1 Ибтидои Инҷили Исои Масеҳ, Писари Худо,
2 Чунон ки дар суҳафи анбиё навишта шудааст:“Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад“.
3 „Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро тайёр кунед, тариқи Ўро рост кунед“,
4 Яҳьёи Таъмиддиҳандад дар биёбон зоҳир шуд ва барои омурзиши гуноҳҳо таъмиди тавбаро мавъиза мекард.
5 Тамоми мардуми сарзамини Яҳудо ва сокинони Ерусалим берун омада, назди вай мерафтанд ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар рўди Ўрдун аз вай таъмид меёфтанд.
6 Яҳьё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт, малах ва асали ёбоӣ мехўрд.
7 Ва мавъиза карда, мегуфт:“Аз паси ман Тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки хам шуда, даволи пойафзоли Ўро воз кунам;
8 „Ман шуморо бо об таъмид додам, лекин Ў шуморо бо Рўҳулқудс таъмид хоҳад дод“.
9 Дар он айём чунин воқе шуд, ки Исо аз Носираи Ҷалил омада, дар Ўрдун аз Яҳьё таъмид ёфт.
10 Чун аз об баромад, дарҳол осмонро дид, ки шикофта аст, ва Рўҳро, ки монанди кабўтаре бар Ў нозил мешавад.
11 Ва овозе аз осмон даррасид:“Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастӣ, ҳусни таваҷҷўҳи Ман бар Туст“.
12 Пас аз он фавран Рўҳ Ўро ба биёбон бурд.
13 Ва Ў чиҳил рўз дар биёбон буд, ва шайтон Ўро меозмуд; бо даррандагон рўз мегузаронд, ва фариштагон Ўро парасторӣ мекарданд.
14 Пас аз он ки Яҳьё таслим карда шуд, Исо ба Ҷалил омад ва Инҷили Малакути Худоро мавъиза кард,
15 Ки вақт расидааст ва Малакути Худо наздик аст:“Тавба кунед. Ва ба Инҷил имон оваред“.
16 Ва чун аз канори баҳри Ҷалил мегузашт, Шимъўн ва бародараш Андриёсро дид, ки дар баҳри тўр меандохтанд, зеро ки сайёди моҳӣ буданд.
17 Ва Исо ба онҳо гуфт:“Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум гардонам“.
18 Дарҳол онҳо тўри худро мода, аз паи Ў равона шуданд.
19 Чун аз он ҷо каме пеш рафт, Яқуб ибни Забдой ва бародари вай Юҳанноро дид, ки дар қаиқ тўрҳои худро таъмир мекунанд,
20 Ва дарҳол онҳоро даъват намуд. Онҳо падари худ Забдойро дар қаиқ бо коргарон гузошта, аз паи Ў равона шуданд.
21 Ва онҳо ба Кафарнаҳум омаданд; ва дере нагузашта Ў дар рўзи шанбе ба куништ даромада, ба таълим додан шурўъ намуд.
22 Ҳама аз таълими Ўдар ҳайрат монданд, зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон.
23 Дар куништи онҳо касе буд, ки рўҳи палид дошт, ва якбора фарьёд зада, гуфт:
24 „Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ, эй Қудуси Худо!“
25 Исо вайро манъ карда, гуфт:“Хомўш шав ва аз вай берун ой!“
26 Рўҳи палид вайро ба ларза андохта, бо овози баланд фарьёд заду аз вай берун шуд.
27 Ҳама ба воҳима афтоданд, ба дараҷае ки аз якдигар мепурсиданд:“Ин чист? Ин чи таълимоти навест, ки Ў ба арвоҳи палид низ боқудратона амр мефармояд, ва онҳо ба Ў итоат мекунанд?“
28 Ва овозаи Ў зуд дар тамоми сарзамини Ҷалил паҳн шуд.
29 Ва аз куништ баромада, дарҳол бо Яъқуб ва Юҳнно ба хонаи Шимъўн ва Андриёс омаданд.
30 Модарарўси Шимъўн дар ҳолати табларза хобида буд, ва дарҳол Ўро аз ин ҳолати вай хабардор карданд.
31 Ва Ў наздик шуда, аз дасти вай гирифту бархезонд; табларзаи вай дарҳол нест шуду вай ба парастории онҳо машғул гашт.
32 Бегоҳӣ, ки офтоб фурў рафта буд, ҳамаи беморон ва девонагонро назди Ў оварданд.
33 Ва тамоми аҳли шаҳр пеши дари хона гирд омаданд.
34 Ва Ў бисьёр касонро, ки ба касалиҳои гуногун гирифтор буданд, шифо бахшид ва бисьёр девҳоро берун кард ва намонд, ки девҳо сухан ронанд, зеро ки Масеҳ будани Ўро медонистанд.
35 Пагоҳӣ, хеле бармаҳал хеста, берун рафт ва ба хилватгоҳе расида, дар он ҷо дуо гуфт.
36 Шимъўн ва касоне ки наздаш буданд, аз паи Ў шитофтанд;
37 Чун Ўро ёфтанд, гуфтанд:“Ҳама Туро меҷўянд“.
38 Ў ба онҳо гуфт:“Ба деҳоту шаҳрҳои наздик биравем, то ки Ман дар он ҷо низ мавъиза кунам, зеро ки Ман барои ҳамин омадаам“.
39 Ва Ў дар тамоми Ҷалил дар куништҳои онҳо мавъиза менамуд ва девҳоро берун мекард.
40 Махавие назди Ў омада, зорӣ кард ва зону зада гуфт:“Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ“.
41 Исоро бар вай раҳм омад, дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт:“Мехоҳам, пок шав!“
42 Баъд аз ҳамин сухан махав дарҳол аз баданаш нест шуду вай пок гардид.
43 Ва ба вай чашм ало карда, дарҳол аз Худ дур намуд
44 Ва ба вай гуфт:“Зинҳор, ба касе чизе магў, балки рафта худро ба коҳин нишон деҳ ва ба бадали пок шудани худ он чи Мусо фармудааст, тақдим кун, то ба онҳо шаҳодате гардад“.
45 Лекин вай берун рафта, ин воқеаро овоза ва нақл кардан гирифт, ба дараҷае ки Ў дигар ошкоро ба шаҳр даромада наметавонист, балки берун аз шаҳр дар ҷойҳои хилват рўз мегузаронд. Ва мардум аз ҳар сў назди Ў меомаданд.
1 Пас аз чанд рўз Ў боз ба Кафарнаҳум омад; овоза шуд, ки Ў дар хона аст.
2 Дарҳол мардуми бисьёр ҷамъ омаданд, ба андозае ки назди дари хона низ дигар ҷой набуд; ва Ў ба онҳо сухан мегуфт.
3 Ва назди Ў бо мафлуҷе омаданд, ки вайро чор кас бардошта буданд;
4 Ва чун ба сабаби бисьёрии мардум ба Ў наздик омада натавонистанд, боми он ҷоеро, ки Ў буд, кушода шикоф карданд ва бистареро, ки мафлуҷ дар болояш хобида буд, поён фуроварданд.
5 Чун Исо имони онҳоро дид, ба мафлуҷ гуфт:“Эй фарзанд, гуноҳҳои ту омурзида шуд“.
6 Баъзе китобдонон, ки дар он ҷо нишаста буданд, дар дили худ андеша доштанд,
7 Ки“чаро Ў ин тавр куфр мекунад? Ҷуз Худои ягона кист, ки гуноҳҳоро омурзида тавонад?“
8 Исо дарҳол бар тибқи рўҳи Худ дарьёфт, ки онҳо чунин андеша доранд, ва ба онҳо гуфт:“Барои чи дар дили худ ин тавр андеша доред?“
9 „Кадомаш осонтар аст: ба мафлуҷ гуфтани он ки ‘‘гуноҳҳои ту омурзида шуд’’, ё гуфтани он ки’’бархез, бистари худро бардор ва равона шав’’?“
10 „Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рўи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад“-ба мафлуҷ гуфт:
11 „Ба ту мегўям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав“.
12 Вай дарҳол бархост ва бистари худро бардошта, дар пеши назари ҳама равона шуд, ба тавре ки ҳама ҳайрон шуданд ва Худоро сипоскунон гуфтанд:“Мисли инро ҳаргиз надидаем“.
13 Ва боз ба канори баҳр рафт; мардум ба назди Ў омаданд, ва Ў онҳоро таълим медод.
14 Ҳангоми рафтанаш Левӣ ибни Ҳалфойро дид, ки дар боҷгоҳ нишастааст, ба вай гуфт:“Аз паи Ман биё“ Вай бархоста, аз паи Ў равона шуд.
15 Ва ҳангоме ки Ў дар хонаи вай нишаста буд, бисьёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон низ бо Исо ва шогирдонаш менишастанд; зеро ки бисьёр буданд, ва Ўро пайравӣ менамуданд.
16 Чун китобдонон ва фарисиён диданд, ки Ў бо боҷгирон ва гуноҳкорон хўрок мехўрад, ба шогирдонаш гуфтанд:“Чаро Ў бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехўраду менўшад?“
17 Исо ин гапро шунида, ба онҳо гуфт:“На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат дорад. Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам“.
18 Шогирдони Яҳьё ва фарисиён рўза медоштанд. Ва назди Ў омада гуфтанд:“Чаро шогирдони Яҳьё ва фарисиён рўза медоранду шогирдони Ту рўза намедоранд?“
19 Исо ба онҳо гуфт:“Оё аҳли кўшки никоҳ, модоме ки домод бо онҳост, рўза дошта метавонанд? То даме ки домод бо онҳост, наметавонанд рўза доранд“;
20 „Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва дар он айём рўза хоҳанд дошт.
21 „Ҳеҷ кас ба ҷомаи кўҳна аз матои нав ямоқ намемонад: зеро ямоқи нав аз чизи кўҳна ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад“.
22 „Ва ҳеҷ кас шароби навро ба машки кўҳна намеандозад: зеро шароби нав машкро медарад, шароб ҳам мерезад, машк ҳам талаф мешавад; балки шароби навро дар машки нав андохтан лозим аст“.
23 Ва чунин воқеъ шуд, ки Ў рўзи шанбе аз киштзор мегузашт, ва шогирдонаш дар аснои роҳ ба хўшачинӣ сар карданд.
24 Фарисиён ба Ў гуфтанд:“Бубин, онҳо дар рўзи шанбе кореро чаро мекунанд, ки раво нест?“
25 Ў ба онҳо гуфт:“Магар ҳаргиз нахондаед, ки Довуд дар эҳтиёҷмандӣ чӣ кард, ҳангоме ки вай ва ёронаш гурусна буданд?“
26 Чӣ гуна вай дар айёми Абьёти саркоҳин ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хўрд, ки хўрдани он, ҷуз коҳинон, ба касе раво набуд, ва ба ёрони худ низ дод?“
27 Ба онҳо гуфт:“Шанбе барои инсон муқарар шудааст, на инсон барои шанбе“;
28 „Бинобар ин Писари Одам оғои рўзи шанбе низ мебошад“.
1 Ва боз ба куништ даромад; дар он ҷо одаме буд, ки дасти хушкшудае дошт.
2 Ва аз паи Ў мепоиданд, ки шояд вайро дар рўзи шанбе шифо диҳад, то ки Ўро айбдор кунад.
3 Пас ба Марди дастхушк гуфт:“Дар миёнҷо биист“
4 Ва ба онҳо гуфт:“Дар рўзи шанбе кадом кор ҷоиз аст-некӣ кардан, ё бадӣ кардан? Ҷонеро наҷот додан, ё ҳалок кардан?“ Лекин онҳо хомўш монданд.
5 Ва ба онҳо бо ғазаб назар афканда ва аз сахтдилиашон маҳзун гашта, ба он одам гуфт:“Дасти худро дароз кун“. Чун дароз кард, дасташ шифо ёфт.
6 Фарисиён фавран берун рафта, бо ҳиродиён дар ҳаққи Ў машварат намуданд, ки чӣ тавр Ўро ҳалок кунанд.
7 Лекин Исо бо шогирдонаш сўи баҳр омад, ва мардуми бисьёре аз Ҷалил ва Яҳудо аз паи Ў равона шуданд,
8 Ва аз Ерусалим, Адўм ва он тарафи Ўрдун ва аз музофоти Сўр ва Сидўн издиҳоми бузурге, чун амалиёти Ўро шуниданд, назди Ў омаданд.
9 Ва ба шогирдони Худ фармуд, ки ба сабаби бузургии издиҳом қаиқе барои Ў муҳайё бошад, то ки Ўро фишор надиҳанд.
10 Зеро бисьёр касонро Ў шифо дода буд, бинобар ин ҳар киро захме буд, назди Ў мешитофтанд, то Ўро ламс кунад.
11 Ва авроҳи палид, чун Ўро медиданд, пешаш меафтиданд ва фарьёдзанон мегуфтанд:“Ту Писари Худо ҳастӣ“.
