир гардидаст.
35 Ва онҳо низ нақл карданд, ки дар аснои роҳ чӣ ҳодиса рўй дод, ва чӣ гуна Ўро дар вақти пора кардани нон шинохтанд.
36 Вақте ки онҳо дар ин хусус гап мезаданд, Худи Исо дар миёни онҳо истода, ба онҳо гуфт:“Салом ба шумо бод“.
37 Онҳо ба изтироб ва ҳарос афтода, гумон карданд, ки рўҳе мебинанд;
38 Лекин Ў ба онҳо гуфт:“Чаро музтариб шудед, ва аз чӣ сабаб дар дили шумо чунин фикрҳо пайдо мешавад?
39 Ба дастҳои Ман ва ба пойҳои Ман нигоҳ кунед: ин Худи Ман ҳастам; Маро ламс кунед ва бубинед; зеро рўҳ гўшт ва устухон надорад, чунон ки дар Ман мебинед“.
40 Ва инро гуфта, дастҳо ва пойҳои Худро ба онҳо нишон дод.
41 Ва чун онҳо аз шодӣ ҳанўз бовар намекарданд ва мутааҷҷиб мешуданд, Ў ба онҳ гуфт:“Оё чизи хўрдание дар ин ҷо доред?“
42 Пеши Ў як порча моҳии бирён ва андак асали мумдор монданд;
43 Ва Ў гирифта, дар пеши назари онҳо хўрд.
44 Ва ба онҳо гуфт:“Ин аст он чизе ки, чун бо шумо будам, ба шумо мегуфтам, ки ҳар он чи дар Тавроти Мусо ва дар суҳафи анбиё ва Забур дар бораи Ман навишта шудаст, бояд ба амал ояд“.
45 Он гоҳ зеҳни онҳоро равшан кард, то ки Навиштаҳоро бифаҳманд.
46 Ва ба онҳо гуфт:“Чунин навишта шудааст, ва чунин лозим буд, ки Масеҳ уқубат кашад ва дар рўзи сеюм аз мурдагон эҳьё шавад.
47 Ва ба исми Ў, аз Ерусалим сар карда, дар миёни ҳамаи халқҳо тавба ва омурзиши гуноҳҳо мавъиза карда шавад.
48 Ва шумо шоҳидони ин ҳастед;
49 Ва Ман ваъдаи Падари Худро бар шумо равона мекунам; вале шумо дар шаҳри Ерусалим бимонед, то вақте ки бо қуввате аз олами боло фаро гирифта шавед“.
50 Ва онҳоро берун оварда, то Байт-Ҳинӣ бурд ва дастҳои Худро бардошта, онҳоро баракат дод.
51 Ва ҳангоме ки онҳоро баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон сууд кард.
52 Ва онҳо ба Ў саҷда намуда, бо шодии бузурге ба Ерусалим баргаштанд,
53 Ва ҳамеша дар маъбад буда, Худоро ҳамду сано мегуфтанд ва муборак мехонданд. Омин.