1 Ва Исо аз маъбад баромада, мерафт. Ва шогирдонаш назди Ӯ омаданд, то ки иморатҳои маъбадро ба Ӯ нишон диҳанд.
2 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар ин ҷо санге бар санге нахоҳад монд; ҳамааш хароб хоҳад шуд».
3 Вақте ки Ӯ бар кӯҳи Зайтун нишаста буд, шогирдонаш ба танҳоӣ назди Ӯ омада, пурсиданд: «Моро огоҳ кун, ки кай воқеъ мешавад? Ва аломати омадани Ту ва охири замон чӣ гуна аст?»
4 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад;
5 Зеро бисёр касон бо номи Ман омада, гӯянд, ки "ман Масеҳ ҳастам", ва мардуми бисёрро гумроҳ хоҳанд кард.
6 Ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро хоҳед шунид. Зинҳор, натарсед; зеро ҳамаи ин бояд воқеъ шавад; лекин ин ҳанӯз интиҳо нест:
7 Зеро қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард, ва дар ҳар ҷо қаҳтиҳо, вабоҳо ва зилзилаҳо рӯй хоҳад дод;
8 Аммо ҳамаи инҳо ибтидои дардҳост.
9 Он гоҳ шуморо ба шиканҷаҳо таслим карда, хоҳанд кушт; ва ҳамаи қавмҳо аз барои номи Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт.
10 Дар он замон бисёр касон ба васваса хоҳанд афтод; ва якдигарро таслим хоҳанд кард ва аз якдигар нафрат хоҳанд дошт.
11 Ва басе пайғамбарони козиб ба майдон омада, мардуми бисёрро гумроҳ хоҳанд кард;
12 Ва ба сабаби афзудани шарорат, муҳаббати бисёр касон сард хоҳад шуд;
13 Лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.
14 Ва ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид.
15 Пас, чун кароҳати хоробиро, ки Дониёли пайғамбар ба забон овардааст, дар ҷои пок бар по бубинед, – ҳар кӣ хонад, дарк кунад, –
16 Он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд;
17 Ва ҳар кӣ дар бом бошад, барои гирифтани чизе аз хонаи худ, поён нафурояд;
18 Ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад.
19 Лекин вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём!
20 Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар зимистон ва ё рӯзи шанбе рӯй надиҳад;
21 Зеро дар он замон чунон мусибати бузурге хоҳад шуд, ки аз ибтидои олам то ҳол нашудааст, ва бори дигар нахоҳад шуд.
22 Ва агар он айём кӯтоҳ намешуд, ҳеҷ кас наҷот намеёфт; лекин аз барои баргузидагон он айём кӯтоҳ хоҳад шуд.
23 Дар он ҳангом агар касе ба шумо гӯяд: "Инак Масеҳ дар ин ҷост" ё "дар он ҷост", бовар накунед;
24 Зеро ки масеҳиёни козиб ва пайғамбарони козиб ба майдон омада, аломот ва мӯъҷизоти бузурге нишон хоҳанд дод, то ки, агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд.
25 Инак, Ман пешакӣ ба шумо гуфтам.
26 Пас, агар ба шумо гӯянд: "Инак, дар биёбон аст", – берун наравед; "инак дар ҳуҷра аст", – бовар накунед;
27 Зеро, чӣ тавре ки барқ дар шарқ зоҳир шуда, дар ғарб ҳам намудор мегардад, омадани Писари Одам низ чунин хоҳад шуд;
28 Ҳар ҷо, ки лошае бошад, каргасон дар он ҷо ҷамъ шаванд.
29 Ва фавран, пас аз мусибати он айём, офтоб хира шавад, ва моҳ рӯшноии худро надиҳад, ва ситорагон аз осмон фурӯ резанд, ва қуваҳои афлок мутазалзил шаванд;
30 Он гоҳ аломати Посари Одам дар осмон намудор хоҳад гардид; ва он гоҳ ҳамаи қабилаҳои рӯи замин навҳа кунанд ва Писари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд;
31 Ва фариштагони Худро бо карнаи баланднавоз хоҳад фиристод, ва баргузидагони Ӯро аз чор ҷониб, аз як канори осмон то канори дигараш фароҳам хоҳад овард.
32 Акнун аз дарахти анҷир мисол гиред: чун шохааш нарм шуда, барг оварад, медонед, ки тобистон наздик аст;
33 Ҳамчунин шумо чун ҳамаи ин чизҳоро дидед, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст.
34 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад шуд.
35 Осмон ва замин гузарон аст, лекин сухани Ман гузарон нест.