12 Лекин Ў онҳоро сахт таъкид мекард, ки Ўро шўҳрат надиҳанд.
13 Пас аз он бар фарози кўҳе баромада, ҳар киро, ки хост, назди Худ даъват намуд; онҳо назди Ў омаданд.
14 Ва дувоздаҳ нафарро таъин кард, ки ҳамроҳи Ў бошанд, то ки онҳоро барои мавъиза фиристад,
15 Ва онҳоро қудрати он бошад, ки беморонро шифо диҳанд ва девҳоро берун кунанд.
16 Ва таъин кард Шимъўнро, ки Петрус ном ниҳод;
17 Ва Яъқуб ибни Забдой ва Юҳанно бародари Яъқубро, ки ба онҳо Бўнарҷис, яъне „писарони раъд“ ном ниҳод;
18 Ва Яндриёс ва Филиппус ва Барталамо ва Матто ва Тумо ва Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъўни Қанно
19 Ва Яҳудои Исқарьют, ки Ўро таслим кард.
20 Ва чун ба хонае даромаданд, боз мардум фароҳам омаданд, ба дараҷае ки онҳо фурсати нон хўрдан ҳам надоштанд.
21 Ва хешовандони Ў, чун шуниданд, барои дастгир кардани Ў омаданд, зеро мегуфтанд, ки Ў бехуд шудааст.
22 Китобдононе ки аз Ерусалим омада буданд, мегуфтанд, ки Ў Баал-Забул дорад ва ба воситаи калони девҳо девҳоро берун мекунад.
23 Пас онҳоро наздаш талабида, ба онҳо бо масалҳо сухан гуфт:“Чи гуна метавонад шайтон шайтонро берун кунад?“
24 Агар салтанате бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, он салтанат устувор истода наметавонад“;
25 Ва агар хонае бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, он хона устувор истода наметавонад;
26 Ва агар шайтон бар зидди худ ба қиём бархоста, аз ҳам ҷудо шуда бошад, вай устувор истода наметавонад, балки ҳалок мешавад.
27 Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси зўроваре даромада, чизҳои вайро ғорат кунад, бе он ки аввал он зўроварро бибандад, ва пас аз он хонаи вайро ғорат мекунад.
28 Ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳамаи гуноҳҳои фарзандони одам ва ҳар гуна куфр, ки гуфта бошад, омурзида мешавад;
29 Лекин ҳар ки ба Рўҳулқудс куфр гўяд , то абад омурзида нашавад, баалки ба азоби абадӣ маҳкум гардад.
30 Зеро ки гуфтанд:“Ў рўҳи палид дорад“.
31 Модар ва бародарони Ў омада, дар берун истоданд ва ба Ў касеро фиристода, Ўро талаб намуданд.
32 Дар гирди Ў мардум нишаста буданд. Ва ба Ў гуфтанд:“Инак модари Ту ва бародарони Ту дар берун истода, Туро металабанд“.
33 Ва ба онҳо ҷавоб дода, гуфт:“Кист модари Ман ва бародарони Ман?“
34 Ва ба онҳое ки гирди Ў нишаста буданд, назар афканда, гуфт:“Инак модари Ман ва бародарони Ман;
35 Зеро ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст“.
1 Ва боз дар канори баҳр ба таълим додан шурўъ намуд; ва мардуми бисьёр назди Ў ҷамъ омаданд, ба тавре ки Ў ба қаиқ даромада, дар баҳр қарор гирифт, ва тамоми мардум дар канори баҳр мистоданд.
2 Ва бо масалҳо онҳоро чизҳои бисьёр меомўхт ва дар таълими Худ ба онҳо мегуфт:
3 „Гўш диҳед, инак корандае барои пошидани тухм берун рафт;
4 Ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод, ва парандагон омада, онро барчиданд;
5 Қадаре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисьёр набуд, ва бо тези сабзид, зеро ки хок умқ надошт;
6 Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва ,аз баски реша надошт, хушк шуд;
7 Қадаре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида онро пахш карданд, ва самаре надод;
8 Қадаре дар хоки нағз афтод ва самара дод, ки он сабзид ва нашъунамо ёфт, ва бор овард, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад.“.
9 Ва ба онҳо гуфт:“Ҳар ки гўши шунаво дорад, бишнавад“.
10 Вақте ки танҳо монд, ҳозирон бо якҷоягии он дувоздаҳ нафар шарҳи ин масалро аз Ў пурсиданд.
11 Ва ба онҳо гуфт:“Ба шумо донистани асрори Малакути Худо ато шудааст, лекин ба онҳое ки дар берунанд, ҳама чиз бо масалҳо мешавад,
12 Ба тавре ки онҳо бо чашмҳои худ нигоҳ мекунанд, вале намебинанд,бо гўшҳои худ мешунаванд, вале намефаҳманд, мабодо руҷўъ кунанд, ва гуноҳҳои онҳо омурзида шавад“.
13 Ва ба онҳо гуфт:“Оё ин масалро намаҳмидед? Пас чӣ тавр дигар масалҳоро хоҳед фаҳмид?“
14 Коранда каломро мекорад.
15 Кошташудагон дар канори роҳ касоне мебошанд, ки дар онҳо калом кошта мешавад, ва чун шуниданд, дарҳол шайтон омада, каломи кошташударо аз дили онҳо мерабояд.
16 Ҳамчунин кошташудагон дар санглох касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд, дарҳол онро қабул мекунанд,
17 Лекин дар худ реша надоранд ва ноустуворанд, ва чун аз боиси калом азияте ё таъқиботе рўй диҳад, дарҳол ба васваса меафтанд.
18 Кошташудагон дар миёни хорҳо касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд,
19 Андешаҳои дуньёӣ, ҳирси сарват ва ҳаваси чизҳои дигар дохил шуда, каломро пахш мекунанд, ва он бесамар мегардад.
20 Ва кошташудагон дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, қабул мекунанд, ва бор меоваранд, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад“.
21 Ва ба онҳо гуфт:“Оё шамъро меоваранд, то зери зарфе ё кате гузоранд? Оё на аз барои он ки ба шамъдон гузоранд?“
22 „Зеро чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад; ва ҳеҷ чизи махфие набошад, ки зуҳур наояд“.
23 Ҳар кӣ гўши шунаво дорад, бишнавад!“
24 Ва ба онҳо гуфт:“Пайхас кунед, ки чӣ мешунавед: бо кадом андоза, ки чен кунед, ба шумо чен карда шавад ва ба шумо, ки мешунавед, боз ҳам биафзояд“.
25 „Зеро, ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад“.
26 Ва гуфт:“Малакути Худо монанди касест, ки тухм бар замин пошад,“
27 „Ва шабу рўз бихобаду бархезад, ва тухм чӣ гуна сабзаду нашъунамо ёбад, вай надонад;„
28 „Зеро замин худ аз худ бор меоварад, аввал майса, баъд хўша, пас аз он донаи пурра дар хўша;„
29 „Ва чун ҳосил расид, фавран досро ба кор меандозад, зеро ки вақти дарав расидааст“.
30 Ва гуфт:“Малакути Худоро ба чӣ монанд кунем ва бо кадом масал онро тасвир намоем?“
31 Мисли донаи хардалест: вақте ки ба замин кошта мешавад, хурдтарини тухмҳои рўи замин аст.
32 Лекин чун кошта шуд, месабзад ва аз ҳамаи наботот бузургтар мегардад ва шохаҳои калон мерасонад, ба тавре ки мурғони ҳаво зери сояи он метавонанд паноҳ баранд.
33 Ва бо ин гуна масалҳои бисьёр, ба қадре ки тавонои шунидан доштан, каломро ба онҳо баён мекард;
34 Бе масал ба онҳо сухан намегуфт, лекин дар хилват ҳамаи маъноро ба шогирдони Худ мефаҳмонд.
35 Бегоҳии ҳамон рўз ба онҳо гуфт:“Ба канори дигар бигзарем“.
36 Онҳо мардумро ҷавоб дода, Ўро ҳамон тавре ки дар қаиқ буд, гирифтанд, ва чанд қаиқи дигар низ ҳамроҳи Ў буд.
37 Ва тундбоди шадиде бархост, ва мавҷҳо ба қаиқ бармехўрд, ба тавре ки он пур аз об мешуд,
38 Ва Ў дар ақиби қаиқ бар болине хуфта буд. Ўро бедор карда, гуфтанд:“Эй Устод, оё Туро парвое нест, ки мо ҳалок мешавем?“
39 Ў бархоста, бодро манъ кард ва ба баҳр гуфт:“Хомўш шав ва ором бош“ Бод хомўш шуд, ва оромии том барқарор гардид.
40 Ва ба онҳо гуфт:“Барои чӣ шумо чунин ҳаросонед? Чаро имон надоред?“
41 Ва онҳо хеле ба ҳарос афтода, ба якдигар гуфтанд:“Ин кист, ки боду баҳр ҳам ба Ў итоат мекунанд?“.
1 Пас ба он канори баҳр ба сарзамни ҷадариён расиданд.
2 Чун аз қаиқ берун омад, дарҳол касе ки рўҳи палид дошт, аз миёни гўрҳо баромада, бо Ў рў ба рў шуд,
3 Ки бошишгоҳи вай мағоки гўр буд, ва ҳеҷ кас наметавонист бо занҷир ҳам вайро бибандад;
4 Зеро ки борҳо вайро бо завлона ва занҷирҳо баста буданд, лекин занҷирҳоро канда ва завлонаҳоро шикаста буд, ва ҳеҷ кас наметавонист вайро ром кунад;
5 Ва ҳамеша, рўзу шаб, дар кўҳҳо ва дар миёни гўрҳо фарьёд мекашид ва худро бо сангҳо мезад.
6 Чун Исоро аз дур дид, давон-давон омада, ба Ў саҷда кард.
7 Ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфт:“Туро бо ман чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худои Таоло? Туро ба Худо қасам медиҳам, ки маро азоб надиҳӣ!“
8 Зеро ки ба вай гуфта буд:“Эй рўҳи палид, аз ин шахс берун шав“.
9 Ва аз вай пурсид:“Номи ту чист?“ Вай ҷавоб дод:“Номи ман легион аст, чунки мо бисьёрем“.
10 Ва аз Ў бисьёр илтимос мекарданд, ки онҳоро аз он сарзамин берун накунад.
11 Ва дар чарогоҳи он кўҳҳо галаи бузуги хукҳо мечарид.
12 Ва ҳамаи девҳо аз Ў илтимос карда, гуфтанд:“Моро ба хукҳо равона кун, то дар онҳо дохил шавем“.
13 Исо дарҳол ба онҳо иҷозат дод. Ва арвоҳи палид берун шуда, ба хукҳо даромаданд ва он гала аз баландӣ якбора ба баҳр ҷаст, ва онҳо қариб ду ҳазор буданд ва дар баҳр ғарқ шуданд.
14 Ва хукбонҳо давида рафтанду дар шаҳр ва дар деҳот онро нақл карданд. Ва мардуми барои дидани он моҷаро берун шитофтан.
15 Ва назди Исо омада, он девонаро нишаста диданд, ки дар вай легион буд, ва либос пўшидааст ва ақлаш солим гаштааст; Ва ҳаросон шуданд.
16 Касоне ки дида буданд, саргузашти девонаро, ва он чиро, ки ба хукон рўй дод, ба онҳо нақл карданд.
17 Ва аз Ў илтимос карданд, ки аз ҳудуди онҳо берун равад.
18 Ва чун ба қаиқ савор шуд, он ки девона буд, аз Ў иҷозат пурсид, ки бо Ў бошад.
19 Аммо Исо иҷозат надод, балки ба вай гуфт:“Ба хона назди хешу табори худ бирав ва хабар деҳ аз он чи, ки Худованд бо ту кардааст, ва чӣ гуна ба ту раҳм намудааст“.
20 Пас вай равона шуда, он чиро, ки Исо бо вай карда буд, дар Декаполис мавъиза кардан гирифт. Ва ҳама дар тааҷҷуб мемонданд.
21 Чун Исо боз бо қаиқ ба он сўи баҳр гузашт, мардуми бисьёре назди Ў ҷамъ омаданд, ва Ў дар канори баҳр буд.
22 Ва инак яке аз сардорони куништ омад, ки Ёир ном дошт, ва чун Ўро дид, пеши пояш афтод,
23 Ва аз Ў хеле илтимос карда, гуфт:“Духтари ман дар ҳолати назъ аст; биё ва даст бар вай гузор, то шифо ёбад ва зиндагӣ кунад“.
24 Пас бо вай равона шуд, ва мардуми бисьёре аз паи Ў рафта, Ўро фишор медоданд.
