1 Павлус, бандии Масеҳ Исо, ва Тимотиюси бародар, ба Филемӯни азиз ва ҳамкори мо,"
2 ва ба Апфияи азиз, ва ба Архипуси ҳамсафи мо, ва ба ҷамоате ки дар хонаи туст:"
3 Файз ва осоиш аз ҷониби Худо, Падари мо, ва Худованд Исои Масеҳ бар шумо бод."
4 Худои худро шукргузорӣ менамоям ва ҳамеша туро дар дуоҳои худ зикр мекунам,"
5 чунки дар бораи муҳаббати ту ба ҳамаи муқаддасон ва имоне ки ба Худованд Исо дорӣ, мешунавам,"
6 /— дуои ман ин аст,/ ки муоширати имони ту чунон таъсирбахш бошад, ки донанд ҳар некие ки дар мо барои Масеҳ Исо мебошад, чист."
7 Зеро мо аз муҳаббати ту шукргузор шудаем ва тасаллии бузурге пайдо кардаем, чунки ба туфайли ту, эй бародар, дилҳои муқаддасон осуда шудаанд."
8 Бинобар ин, агарчи дар Масеҳ ҷуръати зиёде дорам ба ту фармоям, /ки/ он чи шоиста аст, /ба ҷо оварӣ,/"
9 аммо бештар аз рӯи муҳаббат хоҳиш менамоям, гарчанде ман Павлуси пиронсол ва акнун бандии Исои Масеҳ низ ҳастам."
10 Аз ту дар хусуси фарзанди худ Онисимус хоҳиш менамоям, ки ӯро ҳангоми дар занҷирҳо буданам, ба дунё овардаам,"
11 ки як вақте ӯ барои ту фоиданок набуд, вале акнун ҳам барои ту фоиданок аст, ҳам барои ман; ӯро назди ту бармегардонам,"
12 ва ту ӯро, ки дили ман аст, қабул кун."
13 Мехостам ӯро назди худ нигоҳ дорам, то ба ҷои ту ба ман, ки дар занҷирҳои Инҷил ҳастам, хизмат кунад."
14 Лекин бе розигии ту нахостам коре кунам, то кори неки ту на ҳамчун маҷбурӣ, балки ихтиёрӣ бошад."
15 Зеро, шояд, ӯ барои он муваққатан аз ту ҷудо шуда бошад, ки ту ӯро барои ҳамеша қабул кунӣ,"
16 ва акнун на ҳамчун ғуломе, балки аз ғулом болотар, чун бародари азизе. Ӯ бароям хеле /азиз аст/, аммо барои ту боз ҳам азизтар аст, хоҳ чун як инсон ва хоҳ /чун як бародар/ дар Худованд."
17 Пас, агар ту маро шарики худ донӣ, ӯро қабул кун, чунон ки маро /қабул мекунӣ/."
18 Аммо агар ӯ зараре ба ту расонда бошад, ва ё чизе ба гарданаш қарз бошад, онро ба ман ҳисоб кун."
19 Ман, ки Павлус ҳастам, бо дасти худ менависам: худам бармегардонам; ҳоло онро ба ту намегӯям, ки ту /ҷони/ худро низ аз ман қарздор ҳастӣ."
20 Бале, эй бародар, бигзор аз ту дар Худованд хурсанд шавам: дили маро дар Худованд осуда намо."
21 Азбаски аз итоати ту дилпур ҳастам, ба ту менависам, зеро медонам, ки аз гуфтаи ман зиёдтар ҳам мекунӣ."
22 Дар баробари ин барои ман ҳуҷрае низ тайёр кун, зеро умедворам, ки аз рӯи дуоҳоятон ба шумо ато мешавам."
23 Эпафрос, ки бо ман ба хотири Масеҳ Исо бандӣ мебошад,"
24 ва Марқус, ристархус, Димос, Луқо, ки ҳамкорони мананд, ба ту салом мерасонанд."
25 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бод. Омин.
"