36 Аммо он рӯз ва соатро, ғайр аз Падари Ман, ҳеҷ кас, ҳатто фариштагони осмон ҳам намедонанд;
37 Чи тавре ки дар айёми Нӯҳ шуда буд, дар омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд:
38 Зеро, чи тавре ки дар айёми пеш аз тӯфон, то он рӯзе ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мерафтанд,
39 Ва чизе намефаҳмиданд, то даме ки тӯфон омада, ҳамаро несту нобуд кард, – омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд;
40 Он вақт аз ду нафаре ки дар киштзор ҳастанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;
41 Ва аз ду зане ки бо дастос машғуланд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд.
42 Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Худованди шумо дар кадом соат меояд.
43 Лекин ҳаминро шумо медонед, ки агар соҳиби хона медонист ки дар кадом поси шаб дузд меояд, бедор монда, намегузошт, ки ба хонааш нақб занад.
44 Бинобар ин шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд.
45 Пас он ғуломи мӯътамад ва доно кист, ки хоҷааш вайро бар хизматгорони худ таъин карда бошад, то ки ба онҳо дар сари вақт хӯрок диҳад?
46 Хушо он ғуломе ки хоҷааш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад;
47 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вайро бар тамоми дороии худ таъин хоҳад кард.
48 Лекин агар он ғулом бадкирдор бошад ва дар дили худ гӯяд, ки "хоҷаи ман ба зудӣ намеояд",
49 Ва ба задани ғуломони дигар шурӯъ кунад ва бо бадмастон ба хӯрдан ва нӯшидан машғул шавад, –
50 Хоҷаи он ғулом дар он рӯзе ки вай мунтазир нест, ва дар соате ки гумон надорад, хоҳад омад,
51
52 Ва ӯро ду пора карда, қисматашро бо риёкорон баробар хоҳад кард: дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд».
1 «Дар он замон Малакути Осмон монанди даҳ бокирае хоҳад буд, ки чароғҳои худро бардошта, ба пешвози домод берун рафтанд;
2 Аз онҳо панҷ нафар доно ва панҷ нафар нодон буданд;
3 Нодонон чароғҳои худро гирифтанд, вале бо худ равған нагирифтанд;
4 Лекин доноён бо чароғҳои худ дар зарфҳо низ равған гирифтанд;
5 Чун домод дер монд, ҳама пинак рафта, хуфтанд.
6 Ва дар нисфи шаб овозе баланд шуд: "Инак, домод меояд, ба пешвози вай берун оед".
7 Он гоҳ ҳамаи бокираҳо бархоста, чароғҳои худро тайёр карданд.
8 Ва нодонон ба доноён гуфтанд: "Аз равғани худ ба мо диҳед, зеро чароғҳои мо хомӯш мешавад".
9 Аммо доноён дар ҷавоб гуфтанд: "Не мабодо барои мо ва шумо камӣ кунад; беҳтар аст, ки шумо назди фурӯшандагон рафта, барои худ бихаред".
10 Ва ҳангоме ки онҳо барои харидан рафтанд, домод омада, ва онҳое ки тайёр буданд, бо вай ба тӯи арӯсӣ даромаданд, ва дар баста шуд.
11 Баъд аз он, бокираҳои дигар низ омада, гуфтанд: "Эй хоҷа! Эй хоҷа! Ба мо воз кун".
12 Лекин вай дар ҷавоби онҳо гуфт: "Ба ростӣ ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам".
13 Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Писари Одам дар кадом рӯз ва кадом соат меояд.
14 Зеро монанди касест, ки ба сафари дур рафтанӣ шуда, ғуломони худро талабид ва молу мулкашро ба онҳо супурд:
15 Ба яке панҷ талант, ба дигаре ду, ба сеюмӣ як, яъне ба ҳар кадом алоқадри ҳолаш дода, дарҳол ба сафар рафт.
16 Он ки панҷ талант гирифта буд, ба тиҷорат машғул шуд ва панҷ таланти дигар фоида кард;
17 Ҳамчунин он ки ду талант гирифта буд, ду таланти дигар ба даст овард;
18 Лекин он ки як талант гирифта буд, рафта заминро канд ва пули хоҷаи худро пинҳон кард.
19 Пас аз муддати дуру дарозе хоҷаи он ғуломон омада, аз онҳо ҳисобот талаб кард.
20 Он ки панҷ талант гирифта буд, панҷ таланти дигарро ҳам оварда, гуфт: "Эй хоҷа! Ту ба ман панҷ талант дода будӣ; инак, бо онҳо панҷ таланти дигар ба даст овардам".
21 Хоҷааш ба вай гуфт: "Офарин, эй ғуломи нек ва мӯътамад! Ту дар чизи андак мӯътамад будӣ, туро бар чизҳои бисёр бигуморам; ба шодии хоҷаи худ шарик шав".