25 Як зан ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд,
26 Ва азоби бисьёре аз табибони зиёд кашида ва ҳамаи дороии худро сарф карда, ҳеҷ фоидае надида буд, балки аҳволаш торафт бадтар мешуд,
27 Чун овозаи Исоро шунид, дар миёни он гурўҳ аз қафо омада, либоси Ўро ламс намуд;
28 Зеро гуфт:“Агар лоақал либоси Ўро ламс кунам, шифо меёбам“
29 Ва дарҳол чашмаи хуни вай хушк шуд, ва дар ҷисми худ ҳис кард, ки аз касалӣ шифо ёфтааст.
30 Дар айни замон Исо дар Худ ҳис кард, ки қуввае аз Ў берун рафт, ва ба мардум муроҷиат карда гуфт:“Кист, ки либоси Маро ламс кард?“
31 Шогирдонаш ба Ў гуфтанд:“Мебинӣ, ки мардум Туро фишор медиҳанд, ва мегўӣ’’Кист, ки Маро ламс кард?’’„
32 Аммо Ў ба гирду пеш менигарист, то он занро, ки ин тавр амал кардааст, бубинад.
33 Он зан, чун донист, ки ба вай чӣ ҳодиса рўй дод, тарсону ларзон омада, пеши Ў афтод ва тамоми ҳақиқатро ба Ў гуфт.
34 Ў ба вай гуфт:“Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав ва аз касалии худ дар амон бош“
35 Ў ҳанўз сухан мегуфт, ки аз хонаи сардори куништ омада гуфтанд:“Духтарат мурд; боз барои чӣ Устодро заҳмат медиҳӣ?“
36 Аммо Исо ин суханонро шунида, ба сардори куништ гуфт:“Натарс, фақат имон овару бас“.
37 Ва, ҷуз Петрус, Яъқуб ва Юҳанно бародари Яъқуб, касеро иҷозат надод, ки аз паяш равад.
38 Чун ба хонаи сардори куништ расид, азодоронро дар ҳолати изтироб дид, ки гирья ва навҳаи бисьёр мекарданд.
39 Ва даромадан замон ба онҳо гуфт:“Чаро дар изтироб афтодаед ва гирья мекунед? Духтар намурдааст, балки хуфтааст“.
40 Ва онҳо бар Ў хандиданд, лекин Ў ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва бо рафиқонаш ба ҳуҷрае ки духтар хобида буд, даромад.
41 Ва дасти духтарро гирифта, гуфт:“Талито-қуми“, ки маънояш ин аст:“Эй духтар, туро мегўям, бархез“.
42 Дарҳол духтар бархоста, равон шуд, зеро ки дувоздаҳсола буд. Онҳо дар ҳайрат монданд.
43 Ва Ў онҳоро сахт таъкид карда, фармуд, ки касе аз он огоҳ нашавад, ва гуфт, то хўроке ба вай диҳанд.
1 Аз он ҷо баромада, ба зодгоҳи Худ омад, ва шогирдонаш аз ақиби Ў омаданд.
2 Чун рўзи шанбе расид, дар куништ ба таълим додан оғоз намуд, ва бисьёр шунавандагон дар ҳайрат монда, мегуфтанд:“Аз куҷост дар Ў ин чизҳо? Чӣ ҳикматест, ки ба Ў ато шудааст ки чунин мўъҷизот аз дасти Ў содир мегардад?“
3 „Оё ин ҳамон наҷҷор нест, ки писари Марьям ва бародари Яъқуб, Йўсе, Яҳудо ва Шимъўн аст? Оё хоҳарони Ў ин ҷо дар байни мо намебошанд?“ Ва дар ҳаққи Ў ба васваса меафтоданд.
4 Лекин Исо ба онҳо гуфт:“Пайғамбар беқадр набошад, ҷуз дар зодгоҳи худ ва дар байни хешовандон ва дар хонаи худ“.
5 Ва дар он ҷо ҳеҷ мўъҷиза нишон дода натавонист, ҷуз он ки дастҳояшро бар чанд беморе ниҳода, онҳоро шифо дод.
6 Ва аз беимонии онҳо дар ҳайрат афтод. Дар деҳоти он музофот гашта, таълим медод.
7 Пас он дувоздаҳро назди Худ хонда, ба ҷуфт-ҷуфт фиристодани онҳо оғоз намуд ва ба онҳо бар арвоҳи палид қурат дод.
8 Ва фармуд, ки барои роҳ ҳеҷ чизе бо худ, ҷуз асое, нагиранд: на тўрбае, на ноне, на пуле, на камарбанд,
9 Балки чоруқе дар по кашанд ва ду пероҳан дар бар накунанд.
10 Ва ба онҳо гуфт:“Ҳар ҷо, ки ба хонае даромадед, то вақти сафар кардан дар он ҷо бимонед.
11 Ва ҳар ҷо, ки шуморо қабул накунанд ва ба суханони шумо гўш надиҳанд, аз он ҷо берун рафта, ғубори пойҳои худро биафшонед, то шаҳодате бар онҳо гардад. Ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳолати Садўм ва Амўро дар рўзи доварӣ аз он шаҳр саҳлтар хоҳад буд“.
12 Онҳо равона шуда, ба мавъиза кардан оғоз намуданд, ки бояд тавба кард;
13 Бисьёр девҳоро берун карданд ва бисьёр беморонро равған молида шифо доданд.
14 Чун подшоҳ Ҳиродус шунид, - зеро номи Ў шўҳрат ёфта буд,- гуфт, ки Яҳьёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон эҳьё шудааст, ва аз ин сабаб мўъҷизот аз вай ба зуҳур меояд.
15 Баъзе мегуфтанд, ки ин Ильёс аст. Аммо баъзе мегуфтанд, ки ин пайғамбар аст, ё чун яке аз пайғамбарон.
16 Лекин Ҳиродус, чун шунид, гуфт:“Ин ҳамон Яҳьёст, ки ман сарашро аз танаш ҷудо кардам; вай аз мурдагон эҳьё шудааст“.
17 Зеро Ҳиродус одам фиристода, Яҳьёро дастгир карда ба зиндон андохта буд, ба хотири Ҳиродия зани Филиппус бародараш, ки вайро ба нокиҳи худ дароварда буд.
18 Зеро Яҳьё ба Ҳиродус гуфта буд:“Зани бародари худро ба никоҳ даровардани ту раво нест“.
19 Пас Ҳиродия ба Яҳьё кина баста буд ва мехост ўро ба қатл расонад, лекин наметавонист.
20 Зеро ки Ҳиродус аз Яҳьё метарсид, вайро Марди одилу муқаддас медонист ва рўихотир мекард; ба гапаш гўш дода, бисьёр музтариб мешуд ва суханонашро ба хушӣ мешунид.
21 Фурсате расид, ки Ҳиродус ба муносибати рўзи таваллуди худ барои мансабдорони худ, ба мириҳазорон ва калонтарони Ҷалил базме орост,
22 Ва духтари Ҳиродия ба базм даромада рақсид, Ҳиродус ва ононеро, ки ҳамроҳаш нишаста буданд шод намуд. Подшоҳ ба духтар гуфт:“Ҳар чӣ мехоҳӣ, аз ман талаб кун, онро ба ту бидиҳам“.
23 Ва қасам ёд кард, ки“ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, ҳатто нисфи қаламрави ман бошад ҳам, ба ту медиҳам“.
24 Духтар берун рафта, аз модари худ пурсид, ки“чӣ талаб кунам?“ Модараш ҷавоб дод:“Каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро“.
25 Вай дарҳол назди подшоҳ шитофт ва гуфт:“Мехоҳам каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро ҳамин дам дар табақе ба ман ҳадия кунӣ“.
26 Подшоҳ басе ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва барои ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, хоҳиши вайро рад кардан нахост.
27 Дарҳол подшоҳ ҷаллодеро фиристода, фармуд, ки каллаи вайро биёрад;
28 Ҷаллод рафта, дар зиндон каллаи вайро аз тан ҷудо кард ва бар табақе ниҳода овард ва ба духтар дод, ва духтар онро ба модари худ дод.
29 Чун шогирдонаш шуниданд, омада, ҷасади вайро бардошта бурданду гўр карданд.
30 Ҳаввориён назди Исо ҷамъ омада, ҳар он чиро, ки ба ҷо оварда ва таълим дода буданд, ба Ў нақл карданд.
31 Ў ба онҳо гуфт:“Шумо ба танҳоӣ ба ягон ҷои хилват биравед ва каме истироҳат кунед“ Зеро омаду рафт чунон бисьёр буд, ки фурсати нон хўрдан ҳам надоштанд.
32 Пас ба танҳоӣ бо қаиқ ба ҷои хилват равона шуданд.
33 Чун мардум онҳоро диданд, бисьёре онҳоро шинохтанд, аз ҳамаи шаҳрҳо пиёда ба он сў шитофтанд ва аз онҳо пеш гузашта, назди Ў ҷамъ шуданд.
34 Исо берун омада, анбўҳи мардумро дид ва ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо мисли гўсфандоне буданд, ки чўпон надоштанд; ва онҳоро бисьёр таълим додан гирифт.
35 Азбаски вақт хеле гузашта буд, шогирдонаш назди Ў омада гуфтанд:“Ин ҷо ҷои хилват аст, вақт ҳам дер шуд;„
36 „Инҳоро ҷавоб деҳ, то ки ба қасабаю музофоти ин деҳот рафта, барои худ ноне бихаранд; зеро ки ҳеҷ хўроке надоранд“.
37 Ў дар ҷавобашон гуфт:“Шумо ба онҳо хўрок диҳед“. Ба Ў гуфтанд:“Магар мо рафта, ба дусад динор нон бихарем ва барои хўрдани онҳо диҳем?“
38 Аз онҳо пурсид:“Чандто нон доред? Рафта бинед“. Онҳо дарьёфта, гуфтанд:“Панҷ нон ва ду моҳӣ“.
39 Он гоҳ фармуд, ки ҳамаро даста-даста бар сабза шинонанд.
40 Пас қатор -қатор, саднафара ва панҷоҳнафара нишастанд.
41 Ў панҷ нону ду моҳиро гирифта ва ба осмон нигариста, баракат дод ва пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши ҷамоат гузоранд. Ду моҳиро низ ба ҳамаи онҳо тақсим кард.
42 Ҳама хўрданду сер шуданд;
43 Ва аз пораҳои нон ва моҳӣ дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд;
44 Хўрандагони нон тақрибан панҷ ҳазор мард буданд.
45 Дарҳол Ў шогирдонашро фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пеш аз Ў ба он соҳил сўи Байт-Сайдо равона шаванд, то Ў мардумро ҷавоб диҳад.
46 Ва чун онҳоро ҷавоб дод, барои дуо гуфтан ба фарози кўҳе баромад.
47 Шомгоҳон қаиқ ба миёнаи баҳр расида буд, ва Ў танҳо бар хушкӣ буд.
48 Ва онҳоро дар рондани қаиқ бемаҷол дид, зеро ки боди мухолиф мевазид; наздикии поси чоруми шаб бар баҳр қадам зада назди онҳо омад, ва мехост аз онҳо бигзарад.
49 Онҳо чун Ўро диданд, ки бар баҳр қадам мезанад, гумон карданд, ки ин шабаҳ аст, ва фарьёд заданд.
50 Зеро ки ҳама Ўро дида, ҳаросон шуданд. Дарҳол Ў ба онҳо хитоб карда, гуфт:“Ором бошед; ин Манам, ҳаросон нашавед“.
51 Ва назди онҳо ба қаиқ даромад; бод низ сокит шуд. Ва онҳо бениҳоят дар ҳайрат афтоданд ва тааҷҷуб карданд.
52 Зеро ки мўъҷизаи нонро дарк накарда буданд, чунки дилашон сахт буд.
53 Ва аз баҳр гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омаданд ва лангар андохтанд.
54 Чун аз қаиқ баромаданд, дарҳол мардум Ўро шинохтанд.
55 Ва сар то сари он музофот шитофтанд ва беморонро бар тахтаҳо ниҳода, ба ҳар ҷо, ки мешуниданд Ў он ҷост, меоварданд.
56 Ва ба ҳар ҷо, ки Ў ба қасабаҳо ё шаҳрҳо ё деҳкадаҳо меомад, беморонро дар сари гузар мегузоштанд ва аз Ў илтимос менамуданд, ки фақат домани ҷомаи Ўро ламс кунанд; ва ҳар кӣ ламс кард, шифо ёфт.
1 Фарисиён ва баъзе китобдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, назди Ў ҷамъ шуданд;
2 Ва чун диданд, ки баъзе шогардони Ў бо дастҳои нопок , яъне ношуста, нон мехўранд, сарзаниш карданд.
3 Зеро ки фарисиён ва ҳамаи яҳудиён ба ривоятҳои муршидон пайравӣ намуда, то дастҳои худро бодиққат нашўянд, хўрок намехўрданд;
4 Ва чун аз бозорҳо оянд, то нашўянд чизе намехўранд.Ва бисьёр расмҳои дигар ҳаст, ки нигоҳ медоранд; монанди шустани пиёлаҳо, кўзаҳо ва курсиҳо.