22 Ҳамчунон он ки ду талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: "Эй хоҷа! Ту ба ман ду талант дода будӣ, инак, бо онҳо ду таланти дигарро ба даст овардам".
23 Хоҷааш ба вай гуфт: "Офарин, эй ғуломи нек ва мӯътамад! Ту дар чизи андак мӯътамад будӣ, туро бар чизҳои бисёре бигуморам; ба шодии хоҷаи худ шарик шав".
24 Пас он ки як талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: "Эй хоҷа! Чун медонистам, ки ту Марди сахтгире ҳастӣ, аз ҷое ки накоштаӣ, медаравӣ, ва аз ҷое ки напошидаӣ, ҷамъ мекунӣ,
25 Бинобар ин тарсидам ва рафта, таланти худро дар замин пинҳон кардам; инак, моли ту ин ҷост".
26 Хоҷааш дар ҷавоби вай гуфт: "Эй ғуломи шарир ва танбал! Ту медонистӣ, ки ман аз ҷое ки накоштаам, медаравам, ва аз ҷое ки напошидаам ҷамъ мекунам;
27 Аз ин рӯ ту мебоист пули маро ба сароффон медодӣ, ва ман омада, пули худро бо фоидааш мегирифтам;
28 Пас он талантро аз вай гирифта, ба касе ки даҳ талант дорад, бидиҳед.
29 Зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзун шавад; лекин ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад;
30 Ва он ғуломи нобакорро ба зулмоти беруна бароварда партоед: дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд".
31 Лекин вақте ки Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони пок меояд, он гоҳ бар тахти ҷалоли Худ хоҳад нишаст,
32 Ва ҳамаи халқҳо дар назди Ӯ ҷамъ хоҳанд шуд; ва онҳоро аз якдигар ҷудо хоҳад кард, мисли чӯпоне ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад;
33 Ва гӯсфандонро дар тарафи рост ва бузҳоро дар тарафи чапи Худ ҷой хоҳад дод.
34 Он гоҳ Подшоҳ ба онҳое ки ба тарафи рости Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: "Биёед, эй баракатёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос гиред:
35 Зеро ки гурусна будам, ба Ман хӯрок додед, ташна будам, ба Ман об додед; ғариб будам, Маро пазируфтед;
36 Бараҳна будам, Маро пӯшондед; бемор будам, Маро иёдат кардед; дар зиндон будам, ба дидани Ман омадед".
37 Он гоҳ одилон дар ҷавоб хоҳанд гуфт: "Худовандо! Кай Туро гурусна дидему хӯрок додем? Ё ташна дидему об додем?
38 Кай Туро ғариб дидему пазируфтем? Ё бараҳна дидему пӯшондем?
39 Кай Туро бемор ё маҳбус дидему ба дидани Ту омадем?"
40 Ва Подшоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳад гуфт: "Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи ба яке аз ин бародарони хурдтарини Ман кардед, ба Ман кардед".
41 Он гоҳ ба онҳое ки ба тарафи чапи Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: "Эй малъунон, аз Ман дур шавед ва ба оташи ҷовидонае ки барои иблис ва фариштагони вай муҳайё шудааст, биравед:
42 Зеро ки гурусна будам, ба Ман хӯрок надодед; ташна будам, ба Ман об надодед;
43 Ғариб будам, Маро напазируфтед; бараҳна будам, Маро напӯшондед; бемор ва маҳбус будам, ба иёдати Ман наомадед".
44 Онҳо низ дар ҷавоби Ӯ хоҳанд гуфт: "Худовандо! Кай Туро гурусна, ё ташна, ё ғариб, ё бараҳна, ё бемор, ё маҳбус дидему ба Ту хизмат накардем?"
45 Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳад гуфт: "Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи шумо ба яке аз ин хурдтаринҳо накардед, ба Ман накардед".
46 Ва онҳо ба азоби ҷовидонӣ хоҳанд рафт, вале одилон – ба ҳаёти ҷовидонӣ».
1 Чун Исо ҳамаи ин суханонро ба поён расонд, ба шогирдони Худ гуфт:
2 «Шумо медонед, ки пас аз ду рӯз иди фисҳ аст, ва Писари Одам таслим карда хоҳад шуд, то ки маслуб гардад».
3 Он гоҳ саркоҳинон ва китобдонон ва пирони қавм дар ҳавлии саркоҳин, ки Қаёфо ном дошт, ҷамъ омаданд,
4 Ва машварат карданд, ки Исоро бо ҳила дастгир карда, ба қатл расонанд;
5 Лекин мегуфтанд: «На дар ид, мабодо дар байни мардум ошӯбе рӯй диҳад».
6 Ва ҳангоме ки Исо дар Байт-Ҳинӣ дар хонаи Шимъӯни махавӣ буд,
7 Зане бо зарфи гаҷини равғани атрафшони гаронбаҳо назди Ӯ омад ва дар ҳолате ки Ӯдар сари дастархон нишаста буд, бар сари Ӯ рехт.
8 Ва шогирдонаш, чун инро диданд, норозӣ шуда, гуфтанд: «Ин исрофкорӣ барои чист?
9 Зеро ки равғани атрафшонро ба қимати гарон фурӯхта, ба мискинон додан мумкин буд».
10 Лекин Исо инро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро занро хиҷил мекунед? Вай барои Ман кори некӯ кард;
11 Зеро мискинон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам;
12 Вай ин равғани атрафшонро бар Бадани Ман рехта, Маро барои дафн тайёр кард;
13 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр хоҳад ёфт».
14 Он гоҳ яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудои Исқарют ном дошт, пеши саркоҳинон рафт
15 Ва гуфт: «Ба ман чӣ хоҳед дод, то ки Ӯро ба шумо таслим кунам?» Онҳо ба вай сӣ сиккаи нуқра таклиф карданд;
16 Ва аз он дам вай фурсат меҷуст, ки Ӯро таслим кунад.
17 Дар рӯзи аввали иди фатир шогирдон назди Исо омада, гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ фисҳро барои хӯрдани Ту тайёр кунем?»
18 Гуфт: «Ба шаҳр назди фалонӣ биравед ва бигӯед: "Устод мегӯяд: вақти Ман наздик аст, ва фисҳро бо шогирдони Худ дар хонаи ту мегузаронам"».
19 Ва шогирдон он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд, ва фисҳро омода карданд.
20 Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ дар сари дастархон нишаст;
21 Ва ҳангоме ки таом мехӯрданд, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумоён Маро таслим хоҳад кард».
22 Онҳо бисёр ғамгин шуданд ва паси ҳамдигар ба Ӯ мегуфтанд: «Худовандо, оё он манам?»
23 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Он ки бо Ман даст дар табақ меандозад, ҳамон кас Маро таслим хоҳад кард;
24 Агарчи Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим шавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намеёфт».
25 Дар ҷавоб Яҳудо, ки таслимкунандаи Ӯ буд гуфт: «Эй Устодам, оё ин манам?» Ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ».
26 Ва ҳангоме ки онҳо таом мехӯрданд, Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба шогирдон доду гуфт: «Бигиред ва бихӯред, ки ин бадани Ман аст».
27 Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дода, гуфт: «Ҳама аз ин бинӯшед;
28 Зеро ин аст Хуни Ман аз паймони навин, ки барои бисёр касон аз баҳри омурзиши гуноҳҳо рехта мешавад.
29 Аммо ба шумо мегӯям, ки минбаъд аз ин шираи ангур нахоҳам нӯшид, то ҳамон рӯзе ки дар Малакути Падари Худ онро бо шумо тоза бинӯшам».
30 Ва ҳамду сано хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шуданд.
31 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб дар ҳаққи Ман ба васваса хоҳед афтод, зеро навишта шудааст: «Чӯпонро мезанам, ва гӯсфандони рама пароканда хоҳанд шуд».
32 Аммо пас ас эҳё шуданам, пеш аз шумо ба Ҷалил хоҳам рафт».
33 Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Агар ҳама дар ҳаққи Ту ба васваса афтанд ҳам, ман ҳаргиз намеафтам».
34 Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард».
35 Петрус ба Ӯ гуфт: «Ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд, Туро инкор намекунам». Ҳамаи шогирдон низ ҳамчунин гуфтанд.
36 Баъд аз ин Исо бо онҳо ба мавзее ки Ҷатсамонӣ номдошт, омад, ва ба шогирдонаш гуфт: «Дар ин ҷо бинишинед, то дар он ҷо дуо гӯям».
37 Ва Петрус ва ҳарду писари Забдойро бо Худ бурд; ва хеле маҳзун ва дилтанг шуд.
38 Ва ба онҳо гуфт: «Ҷони Ман то ба дараҷаи марговар маҳзун шудааст; дар ин ҷо бимонед ва бо Ман бедор бошед».
39 Ва каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо карда, гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин бошад, ин коса аз Ман бигзарад; лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту».
40 Ва назди шогирдонаш омада, онҳоро хуфта ёфт, ва ба Петрус гуфт: «Оё натавонистед соате бо Ман бедор бошед?
41 Бедор бошед ва дуо гӯд, то ба озмоиш дучор нашавед: рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон».