5 Пас фарисиён ва китобдонон аз Ў пурсиданд:“Чаро шогирдони Ту ба ривоятҳои муршидон пайрави намекунанд, балки бо дастҳои ношушста нон мехўранд?“
6 Ў ба онҳо ҷавоб дода гуфт:“Ишаъё дар бораи шумо, эй риёкорон, некў пайғом додааст, чунон ки навишта шудааст:’’Ин мардум бо лабони худ Маро парастори мекунанд, лекин дилашон аз Ман дур аст;
7 Пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълиму аҳкоми инсониро таълим медиҳанд’’.
8 Зеро шумо ҳукми Худоро як сў гузошта, ривоятҳои инсониро, монанди шустани кўзаҳо ва пиёлаҳо, нигоҳ медоред ва бисьёр расмҳои дигарро ба ҷо меоваред“.
9 Ва ба онҳо гуфт:“Оё хуб аст, ки шумо ҳукми Худоро ботил мекунед, то ки ривояти худро риоя менамоед?“
10 Зеро Мусо гуфтааст’’Падару модари худро иззат намо’’ Ва:’’Ҳар ки падар ё модари худро дашном диҳад, албатта ҳалок гардад’.
11 Лекин шумо мегўед:’’Ҳар гоҳ касе ба падар ё модари худ гўяд:“Он чи аз ман нафъ ёбӣ, қурбон, яъне ҳадия барои Худост“‘‘
12 Ва баъд аз ин намегузоред, ки вай барои падар ё модари худ ягон чиз кунад,
13 Дар айни ҳол каломи Худоро бо ривояти худ, ки ҷори сохтаед, бартараф менамоед; ва бисьёр расмҳои монанди инро ба ҷо меоваред“.
14 Ва он ҷамоатро назди Худ даъват намуда, гуфт:“Ҳама ба Ман гўш диҳед ва бифаҳмед“.
15 „Чизе нест, ки аз берун ба даруни одам даромада, вайро палид карда тавонад; балки чизе ки аз дарунаш баромада бошад, одамро палид мекунад“.
16 Ҳар кӣ гўши шунаво дорад, бишнавад!
17 Ва чун аз назди ҷамоат ба хона даромад, шогирдонаш маънии ин масалро аз Ў пурсиданд.
18 Ў ба онҳо гуфт:“Оё шумо низ бефаҳм ҳастед? Оё намедонед, ки ҳар чизе аз берун ба даруни одам дарояд, наметавонад вайро нопок кунад?
19 „Зеро ба даруни дилаш намедарояд, балки ба шикамаш меравад ва аз он хориҷ мешавад, ва ба ин сурат ҳар хўрок пок мегардад“.
20 Баъд гуфт:“Он чи аз одам берун ояд, одамро нопок месозад;
21 Зеро ки аз даруни дили одам хаёлоти бад, зино, фисқ, қатл,
22 Дуздӣ, тамаъ, кина, макр, ҳирс, чашми бад, куфр, ғурур ва ҷаҳолат пайдо мешавад.
23 Тамоми ин чизҳои бад аз дарун пайдо шуда, одамро палид мекунанд.
24 Ва аз он ҷо равона шуда, ба ҳудуди Сўр ва Сидўн расид; ва ба хонае даромада, нахост, ки касе Ўро шиносад; лекин натавонист пинҳон монад.
25 Зеро зане ки духтараш рўҳи палид дошт, хабари Ўро шунид ва ҳамон дам омада, пеши пои Ў афтод;
26 Ва он зан юнонӣ, аз аҳли Финиқияи Сурия буд; ва аз Ў илтимос кард ки девро аз духтараш берун кунад.
27 Лекин Исо ба вай гуфт““Бигзор аввал бачагон сер шаванд, зеро нони бачагонро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест“.
28 Зан ҷавоб дода гуфт:“Оре, Худовандо; лекин сагон низ пасмондаҳои бачагонро зери сурфа мехўранд“.
29 Ба вай гуфт:“Аз барои ин суханат бирав, ки дев аз духтарат берун шуд“.
30 Чун зан ба хонаи худ омад, девро беруншуда ва духтарро бар бистар хуфта ёфт.
31 Боз аз ҳудуди Сўр ва Сидўн баромада, Ў ба воситаи ҳудуди Декаполис сўи баҳри Ҷалил равона шуд.
32 Назди Ў якеро оварданд, ки гўши кар ва лакнати забон дошт, ва илтимос карданд, ки даст бар вай гузорад.
33 Вайро аз миёни ҷамоат ба хилват бурда, ангушти Худро дар гўшҳои вай ниҳод ва туф карда, забонашро ламс кард;
34 Ва ва ба осмон нигариста, оҳе кашид ва ба вай гуфт:“Ифатаҳ“, яъне „Воз шав“.
35 Дарҳол гўшҳояш кушода ва гиреҳи забонаш яла шуда, ба дурустӣ сухан гуфт.
36 Ва ба онҳо таъин кард, ки ба касе хабар надиҳанд. Лекин ҳарчанд ба онҳо таъин мекард, онҳо бештар овоза мекарданд.
37 Ва бағоят ҳайрон монда, мегуфтанд:“Ҳар корро нағз мекунад: карҳоро шунаво ва гунгҳоро гўё мегардонад“.
1 Дар он рўзҳо, ки боз мардуми бисьёре ҷамъ омада буданд ва барои хўрдан чизе надоштанд, Исо шогирдони Худро пеш хонда, гуфт:
2 Ба ин мардум дилам месўзад, зеро ки се рўз боз назди Ман мебошанд ва барои хўрдан чизе надоранд;
3 Агар онҳоро гурусна ба хонаҳошон ҷавоб диҳам, дар роҳ бемадор хоҳанд шуд, зеро ки баъзе аз онҳо аз роҳи дур омадаанд.
4 Шогирдонаш ба Ў ҷавоб доданд:“Аз куҷо касе метавонад дар ин биёбон онҳоро аз нон сер кунад?“
5 Аз онҳо пурсид:“Чандто нон доред?“ Гуфтанд:“Ҳафтто“
6 Пас ҷамоатро фармуд, ки бар замин бинишинанд; ҳафт нонро гирифта, бо изҳори шукргузорӣ пора кард ва ба шогирдонаш дод, то пеши ҷамоат гузоранд; ва онҳо гузоштанд.
7 Ва чанд моҳии майда низ дошанд; онҳоро низ, баракат дода, фармуд, ки пеши ҷамоат гузоранд.
8 Онҳо хўрда сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда ҳафт сабадро пур карда бардоштанд.
9 Хўрандагон қариб чор ҳазор нафар буданд. Ва онҳоро ҷавоб дод.
10 Дарҳол бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда, ба ҳудуди Далмонуто омад.
11 Фарисиён берун омада, бо Ў ба мунозира даромаданд ва Ўро озмуда, аломати осмонӣ аз Ў талаб карданд.
12 Ў, аз дил оҳе кашида, гуфт:“Чаро ин насл аломате талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегўям: аломате ба ин насл ато нахоҳад шуд“.
13 Пас онҳоро гузошта, боз ба қаиқ савор шуд ва ба соҳили дигар гузашт.
14 Онҳо нон гирифтанро фаромўш карднанд ва бо худ дар қаиқ ҷуз як нон надоштанд.
15 Ў онҳоро огоҳ карда, гуфт:“Бохабар бошед, аз хамитуруши фарисиён ва аз хамиртуруши Ҳиродус ҳазар кунед“.
16 Онҳо бо якдигар муҳокима ронда, мегуфтанд:“Ин аз он сабаб аст, ки нон надорен“.
17 Исо инро дарьёфта, ба онҳо гуфт:“Чаро муҳокима мекунед, ки нон надоред? Оё ҳанўз нафаҳмидаед ва дарк накардаед? Оё то ҳол дили шумо сахт аст?“
18 „Чашм дореду намебинед? Гўш дореду намешунавед? Ва дар хотир надоред?“
19 „Ҳангоме ки панҷ нонро барои панҷ ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?“Ба Ў гуфтанд:“Дувоздаҳ“.
20 „Ва ҳангоме ки ҳафт нонро барои чор ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?“ Гуфтанд:“ҳафт“.
21 Ба онҳо гуфт:“Пас чаро намефаҳмед?“
22 Чун ба Байт-Сайдо омад, кўреро назди Ў оварда, зорӣ намуданд, ки вайро ламс кунад.
23 Ў дасти кўрро гирифта, вайро аз қасаба берун бурд ва ба чашмони вай туф карда, дастҳои Худро бар вай гузошт ва пурсид:“Оё чизе мебинӣ?“
24 Вай назар афканда, гуфт:“Одамонро хиромон чун дарахтон мебинам“.
25 Он гоҳ дастҳояшро бори догар бар чашмони вай гузошта, фармуд, ки назар афканад. Вай шифо ёфт ва ҳама чизро ба хубӣ бидид.
26 Пас вайро ба хонааш фиристода, гуфт:“Дохили қасаба нашав ва дар он ҷо ба касе нақл накун“.
27 Ва Исо бо шогидонаш ба қасабаҳои Қайсарияи Филиппус рафт. Дар аснои роҳ аз шогирдонаш пурсид:“Мардум Маро кӣ мегўянд?“
28 Онҳо ҷавоб доданд:“Мегўянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегўянд, ки Ильёсӣ; ва баъзе мегўянд, ки яке аз пайғамбаронӣ“.
29 Ў ба онҳо гуфт:“Шумо Маро кӣ мегўед?“ Петрус ҷавоб дода, гуфт:“Ту Масеҳ ҳастӣ“.
30 Пас ба онҳо таъин кард, ки дар бораи Ў ба ҳеҷ кас гап назананд.
31 Он гоҳ ба таълими онҳо оғоз намуда, гуфт, ки“Писари Одам бояд бисьёр азоб кашад ва аз тарафи пирон, саркоҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад ва пас аз се рўз эҳьё шавад“.
32 Чун ин суханро ошкоро мегуфт, Петрус Ўро ба як сў бурда, ба эътироз кардан шурўъ намуд.
33 Лекин Ў баргашта, ба шогирдонаш нигарист ва Петрусро манъ карда, гуфт:“Эй шайтон, аз Ман дур шав, зеро ту на дар бораи амру наҳйи Худо, Худо, балки аз чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ“.
34 Пас мардумро бо шогирдонаш назди Худ хонда, гуфт:“Ҳар кӣ хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд:
35 „Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман ва Инҷил барбод диҳад, онро мераҳонад“
36 „Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад?“
37 „Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?“
38 „Зеро, ҳар кӣ дар ин насли зинокор ва осӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам низ, ҳангоме ки бо фароштагони муқаддас дар ҷалоли Падари Худ меояд, аз вай шарм хоҳад кард“.
1 Ва ба онҳо гуфт:“Ба ростӣ ба шум мегўям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Малакути Худоро, ки бо қурат меояд, набинанд, зоиқан маргро нахоҳанд чашид“.
2 Ва баъд аз шаш рўз Исо Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кўҳи баланде баровард ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд:
3 Либосаш дурахшон ва чун барф бағоят сафед шуд, ки дар рўи замин ҳеҷ шустагаре наметавонад чунин сафед кунад.
4 Ва Ильёс бо Мусо ба онҳо намоён шуда, бо Исо гуфтугў мекарданд.
5 Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт:“Эй Устод! Дар ин ҷо будани мо некўст; пас се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс“.
6 Зеро намедонист, чӣ гўяд: чунки ҳаросон буданд.
7 Ва абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт, ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт:“Ин Писари Маҳбуби Ман аст; Ўро бишнавед“.
8 Баногоҳ, чун ба атрофи худ нигаристанд, касеро ҷуз Исо назди худ надиданд.
9 Чун аз кўҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуд, ки то Писари Одам аз мурдагон эҳьё нашавад, он чи дидаанд, ба касе нагўянд.
10 Ва онҳо ин суханонро дар ёд дошта, аз якдигар мепурсиданд, ки аз мурдагон эҳьё шудан чӣ маънӣ дорад?
11 Ва аз Ў пурсиданд:“Чаро китобдонон мегўянд, ки Ильёс бояд аввал биёяд?“
12 Ў ба ҷавоби онҳо гуфт:“Дуруст аст, ки Ильёс бояд аввал биёяд ва ҳама чизро соз кунад; ва Писари Одам, чунон ки дар бораи Ў навишта шудааст, ранҷи бисьёр бинад ва ҳақир шумурда шавад“,
13 „Лекин ба шумо мегўям, ки Ильёс ҳам омад ва бо вай он чи хостанд, карданд, чунон ки дар бораи вай навишта шудааст“.
14 Чун назди шогирдонаш омад, мардуми бисьёрро гирди онҳо дид, ва китобдононро, ки бо онҳо мубоҳиса мекарданд.