42 Бори дигар рафта, боз дуо кард ва гуфт: «Эй Падари ман! Агар мумкин набошад, ки ин коса, бе он ки онро бинӯшам, аз ман бигзарад, пас он чи иродаи Туст, бишавад».
43 Ва омада, боз онҳоро хуфта ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буд.
44 Ва онҳоро гузошта, боз рафт ва бори сеюм бо ҳамон суханон дуо гуфт.
45 Он гоҳ назди шогирдонаш омада, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Инак, соат расидааст, ва Писари Одам ба дасти гуноҳкорон таслим карда мешавад;
46 Бархезед, биравем: инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад».
47 Ва ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисёре аз ҷониби саркоҳинон ва пирони қавм бо шамшеру таёқҳо омаданд.
48 Таслимкунандаи Ӯ ишорате ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бибӯсам, Ӯ Ҳамон аст, Ӯро дастгир кунед».
49 Ва дарҳол назди Исо омада, гуфт: «Ассалом, эй Устод!» Ва Ӯро бӯсид.
50 Лекин Исо ба вай гуфт: «Эй рафиқ, барои чӣ омадӣ?» Ва онҳо наздик омада, дастҳои худро бар Исо андохтанд, ва Ӯро гирифтанд.
51 Ва ногоҳ яке аз ҳамроҳони Исо даст оварда, шамшери худро аз ғилоф кашид ва ба ғуломи саркоҳин зада, гӯши вайро бурида партофт.
52 Исо ба вай гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун, зеро ҳар кӣ шамшер кашад, ба шамшер кушта шавад.
53 Ё гумон мекунӣ, ки алҳол наметавонам аз Падари Худ хоҳиш намоям, ки барои Ман зиёда аз дувоздаҳ фавҷ фриштагонро равона кунад?
54 Лекин дар он сурат Навиштаҳо чӣ гуна ба амал меояд, ки ҳамин тавр бояд бишавад?
55 Лекин ҳамон соат Исо ба мардум гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед, ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад нишаста, таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед.
56 Лекин ин ҳама шуд, то ки навиштаҳои пайғамбарон ба амал ояд». Он гоҳ ҳамаи шогирдон Ӯро вогузошта, гурехтанд.
57 Ва онҳое ки Исоро дастгир карданд, Ӯро назди саркоҳин Қаёфо оварданд, ки дар он ҷо китобдонон ва пирон ҷамъ омада буданд.
58 Лекин Петрус аз дур, то ҳавлии саркоҳин, аз пайи Ӯ равона шуд; ва ба даруни он даромада, бо хизматгорон нишаст, то ки анҷоми корро бубинад.
59 Саркоҳинон ва тамоми шӯрои пирон дар ҷустуҷӯи шаҳодати бардурӯғе бар зидди Исо буданд, то Ӯро ба қатл расонанд,
60 Лекин наёфтанд; бо вуҷуди он ки бисёр шоҳидони козиб омада буданд, ҳеҷ наёфтанд. Ниҳоят, ду шоҳиди козиб омада,
61 Гуфтанд: «Ӯ мегуфт: "Метавонам маъбади Худоро вайрон кунам ва дар зарфи се рӯз онро аз нав бино кунам"».
62 Ва саркоҳин бархоста, ба Ӯ гуфт: «Ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист ки инҳо бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?»
63 Аммо Исо хомӯш монд. Ва саркоҳин ба Ӯ гуфт: «Туро ба Худои Ҳай қасам медиҳам, ба мо бигӯ, ки оё Ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ?»
64 Исо ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ; аммо Ман ба шумо мегӯям: пас аз ин Писари Одамро хоҳед дид, ки ба ямини қудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд».
65 Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро даронда гуфт: «Ӯ куфр гуфт! Дигар ба шоҳидон чи ҳоҷат дорем? Инак, акнун шумо куфри Ӯро шунидед!
66 Чӣ мулоҳиза доред?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Сазовори марг аст».
67 Он гоҳ ба сару рӯи Ӯ туф кардан гирифтанд, ва Ӯро мезаданд; баъзеҳо Ӯро торсакӣ мезаданд
68 Ва мегуфтанд: «Эй Масеҳ, ба мо пайғамбарӣ кун, ки Туро кӣ задааст?»
69 Аммо Петрус дар берун, дар рӯи ҳавлӣ нишаста буд. Ва канизе назди вай омада, гуфт: «Ту низ бо Исои Ҷалилӣ будӣ».
70 Лекин вай дар назди ҳама инкор карда, гуфт: «Намедонам, ки ту чӣ мегӯӣ».
71 Вақте ки аз дарвоза берун мерафт, канизи дигаре вайро дида, ба онҳое ки дар он ҷо буданд, гуфт: «Ин ҳам бо Исои Носирӣ буд».
72 Вай бори дигар инкор карда, қасам хӯрд, ки Он Одамро намешиносад.
73 Пас аз муддате ҳозирон наздик омада, ба Петрус гуфтанд: «Дар ҳақиқат ту низ яке онҳо мебошӣ, зеро ки лаҳҷаи ту ба ин шаҳодат медиҳад».
74 Он гоҳ вай ба савганду қасам хӯдан оғоз намуда, гуфт: «Он Одамро намешиносам». Ва дарҳол хурӯс бонг зад.
75 Ва Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард». Ва берун рафта, зор-зор гирист.
1 Чун бомдод расид, ҳамаи саркоҳинон ва пирони қавм дар бораи Исо машварат карданд, ки Ӯро ба қатл расонанд;
2 Ва Ӯро баста бурданду ба ҳоким Понтиюс Пилотус таслим карданд.
3 Таслимкунандаи Ӯ, Яҳудо, чун дид, ки Ӯро маҳкум карданд, пушаймон шуд ва сӣ сиккаи нуқраро ба саркоҳинон ва пирон гардонда дод,
4 Ва гуфт: «Ман гуноҳ кардам, ки Хуни бегуноҳро таслим кардам». Онҳо ба вай гуфтанд: «Ба мо чӣ? Худат медонӣ».
5 Ва сиккаҳои нуқраро вай дар маъбад партофта, баромада рафт ва худро буғӣ карда кушт.
6 Лекин саркоҳинон сиккаҳои нуқраро гирифта, гуфтанд: «Инро ба ганҷинаи маъбад андохтан ҷоиз нест, чунки ин хунбаҳост».
7 Ва машварат карда, ба ин пул киштзори кулолгарро барои қабристони ғарибон харида гирифтанд;
8 Ба ин сабаб он киштзор то имрӯз "Мазрааи хун" номида мешавад.
9 Он гоҳ сухане ки бо забони Ирмиёи пайғамбар гуфта шудааст, ба амал омад: "Онҳо сӣ сиккаи нуқраро гирифтанд, яъне баҳои Он Баҳомондашудае ки писарони Исроил ба Ӯ таъин карда буданд.
10 Ва онро барои киштзори кулолгар доданд, чунон ки Худованд ба ман гуфт".
11 Аммо Исо дар назди ҳоким истода буд. Ва ҳоким аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ? Исо ба вай гуфт: «Ту мегӯӣ».
12 Вақте ки саркоҳинон ва пирон Ӯро айбдор мекарданд, Ӯ ҳеҷ ҷавоб намедод.
13 Он гоҳ Пилотус ба Ӯ гуфт: «Оё намешунавӣ, чӣ қадар бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?»
14 Лекин дар ҷавоби вай як сухан ҳам нагуфт, ба тавре ки ҳоким бисёр дар ҳайрат монд.
15 Ҳоким одат дошт, ки дар ҳар ид як бандиро, ки мехостанд, барои мардум озод мекард.
16 Дар он вақт дар он ҷо бандии шӯҳратноке буд ки Бараббос ном дошт.
17 Пас, вақте ки онҳо ҷамъ шуданд, Пилотус ба онҳо гуфт: «Киро мехоҳед, ки барои шумо озод кунам: Бараббосро, ё Исоро, ки Масеҳ меноманд?»
18 Зеро медонист, ки Ӯро аз рӯи ҳасад таслим карда буданд.
19 Вақе ки вай бар курсии доварӣ нишаста буд, занаш кас фиристода, гуфт: «Бо Он Одил туро коре набошад, чунки имрӯз дар хоб аз боиси Ӯ заҳмати бисёре кашидам».
20 Лекин саркоҳинон ва пирон мардумро барангехта буданд, ки озодии Бараббос ва қатли Исоро талаб кунанд.
21 Пас ҳоким ба онҳо рӯоварда, гуфт: «Аз ин ду кадомашро мехоҳед, ки барои шумо озод кунам?» Онҳо гуфтанд: «Барабосро».
22 Пилотус ба онҳо гуфт: «Пас Исоро, ки Масеҳ меноманд, чӣ кунам?» Ҳама гуфтанд: «Ӯро маслуб кун!»
23 Ҳоким гуфт: «Ӯ чӣ бадӣ кардааст?» Лекин онҳо боз ҳам зиёдтаар фарёд заданд: «Ӯро маслуб кун!»