15 Дарҳол тамоми мардм, чун Ўро диданд, дар ҳайрат монданд ва давон-давон омда, ба Ў салом доданд.
16 Ў аз китобдонон пурсид:“Бо инҳо чӣ мубоҳиса мекунед?“
17 Яке аз байни мардум ба ҷавоб гуфт:“Эй Устод! писари худро назди Ту овардам, ки рўҳи гунге дорад:“
18 „Ҳар ҷо, ки вайро бигирад, ба замин мезанад, вай кафк бароварда, дандонҳо бо ҳам месояд ва карахт мешавад; Ба шогирдони Ту гуфтам, ки онро берун кунанд, натавонистанд“.
19 Ў ба ҷавоби вай гуфт:“Эй насли беимон: То кай бо шумо бошам? То кай шуморо тоқат кунам? Вайро назди Ман биёред“.
20 Вайро назди Ў оварданд. Чун Ўро дид, рўҳ вайро ба ларза андохт; вай ба замин афтода ва ғел зада, кафк баровард.
21 Ва аз падари вай пурсид:“Кай боз ба ин ҳолат гирифтор аст?“ Гуфт:“Аз кўдакӣ“
22 „Борҳо вайро дар оташ ва дар об афканд, то вайро ҳалок кунад; лекин, агар метавонӣ, ба мо раҳм кун ва ёрӣ расон“.
23 Исо ба вай гуфт:“Агар имон оварда тавонӣ, барои имондор ҳама чиз имконпазир аст“.
24 Дарҳол падари кўдак фарьёд зада, гирьякунон гуфт:“Имон меоварам, эй Худованд! Ба беомонии ман мадад кун“.
25 Чун Исо дид, ки мардум сўяш шитоб мекунанд, рўҳи палидро мазаммат намуда, гуфт:“Эй рўҳи гунг ва кар! Ба ту амр мефармоям, ки аз вай берун рав ва дигар дохили вай нашав“.
26 Пас бонг зада, вайро сахт ба ларза андохта, берун рафт; вай монанди мурда гашт, ба тавре ки бисьёр касон гуфтанд, ки вай мурдааст.
27 Лекин Исо дасташро гирифта бархезонд; вай ба по истод.
28 Ва чун ба хона даромад, шогирдонаш аз Ў ба танҳои пурсиданд:“Чаро мо онро берун карда натавонистем?“
29 Ба онҳо гуфт:“Ин ҷинс ба ҳеҷ ваҷҳ берун намеравад, ҷуз ба дуо ва рўза“.
30 Ва аз он ҷо равона шуда, аз Ҷалил мегузаштанд; ва Ў намехост, ки касе Ўро бишносад.
31 Зеро шогирдони Худро таълим дода мегуфт, ки Писари Одам ба дасти одамон таслим карда хоҳад шуд, ва Ўро хоҳанд кушт; чун кушта шуд, пас аз се рўз эҳьё хоҳад шуд.
32 Лекин онҳо ин суханро нафаҳмиданд ва тарсиданд, ки аз Ў пурсанд.
33 Ба Кафарнаҳум омад; чун дар хона буд, аз онҳо пурсид:“Дар роҳ бо якдигар дар чӣ хусус муҳокима мекардед?“
34 Онҳо хомўш монданд, чунки дар роҳ бо якдигар муҳокима мекарданд, ки кист бузургтар.
35 Ў нишаста, он дувоздаҳро наздаш хонд ва ба онҳо гуфт:“Ҳар кӣ мехоҳад нахустин бошад, вопасин ва хизматгори ҳама шавад“.
36 Пас кўдакеро гирифта, дар миёни онҳо ба по гузошт ва, дар оғўш кашида, ба онҳо гуфт:
37 „Ҳар кӣ яке аз ин гуна кўдаконро ба исми Ман қабул кунад, вай Маро қабул кунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, вай на Маро, балки Фиристодаи Маро қабул мекунад“.
38 Он гоҳ Юҳанно гуфт:“Эй Устод! Мо касеро дидем, ки ба исми ТУ девҳоро берун мекард, лакин моро пайравӣ намекард, ва мо вайро манъ кардем, чунки моро пайравӣ намекард“.
39 Исо гуфт:“Вайро манъ накунед; зеро ҳеҷ касе нест, ки ба исми Ман мўъҷиза бинамояду ба зудӣ дар ҳаққи Ман бад гуфта тавонад“.
40 „Зеро ҳар кӣ зидди мо нест, бо мост“.
41 „Ва ҳар кӣ ба исми Ман шуморо, аз он рў ки пайрави Масеҳ ҳастед, косаи обе бинўшонад, ба ростӣ ба шумо мегўям, ки мукофоти худро зоеъ нахоҳад кард“.
42 Ва ҳар кӣ яке аз ин тифлонро, ки ба Ман имон меоваранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе бар гарданаш овехта, вайро дар баҳр афкананд.
43 Ва агар дастат туро ба васваса андозад, онро бибур: барои ту беҳтар аст, ки маъюб шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду даст ба дўзах равона шавӣ, дар оташе ки хомўш нашаванда аст,
44 Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомўш намешавад.
45 Ва агар поят туро ба васваса андозад, онро бибур: барои ту беҳтар аст, ки ланг шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду по дар дўзах андохта шавӣ, дар оташе ки хомўшнашаванда аст.
46 Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомўш намешавад.
47 Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро бикан: барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба Малакути Худо дароӣ, аз ин ки бо ду чашм дар оташи дўзах андохта шавӣ,
48 Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомўш намешавад.
49 Зеро ҳар кас бо оташ намакин хоҳад шуд, ва ҳар қурбон бо намак намакин хоҳад шуд.
50 Намак хуб аст; Лекин агар намак шўр набошад, бо чӣ шумо онро ислоҳ мекунед? Пас дар худ намак бидоред, ва бо якдигар муросо кунед.
1 Аз он ҷо баромада, ба он сўи Ўрдун, ба ҳудуди Яҳудо омад. Боз мардум назди Ў шитофтанд; ва Ў, аз рўи одаташ, боз онҳоро таълим медод.
2 Фарисиён наздик омада ва Ўро озмуданӣ шуда, пурсиданд:“Оё ҷоиз аст, ки мард зани худро талоқ диҳад?“
3 Ба ҷавоби онҳо гуфт:“Мусо ба шумо чӣ фармудааст?“
4 Гуфтанд:“Мусо иҷоззат додааст, ки талоқномае навишта ҷудо шаванд“.
5 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт:“Ба сабаби дилсахтии шумо ин ҳукмро барои шумо навиштааст“;
6 Лекин дар ибтидои офариниш Худо онҳро марду зан офарид.
7 Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад.
8 Ва ҳар ду як тан мешаванд, ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд.
9 Пас он чиро, ки Худо ба ҳам пайваст, одам набояд ҷудо кунад.
10 Дар хона шогирдонаш боз дар ин бора аз Ў пурсиданд.
11 Ў ба онҳо гуфт:“Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, дигареро никоҳ кунад, дар ҳаққи вай зино карда бошад;
12 Ва агар зане аз шавҳари худ ҷудо шуда, ба никоҳи дигаре дарояд, низ зино карда бошад.
13 Кўдаконро назди Ў меоварданд, то ки онҳоро ламс кунад; лекин шогирдон ба оварандагон монеъ мешуданд.
14 Чун Исо дид, дарғазаб шуда, гуфт:“Кўдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад“.
15 Ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанади кўдак қабул накунад, ба он дохил намешвад.
16 Ва онҳоро ба оғўш кашид ва даст бар онҳо ниҳода дуои хайр кард.
17 Вақте ки ба роҳ мебаромад, касе назди Ў шитофта, зону бар замин зад ва пурсид:“Эй Устоди некў, чи кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?“
18 Исо ба вай гуфт:“Чаро Маро некў мегўӣ? Ҳеҷ кас некў нест, ҷуз Худои ягона“.
19 Аҳкомро медонӣ:’’Зино накун; қатл накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурўғ надеҳ; озор надеҳ падару модаратро ҳурмат кун’’„.
20 Вай ба ҷавоби Ў гуфт:“Эй Устод! Ҳамаи инро ман аз кўдаки нигоҳ доштаам“.
21 Исо ба вай нигариста, дўст дошт ва гуфт:“Туро як чиз намерасад: бирав, ҳар он чи дорӣ, бифурўш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе хоҳӣ ёфт; ва омада, салиб бардор ва Маро пайравӣ кун“.
22 Лекин вай аз ин сухан ошуфта ва ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисьёр дошт.
23 Исо ба гирду пеш нигариста, ба шогирдонаш гуфт:“Ба Малакути Худо даромадани сарватдор чӣ гуна душвор аст!“
24 Шогирдон аз суханони Ў дар ҳайрат шуданд. Исо боз ба ҷавоби онҳо гуфт:“Эй фарзандон! Ба онҳое ки умеди сарват доранд, даромадан ба Малакути Худо чӣ гуна душвор аст!“
25 Аз сўрохии сўзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад.
26 Онҳо бағоят дар ҳайрат шуда, ба якдигар мегуфтанд:“Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?“.
27 Исо ба онҳо нигоҳ карда гуфт:“Ба одамизод ин ғайриимкон аст, лекин на ба Худо; зеро ки ба Худо ҳама чиз имконпазир аст“.
28 Он гоҳ Петрус ба Ў гуфт:“Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем“.
29 Исо ба ҷавоб гуфт:“Ба ростӣ ба шумо мегўям: касе нест, ки хона, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фрзандон, ё амлокро аз баҳри Ман ва Инҷил тарк кунаду
30 Алҳол, дар ин замон, дар миёни таъқибот, сад чандон хонаҳо ва бародарон ва хоҳарон ва падарон ва модарон ва фарзандон ва амлок ва дар олами оянда ҳаёти ҷовидонӣ наёбад;
31 Лекин басо аввалин, охирин хоҳад шуд, ва охирин аввалин.
32 Чун дар роҳи сўи Ерусалим буданд, Исо пешопеши Онҳо мерафт, ва онҳо дар ҳайрат буданд, ва чун аз ақиби Ў мерафтанд, ҳаросон мешуданд. Ва Ў он дувоздаҳро назди Худ хонда, боз ба гуфтани он чи ба сараш меояд, оғоз намуд:
33 „Инак, мо сўи Ерусалим меравем, ва Писари Одам ба дасти саркоҳинон ва китобдонон таслим карда хоҳад шуд, ва Ўро ба марг маҳкум кунанду ба дасти ғайрияҳудиён таслим кунанд;„
34 Ва Ўро тамасхур кунанд, тозиёна зананд, туфборон кунанд, бикушанд; ва дар рўзи сеюм эҳьё шавад.
35 Он гоҳ Яъқуб ва Юҳнно, ду писари Забдой, назди Ў омда, гуфтанд:“Эй Устод! Мехоҳем, он чи аз Ту хоҳиш кунем, барои мо бикунӣ“.
36 Ба онҳо гуфт:“Чӣ мехоҳед, ки барои шумо бикунам?“
37 Онҳо ба Ў гуфтанд:“Ба мо лутф намо, ки яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат дар ҷалоли Ту бишинем“
38 Исо ба онҳо гуфт:“Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед; оё метавонед он косаеро, ки Ман менўшам, бинўшед ва он таъмидеро ки Ман меёбам биёбед?“
39 Онҳо ба ҷавоб гуфтанд:“Метавонем“ Аммо Исо ба онҳо гуфт:“Косаеро, ки Ман менўшам, хоҳед нўшид ва таъмидеро, ки Ман меёбам хоҳед ёфт;
40 Лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастанатон дар дасти Ман нест, ки бидиҳам, ҷуз онҳое ки барояшон муҳайё шуда бошад.
41 Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз Яъқуб ва Юҳнно норозӣ шуданд.
42 Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда гуфт:“Шумо медонед, ононе ки мири халқҳо ба шумор мераванд, бар онҳо ҳукмрони мекунанд, ва акобирашон бар онҳо фармонраво мешавад.
43 Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад;
44 Ва ҳар кӣ хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи шумо шавад;
45 Зеро Писари Одам низ на барои он омад, ки ба Ў хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисьёр касон бидиҳад“.
46 Ба Ериҳў омаданд. Вақте ки Ў бо шогирдонаш ва мардуми бисьёр аз Ериҳў мебаромад, Бартимай ибни Тимай ном кўре дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид.
47 Чун шунид, ки ин Исои Носирист, фарьёдкунон гуфт:“Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман раҳм кун“.
48 Бисьёр касон вайро ба хомўш шудан водор мекарданд; лекин вай боз ҳам бештар фарьёд мезад:“Эй Писари Довуд! Ба ман раҳм кун“.
49 Исо истода, фармуд, ки вайро бихонанд. Онҳо кўрро хонда, гуфтанд:“Осуда бош, бархез, ки туро мехонад“.
50 Вай ҷомаи худро кашида, бархосту назди Исо омад.