24 Пилотус чун дид, ки ҳеҷ гап фоида надорад, балки ошӯб бештар мегардад, об талабида, дасти худро дар назди мардум шуст ва гуфт: «Ман аз хуни Ин Одил барӣ ҳастам; шумо бидонед».
25 Тамоми қавм дар ҷавоб гуфтанд: «Хуни Ӯ бар гардани мо ва фарзандони мо бошад».
26 Пас Бараббосро барои онҳо озод кард, ва Исоро тозиёна зада, барои маслуб кардан таслим кард.
27 Он гоҳ сарбозони ҳоким Исоро ба сарбозхона бурда, тамоми фавҷро гирди Ӯ ҷамъ оварданд,
28 Ва либоси Ӯро кашида, ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд;
29 Ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд ва қамише ба дасти рости Ӯ доданд; ва назди Ӯ зону зада, масхаракунон гуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!»
30 Ва бар Ӯ туф карданд ва қамишро гирифта, бар сараш заданд.
31 Пас аз он ки Ӯро басе истеҳзо карданд, ҷомаи арғувонро аз танаш кашида, либоси Худашро пӯшонданд ва Ӯро берун бурданд, то ки маслуб кунанд.
32 Чун берун рафтанд, касеро, ки Шимъӯн ном дошт ва аз Қурин буд, дида, маҷбур карданд, ки салиби Ӯро бардорад.
33 Ва чун ба ҷое ки Ҷолҷолто, яъне "Ҷои косахонаи сар" ном дошт, расиданд,
34 Сиркои бо заҳр омехтае барои нӯшонданаш доданд, лекин чун чашид, нахост, ки бинӯшад.
35 Ононе ки Ӯро маслуб карданд, либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд, то ба амал ояд сухане ки бо забони пайғамбар гуфта шудааст: "Сару либоси Маро дар миёни худ тақсим карданд ва бар пероҳани Ман қуръа партофтанд".
36 Ва дар он ҷо нишаста, Ӯро посбонӣ карданд.
37 Ва айбномае навишта, болои сари Ӯ овехтанд, ки чунин буд: «Ин аст Исо, Подшоҳи Яҳудиён».
38 Бо Ӯ ду роҳзанро: яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш, маслуб карданд.
39 Ва роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар ҷунбонда,
40 Мегуфтанд: «Эй! Ту ки маъбадро вайрон карда, дар се рӯз аз нав бино мекунӣ! Худатро наҷот деҳ; агар Ту Писари Худо бошӣ, аз салиб фуруд ой».
41 Ҳамчунин саркоҳинон бо китибдонон ва пирон Ӯро истеҳзо карда, мегуфтанд:
42 «Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад! Агар Ӯ Подшоҳи Исроил бошад, акнун аз салиб фурӯд ояд, то ба Ӯ имон оварем;
43 Ба Худо таваккал карда буд: акнун Ӯро раҳо кунад, агар дилхоҳаш бошад. Зеро Ӯ гуфта буд: "Ман Писари Худо ҳастам"».
44 Ҳамчунин роҳзаноне ки бо Ӯ маслуб шуда буданд, Ӯро дашном медоданд.
45 Ва аз соати шашум тамоми рӯи заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт.
46 Ва наздик ба соати нӯҳум Исо бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Элӣ, Элӣ! Ламма сабақтанӣ?» Яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?»
47 Баъзе аз ҳозирон, чун шуниданд, гуфтанд: «Ӯ Илёсро мехонад».
48 Дарҳол яке аз онҳо исфанҷеро гирифта, аз сирко пур кард ва бар сари най ниҳода, наздики даҳони Ӯ бурд, то бинӯшад.
49 Лекин дигарон гуфтанд: «Биистед, бубинем, ки оё Илёс меояд, то ки Ӯро наҷот диҳад».
50 Исо боз бо овози баланде фарёд зада, ҷон дод.
51 Ва инак, пардаи маъбад аз боло то поён дарида, ду пора шуд: ва замин ҷунбид; ва сангҳо шикофта шуд;
52 Ва қабрҳо кушода шуд; ва бисёр ҷасадҳои покон, ки оромида буданд, эҳё шуданд,
53 Ва баъд аз эҳёи Ӯ аз қабрҳо баромада, ба шаҳри пок рафтанд ва ба бисёр касон зоҳир шуданд.
54 Аммо мирисад ва онҳое ки бо вай Исоро посбонӣ мекарданд, ҷунбиши замин ва рӯйдодҳои дигарро дида, бағоят тарсиданд ва гуфтанд: «Ба ростӣ Ӯ Писари Худо буд».