51 Исо ба вай ҷавоб гардонда, гуфт:“Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту бикунам?“ Кўр ба Ў гуфт:“Эй Устод! Мехоҳам бино шавам“.
52 Исо ба вай гуфт:“Бирав, ки имонат туро шифо бахшид“. Вай дарҳол бино гашта, аз ақиби Исо дар роҳ равона шуд.
1 Чун наздики Ерусалим, ба Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, бар кўҳи Зайтун расиданд, Ў ду шогирди Худро фиристода,
2 Ба онҳо гуфт:“Ба ин деҳа, ки рў ба рўи шумост, биравед; чун даромадед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанўз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, ин ҷо биёред;
3 Ва агар касе ба шумо гўяд:’’Чаро чунин мекунед?’’, ба ҷавобаш бигўед, ки Худованд ба он эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онро ба ин ҷо мефиристад“
4 Онҳо рафта, курарро ёфтанд, ки дар кўча назди дарвоза бастагӣ буд; ва онро воз карданд.
5 Баъзе касоне ки дар он ҷо истода буданд, ба онҳо гуфтанд:“Чӣ кор доред, ки курраро воз мекунед?“
6 Ба ҷавоби онҳо он чиро гуфтанд, ки Исо ба фармуда буд; Ва онҳоро ба ҳоли худашон гузоштанд.
7 Ва курраро назди Исо оварда, ҷомаҳои худро бар он афканданд, то бар он савор шуд.
8 Бисьёр касон касон ҷомаҳои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дарахтонро бурида, бар роҳ густурданд.
9 Ва онҳое ки аз пеш ва аз пас равона буданд, хитоб мекарданд;“Ҳўшаъно! Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!“
10 „Муборак аст малакути падари мо Довуд, ки ба исми Худованд меояд! Ҳўшаъно дар арши аъло!“
11 Ва Исо вориди Ерусалим шуда, ба маъбад даромад; ва ҳама чизро аз назар гузаронд, ва чун рўз бевақт шуда буд, бо он дувоздаҳ ба Байт-Ҳинӣ рафт.
12 Рўзи дигар чун аз Байт-Ҳинӣ берун омаданд, гурусна монд;
13 Ва аз дур дарахти анҷирро, ки барг дошт, дида, омад, то шояд чизе бар он биёбад; чун наздик шуд, ҷуз баргҳо чизе наёфт, зеро кли мавсими анҷир ҳанўз нарасида буд.
14 Ва Исо ба он гуфт:“Пас аз ин то абад касе аз ту мева нахўрад“. Ва шогирдонаш инро шуниданд.
15 Ба Ерусалим омаданд. Исо ба маъбад даромада, ба пеш кардани онҳе ки дар маъбад харидуфурўш мекарданд, оғоз намуд; мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурўшонр чаппа кард;
16 Ва нагузошт, ки касе чизеро аз миёни маъбад бардошта гузарад.
17 Ва онҳоро таълим дода, мегуфт:“Оё навишта нашудааст, ки ‘‘Хонаи Ман хонаи ибодати ҳамаи халқҳо номида хоҳад шуд’’? Аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед“.
18 Чун китобдонон ва саркоҳинон шуниданд, дар тараддуди ин шуданд, ки чӣ тавр Ўро ба ҳалок расонанд; зеро аз Ў метарсиданд, чунки тамоми мардум аз таълимоти Ў дар ҳайрат буданд.
19 Чун рўз бевақт шуд, Ў аз шаҳр берун рафт.
20 Бомдодон, вақте ки мегузаштанд, дарахти анҷирро диданд, ки то реша хушк шудааст.
21 Ва Петрус ба ёд оварда, гуфт:“Эй Устод! Инак дарахти анҷире ки нафрин кардаӣ, хушк шудааст“.
22 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт:
23 „Ба Худо имон оваред. Зеро ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ ба ин кўҳ гўяд:’’Бархоста, худро дар баҳр афкан’’, ва дар дили худ шак надошта бошад, балки яқин донад, ки он чи гўяд мешавад,-ҳар чи гўяд ба вай ато хоҳад шуд“.
24 „Бинобар ин ба шумо мегўям: ҳар чӣ дар дуо хоҳиш мекунед, яқин бидонед, ки пайдо хоҳед кард, -ва ба шумо ато хоҳад шуд“.
25 „Ва ҳангоме ки дар дуо меистед, агар аз касе ранҷу озоре кашида бошед, гуноҳи вайро авф намоед, то ки Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо биомурзад“;
26 „Аммо агар афв накунед, Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо наомурзад“
27 Боз ба Ерусалим омаданд. Ва ҳангоми ки Ў дар маъбад мегашт, саркоҳинон, китобдонон ва пирон назди Ў омада,
28 Гуфтанд:“Бо кадом қудрат ин корҳоро мекунӣ?“Ва кист, ки ин қудратро ба Ту додааст, то ин корҳоро кунӣ?“
29 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт:“Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ба Ман ҷавоб диҳед; он гоҳ Ман ҳам ба шумо хоҳам гуфт, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам;
30 Таъмиди Яҳьё аз осмон буд, ё аз инсон? Ба Ман ҷавоб диҳед“.
31 Аммо онҳо дар дили худ андеша мекарданд:“Агар гўем, ки’’аз осмон буд’’, Ў бигўяд:’’Пас чаро ба вай имон наовардед?“
32 Ва агар гўем, ки ‘‘аз инсон буд’’, аз мардум метарсиданд; зеро ки ҳама Яҳьёро набии барҳақ медонистанд.
33 Ба Исо ҷавоб дода гуфтанд:“Намедонем“. Исо ҳам ба ҷавоби онҳо гуфт:“Ман ҳам ба шумо намегўям, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам“.
1 Пас бо масалҳо ба онҳо оғози сухан намуда, гуфт:“Касе ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште сохт, бурҷе бино кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт.
2 Чун мавсим расид, хизматгореро назди токдорон фиристод, то аз меваи токзор аз токдорон бигирад,
3 Лекин онҳо вайро дошта заданд ва тиҳидаст равона карданд.
4 Боз хизматгори дигарро назди онҳо фиристод; вайро низ сангборон карда, сарашро кафонданд ва дашном дода пеш кардан.
5 Боз як нафари дигарро фиристод: вайро куштанд; ва бисьёр касони дигарро- баъзеро заданд ва баъзеро куштанд.
6 Як писари азизаш буд, ва дар охир вайро низ назди онҳо фиристода, дар дили худ гуфт:’’Аз писарам шарм хоҳанд дошт’’.
7 Лекин токдорон ба якдигар гуфтанд:’’Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем, то мерос аз они мо гардад’’.
8 Вайро дастгир карда, куштанд ва аз токзор берун бароварда партофтанд.
9 Пас соҳиби токзор чӣ хоҳад кард? Омада, токдоронро ба марг маҳкум хоҳад кард ва токзорро ба дигарон хоҳад супурд.
10 „Магар ин Навиштаро нахондаед:’’Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гўшаи бино гардид:
11 Ин аз ҷониби Худованд шуд ва дар назари мо ҳайратангез аст’’?“
12 Ва хостанд Ўро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд; зеро донистанд, ки ин масалро дар ҳаққи онҳо гуфта буд; пас Ўро вогузашта рафтанд.
13 Ва чанд нафар аз фарисиён ва ҳиродиёнро назди Ў фиристоданд, то Ўро аз суханаш афтонанд.
14 Онҳо омада, ба Ў гуфтанд:“Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақгўй ҳасти ва аз касе парвое надорӣ, зеро ҳеҷ рўбинӣ намекунӣ, балки роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ; оё ба қайсар ҷизья додан ҷоиз аст ё не? Бидиҳем ё надиҳем?“
15 Аммо Ў риёкории онҳоро дарьёфта, гуфт:“Чаро Маро меозмоед? Диноре ба Ман биёред, то онро бубинам“
16 Онҳо оварданд. Онгоҳ ба онҳо гуфт:“Ин сурат ва рақам аз они кист?“ Онҳо ба Ў гуфтанд:“Аз они қайсар“.
17 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт:“Он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост--ба Худо“. Ва аз ҷавоби Ў дар ҳайрат монданд.
18 Ва саддуққиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ў омада, пурсиданд:
19 „Эй Устод! Мусо ба мо навиштааст:’’Агар бародари касе бимирад ва зане аз худ гузошта ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад, ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад’’.
20 Ҳафт бародар буданд: яке зан гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт;
21 Вайро дуюмин ба занӣ гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт; сеюмин низ ҳамчунин.
22 Ҳамаи он ҳафт вайро гирифтанд ва насле нагузоштанд. Баъд аз ҳама зан низ мурд.
23 Пас, дар қиёмат, ки ҳама эҳьё хоҳанд шуд, вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ки ҳар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд“.
24 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт:“Магар гумроҳ нестед аз он рў, ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро?“
25 Зеро, ҳангоме ки аз мурдагон эҳьё мешаванд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштагон дар осмон мебошанд.
26 Аммо дар бораи мурдагон, ки эҳьё мешаванд, магар дар китоби Мусо нахондаед, ки чӣ сон Худо дар назди бутта ба вай гуфт:’’Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб’’?
27 Вай на Худои мурдагон аст, балки Худои зиндагон. Пас шумо басе гумроҳ шудаед.
28 Яке аз китобдонон, чун мубоҳисаи онҳоро шунида, дид, ки ба онҳо ҷавоби некў дод, пеш омада, аз Ў пурсид:“Аввалини ҳамаи аҳком кадом аст?“
29 Исо ба вай ҷавоб дод:“Аввалини аҳком ин аст:’’Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худованди ягона аст;
30 Ва Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту ва бо тамоми қуввати ту дўст бидор’’; аввалин аҳком ҳамин аст!
31 Ва дуюмаш монанди он аст:’’Ёри худро мисли худ дўст бидор’’;ҳукми дигаре бузургтар аз инҳо нест’’.
32 Китобдон ба Ў гуфт:“Офарин, эй Устод! Ту рост гуфтӣ, ки Худо ягона аст ва ҷуз Ў дигаре нест;
33 Ва Ўро бо тамоми дил ва ва бо тамоми идрок ва бо тамоми қувват дўст доштан ва ёри худро мисли худ дўст доштан аз ҳамаи қубониҳои сўхтанӣ ва ҳадияҳо афзалтар аст“.
34 Чун Исо дид, ки вай оқилона ҷавоб дод, ба вай гуфт:“Ту аз Малакути Худо дур нестӣ“.Пас аз он касе ҷуръат накард, ки аз Ў чизе пурсад.
35 Ва ҳангоме ки Исо дар маъбад таълим медод, савол дода, гуфт:“Чи сон китобдонон мегўянд, ки Масеҳ писари Довуд аст?
36 Ва ҳол он ки худи Довуд бар тибқи Рўҳулқудс мегўяд:’’Худованд ба Худованди ман гуфт: „Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам“‘‘.
37 „Инак, худи Довуд Ўро Худованд меномад: пас чӣ сон Ў писари вай будааст?“ Ва мардуми бисьёр каломи Ўро бо хушнўдӣ мешуниданд.
38 Ва Ў ба онҳо таълим дода, мегуфт:“Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дўст медоранд ҷомаҳои дароз пўшида гарданд, ва дар бозорҳо табрик бишнаванд,
39 Ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷой бигиранд ва дар зиёфатҳо болонишин шаванд;
40 Онҳо ки хонаҳои бевазанонро фурў мебаранд ва барои намуд дуоро тўл медиҳанд, аз ҳама сахтар маҳкум хоҳанд шуд“.
41 Ва Исо дар муқобили ганҷина нишаста нигоҳ мекард, ки чӣ сон мардум ба ганҷина пул меандозанд. Аксари сарватдорон бисьёр меандохтанд.
42 Ва бевазани камбағале омада, ду фулус андохт, ки ним тин мешавад.
43 Пас шогирдонашро пеши Худ хонда, гуфт:“Ба ростӣ ба шумо мегўям, ки ин бевазани камбағал аз ҳамаи ононе ки ба ганҷина андохтанд, бештар дод;
44 „Зеро ҳама аз зиёдатии худ доданд, лакин вай аз камбағалии худ ҳар чӣ дошт, андохт, яъне тамоми нафақаи худро дод“.
1 Чун Исо аз маъбад мебаромад, яке аз шогирдонаш ба Ў гуфт:“Эй Устод! Бингар, чӣ навъ сангҳо ва чӣ навъ иморатҳост!“
2 Исо ба ҷавоби вай гуфт:“Ин иморатҳои бузургро мебинӣ? Ҳамаи ин хароб хоҳад шуд, ба дараҷае ки санге бар санге нахоҳад монд“.
3 Ва чун Ў бар кўҳи Зайтун дар муқобили маъбад нишаста буд, Петрус, Яъқуб Юҳанно ва Андриёс ба танҳоӣ аз Ў пурсиданд:
4 „Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад, ва аломати рўй додани ҳамаи ин чӣ гуна аст?“
5 Он гоҳ дар ҷавоби онҳо ба гуфтан оғоз намуд:“Ҳушьёр бошед, зеро бисьёр касон шуморо гумроҳ накунанд;
6 Зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гўянд, ки ин Ман ҳастам, ва мардуми бисьёре гумроҳ кунанд.
7 Аммо чун ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро бишнавед, натарсед: зеро ин бояд воқеъ шавад; лекин ин ҳанўз интиҳо нест.
8 Зеро қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард; ва дар ҳар ҷо зилзилаҳо руй хоҳад дод, ва қаҳтиҳо ва ошўбҳо падид хоҳад омад. Инҳо ибтидои дардҳост.
9 Лекин шумо худро эҳтиёт кунед; зеро шуморо ба маҳкумаҳо хоҳанд кашид, ва дар куништҳо тозиёна хоҳанд зад, ва шуморо назди ҳокимону подшоҳон ба хотири Ман ҳозир хоҳанд кард, то барои онҳо шаҳодате гардад.
10 Ва лозим аст, ки Инҷил аввал дар байни тамоми халқҳо мавъиза карда шавад.
11 Чун шуморо барои таслим кардан гирифта баранд, пешакӣ ғамхорӣ ва андеша накунед, ки чӣ бояд бигўед; балки он чи дар соат ба шумо ато шавад, онро бигўед: зеро гўянда шумо нестед, балки Рўҳулқудс аст.
12 Он гоҳ бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг таслим хоҳанд кард; ва фарзандон бар зидди падарону модарон қиём карда, онҳоро ба ҳалокат хоҳанд расонд.
13 Ва ҳама аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт; лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт“.
14 Чун кароҳати харобиро, ки Дониёли набӣ ба забон овардааст, дар ҷое ки намебояд, бар по бубинед, - ҳар кӣ хонад, дарк кунад, - он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кўҳистон гурезанд.
15 Ва ҳар кӣ бар бом бошад, поён нафурояд ва барои гирифтани чизе ба хонаи худ надарояд;
16 Ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад.
17 Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём!
18 Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар зимистон рўй надиҳад.
19 Зеро дар он айём чунон мусибате хоҳад шуд, ки аз ибтидои офариниш, ки Худо офарид, то ҳол нашудааст ва бори дигар нахоҳад шуд.
20 Ва агар Худованд он айёмро кўтоҳ намекард, касе наҷот намеёфт; лекин аз барои баргузидагоне ки Ў интихоб намудааст, он айёмро кўтоҳ кардааст.
21 Дар он ҳангом агар касе ба шумо гўяд:’’Инак Масеҳ дар ин ҷост ё дар он ҷост,- бовар накунед.
22 Зеро масеҳони козиб ва анбиёи козиб ба майдон омада, аломот ва мўъҷизот нишон хоҳанд дод, то ки, агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд.
23 Лекин шумо ҳушьёр бошед; инак, Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам.
24 Лекин дар он айём, пас аз он мусибат, офтоб хира шавад ва моҳ рўшноии худро надиҳад.
25 Ва ситорагон аз осмон фурў резанд, ва қувваҳои афлок мутазалзил шаванд.
26 Он гоҳ Писари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд.
27 Ва он гоҳ Ў фариштагони Худро фиристода, баргузидагони Худро аз чор ҷониб, аз канори замин то канори осмон фароҳам хоҳад овард.
28 Акнун аз дархти анҷир мисол гиред; чун шохааш нарм шуда, барг оварад, медонед, ки тобистон наздик аст;
29 Ҳамчунин шумо чун дидед, ки ин чизҳо воқеъ шудааст, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст.
30 Ба ростӣ ба шумо мегўям: ин насл ҳанўз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад шуд.
31 Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.
32 Аммо он рўз ва соатро, ғайр аз Падар, касе намедонад, на фариштагони осмон, на Писар.
33 Пас, барҳазар ва бедор бошед ва дуо гўед; зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад.
34 Монанди касе ки ба сафар рафта ва хонаи худро тарк карда, ба хизматгорони худ ихтиёр дод ва барои ҳар яке шуғли хосе муқарар намуд ва дарбонро фармуд, ки бедор бошад.
35 Пас, бедор бошед; зеро намедонед, ки соҳиби хона кай меояд, дар шом, ё ними шаб, ё ҳангоми бонги хурўс, ё бомдодон;
36 Мабодо ногаҳон омада, шуморо хуфта ёбад.
37 Аммо он чи ба шумо мегўям, ба ҳама мегўям:“Бедор бошед“.
1 То иди фисҳ ва фатир ду рўз монда буд; саркоҳинон ва китобдонон дар тараддуди он буданд, ки чӣ сон бо ҳила Ўро дастгир карда, ба қатл расонанд;
2 Лекин мегуфтанд:“На дар ид, мабодо дар байни мардум ошўбе рўй диҳад“.
3 Ва ҳангоме ки Ў дар Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъўни махавӣ назди суфра нишаста буд, - зане бо зарфи гаҷини равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳо омад ва зарфро шикаста, бар сари Ў рехт.
4 Баъзе касон норозӣ шуда, дар байни худ гуфтанд:“Чаро ин равғани атрафшон талаф шуд?“
5 Зеро онро ба зиёда аз сесад динор фурўхта, ба мискинон тақсим карда додан мумкин буд“. Ва он занро сарзаниш карданд.
6 Лекин Исо гуфт:“Вайро ором гузоред; чаро вайро хиҷил мекунед? Вай барои Ман кори некў кард.
7 Зеро мискинон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд ва ҳар гоҳ, ки бихоҳед, ба онҳо эҳсон карда метавонед; лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам.
8 Вай он чи метавонист, ба ҷо овард: Бадани Маро барои дафн пешакӣ тадҳин кард.
9 Ба ростӣ ба шумо мегўям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр хоҳад ёфт“.
10 Ва Яҳудои Исқарьют, ки яке аз он дувоздаҳ буд, пеши саркоҳинон рафт, то ки Ўро ба онҳо таслим.
11 Онҳо чун сухани вайро шуниданд, шод гаштанд, ва ба вай пул доданӣ шуданд. Вай дар ҷустуҷўи фурсати мувофиқ буд, ки Ўро таслим кунад.
12 Дар рўзи аввали иди фатир, ки барои фисҳ қурбонӣ мекарданд, шогирдонаш ба Ў гуфтанд:“Куҷо мехоҳӣ, ки фисҳро бихўрӣ, то рафта тайёр кунем?“
13 Пас ду нафарро аз шогирдонаш фиристода, ба онҳо гуфт:“Ба шаҳр биравед; марде ба шумо рост хоҳад омад, ки кўзаи обро бардошта мебарад; аз ақиби вай равона шавед,
14 Ба куҷое ки дарояд, ба соҳиби хона гўед:“Устод мегўяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо фисҳро бо шогирдони Худ бихўрам?“
15 Вай ба шумо болохонаи калони мафрушу тайёрро нишон медиҳад; дар он ҷо барои мо тайёри бинед“.
16 Шогирдонаш равона шуда, ба шаҳр омаданд, ва чунон ки Ў гуфта буд, ёфтанд; ва фисҳро омода карданд.
17 Бегоҳи рўз Ў бо он дувоздаҳ омад.
18 Ва ҳангоме ки нишаста таом мехўрданд, Исо гуфт:“Ба ростӣ ба шумо мегўям, ки яке аз шумоён, ки бо Ман таом мехўрад, Маро таслим хоҳад кард“.
19 Онҳо ғамгин шуда, паси ҳамдигар ба Ў гуфтанд:“Оё ин манам?“ Ва дигаре:“Оё ин манам?“
20 Лекин Ў ба ҷавоби онҳо гуфт:“Яке аз дувоздаҳ, ки бо Ман даст дар табақ меандозад“.
21 Агарчи Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ў навишта шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим карда шавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намеёфт.
22 Ва ҳангоме ки таом мехўрданд, Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо доду гуфт:“Бигиред ва бихўред, ки ин Бадани Ман аст“.
23 Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дод; ва ҳама аз он нўшиданд.
24 Ва ба онҳо гуфт:“Ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисьёр касон рехта мешавад.
25 Ба ростӣ ба шумо мегўям: Ман дигар аз шираи ангур нахоҳам нўшид, то ҳамон рўзе ки дар Малакути Худо маи тоза бинўшам“.
26 Ва ҳамду сано хонда, ба сўи кўҳи Зайтун равона шуданд.
27 Ва Исо ба онҳо гуфт:“Ҳамаи шумо имшаб дар ҳаққи Ман ба васваса хоҳед афтод; зеро навишта шудааст:“Чўпонро мезанам, ва гўсфандон пароканда хоҳанд шуд“.
28 Аммо пас аз эҳьё шуданам, пеш аз шумо ба Ҷалил хоҳам рафт.
29 Петрус ба Ў гуфт:“Агар ҳама ба васваса афтанд ҳам, ман намеафтам“.
30 Исо ба вай гуфт:“Ба рости ба ту мегўям, ки ту ҳоло, дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурўс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард“.
31 Лекин вай бо ҷидду ҷаҳди зиёдтар мегуфт:“Ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд, ҳам Туро ҳаргиз инкор накунам“. Дигарон низ ҳамчунон гуфтанд.
32 Ба мавзее омаданд, ки Ҷатсамонӣ ном дошт; ва Ў ба шогидонаш гуфт:“Дар ин ҷо бинишинед, то Ман дуо гўям“.
33 Ва Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро бо Худ бурд; ва дар изтироб афтод ва дилтанг шуд.
34 Ва ба онҳо гуфт:“Ҷони Ман то ба дараҷаи марговар маҳзун шудааст; дар ин ҷо бимонед ва бедор бошед“.
35 Ва, каме пештар рафта, рў ба замин афтод ва дуо гуфт, ки агар мумкин бошад, он соатро аз Ў бигзарад;
36 Ва гуфт:“Аббо, Падарам! Ҳама чиз назди Ту мумкин аст; ин косаро аз Ман бигзарон, лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту“.
37 Ва омада, онҳоро хуфта ёфт, ва ба Петрус гуфт:“Эй Шимъўн! Ту хуфтаӣ? Оё натавонисти соате бедор бошӣ?
38 Бедор бошед ва дуо гўед, то ба озмоиш дучор нашавед; рўҳ бардам аст, лакин ҷисм нотавон“.
39 Ва боз рафта бо ҳамон суханон дуо гуфт.
40 Ва баргашта, боз онҳоро хуфта ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буд; ва онҳо намедонистанд, ки ба Ў чӣ ҷавоб диҳанд.
41 Ва бори сеюм омада, ба онҳо гуфт:“Шумо ҳанўз мехобед ва истироҳат мекунед? Вассалом, соат расидааст, инак Писари Одам ба дасти гуноҳкорон таслим карда мешавад;
42 Бархезед, биравем: инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад“.
43 Ва дарҳол, ҳанўз ки Ў сухан мегуфт, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай медуми бисьёре аз ҷониби саркоҳинон, китобдоднон ва пирон бо шамшеру таёқҳо омаданд.
44 Таслимкунандаи Ў ишорате ба онҳо дода, гуфт буд:“Ҳар киро бибўсам, Ў ҳамон аст; Ўро дастгир кунеду бо эҳтиёт баред“.
45 Ва чун омад, дарҳол ба Ў наздик шуда, гуфт:“Эй Устод! Эй Устод!“ Ва Ўро бўсид.
46 Ва онҳо дастҳои худро бар Ў андохта, Ўро гирифтанд.
47 Аммо яке аз ҳозирон шамшери худро кашида, ба ғуломи саркоҳин заду як гўши вайро бурида партофт.
48 Исо ба онҳо рў оварда гуфт:“Гўё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед;
49 Ҳар рўз Ман назди шумо дар маъбад будам ва таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед; лекин бигзор Навиштаҳо ба амал ояд.
50 Он гоҳ ҳама Ўро вогузошта, гурехтанд.
51 Ҷавоне ҷисми бараҳнаи худро бо чодире печонда, аз ақиби Ў мерафт; ва сарбозон вайро дастгир карданд.
52 Лекин вай чодирро партофта, тани бараҳна аз дасти онҳо гурехт.
53 Ва Исоро назди саркоҳин оварданд; ва тамоми саркоҳинон ва пирон ва китобдонон назди вай гирд омаданд.
54 Перус аз дур, то даруни ҳавлии саркоҳин аз паи Ў равона шуда, бо хизматгорон нишаст ва назди оташ худро гарм мекард.
55 Саркоҳинон ва тамоми шўрои пирон дар ҷустуҷўи шаҳодате бар зидди Исо буданд, то Ўро ба қатл расонанд, лекин наёфтанд.
56 Зеро бисьёр касон бар зидди Ў шаҳодати бардурўғ доданд, лекин ин шаҳодатҳо ба якдига мувофиқ набуд.