55 Ҳамчунин занони бисёре ки аз Ҷалил аз ақиби Исо омада буданд, ва ба Ӯ хизмат мекарданд, дар он ҷо истода, аз дур менигаристанд;
56 Дар миёни онҳо Марями Маҷдалия ва Маряме ки модари Яъқуб ва Йӯсе буд, ва модари писарони Забдой низ буданд.
57 Ва чун шом шуд, Юсуф ном давлатманде ки аз аҳли Ҳарофот ва ӯ низ аз шогирдони Исо буд, омад;
58 Ва назди Пилотус рафта, ҷасади Исоро талаб кард. Пилотус фармон дод, ки дода шавад.
59 Юсуф ҷасадро гирифта, ба катони тозае печонд.
60 Ва онро дар қабри наве ки аз санг барои худ тарошида буд, ниҳод ва санги калонеро бар дари қабр ғелонида, рафт.
61 Марями Маҷдалия ва он Марями дигар дар он ҷо, дар рӯ ба рӯи қабр нишаста буданд.
62 Фардои он, ки пас аз рӯзи ҷумъа буд, саркоҳинон ва фарисиён назди Пилотус ҷамъ омаданд,
63 Ва гуфтанд: «Эй хоҷа! Дар хотир дорем, ки он фиребгар, вақте ки зинда буд, гуфта буд, ки "пас аз се рӯз эҳё хоҳам шуд";
64 Пас, бифармо, ки қабрро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, то шогирдонаш шабона Ӯро дуздида, ба қавм нагӯянд, ки аз мурдагон эҳё шуд; ва фиреби охирин аз аввалин бадтар шавад».
65 Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо посбонҳо доред; биравед ва, чунон ки медонед, пиосбонӣ кунед».
66 Онҳо рафта, дар назди қабр посбононро гузоштанд ва санги онро мӯҳр карданд.
1 Баъд аз гузаштани шанбе, субҳидами рӯзи якшанбе, Марями Маҷдалия ва он Марями дигар барои дидани қабр омаданд.
2 Ногоҳ зилзилаи сахт рӯй дод; зеро фариштаи Худованд аз осмон фуромада, сангро аз дари қабр ғелонид ва бар он бинишаст;
3 Намуди вай монанди барқ ва либосаш чун барф сафед буд.
4 Посбонон аз вай тарсида, ба ларза афтоданд ва мисли мурда шуданд.
5 Аммо фаришта ба занон рӯ оварда, гуфт: "Натарсед, зеро медонам, ки Исои маслубро ҷустуҷӯ мекунед";
6 "Ӯ дар ин ҷо нест, зеро, чунон ки гуфта буд, эҳё шуд; биёед ва, ҷоеро, ки Ӯ хуфта буд, бубинед",
7 "Ва ба зудӣ рафта, ба шогирдонаш гӯед, ки Ӯ аз мурдагон эҳё шуд ва пеш аз шумо ба Ҷалил меравад; дар он ҷо Ӯро хоҳед дид; инак ба шумо гуфтам".
8 Ва онҳо шитобон аз қабр баромада, бо тарс ва шодии азим давида рафтанд, то ки ба шогирдони Ӯ хабар диҳанд.
9 Вақте ки барои огоҳ кардани шогирдони Ӯ мерафтанд, инак Исо ба онҳо вохӯрда, гуфт: "Салом бар шумо!"Онҳо наздик омада, ба пойҳояш часпиданд ва ба Ӯ саҷда карданд.
10 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: "Натарсед; рафта, ба бародаронам хабар диҳед, ки ба Ҷалил раванд; ва дар он ҷо Маро хоҳанд дид".
11 Чун онҳо мерафтанд, баъзе аз посбонон ба шаҳр омада, ба саркоҳинон тамоми воқеаро хабар доданд.
12 Ва онҳо бо пирон ҷамъ омада ва машварат карда, ба сарбозон пули бисёре доданд.
13 Ва гуфтанд: "Бигӯед, ки шогирдони Ӯ шабона омада, вақте ки мо дар хоб будем, Ӯро дуздиданд;
14 Ва агар ин сухан ба гӯши ҳоким расад, мо вайро бовар мекунонем ва шуморо аз хатар фориғ мегардонем".
15 Онҳо пулро гирифта, мувофиқи он дастур амал карданд. Ва ин овоза то имрӯз дар миёни яҳудиён паҳн шудааст.
16 Аммо ёздаҳ шогирд ба Ҷалил, ба кӯҳе ки Исо таъин карда буд, рафтанд,
17 Ва Ӯро дида, ба Ӯ саҷда карданд; лекин баъзе аз онҳо ба шубҳа афтоданд.
18 Ва Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: "Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст"
19 "Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба номи Падар ва Писар ва Рӯҳи Пок таъмид диҳед,
20 Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охири замон бо шумо ҳастам". Омин.