57 Ва баъзе касон бархоста, бар зидди Ў шаҳодати бардурўғ дода, гуфтанд:
58 „Мо шунидем, ки Ў мегуфт’’Ман ин маъбади бо дасти одам сохташударо вайрон мекунам ва дар се рўз дигареро бино мекунам, ки бо дасти одам сохта нашуда бошад’’„.
59 Лекин чунин шаҳодати онҳо низ мувофиқ набуд.
60 Пас саркоҳин бархост ва дар миёна истода, аз Исо пурсид:“Чаро Ту ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист, ки инҳо бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?“.
61 Аммо Ў хомўш монд ва ҳеҷ ҷавоб надод. Боз саркоҳин аз Ў пурсида, гуфт:“Оё Ту Масеҳ Писари Худои Муборак ҳастӣ?“.
62 Исо гуфт:“Ман ҳастам; ва шумо Писари Одамро хоҳед дид, ки ба ямини Қудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд“.
63 Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро дарронда, гуфт:“Дигар ба шоҳидон чӣ ҳоҷат дорем?“
64 „Шумо куфрро шунидед; чӣ мулоҳиза доред?“ Пас ҳама Ўро айбдор карда, сазовори марг донистанд.
65 Ва баъзе касон ба сару рўи Ў туф кардан гирифтанд ва рўяшро пўшида, Ўро мезаданд ва мегуфтанд, ки:“Нубавват кун“. Ва хизматгорон Ўро торсакӣ мезаданд.
66 Ҳангоме ки Петрус дар поён, дар рўи ҳавли буд, яке аз канизони саркоҳин омад
67 Ва чун дид, ки Петрус худро гарм мекунад, ба вай нигоҳ карда, гуфт:“Ту низ бо Исои Носирӣ будӣ“.
68 Лекин вай инкор карда, гуфт:“Намедонам ва намефаҳмам, ки ту чӣ мегўӣ“.Ва ба ҳавлии берун рафта буд, ки хурўс бонг зад.
69 Каниз бори дигар вайро дида, ба ҳозирон гуфт:“Ин яке аз онҳост“.
70 Вай бори дигар инкор кард. Пас аз муддате ҳозирон ба Петрус гуфтанд:“Дар ҳақиқат ту яке аз онҳо мебоши; зеро ки ту аз Ҷалил ҳастӣ ва лаҳҷаи ту ҳамон хел аст“.
71 Лекин вай ба савганду қасам хўрдан оғоз намуда, гуфт:“Он Одамро, ки мегўед, намешиносам“.
72 Ҳамон дам хурўс бори дуюм бонг зад. Он гоҳ Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки Вай гуфта буд:“Пеш аз он ки хурўс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард“ Ва оғоз ба гиристан намуд.
1 Бомдодон фавран саркоҳинон бо пирон ва китобдонон ва тамоми шўрои пирон машварат карданд ва Исоро баста бурданду ба Пилотус таслим карданд.
2 Пилотус аз Ў пурсид:“Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ?“ Ў ҷавоб дода гуфт:“Ту мегўӣ“.
3 Ва саркоҳинон Ўро бисьёр айбдор мекарданд.
4 Пилотус боз аз Ў пурсид:“Ту ҳеҷ ҷавобе намедиҳӣ? Бингар, ки чи қадар Туро айбдор мекунанд“.
5 Лекин Исо боз ҳеҷ ҷавоб надод, ба тавре ки Пилотус дар ҳайрат монд.
6 Дар ҳар ид вай як бандиро, ки мехостанд, барои онҳо озод мекард.
7 Бараббос ном касе бо шариконаш дар ҳабс буд, ки онҳо дар вақти исьён одам кушта буданд.
8 Ва мардум фарьёд зада, илтимос карданд, ки он чиро, ки ҳамеша барои онҳо мекард, ба ҷо оварад.
9 Вай ба ҷавоби онҳо гуфт:“Оё мехоҳед, Подшоҳи Яҳудиёнро барои шумо озод кунам?“
10 Зеро медонист, ки саркоҳинон Ўро аз рўи ҳасад таслим карда буданд.
11 Лекин саркоҳинон мардумро барангехта буданд, ки Бараббосро барои онҳо озод кунад, беҳтар аст.
12 Пилотус боз ба ҷавоби онҳо гуфт:“Пас чӣ мехоҳед бикунам бо он Касе ки Ўро Подшоҳи Яҳудиён меномед?“
13 Онҳо боз фарьёд задана:“Ўро маслуб кун!“
14 Пилотус ба онҳо гуфт:“Ў чӣ бадӣ кардааст?“Лекин онҳо боз ҳам зиёдтар фарьёд заданд:“Ўро маслуб кун!“.
15 Пас Пилотус, мардумро хушнўд кардани шуда, Бараббосро барои онҳо озод кард ва Исоро тозиёна зада, барои маслуб кардан таслим кард.
16 Ва сарбозон Ўро ба даруни ҳавлӣ, яъне ба сарбозхона бурданд ва тамоми фавҷро гирд оварданд;
17 Ва ҷомаи арғувон ба Ў пўшонданд ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд;
18 Ва оғоз ба салом намуданд:“Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!“
19 Ва қамиш бар сараш заданд ва бар Ў туф карданд ва, зону зада, ба Ў таъзим карданд.
20 Пас аз он ки Ўро басе истеҳзо карданд, ҷомаи арғувонро аз танаш кашида, либоси Худашро пўшонданд ва Ўро берун бурданд, то маслуб кунанд.
21 Ва роҳгузареро аз Қурин, ки Шимъўн ном дошт ва падари Искандар ва Руфус буд ва аз саҳро меомад, маҷбур карданд, ки салиби Ўро бардорад.
22 Ва Исоро ба ҷое бурданд, ки Ҷолҷолто, яъне“Ҷои косахонаи сар“ ном дошт.
23 Ва шароби бо мур омехтаро барои нўшонданаш доданд; лекин Ў нанўшид.
24 Ононе ки Ўро маслуб карданд, либоси Ўро қуръа партофта тақсим карданд, то ҳар кас чизе бигирад.
25 Ва соати сеюм буд, ки Ўро маслуб карданд.
26 Ва бар Ў чунин айбномае навишта шуда буд:“Подшоҳи Яҳудиён“.
27 Бо Ў ду роҳзанро, яке аз дасти росташ ва дигареро аз дасти чапаш, маслуб карданд.
28 Пас ба амал омад он Навиштае ки мегўяд:“Аз ҷинояткорон шумурда шуд“.
29 Ва роҳгузарон Ўро дашном дода ва сар ҷунбонда, мегуфтанд:“Эй Ту ки маъбадро вайрон карда, дар се рўз аз нав бино мекунӣ!
30 Худатро наҷот дода, аз салиб фурўд ой“
31 Ҳамчунин саркоҳинон ва китобдонон Ўро истеҳзо карда, ба якдигар мегуфтанд:“Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад!“
32 Масеҳ, Подшоҳи Исроил, бигзор акнун аз салиб фурўд ояд, то бубинем ва имон оварем“. Ва онҳое ки бо Ў маслуб шуда буданд, Ўро дашном медоданд.
33 Чун соати шашум расид, тамоми заминро то соати нўҳум торикӣ фаро гирифт.
34 Ва дар соати нўҳум Исо бо овози баланд фарьёд зада, гуфт:“Элўҳӣ, Элўҳӣ! Лама сабақтанӣ?“ яъне:“Худои Ман, Худои Ман! Чаро маро тарк кардаӣ?“.
35 Баъзе аз ҳозирон, чун шуниданд, гуфтанд:“Инак Ильёсро мехонад“.
36 Пас шахсе шитоб карда, исфанҷеро аз сирко пур кард ва бар сари най ниҳода, ба Ў нўшонидани шуд ва гуфт:“Биистед, бубинем, ки оё Ильёс меояд, то Ўро фурўд оварад?“
37 Лекин Исо садои баланде бароварда, ҷон дод.
38 Ва пардаи маъбад аз боло то поён дарида, ду пора шуд.
39 Мирисаде ки рў ба рўи Ў меистод, чун дид, ки Ў бо чунин садо ҷон дод, гуфт:“Ба ростӣ ин Одам Писари Худо буд“.
40 Якчанд зан низ буданд, ки аз дур нигоҳ мекарданд: аз он ҷумла Марьями Маҷдали ва Марьяме ки модари Яъқуби кўчак ва Йўсе буд, ва Салўмит,
41 Ки ҳангоми дар Ҷалил буданаш аз ақиби Ў мерафтанд ва ба Ў хизмат мекарданд, ва бисьёр занони дигар, ки ҳамроҳи Ў ба Ерусалим омада буданд.
42 Ва чун шом шуд, зеро ки рўзи ҷумъа, яъне бегоҳи шанбе буд,
43 Юсуф ном шахсе аз Ҳаромот, узви намоёни шўро, ки худаш низ интизори Малакути Худо буд, омад ва ҷасорат карда назди Пилотус даромад ва Ҷасади Исоро талаб кард;
44 Пилотус дар ҳайрат афтод, ки Ў зуд фавтидааст; ва юзбоширо талабида, аз вай пурсид, ки оё фавтид?
45 Ва чун юзбошӣ фаҳмид, Ҷасадро ба Юсуф дод.
46 Вай катоне харида ва Ҷасадро аз салиб фуроварда, ба катон печонд ва ба қабре ки дар дохили санг тарошида буд, ниҳод; ва сангеро бар дари қабр ғелонд.
47 Ва Марьями Маҷдалия ва Марьями модари Йўсе диданд, ки куҷо гузошта шуд.
1 Баъд аз гузаштани шанбе, Марьями Маҷдалия ва Марьяме ки модари Яъқуб буд, ва Салўмут ҳанут хариданд, то рафта Ўро тадҳин кунад.
2 Ва саҳарии рўзи якшанбе, чун офтоб тулў кард, онҳо ба сари қабр омаданд,
3 Ва ба ҳамдигар мегуфтанд:“Сангро аз дари қабр барои мо кӣ меғелонад?“
4 Чун нигаристанд, диданд, ки санг ғелонда шудааст; ва ҳол он ки он бисьёр бузург буд.
5 Ва чун ба қабр даромаданд, ҷавонеро дар тарафи рост нишаста диданд, ки либоси сафед дар бар дошт; ва ҳайрон шуданд.
6 Вай ба онҳо гуфт:“Ҳайрон нашавед. Исои Носирии маслубро ҷустуҷў мекунед; Ў эҳьё шуд ва дар ин ҷо нест. Инак ҷое ки Ўро ниҳода буданд.
7 Лекин рафта, ба шогидони Ў ва ба Петрус гўед, ки Ў пеш аз шумо ба Ҷалил меравад; Ўро, чунон ки ба шумо гуфта буд, дар он ҷо хоҳед дид“.
8 Ва зуд баромада, тозон аз пеши қабр рафтанд; онҳоро ларза ва даҳшат фаро гирифта буд, ва ба касе чизе нагуфтанд, зеро ки метарсиданд.
9 Саҳарии рўзи якшанбе эҳьё шуда, аввал ба Марьями Маҷдалия, ки аз вай ҳафт девро берун карда буд, зоҳир шуд.
10 Вай рафта, ба ҳамроҳони Ў, ки гирьёну нолон буданд, хабар дод;
11 Лекин онҳо чун шуниданд, ки Ў зинда аст, ва Ўро вай дидааст, бовар накарданд.
12 Баъд аз он ба сурати дигар ба ду нафари онҳо, ки ба деҳа мерафтанд, дар роҳ зоҳир шуд.
13 Ва онҳо баргашта, ба дигарон хабар доданд’ лекин ба онҳо низ бовар накарданд.
14 Ниҳоят ба он ёздаҳ, ки дар сари суфра нишаста буданд, зоҳир шуд ва онҳоро ба сабаби беимонӣ ва дилсахтиашон сарзаниш кард, зеро ба онҳо ки Ўро эҳьё шуда дида буданд, бовар накарданд.
15 Ва ба онҳо гуфт:“Ба тамоми олам биравед ва Инҷилро ба ҳамаи махлуқот мавъиза кунед.
16 Ҳар кӣ имон оварда, таъмид ёбад, наҷот хоҳад ёфт; лекин ҳар кӣ имон наоварад, маҳкум хоҳад шуд.
17 Ва ин аломот ҳамроҳи имондорон хоҳад буд: ба исми Ман девҳоро берун кунанд ва ба забонҳои нав сухан гўянд;
18 Ва морҳоро гиранд; ва агар заҳри қотиле бихўранд, ба онҳо осеб нарасонад; ва даст бар беморон ниҳанд, онҳо шифо ёбанд“.
19 Ва Худованд, пас аз он ки ба онҳо сухан гуфт, ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишаст.
20 Ва онҳо берун рафта, дар ҳар ҷо мавъиза мекарданд, ва Худованд ба онҳо мадад мерасонд ва бо аломати баъдина каломро собит мегардонд.